Хона блог саҳифа 505

Инқилоби “Коммерсбонки Тоҷикистон” дар бозори арзҳо

0

Аммо қурби арзҳои хориҷӣ, аз он ҷумла рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо вуҷуди қурби эълон кардаи Бонки миллии кишвар аз ҳам фарқ мекунанд.

Ориёнбонк, ки яке аз бонкҳои тиҷоратӣ ва шинохтаи Тоҷикистон аст, қурби 1000 рубли русиро ҳангоми харид 118 сомонӣ ва фурӯшашро 130 сомонӣ таъин кардааст.

Ҳамзамон Алифбонк аз дигар бонкҳои навпо ва шинохтаи кишвар фурӯши 1000 рубили русиро 125 сомониву 50 дирам ва фурӯши онро 134 сомонӣ ба савдо гузоштааст.

Амонатбонк ба фарқ аз ин бонкҳои дар болои зикршуда, хариди 1000 рубли русиро 122 сомонӣ ва фурӯши онро 123 сомонӣ эълон кардааст, ки дар байни дигар бонкҳои кишварҳои ин навъ нархгузорӣ дида намешавад.

Дар байни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон Бонки Эсхата ҳам нисбатан дар хариду фурӯши рубли русӣ бо пули миллӣ-сомонӣ аз дигарон фарқ мекунад. Дар ин бонк хариди 1000 рубли русӣ 125 сомонӣ ва фурӯшӣ онро 127 сомониву 50 дирад эълон кардаанд.

Дар миёни бонкҳои тиҷоратии кишвар Коммерсбонки Тоҷикистон дар бозори арзҳо инқилоб карда, хариди 1000 рубили русиро 60 сомонӣ ва фурӯши онро 145 сомонӣ эълон кардааст.

Гуфта мешавад, Бонки миллӣ таъинкунандаи қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аст ва ҳама бонкҳои тиҷоратии кишвар бо иҷозати ҳамин бонк фаъолият мекунанд, аммо таҳқиқи кӯчак нишон медиҳад, ки бархе бонкҳои тиҷоратӣ ба мисли Коммерсбонки Тоҷикистон амалан дар бозори арзҳо бар нафъи мардум кор намекунанд

Вазорати маориф аз БҶ $50 млн мегирад. Сифати таълим беҳтар мешавад?

0

Бо мақсади беҳтар кардани сифати таълим дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ бо тарҳи лоиҳаи 50 миллион долларӣ кумак хост.

Акс аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода 17-уми март бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот кард. Дар ин дидор қисме аз намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар шакли маҷозӣ иштирок намуданд.

Вазири маорифи Тоҷикистон дар ин мулоқот умедворӣ намуда, ки Бонки ҷаҳонӣ дар бунёд ва бозсозӣ муассисаҳои таълимие, ки аз даврони Шӯравӣ боқӣ монда фарсуда гаштаанду ниёзи ҷиддӣ ба тармиму бозсозӣ доранд, кумак мекунад.

“Лоиҳаҳои гузариши муассисаҳои таълимӣ ба маблағгузории меъёрӣ, низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф, таъсиси Маркази миллии тестӣ ва таҳияи низоми ягонаи имтиҳонсупорӣ тавассути ин марказ, таълими муносибати босалоҳият, коркарди лоиҳаи низоми баҳогузории синфҳои ибтидоӣ, татбиқи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, аз курсҳои омӯзишӣ ва бозомӯзӣ гузаронидани беш аз 6 ҳазор омӯзгор, нашри беш аз 9 миллион китоби дарсӣ, таъмиру сохтмони беш аз 300 муассисаи таълимӣ аз зумраи онҳост”, – мегӯяд Раҳим Саидзода.

