Хона блог саҳифа 512

Қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ боло рафт

0

Субҳи рӯзи 3-юми март қурби рубли русӣ дар баробари дигар арзҳои хориҷӣ, аз ҷумла пули миллӣ-сомонӣ низ пас аз як суқути камсобиқа дубора боло рафт.

Бонки марказии Русия бо як баробар зиёд кардани нархи баҳраи худ тавонист уфти наздик ба 30 дарсадии рубли русиро дар баробари дигар арзҳои хориҷӣ ва аз он ҷумла пули миллӣ-сомонӣ то андозае наҷот диҳад.

Пас аз эълони таҳримҳои кишварҳои Ғарб ба Русия қурби рубли русӣ рӯзи 28-уми феврали соли ҷорӣ то 30 дарсад дар биржаҳои арзҳо суқут карда буд, аммо Бонки марказии Русия ва Вазорати молия он кишвар вориди амал шуд.

Бонки марзӣ дар ҳоле баҳои ҳадди ақалли қарзҳоро 21,9 ва болотарини онро то 29,9  дарсад боло бурд, ки пеш аз он баҳои аз ҳама баланд то 21,7% буд. Вазорати молияи он кишвар низ аз тамоми сокинони Русия хост, ки пулҳои хориҷии худро бо рубли русӣ иваз кунанд. Ин ду иқдом боис шуд, ки пеши суқути бо суръати рубли русӣ гирифта шавад.

Бо ин вуҷуд, Боки миллии Тоҷикистон барои 1-уми марти соли ҷорӣ қурби 1 рубли русиро баробар ба 0,1128 сомонӣ, яъне 1000 рубли русӣ баробар ба 112 сомонӣ эълон кард.

Аммо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон, аз ҷумла Ориёнбанк, ки дирӯз қурби 1000 рубли русиро дар баробар 98 сомонӣ ба фурӯш гузошта буд, имрӯз дубора қурби рубли русиро боло бурда, хариди 1000 рубли русиро баробар 107 ва фурӯши онро ба 128 сомонӣ эълон кардааст.

Инчунин Алифбонк низ мутаносибан нархи рубли русиро нисбат ба як рӯзи пеш болотар бурда, хариди 1000 рубли русиро 111 сомониву 60 дирам ва фурӯши онро 136 сомонӣ пешниҳод кардааст. Аммо Бонки Эсхата хариди 1000 рубли русиро 111 сомониву 60 дирам ва фурӯшашро 127 сомонӣ эълон кардааст.

Сафорати ИМА ба ОМОН-и тоҷик Маркази таълимӣ сохт

0

Сафорати Амрико дар Душанбе бо харҷи 745 543 доллари амрикоӣ барои ОМОН-и Тоҷикистон маркази таълимии нав сохтааст.

Бино ба иттилои сафорати Амрико дар Душанбе, дар маросими супоридани лоиҳаи сохтмонии ОМОН, Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм ва муовини Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким ширкат карданд. Бинои маркази таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои утоқҳои корӣ, синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои хоб мебошад.

30-юми июли соли 2021 Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир таъмири посгоҳи сарҳадии “Тахти Сангин”-ро ба маблағи 570 000 доллар анҷом дода буд. Дар посгоҳи марзии “Даркад”-и вилояти Хатлон низ як тарҳи бозсозӣ оғоз шудаст, ки дар давоми як сол анҷом хоҳад ёфт.

Амрико яке аз бузургтарин кумакрасонҳои Тоҷикистон ба шумор рафта, тайи 30 сол ба кишвар ба маблағи беш аз 1 миллиарду 800 миллион доллар кумакҳои гуногун расонидааст.

Шойгу: Амалиёт дар Украина идома меёбад

0

Вазири дифои Русия Сергей Шойгу ба расонаҳо гуфтааст, ки амалиёти инизомии ин кишвар дар хоки Украина то таҳқиқи аҳдофашон идома меёбад.

Хабаргузории давлатии Русия “Тасс” ба нақл аз Вазири дифои ин кишвар хабар додааст, ки Сергей Шойгу гуфтааст: “Нерӯҳои мусаллаҳи Русия амалиёти низомии худро то расидан ба ҳадафҳои худ дар Украина идома медиҳад.”

