Хона блог саҳифа 513

Зеленский хостори қабули фаврии Украина ба Иттиҳодияи Аврупо шуд

0

Президенти Украина, Валадимир Зеленский рӯзи душанбе аз Иттиҳоди Аврупо хост ҳарчи сареъ кишварашро ба узвияти ин иттиҳод бипазирад.

Зеленский дар суханронии видеоияш гуфт: “Мо хостори ҳамроҳ кардани Украина ба узвияти Иттиҳоди Аврупо тибқи як тартиби нав ҳастем. Ман мутмаинам, ки ин кор дуруст ва имконпазир аст.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен гуфта буд, ки дар ниҳоят Украина бояд ба Иттиҳодияи Аврупо шомил шавад.

Президенти Украина Владимир Зеленский бомдоди рӯзи душанбе дар саҳифаи Твиттераш хабар дод, ки шаб бо раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен дар бораи таҳкими иқтидори дифоии Украина, кумакҳои молиявӣ ва узвияти Украина дар ИА-ро баррасӣ карданд.

Музокирот оғоз мешавад. Ҳайати Укаини вориди Белорус шуд

0

Ҳайати музокиракунандаи Украина вориди хоки Белорус шудааст. Қарор аст музокироти намояндагони Маскав ва Киев тақрибан соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз шавад. Дар ин бора роҳбари ҳайати Русия, ёвари Президент Владимир Мединский хабар дод.

Владимир Мединский, раҳбари ҳайти музокиракунандагони Русия 

Бино ба иттилои “РИА Новости” намояндагони Киев бо каме таъхир, вале ба макони таъйиншуда пас аз лаҳзае мерасанд ва гуфтушуниди ҷонибҳо оғоз мешавад.

“Ҳоло мо маълумот гирифтем, ки онҳо тақрибан як соат пас мерасанд ва  то соати 12 сари мизи гуфтушунид менишинем” гуфт ӯ.

Аз ин пеш Киев пешниҳоди Маскав дар мавриди гузаронидани гуфтушунид дар Минскро бо далели ин, ки нерӯҳои русӣ аз хоки Беларус ба Украина ҳамла мекунанд, рад карда буд.

Украина барои оғози музокирот бо Русия аз чанд шаҳри дигар дар ҳамсоякишварҳояш, аз ҷумла Варшава, Вилнюс, Будапешт ва Истанбул ном гирифта, гуфта буд, ки ба ғайр аз Минск омодааст, ки дар ҳар ҷои дигар бо Русия сари мизи музокирот бинишинад. Аммо баъдтар бидуни ҳеч пешшарти Маскав дар марзи Белорус бо Украина музокиротро пазируфт.

Ташкили Ситоди кумак ба муҳоҷирон аз ҷониби ПМТ дар Аврупо

0

Паймони миллии Тоҷикистон – эътилофи гурӯҳе аз мухолифини тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, дар Аврупо Ситоди кумак ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар пайи ҷанг аз Укроин ба Аврупо паноҳ мебаранд, ташкил кардааст.

Шоҳнаими Карим, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳоло раҳбарии Ситоди кумак ба муҳоҷиронро бар душ дорад, дар суҳбат бо АЗДО ТВ гуфт, ин ситод шабонарӯзӣ фаъолият дорад ва дар ин муддат шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз Укроин ба Аврупо паноҳ мебаранд, роҳнамоӣ намуда, ба онҳо кумаки ҳуқуқӣ мерасонанд.

Дар идома Шоҳнаими Карим афзуд, ки ПМТ ба ҳама давлатҳои Аврупоӣ, ки ҳаммарз бо Укроин ҳастанд, барои кумак ва қабули муҳоҷирон нома навиштааст.

Раиси Ситоди кумак ба муҳоҷирин гуфт, ки баъд аз ҷамъоварии гузоришҳо омодааст ба расонаҳо маълумоти муфассале аз кори ин ситод ироа намояд.

