Хона блог саҳифа 490

Қодиров маҳбусони мухолифашро ба ҷанги Украина мефиристад

0

Ба гузориши Хадамоти истихборотии Украина, мақомоти Чеченистон зиндониён, ба хусус маҳкумшудагони мухолифи ҳукуматашро ба минтқаи ҷанг дар Украина мефиристад.

Тавре расонаи РБК аз қавли Хадамоти истихбороти Вазорати дифои Украина хабар медиҳад, дар Чеченистон маълумоти маҳбусони мухолифи ҳукуматро, ки дар зиндонҳои маҳаллӣ адои ҷазо мекунанд ҷамъоварӣ доранд ва ба хотири “ислоҳи онҳо” ва идомаи адои ҷазо ба минтақаи ҷанг мебаранд.

“Дар мукотибаи маъмурони Хадамоти амнияти федеролӣ дар Чеченистон (ФСБ) талаби пешниҳоди маълумоти шахсии маҳкумшудагон, аз ҷумла ному насаб, суроғаи хона, рақами телефон, почтаи электронӣ вуҷуд дорад.” – хабар медиҳад Хадамоти истихборотии Украина.

Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистонро яке аз нафарони наздик ба Путин медонанд. Ва аз шуруи лашкаркашии Русия ба хоки Украина 24-уми феврал то кунун талош дорад дар майдони ҷанг бар зидди Украина фаъол бошад.

Толибон ба духтарон иҷоза доданд, ки таҳсил кунанд

0

Толибон бо гузашти 8 моҳ аз дубора сари қудрат омадан шуруъ аз моҳи майи соли ҷорӣ ба духтарони болои синфи шаш иҷоза медиҳанд, ки ба мактабу донишгоҳҳо рафта дарс бихонанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, ҳукумати сарпараст бо раҳбарии Толибон дар Афғонистон бо судури як қарор гуфтааст, ки духтарон метавонанд шуруъ аз 5-уми майи соли 2022 ба мактабу донишгоҳҳо рафта дарс бихонанд.

Тибқи ин қарори Толибон пас аз ин духтарони болои синфи шаш, ки то кунун аз рафтан ба мактабу донишгоҳҳо маҳрум буданд, метавонанд дар рӯзҳои шанбе, душанбе ва чошанбе ба мактабу донишгоҳҳо рафта таҳсил кунанд ва дарсҳои писарон ҳам дар рӯзҳои якшанбеву сешанбе ва панҷшанбеи рӯзҳои ҳафта ба роҳ монда мешавад.

Пеш аз ин ба рӯзи 5-уми апрели соли ҷорӣ бархе фаъолони ҷомеаи маданӣ, аз он ҷумла падару модари Малола Юсуфзай, барандаи Ҷоизаи Нобел бо роҳандозии як иқдом дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Толибон интиқод карда гуфта буданд, ки 200 (ду сад) рӯз аст, ки духтарон дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум ҳастанд, аммо духтарони хеле аз раҳбарони Толибон дар Қатару Аморот ва Покистон таҳсили илм мекунанд.

Инчунин раҳбарони кишварҳои мухталифи дунё борҳо аз Толибон интиқод карда, гуфта буданд, ки бояд шароити дарс хондан барои духтаронро фароҳам созанд ва нагузоранд, ки онҳо аз таҳсил маҳрум бимонанд.

Ҳамзамон Дафтари Намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонистон ҳам маҳрумияти духтарон аз таҳсилро “такондиҳанда” хонда гуфта буд: “дар дунё танҳо як режим аст, ки духтаронро аз таҳсил маҳрум мекунад.”

Раҳбарони Афғонистон ва фоъолони ҷомеаи мадании он низ аз замони сари қудрат омадани Толибон, ки ба истилоҳи худашон “ба сабиби узри шаръӣ” рафтани духтарон ба мактабу донишгоҳҳоро манъ карда буданд, ҳамеша мавриди интиқод қарор дода буданд.

