Хона блог саҳифа 491

Муроҷиати сокинони Ворух ба мардуми Тоҷикистон: ба доди мо бирасед!

0

Як гурӯҳ аз сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара бо навиштани муроҷиатномае аз мардуми кишвар хостаанд, ки дар ҳифзи марзу буми Ватан ба онҳо кумак кунанд, зеро нерӯҳои амниятӣ бо фармони “Фароз” коре карда наметавонанд.

Сокинони Ворух дар муроҷиати худ, ки нусхаи онро ба Azda tv ҳам фиристоданд, бо нигаронӣ иброз медоранд, ки ғасбу тасарруфи қирғизҳо сол ба сол бештар шуда, молу дороии сокинони Ворухро мегиранд, аммо мегӯянд, “мо дасти баста меистем”. Ба гуфтаи онҳо, кормандони амниятӣ ба ҷои пуштибонии мардум намегузоранд муқовимат кунанд ва аз ҳаққашон дифоъ кунанд.

Шакли комили муроҷиатномаи сокинони Ворух:

   МУРОҶИАТИ ГУРӮҲЕ АЗ ҶАВОНОНИ ВОРУХ БА МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН

   АСАЛОМУ АЛАЙКУМ ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!

   МУРОҶИАТИ МО СОКИНОНИ ВОРУХ НА БА МАСЪУЛОНИ БАЛАНДМАҚОМИ КИШВАР ВА НА БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ, БАЛКИ БА ХУДИ МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН АСТ, ЧУН АЗ САНГ САДО МЕБАРОЯДУ АЗ МАСЪУЛИНИ МО НЕ.

   ҲАМДИЁРОНИ ГИРОМӢ ВА МАРДУМИ САРБАЛАНДИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ, МО ДИДА ИСТАДАЕМ, КИ ИМРӮЗҲО КАСЕ БА ДОДИ МАРДУМИ ВОРУХ НАМЕРАСАД. АЗ ИН РӮ, МО ГУРӮҲЕ АЗ ҶАВОНОНИ ДИЛШИКАСТАИ ВОРУХ ТАСМИМ ГИРИФТЕМ, КИ БА МАРДУМИ КИШВАРАМОН МУРОҶИАТ КУНЕМ ТО БАРОИ ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ КИШВАРИ АЗИЗАМОН МОРО ДАСТГИРӢ КУНАНД.

   ҲАРСОЛ ИН ҲАМСОЯҲОИ НОХАЛАФ 6-7 НАФАР АЗ МАРДУМИ МОРО МЕКУШАНД, ТАМОМИ ЗАМИНҲОИ МОРО ҒАСБ КАРДА ГИРИФТААНД, АКНУН НАВБАТ БА ДОРОИҲОИ ШАХСӢ ВА БАСТАНИ ОБУ РАБУДАНИ МОЛҲОИ ЧОРВО РАСИДААСТ. ҲАР СОЛ БЕШ АЗ 50-60 САР МОЛҲОИ КАЛОНУ МАЙДА (ГОВУ ГУСФАНД)-РО МЕБАРАНД, МО ДАСТИ БАСТ МЕШИНЕМ, БАРОИ ОН КИ КОРМАНДОНИ АМИЯТИ МО ЯГОН ХЕЛ ДАСГИРӢ НАМЕКУНАНД, ҲАТТО НАМЕГУЗОРАНД ХУДАМОН ТАЛОШ КУНЕМ БАРОИ СИТОНИДАНИ ҲАҚАМОН.

   РАФТОРИ БЕҶОИ КОРМАНДОНИ АМНИЯТ ҶУРЪАТИ ҚИРҒИЗҲОРО БАР САРИ МАРДУМИ ВОРУХ БЕШТАР КАРДААСТ.
ОЯНДАИ 150 ҲАЗОР АҲОЛИИ НАЗДИМАРЗӢ (ҶАМОАТҲОИ СУР, ЧОРКӮҲ, ХОҶАИ АЪЛО ВА ВОРУХ) АЗ ДАСТИ ИН ҚИРҒИЗҲО ДАР ХАТАР АСТ.