Дар ҳамин ҳол як собиқ корманди бахши маориф дар вилояти Хатлон, ки нахост номаш фош шавад, ба Аздо тв гуфт, “ҳамасола Вазорати маориф бо тарҳи лоиҳаҳои гуногун аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ грантҳои зиёде дастрас мекунад. Барои баланд бардоштани сифати таълим, сохтани мактабҳои замонавӣ ва ғайра, вале на ҳамаи онҳо сад дар сад иҷро мешаванд. Агар кореро бо маблағи грант анҷом доданд, ҳатман ҳамон миқдорро аз буҷаи кишвар медузданд.”

Ҳамсуҳбати мо дар идома гуфт: “Яке аз мушкилоти асосие, ки имрӯз системаи маорифи кишвар дорад, ин аз кор рафтани омӯзгорон аст. Чун маоши омӯзгорӣ барои рӯзгузаронӣ умуман намерасад. Шояд дар пойтахту маркази вилояту шаҳрҳо хуб бошад, аммо дар деҳаҳо баъзан маошро чанд моҳ пас медиҳанд.”

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Аздо тв, “Грантҳо барои Вазорати маориф зиёданд, аз буҷаи кишвар ҳам маблағи зиёд ҷудо мешавад, вале бо вуҷуди ин ҳама маоши омӯзгорон хеле кам аст. Агар маблағи грантҳо дар лоиҳаҳои пешниҳодшуда дуруст масраф шавад, метавонанд аз буҷаи кишвар ба маоши омӯзгорон афзоянд ё ҳаддиақал андозаи мукофотпулиҳо ба донишомӯзону омӯзгорон бештар карда шавад.”

Нопадид шудани як сокини Роштқалъа дар Душанбе

0

Тутиё Амиршоев, сокини 31-солаи деҳаи Риҷисти ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шаҳри Душанбе нопадид шудааст.

Дар бораи боздошти ин сокини Роштқалъа Анора Саркорова журналисти шинохтаи тоҷик дар саҳфаи фейсбукиаш хабар дод, аммо мақомот дар бораи боздошти ӯ то ҳол расман чизе намегӯянд.

Тутиё Амиршоев ҷияни Тутишо Амиршоеви 23-сола аст, ки моҳи ноябри соли гузашта, дар шаҳри Хоруғ аз сӯи нирӯҳои амниятии Тоҷикистон кушта шуда буд.

Тутиё 29-уми ноябри соли 2021 аз Маскав ба Душанбе омада, холааш Қамчигул Амиршоева, модари Тутишо Амиршоевро, ки ба ҷанозаи писараш аз Русия омада буд, ҳамроҳӣ мекард.

Амиршоев рӯзи 5-уми март бояд аз Душанбе ба Маскав парвоз мекард ва хешовандонаш низ ӯро то фурудгоҳ ҳамроҳӣ кардаанд. Бори охир ӯ ҳангоми назорати гумрукӣ бо наздиконаш тамос гирифта будааст.

Гуфта мешавад 13 рӯз аст, ки наздикони Тутиё Амиршоев дар бораи макони будубоши ӯ иттилоъ надоранд.

Дӯстони ин ҷавон бо дархости кумак дар ҷустуҷӯи Тутиё Амиршоев ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиати расмӣ фиристодаанд.

Анора Саркорова менависад, ки тибқи иттилои ғайрирасмӣ, Тутиё Амиршоев аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуда, ҳоло дар СИЗО-и ин Кумита қарор дорад ва сабабҳои боздошти ӯ маълум нест.

Ба иддаои журналисти шинохта, Тутиё Амиршоев дар эътирозҳои моҳи ноябри соли гузашта дар Хоруғ ширкат надошта, тайи чанд соли ахир ҳамчун муҳоҷири корӣ дар Маскав зиндагӣ мекард. Ва он замон барои иштирок дар ҷанозаи хешаш Тутишо Амиршоев ба Бадахшон рафта буд.

Вазъ дар Бадахшон рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта баъди кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа дар як амалиёти нерӯҳои қудратӣ бад шуд. Баъди бераҳмона кушта шудани Гулбиддин, сокинони маҳаллӣ дар назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада, чаҳор рӯз дар Хоруғ эътироз карданд. Дар пайи ин эътирозҳо аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ сокинони ВМКБ Тутишо Амиршоев ва Гулназар Муродбеков кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд. Баъди ин эътирозҳо чанд тан аз сокинони ин вилоятро боздошту фишор болои фаъолонро бештар кардааст.

