18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 489

Латукӯб шудани духтарон дар рӯзи равшан дар Душанбе

0

Ду духтари наврас дирӯз 19-уми декабр баъд аз нисфирӯзӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби чанд ҷавонписар мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифтанд. Дар ин бора рӯзноманигор Шаҳноз Комилзода хабар дод.

Шаҳноз Комилзода, журналист ва фаъоли мадании тоҷик шоми дирӯз дар сафҳаи фейсбукиаш аксҳоеро нашр карда, навиштааст, ки соати 3-и баъд аз нисфирӯзӣ духтараш Мумтоз ва як дугонааш дар маркази пойтахт мавриди латакӯби гурӯҳӣ тавассути се ҷавонписар қарор гирифтаанд.

Вай меафзояд, “ба аъзои бадани духтарам даст мерасонанд, духтарам кӯшиш мекунад дастони ин ҳайвонро аз баданаш дур кунад, ва телефонашро аз дасташ бигирад, дар ҳамин миён ду каси дигар аз дӯстони он писар ҳамроҳ шуда, таҳқир мекунанд. Дугонаи духтарам ҳам талош мекунад, вале ба вай ҳамла карда вайро ба замин меғалтонанд ва бо лагад ба сару рӯяш ва дигар аъзои баданаш мезананд.”

Ба гуфтаи Шаҳноз Комилзода, “ҳолати равонии духтарон бисёр бад аст. Зарбаи шадиди равониву ҷисмонӣ гирифтаанд.”

Ин ҳодиса дар рӯзи рӯшан ва дар қалби Душанбе замоне рух додааст, ки иддае аз мувофиқони Ҳукумати Тоҷикистон пайваста аз сулҳу субот ва оромии ҷомеа хабар медиҳанд, аммо модари Мумтоз, духтари 15-солае, ки ҳамроҳи дугонааш мавриди латукӯб ва бадрафторӣ қарор гирифтаанд, бо киноя мегӯяд, ки Душанбе барои духтарон макони амн нест ва “мо аз Толибон гила дорем боз!”

Маҳдӣ Собир, собиқ корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар вокуниш ба ин ҳодиса ва тасдиқи гуфтаҳои Шаҳноз гуфтааст, “дар кӯчаҳои Душанбе чену чоқ кардани пасу пеш ва камари хоҳарону модарон ба як кори оддии муқаррарӣ табдил ёфтааст. Ҳар сари қадам ин амали номатлубро мушоҳида кардан мумкин аст.”

Аммо хонум Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси шинохтаи кишвар ва собиқ номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст: “Албатта чунин ҷиноятҳо сабабҳои зиёде доранд ва ин авбошон ҷазояшонро ҳатман мегиранд. Аммо ин маънои онро надорад, ки масъала ҳал мешавад. Ҳафтаи гузашта чоплусон маъракаеро бо номи вазири беҳтарин, генерали беҳтарин, раиси беҳтарин, зиёии беҳтарин ва ғайра ташкил намуданд. Агар онҳо беҳтарин хизматчиёни давлатӣ бошанд, вазифаи худро содиқона иҷро намоянд, чунин даҳшатҳо ба вуҷуд намеоянд.”

Дар ҳамин ҳол “Азия-Плюс” хабар дод, ки милитсияи пойтахт нафарони гумонбар ба лату кӯби духтарони 15-соларо боздошт намудааст. Аммо ҷузъиёти хабар маълум нест.

Мулоқоти Раҳимзода бо намояндаи нави ВКД-и ФР дар Тоҷикистон

0

Дар шаҳри Душанбе, масъалаи таҳкими ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ шуд.

18-уми декабри соли ҷорӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо роҳбари нави намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алексей Егоров мулоқот кард.

Дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонуниро баррасӣ намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо барои пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир пешниҳодҳо карданд.

Бино ба иттилои сомонаи ВКД, зимни мулоқот Раҳимзода ва Егоров барои рушду густариши ҳамкориҳо таъкид намуданд.

Боздошти ду корманди низомӣ барои фурӯши билети ҳарбӣ

0

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ду занро, ки кормандони Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд будаанд, бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир кард.

Акс аз “Азия-Плюс”

Манбаъ меафзояд, ки Мавзуна Абдуллоева, корманди Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд буда, барои омода карда додани билети ҳарбии корношоямӣ “не годен” аз як шаҳрванд, ки шартан “А” номгузорӣ шудааст, маблағи 10 000 сомонӣ талаб карда, аз ин маблағ 4000 сомониашро қаблан гирифтааст ва ҳангоми гирифтани боқимонда 6000 сомонӣ боздошт шуд.

