Хона блог саҳифа 488

Табрикоту таҳдидҳои раҳбарони Афғонистон

0

Дар арафаи Иди Рамазон бархе аз раҳбарони Афғонистон дар дохил ва хориҷ аз ин кишвар пас аз табрикоти Иди Фитри худ якдигарро ба оғози ҷангу ҳамла таҳдид кардаанд.

Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон шоми дирӯз, 28-уми апрели соли 2022 дар асари ду таркиш дар шаҳри Мазори Шариф дастикам 10 нафар кушта ва 18 каси дигар захмӣ шудааст.

Бахши форсии ББС дар истинод ба қавли Муҳаммадосиф Вазирӣ, сухангӯйи Фармондеҳии амнияти Толибон дар шаҳри Мазори Шариф гуфтааст, ки “ба назар мерасад, ҳадаф аз ин ҳамла ба минибусҳо “мусофирони шиъа” будааст.

Вазорати корҳои хориҷии Покистон ин ҳамлаҳоро маҳкум кард ва Сафорати Эрон дар Кобул ҳам онҳоро “дадманишӣ ва хунхорӣ” хонда, омилони онро маҳкум кардаанд. Ба қавли ББС, ин ҳамлаҳоро ДИИШ ба уҳда гирифтааст.

Пеш аз ин дар ҳафтаи гузашта низ дар вақти ҷумъахонӣ дар масҷиди Седуконаи Мазориши Шариф, ки мансуб ба шиъаён буд, таркишҳое рух дод, ки дар натиҷа наздик ба 200 нафар кушта ва захмӣ гардид. ДИИШ он ҳамларо ба уҳда гирифт. Аммо он замон бархе расонаҳои эронӣ ба мисли хабаргузории “Тасним” моршол Абдуррашид Дӯстумро дар ҳамкорӣ ба дигарон ба он ҳамлаи маргбор муттаҳам карданд. Ҳарчанд Дӯстум баъдтар даст доштан дар онро рад кард.

Бо ин вуҷуд ин, занҷираи таркишҳои маргбор дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистон, бахусус шаҳрҳои Кобулу Ҷалолобод, Мазори Шарифу Кундуз, ки ҳомили паёмҳои норомӣ ва бесубот карданро дар пай доранд, дар ин моҳи мубораки Рамазон афзоиш ёфтаанд.

Аз сӯи дигар дар ҳамин моҳи шариф аз хоки Афғонистон ба ҳамсояҳояш назири Покистону Эрон ва Ӯзбекистон ҳам чанд ҳамла сурат гирифт ва дар посух ба онҳо Исломободу Теҳрон ва Тошканд бо ҳамлаҳои заминиву ҳавоӣ ба навъе ба Толибон посух доданд.

Дар ҳамин ҳол генерал Содот Самеъ, дар гуфтугӯ бо ББС таҳдид кардааст, ки баъд аз Иди Рамазон худи ва шумори зиёде аз сарбозону сиёсатмадорони Афғонистон дар хориҷ аз кишвар барои ҳамла алайҳи Толибон омода мешаванд.

Аҳмад Масъуд, раҳбари Муқовимати миллии Афғонистон ҳам пештар гуфта буд, ки муҷоҳиди таҳти амраш ҳамон тавре дар замони ҷанги Шӯравӣ бо раҳбарии падараш Аҳмадшоҳи Масъуд қиём карда буданд, нерӯҳои таҳти раҳбариаш ҳам алайҳи Толибон қиём мекунанд.

Бо ин ҳол, Мулло Ҳайбтулло Охундзода, раҳбари Толибон дар паёми муфассали табрикотиаш вобаст ба Иди Рамазон нашр шудааст, дар бораи ин ҳамлаҳо ҳеч ҳарфе нагуфтааст. Аммо таҳдид кардааст, “касе аз афв тамарруд ва сарпечӣ кунад ва барои оғози ҷанги дигаре дар кишвар талош кунад, бо вокуниши қотеъ ва ҷиддии ин миллат рӯбарӯ мешавад.”