Ҳамзамон Исломҷон Саидов, намоядаи ПМТ дар Лаҳистон дар суҳбат бо АЗДО ТВ гуфт, ки ситод дар муддати ду рӯз беш аз 100 муҳоҷири тоҷик, узбек ва қирғизро, ки аз Украина ба хоки Аврупо паноҳ бурдаанд, кумак ва роҳнамоӣ намудааст. Ӯ афзуд, “ҳоло низ муҳоҷирони зиёде дар роҳ ҳастанд ва бо онҳо дар тамос ҳестем ва барои кумаки онҳо омодагӣ мебинем.”

Саидов мегӯяд, дар байни ин муҳоҷирон калонсолон ва кӯдакон зиёданд ва онҳое, ки шароит ва ҷойи зист надоранд, онҳоро бо мошинҳо ба хонаҳои дигар ҳамватанон бурда, бо ҷойи хоб таъмин карданд.

Ба гуфтаи намояндаи ПМТ дар Лаҳистон, Ситоди кумак ба муҳоҷирон шабонарӯзӣ фаъол аст ва ба ҳар муҳоҷири ниёзманд, ки дар Лаҳистон бе ҷои зист мондааст ва ё ниёз ба кумакҳои ҳуқуқӣ дорад, кумак карда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки бомдоди 24-уми феврал артиши Русия бо фармони Путин ба қаламрави Украина ҳамла кард, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои пайдарпай садҳо нафар куштаву захмӣ шуданд ва даҳоҳазор нафар тарки ин кишвар карда истодаанд. Ҳукумати Лаҳистон эълон кард, ки аз аввали ҷанг то имрӯз беш аз 200 ҳазор нафар ба хоки ин кишвар паноҳ бурдаанд ва ҳазорҳо нафари дигар дар назди марзҳои Лаҳистон барои ворид шудан ба ин кишвар мунтазиранд.

Тавофуқи Украина барои оғози музокирот бо Русия дар Белорус

0

Владимир Зеленский

Президенти Украина Владимир Зеленский бо нашри як хабари кӯтоҳ дар саҳфаи телегарамиаш дар бораи натиҷаи сӯҳбат бо Александр Лукашенко гуфтааст: “Мо тавофуқ кардем, ки ҳайати украинӣ бо ҳайати русӣ дар сарҳади Украинаю Белорусия, дар наздикии дарёи Припят бе ягон шарти пешакӣ мулоқот кунад.”

Ба гуфтаи Владимир Зеленский, Александр Лукашенко бо итминон қавл дода, ки дар ҷараёни сафари ҳайъати Украина, музокирот ва бозгашати онҳо тамоми ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва мушакҳои мустақар дар қаламрави Беларус дар замин бимонанд.”

Пеш аз ин вақте Маскав пешниҳод карда буд, ки музокиротро бо Киев дар Минск оғоз кунанд, Украина бо далели ин, ки нерӯҳои русӣ аз хоки Беларус ба Украина ҳамла мекунанд, музокиротро дар ин кишвар қабул накарда буд.

Украина барои оғози музокирот бо Русия аз чанд шаҳри дигар дар ҳамсоякишварҳояш аз он ҷумла Варшава, Вилнюс, Будапешт ва Истанбул ном гирифта, гуфта буд, ки ба ғайр аз Минск омодааст, ки дар ҳар ҷои дигар бо Русия сари мизи музокирот бинишинад.

Ғарб Русияро аз низоми ҷаҳонии SWIFT берун кард

0

Шоми шанбе Комиссияи Аврупо бо судури баёнияе бори дигар ҳуҷуми Русияро ба хоки Украина маҳкум намуда, аз фишори нави молӣ болои Маскав хабар дод.

Акс аз сомонаи “pymnts.com”

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо шумули Амрико ва Канада Бонки марказии Русияро аз дастрасӣ ба системаи ҷаҳонии паёмрасонии байнибонкии “SWIFT” қатъ кард.

Гуфта мешавад, ин бузургтарин иқдомест, ки Ғарб болои Русия пас аз оғози ҳамла ба Украина гирифта аст.

Ихроҷи Русия аз ин низоми молии ҷаҳонӣ пас аз дархости вазири хориҷии Украина Дмитри Кулеба сурат гирифт.