Аммо ахиран, Муҳаммадтақӣ Усмонӣ, муовини Дорулъулуми Карочии Покистон бо ирсоли номае ба раҳбари Толибон Мулло Ҳибаттуллоҳ Охундзода таҳсили духтаронро як амри шаръӣ ва яке аз заруратҳои замони муосир дониста, аз вай хоста буд, ки “ба хотири пешгирӣ аз таблиғоти манфӣ алайҳи Аморати исломӣ дар дунё” тибқи талаботи шаръӣ лозим аст, ки духтарон ба мактабу мадрасаҳо ҷалб карда шаванд.

Вай дар ин номааш бо пешниҳоди ду роҳ гуфта буд, ки метавон осон мушкили набуди ҷои алоҳида барои дарсхонии духтаронро бартараф кард:

а) писарон дар як баст ва духтарон дар басти дигар дар як бино метавонанд алоҳида дарс бихонанд.

б) дар ҳолати дуюм, метавон синфхонаҳои як биноро ду тақсим карда, дар як бахши он писарон ва дар қисми дуюм духтарон дарс бихонанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазорати маорифи Афғонистон тасмим гирифтааст, ки 4 ҳазор мадрасаи диниеро дар сартосари Афғонистон таъсис диҳад ва ба гуфтаи Толибон ин мардарасаҳо, ки дар онҳо муҳассилин забономӯзӣ, риёзӣ ва ба таълимоти динӣ ҷалб карда мешавад, метавонанд, ниёзҳои мазҳабии Афғонистонро бартараф кунанд.

Толибон аз замони дубора сари қудрат омаданашон дар 15-уми августи соли 2021 бо иддаои он ки замону макони муносибе барои таҳсили духтарон дар Афғонистон вуҷуд надорад, таҳсили духтаронро дар мактабҳо ва донишгоҳҳо манъ кардаанд.

Илон Маск Твиттерро мехарад

0

Илон Маск пешниҳод кардааст, ки шабакаи иҷтимоии Твиттерро бо қимати 44 миллиард доллари ИМА мехарад, ҳайъати мудирон ба пешниҳоди ӯ розӣ шудаанд.

Акс аз ББС

Ба гузориши ББС, дирӯз, 25-уми апрели соли 2022 Илон Маск бо пешниҳоди 44 миллиард доллари ИМА ризоияти моликони ширкати Твиттерро ба даст овард, то тамоми саҳмияҳои ин ширкатро ба ӯ фурӯшанд.

Пеш аз ин вай дар оғози моҳи апрели соли ҷорӣ бо қимати 2,89 миллиард доллари ИМА 9,2% саҳмияҳои ширкати Твиттерро харида, пас аз чанд рӯз пешниҳод карда буд, ки қасди хариди кулли саҳмияҳои онро дорад.

Инчунин 14-уми апрели соли 2022 Илон Маск бо нишон додани як ҳуҷҷати танзимкунанда пешниҳод карда буд, ки омодааст бо қимати 41 миллиарду 390 миллион доллар ширкати Twitter (TWTR.N)-ро бихарад.

Он замон нархи пешниҳодии Илон Маск 54,20 доллар барои як саҳмияро дар муқоиса бо нархи пешниҳодии Твиттер дар 1-уми апрели соли ҷорӣ ташкил мекард.

Илон Маск ба моликони Твиттер пешниҳод карда буд, ки ин ширкатро ба ӯ фурӯшанд, ва гуфта буд, ин шабакаи иҷтимоӣ дорои потенсиали бузурги истифоданашудаест, ки ӯ метавонад онро дарк ва бозёбӣ кунад.

Гуфта мешавад, ширкати Твиттер яке аз шабакаи иҷтимоии маъруфи дунёст, ки пас аз Фейсбук дар мақоми дувум қарор дошта, ба ҳисоби миёна рӯзона дар дунё бештар аз 300 миллион корбар ё муштарӣ дорад.

Пешниҳодоти ҲДТ ба Рустами Эмомалӣ

0

Ҳизби демократи Тоҷикистон аз Рустами Эмомлӣ, шаҳрдори Душанбе хоста, ки биноҳое, ки дар Душанбе сохта шудаанд, симои аврупоӣ доранд ва бояд биноҳои пойтахт тарҳи миллӣ дошта бошанд.

Дар муроҷиатномаи Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон ба ба Рустами Эмомалӣ, ки Саидҷаъфар Усмонов, раиси ин ҳизб онро дар саҳифаи фейсбукияш нашр кардааст, чанд пешниҳоде барои ободии пойтахт ироа шудааст.