“Дар натиҷа зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз тарафи кормандони Агентӣ, Абдуллоева Мавзуна Наимовна баъд аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 6000 сомонӣ пора боздошт карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд.”, омадааст дар хабари Агентӣ.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар натиҷаи тафтишот муайян гардида, ки дар гирифтани пора ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҳамроҳи Абдуллоева “инчунин шаҳрванд Ғафурова Зарина Ибрагимовна низ алоқамандӣ дошта, номбурдагон маблағи тасарруф кардаро ба хароҷотҳои шахсиашон сарф намудаанд.”

Айни замон Абдуллоева Мавзуна ва Ғафурова Заррина боздошт ва нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Тибқи  моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б,в,г”, дар ҳоли исботи ҷиноят ин ду корманди Комиссариати ҳарбии вилояти Суғдро ё ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян интизор аст.

Боздошти ин ду корманди Комиссариати ҳабарӣ дар ҳолест, ки дар кишвар айни замон агарчи мавсими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба охир расида бошад ҳам, даъват ва боздошти ҷавонон идома дорад. Коршиносон бар ин назаранд, ки даъвати бардавоми ҷавонон сафи ришварситонҳо ва фасодро дар ин соҳа бештар хоҳад кард.

Муҳоҷирати тоҷикон аз Русия ба Аврупо, аммо бо кадом роҳҳо?

0

Қарор аст имрӯз, 18 декабр шумори зиёде аз шаҳрвнадони Тоҷикистон, ки 243 нафар гуфта мешавад, аз Русия ба шаҳри Гроднои кишвари Белорус барои убур ба Аврупо то надзди марзи Лаҳистон оварда шаванд.

Дар ин бора номаеро шабакаи телеграмии “NEXTA” нашр карда, ки дар он Сардори Роҳи оҳани Белорус М. Морозов аз Сардори Мақомоти иҷроияи шаҳри Гродно Гой Мечислав хостори таъмини шароити маишӣ барои муҳоҷирони меомада шудааст.

Дар нома гуфта мешавад, “Роҳи оҳани Белорус санаи 18 декабр соати 23:21 ба истгоҳи Гродно омадани қатораҳоро аз ҳудуди Русия бо 243 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.”

Дар баробари ин Сардори роҳи оҳани Белорус дар номааш менависад, “тибқи маълумоте, ки аз ҷониби Русия ба даст омадааст, афроди мазкур дар ҳолати вазнини иҷтимоӣ ва маишӣ қарор доранд. Дар асоси ин гуфтаҳо Роҳи оҳани Белорус пешниҳод мекунад, ки бо мақсади пешгирӣ намудани бӯҳрони иқтисодӣ, таъмини шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон бо маводи озуқа ва пӯшока дар ҳудуди истгоҳи роҳи оҳан пас аз расиданашон ба он ташкил карда шавад.”

То ҳол барои Аздо тв муяссар нашуд, ки ин хабарро аз дигар манобеъ таъйид кунад.

Аммо бархе коршиносон бар ин назаранд, ки якбора омадани шумори зиёди муҳоҷирон ба шаҳри Гродно, ки бо Лаҳистон ва Литва ҳаммарз аст, ба эҳтимоли зиёд барои талоши убур ба кишварҳои аврупоӣ ҷамъ хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ин коршиносон, айни замон таблиғгароне дар байни муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия вуҷуд дорад, ки онҳоро ба ваъдаи кор ва зиндагии хуб дар Аврупо тариқи Белорус ба марзи Лаҳистон мерасонанд. Тавре ки моҳе пеш ин ҳодиса дар марзи Белорус ва Лаҳистон мушоҳида шуд, ки ба як буҳрони инсонӣ печид.

Дар ин бора коршиноси масоили сиёсию ҳуқуқӣ ва мудири Бунёдии ҳамгароии фарҳангӣ дар Лаҳистон Муҳаммадҷон Кабиров чунин назар дорад: “Тавсияи ман ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар шаҳрвандони кишварҳои собиқ Шӯравӣ ин аст, ки ба таблиғоти муҳоҷирати осон ва ваъдаи зиндагии хуб дар Аврупо бовар накунанд. Чун ба доми қочоқбарон гирифтор шуда, мавриди сӯиистифода қарор хоҳанд гирифт.”