Раиси Комиссюни Аврупо Урсула фон дер Ляйен шоми шанбе гуфт, Ғарб ва Амрико бо берун кардани Русия аз низоми “SWIFT”, исдор ва ворид кардани колои русиро қатъ намуда, ҳисобҳои Бонки марказии Русияро мунҷамид ва саҳмияҳои русиро аз гардиши ҷаҳонӣ боз медоранд, ки ин зарбаи бузурги иқтисодӣ бар Русия ворид хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 24-уми феврал бо фармони Президенти Русия Владимир Путин ҳамлаи мушакӣ ба шаҳрҳои Украина оғоз шуд.

Пас аз оғози ҳамлаҳои низомии Русия ба Украина президенти ин кишвар Владимир Зеленски дар кишвараш вазъи ҳарбӣ эълон када, аз шаҳрвандонаш хост, ки ҳама дар хонаҳояшон бошанд. Ӯ инчунин тамоми парвозҳои ғайри низомиро бекор кард.

Путин иддао дорад, ки ин амалиёти ӯ дифоъ аз худ ва барои пешгирӣ аз таҳдидҳои бузургтаре аст. Аммо Амрико ва сарони кишварҳои арврупоӣ ин амалиёти низомии Русияро ҳуҷум ба хоки Украина дониста, аз Путин борҳо хостанд, ки ҳарчи сареъ амалиётро қатъ кунад.

Қосим Раҳбар: чизе барои пинҳон кардан надораму аз касе ҳам наметарсам

0

Қосим Раҳбар, раиси шаҳри Ҳисор бо гузашти як ҳафта хомӯшӣ ахиран рӯзи 24-уми феврал доштани суратҳисоб дар Бонки Швейтсария бо маблағи беш аз 9 миллион долларо рад кард.

Акс аз “Азия-Плюс”

Ӯ дар суҳбат бо ҳафтаномаи “СССР” мегӯяд, ки чунин матлабе ҳанӯз 10 сол пеш дар хабаргузории “Центразия” нашр шуда буд ва аз дигарбора нашр шудани ин хабар аз оғози моҳи феврал огоҳӣ доштааст.

“Зеро 1 ҳафта пеш аз интишори он аз рақамҳои ношинос ба воситаи шабакаи Телеграмм ба аҳли хонавода, ба бародаронам дар Тоҷикистон, ҷияну бародарзодаам, ки дар Россия таҳсилу зиндагӣ мекунад, паёмҳои гуногун расида, тарафи номаълум пешниҳод медоданд, ки барои пешгирӣ аз нашри хабар ман ин қазияро ё шарҳ диҳам ё пешгирӣ намоям, вале ман ба ҳамаи ин аҳамият надодам, зеро чизе барои пинҳон кардан надораму аз касе ҳам наметарсам ва дар Швейтсария ҳам боре набудам,” – гуфт Қосим Раҳбар.

Ӯ мегӯяд, дар сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 ӯ низ захмӣ шуда буд ва пас аз тавсияи табибон барои муолиҷа соли 2001 ба Вена пойтахти Австрия сафар карда буд.