Вазири дифои Русия дар бораи ҳадафҳои ҳуҷуми нерӯҳои русӣ ва ҳамлаҳои онҳо мегӯяд, ки қасди ишғоли Украинаро надоранд, ва таъкид мекунад, ки “муҳимтарин чиз барои мо муҳофизати Федератсияи Русия аз таҳдидҳои Ғарб аст, ки талош мекунад аз мардуми Украина дар мубориза алайҳи мо истифода кунад.”

Аммо амалан Русия Қрим, яке минтақаҳои аз лиҳози стротегӣ хели муҳими Украинаро дар соли 2014 ишғол кард ва дирӯз дар рафти музокироти ду кишвар барои расидан ба сулҳ ҳам таъкид карда, ки давлати Украина бояд ишғол ва пайвастани Қримро ба расмият бишносад. Русия шоми 21-уми феврали соли ҷорӣ Луганск ва Донетск, ду минтақаи ҷудоихоҳи Украинаро ба расмият шинохт ва соти 04:00 субҳи 24 феврали соли 2022 ҳамлаҳои худ ба Украинаро оғоз кард.

Гуфта мешавад, ҳуҷуми Русия ва ҳамлаҳои он тайи шаш рӯзи ахир аз се меҳвар, заминӣ, ҳавоӣ ва баҳрӣ ба бузургшаҳрҳои Украина, аз ҷумла пойтахти ин кишвар шаҳри Киев идома дорад. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо Украина хисороти зиёди ҷонӣ, молӣ ва модиеро мутаҳаммил шудааст.

Дар муқобил, Украина мегӯяд, бо тамоми тавон аз тамомияти арзӣ ва истиқлоли худ дар баробари таҷовузҳои Русия қотеъона ҳимоят мекунад. Инчунин давлати Уркаина аз дигар кишварҳои дунё хоста, ки бо он кумак кунанд ва ба ҳар василае, ки тавони онро доранд, бар зидди ин ишғолгариҳои нерӯҳои Русия муқобила кунанд.

Тоҷикистон $702,5 млн-и дигар қарзу грант ҷалб мекунад

0

Тоҷикистон қасд дорад дар соли ҷорӣ беш аз 702,5 миллион доллар қарз ва грант ҷалб кунад.

Вазорати молияи кишвар хабар дод, ки дар соли ҷорӣ ҷалби беш аз 7,9 миллиард сомонӣ (702,5 миллион доллар) қарзу грант аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида дар назар аст.

Беш аз 3,2 миллиард сомонӣ (286,8 миллион доллар) аз ин маблағҳо маблағҳои қарзӣ буда, ҳаҷми маблағҳои грантӣ беш аз 4,6 миллиард сомонӣ (415,6 миллион доллар) хоҳад буд.

Ба иддаои Вазорати молия, ин маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла нақлиёту коммуникатсия, энергетика, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дастгирии буҷет ва ғайра ҷалб карда мешаванд.

То оғози соли ҷорӣ қарзи хориҷии кишвар 3,2 миллиард долларро ташкил медод.

Тоҷикистон парвозҳо ба баъзе шаҳрҳои Русияро қатъ кард

0

Тоҷикистон ба далели вазъи ноором дар Украина парвозҳо ба бархе аз шаҳрҳои Русияро муваққатан катъ кард.

“РИА Новости” бо такя ба манбаи худ аз Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар дод, ки ин кишвар рӯзи душанбе ба далели авзоъ дар Украина парвозҳо ба бархе аз шаҳрҳои Русияро муваққатан қатъ кардааст.

“Бо қарори Ожонси федеролии ҳамлу нақли ҳавоии Русия кори 12 фурудгоҳ дар наздикии марз бо Украина муваққатан боз дошта шудааст. Тоҷикистон аз ин фурудгоҳҳо ба се фурудгоҳ парвози доимӣ анҷом медод. Инҳо Краснодар, Ростови лаби Дон ва Воронеж мебошанд. “, мегӯяд манбаи “РИА Новости”.