   МО МУТМАИНЕМ, КИ КОРМАНДОНИ АМНИЯТИИ БА ОРУ НОМУС ЗИЁД ДОРЕМ, ВАЛЕ МАСЪУЛОНИ ШИРКАТИ “ФАРОЗ” ДАР ҲАМКОРӢ БО ФАРМОНДЕҲИ ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБАЛӢ РАҲМОНАЛӢ БА ХОТИРИ РАВНАҚИ ТИҶОРАТИ ХУДАШОН ПЕШИ РОҲИ ИН ҶАВОНОНРО МЕГИРАНД ВА НАМЕГУЗОРАНД, КИ БО ҚИРҒИЗЕ, КИ СИЛОҲ МЕКАШАД МУҚБИЛАТ НИШОН ДИҲАНД. ҲАТТО ФАРОМН БАРОВАРДААНД, КИ ҲЕЧ САРҲАДБОН ДАР МУҚОБИЛИ ҚИРҒИЗ ҲАҚҚИ ТИРКУШОӢ НАДОРАД. ВА АГАР МАРДУМ ХУДАШ БАРОИ ҲАҚАШРО ГИРИФТАН ТАЛОШ КУНАНД, КОРМАНДОНИ ВКД ВА АМНИЯТ БАР ЗИДДАШ ДЕЛОИ ҶИНОЯТӢ МЕКУШОЯНД. ҲАМАРО БО ИН КОРАШОН ТАРСОНДААНД.

   САРКАРДАИ АСОСИИ ИН АМРУ СУПОРИШҲО ДОМОДИ ПРЗДЕНТИ ҶУМҲУРӢ ШАМСУЛЛО СОҲИБОВ АСТ. БА ХОТИРИ Ӯ ВА ТИҶОРАТИ ҒАЙРИҚОНУНИЯШ ШУДА САРҲАДБОНОНУ ҶАВОНОНИ МИНТАҚАҲОИ МАРЗӢ ҚУРБОНӢ МЕШАВАНД.
   МО СОКИНОНИ ВОРУХ БОРҲО ШОҲИДИ ОН БУДЕМ, КИ САРБОЗИ БЕЧОРА БО АВТАМАТИ БЕ ТИР ДАР САРҲАД ИСТОДА САРҲАДБОНӢ МЕКУНАД. ДАР ЧУНИН ҲОЛАТ САРБОЗОНИ МО ҚУРБОНӢ НАШАВАНД КӢ МЕШАВАД?

   ИН ҚАРОРИ ДОМОДИ РАИСИ ҶУМҲУР ШАМСУЛЛО СОҲИБОВ БО ФАРМОНДЕҲИ ҚУШУНҲОИ САРҲАДӢ РАҶАБАЛӢ РАХМОНАЛӢ САБАБИ ҲАМА ҚУРБОНИҲО ДАР МАРЗ МЕШАВАНД.

   АЗ ИН РӮ, АЗ ТАМОМИ МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН, ХУСУСАН ЖУРНАЛИСТОН ВА ФАЪОЛОНИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ХОҲИШ МЕКУНЕМ ДАР ҚАЗИЯИ МО БЕТАРАФ НАБОШЕД. АГАР ШУМО БО НАШРИ МАТОЛИБУ СУҲБАТҲОЯТОН ПЕШИ РОҲИ ҶИНОЯТКОРИИ “ФАРОЗ” ВА ДИГАР ҲАМДАСТОНАШРО НАГИРЕД, ҲЕЧГОҲ МАСЪУЛОН ПЕШИ РОҲИ ИН ҒУЛРО НАМЕГИРАНД. ВА ДАР ИН МИЁН СОКИНОНИ НАЗДИМАРЗӢ ВА САРҲАДБОНОН ҚУРБОНӢ МЕШАВАНДУ ҚИРҒИЗ ЗӮРАШ БЕШТАР МЕГАРДАД.

БО ЭҲТИРОМ ГУРӮҲЕ АЗ ҶАВОНОНИ ВОРУХ.

Тоҷикистон беш аз 14,5 млн воя ваксина дарёфт кардааст

0

Тоҷикистон дар доираи механизмии ҷаҳонии “COVAX” ва аз ҳисоби кумакҳои башардӯстона, беш аз 14,5 миллион ваксинаҳои зидди COVID-19 дарёфт кардааст. Дар ин бора Вазорати тандурустии кишвар хабар дод.

Дар доираи кумакҳои башардӯстона ва барномаи “COVAX” ба Тоҷикистон ваксинаҳои AstraZeneca, CoronaVak, Moderna, Pfizer ва Sputnik V ворид шудааст.