Хуросонӣ: Волии Панҷшер мардумро ба дод овардааст

0

Абдулҳамид Хуросонӣ, сардори амнияти Толибон дар Панҷшер волии ин вилоятро” ба зулму ситам ва хиёнат” муттаҳам карда, аз раҳбари Толибон хостааст, ки ӯро аз мансаб барканор кунад.

Акс аз ББС

Абдулҳамид Хуросонӣ, сардори амнияти Толибон дар Панҷшер бо нашри як навори видеоӣ, ки бо забони паштӯ сабт шудааст, аз волии Панҷшер ба мулло Ҳиббатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон шикоят карда, гуфтааст, ки волӣ ва наздиконаш бо беадолатиҳои худ мардумро ба сутӯҳ овардаанд.

Сардори амнияти Толибон дар ин шикояти худ мегӯяд, ки агар сари вақт мулло Ҳиббатуллоҳ Охундзода волии ин вилятро аз қудрат барканор накунад, ба сабаби зулму ситам ва хиёнату ноадолатиҳое, ки дар байтулмол ва ҳаққи мардум анҷом дода мешаванд, байни мардум ва ҳукумат фосила ба вуҷуд меояд.

Пеш аз ин Абдулаҳамид Хуросонӣ борҳо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари шаҳид Аҳмадшоҳи Масъудро таҳдид карда, гуфта буд, ки ҳар касе оромӣ ва анимятро дар Аморати Толибон халалдор кунад, ба вай раҳм карда намешавад. Аммо бори аввал аст, ки вай аз волии Толибон шикоят карда, ӯро ба зулму ситам ва хиёнат муттаҳам мекунад.

Гуфтанист, то замоне, ки ин матлаб таҳия мешуд, ҳеч вокунише аз ҷониби Қудратуллоҳ Панҷшерӣ, волии ин вилоят дар хусуси иддаъоҳои Хуросонӣ дар расонаҳо нашр нашуда аст.

Талоши Толибон барои бозгардондани сиёсатмадорони Афғонистон аз хориҷ

0

Давлати Толибон барои бозгардондани чеҳарҳои саршинос ва сиёсии ҳукумати собиқи Афғонистон комиссиюне ташкил карда, то тариқи он битавонад онҳоро барои бозгашт ба кишвар розӣ кунад.

Аммо аксари сиёсатмадорони ҳукумати собиқи Афғонистон ин иқдомро ҷиддӣ қабул накарданд.

Масъуд Андаробӣ, вазири дохилаи ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар саҳифаи

Томас Никлассон, Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо барои Афғонистон

Толибон дар ҳоле аз бозгардондани чеҳраҳои сиёсӣ мегӯянд, ки хабарҳо аз даргириҳо байни нерӯҳои Толибон бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мерасад. Тоҷиддин Суруш, рӯзноманигори афғонӣ дар Твиттераш навишта, ки даргирӣ байни Толибон ва нерӯҳои муқовимавт дар вулусволии Растоқи вилояти Тахор идома дорад. Ӯ менависад: “Манобеъ мегӯянд, ки ҷанг дар рустои “Деварӣ” миёни Ёрмуҳаммад, яке аз фармондеҳони Ҷабҳа ва Толибон новақти дишаб шуруъ шуд. То ҳанӯз аз талафот иттилое дар даст нест.”

Барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон куҷо мешавад?

0

Дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон аз интиқоли нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 5,1 миллион доллар фоида ба даст овард.

