Хона блог саҳифа 487

Илон Маск қасд дорад сафҳаҳои даромадзои Твиттерро пулакӣ кунад

0

Илон Маск, сарватмандтарин марди дунё, ки чанде пеш барои хариди Твиттер ба маблағи 44 миллиард доллар бо саҳҳмони он ба тавофуқ расид, акнун қасд дорад бархе саҳфаҳои онро пулакӣ кунад.

4-уми майи соли 2022 Илон Маск дар саҳфаи расмии худ дар Твиттер эълон карда, ки “Твиттер барои корбарони оддӣ ҳамеша ройгон хоҳад буд, аммо барои тоҷирон ва корбарони ҳукуматӣ мумкин аст каме ҳазина дошта бошад.”

Баъд аз ин эълони Илон Маск, дар ҳол ин хабар дар сархати хеле аз расонаҳои дунё қарор гирифт ва бархе расонаҳои ҷаҳонӣ ҳам дар тафсири ин паём гуфтанд, ки Илон Маск қасд дорад қисме аз хароҷоти худро бо роҳи ҷорӣ кардани ҳаққулузвият бар саҳфаҳои даромадзо ва мақомоти расмии кишварҳо рӯпӯш кунад.

Хабаргузории Ройтерз ҳам дар истинод ба манобеи худ хабар дода, ки Илон Маск “дар музокироти таъмини молӣ бо бонкҳо гуфтааст, ки вай ба дунболи роҳҳои ҷадиде барои касби даромад аз ин шабакаи иҷтимоии маҳбуб аст.”

Гуфтанист, Илон Маск аз соли 2009 ба ин сӯ аз саҳҳомдорони ин шабакаи иҷтимоӣ буд ва , 25-уми апрели соли 2022 бо пешниҳоди 44 миллиард доллари ИМА ризоияти моликони ширкати Твиттерро ба даст овард, то тамоми саҳмияҳои ин ширкатро ба ӯ фурӯшанд.

Сиёсатшиноси тоҷик: Тоҷикистон кишвари диндортарини дунёст

0

Рустам Ҳайдаров, муовини директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) мегӯяд, Тоҷикистон кишвари диндортарини дунё маҳсуб мешавад.

Ин гуфтаҳои Ҳайдарав, ки АМИТ “Ховар” ҷузъе аз назарҳои ӯро нашр кардааст, дар вокуниш ба дархости Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии дин (USCIRF), ки моҳи апрел аз Кохи Сафед хоста буд, Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои поймолкунандаи озодиҳои динӣ шомил кунад, садо додааст.

Ҳайдаров гузоришгарони Комиссияи Амрико дар умури динро муҳаққиқони “иғвоангез ва ғаразманд” хонда, гуфтааст, ки “дар бораи ҳаёти мазҳабӣ дар Тоҷикистон тасаввуроти ҳавоӣ доранд”.

Ба гуфтаи ин сиёсатшиноси тоҷик, Тоҷикистон аз кишварҳои диндортарини дунё ба шумор меравад. Ӯ ин гуфтаи худро ба фаъолияти Маркази исломшиносии назди Президент, Шӯрои уламо, Донишкадаи исломӣ ва фаъолияти масҷидҳо асоснок мекунад.

Ҳайдаров дар матлаби худ аз он ибрози нигаронӣ дорад, ки гузоришҳои Комиссияи Амрико дар умури дин ба робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Амрико латма мезанад.

Дифои Ҳайдаров дар ҳолест, ки аксари коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ аз маҳдудиятҳои густардаи мазҳабӣ дар Тоҷикистон мегӯянд. Дар ҳамин ҳол як таҳлилгари мустақили тоҷик, ки нахост номаш фош шавад, ба Azda tv гуфт: “Муборизаи беамонӣ ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бар зидди риши мардҳову ҳиҷоби занҳо ҳамеша расонаӣ ва мавриди интиқоди ҷомеа қарор мегирад, ки инкорнопазир аст. Инро ҳама олам медонад. Аммо ҳукумати Раҳмон мисли инкори “Облава” ва дигар мушкилоти ҷомеа ҳамеша дар пайи инкори воқеиятҳрст.”

