Хона блог саҳифа 514

Назарзода ва Партов вазифаҳои нав гирифтанд

0

24-уми феврали соли ҷорӣ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар сохторҳои роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Дар ин тағйиротҳо Ҳамидзода Бароталӣ Партов, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки аз моҳи сентябри соли 2020 инҷониб дар ин мақом кор мекард, аз вазифааш барканор шуда, ба ҷойи Назарзода Шариф Раҳмон ба вазифаи сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе таъин шудааст.

Худи Шариф Назарзода, ки аз соли 2017 ҳамчун сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе фаъолият мекард, аз мақомаш озод ва сардори РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шудааст. Хабари сардори РВКД дар ВМКБ таъйин шудани Назарзодаро як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” таъйид кардааст.

Инчунин дар мувофиқа бо Раҳмон дар раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Темурмалик ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, дар шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва сохторҳои марказии Вазорати корҳои дохилӣ низ ҷойивазкунӣ сурат гирифт.

НАТО: Мо бар зидди Русия намеҷангем, вале Украинаро кумак мекунем

0

Дабири кулли Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ – НАТО Йенс Столтенберг имрӯз 24-уми феврал пас аз нишасти изтирории аъзои ин эътилоф гуфт, ба Русия қасди ҳуҷум надоранд, вале ба Украина кумак хоҳанд кард.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг. Акс аз “president.gov.ua”

Дабири кулли НАТО афзуд, ки эъзоми нерӯҳои бештари НАТО ба кишварҳои Блоки Шарқ на ба хотири ворид кардани нерӯҳояш ба хоки Украина, балки ба хотири дифоъ аз кишварҳои узви ин эътилоф аст. Ӯ мегӯяд: “НАТО қасд надорад нерӯҳояшро вориди хоки Украина кунад, аммо омодааст ба ин кишвар кумакҳои низомӣ ва аслиҳотӣ кунад.”

Столтенберг аз Русия хост, ки ҳарчи зудтар нерӯҳояшро аз хоки Украина берун кунад ва роҳи дипломатиро пеш гирад. “Дар акси ҳол масъулияти тамоми хуни рехташуда дар Украина ба дӯши Русия хоҳад буд ва ин ҳуҷумро маҳкум мекунем.”, мегӯяд ӯ.

Бино ба гузориши шабакаи “Ал-Ҷазира“, ки нишасти матбуотии Дабири кулли НАТО-ро пӯшиш медод, Столтенберг гуфт, сар задани чунин ҷанг барои мо аз пеш маълум буд ва мо борҳо Русияро огоҳ карда будем, ки ба хоки Украина ҳуҷум накунад ва дар ҳолати ҳуҷум ба таҳримҳои шадид рӯ ба рӯ хоҳад шуд, аммо ӯ гуфтаҳои моро ба инобат нагирифт.

Ӯ дар хусуси суханронии Путин, ки гуфт, дар ҳолати дахолати ҳар кишваре посухи кӯбандае хоҳанд гирифт, мегӯяд, таҳдидҳои Русия моро маҷбур мекунад, ки қувваҳои худро дар Блоки Шарқӣ тақвият бахшем.

Натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 маълум шуд

0

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад. Рақибони Тоҷикистон, дастаҳои мунтахаби футболи Қирғизистон, Мянмар ва Сингапур хоҳанд буд.

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур имрӯз      24-уми феврал қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 баргузор гардид. Дар натиҷа шаш гурӯҳ иборат аз чор дастаӣ ташкил карда шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Қирғизистон, Мянмар ва Сингапур дар як гурӯҳ қарор гирифт. Бозиҳои Тоҷикистон дар як давр – рӯзҳои 8, 11 ва 14-уми июн дар Бишкек баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро бо бозӣ бо тими Мянмар, ки рӯзи 8-уми июн баргузор мешавад, оғоз мекунад. Пас аз се рӯз, 11-уми июн тими Тоҷикистон бо Сингапур ва дар даври ниҳоии сабқати интихобӣ  бо мизбонони гурӯҳ бо тими миллии Қирғизистон вомехӯрад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба даври баъдии Ҷоми Осиё-2023 11 даста – шаш ғолиби гурӯҳҳо, инчунин панҷ даста, ки бо натиҷаи беҳтарин ҷойҳои дуюмро гирифтанд, роҳ меёбанд.

Натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023:

Гурӯҳи “А”: Урдун, Кувайт (мизбон), Индонезия, Непал.

Гурӯҳи «В»: Фаластин, Филиппин, Яман, Муғулистон (мизбон).

Гурӯҳи C: Узбекистон (мизбон), Тайланд, Малдив, Шри-Ланка.

Гурӯҳи D: Ҳиндустон (мизбон), Ҳонконг, Афғонистон, Камбоҷа.

Гурӯҳи «Е»: Баҳрайн, Туркманистон, Малайзия (мизбон), Бангладеш.

Гурӯҳи F: Қирғизистон (мизбон), Тоҷикистон, Мянмар, Сингапур.

Болоравии камсобиқаи нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ

0

Нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба таври камсобиқа ба болотарин ҳади худ расида, қимати ҳар бушка нафти хом аз марз 102 доллари амрикоӣ убур кард.

Имрӯз, 24-уми феврал пас оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина якбора нархи нафти хом боло рафта, ки мисоли онро дар 7 соли гузашта бозорҳои ҷаҳонӣ таҷриба накарда буданд.

То замони таҳияи хабар, нархи 1 бушка нафти хоми навъи Brent ба қимати 102 доллару 9 сенти амрикоӣ ва баҳои 1 бушка нафти хоми навъи WTI бошад, бо нархи 100 доллару 38 сенти амрикоӣ ба фурӯш гузошта шуда буд.

Тайи се рӯзи ахир нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳамеша дар ҳоли тағйирёбӣ қарор дошта, барои мисол нархи бушка нафти хоми навъи Brent аз 97 як рӯзи пеш то 93 доллар пойин омада буд, аммо субҳи имрӯз пас оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина дар биржаҳои ҷаҳонии фурӯши нафт тағйири ҷиддие дар нархҳо ба вуҷуд омада, қимати он лаҳза ба лаҳза гаронтар мешавад.

Бархе коршиносон бар ин боваранд, ки агар ҳамлаҳои Русия ба Украина идома ёбанд, эҳтимол меравад, дар зарфи як ҳафтаи оянда нархри ҳар бушка нафти навъи Brent аз марзи 120 доллар амрикоӣ низ убур кунад. Қимате, ки дар 20 соли ахир биржаҳои ҷаҳонии фурӯши нафт онро таҷриба накарда буданд.

Гуфта мешавад, “Русия бузургтарин содиркунандаи газ ва дувумин содиркунандаи нафт дар ҷаҳон аст” ва ҳамагуна таҳаввулоте мусбат ва манфие, ки дар он кишвар сурат гирифта, ба фурӯши нафту газ рабт дошта бошад, билофосила таъсири он ба бозорҳои ҷаҳонӣ мерасад.

Инчунин таҷриба нишон дода, ки бо гаронтар шудани нархи нафт дар ҷаҳон дар қимати тамоми маҳсулоти ниёзҳои аввалияи мардум низ тағйирот ба вуҷуд омада, мардум дар кишварҳое, ки ба мисли Тоҷикистон вобастаи маҳсулоти воридотӣ ҳастанд, бештар зарар мебинанд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Боздошти як тоҷик дар Волгоград бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир

0

Дар ноҳияи Городишенски вилояти Волгогради Русия мақомоти интизомӣ мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошта, дар натиҷаи тафтиш аз мусофири дохили мошин бастаҳои маводи мухаддир дарёфт карданд.

Акс аз ВКД дар вилояти Волгоград

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Вазорати корҳои дохилии Русия гуфта, ки ронандаи 31-солаи мошин ва мусофири 34-солаи ҳамроҳи ӯ ҳарду шаҳрвандони Тоҷикистон буда, бо гумони фурӯш ва интиқоли маводди нашъадор боздошт шудаанд.

“Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз як мусофири мошини сабукрав, шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон бастаҳо бо маводи хокадор дарёфт карда шуд.”, омадааст дар хабар.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Волгоград, тадқиқоте, ки аз ҷониби коршиносони маркази криминалистии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Волгоград гузаронида шудааст, нишон дода, ки бастаҳои ёфташуда аз шаҳрванди Тоҷикистон, моддаи омехтаи нашъадорест, ки дар таркибаш метадон дорад. Вазни умумии хокаи мусодирашуда қариб 200 граммро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, боздоштшудагон ҳамчун боркаш (курер) фаъолият намуда, суфориш гирифтаанд, ки ин маводи мухаддирро ба Волгоград барои фурӯш бибаранд.