Тибки маълумоти Вазорати тандурустӣ, то 20-уми апрели соли ҷорӣ, 5 миллиону 202 ҳазору 268 нафар ё 92,8 дарсади аҳолии аз 18-сола болои кишвар, вояи якуми ваксинаи зидди коронавирусро гирифтаанд.

Вояи дуюми ваксинаро 5 миллиону 27 ҳазору 496 нафар, яъне 89,8 дарсади аҳолӣ гирифта, 1 миллиону 756 ҳазору 58 нафар (31,4 дарсад) вояи сеюмро гирифтаанд.

Ваксина гирифтани шахсони аз 18-сола болои кишвар ҳатмӣ буда, ба гуфтаи Вазорати тандурустӣ, шаҳорвандони кишвар метавонанд ройгон ваксина гиранд.

Дар ҳоле Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 92,8 дарсад иҷро шудани нақшаи пешбинишуда мегӯяд, ки сокинон аз ҳолатҳои фурӯши сертификати ваксина бе гирифтани он хабар дода буданд.

Тоҷикистон аз Туркия таёраи бидуни сарнишин хариданист

0

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон барои бастани қарордодҳои хариди таёраҳои бидуни сарнишин ба Тукрия рафтааст.

Сафорати Туркия дар Душанбе

Аммо пеш аз ин расонаҳои тукрӣ хабар дода буданд, ки Анқара ва Душанбе бо имзои созишномае дар бораи рушди ҳамкориҳои дифоӣ қасди рушди ҳамкориҳои низомии худро доранд.

Вазарати дифои Туркия ҳам хабар дода буд, ки “дар мулоқотҳои Вазири дифои миллӣ Ҳулусӣ Акар ва вазири дифои Тоҷикистон генерал Шералӣ Мирзо масоили вобаста ба мудофиа, амният ва ҳамкорӣ дар бораи саноати дифоии дуҷониба ва минтақавӣ баррасӣ шуд.”

Ба назар мерасад, Тоҷикистон пас аз тавсеа ёфтани доманаи низоъҳои марзӣ бо ҳамсояҳои худ ва бахусус Қирғизистон, ки дар моҳҳои ахир тавоноиҳои дифоии худро бо хариди таёраҳои бидуни сарнишини туркӣ ва дигар таҷҳизоти низомӣ дар марз бо Тоҷикистон қавитар кардааст, Душанбе низ қасди хариди “Байрақтар”-ҳои туркиро дар сар мепарварад ва ба ин хотир Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи кишвар ба Анқара сафар кардааст.

Парвандаи вакили дифоъ ба СММ роҳ ёфт

0

Парвандаи Саиднуриддин Шамсиддинов, вакили мудофеи зиндонии тоҷик барои баррасӣ ба Созмони Миллали Муттаҳид роҳ ёфт. Дар ин бора созмони

Тавре дар хабар гуфта мешавад, 21-уми апрели соли ҷорӣ созмони Freedom Now ва Proskauer Rose LLP парвандаи Саиднуриддин Шамсиддинов, вакили мудофеи зиндонии тоҷикро ба Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар мавриди боздоштҳои худсарона фиристодаанд.  

Дар муроҷиати ин созмонҳо гуфта мешавад, ки Шамсиддинов аз ҳаққи қонунии худ барои озодии баён истифода кардааст ва боздошти ӯ аз сӯи мақомоти тоҷик нақзи эъломияҳои ҷаҳонии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аст.

Ин созмонҳо иттиҳомоти нисбати Шамсиддинов эълоншударо сохта ва беасос хонда, зиндонӣ шудани ӯро ба фаъолиятҳояи зиддикоррупсионӣ ва ба фаъол буданаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ рабт додаанд.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, Адам Ледмат, як масъули созмони Freedom Now, дар эъломияе гуфтааст, ки “Мо бовар дорем, Гурӯҳи кории СММ дар мавриди боздоштҳои худсарона ба ин натиҷа хоҳад расид, ки ҳуқуқи асосии вай поймол шудааст ва ӯ бояд фавран озод шавад.”

Саиднуриддин Шамсиддинов, ки пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз беадолатӣ ва ришваситонии мақомоти додгоҳии ноҳияи Вахш мегуфт, 25-уми декабри соли 2020 додгоҳ ӯро бар асоси ҳафт моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла харидуфурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти дурӯғ гунаҳкор донист ва ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Дар моҳи ноябри соли 2021 ӯро ба ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” муттаҳам намуда, ба ҳукмаш боз 8 моҳи дигар илова карданд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо пахши баёния ҳамкорӣ ё робита доштани Саиднуриддин Шамсиддиновро бо ин созмон рад карда буд.