Иштироки бонувони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳонии бокс

0

Бонувони тоҷик барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳонии бокс ба шаҳри Истанбули Туркия мераванд.

Ин мусобиқа рӯзҳои 6-21-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор шуда, 419 варзишгар аз 93 кишвари дунё ширкат мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 4 варзишгар: Сумая Қосимова (то 48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (то 50 кг), Миҷгона Самадова (то 57 кг) ва Шоира Зулқайнарова (то 63 кг) намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки то баргузории ин мусобиқаи ҷаҳонӣ бонувони варзишкори тоҷик дар Узбекистон тамрин мегирифтанд.

Чемпионати ҷаҳонии бокс байни бонувон дар 11 вазн баргузор шуда, фонди ҷоизавии мусобиқа 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад.

Барои ҷои аввал $100 ҳазор мукофоти пулӣ пешбинӣ шуда, варзишгароне, ки ҷойҳои дуюм ва сеюмро мегиранд, $50 ҳазор ва $25 ҳазор доллар дода мешавад.

Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонии бокс байни занон як медал ба даст овардааст. Соли 2012 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Чин намояндаи Тоҷикистон Мавзуна Чориева барандаи медали биринҷӣ гардида буд.

Дар Тоҷикистон озодии матбуот беҳтар шудааст?

0

Тоҷикистон дар масъалаи озодии матбуот назар ба соли 2021 имсол 10 зина боло рафта, аз мақоми 162-и соли гузашта ба 152 расид.

Карикатура аз сомонаи “alaraby.co.uk”

Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) гузориши нави худро дар мавриди озодии матбуот 3-уми май нашр кард, ки тибқи он Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 10 зина вазъи озодии матбуотро беҳтар кардааст.

Бино ба гузориши ин созмон соли 2021 Тоҷикистон мақоми 162-ро касб карда, дар радифи кишварҳое қарор гирифта буд, озодии матбуотро ба шиддат саркӯб мекунанд.

Баҳодиҳӣ дар шохиси имсолаи Гузоришгарони Бидуни Марз аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, қонунмеҳварӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ тартиб дода шудааст.

Дар гузориши нав вазъи сиёсии Тоҷикистон дар байни 180 кишвари дунё бо 33,79 хол дар мақоми 164, вазъи иқтисодӣ бо 29,85 хол дар мақоми 152, вазъи ҳуқуқу қонунмандӣ бо 48,68 хол дар мақоми 139, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо 46 хол дар мақоми 154 ва аз нигоҳи амниятӣ бо 42,96 хол дар мақоми 132 қарор гирифтааст.

Гузоришгарон менависанд, ки мақомоти Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, ки худро “Пешвои миллат” ва “кафили якпорчагии Ватан” хондааст, озодии матбуотро дар қабзаи худ гирифта, болои расонаҳои мустақил ва рӯзноманигорон фишори зиёд овардааст, то онҷо, ки баъзе онҳо тарки Ватан карда ва онҳое ҳам, ки дар дохил боқӣ мондаанд, зери таъқибу фишори ҳкумат қарор доранд, ки ё сукут ихтиёр кардаанд ва ё чизе берун аз хостаҳои ҳукумат гуфта наметавонанд.

Дар ин гузориш масдуд шудани сомонаҳои хабарии мустқил яке аз монеаҳо ва мушкилсозии озодии матбуот аз ҷониби ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ шудааст.

Инчунин дар гузориш қайд шуда, ки дастрасӣ ба иттилооти аз ҷониби мақомот пешниҳодшуда барои расонаҳои мустақил ниҳоят маҳдуд боқӣ мемонад. “Дар мавриди рӯзноманигороне, ки ба худсонсурӣ тобоваранд, мавриди таъқибу таҳдид ва тамаъҷӯӣ аз ҷониби хадамоти махсус қарор гирифта, бархе аз онҳо ба рӯйхати сиёҳи “террористон” шомил шудаанд.”