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон, аз ҷумла ба шаҳрдори Душанбе пешниҳод карда, ки дар пойтахт биноҳо аз сари кӯчаҳо дуртар сохта шаванд ва назди онҳо ҳавличаҳо бунёд шавад.

Дар муроҷиатнома аз Рустами Эмомалӣ хоҳиш шуда, ки ба хотири эҳтироми таърихи як давраи зиндагии мардуми Тоҷикистон дар ҳайати ҳукумати Шӯравӣ, баъзе биноҳои сохти он замон тахриб нашаванд.

Яке аз пешниҳодоти дигари ин ҳизб аз Рустами Эмомалӣ ин тағйир додани шакли берунаи Кохи Борбад аст. ҲДТ мегӯяд, ин бино “бо шакли “юрти муғул” қалъа сохта шудааст !Борбад ба муғулу юрташ ягон монандӣ ё робитае надорад!” Аз ин рӯ, аз шаҳрдор хоста шуда, ки шакли берунаи бино иваз карда шавад.

Шакли комили пешниҳодоти ҲДТ ба Рустами Эмомлӣ:

Ба раиси шаҳри Душанбе, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Рустами Эмомалӣ          

Раиси муҳтарам!  

     Иқдомҳои ватандӯстона ва ободкоронаи Шумо боиси тағйироти назарраси хосаву хубе дар симои пойтахти кишвар шудааст.                        Умедворем, ки наслҳои баъдии сарзамини мо бо ин пешрафту ободиҳо соҳиби як пойтахти беназир ва шукуфон хоҳанд шуд . Дар пайравӣ аз ин ташаббуси шоистаи Шумо, чанд пешниҳодро манзуратон мегардонем , ки қабул ва иҷрои онҳо дар рушди пойтахт аҳамияту зарурияти муҳимеро доранд .

1. Биноҳои хуштарҳи баландошёна, ки воқеан ба пойтахт шукуҳу зеб бахшидаанд , бештар симои аврупоӣ доранд , дар онҳо тарҳ ё нишонаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии миллии мо чандон эҳсос намешавад . Дарки баланди таърихӣ ва фарҳангии миллати мо , ниёз дорад , ки ҳар бино нишон , рамз , тарҳи миллӣ ё ватанӣ дошта бошад. Бо доштани чунин биноҳои хуштарҳи миллӣ шаҳри Душанбе симои аслии хонаи умеди тоҷикон ва форсизабонони дунёро хоҳад дошт. Ин ташаббус дар идомаи иқдомҳои ҳукумати ҷумҳурӣ бо бунёди анъанаҳои форсӣ-тоҷикӣ , аз ҷумла номгузории боғу гулгашт , муҷассамаҳои бузургони таърих , инчунин ҷашну масросимҳои миллӣ ҳамоҳанг хоҳад шуд .

2. Дар баробари ободонии густурда ва рушди фарҳанги миллӣ дар пойтахт , шумораи аҳолӣ низ афзоиш пайдо мекунад . Бинобар ин пойтахт ба хиёбону кӯчаҳои васеъ ниёз пайдо кардааст . Вале биноҳое , ки дар наздиктарин масофаи кӯчаву хиёбон сохта мешаванд , ҳам ҳусни шаҳр ва ҳам шароити рафтуомади мардумро душвор мекунанд. Ҳатто имрӯз ин камбуд дар баъзе кӯчаву хиёбонҳо мушоҳида мешавад . Аз ин рӯ ,  аз сари кӯча дуртар сохтани биноҳо ва дар назди онҳо бунёд кардани ҳавличаҳои обод ба ҳусни шаҳр шукӯҳи тоза мебахшад .

