Хона блог саҳифа 511

5 соли зиндон барои таблиғу тамошои видеоҳои “ISLOH TV”

0

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат як сокини маҳаллиро барои тамошои барномаҳои “UFUQ TV”, “ISLOH TV” ва “Haq TJ” барои 5 сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора сомонаи расмии

Ба иддаои Прокуратура, зимни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Беҳрӯз Раҳмонзодаи 30-сола саҳифаи дар Ютуб бо номи мустаори “Ahmad Abdullah” барномаҳои “UFUQ TV” , “ISLOH TV” , “Haq TJ”- ро тамошо мекардааст ва аз андешаҳои онҳо пуштибонӣ карда, чунин наворҳоро ба дигар корбарон мефиристодааст.

Додгоҳ ин шабакаҳоро ба Паймони миллии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳаракати Толибон рабт додааст.  

Гуфта мешавад, Раҳмонзода Беҳрӯз бо ҳукми суди шаҳри Ваҳдат, бо моддаи 307,3 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 5 сол бо адо намудни ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш пурзӯр маҳкум карда шудааст.

Назари худи Беҳрӯз ва адвокаташ то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст.

Дар гузашта ҳам мақомоти Тоҷикистон чанд нафарро барои ҳамкорӣ бо Муҳаммадиқболи Садриддин, муассиси “Ислоҳ ТВ” зиндонӣ карда буданд. Аммо худи Муҳаммадиқболи Садриддин дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки онҳоро намешиносад ва бо нафарони зиндонишуда ҳамкорӣ накардааст.

S7 Airlines парвозҳояш ба Тоҷикистонро лағв кард

0

Ширкати ҳавопаймоии “S7 Airlines” парвозҳояш ба Тоҷикистонро лағв кард. Ин ширкати ҳавопаймоии русӣ дар баробари Тоҷикистон ҳамчунин ба чандин самтҳои байналмилалии дигар низ парвозҳояшро қатъ кардааст.

Гуфта мешавад, ширкати “S7 Airlines” бо назардошти вазъи кунунӣ маҷбур шудааст, ки парвозҳои байналмилалиро то 30-уми апрели соли ҷорӣ ба як қатор самтҳо лағв кунад.

Ин ширкат парвозҳояшро ба аксар кишварҳои аврупоӣ лағв карда, ҳамчунин дар рӯйхати лағви парвозҳои ин ширкат ба самтҳои Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон, Таиланд, Миср, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Узбакистон низ ҷой доранд.

Масъулони ширкат мегӯянд, мусофирони хатсайрҳои байналмилалии лағвшуда метавонанд арзиши чиптаро пурра бозпас бигиранд ё чиптаҳоро ба парвозҳои дастрас дар рӯзҳои дигар иваз кунанд.

“Мутаассифона, аз 5 март “S7 Airlines” маҷбур шуда, ки ҳама парвозҳоро ба самтҳои байналмилалӣ лағв кунад. Мусофирони парвозҳои лағвшуда аз ширкати ҳавопаймоӣ огоҳинома мегиранд, мутахассисони мо бо онҳо дар офисҳои “S7 Airlines” кор мекунанд”, – омадааст дар хабари ширкат.

Пайдо шудани ҷасади олегархи украинӣ дар Британия

0

Ҷасади яке аз сарватмандони украинӣ дар наздки шаҳри Лондон, пойтахти Британия пайдо шудааст.

Акс аз ББС

Бино ба иттилои

Акс аз Дайли Майл, хонаи Михаил дар Сурейи Шарқи Ландан 

Полис дар ин қазия парванда боз карда, таҳқиқот идома дорад. Аммо бархе расонаҳои русзабон мегӯянд, ки эҳтимол иллати марги Михаил Уотфурд сактае пас аз эълони таҳримҳои Британия алайҳи олегархҳои руси наздик ба Путин будааст. Аммо ББС мегӯяд, номи ин олегархи украинӣ дар феҳристи таҳримҳои Лондон вуҷуд надоштааст.