Бино ба ин гузориш, Русия аз Тоҷикистон 3 зина поёнтар буда, дар мақоми 155 қарор гирифтааст. Муаллифони гузориш қайд намудаанд, ки “Ҳукумати Русия назорати хабару маълумотро зери назорати худ гирифта, сензураи сахт ҷорӣ кардааст. Расонаҳо дар ин кишвар баста шуда, журналистон таъқиб ва ба тарки кишвар водор мешаванд.”

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон аз ҳама озодтар дар мавриди озодии матбуот дониста шуда, дар мақоми 72 қарор дода шудааст. Қазоқистон ҷои 122 ва Узбекистон 133-ро касб кардаанд. Аммо Туркманистон аз ҳама зиёд маҳдудкунандаи озодии матбуот шинохта шуда, дар мақоми 177 ҷой гирифтааст.

Вазъи озодии матбуот дар ишварҳои Русия, (155) Чин, (175) Туркманистон (177) ва Эрон (178) “ниҳоят нигаронкунанда” арзёбӣ мешавад.

Дар ин шохис мақомҳои 1,2,3-ро Норвегия, Донморк ва Шветсия ишғол карда, дар се мақоми аз ҳама охир Эрону Эритрея ва Кореяи Шимолӣ ҷой дода шудаанд.

Даъвати баҳории сарбозон 70% иҷро шуд

0

Дар 1 моҳи  даъвати баҳории сарбозон ба артиш дар сатҳи ҷумҳурӣ нақша 70% иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи ин вазорат, дар вилояти Суғд нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш дар ин муддат 55 дарсадро ташкил додааст.

Иҷрои нақша то 1-уми май дар қаламрави вилояти Хатлон наздик 70 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ бошад, нақша беш аз 70 дарсад иҷро шуда, комиссариатҳои ҳарбии Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод нақшаро пурра иҷро кардаанд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори чорум нақшаи даъвати баҳориро ҳанӯз дар рӯзи аввали ҷалби ҷавонон ба артиш, яъне якуми апрел 100% иҷро карда буд.

Ба иттилои сухангӯи ин вазорат Маҳмадалӣ Ватанзода, “чаҳор навоҳии пойтахт низ нақшаи пешбинишударо вобаста ба гусели сарбозони ояндаи Ватан дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расониданд.”

Гуфта мешавад, дар 1 моҳ  25 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон иҷрои нақшаи ба онҳо пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд.

Дар сомонаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфта мешавад, ки “дар давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки ҷавонписарони ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ омада ва маълумоти олӣ дошта, баҳори соли 2022 нисбат ба солҳои пешин хеле зиёд мебошад”. Аммо аз шикояти сокинон ва наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, бармеояд, ки баръакс ҷалби иҷбории ҷавон ба артиш ё “облава” бештар шудааст, на оне ки мақомот иддао мекунад.

акс аз рафти облава

Ҳатто Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон чанде пеш бар асоси мактуби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон, бо ирсоли як мактуб ба ҳамаи хатмкунандагони донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон иҷозат дода буд, ки ихтиёран имтиҳони хатмро пеш аз муҳлат супорида, ба артиш раванд.

Мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин сарбоз шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби номусоид будани шароити сарбозӣ аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро дар кӯчаву бозорҳо ва ҳатто аз назди донишгоҳҳо боздошт карда ба артиш мебаранд.

Бо вуҷуди ин ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ дар ҳар мавсим сабти даҳҳо ҳолати “облава” нашр мешавад, боз ҳам мақомот иддо мекунанд, ки “облава” дар кишвар вуҷуд надорад. Ин боис гашта, ки корбарон ва ҷомеаи мадании кишвар ин амали мақомдоронро ҳамеша мавриди баҳс қарор медиҳанд, аммо зоҳиран ин падида ҳал шуданӣ нест.

Иди саиди Фитр муборак ҳамдиёрони азиз!