3. Вобаста ба афзоиши аҳолии шаҳрнишин , васеъ кардани роҳҳои пиёдагард хеле муҳим мебошад . Имрӯз баъзе роҳравҳои кӯчаҳо ба ҳадде тангбару борик ҳастанд , ки барои роҳгузарон мушкил эҷод кардаанд . Дар баробари ин дар баъзе маҳалҳо (барои мисол , дар хиёбони Айнӣ , дар қисмати аз маркази хизматрасонии Садбарг то чорроҳи гардиши Фурӯдгоҳ) аз ҳисоби дарахтони сари роҳу тавақуфгоҳҳои автомобили  қисмати пиёдагардро танг кардаанд , ки ба зебогии шаҳру , гаштугузори мардум мувофиқ нест . Пешниҳод мекунем , ки аз ин ба баъд роҳҳои пиёдагард дар ҳама кӯчаву хиёбонҳои пойтахт васеъ карда шаванд . Роҳи пиёдагарди васеъу бофароғати паҳлуи боғи Рӯдакӣ намунаи беҳтарин аст .

4. Дар чанд соли охир дар ҳама гӯшаву канори шаҳри Душанбе маҳалла ва шаҳракҳои нав бунёд мешаванд . Аммо дар ҳамаи онҳо аҳолӣ роҳҳои пиёдаравро худсарона ғасб кардаанду ҳангоми сохтмони хонаҳои бисёрошёна роҳҳо барои пиёдагард насохтаанд . Яъне дар маҳаллаҳо ва ҳавлиҳои биноҳои бисёрошёна танҳо роҳи мошингард сохта шудааст  вале роҳи алоҳида барои пиёдагард нест.

5. Ба хотири эҳтироми таърихи як давраи зиндагии мардуми Тоҷикистон дар ҳайати ҳукумати Шӯравӣ нигоҳ доштани биноҳои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ , театри академӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, бинои Маҷлиси Олии ҶТ , чойхонаи Роҳат , меҳмонхонаи Душанбе, меҳмонхонаи Вахш ва бинои асосии Донишгоҳи Милли ба мақсад мувофиқ аст . Ин биноҳо бо меъмории нисбатан беҳтари худ ва хидмати дурударозашон дар хотираи чанд насли мардуми кишвар чун нишони даврони пешин боқӣ мондаанд .  

6. Дар шаҳри Душанбе биное ҳаст, ки дар даврони Шурави бо шиори «интернационазм» вале мазмунан таҳқир ба миллати тоҷик сохта шудааст. Ин бино Кохи Борбад мебошад , ки бо шакли “юрти муғул” қалъа сохта шудааст !Борбад ба муғулу юрташ ягон монанди ё робитае надорад ! Роҳбарони пешини Ҳукумати Шурави бо беиродагӣ ва бетарафӣ ба бунёди ин бино иҷозат дода , намунаи нохуше барои наслҳои баъдӣ ба мерос мондаанд , ки ҳузури ин иншоот ғурури нопухтаи насли наврасро мешиканад . Дар ин бино маъракҳои муҳимми давлати  мегузарад ки боиси таасуфаст. Сохти дохили бино ба талаботи истифодабари пурра ҷавобгӯ мебошад , вале шакли берунаи бино ба ислоҳи ҷиддӣ ниёз дорад . Пешниҳод мекунем, ки Шумо муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ислоҳи шакли берунаи он мутобиқ ба меъмории форсӣ-тоҷикӣ мусоидат кунед.

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон

Болоравии қурби рубл дар баробари сомонӣ

0

Қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ сомонӣ тақрибан 4% боло рафтааст.

Имрӯз, 25-уми апрели соли 2022 Бонки миллии Тоҷикистон арзиши рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомониро 4 дарсад боло бурд ва 1000 рубли русиро баробар ба 160,2 сомонӣ таъйин кард.

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши доллари амрикоиро бетағйир боқӣ монда, қурби 1$-ро 12.5075 сомонӣ таъйин кардааст.

Бонки миллии Тоҷикистон, ки таъинкунандаи қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аст, то ҳол дар бораи афзоиши қурби рубл дар баробари сомонӣ изҳори назар накардааст.

Болоравии қурби рубл хонаводаҳои муҳоҷирони кориро шод кардааст, ҳарчанд бисёре аз сокинони Тоҷикистон мегӯянд, ки ба далели боло рафтани қимати маводи ғизоӣ, болоравии қурби рубл чизеро иваз накардааст.

Бино ба иттилои Бонки марказии Русия, муҳоҷирони тоҷик тариқи бонкҳо соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар пул равон кардаанд, ки 95%-и он бо рубл фиристода шудааст.