Михаил Уотфурди 66-сола, зодаи Украина аст. Вай қисми зиёде аз сарвати худро пас аз барҳамхурдани Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ аз фурӯши нафту газ ба даст оварда буд ва муддати беш аз 20 соли ахир дар Британия зиндагӣ мекард.

Оташ дар “Запороже” хомӯш карда шуд (ВИДЕО)

0

Хадамоти сӯхторхомӯшкунии Украина хабар дод, ки оташ дар Нерӯгоҳи ҳастаии “Запороже” хомӯш карда шуд.

Субҳи имрӯз, 4-уми марти соли 2022 дар пайи ҳамлаи нерӯҳои Русия бузургатарин Нерӯгоҳи ҳастаии Аврупо “Запороже” мавриди оташсӯзӣ қарор гирифт. Дар ин оташсӯзӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол Президенти Украина Владимир Зеленский бо нашри як навор Русияро ба ҳамлаи террористии атомӣ муттаҳам карда гуфтааст, ки шиддат таркиш дар ин нерӯгоҳ 10 баробар зиёдтар нисбат ба таркиши Нергоҳи ҳастаии “Чернобил” хоҳад буд.

Ба гуфтаи Зеленский, тонкҳои Русия ин нерӯгоҳро ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор дода ва таркиш дар Нерӯгоҳи ҳастаии “Запороже” метавонад тамоми қораи Аврупоро зери таъсири худ қарор диҳад.

Нерӯгоҳи ҳастаии “Запороже”, бузургтарин нерӯгоҳои ҳастаии Аврупо дар канори руди Днепр дар шаҳри Энергодари Украина қомат афрохтааст. Украина 25 дарсад ниёзҳои барқии худро аз ҳамин нерӯгоҳ таъмин мекунад.

Ин ҳамлаи Русия ба Нерӯгоҳи ҳастаии “Запороже”-и Украина дар ҳоле сурат гирифт, ки дирӯз Президенти Украина Владимир Зеленский аз ҳамтои русаш Владимир Путин хостори оташбаси фаврӣ шуда, гуфта буд, ки аз хоки Украина нерӯҳояшро хориҷ кунад ва ҳамчун як ҳамсоя бо вай аз наздик сари мизи музокира биншинад.

Гуфта мешавад, ҳамлаи Русия ба Украина аз субҳи 24-уми феврали соли 2022 то кунун бидуни вақфа идома доранд ва Путин мегӯяд, ки нерӯҳояш тибқи барнома ба пеш ҳаракат мекунанд, аммо Зеленский ва баъзе аз шарикони вай дар Аврупо ба мисли Бртиная ин иддаъои Путинро рад карда гуфтаанд, ки Русия қасд дошт тавассути нерӯҳои пиёданизомаш Украинаро дар зарфи чанд рӯзи аввал ишғол кунад, аммо истодагарии нерӯҳои мусаллаҳ ва мардум он барномаи Путинро ноком кард.

Фаврӣ! Ҳамлаи мусаллаҳона ба Мамадбоқиров дар Хоруғ

0

Ба сӯи Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта, дар пайи ин ҳодиса мардуми Хоруғ ба тазоҳурот омодагӣ мегиранд.

Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир

Бино ба иттилои “Pamir Daily News”, ки бештар ахбори ВМКБ-ро пӯшиш медиҳад, субҳи 4-уми март дар назди бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Хоруғ афроде бо либоси ғайринизомӣ саъй карданд, ки роҳи мошини Мамадбоқир Мамадбоқировро бибанданд.

“Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки Мамадбоқиров фарзандонашро ба мактаб, ба литсейи Оғохон, ки каме дуртар аз бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии ВМКБ ҷойгир аст, мебурд. Дар роҳ мошини ношинос мехост пеши роҳи ӯро бигирад, вале ӯ тавонист аз ин мошин гузар кунад. Пас аз ин афроди ношинос бо либоси мулкӣ аз мошин фаромада, ба сӯи мошини Мамадбоқиров тирандозӣ кардаанд”, – мегӯяд як манбаъи “Pamir Daily News” аз Хоруғ.