Кабиров дар идома афзуд: “Дар ин ҳавои сарди зимистон ҷонашонро дар азоб намонанду дар хонаҳои гарми худ шинанд. Чун кишвари Белорус аз муҳоҷирин ҳамчун абзори фишор бар Аврупо кор мегирад ва хеле аз паноҳандагон ба умеди муҳоҷират ба Аврупо дар марзи Белорус дар ҳавои сард банд мондаанд ва беш аз даҳҳо нафар ҷонашонро дар ҷангалҳои сард ва ботлоқҳо аз даст доданд. Муҳоҷирон танҳо бо истифода аз роҳои қонунӣ ба Аврупо сафар кунанд ва барои муҳоҷират ба Аврупо аз роҳи Белорус истифода накунанд.”

Гуфта мешавад, тариқе, ки муҳоҷирони тоҷик оварда мешаванд, айнан ҳамон масирест, ки моҳе пеш муҳоҷирони зиёде аз кишварҳои африқоӣ, арабӣ ва Афғонистон омада буданд ва дар марзи Белорусу Лаҳистон чандин нафар ҷони худро аз даст доданд ва кӯшиши онҳо барои убури ғайриқонунӣ ба Аврупо ба як буҳрони шадид ва фоҷиаи инсонӣ мубаддал гашт.

Толибон аз Тоҷикистон хоста, ки бо Аморати исломӣ ҳамкорӣ кунад

0

Муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Афғонистон дар ҳукумати Толибон аз Тоҷикистон хостааст, ки бо Аморати исломӣ ҳамкорӣ кунад.

Шермуҳаммад Аббос Истоникзай, дар як изҳороти худаш дар Ҳирот тариқи телевизиони миллии Афғонистон гуфтааст:

“Афғонистон хонаи муштарки тамоми афғонҳост ва тамоми афғонҳо ҳаққи зиндагии бидуни табъизҳои қавмӣ, забонӣ ва мазҳабиро доранд.”

Муовини вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон дар Афғонистон гуфтааст, ки “мо бо Тоҷикистон муштаркоти зиёде дорем!” ва хоҳони барқарории равобити хубе бо ҳама кишварҳои дунё, ба хусус бо ҳамсояҳои Афғонистон ва Омрико мебошем.

Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёси Марказӣ ва кишварҳои узви ҳамсояҳои Афғонистон аст, ки расман эълон карда, ки Аморати исломии Толибонро то замони ташкили ҳукумати ҳамашумул эътироф намекунад.

Аз сӯи дигар Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ҳамеша аз минбарҳои дохилӣ, байни давлатӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нигаронии худро аз хатари таҳдидҳои эҳтимолӣ аз сӯи Афғонистон иброз мекунад ва бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳадот аз кишварҳои дунё хоҳони дарёфти кумакҳои молӣ ва низомӣ мешавад.

Парлумон қарор қабул кард: Додраси ДОИ ба ҷавобгарӣ кашида шавад

0

Имрӯз дар рафти иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллии кишвар барои боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашидани Ширинзода Эраҷ, собиқ додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон розигӣ доданд.

Имрӯз 17-уми декабр ин қарори аъзоёни Маҷлиси миллии кишвар, ки раҳбарии онро Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад, бо пешниҳоди Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон сурат гирифтааст.

“Дар ҷараёни иҷлосияи имрӯза пас аз баррасии пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллӣ ҷиҳати бекор карданидахлнопазирии судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинзода Эраҷ Сифот, барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани ӯ ризоият доданд.”

Дар хабар гуфта намешавад, ки Ширинзода айнан ба кадом ҷиноят даст задааст, аммо Эмомалӣ Раҳмон бо як фармонаш чанд рӯз пеш ӯро аз мақомаш сабукдӯш кард ва сабаби барканорияшро содир намудани кирдоре мегӯянд, ки “шаъну эътибори судяро паст мезанад.”

Барканории ин додраси Додгоҳи олии иқтисодии кишвар дар ҳолест, ки худи Эмомалӣ Раҳмон Ширинзодаро соли 2019 бо медали “Хидмати шоиста” қадрдонӣ карда буд.

Пас аз мукофот гирифтани Ширинзода дар бораи “софдилона” кор кардани ӯ матлабе дар сомонаи Додгоҳи олии иқтисодии кишвар нашр шуда буд. Дар ин матлаб аз ҷумла чунин навишта шудааст:

“Ширинзода Эраҷ солҳои тӯлонӣ дар мақомоти судӣ софдилона ва поквиҷдонона  кор ва фаъолият  менамояд. Аз ин рӯ, Ширинзода Эраҷ барои фаъолияти босамар, сатҳи баланди дониши касбӣ, саривақт ва босифат баррасӣ кардани парвандаҳои судӣ, дуруст татбиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ, саҳм доштан дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба чунин мукофот сазовор гардиданд.”