Қосим Раҳбар дар шарҳи қазияи суратҳисоб кушодан дар Аврупо чунин гуфт: “Соли 2001 буд, он замон на ман Аврупоро дида будаму на корти бонкӣ доштаму на суратҳисоб барои кафолат ва табобат дар Аврупо. Клиникаи аврупоӣ ҳам кафолати шахсеро талаб мекарду ҳам бояд ҳисоби бонкии аврупоӣ мешуд. Тавре маълум аст клиникаҳои аврупоӣ бидуни ҳисоби бонкӣ бемор қабул намекунанд. Он вақт ман чунин имкониятро надоштам ва ба кӯмакам 1 соҳибкори хориҷӣ омад, ки он солҳо дар вилояти Суғд ба сармоягузорӣ машғул буд. Муҳим аз ҳама ӯ шаҳрванди Австрия буду кафили ман шуд. Рафтем ба Вена, ташхиси пурраро гузашта ба Тоҷикистон баргаштем. Он замон ман дар вазифаи раиси вилояти Суғд кор мекардам ва наметавонистам корро як сӯ гузорам. Аммо дасту ҷигар ҳамоно маро азият дода, хуни сироятёфта ҳеҷ тоза намешуд. Маҷбур шудам соли 2003 бо 1 табиби дигар боз ба Вена сафар карда, ин маротиба муолиҷаро низ то ба охир бигирам. Соҳибкор дубора ба кумакам омада, боз кафили ман шуд. Дар ҳолати мадҳушӣ қарор доштам, ки ӯ чанд ҳуҷҷатро барои имзо овард. Ҳуҷҷатҳо бо забони англисиву немисӣ буданду ман ба онҳо дуруст аҳамият надода, имзо гузоштам ва нусхаи шиносномаамро ҳам додам. То ҷойе огаҳ дорам ба номам дар ин клиника суратҳисоби бонкӣ кушода, харҷи табобатамро аз пули худам пардохт карда буд.”

Ӯ ҳамчунин афзуда, ки аз суратҳисоб доштан ба номаш дар Аврупо соли 2007 огоҳ шудааст. Ва таъкид мекунад, ки он соҳибкори аврупоӣ “тавассути суратҳисоби ба номи ман кушода пулҳои худро гузаронида, тиҷораташро дар Тоҷикистон давом дода.”

Қосим Раҳбар дар ҳоле доштани чунин суратҳисобро бо номи худаш дар Бонки Швейтсария рад мекунад, ки рӯзи 22-юми феврал хабарнигорони “Азия-Плюс” барои дарёфти назари ӯ дар ин маврид ба шаҳри Ҳисор рафта буданд, вале ӯ хабарнигоронро напазируфт ва ба василаи раиси Дастгоҳи ҳукумати ҳисор паём дод, ки ин масъаларо шарҳ намедиҳад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21-феврал Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) аз кафши суратҳисоби бонкии ҳисоби бонкии раиси нави шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар Бонки Швейтсария хабар дод.

Ба иттилои таҳқиқгарони ин созмон, ҳисоби бонкӣ соли 2004 кушода шуда, то соли 2011 фаъол будааст. Дар он 8 миллиону 883 ҳазору 230 франки швейтсарӣ баробар ба 9 миллиону 641 ҳазору 458 доллари амрикоиро нигоҳ доштаанд. Аммо гуфта нашудааст, ки ин миқдори пули зиёд чӣ гуна ва аз кадом сарчашмаҳо ба даст омадааст.

Қосим Роҳбар соли 1994, дар 30-солагияш раиси собиқ ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва соли 1996 раиси вилояти Суғд таъйин шуда, то соли 2006 дар ин мақом кор кардааст. Баъди тарки ин мақом ӯ то соли 2008 роҳбарии ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар вилояти Суғдро бар уҳда дошт. Ӯ аз соли 2008 то 2015 ҳамчун вазири кишоварзӣ ва аз соли 2015 то 2022 раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон кор кардааст.

Зеленский: аз ҳамлаҳои Русияи ғосиб аз худ ва Ватан дифоъ кунед

0

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина субҳи 25-уми феврал дар як муроҷиатномаи видеоӣ аз шаҳрвандони кишвараш даъват кард, ки дифоъ аз худ ва Ватани худро аз ҳамлаҳои Русия идома диҳанд.

Ӯ аз Русия кишвари ғосиб ном бурда, шаҳрвандонашро барои ҳимояти кишвараш аз ҳамлаҳои низомӣ ташвиқ кард.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Украина, дар рӯзи аввали ҷанг бо Русия 137 нафар укроинӣ бо шумули ҳарбиён ва мардуми мулкӣ кушта шуда, дастикам 316 нафар захмӣ шудаанд. Ӯ гуфт, дар як воҳиди марзбонӣ дар вилояти Одесса ҳамаи афсарону аскарони он дар ҷанг бо низомиёни рус кушта шуданд. Зеленский ҳамаи кушташудаҳоро қаҳрамонони Украина номид ва гуфт ҳама ҳарбиёни кушташударо бо унвони “Қаҳрамони Украина” сарфароз мегардонад.