Гуфтанист, Толибон, ки дар 8 моҳи ахири қурдатро дар Афғонистон дар даст доранд, борҳо эълон кардаанд, ки нерӯҳои тундраве ба мисли ДИИШ ва амосли он дар ин кишвар тавони муқобила бо онҳоро надоранд, вале амалан дида мешавад, ки нерӯҳои ҳаросафкан дар ин як моҳи ахир хеле фаъол шуда, амнияти ҳам Толибон ва ҳам мардумро зери суол бурдаанд.

Вокуниши қирғизҳо ба хабари фурӯши паҳподҳои “Bayraktar TB2” ба Тоҷикистон

0

Хабари

Баъд аз сафари вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба Туркия ва мулоқоташ бо раиси ширкати “Baykar” гумонҳо дар бораи бастани қарордоди фурӯши паҳподҳои “Bayraktar TB2” ба Тоҷикиситон дар расонаҳо матраҳ гашт.

Дар пайи нашри ин хабар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо нашри баёнияе фурӯши паҳподҳои “Bayraktar TB2” Туркия ба Тоҷикистонро рад кард.

“Тибқи маълумоти дақиқи мавҷуда, ҷониби Тоҷикистон бо истеҳсолкунандаи ҳавопаймои “Байрактар”, ширкати “Байкар Макина” ва ҳамчунин бо дигар ширкатҳои тавлидкунандаи паҳподҳои туркӣ барои харидории ҳавопаймоҳои бесарнишин шартнома набастааст”, омадааст дар баёнияи матбуотии КДАМ-и Қирғизистон.

Як дипломати тоҷик, ки нахост номаш зикр шавад, дар тамос бо Azda tv фурӯши паҳподҳои туркӣ ба Тоҷикистонро тайид намуд, вале аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ кард.

Ин манбаъ гуфт, ки “Туркия паҳподҳои “Bayraktar TB2”-ро ба Тоҷикистон барои мубориза бо таҳдидҳо аз самти Афғонистон фурӯхтааст”.

Дар пайи нашри хабари фурӯши паҳподҳои “Bayraktar TB2” ба Тоҷикиситон, намояндагони парлумони Қирғизистон бо нигаронӣ аз сарпарасти Вазорати хориҷаи ин кишвар Ҷонибек Кулубаев дар бораи ҳақиқати ин хабар пурсиданд. Кулубаев дар ҷавоб гуфт, “мо низ чунин хабарҳоро шунидем, вале то ҳанӯз маълумоти дақиқ надорем.”
Ҷаноби Кулубаев афзуд, ки Туркия дархости Қирғизситонро барои нафурӯхтани паҳподҳои “Bayraktar TB2” ба Тоҷикистонро рад кардаст.

Ҳамзамон бо рад кардани дархости Қирғизистон барои фурӯши паҳподҳо “Bayraktar TB2” ба Тоҷикиситон расонаҳои Туркия аз содир шудани ин паҳподҳо ба Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Расонаи туркии “Beyaz Gazete” рӯзи 29-уми апрел соли 2022 менависад, ки “ҳавопаймои бесарнишини туркӣ “Bayraktar TB2″, ки муваффақияти кофии худро дар ҷаҳон собит кардааст ва корномаи хубе дар ҷангҳо нишон додаст, ниҳоятан ба Тоҷикистон содир шуд”, омадааст дар твиттери “Beyaz Gazete”.

Ҳамчунин “Dailysabah” гузориш медиҳад, ки ширкати “Байкар” бо се кишвари дигар қарордоди фурӯш бастааст ва шумораи харидорон ба 19 расидааст. Расонаҳои Туркия ҳадс мезананд, ки яке аз кишварҳои харидор Тоҷикистон аст.