Аммо ҳаҷми содироти нерӯи барқ ​​нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,6% ё беш аз 1,8 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Дар ин давра дар кишвар беш аз 3,7 миллиард кВт/соат нерӯи барқ ​​истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 9,8 % зиёд мебошад. Аммо дар бештари манотиқи Тоҷикистон сокинон аз набуди барқ ва ҷорӣ шудани лимит шикоян намуда, суол медиҳанд, ки Тоҷикистон ин қадар барқро куҷо мекунад ва чаро ваъдаи Президент Раҳмон дар бораи “афсона” шудани лимити барқ иҷро намешавад?

Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҶСК “Барқи тоҷик” бо ширкатҳои Афғонистон ва Узбекистон дар мавриди интиқоли нерӯи барқ ​​ба ин кишварҳо барои соли 2022 қарордод бастааст.

Моҳи феврали соли ҷорӣ раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мадумар Асозода ба хабарнигорон гуфта буд, ки Тоҷикистон имсол ба Афғонистон 1,5 миллиард кВт/соат нерӯи барқ ​​содир карданист.

Ба гуфтаи ӯ, дар созишномае, ки бо ширкати “Брешна”-и Афғонистон дар моҳи декабри соли гузашта дар Тошканд имзо шуда буд, нархи як кВт/соат нерӯи барқ ​​барои Афғонистон 4,67 сент муайян шудааст.

Ҳамчунин бар асоси созишномаи дуҷониба, дар соли ҷорӣ 1,4 миллиард кВт/соат нерӯи барқи Тоҷикистон бо қимати 2 сент барои ҳар киловатт ба Узбекистон содир мешавад.

Бино ба иттилои ширкати “Барқи тоҷик” соли гузашта ба Афғонистон ба маблағи 635,9 миллион сомонӣ (бо қурби расмии он замон 56,2 миллион доллар) як миллиарду 275,2 миллион кВт/соат нерӯи барқ ​​содир шудааст.

Ба Узбекистон 1 миллиарду 146,8 миллион кВт/соатро ба маблағи 258,8 миллион сомонӣ (бо қурби расмии он замон 22,9 миллион доллар) барқ содир шудааст.

Ширкати “Барқи тоҷик” яке аз ширкатҳои қарздортарин дар Тоҷикистон ба шумор рафта, қарзҳои кредитории ин ширкат дар соли 2021 наздики 32,3 млрд сомониро ташкил додааст.

Ифтитоҳи 4 иншооти нав дар пойтахт

0

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи писараш як бинои иловагии гимназияи духтараш ва Кохи ҷадиди домодашро ба истифода дод

Акс аз сомони Хадамоти матбуоти Президент

Субҳи имрӯз, 17-уми марти соли 2022 Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо писараш Рустами Эмомал, шаҳрдори Душанбе чор бинои ҷадидеро, ки аз ҷониби соҳибкорони дохилӣ сохта шудаанд, дар пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Ин биноҳо иборат аз Меҳмонхонаи “Румӣ ҳотел энд резиденс” (The Rumi Hotel and Residences) дар ноҳияи Шоҳмансур, боғча ё Муассисаи томактабии хусусии “Закия” дар ноҳияи Фирдавсӣ, бинои иловагии таълимии Гимназияи хусусии “Кафолат” ва толори варзишии “Кохи Олимп” дар ноҳияи Сино мебошанд.

Ба таъкиди Хадамоти матбуоти Президент Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ ин чор биное, ки имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ҳама аз ҷониби соҳибкорон ватанӣ сохта шудаанд.

Гуфта мешавад, аз ҷамъи ин соҳибкорон дасти кам дутои онҳо ба фасоди идорӣ ва ё сӯистифода аз мансаб ва наздик будан ба хонаводаи Президент муттаҳам мешаванд.

Ин ду соҳибкоре, ки ба фасоди идорӣ ва сӯиистифода аз мансаб ва ё қаробат бо Эмомалӣ Раҳмон муттаҳам мешаванд, яке Раиси Дастогоҳи Президенти Тоҷикистон хонум Озода Раҳмон, молики Гимназияи хусусии Кафолат ва дуввумӣ Маҳмадзоир Соҳибов, домоди Прзедент Эмомалӣ Раҳмон ва соҳиби ширкати “Сафед-Дара” ва молики “Кохи Олимп” мебошанд.

