Хона блог саҳифа 504

Таҳдиди гуруснагӣ дар Афғонистон дар пайи нооромиҳои Украина

0

Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Миллали Муттаҳид аз афзоиши сатҳи гуруснагӣ дар Афғонистон пас аз вуқуъи ҷанг дар Украина ҳушдор дод.

Бино ба иттилои Барномаи ҷаҳонии ғизо (WFP), вазъи ноором дар Украина сабаби афзоиши нархи маводи ғизоӣ дар Афғонистон гашта, кумакҳои хориҷӣ ба муҳоҷирони украина дар Аврупо масраф мешавад.

Ин ниҳоди байналмилалӣ гуфтааст, ки дар соли ҷорӣ ба 12 миллион нафар дар Афғонистон кумак кардааст ва ҳоло будҷаи он ба охир мерасад ва имкони идомаи кумакҳо хеле кам аст.

Ба гуфтаи масъулони БҶҒ, шумори гураснагон дар Афғонистон то аввали моҳи марти имсол ба 23 миллион расидааст, дар ҳоле ки ин шумора то январи соли 2021 14 миллион гуфта мешуд.

Дар ҳамин ҳол коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик низ бар ин назаранд, ки пас аз таҳаввулоти авзоъ дар Украина на танҳо шароити иқтисодии Афғонистон рукуд мекунад, балки Тоҷикистонро низ гаронии шадид ва мушкилоти иқтисодӣ таҳдид мекунад.

Суҳбати коршиносӣ бо Аюб Эгамов, иқтисоддони тоҷик

Аюб Эгамав иқтисоддони тоҷк ва таҳлилгари масоили иқтисодӣ дар мусоҳиба ба Аздо тв гуфт, дар натиҷаи таҳримҳои шадиди Ғарб алайҳи Русия аксари ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ бозори Русияро тарк карданд, ки ҳар кадоми он ҳазорҳо ҷои корӣ таъмин карда буданд, рафтани онҳо зарба ба будҷаи Русия мезанад, ки зарари он мустақим ба буҷаи Тоҷикистон мерасад. Чун агар муҳоҷирони мо дар Русия бекор монанад, албатта зарари он ҳам ба будҷаи кишвар ва ҳам ба будҷаи оилавияшон хоҳад расид.

Ҷо Байден ба Аврупо сафар мекунад

0

Дар пасманзари буҳрони Украина Ҷо Байден раисҷумҳури Амрико ҳафтаи ҷорӣ ба Аврупо сафар мекунад.

Бино ба иттилои Ҷен Псаки котиби матбуотии Кохи Сафед, Байден дар ин сафараш аз Брюссел ва Варшава боздид намуда, бо шариконаш таҳримҳои шадидтар алайҳи Русияро баррасӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Псаки, раисҷумҳури Амрико дар Брюссел бо муттаҳидони НАТО, раҳбарони G7 ва раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо талошҳои байналмилалӣ барои пуштибонӣ аз Украина дар пайи ҳамлаи Русияро баррасӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, Байден бо раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон, садри аъзами Олмон Олаф Шолс, нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон ва нахуствазири Итолиё Марио Драги дар тамоси телефонӣ чораҳои зидди Русияро баррасӣ хоҳанд кард. Ин суҳбатҳо барои расонаҳо дастрас нахоҳанд буд.

Дар Лаҳистон Байден бо президенти он кишвар Анҷей Дуда мулоқот намуда, атрофи мушкилоти ба вуҷудомада пас аз даргириҳои Украин суҳбат хоҳанд кард.  

Ба иттилои СММ, Лаҳистон беш аз 2 миллион паноҳҷӯёни украиниро, ки бар асари амалиёти низомии Федератсияи Русия тарки кишвар кардаанд, пазируфтааст.

Бунёди оромгоҳи рамзии Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

0

Ҷалолиддини Балхӣ зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ набуда, балки ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон “Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи Вахши Тоҷикистон таваллуд шудааст.”

Имрӯз, 21-уми марти соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи оромгоҳи рамзии Ҳазрати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гуфт: “Ҷалолиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайн Хатибии Балхӣ, соли 1207 дар ноҳияи Вахши Тоҷикистон таваллуд шуда, яке аз бузургтарин олимон ва шоирони равияи тасаввуфи халқи тоҷик аст.”

Пеш аз ин бо дастури Эмомалӣ Раҳмон як қабза хок аз мақбараи аслии Ҷалолиддини Балхӣ аз Туркия ба Тоҷикистон оварда буданд ва дар масоҳати 50 метри мураббаъ барои Ҷалолиддин Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оромгоҳи рамзӣ бунёд карданд.  