Туркманистон ва Қирғистон ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки пештар паҳподҳои “Bayraktar TB2”-ро харидорӣ карда буданд ва аз онҳо истифода мекунанд ва қарор аст Қазоқистон соли 2023 насли нави паҳподҳои туркиро дарёфт кунад. Агар содироти ин ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Тоҷикистон тайид шавад, Тоҷикистон севумин кишвари минтақа хоҳад буд, ки дорои чунин парандаҳои ҷангӣ мебошад.

Як маҷмуаи паҳподҳои “Bayraktar TB2” дорои 6 паҳпод ва 2 маркази ҳидоятӣ ва як родор мебошад.

Арзиши ҳар паҳподи “Bayraktar TB2”- тибқи ҳисобҳо наздики 2 миллион доллар буда, истеҳсоли онҳо ба ширкати дифоии “Baykar”, ки ба хонаводаи Салчук Байрактар, домоди раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон таъаллуқ дорад. Ва худи Байрактар мудири фанни ширкати “Байкар” мебошад.

Дар ҳамин ҳол корбарони шабакаҳои иҷтимоии тоҷик аз шунидани хабари фурӯши паҳподҳои “Bayraktar TB2” ба Тоҷикистон изҳори хурсандӣ намуда, аз он истиқбол карданд ва инро танҳо иқдоми дурусти режими Эмомалӣ Раҳмон дар 30 соли ҳукуматдорияш унвон кардаанд. Ҳамзамон баъзе аз корбарон мегӯянд, “сирри мард пинҳон” ва тарҷеҳ медиҳанд, чунин хабарҳо пинҳон бимонад.

Баррасии маосилии ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Кореа

0

Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ мехоҳанд дар соҳаи бозаргонӣ ва ошхонадорӣ ҳамкориҳои худро густариш диҳанд.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

Имрӯз, 29-уми апрели соли 2022 Шараф Шерализода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Уоррен Юн, роҳбари ширкати “Genesis BBQ Group”-и Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Ба гуфати сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷииктсон “дар мулоқот ҷонибҳо масоили ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ширкати “Genesis BBQ Group”-и Ҷумҳурии Корея мавриди баррасӣ қарор доданд ва доир ба дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоли тарафайн табодули назар карданд.”

Ширкати “Genesis BBQ Group”-и Ҷумҳурии Корея як ширкати бозаргонисет, ки аксари фаъолиятҳои тиҷоратии худро дар бахши ошхонадорӣ, аз он ҷумла “таъомҳои тезтаёр” ба роҳ мондааст.

Боз як тоҷики кушташуда дар Украинро дар зодгоҳаш ба хок сипурданд

0

Рӯзи 28-уми апрел ҷасади Маҳмадалӣ Абдуллоев, сарбози 22-солаи тоҷике, ки дар сафи нерӯҳои Русия дар Украина меҷангид, дар Тоҷикистон ба хок сипурда шуд.

Акс аз шабакаҳои иҷтимоии марбут ба марҳум

Тавре Радиои Озодӣ хабар дод, Абдуллоев ба таври қарордодӣ дар артиши Русия хидмат мекард ва охири моҳи март дар шаҳри Изюми вилояти Харков кушта шуд, вале ҷасади ӯро дирӯз ба зодгоҳаш ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон интиқол дода, онҷо дафн карданд.

Пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар охири моҳи феврал то имрӯз ҷасадаи чандин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи нерӯҳои Русия меҷангиданд, ба Тоҷикистон интиқол дода ё дар Русия дафн шудаанд.

Рӯзи 23-уми апрел низ ҷасади сарбози 24-солаи тоҷик, Абубарк Нозимовро, ки зодаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд буд, дар шаҳри Барнаули Русия ба хок сипурданд. Наздиконаш ба Озодӣ гуфтанд, ки ӯ рӯзи 12-уми апрел дар шаҳри Харови Украина кушта шуда буд.