0

Аксар кишварҳои дунё 2-уми майи соли ҷорӣ Иди Фитрро ҷашн мегиранд, аз ҷумла ин иди бузург дар Тоҷикистони азизи мо низ рӯзи 2-уми май эълон шудааст.  

Ҳайати эҷодии Azda tv фарорасии Иди саиди Фитрро барои тамоми мусалмонои дунё, бахусус ҳамдиёрони азиз, ки дар ҳар гӯшаву канори дунё ҳастанд, табрику таҳният гуфта, барои якояки азизон аз Худованди Мутаол тани сиҳату рӯзгори хӯшро таманно дорад.

Ва умеди онро дорем, ки Худованди Меҳрубон рӯза ва тоату ибодатҳои мову шуморо мавриди қабули хеш қарор дода, аз камбуду хатоҳои мо гузашта бошад.

Ҳамаше дасти пуру хонаи обод дошта бошед ва дар ҳалқаи хонадону ёру дӯстон зиндагии босаодатро бароятон хоҳонем.

Идатон муборак ҳамдиёрони азиз!

Танҳо силоҳаш қаламаш буд ва ҳаст

0

Мавқеъгириҳои Сайфуллозода агарчӣ ба касоне писанд набошад ҳам, ҳамеша бо дар назар гирифтани манофеъи миллӣ буданд.

БОЗНАШР АЗ САҲИФАИ ФЕЙСУБКИИ БОБОҶОН ҚАЮМОВ

Ба муносибати зодрӯзи Ҳикматулло Сайфуллозода

Ҳикматулло Сайфуллозода аввали моҳи Марти соли 1950 дар деҳаи Арғанкули ноҳияи Тавилдара таваллуд шудааст. Дар асари муҳоҷирати солҳои панҷоҳуми асри гузашта оилаи онҳо ба ноҳияи Саройкамар (Панҷи имруза) оварда шуданд. Давраи мактабхонӣ ва фаъолияти аввали кории ӯ маҳз дар ҳамин ноҳия гузаштааст. Сайфуллозода солҳои 1957-1967, муҳассили мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва солҳои 1967–1971 муаллими мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ буд. Солҳои 1971-1975 башад, дар Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи М.Турсунзода таҳсил кардааст.

Аз соли 1975 то 1991, баъд аз хатми донишкада дар мактаби мусиқии ш.Панҷ, аввал ба ҳайси муаллим ва баъдан директори ҳамин мактаб таъин шудааст. Солҳои 1991 – 1992, ҳамчун муаллими мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият намудааст.

Ҳикматулло Сайфуллозодаро соли 1992, ба ҳайси муовини раиси Комиҷроияи шурои депутатҳои халқи ноҳияи Панҷ интихоб намуданд. Вале дар асари воқеаҳои маълуми он солҳо ӯ авали соли 1993 маҷбуран ҳиҷрат ба Давлати Исломии Афғонистон кард.

Баъд ба Иттиҳоди Неруҳои Опозитсиони Тоҷикистон пайваста, дар дастгоҳи сиёсии он то соли 1997 фаъолият намуд.

Моҳи сентябри соли 1997, яъне се моҳ баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ, Сайфуллозода ба кишвар баргашта, то соли 2000-ум, роҳбарии Маркази матбуотии Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷикро дар Комиссияи Оштии Миллӣ ба уҳда дошт. Дар ин муддат барои истиқрори сулҳ дар кишвар талошҳои зиёд намудааст.

Баъд аз оғози дубораи фаъолияти расмии ҲНИТ ба сафи он пайваста, сухангӯи Раис ва роҳбарии дастгоҳи ҲНИТ-ро ба уҳда дошт. Баъдан узви Раёсати Олии Ҳизб ва узви Шурои Сиёсии ҲНИТ гардид.

Аз декабри соли 1999 то декабри соли 2004 узви Комиссияи Марказии Интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.

Бародар Ҳ.Сайфуллоҳзода соли 2002 ба хотири зиёрати Хонаи Худо сафар кардааст ба Арабистони Саъудӣ ва мушараф гаштааст бо гирифтани номи Ҳоҷӣ.