Котиботи Матбуоти Президенти Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти ин мақбара мегӯяд, ки он дар ҳудуди “Гулгашти Балхӣ” ҷойгир буда “дар масоҳати 50 метри мураббаъ бунёд гардида, деворҳои он бо нақшу нигори қадима, ки ба давраи зиндагии шоир хос аст, оро ёфтааст. Баландии бино 5 метр буда, корҳои бунёдӣ аз ҷониби сохтмончиёни ватанӣ анҷом дода шудааст. Роҳрав ва саҳни оромгоҳ бо тахтасангҳо зебо гардонида шуда, гулу буттаҳои ороишию сояафкан аз қисматҳои сабзкории оромгоҳ ба ҳисоб меравад.”

Гуфтанист, ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон барои яке аз адибони шинохтаи миллат мақбараи маҷозӣ ва ё оромгоҳӣ рамзӣ бунёд мекунанд, балки дар гузаштаи на чандон дур дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ мақбараи Камоли Хуҷандӣ сохта шуда буд.

Вокуниш: Муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ ба Мавлоно монандӣ надорад

0

Пардабардорӣ аз муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон хабарсоз шуд.

Субҳи имрӯз, 21-уми марти соли 2022

Ҷолиб он, ки зери пояи ин муҷассама ду байти машҳури Ҳазрати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳаккокӣ шуда, ки гуфтааст:

                                          Мо барои васл кардан омадем,                                                                  На барои фасл кардан омадем.

Ин ду байтро ҳазорҳо нафар дар дунё сармашқи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаи худ қарор дода, аммо Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Тоҷикистон дастур дода, то ин муҷассама дар қалби ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар вилояти Хатлон гузошта шавад, тайи наздик ба 30 соли раҳбариаш ҳамеша кораш фасл кардан байни сокинон ва бахусус нухбаҳои илмӣ ва сиёсии кишвар буда, наздик ба се миллион нерӯи пуриқтидории кории Тоҷикистонро пароканда кардааст.

Гуфта мешавад, муҷасаммаи Мавлонон Ҷалолиддини Балхӣ, орифи шинохтаи асри 13, ки дар шаҳри Қунияи Туркия ба камол расида буд, бо баландии 17 метр дар ҳудуди Маҷмааи варзишии маркази шаҳраки Балх бунёд ёфта, корҳои созандагӣ дар иншооти он соли 2018 оғоз гардида буд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо ТВ

Суқути ҳавопаймои Boeing бо 132 мусофир дар Чин

0

Рӯзи душанбе мақомоти маҳаллии Чин аз суқуқти як ҳавопаймои мусофирбари Boeing 737 дар ҷанубу ғарбии ин кишвар хабар доданд.

Гуфта мешавад, ҳавопаймои Boeing 737-и марбути ширкати “China Eastern Airlines” буда, ҳангоми парвоз дар хатсайри Кунминг-Гуангжоу дар шаҳри Вучжоу суқут кард.

Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймо аз фурурдгоҳи Гунминг парвоз карда буд ва дар он 123 мусофир ва 9 узви хадамаи парвоз буданд. Ба чои ходиса гурухи кории Хадамоти шаҳрвандии ҳавонавардии фиристода шуданд.

Ба гузориши рӯзномаи Global Times, 25 мошини оташнишонӣ ва 117 наҷотдиҳанда ба макони суқути ҳавопаймо фиристода шудааст.

Навореҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин ҳодиса пайдо шуда, ки дида мешавад, бар асари суқути ҳавопаймо сӯхтори азиме гирду атрофро фаро гирифта, ки кори наҷотдиҳандагонро амалан мушкил кардааст.

То ҳол сабаби суқути ҳамвопаймо маълум нест, аммо пас аз ин ҳодиса Сӣ Чин Пин, Раисҷумҳури Чин аз мақомоти кишвараш хост ҳарчи сераеъ иллати ин ҳодиса таҳқиқ шавад.

Интернет дар ВМКБ бо суръати хеле суст барқарор шуд

0

Пас аз нигаронии созмонҳои байналмилалӣ ва норозигии мардум, баъд аз 4 моҳ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Интернет бо суръати хеле суст барқарор шуд. Дар ин бора сокинони ин вилоят дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд.

Дар бораи барқарор шудани Интернет чанд рӯз пеш раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов низ дар як ҷаласаи навбатии ҳукумати маҳаллӣ хабар дода буд.

Мирзонаботов сабаби баста шудани Интернетро “ҳифзи фазои иттилоотӣ”-и давлат аз “амалҳо ва изҳоротҳои иғвоангез” дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта буд.

Аммо таҳлилгарон бар ин назаранд, ки мақомот бо қатъ кардани Интернет дар Бадахшон мехостанд ҳамаи амалҳои ғайриқонунии худро пинҳон доранд.