Дар ҳамин ҳол, вай афзуд, ки “Украина маҷбур аст, танҳо аз худ дифоъ кунад, Русия ба таҳримҳои нав мутақоид нашуд то ҷангро бас кунад ва ҷаҳон аз дур нигоҳашро идома медиҳад.”

Зеленский дар идома бо боварӣ гуфт, ки дер ё зуд Русия маҷбур мешавад бо Украина вориди муколама шавад ва ҳар қадар зудтар ин гуфтугӯ оғоз шавад, талафоти худи Русия ҳамон қадар камтар мешавад.

Президенти Украина бомбаборони маҳаллаҳои истиқоматии шаҳри Киевро ба соли 1941 монанд кард.

Ӯ дар поёни суханронии худ ба ҳамаи шаҳрвандони Русия бо забони русӣ муроҷиат намуда гуфт, ки  “Мо шуморо мебинем. Ин маънои онро дорад, ки шумо моро шунидаед ва ба мо бовар доред. Барои мо мубориза кунед, зидди ҷанг мубориза баред.”

Инчунин Зеленский дар Твиттераш навиштааст, ки Украина ба кумаки муассири байналмилалӣ ниёз дорад ва ӯ ба “Бухарестская девятка” дар бораи кумакҳои дифоъӣ, таҳримҳо ва фишор болои Русия муроҷиат кардааст. “Мо якҷоя бояд Русияро сари мизи музокира шинонем. Ба мо эътилофи зиддиҷанг лозим аст”, – гуфт раисҷумҳури Украина.

Аз субҳи барвақти 24-уми феврал артиши Русия бо фармони Путин ба қаламрави Украина ҳамла мекунад. Гузоришҳо дар бораи тирборон ва бомбаборон кардани шаҳрҳои бузурги Украина вуҷуд доранд. Дар Донбасс, дар наздикии Харков ва дар Шимоли Украина, даргириҳо идома доранд.

Дар наздикии Киев, дар самти шимолу ғарб низомиёни украинӣ се пулро тарконданд, то гузариши нерӯҳои Русияро боздоранд. Дар ин бора хабаргузории “Украинская правда” бо такя ба манобеи худ аз Ситоди кулли Украина хабар додааст.

Шаби ҷумъа ба воҳиди марзии “Приморский посад” дар вилояти Запороже ҳамлаи мушакӣ сурат гирифт. Хабаргузории “Интерфакс-Украина” бо истинод ба Хадамоти давлатии марзбонии Украина хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳамла марзбонон кушта ва захмӣ шудаанд.

Ҳамчунин СNN бо истинод аз манобеаш дар Пентагон хабар медиҳад, ки Русия то имрӯз 160 мушак ба Украина партоб кардааст.

Артиши Украина эълон кард, ки нирӯҳои украинӣ давоми рӯзи 24 феврал, рӯзи аввали набард ба зидди артиши Русия 30 тонк, 5 ҳавопаймо ва 6 чархболи артиши Русияро аз байн бурдаанд.

Русия дар бораи талафоти ҷонибҳо то ҳол хабари расмие надодааст, вале Алексей Арестович, яке мушовирони Дастгоҳи Президенти Украина дар бораи кушта шудани ҳудуди 450 нафар аз нерӯҳои Русия дар рӯзи аввали задухӯрдҳо хабар дод.

Қурби пули миллӣ-сомонӣ расман дар баробари рубли русӣ боло рафт

0

Бонки миллии Тоҷикистон расман қурби пули миллӣ-сомониро дар баробари рубли русӣ болор бурда, вале бонкҳои тиҷоратӣ онро нисбат ба як рӯзи пеш пойин бурданд.

Субҳи имрӯз, 25-уми феврали соли 2022 Бонки миллии Тоҷикистон расман қурби 1 рубли русиро 0,1330, яъне 1000 рубли русиро баробар ба 133 сомонӣ эълон кард.