Дар чанд муддати охир то замони зиндонӣ шуданаш сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» буд ва ҳамчун коршиноси масоили сиёсӣ дар ҷомеа шинохта шуда мешуд.

Ӯ дар баробари ҳеҷ ноадолатие сукут намекард. Танҳо силоҳаш қалами сабзаш буд ва забони мантиқаш. Маҳз ба ҳамин хотир дар соли 2011 мавриди лату куби «афроди ношинос» қарор гирифт. Афроди ношиносе, ки бо қаламу бо мантиқ тавони ҷавоб додан ба ӯро надоштанд.

Мавқеъгириҳои Сайфуллозода агарчӣ ба касоне писанд набошад ҳам, ҳамеша бо дар назар гирифтани манофеъи миллӣ буданд.

Аммо иттиҳоме, ки дар суд ба ӯ заданд хеле хандаовару ноҷавонмардона буд. Гӯё ӯ дар компютераш матни кадом як баёнияеро навиштааст, ки мардумро даъват ба қиём карда бошад. Аммо ӯ чунин инсоне набуд. Ӯ агар чизе менавишт омодаи пазируфтани он буд ва барои ҳар навиштааш даҳҳо далелу санад меовард. Аммо ман бо итминон мегӯям, ки ӯ ҳаргиз чунин даъватномаеро ба аъзои ҲНИТ нанавиштаву аслан руҳаш ҳам аз он хабар надоштааст.

Имрӯз устод Сайфуллозода зодрӯз доранд ва ба синни 71 расиданд. Аммо зодрӯзашонро дар кунҷи зиндон ва дар ҳолати душвор мекузаронанд. Ин пирамарди хирадманд агар дар озодӣ мебуд ҳатман нафъаш ба миллат мерасид. Агар ӯ дар озодӣ мебуд ҳатман боз ҳам бо қаламу коғаз сару кор дошт на бо чизи дигар. Аммо афсус…

Зодрӯз муборак бошад устод Сайфуллозода!

Худованд ҳарчи зудтар озодиро насибат гардонад!

Ҳамлаи Русия ба Киев дар ҳоли вуҷуди Дабири кулли СММ дар ин шаҳр

0

Асри рӯзи панҷшанбе, 28-уми апрел нерӯҳои низомии Русия ноҳияи Шевченкои шаҳри Киевро

Субҳи рӯзи 29-уми апрел Виталий Кличко, шаҳрдори Киев дар канали телеграмии худ гуфт: “Наҷотдиҳандагон айни замон ба ҷустуҷӯ машғуланд ва ҳоло аз зери харобаҳои бинои истиқоматӣ дар ноҳияи Шевченко, ки дирӯз ба онҷо мушак бархӯрда буд, ҷасади як нафарро пайдо карданд.”

Ҳоло ҷустуҷӯи наҷотдиҳандагон идома дорад, гуфта мешавад, ба эҳтимоли зиёд захмиён ва кушташудагон зиёданд.

Александр Демченко дар ҳисоби твтттераш хабар дод, ки нафари кушташуда Вера Хирич, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Украина мебошад, ки бар асари ин ҳамла кушта шуд.

Ҳамлаи Русия ба ноҳияи Шевченкои пойтахти Украина дар ҷараёни сафари Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Антони Гутерриш дар шаҳри Киев сурат гирифт.

Владимир Зеленский раисҷумҳури Украина дар робита ба ин ҳамла дар паёми видеоие гуфт: “Ин ҳодиса чизҳои зиёдеро бар бораи нигариши воқеии Русия нисбат ба ниҳодҳои байналмилалӣ нишон медиҳад”.

Дар чанд рӯзи ахир Русия ҳамлаҳояшро дар аксар шаҳрҳои Украина, ба хусус шарқи ин кишвар шиддат бахшидааст.