Ба ин монанд дар таърихи давлатдории Тоҷикистон даҳҳо мақомоти олӣ вуҷуд доранд, ки пас аз қадрдонӣ аз амалҳои “софдилона”-ашон аз мансабҳо барканор ва бархе зиндонӣ ҳам шудаанд.

Ҳукумати Толибон будҷаи соли ояндаи Афғонистонро омода кардааст

0

Ҳаракати Толибон, ки 4 моҳ мешавад идораи Афғонистонро дар даст дорад, бидуни эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кумакҳои хориҷӣ будҷаи молии соли ояндаи худ барои идораи ин кишварро таҳия кардааст.

Сухангӯи Вазорати молияи Афғонистон Аҳмадвалӣ Ҳақмал ба расонаҳо гуфтааст, ки будҷаи молии соли ояндаи Афғонистон омодааст ва пас аз ниҳоӣ шудани он ба зудӣ ба Раёсати вузаро рафта, тасвиб хоҳад шуд.

Аҳмадвалӣ Ҳақмал афзуда, ки будҷаи молии соли ҷорӣ одӣ аст ва аз сӯи ҳукумат маблағгузорӣ гардида ва то охири сол моҳонаи кормандони давлатӣ пардохт мешавад.

Пеш аз ин Аҳмадвалӣ Ҳақмал, сухангӯи Вазорати молияи Афғонистон дар ҳукумати Толибон дар робита ба даромади ниҳодҳои давлатӣ гуфта буд, ки дар соли ҷорӣ зиёда аз 62 миллиард афғонӣ (наздик ба 600 млн доллар) даромад доштаанд.

Толибон чор моҳ пеш дар 15-уми августи соли ҷорӣ пас аз фирори Ашраф Ғанӣ аз Кобул қудратро дар Афғонистон ба тасарруфи худ дароварданд ва бо гузашти беш аз 120 рӯз то ҳол ягон давлати дунё ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

Задухӯрди навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

0

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 16-уми декабр задухӯрд бо истифодаи силоҳ рух додааст. Дар ин бора мақомоти расмии ду кишвар хабар доданд.  

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон имрӯз, 17-уми декабр хабар дод, ки рӯзи “16 декабри соли 2021, тахминан соати 16:50, дар қитъаи дидбонгоҳи сарҳадии отряди сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Сомониён далели аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон сохтмони ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шуд.”

Аммо расонаҳои қиғизӣ мегӯянд, шаҳрвандони Қирғизистон дар минтақаи Кочо-Боюи вилояти Ботканд корҳои сохтмонӣ анҷом медодаанд. Сарҳадбонони қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон фикр кардаанд, ки кори сохтмон дар ин минтақа ғайриқонунист ва ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, қатъи сохтмонро талаб кардаанд. Дар натиҷа задухӯрди лафзӣ ба амал омада, он ба ҷанҷол табдил ёфтааст.

Дар ҷараёни ҷанҷол яке аз марзбонони ҶТ барои роҳ надодан ба занозании бештар аз таппончаи “Макаров” чаҳор маротиба ба ҳаво тир холӣ кардааст. Аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, сардори дидбонгоҳи сарҳадии ҚС Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз арзёбии вазъият ва барои пешгирӣ аз ҷанҷло ба ҳаво ду бор тир холӣ кардааст на чаҳор бор.

Бино ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, зимни вохӯрии марзбонони тоҷик бо марзбонони қирғиз, “шаҳрвандони хашмгини Ҷумҳурии Қирғизистон ба рафти он халал расонида, ба марзбонони тоҷик ҳамла карданд ва ба сӯи онҳо санг партофтанд. Чун дар ҳолатҳои қаблӣ бо ба роҳ андохтани иғвои навбатӣ шаҳрвандони Қирғизистон ба пеш ҳаракат карданд ва бо ин ба ҳаёт ва саломатии марзбонони тоҷик таҳдид намуданд.”

Гуфта мешавад, намояндагони марзбонии тарафҳо дар ҳол ба ҷойи ҳодиса расиданд ва пас аз гуфтушунидҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳодисаро якҷоя тафтиш ва барои ҷамъбасти он боз мулоқот мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир вазъ дар қитъаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон мӯътадил арзёбӣ мешавад.