Шоҳиди дигари ҳодиса қайд мекунад, ки одамон бо либоси мулкӣ ба ҳаво тир холӣ кардаанд ва на ба мошин.

Худи Мамадбоқир Мамадбоқиров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми ҳаракат ба маркази Хоруғ дар яке аз дидбонгоҳҳо ба сӯяш ҳамла сурат гирифт. “Писарам низ дар мошин буд. Тир ба дасти ростам бархӯрд. Устухон зарар надидааст. Як духтури шинос ҷароҳатро баст,” — гуфт ӯ.

Манбаи Аздо ТВ низ хабари ҳамла ба Мамадбоқирро таъйид кард ва гуфт ҳоло мардуми шахри Хоруғ дар назди хонаи Мамадбоқиров чамъ омада ба тазоҳурот тайёрй дида истодаанд.

Абрамович Бошгоҳи Челсиро мефурӯшад

0

Соҳибкор ва миллиардери рус Роман Абрамович Бошгоҳи футболи англисии “Челси”-ро мефурӯшад. Дар ин бора дар

Ба гуфтаи Абрамович, ӯ пули аз фурӯши Челси ба дастомадаро ба як сандуқи хайрия барои кумак ба афроде, ки дар ҷанги Украина осеб дидаанд, мефиристад.

“Ман ҳамеша ба манфиати Бошгоҳ қарор қабул мекунам. Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ ман тасмим гирифтам, ки Челсиро фурӯшам, зеро фикр мекунам, ки ин ба манфиати даста аст”, – гуфтааст Абрамович дар изҳороташ.

Қаблан Абрамович роҳбарияти дастаро ба мудирияти Фонди хайрияи “Челси” супорида буд. Миллиардери рус соли 2003 Бошгоҳи футболи “Челси”-ро ба маблағи 140 миллион фунт харида, беш аз 1,5 миллиард фунт стерлинг сармоягузорӣ кардааст.

Роман Абрамович мехоҳад аз фурӯши ин даста тақрибан чаҳор миллиард фунт стерлинг ба даст орад. Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки миллиардери швейтсарӣ Хансйорг Висс ба хариди он алоқаманд аст.

Дар ҳамин ҳол размкори шинохта ва қаҳрамони ду давраии бозиҳои бидуни қоидаи (UFC) Конор Макгрегор дар саҳифаи Твиттераш хабар дода, ки омодааст Бошгоҳи Челсиро бо арзиши 3 млрд фунт стерлинг харидорӣ кунад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Роман Абрамович виллаҳояшро дар Англия ба фурӯш гузоштааст.

Роман Абрамович дар радабандии сарватмандтарин одамони сайёра ҳамеша ҷойгоҳи баландро ишғол мекунад. Ӯро олигархи наздик ба Владимир Путин номиданд, ҳарчанд худи ӯ инро рад мекунад. Абрамович дорои шиносномаҳои Русия ва Исроил мебошад. Вай шиносномаи Исроилро пас аз он гирифт, ки дар соли 2018 ҳангоми тамдиди раводиди бритониёиаш ба мушкилот дучор шуд ва аз Лондон ба Тел-Авив кӯчид. Чанде пеш Абрамович шаҳрвандии Португалияро низ дарёфт кард.

Британияи Кабир, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бо оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина алайҳи ин кишвар ва чанд тоҷири бузурги рус (Алишер Усмонов, Игор Сечин, Николай Токарев, Михаил Фридман ва Петр Авен, Алексей Мордашов, Геннадий Тимченко ва Геннадий Фрадков) таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд, аммо ҳеҷ гуна таҳрими мустақим алайҳи Абрамович, ки ба фурӯши Бошгоҳи Челси шурӯъ кардааст, ҷорӣ нашудааст.