Гуфта мешавад, парвозҳое, ки ба шаҳрҳои Краснодар, Ростови лаби Дон ва Воронеж пешбинӣ шуда буданд, мумкин аст ба дигар фурудгоҳҳои Русия дар наздикии он сурат бигиранд.

Ба иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, қатъи парвозҳо муваққатӣ буда, то 2 март идома хоҳанд кард. “Пас аз ин муҳлат вазъиятро дида амал мекунем, зеро ин тадбирҳо барои таъмини амнияти парвозҳо ва мусофирон андешида шудаанд”, – мегӯяд манбаъ.

Кам шудани зиёда аз 2 ҳазор гектар замини кишоварзии обӣ дар як сол

0

Дар давоми як соли ахир дар Тоҷикистон 2 ҳазор 96 гектар аз заминҳои кишварзии обии Тоҷикистон кам шудааст.

Имрӯз, дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, таъкид гардид, “заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар муқоиса бо ҳисоботи солонаи замин ба ҳолати 1 январи соли 2021 майдони умумии 24 ҳазору 349 гектар, аз он 2 ҳазору 96 гектар обӣ кам шудааст.”

Хадамати матбуоти Президенти Тоҷикистон бо нашри як гузориш аз маҷлиси имрӯзаи Ҳукумат хабар дода, ки “дар ҷумҳурӣ дар истифодаи корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ 6 миллиону 953 ҳазору 866 гектар замин, аз он 682 ҳазору 828 гектар обӣ қарор дорад.”

Ин маҷлис бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои давлатӣ баргузор шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле дар бораи кам шудани заминҳои кишоварзии обӣ дар кишвар хабар медиҳад, ки дар хеле мавридҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бархе кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ ба заминфурӯшӣ муттаҳам мешаванд.

Гуфта мешавад, дар ду даҳсолаи ахир қисме аз заминҳои кишоварзии обиро агар кормандони давлатӣ фурухта бошанд, қисми дигарро бо сабабҳои дуруст аҳамият надодан ба соҳилмустаҳкамкунӣ, боронҳои пай дар пай ва селҳои ба вуҷудомада шуста бурданд.

Сомонаҳои хабарии Русия мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифтанд

0

Дар пайи ҳамлаи ҳакерии гурӯҳи “Anonymus” чанде аз сомонаҳои расонаҳои Русия масдуд шуданд.

Сомонаҳои русӣ, аз қабили “ТАСС”, “Коммерсант”, “Forbes”, “Такие Дела”, “Известия”, “Знак”, “РБК”, “Е1” ва ғайра ё дар браузерҳои муайян кушода намешаванд ва ё дар он бо забони русӣ аз русҳо даъват шудааст то ба муқобили амалҳои ғосибкоронаи Путин дар Украина садо баланд кунанд.

Вақти боз намудаи сомонаи хабаргузории “tass.ru” ин навиштаҳо пайдо мешавад: “Шаҳрвандони азиз. Аз шумо хоҳиш мекунем, ки ин девонагиро бас кунед, писарону шавҳарони худро ба марг нафиристед. Путин моро маҷбур дорад дурӯғ гӯем ва дар хатар мегузорад. Моро аз тамоми ҷаҳон ҷудо карданд, онҳо аз хариди нафту газ даст кашиданд. Пас аз чанд сол мо мисли Кореяи Шимолӣ зиндагӣ хоҳем кард. Ин барои мо чист? Путинро дар китобҳои дарсӣ ҷой кардан? Ин ҷанги мо нест, биёед онро бас кунем!”.

Дар идома навишта шудааст, ки “дар ҷанг бо Украина 5300 рус кушта шудааст ва ин бештар аз Ҷанги Якуми Чеченистон (1994-1996) аст”.

Дар охир аз номи рӯзноманигорони Русия гуфта шудааст, ки “Ин паём ҳазф мешавад ва баъзеи моро аз кор озод мекунанд ё ҳатто зиндон хоҳанд кард.  Вале мо дигар токат карда наметавонем.”