Як ширкати наздикони Эмомалӣ Раҳмон 7 сол аз андоз озод шуд

0

Ҳукумати Тоҷикистон ширкати “Мармарӣ”-ро, ки дар кишвар ба парвариши чорво гӯшти мурғ машғул аст, барои 7 сол аз тамоми намуди андоз ва боҷи гумрукӣ озод кард.

Бино ба гузориши Радиои Озодӣ, созишномаи озод кардани ширкати “Мармарӣ” аз ҳама анвои андозҳо байни Ҳукумат ва масъулони ин ширкат моҳи сентябр ба имзо расидааст.

“Тибқи шартнома бо ҳукумат, моликони ширкати “Мармарӣ” аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андози замин, андоз аз арзиши иловашуда дар раванди истеҳсол (кор ва хидматрасонӣ) ва таҳвили маҳсулот дар ҳудуди Тоҷикистон озод карда шудааст.”, омадааст дар хабар.

Дар баробари ин имтиёзҳо ширкати мазкур муваззаф шуда, ки “бо харҷи 25 миллион доллар шумораи говҳоро дар фермае дар ноҳияи Ёвон ба 3500 сар расонида, дар як сол 20 ҳазор тонна хӯроки чорво истеҳсол кунад. Дар маҷмааи паррандапарварии ноҳияи Данғара аз 2,7 миллион парранда дар як сол 5 ҳазору 86 тонна гӯшти мурғ омода намояд.”

Таҳқиқот нишон дода, ки ин ширкат ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон тааллуқ дошта, шахсони наздик ба ӯ ширкатро роҳбарӣ мекунанд.

Имтиёзҳои тиллоии Ҳукумати кишвар ба ин ширкат ва амсолаш дар ҳолест, ки солона дар Тоҷикистон даҳҳо ширкатҳои хурду бузург ба хотири анзодҳои ҳангуфт ва тафтишҳои зиёди мақомот фаъолияти худро қатъ мекунанд.

“Барқи тоҷик” бояд $82 млн қарзи будҷаро баргардонад

0

Ширкати “Барқи тоҷик” муваззаф шудааст, ки имсол 82 миллион доллари қарзи гирифтааш аз ҳукуматро ба будҷаи давлат баргардонад.

Бо як қарори Ҳукумати кишвар 7 корхонаи давлатӣ ва ширкатҳои саҳҳомӣ муваззаф шудаанд, ки соли оянда бояд ба будҷети давлат беш аз 992,2 млн сомонӣ (88 млн доллар) қарзҳояшонро пардохт кунанд.

Аз ин миқдор маблағ тақрибан 93%-и он (922,5 млн сомонӣ баробар ба 82 млн доллар) ба ШСХК “Барқи тоҷик” рост меояд. Гуфта мешавад, қарзи умумии кредитории ин ширкат то 1 июли соли ҷорӣ 29,3 млрд сомонӣ (ҳудуди 2,7 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар рӯйхати қарздороне, ки “ASIA-PLUS” онро нашр кардааст, инчунин боз 6 корхонаи дигар оварда шудааст, ки бояд соли 2022 қарзҳояшонро ба маблағҳои зерин пардохт кунанд:

– ҶСК «Фурӯдгоҳи байнулмилалии Душанбе» – 25,1 млн сомонӣ ($2,2 млн);

– КВД «Обу корез» – 16,8 млн сомонӣ ($1,5млн);

– ҶСК «Помир Энержӣ» – 11,6 млн сомонӣ ($1 млн);

– ҶСК «Тоҷиктрансгаз» – 8,7 млн сомонӣ ($770 ҳаз.);

– КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» – 4,1 млн сомонӣ ($363 ҳаз.);

– ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» – 3,3 млн сомонӣ ($292 ҳаз.).

Ба ҷуз ширкати “Помир Энержӣ”, ки иштирокчии лоиҳаи муштараки ҳукумати Тоҷикистон, Бунёди Оқо Хон оид ба рушди иқтисодӣ, Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ (IFC) ва Агентии рушди байналмиллалии Швейтсария аст, бастаи пурраи дигар 5 ширкати дар рӯйхат зикршуда ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон то 1-уми октябри соли ҷорӣ 3 млрд 262,1 млн долларро ташкил дода, соли 2022 ҳукумати Тоҷикистон дар нақша дорад, ки  барои пардохти қарзи беруна ҳудуди 2,2 млрд сомонӣ (195 млн доллар) маблағ ҷудо кунад.