Шумори дақиқи кушташудагон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Украина маълум нест. Рӯзи 29-уми апрел як манбаъ бо шарти фош нашудани номаш ба Azda tv гуфт, айни замон ҷасади 15 шаҳрванди тоҷикро, ки дар Украина кушта шудаанд, ба шаҳри Самараи Русия овардаанд, шояд ба Тоҷикистон интиқол дода шаванд, маълум нест.

Ҳамзамон як манбаи дигар аз Русия гуфт, ки тоҷикони зиёде дар ин ҷанг кушта шудаанд, ки омори дақиқи онҳоро касе намедонад. “Оморҳое, ки мо ҳаррӯз мешунавем, тоҷикони кушташуда дар Украина хеле зиёданд. Танҳо аз як хонавода ду бародар кушта шудаанд. Онҳо аз ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон буданд.”, афзуд манбаъ.

Ба гуфтаи манобеи мо, аз сабабе, ки хабари марги кушташудагон дер ба хонаводаҳояшон расонида мешавад, аксари онҳоро наметавонанд ба Тоҷикистон интиқол бидиҳанд. Наздиконашон маҷбур мешаванд дар худи Русия онҳоро дафн кунанд.

Амрико пулҳои “олигархҳо”-и русро ба Киев месупорад

0

Амрико қасд дорад дороиҳои “олигархҳо”-и русро, ки дар оғози лашкаркашии Русия ба Украина дар кишвараш боздошта буд, барои рафъи мушкилоти иқтисодӣ ба Киев бисупорад.

Кохи сафед рӯзи панҷшанбе пешниҳод кард, ки бо ҳадафи ҷуброни хасороте, ки Русия ба Украина ворид кардааст, истифода аз дороиҳои боздошташудаи сарватмандони наздик ба Путин, ки ҳоло дар дасти Амрико қарор доранд, ба Киев таҳвил дода шавад.

Давлати Ҷо Байден мегӯяд, интиқоли дороиҳои “дуздсолорон” ба Киев хасоротеро, ки Русия ба Украина ворид кардааст, ҷуброн мекунад.

Аммо маълум нест, ин пешниҳод пазируфта хоҳад шуд ва ё не, аммо аз ин пеш ҳам чунин сару садоҳе дар расонаҳо ба нашр мерасид, ки Амрико қасди истифода аз дороиҳои сарватмандони наздик ба Путинро ба нафъи Украина дорад.

Бо баҳонаи ҳамкорӣ наздики ним миллион долларро гирифту ғайб зад

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боз шудани парвандае хабар дод, ки гумонбар бо роҳи фиреб аз худ кардани наздики ним миллион доллар муттаҳам мешавад.

Тавре дар хабари вазорат омада, ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо иддаои як сокини 45-солаи пойтахт дар бораи бо роҳи фиреб рабуда шудани 406 ҳазор доллари амрикоияш аз ҷониби як сокини 57-солаи шаҳри Хуҷанд ва як сокини 38-солаи шаҳри Душанбе парванда боз када, таҳқиқро оғоз кардааст.

Гуфта мешавад, “15-уми феврали соли 2021, марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ва марди 57-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои равнақ додани тиҷорати сӯзишворӣ аз ӯ 406 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.”

ВКД бар асоси маълумоти пешниҳод намудаи шаҳрванди 45-солаи пойтахт нисбати гумонбаршавандагон бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Аммо аз боздошти гумонбаршудагон чизе гуфта намешавад.

“Истиқлол” пас аз панҷ бохт ғалаба ба даст овард

0

“Истиқлол” пас аз панҷ бохт дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 аввалин ғалабаи худро ба даст овард.

27-уми апрели соли ҷорӣ “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ниҳоии худ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар гурӯҳи “А” бар дастаи “Шарҷа”-и АМА бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Дар ин бозӣ голҳои Эрик Бокум ва Владислав Касминин ба “Истиқлол” пирӯзӣ оварданд.

Аммо ин ғалаба чизеро иваз намекунад ва “Истиқлол”-и Душанбе ба даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 роҳ наёфт.

Дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 аз гурӯҳи “А” дастаҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Ар-Райян” (Қатар) бозӣ мекунанд.

Аз дигар гурӯҳҳо ба даври 1/8 ниҳоӣ “Аш-Шабоб” (Арабистони Саудӣ), “Фулод” (Эрон), “Шабоб Ал-Аҳлӣ” (АМА), “Ал-Дуҳайл” (Қатар), “Ал-Файсалӣ” (Арабистони Саудӣ) ва “Насаф” (Ӯзбекистон) роҳ ёфтанд.

Вазири корҳои хориҷии Узбекистон аз вазифааш барканор шуд

0

Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов бо сабаби “ба кори дигар гузаштан” аз мақомаш барканор шуд. Дар ин бора котиби матбуотии президенти Узбекистон Шерзод Асадов ба расонаҳо хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Абдулазиз Комилов, ки дар вазифаи вазири корҳои хориҷӣ кор мекард, муовини котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар мавриди сиёсати хориҷӣ ва амният таъйин шуд.

Дар навбати худ Бобур Усмонов, ки муовини котиби Шӯрои амният буд, муовини директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ таъйин гардид.

Баъзе таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Комиловро ба хотири изҳороташ дар бораи мавқеи Узбекистон нисбати вазъи Украина аз мақомаш барканор кардаанд.

Ӯ чанде пеш баъд аз ҳамлаҳои Русия ба Украина гуфта буд, ки ”Узбекистон истиқлолият, ҳокимият ва тамомияти арзии Украинаро ба расмият мешиносад”.

Собиқ Вазири корҳои хориҷии Узбекистон дар робита ба ду минтақаи истиқлолталаби Украина таъкид карда гуфта буд: “Мо Донетск ва Луганскро ҷумҳуриҳои алоҳида эътироф намекунем.”

Инчунин ӯ хабар дода буд, ки Тошканд дар ин шароити вазнин Украинаро дастгирӣ мекунад ва кумакҳои башардӯстонаи худро ба Украина идома медиҳад.

Аммо баъд аз ин гуфтаҳояш, ки рӯзи 17-уми март садо дода буданд, Комилов аз титри расонаҳо дур шуд ва вақтҳои охир дар маҷлису чорабиниҳои гуногун Узбекистонро муовини нахуствазир Сардор Умурзаков намояндагӣ мекард.

Инчунин дар бораи бемор шудани Абдулазиз Комилови 74-сола ва барои гирифтани дармон ба хориҷ аз Узбекистон рафтанаш хабарҳое нашр шуда буданд.

Илон Маск ширкати “Coca-Cola”-ро ҳам хариданист

0

Илон Маск, сарватмандтарин марди дунё эълон кардааст, ки ширкати “Coca-Cola”-ро ҳам мехарад.

Имрӯз, 28-уми ноябри соли 2022 Илон Маск, молики ширкати Тесла ва пулдортарин марди дунё дар ҳисоби Твиттераш эълон кард, ки “ин навбат “Coca-Cola”-ро мехарам, то какаинро ба он баргардонам”.

Илон Маск дар бораи ҷузъиёти қарордоди хариди ширкати “Coca-Cola” чизе нагуфтааст, аммо ин хабар ба вокунишҳои зиёди корбарон дар Твиттер рӯбарӯ шудааст.

Аммо баъзе расонаҳо дар робита ба ин эълони Илон Маск гуфтаанд, сармояи умумии ширкати “Coca-Cola” дар дунё зиёда аз 285 миллиард доллар арзиш дорад ва барои ӯ гарон тамом мешавад.

Пеш аз ин Илон Маск ширкати Твиттер, шабакаи маъруфи иҷтимои дунёро, ки зиёда аз 300 миллион муштарӣ, аз он ҷумла раҳбарони кишварҳо ва ширкатҳову созмонҳои бонуфузи дунёро бо ҳам муттаҳид кардааст, бо маблағи 44 миллиард доллар мехарад.