Оғоз ба кори дипломатҳои Толибон дар Эрон

0

Расонаҳо иттилоъ медиҳанд, ки Ҷумҳурии исломии Эрон дархости се намояндаи Толибон ба кор дар сафорати Афғонистон дар Теҳронро қабул кардааст.

Бино ба иттилои бахши форсии ББС, се дипломати Толибон ба сафорати Афғонистон дар Эрон рафтаанд ва давлати Эрон “агармон” (дархости пазириш)-и онҳоро қабул кардааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, “як нафар аз ин дипломатҳо дабири савум ва ду нафари дигар корманди оддӣ ҳастанд ва то кунун сарпарсатии сафорати Афғонистон дар Теҳрон ҳамчунон ба уҳдаи сафири муаррифӣ шуда, аз сӯи давлати пешин аст, ки баъди суқути ҳукумати қаблӣ ба фаъолияти худ идома додааст.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе расонаҳои эронӣ теъдоди дипломатҳои амалкунандаи Толибон дар сафорати Афғонистон дар Теҳронро як нафар гуфтаанд ва он ҳам дар мақоми “секретари сеюм” кор мекардааст.

Саид Хатибзода, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳам дар вокуниш ба ин хабар гуфтааст, ки “рафту омади дипломатҳо миёни ду кишвар бар асоси конвенсиюнҳои байналмилалӣ амре оддӣ аст ва рабте ба шиносойии ҳайъатҳои ҳокимаи ҷадиди Афғонистон ва мавзӯъҳои дигар надорад.“

Дар раванди эътирофи Толибон дар минтақа Тоҷикистон танҳо кишваре аз ҳамсояҳои Афғонистон аст, ки то кунун намояндаҳои Толибонро ба кор дар сафорати Афғонистон дар Душанбе қабул накардааст.

Гуфта мешавад, бо гузашти 8 моҳ аз дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон то кунун ҳеч кишваре ҳукумати сарпарасти онҳоро расман эътироф накардааст, аммо Русия ва тамоми ҳамсоҳояи Афғонистон ба истиснои Тоҷикистон диполматҳои Толибонро барои кор дар сафоратхонаҳои Афғонистон қабул кардаанд.

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба Эммануэл Макрон

0

Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои фаронсавии худ Эммануэл Макронро табрик намуда, ӯро даъват кард, ки бо сафари расмӣ озими Тоҷикитсон шавад.

Акс аз манбаъҳои боз

Имрӯз, 25-уми апрели соли 2022 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Акс аз манбаъҳои боз

Гуфта мешавад, дирӯз, 24-уми апрели соли 2022 даври дувуми интихоботи президентӣ дар Фаронса баргузор шуд ва дар он Эммануэл Макрон бо ҳисоби 58,5 овози раъйдиҳандагон ба рақибаш хонум Марин Ле Пен ғолиб омада, дубора президенти он кишвар интихоб шуд.

Дар се моҳ 6,5 ҳазор ҷиноят

0

Дар Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 6,5 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти Агентии омори кишвар, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,1 дарсад камтар аст.

Дар ин давра дар муқоиса бо моҳҳои январ–марти соли 2021 шумораи ҷиноятҳо дар вилояти Хатлон 17,6 %, ВМКБ 9,8 %, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14,9 % ва вилояти Суғд 5,9 % камтар ба қайд гирифта шудааст.

Аммо шумораи ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 8,6% зиёд шудааст.

Дар ҳамин давра шумораи ҷиноятҳои вазнин беш аз 1,4 ҳазор ҳолатро ташкил дода, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2021 2,2 % кам мебошад.

Сатҳи умумии ошкор кардани ҷиноятҳо дар моҳҳои январ-марти соли 2022 65,7 дарсадро ташкил дода, дар ҳамин давраи соли гузашта 71 дарсади ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда ошкор карда шудаанд.

Русия Херсони Украинаро ба хоки худ ворид мекунад?

0

Манобеи иттилоотии Бритониё мегӯянд, Маскав талош дорад дар шаҳри Херсони Украина, ки зери тасарруфи Русия қарор дорад, барои дар хоки худ ҳамроҳ кардан ҳамапурсӣ гузаронад.