Интернет дар ВМКБ рӯзи 25-уми ноябри соли ҷорӣ, пас аз куштори бераҳмонаи Гулбиддин Зиёбеков, сокини Тавдеми ноҳияи Роштқалъа аз ҷониби кормандони амниятӣ ва эътирози чаҳоррӯзаи мардум дар шаҳри Хоруғ қатъ карда шуда буд.

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе рӯзи 16-уми март бо нашри эъломияе аз набудани Интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ намуда, аз Ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки дастрасии пурраи мардуми Бадахшонро ба Интернет таъмин кунад.

Пештар Мишел Бачелет, комиссари олии СММ дар мавриди ҳуқуқи башар низ қатъи Интернетро дар ВМКБ нақзи ошкори ҳуқуқи башар номида буд.

Эътирофи “Meta” ҳамчун созмони экстремистӣ дар Русия

0

Русия бо баргузории мурофиаи додгоҳӣ баҳси шомил кардани ширкати Meta (Facebook, Instagram, WhatsApp)-ро дар гурӯҳҳои экстремистӣ ва мамнуъ дар ҳудуди Русия баррасӣ мекунад.

Тавре “РИА Новости” хабар медиҳад, имрӯз 21-уми март Додгоҳи Тверскии шаҳри Маскав ба баррасии даъво дар бораи эътирофи ширкати пурнуфузи “Meta” ҳамчун созмони ифротӣ ва манъи фаъолияти он дар Русия шуруъ кардааст.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи додгоҳ ду додситонӣ, намояндагони ФСБ ва Роскомнадзор ширкат доранд. Ширкати Марк Зукербергро ду вакили дифоъ намояндагӣ мекунанд.

Мақомоти Русия иддао доранд, ки “Meta Platforms” дар пайи ҳаводиси Украина дар Фейсбук ва Инстаграм мухолифи сиёсаташ амал карда даъватҳои хушунатомез алайҳи Русия ва низомиёни онро муваққатан иҷозат дод, дар ҳоле, ки чунин даъвоҳо қаблан бар зидди ҳеч кишваре иҷозат дода намешуд.

Дар пайи ин иқдоми моликони “Meta” Роскомнадзори Русия бо дархости Додситонии кулли ин кишвар дастрасӣ ба Instagram дар ҳудуди Русияро ба далели “даъватҳо ба хушунат алайҳи русҳо” маҳдуд кард. Аз рӯзи душанбеи гузашта Instagram аз суроғаҳои IP-и Русия дастнорас аст.

Пеш аз ин, Роскомнадзор дастарсӣ ба Facebook-ро ҳам дар ҳудуди Русия ба далелҳои боло масдуд кард.

Пас аз ҳамлаи низомии Русия ба хоки Украина интиқодҳои Ғарб болои Русия бештар шуд ва ин кишвар мавриди таҳримҳои шадид қарор гирифт. Русия ҳамлаи низомияшро ба хоки Украина “амалиёти махсус” ном мебарад, аммо мақомоти Киев ва давлатҳои ғарбӣ онро “ҳуҷуми бедалел ва нобахшидании Русия ба хоки Украина” унвон кардаанд.

Зеленский: Нокомии музокирот бо Путин таҳдиде бар ҷанги сеюми ҷаҳонист

0

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский рӯзи якшанбе гуфт, агар дар музокирот бо Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ноком шавад, “ҷанги сеюми ҷаҳонӣ” дунёро таҳдид мекунад.

Зеленский 20-уми март дар суҳбат бо хабаргузории CNN гуфт, дар ҳар ҳолат омодааст барои ҳалли низоъи пешомада бо Путин сари мизи музокирот нишинад. Аммо ӯ ҳушдор дод, ки дар сурати ноком шудани музокирот бо Путин эҳтимоли вуқуи “ҷанги сеюми ҷаҳонӣ” вуҷуд дорад.

“Ман омодаам бо ӯ гуфтушунид кунам. Ман давоми ду соли охир омода будам. Ва фикр мекунам, ки бидуни гуфтушунид мо наметавонем ба ин ҷанг хотима диҳем”, – гуфт Зеленский.

Раисҷумҳури Украина бар ин назар аст, ки гуфтушунид бо Путин бояд ҳарчи сареъ сурат бигирад. Ӯ мегӯяд: “Ман фикр мекунам, ки мо бояд аз ҳама гуна роҳу услуб ва ҳар гуна имконият истифода кунем, то тавонем гуфтушунид кунем, имкони гуфтугӯ бо Путин дошта бошем”.

Киев ва кишварҳои ғарбӣ ҷониби Маскавро ба он муттаҳам мекунанд, ки аз музокироти сулҳ бо Украина ба унвони як фурсат барои бозсозии нерӯҳои худ истифода мекунад. Аммо Маскав дар навбати худ Киевро муттаҳам кард, ки ба сулҳ рағбат нишон намедиҳад ва корро кашол медиҳад.