Инчунин бархе коршиносони дохилӣ мегӯянд, моликони Муассисаи томактабии хусусии “Закия” ва  Меҳмонхонаи “Румӣ ҳотел энд резиденс”-и пойтахт низ аз наздикони Рустами Эмомалӣ мебошанд.

Гуфта мешавад, ин иншооти ҷадиди пойтахт тавассути афроди наздик ба Эмомалӣ Раҳмон дар замоне сохта шудаанд, ки коронавирус иқтисоди дунёро ба зону дароварда буд ва Тоҷикистон ҳам дар ду соли ахир бо камбуди будҷа дучор шуда буд.

Саҳми ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар маблағгузорӣ кардан ба онҳо баробар ба сифр аст. Аммо худи Президенти Тоҷикистон ва Раиси Шаҳри Душанбе аз чунин фурсатҳо ба нафъи худ сӯистифодаи таблиғотӣ мекунанд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои АЗДО ТВ

Samsung ҳамкорӣ бо Русияро қатъ кард ва ба Украина ваъдаи кумак дод

0

Ширкати бонуфузи электронии Samsung пас аз қатъи фаъолияташ дар бозорҳои Русия ваъда дода, ки ба Украина $6 миллион доллар кумаки башардӯстона ҷудо кардааст.

Jong-Hee Han, муовини ҳайъати мудирони ширкати Samsung

Муовини ҳайъати мудирони ширкати Samsung Ҷонг-Ҳи Ҳан (Jong-Hee Han) рӯзи чоршанбе хабар дод, ки ин ширкат дар натиҷаи буҳрони Украина ирсоли маҳсулоти электронии худро ба бозори Русия қатъ кардааст.

Муовини ин ширкати бонуфузи электронӣ рӯзи чоршанбе дар нишасте бо саҳомони ширкат гуфт, ки бо назардошти вазъи ноором дар Украина ва афзоиши кушташудагону оворагони ин кишвар, “ширкати мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пуштибонӣ аз Украина ҳамроҳ шуда барои кумаки башардӯстона ба ин кишвари ҷангзада 6 миллион доллар ҷудо кард”.

Ҷаноби Ҳан ҳамчунин афзуда, ки масъулони ширкат масъалаи расонидани кумаки башардӯстонаи изофӣ ба украинҳоро баррасӣ доранд.

Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори таваққуфи ҷанг шуд, аммо Русия иддао дорад то расидан ба аҳдофи худ дар Украина ҷангро идома медиҳад. Кишварҳои ғарбӣ ва Амрико ба хотири пешгирӣ аз идомаи ҷанг алайҳи Русия таҳримҳои шадидеро ҷорӣ карданд, ки дар пасманзари ин таҳримҳо даҳҳо ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ низ аз бозори Русия канор рафтанд.

Ӯзбекистон: “Мо Донетск ва Луганскро ҷумҳуриҳои алоҳида намешиносем”

0

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон эълон кард, ки ”Ӯзбекистон истиқлолият, ҳокимият ва тамомияти арзии Украинаро ба расмият мешиносад.”

Бино ба иттилои расонаҳои Ӯзбекистон, Абдулазиз Камилов, вазири корҳои хориҷии ин кишвар гуфтааст, ки Тошканд дар ин шароити вазнин Украинаро дастгирӣ мекунад ва кумакҳои башардӯстонаи худро ба Уркиана идома медиҳад.

Абдулазиз Камилов, Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар як суханронии худ дар парлумон ба вакилони кишвараш гуфтааст: “аз нигоҳи таърихӣ мо бо Русия ва Украина рабитаҳои зиёде дорем ва бар асоси манофеи миллӣ Ӯзбекистон ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро бо ҳар ду кишвар идома медиҳад.”

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар робита ба ду минтақаи истиқлолталаби Украина таъкид кардааст: “Мо Донетск ва Луганскро ҷумҳуриҳои алоҳида эътироф намекунем.”