Алишер Усмонов

Чанде пеш сомонаи “Forbes” аз боздошти яхтаи 600 млн доллараи Усмонов дар Ҳамбурги Олмон хабар дод.

Ба ҳамин монанд, гумруки Фаронса яхтаи Сечинро бо номи “Amore Vero”, ки 190 миллион доллар арзиш дорад, боздошт кардааст.

Владимир Путин, Раисиҷумҳури Русия шаби 24-уми феврал аз оғози “амалиёти вежаи низомӣ” дар хоки Украина хабар дод. Худи ҳамон рӯз аз ҳамлаҳои мушакӣ дар шаҳрҳио мухталифи Украина, аз ҷумла Киев, Харков, Одесса, Краматорск, Бердянск хабарҳо нашр шуданд.

Нерӯҳои Русия дар панҷ минтақаи Украина марзро убур карданд. Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, дастикам 2000 ғайринизомии Украина кушта шудаанд. Дар Украина даҳҳо бинои истиқоматӣ, беморхонаҳо, мактабҳо тахриб шуданд, нерӯгоҳи атомии Чернобил тасарруф шуд, лӯлаҳои газ, магистралҳои гармидиҳӣ ва анбори нафт дар наздикии Киев тарконда шуданд.

Дар пайи ин беш аз 70 ширкатҳои шинохтаи ҷаҳонӣ бо Русия ҳамкориро қатъ карданд ва таҳлилгарони “JPMorgan” бар ин назаранд, ки иқтисоди Русия ба дефолт наздик аст.

Ҳузури низомии кишварҳои Осиёи Миёна дар ҷанги зидди Украина

0

Дар бархе аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии украинӣ хабаре нашр шуда, ки гуфта мешавад, Қирғизистону Тоҷикистон аз омодагии худ барои расонидани кумакҳои низомӣ ба Русия хабар додаанд.

Бино ба иттилои расонаи украинии “Правда” собиқ раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Алнур Мусоев гуфтааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти фишори Путин аз мавқеъҳои худ даст кашиданд ва ба Путин дар ҷанги зидди Украина кумак хоҳанд кард.

“Таҷҳизоти низомӣ, лавозимоти ҷангӣ ва қисман контингенти Русия аз ин ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Русия барои истифода дар ҷангҳо бурда мешавад”, – гуфт Алнур Мусоев.

Ба иддаои Мусоев, Путин ҳамчунин ба Тоқаев, Раисҷумҳури Қазоқистон низ фишор оварда то дар ҷанги зидди Украина низ ба ҷонибдорӣ аз Русия ширкат кунад.

Мусоев мегӯяд, ки баъд аз изҳороти ахири Тоқаев мушоҳида мешавад, ки мақомоти Қазоқистон низ омодаанд ба Русия ба таври махфӣ кумак кунанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Украина дар суҳбат бо Avesta.tj гуфтаааст, ки “Хабарҳое, ки дар бархе аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ширкати низомии Тоҷикистон дар ҳаводиси ҷории Украина мунташир шудааст, асоси воқеъӣ надорад.”

То ҳол назари ҷониби Қазоқистон ва Қирғизистон дастраси расонаҳо нест.

Тоҷикистон дар мавриди ҳамлаи Русия ба Украина бетарафиро интихоб кард

0

Рӯзи 2-юми март Маҷмаи умумии

Дар баробари Тоҷикистон инчунин Қирғизистон, Қазоқистон, Покистон, Ҳиндустон Чин, Эрон, ва дар умум 35 кишвар мавқеи бетарафиро интихоб кардаанд.

СММ бо қабули ин қатънома аз Русия хостааст, ки ҳарчи зудтар ҷангро поён диҳад ва нерӯҳояшро аз хоки Украина берун бикашад.

Инчунин дар қатънома бори дигар соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, ваҳдат, тамомияти арзии Украина ва доираи марзҳои эътирофшудаи байнулмилалии он тасдиқ шуд.