Худи Шамсиддинов сабаби ба чунин ҳолат гирифтор шуданашро танҳо дар навиштани ҳақиқат нисбати амалҳои ғайриқонунии додситони ноҳияи Вахш ва дигар мақомоти вилояти Хатлон дониста, парвандаро фармоишӣ гуфта буд.

То имрӯз Гурӯҳи кории СММ дар мавриди боздоштҳои худсарона аз ҳукумати Тоҷикистон раҳоии чанд тан аз зиндониёни сиёсӣ, аз ҷумла Маҳмадрӯзи Искандандаров, вакили дифои шинохта Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Мақсуд Иброҳимов ва 13 тан аз раҳбарони зиндонии ҲНИТ-ро хоста буд. Аммо мақомоти тоҷик то ҳол ба ҳеч як аз ин дархостҳои Гурӯҳи кории СММ дар мавриди боздоштҳои худсарона посухи мусбат надодаанд.

Сафари Додситони кулли Тоҷикистон ба Амрико

0

Прокурори генералии Тоҷикистон дар доираи як сафари корӣ озими Амрико шудааст. Дар бораи ин сафари Юсуф Раҳмон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз, 22-уми апрели соли 2022 Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикисттон бо Муовини Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳи (СММ) бо Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот кардааст.

Ба навиштаи сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар ин “мулоқот ҷонибҳо вобаста ба татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025” ва масъалаҳои таҳдиду чолишҳои амниятӣ мубодилаи афкор намуданд.”

Инчунин “дар рафти мулоқот роҳҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди зиддитеррористии СММ ва иқдомҳои муштарак дар доираи “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.”

Байден: ба артиши Украина силоҳҳои сангин мефиристем

0

Ҷо Байден, расиҷумҳури Амрико зимни суханроние рӯзи 21-уми апрел аз ирсоли 800 миллон доллари иловагӣ ба Украина хабар дод.

Раисҷумҳури Амрико, ки дар мавриди Украина суханронӣ мекард, гуфт, ки ҳукуматаш ба Украина 800 млн долллари иловагӣ фиристоданист. Ба гуфтаи ӯ, бастаи кумакҳои низомии Амрико иборат аз силоҳҳои сангин ва ҳавопаймоҳҳои бесарнишин аст.

Байден ҳамчунин таъкид кард, ки Амрико дар баробари кумакҳои низомӣ ба Украина, қасд дорад дар ҳаҷми 500 миллион доллар ба ҳукумати ин кишвари ҷангзада ҳамчун кумаки иқтисодӣ бифиристад.

Байден мегӯяд, Путин ба нақшаҳои худ, ки ғасби тамоми Украина аст, муваффақ нахоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол Кремл имрӯз аз тасарруфи пурраи шаҳри Мариупол хабар дод, ба ҷуз корхонаи фулодсозии “Азов”, ки дар он ҳудуди 2 ҳазор сарбози украинӣ камн гирифта, бар зидди қувваҳои Русия меҷанганд.

Даъвати баҳории сарбозон ба артиш 50% иҷро шуд

0

Дар 20 рӯзи даъвати баҳории сарбозон ба артиш дар сатҳи ҷумҳурӣ нақша 50% иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи ин вазорат, дар вилояти Суғд нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш дар 20 рӯзи аввал 40 дарсадро ташкил додааст.

Аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Носири Хусрав ва Фархор даъвати ҳарбиро пурра иҷро карда, иҷрои нақша дар қаламрави ин вилоят беш аз 50 %-ро ташкил медиҳад.

Аммо дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ бошад, нақша 60 дарсад иҷро шуда, комиссариатҳои ҳарбии Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод нақшаро пурра иҷро кардаанд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъвати баҳориро ҳанӯз дар рӯзи аввали ҷалби ҷавонон ба артиш, яъне якуми апрел 100% иҷро карда буд.

Комиссариатҳои ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе, дар умум 60 % нақшаро дар даҳ рӯзи аввал иҷро кардаанд.