Гуфта мешавад, дирӯз пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина якбора пули рубли русӣ дар баробари тамоми арзҳои хориҷӣ, аз он ҷумла пули миллӣ-сомонӣ низ суқут карда, вале то поёни рӯз Бонки миллии Тоҷикистон қурбли рубли русиро дар баробари пули миллӣ-сомонӣ бетағйир боқӣ гузошта буд.

Бо ин вуҷуд, бархе бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон, аз он ҷумла Амонатбонқ ва Эсхата бо суқути рулби русӣ дар биржаҳои арзи хориҷӣ қурби сомониро дар баробари рубли русӣ боло бурда, 1000 рубли русиро баробар 128 сомонӣ эълон карда буданд.

Аммо имрӯз ҳам биржаи арзҳои хориҷӣ ва ҳам бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон қурби рубли русиро дар баробари пули миллӣ-сомонӣ нисбат ба як рӯзи пеш каме боло бурда, 1000 рулби русиро баробар ба 133 ва 134 сомонӣ эълон кардаанд.

Қариб 90% аҳолии Тоҷикистон бар зидди COVID-19 воксин гирифтанд

0

Дар Тоҷикистон наздики 90 дарсади сокинони аз 18-сола боло бар зидди COVID-19 эм карда шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон то 23 феврали соли равон беш аз 5 миллион сокини аз 18-сола боло дар кишвар алайҳи вируси COVID-19 эм карда шудаанд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ 5 миллиону 8 ҳазору 284 нафар, яъне 89,4 дарсади аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ ваксин гузаронида шудаанд. Аммо вояи дуюми ваксинро 4 миллиону 288 ҳазору 826 нафар гирифтаанд, ки ин 76,6 дарсади аҳолии калонсоли ҷумҳуриро ташкил медиҳад. 315 хазору 476 кас такроран эм карда шуд.

Тибқи омори Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз оғози пандемия то имрӯз, шумори умумии мубталоён ба COVID-19 17388 нафарро ташкил дода, аз ин шумор 17252 бемор шифо ёфтаанд.

Аммо вазорат теъдоди фавтидагонро 124 нафар эълон кардааст, ки ба ин омор аксари корбарон ва фаъолон бовар надоранд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Валентина Матвиенко

0

Валентина Матвиенко бо супориши Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри миллат дар бораи ҳодисаҳои атрофи Украина огоҳ кард.

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот кард.

Ба навиштаи хабаргузории давлатии Русия “Тасс”, Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия зимни ин мулоқот паёми Владимир Путин, Раиси Федератсияи Русияро ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Рамҳон расонидааст.

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи муҳтавои ин паёми Президенти Русия ба ҳамтои тоҷикистониаш дар хусуси ҳодисаҳои атрофи Украина бо сароҳат чизе нагуфтаанд, аммо “Тасс” менависад, ки хонум Матвиенко Раҳмонро огоҳ кард.

Сомонаи Президенти Тоҷикистон бидуни овардани номи кишварҳои даргир қораи Аврупо ва оғози ҳамлаҳои маргбори Русия ба Украина танҳо дар ҷумлаи охири гузориши худ гуфтааст: “Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин доир ба авзои зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, афзоиши низоъҳо дар баъзе минтақаҳо, вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, табодули афкор сурат гирифт.”

Валентина Матвиенко пеш аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ ҳам мулоқот карда буд.

Гуфта мешавад, субҳи 24-уми феврали соли 2022 Русия ҳамлаҳои густурдаи низомии худро бар Украина оғоз кард ва то кунун ин ҳамлаҳо дар чанд ҷабҳа, аз он ҷумла ҷабҳаи низомӣ, иттилоотӣ ва гибридӣ идома доранд.

Ба гузориши Садои Олмон, мақомоти Украина теъдоди қурбониёни ин кишварро 137 нафар аз шаҳрвандони низомӣ ва мулкӣ эълон кардаанд ва инчунин гуфтаанд, ки дар ин набардҳо ҳудуди 800 низомии Русия низ кушта шудааст. Иттилое, ки то кунун мақомоти Русия онро таъйид ва ё такзиб накардаанд.