Мурофиаи Амриддин Аловатшоев бе иштироки хешовандонаш шуруъ шуд

0

Мурофиаи додгоҳии Амриддин Аловатшоев, яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон, ки аз Маскав рабуда шуда буд, рӯзи 29-уми апрел дар боздоштгоҳи Душанбе бе иштроки хонаводааш оғоз шуд.

Бино ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, мурофиаи додгоҳии Аловатшоев имрӯз 29-уми апрел соати 14 дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и пойтахт оғоз шуда, парвандаро додрасе аз Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасӣ мекунад.

“Вакилони дифоъро дер хабардор карданд. Хешу табораш ба назди Боздоштгоҳ рафтанд, аммо онҳоро ба дохил роҳ надоданд,” – гуфтааст манбаи Радиои Озодӣ.

Амриддин Аловатшоев, яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон 11-уми январи соли ҷорӣ дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуда буд. Мақомоти тоҷик то рӯзи 2-юми феврал боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудани ӯро рад мекарданд.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 2-юми феврал баргузор гардид, гуфт, ки Аловатшоев аз соли 2018 дар пайгард қарор дошт ва бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт ва истирдод шуд, аммо ӯ нагуфт, ки бар зидди Аловатшоев бар асоси кадом моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Ин дар ҳолест, ки худи ҳамон рӯз, яъне 2-юми феврал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон низ бо хабарнигорон нишасти матбуотӣ дошт, ӯ гуфт, ки Аловатшоев Амриддин бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт ва ба Душанбе истирдод нашудааст, балки худи ӯ “аз Русия баргашт ва мо ӯро дастгир кардем, чунки нисбати ӯ барои ташкили гирдиҳамоӣ дар шаҳри Хоруғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд.”

Инҷо кӣ ҳақиқат гуфта буд номаълум аст.

Мақомот Аловатшоевро бо чанд иттиҳом, аз ҷумла гаравгонгирӣ, аз озодӣ маҳрум кардан ва ғайра муттаҳам мекунанд. Наздикон ва нафароне, ки Аловатшоевро мешиносанд, мегӯянд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ ба корҳои ҷиноӣ даст назадааст.

Дар ин муддат чанд маротиба хабари шиканҷа шудани Амриддин Аловатшоев расонаӣ шуда буд. Аммо ҳуди ӯ дар чанд наворе, ки маълум нест таҳти чӣ шароит сабт шудааст, гуфт, сиҳату саломат аст ва касе ӯро “назадааст”. Ҳомиёну ҳуқуқ ва ҷонибдоронаш ба “табиӣ” будани изҳорот шубҳа доранд.

Амриддин Аловатшоев, дар миёни диаспораҳои сокинони ВМКБ дар Русия эътибори зиёд дорад. Ӯро марди дорои обрӯву эътибор ва ҳамеша омодаи дастгирии ҳамватанон медонанд.

Барқ бештар тавлид шуду аз содироташ кам фоида ба даст омад

0

Ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқ ​​дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 5 миллиарду 346,1 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 281,5 миллион кВт/соат бештар аст.

Тибқи оморҳои расмӣ, дар ин давра нерӯгоҳҳои барқи обии кишвар 4 миллиарду 541 миллион кВт/соат нерӯи барқ ​​тавлид карда, 805 миллион кВт/соат нерӯи барқи дигар дар марказҳои барқу гармидиҳӣ тавлид шудааст.

Ҳаҷми тавлиди нерӯи гармӣ дар ин давра 675,8 ҳазор Гкалро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 6,9% зиёд аст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2022 Тоҷикистон аз интиқоли нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 7,3 миллион доллар фоида ба даст овардааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 24,9 дарсад камтар аст.

Бо вуҷуди бештар тавлид шудан ва кам фоида ба даст овардан аз содироти нерӯи барқ дар ин давра, сокинони манотиқи гуногуни кишвар аз набуди барқ дар ноҳияҳояшон ва ҷорӣ шудани лимит шикоят доштанд.

Суоли матраҳ миёни сокинони кишвар ин аст, ки барқи тавлидшудаи нерӯгоҳҳо ва пули содироти он куҷо мешаванд?