Дар ҳоле Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз 50% иҷро шудани нақшаи даъвати баҳории ҷавон ба артиш хабар медиҳад, ки ҳанӯз дар рӯзҳои аввал наворҳо ва аксҳои ҷалби иҷбории ҷавон ба артиш ё “облава” дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд. Ҳатто ҳолатҳое ҳастанд, ки донишҷӯёнро аз назди донишгоҳҳо маҷбуран бо усули “облава” барои хидмат ба артиш бурдаанд. Мақомот ҳамеша ба набуди “облава” таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Аз ҷалби иҷбории донишҷӯён ба артиш сокинони шаҳру навоҳии кишвар ба вакилони парлумон низ шикоят бурдаанд.

Дирӯз дар ҷаласаи навбатии парлумон Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз Эмомалӣ Собирзода, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон, ки тағйироти навро дар қонун дар бораи мудофиа муаррифӣ мекард, суол карда буд, ки иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон чӣ гуна мегузарад ва беш аз 11 миллион сомоние, ки бар ивази он шуморе аз ҷавонон аз хидмат озод шуданд, куҷо шуд?

Ин суоли Ғаффорзода ба раиси парлумони кишвар Маҳмадтоир Зокирзода хуш наомад ва ба вакилон ду маротиба ишора кард, ки аз мавзуъ берун нараванд.

Эмомалӣ Собирзода, Абдуҳалим Ғаффорзода ва Маҳмадтоир Зокирзода

Собирзода ба суолҳои Абдуҳалим Ғаффорзода ҷавоби дақиқ надода, танҳо гуфт, ки “даъват тибқи нақша идома дорад, ягон мушкилеро намебинем” ва қайд кард, ки “маблағи супоридаи ҷавонон ба либос, хӯрок, ҷойи хоби сарбозон ва инчунин сохтмони иншоот сарф мешавад”.

Абдуҳалим Ғаффорзода, вакили парлумон дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки аз посухи додаи муовини аввали вазири дифоъ қонеъ нест.

Дар идома Ғаффорзода аз шикояти сокинон аз облаваи донишҷӯён гуфт ва таъкид кард, ки ҳангоми даъвати ҷавонон ба артиш мушкилиҳое ҷой доранд, ки масъулон бояд чора бинанд.

Мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин сарбоз шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби номусоид будани шароити сарбозӣ аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро дар кӯчаву бозорҳо ва ҳатто аз назди донишгоҳҳо боздошт карда ба артиш мебаранд.

Бо вуҷуди ин ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ дар ҳар мавсим сабти даҳҳо ҳолати “облава” нашр мешавад, боз ҳам мақомот иддо мекунанд, ки “облава” дар кишвар вуҷуд надорад. Ин боис гашта, ки корбарон ва ҷомеаи мадании кишвар ин амали мақомдоронро ҳамеша мавриди баҳс қарор медиҳанд, аммо зоҳиран ин падида ҳал шуданӣ нест.

Тоҷикистон хостори таъсиси “камарбанди амниятӣ” атрофи Афғонистон шуд

0

Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти машраватии ШҲС дар Маскав хост, атрофи Афғонистон “камарбанди амниятӣ” таъсис дода шавад.

Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 20-уми апрели соли 2022 дар шаҳри Москав машваратҳои сиёсии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ баргузор шуд.

Тоҷикистонро дар ин нишасти минтақавӣ Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон намояндагӣ карда, “аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон ёдовар шуд.”

Дар ин нишастҳои машваратӣ дар бораи “фаъолияти муштараки ҳамаҷонибаи давлатҳои узви СҲШ дар самти муқовимат бо “се нерӯи бадӣ” – терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм, инчунин оид ба мушкилоти қочоқи маводи мухаддир табодули афкор сурат гирифт.”

Инчунин “муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ аҳаммият ва зарурати қабули қарор дар бораи таъсиси Маркази зидди мухаддироти СҲШ ҳамчун як ниҳоди алоҳидаи доимӣ дар шаҳри Душанберо қайд кард.”

Ба гуфтаи сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон “дар рафти машваратҳо ба вазъияти Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ҷонибҳо мавқеи ҳамоҳангшударо роҷеъ ба зарурати таъсиси ҳукумати фарогир бо шумули намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои этникию сиёсии ҷамъияти Афғонистон таъкид карданд.”