Маҷмаи умумии СММ Русияро дар ҳамла ба биноҳои ғайринизомӣ, аз қабили манзилҳо, мактабҳо ва бемористонҳо ва инчунин кушта шудани ғайринизомиён, аз ҷумла занону кӯдакон, пиронсолон ва маъюбон гунаҳкор дониста, ин аъмолро бо “шадидтарин алфоз” маҳкум кард.

Дар ин қатънома ҳамчунин эъломи Русия дар бораи омодагии ҷиддии нирӯҳои ҳастаии ин кишвар маҳкум шудааст.

Ҳамчунин дар қатънома аз бад шудани вазъи инсонӣ дар Украина ва атрофи он, афзоиши шумори оворагони дохилӣ ва паноҳҷӯён ва таъсири манфии ин ҳамлаҳо бар амнияти ғизоӣ дар аксари кишварҳои дунё изҳори нигаронии ҷиддӣ шудааст.

Раҳмон аз 12 сафири нав эътимоднома қабул кард

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 2-юми марти соли ҷорӣ дар Қасри Миллат аз 12 сафири нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ эътиборнома қабул кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, дар маросими қабули эътимодномаҳо сафирони нав аз Ҷопон, Корея, Миср, Аморати Муттаҳидаи Араб, Уммон, Исроил, Белгия, Австрия, Норвегия, Руминия, Малта ва Канада иштирок карданд.

Зимни суҳбат бо сафирони нав Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои созанда бо тамоми кишварҳои ҷаҳон манфиатдор аст.

Раҳмон дар идома иброз дошт, ки ки сафирони нав барои таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои худ ва Тоҷикистон аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳанд кард.

Инчунин Раҳмон аз вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфта, таъкид кардааст, ки дар чунин шароити ҳассос ҳамраъйиву ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими ҳусни тафоҳум дар муносибатҳои байни давлатҳо ҳамчун омили асосии таҳкими ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқобили таҳдидҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Рамзӣ Вазирбеков аз эҳтимоли дуздида шуданаш хабар дод

0

Рамзӣ Вазирбеков фаъоли ВМКБ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Рамзесс Шогунов шинохта мешавад, аз эҳтимоли дуздида шуданаш дар қаламрави Федератсияи Русия хабар дод.

Рамзӣ Вазирбеков дар саҳфаи фейсбукиаш навиштааст, ки ӯ аз соли 2016 шаҳрванди Федератсияи Русия аст ва аз он замон то ҳол ягон ҷиноят содир накардааст.

Вазирбеков, ки зодаи ноҳияи Мурғоб аст мегӯяд, “ман ба тақдири халқу кишварам бетараф нестам ва дар бораи вазъияте, ки дар ВМКБ ба вуҷуд меояд, фаъолона сухан мегўям.”

Рамзӣ мегӯяд, ки мақомоти тоҷик нақшаи дуздидани ӯро дорад ва ин хабарро чанд манобеи мӯътамад таъйид кардаанд. Ӯ дар идома таъкид мекунад, ки қасди ба Тоҷикистон рафтанро надорад ва мақомот бо ин корашон мехоҳанд ӯро хомӯш созанд.

Дар идома Вазирбеков менависад, ки “Ман хомӯш истода, тамошо карданӣ нестам, ки халқи ман чӣ тавр нобуд мешавад. Бо вуҷуди ин, дар ояндаи наздик ман ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия муроҷиат хоҳам кард, то амнияти манро таъмин кунанд”.

Қаблан фаъолони дигари ВМКБ дар Маскав Ораз Вазирбеков ва Аслишо Вазиров низ дар бораи эҳтимоди дуздида ё кушта шуданашон аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ як фаъоли дигар ва раҳбари ҷавонони мардуми Бадахшон Амриддин Аловатшоев аз қаламрави Русия рабуда шуд. Пас аз як моҳ мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки ӯ дар Душанбе аст ва бо хоҳиши худ ба кишвар омадааст. Аммо фаъолон ва коршиносон бар ин боваранд, ки Аловатшоевро мақомоти тоҷик дуздида ба Душанбе бурдаанд.