Аз шурути асосии Маскав барои музокироти сулҳ, даст кашидани Киев аз ҳамроҳ шудан ба НАТО ва блокҳои низомӣ аст, ки ҳафтаи гузашта Зеленский дар суханроние гуфт, ба қасд надорад, ки ба зудӣ ба НАТО бипайвандад.

“Таваққуфи ҷанг, кафолатҳои амниятӣ, барқарории тамомияти арзӣ”, аз шартҳои Киев барои баргузории музокиротанд  Маскав низ шурути худро эълон када буд: “Напайвастани Украина ба НАТО ва блокҳои низомӣ, эътирофи Қрим ҷузъи сарзамини Русия ва эътирофи мустақилияти ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Луганск ва Донетск”.

Дар пайи музокироти бенатиҷаи ҳайатҳои музокиракунандаи Украина ва Русия расонаҳо аз эҳтимоли мулоқоти рӯбарӯи Путин ва Зеленский дар ояндаи наздик ҳарф заданд, аммо то кунун мулоқоти президентҳо сурат нагирифтаст.

Шуруъ аз бомдоди 24-уми феврал нерӯҳои Русия бо фармони Путин ба хоки Украина ҳамларо оғоз каданд. Маскав ин ҳамларо “амалиёти махсус” ном мебарад, аммо Киев Путинро “ғосиб” хонд. Ва аз оғози ҷанг то имрӯз, ки ҳудуди як моҳ мешавад, беш аз 3 миллион украинӣ ватани худро тарк карданд ва ҳазорҳо нафар бо шумули ғайринизомиён, занону кӯдакон куштаву захмӣ шуданд.

Пайвандони Маҳмурод Одинаев аз вазъи саломатии ӯ нигаронанд

0

Ду фарзанди Маҳмурод Одинаев, ки бо падарашон дар беморхонаи зиндони шаҳри Ваҳдат вохӯрдаанд, мегӯянд, вазъи саломатии падарашон хуб нест ва пас аз боздошташ то ҳоло се маротиба бистарӣ шудааст.

Яке аз фарзандони Маҳмуродов, Ҳабибулло Ризоев 18-уми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ аз вазъи саломатии падараш нигаронӣ карда, гуфтааст, ки падараш барои дидорбинӣ бо онҳо бо кумаки асои зери бағал омад ва бар замми он барои гаштан ду нафар ӯро кумак мекунанд.

Гуфта мешавад, дар давоми 1 солу 3 моҳе, ки Маҳмурод Одинаев дар зиндонӣ шудааст, ин дидори аввалини ӯ бо пайвандонаш мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Маҳмурод Одинаев, собиқ муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон моҳи январи соли 2021 бо иттиҳоми авбошӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумат ба 14 соли зиндон маҳкум шуд, аммо худи ӯ ва наздиконаш ин иттиҳомро рад намуда, зиндонӣ шуданӣ ӯро бо ғаразҳои сиёсӣ медонанд.

Тоҷикистон бадбахттарин кишвари Осиёи Марказӣ дониста шуд

0

Тоҷикистон дар як соли охир дар шохиси “Хушбахтарин кишварҳои ҷаҳон” 5 зина поён рафта, бадбахтарин кишвари Осиёи Марказӣ дониста шуд.

Созмони Милали Муттаҳид 18-уми марти соли ҷорӣ гузориши шохиси хушбахтарин кишварҳои ҷаҳонро барои соли 2022 нашр кард, ки дар он Тоҷикистон дар байни 146 кишвари ҷаҳон дар ҷои 83-юм қарор дорад.

Гузоришгарони СММ Тоҷикистонро бо 5377 хол дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои охирон қарор дода, Қазоқистонро, ки дар байни кишварҳои ҷаҳон мақоми 40-умро ишғол кардаааст, хушбахттарин кишвари минтақа донистаанд. Ҳамин тариқ дар ин шохис Узбекистон дар ҷои 53-ум, Қирғизистон дар ҷои 64-ум, Туркманистон дар ҷои 78-ум қарор доранд.

Аз соли 2012 ин ҷониб гузориши шохиси хушбахтарин кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби СММ ҳар сол таҳия ва нашр мешавад. Дар ин шохис барои арзёбии хушбахтии миллӣ 6 омил ҳамчун меъёри санҷиш истифода мешавад: ММД ба ҳар сари аҳолӣ, дастгирии иҷтимоӣ, давомнокии умр, озодии шаҳрвандон дар қабули қарорҳои ҳаётан муҳим, саховатмандӣ ва муносибат ба коррупсия. Ҳар як омил аз рӯи ҷадвали 10-холӣ арзёбӣ мешавад.

Соли 2011 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули як қатънома аз кишварҳои узви ин созмон даъват карда буд, ки хушбахтии мардуми худро арзёбӣ кунанд ва онро ҳамчун меъёр дар сиёсати давлатӣ истифода баранд.