Аммо пеш аз дигар аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Русияву Чин ва Покистон алакай сафирони Аморати исломии Толибонро дар Маскаву Пекин ва Исломобод ба ҳузур пазируфта, то эътироф кардани расмии Толибон аз ҷониби онҳо танҳо чанд қадами кӯтоҳе мондааст, ҳол он ки Тоҷикистон расман аз оғоз то имрӯз дар бораи ба расмият шинохтани Толибон мавқеи худро дигар накардааст.

Навалний: фаронсавиҳо ба Макрон овоз диҳанд, М. Ле Пен одами Путин аст

0

Алексей Навалний, сиёсатмадори зиндонӣ ва мухолифи сарсахти Путин аз мардуми Фаронса хост, то 24-уми апрел дар даври дуюми интихоботи президентии ин кишвар

Навалний рӯзи чоршанбе, 20-уми апрел бо паёми твиттерие дар ҳисоби шахсияш навишт: “Бидуни тардид аз фаронсавиҳо даъват мекунам, ки 24-уми апрел ба тарафдории Эммануэл Макрон раъй бидиҳанд.”

Ин мухолифи зиндонии Кремл, рақиби Эммануэл Макрон хонум Марин Ле Пенро ба “аз ҳад зиёд” наздик будан ба Валидимир Путин, раисҷумҳури Русия муттаҳам кард.

Навалний хонум Марин Ле Пенро ба он муттаҳам кирд, ки ҳизбаш соли 2014 аз як бонки Русия бо номи “Первый Чешско-Российский Банк (ПЧРБ)” 9 млн евро вом дарёфт кардааст. Ба гуфтаи вай, “Ин фасод ва фурӯши нуфузи сиёсӣ ба Путин аст”.

Бино ба иттилои Навалний, ки бештар таҳқиқоташ вобаста ба фасоди молӣ дар Русия аст, ин бонк “як ожонси пулшӯӣ” аст ва бо “дархости Путин” таъсис ёфтааст.

Ин мухолифи рус дар ҳоле фаронсавиҳоро ба тарафдории Макрон даъват мекунад, ки қарор аст 24-уми апрел дар Фаронса даври дуюми интихобти президентӣ баргузор шавад. Дар ин интихобот Эммануэл Макрон, расиҷумҳури кунунии Фаронса бо Марин Ле Пен раиси ҳизби рости ифротии “Иҷтимои миллӣ” рақобат хоҳад кард.

Алексей Навалний, яке аз мухолифони сарсахти Путин ба шумор рафта, пас аз заҳролуд шуданд ва табобат гирифтан дар Олмон ба Русия баргашт. Аммо ҳангоми баргаштан дар фурӯдгоҳ боздошт ва моҳи марти соли 2021 ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.

Таркиш дар масҷиде дар Мазори Шариф 48 куштаву захмӣ ба ҷо гузошт

0

Дар натиҷаи як таркиш дар масҷиде дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон дасти кам 18 нафар кушта ва 30 каси дигар аз намозгузорон захмӣ шуданд.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон ин таркиш зуҳри имрӯз дар масҷиде бо номи Се дукони шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балхи Афғонистон рух додааст.

Пеш аз ин Ғавсиддин Анварӣ, раиси бемористони Абуалӣ Синои ин вилоят, ки аксари захмиҳо ба он интиқол дода шудаанд, гуфта буд, ки теъдоди захмиҳо зиёд аст, вале омори дақиқи онҳо ҳанӯз маълум нест.

Ду рӯз пеш аз ин ҳам дар шаҳри Кобули Афғонистон дар натиҷаи таркишҳо дар як мадраса ва омӯзишгоҳи минтақаи шианишин даҳҳо нафар аз муҳассилин кушта ва захмӣ шуда буданд.

Бар асоси иттилои расонаҳои Афғонистон бар иловаи ин таркиши мудҳиш дар масҷиди шиаёни шаҳри Мазори Шариф, чанд таркиши дигаре ҳам имрӯз дар вилоятҳои Нангарҳору Кундуз ва шаҳри Кобул низ ба қайд гирифта шудааст, вале то кунун омори дақиқи кушта ба захмиҳои онҳо расонаӣ нашудааст.

Гуфта мешавад, то замоне ин хабар таҳия мешуд, касе ё гурӯҳе даст доштани худ дар ин таркишҳои мудҳишро бар уҳда нагирифта аст. Аммо пештар мақомоти амрикоӣ эълон карда буданд, ки дар баҳори имсол, замоне дамои ҳаво гармтар шавад, ДИИШ домани ҳамлаҳояшро густариш медиҳад.