Дар баъзе нашрияҳо, аз ҷумла дар “Коммерсант”, “РБК” ва “Forbes” шикаста шудани сомонаҳояшонро тасдиқ кардаанд.

Гуфта мешавад, якчанд расонаҳои Беларус низ мавриди чунин ҳамла қарор гирифтанд.

Қаблан гурӯҳи ҳакерии “Anonymus” дар робита ба сар задани амалиёти ҷангӣ дар Украина алайҳи Русия ҷанги киберӣ эълон карда буд.

Ба мурофиаи Чоршанбе хабарнигорони Радиои Озодиро роҳ надоданд

0

Мурофиаи Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 28-уми феврал дар Боздоштгоҳи муваққатии ЯТ 9/1-и Вазорати адлия бе ҳузури рӯзноманигорон оғоз шуд.

Бино ба иттилои Радио Озодӣ, дар мурофиа вакилони мудофеъ ва хешовандони Чоршанбе иштирок доранд, аммо ба рӯзноманигорони ин расона барои иштирок дар мурофиа иҷозат дода нашудааст.

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, аввал бо талаби вакилони мудофеъ додрас иҷозат дод, ки хабарнигор вориди толори мурофиа шавад.

“Қариб ним соат мунтазир будем. Чоршанберо наоварда буданд, ки масъулини боздоштгоҳ гуфтанд, мурофиа ба соати 14 гузошта шуд. Моро аз бинои Боздоштгоҳ берун карда, гуфтанд, соати 13 биёед. Вақте дубора рафтем, масъулини Боздоштгоҳ дигар иҷозат надоданд, ки ба мурофиа ворид шавем,” – гуфт хабарнигори Радиои Озодӣ.

Наздикон ва вакилони Чоршанбе ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар ин мурофиа додситон ва ду нафар аз шоҳидон баромад кардаанд. Ба гуфтаи онҳо ин шоҳидон бар зидди Чоршанбиев гувоҳӣ додаанд.  

Қарор буд мурофиаи Чоршанбе Чоршанбиев дар рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии КДАМ пушти дарҳои баста баргузор гардад. Вакилони дифои ӯ аз додгоҳ хоста буданд, ки муҳокимаи ӯ на дар бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ, балки дар худи додгоҳ баргузор шавад. Аммо ин дархости онҳо аз ҷониби додгоҳи Исмоили Сомонӣ рад шуд.

Варзишгари шинохтаи тоҷик рӯзи 31-уми декабри соли 2021 аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе боздошт шуд. Мақомот ӯро бо иттиҳоми даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернет айбдор карданд. Ин моддаи Кодекси ҷиноии кишвар аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомро рад мекунанд.

СММ: оворагони ҷанги Украина ба 600 ҳазор нафар мерасад

0

Пеш аз ин ББС бо нашари як гузориш гуфта буд, Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон хабар дода, то кунун наздик ба 422 ҳазор нафар аз Украина ба дигар кишварҳо паноҳ бурда ва ҳудуди 100 ҳазор каси дигар ҳам дар дохили ин кишвар овора шудааст.

Ин ниҳоди СММ мегӯяд, гузоришҳоеро дар ҳоли баррасӣ қарор дода, ки тибқи онҳо дар Украина аз савор шудани мардум ба қатораҳо пешгирӣ карда мешавад.

Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон афродеро аз кишвар фирор мекунанд, ҳамчун паноҳанда мешиносад. Аксари паноҳандаҳои Украина занону кӯдакон ва мардони болои 60-сола ҳастанд. Давлати Украина ба мардони аз 16 то 60-сола иҷоза намедиҳад, ки аз кишвар хориҷ шаванд.

Дар минёнаи паноҳандаҳое, ки дар ин шабу рӯз Украинаро тарк мекунанд, садҳо нафар тоҷикистонӣ ва ҳазорҳо нафар аз шаҳрвандони дигар кишварҳо низ ҳузур доранд.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир Лаҳистону Словакия ва Руминияву Маҷористон кишварҳое мебошанд, ки бештарин паноҳандаҳои Украинаро дар ин чанд рӯзи ҷанг мизбонӣ мекунанд.