Дар ҷамъи кишварҳои Осиёси Марказӣ, ки дар гузашта ҳама мустамликаҳои Русия ва увзи кишварҳои собиқ Шӯравӣ буданд ва ҳоло ҳам аз муттаҳидон Крмелин ҳисоб мешаванд, Ӯзбекистон нахустин кишварест, ки ҳамлаҳои Русияро нодида гирифта, бо сароҳат ҳимояти худ аз Украинаро эълон мекунад.

Гуфта мешавад, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия 22-юми феврали соли 2022 расман “Ҷумҳурии халқии Луганск” ва “Ҷумҳурии халқии Донестк”, ду минатқаи ҷудоиталаби Украинаро дар Донбас ба расмият шинохт ва ба баҳонаи ҳимоят аз рустаборони ин ду минтақа аз “миллигароҳо”-и украинаӣ ва пешгирӣ аз хатари таҳдидҳои эҳтимолӣ субҳи 24-уми феврали соли ҷорӣ ҳамлаҳои худро ба Украина оғоз карда ва инак ҳафтаи сеюм аст, ки ҷанг идома дорад.

Дар давоми ин ҷанге, ки 21 рӯз боз идома дорад, наздик ба 3 миллион нафар аз Украина муҳоҷир шуда, раҳбарони Киев мегӯянд, ки Русия дар асари ҳамлаҳои худ ҳудуди 600 миллиард доллар ба ин кишвар зарар ворид кардааст.

Шикояти кормандони давлатии ВМКБ аз Алишер Мирзонаботов

0

Чанеде аз кормандони давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба расонаи “Pamir Daily News” аз раиси ин вилоят Алишер Мирзонаботов шикоят доранд.

Ба иддаои кормандони давлатӣ бо омадани Алишер Мирзонаботов кор барои онҳо рӯз аз рӯз тоқатфарсо мегардад, зеро онҳо маҷбуранд ба корҳое машғул шаванд, ки дар салоҳияташон нест.

“Ба ифтихори ҷашни Наврӯз роҳбарияти вилоят тамоми раёсат ва шуъбаҳои ҳукумати вилоятро маҷбур мекунанд, ки асбобу анҷоми рӯзгор (Мошинҳои ҷомашӯӣ, телевизорҳо, компютерҳо ва ғайра) харидорӣ кунанд. Онҳо мехоҳанд таҷҳизотро дар мусобиқаи гуштии миллӣ, ки маъмурияти ВМКБ баргузор мекунад, ҳамчун туҳфа гузоранд.”- мегӯяд манбаи Pamir Daily News.

Ин кормандон аз он шикоят доранд, ки рӯзгори худро базӯр таъмин карда истодаанд ва маҷбуранд болои ин барои хариди фармудаҳои мақомот аз бонкҳо қарз гиранд.

Онҳо мегӯянд: “Ҳатто бештари кормандони давлатӣ дар Бадахшон дар бораи он фикр мекунанд, ки чӣ гуна ариза навишта, аз кор хориҷ шаванд, аммо ҳоло буҳрон ҳатто дар Русия вуҷуд дорад ва мардум роҳи раҳоӣ надоранд.”

Ба иддаои манобеъ, ин ягона мушкил дар вилоят нест. Ба ғайр аз ин раҳбарияти Бадахшон барои пур кардани артиши кишвар кормандони ҳукуматро маҷбур доранд, ки ҷавонони синни даъватро пайдо карда ба артиш ҷалб кунанд.

Ҳамчунин онҳо аз он шикоят кардаанд, ки “Дар ин моҳҳо мақомот моро маҷбур сохтанд, ки паёмҳои видеоии аблаҳона сабт кунем, моро дар назди мардум шарманда карданд.”

Ҳамсӯҳбатони Pamir Daily News мегӯянд, бо омадани Мирзонаботов ба вазифаи раиси вилоят барномаҳое роҳандозӣ шуда, ки то ҳол дар минтақа чунин набудаст.