Ба гузориши BBC бо такя ба ниҳодҳои иттилоотии биротиниёӣ, ин ҳамапурсии Русия дар шарқи Украина шабеҳи ҳамапурсии соли 2014 дар Қрим аст, ки онро Русия ба хоки худ ҳамроҳ кард.

Аммо имрӯз, 25-уми апрел Вазорати хориҷаи Русия дар бораи омодагӣ ба ҳамапурсӣ дар Херсонро ҳамзамон на рад ва на таъйид кард. Муовини вазири хориҷаи Русия Андрей Руденко гуфт: “Дар бораи омодагӣ барои гузарондани ҳамапурсӣ дар Херсон (барои павастани он ба хоки Русия)-ро таъйид карда наметавонам. Дар ин бора чизе нашунидам.”

Аз ин пештар Киеви расмӣ ба Маскав шарт гузошта буд, ки агар дар Херсон ҳамапурсӣ баргузор кунад, гуфтушунидҳо байни ҷонибҳо ба поён мерасад.

Ба иттилои расонаҳо Херсон ягона шаҳрест дар шарқи Украина, ки нерӯҳои Русия пурра бар он тасаллут доранд, аммо рӯзҳои ахир баъзе нуқоти дубора ба дасти нерӯҳои Украина гузаштааст.

Гуфта мешавад, ҳамроҳ кардани Херсон ба хоки Русия яке аз аҳдофи аслии Маскав будааст. Зеро масири заминӣ байни Қрим ва Херсон вуҷуд дорад.

Макрон бори дигар президенти Фаронса интихоб шуд

0

Дар давраи дуюми интихоботи президентии Фаронса, ки рӯзи 24-уми апрел баргузор гардид ва дар он Эммануэл Макрон ва Марин Ле Пен бо ҳам рақобат карданд, Макрон бори дигар президент интихоб шуд.

Пас аз ба поён расидани интихоботи имрӯза дар Фаронса ва шумориши оро, Эммануэл Макрон бо ба даст овардани 58,8 дарсади овозҳо дигарбора президенти Фаронса интихоб шуд ва рақиби ӯ хонум Ле Пен 41,2 дарсади ороро ба даст оварда, мағлуб дониста шуд.

Хонум Ле Пен пас аз эълони натоиҷи интихоботи рӯзи якшанбе шикасти худро пазируфт. Ӯ аз интихлбкунандагонаш изҳори ташаккурӣ кард ва гуфт, ки “Фаронса беш аз ҳад фаромӯш шудааст, аммо мо Фаронсаро фаромӯш намекунем”.

Давраи аввали интихоботи президентии Фаронса рӯзи 11-уми апрел баргузор шуд, ки дар он Макрон 27,6% ва рақиқбии аслии ӯ хонум Марин Ле Пен, номзади рости ифротӣ 23,4%-и овозҳоро соҳиб шуданд.

Дар давраи аввали интихобот 12 номзад аз ҳизбҳои гуногуни Фаронса ширкат карданд, ки ғайр аз Макрон ва Ле Пент боқӣ номзадҳо дар маҷмуъ аз 21,95% то 0,57% овози интихобкунандаконро ба даст оварда буданд. Пас аз эълони натоиҷи оро, ҳам Макрон ва ҳам Ле Пен аз тарафдорони дигар ҳизбҳое, ки дар давраи аввал ба онҳо раъй надода буданд, хостанд, ки дар давраи дуввум ба онҳо раъй бидиҳанд ва аз онҳо пуштибонӣ кунанд.

Эммануэл Макрон, ки рӯзи 24-уми апрел пас аз эълони пирӯзияш дар назди ҳаводоронаш суханронӣ менамуд, гуфт, ки “медонам аксарият барои ақоидам маро интихоб накардаанд, вале барои “пеши роҳи рости ифротиро гирифтан” ба ман раъй доданд”.

Ёдовар мешавем, ки Макрон дар интихоботи президентии Фаронса дар соли 2017 бо гирифтани 24,01% ва Ле Пен бо 21,3% овозҳо дар давраи дуввум бо ҳам рақобат карда буданд, ки дар давраи дуввум Макрон бо соҳиб шудани 66,10%-и оро президенти Фаронса эълон шуд.