Ба иттилои пулиси Волгоград, айни ҳол гумонбарон дар боздошт қарор дошта, нисбати онҳо мутобиқи қисми 3-и моддаи 30 ва қисми 5-и моддаи 228.1 (Қасди фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир)-и Кодекси ҷиноии ФР парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти қазия идома дорад.

Қатъи фаъолияти ФҚХ “Истиқлол” дар Тоҷикистон

0

Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти Фонди қарзии хӯрд (ФҚХ) “Истиқлол”-ро дар кишвар қатъ кард.

Бонки миллии Тоҷикитсон сабаби қатъ кардани фаъолияти ин муассисаи молӣ дар кишварро шарҳ дода гуфтааст: “Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости ФҚХ “Истиқлол”-ро ҷиҳати бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрии ФҚХ “Истиқлол” қонеъ намуд.”

Бонки миллӣ таъкид мекунад, ки тибқи ин қарор, “Иҷозатномаи ФҚХ “Истиқлол” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз 14 ноябри соли 2012, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2012, №279 дода шудааст, бозхонд карда шуда, аз эътибор соқит дониста мешавад.”

Ҳамзамон Бонки миллӣ мақомоти ваколатдори ФҚХ “Истиқлол”-ро вазифадор карда, афзудааст, ки “комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳиро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.”

Гуфта мешавад, дар санадҳои Бонки миллӣ зикр шудааст, ки ФҚХ “Истиқлол” дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сабт шуда, директори он Раҳимов Ҳамид Сайфиддинович ва сармуҳосибаш Қурбонов Мирзоаюб Мирзоазизович мебошанд.

Пойин рафтани қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ

0

Бо оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина якуякбора қурби рубли русӣ дар баробари дигар арзҳои хориҷӣ, аз он ҷумла сомонӣ ба шиддат пойин рафтааст.

Ҳамзамон сомонаи “kurs.tj“, ки ахбори бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон пӯшиш медиҳад, бо нашри як ҷадвал мегӯяд, ки қурби 1000 рубли русӣ дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон аз 135 то 161 сомонӣ арзиш дорад. Аммо сомонаи “pokur.su” қурби рубли русиро дар баробари сомонӣ аз ин ҳам пойинтар нишон дода, менависад, ки 1000 рубли русӣ баробар 128 сомонӣ аст.

Гуфта мешавад, субҳи имрӯз 24-уми феврали соли 2022 пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина мақомоти Украина дар тамоми қаламрави худ ҳолати ҳарбӣ эълон карда, президент Зеленский аз мардум ва сокинони кишвараш хост, ки ба воҳимаҳо дода нашуда, то ҳадди имкон дар хона бимонанд.

Муроҷиати ВКХ ба тоҷикистониҳои муқими Украина

0

Субҳи имрӯз Вазорати корҳои хориҷии кишварамон аз шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Украина хост, ки бо таҳаммул бошанд ва “дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои фавриро қатъиян риоя намоянд”.

Дар ин муроҷиатномаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид шуда, шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Украина “то ҳадди имкон манзилҳояшонро тарк накунанд.”

Вазорати корҳои хориҷии кишвар меафзояд: “Дар сурати пайдо шудани мушкилот дар қаламрави Украина шаҳрвандони мо метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина аз рӯи хатти алоқаи доимии рақами +380933361040 муроҷиат кунанд.”

Гуфта мешавад, субҳи имрӯз 24-уми феврали соли 2022 пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина мақомоти Украина дар тамоми қаламрави он кишвар ҳолати ҳарбӣ эълон карда, президент Зеленский аз мардум ва сокинони кишвараш хост, ки ба воҳимаҳо дода нашуда, то ҳадди имкон дар хона бимонанд.

Ҷанг байни Русия ва Украина субҳи имрӯз оғоз шуд

0

Бомдоди рӯзи панҷшанбе 24-уми феврал амалиёти низомии Русия дар минтақаи Шарқ ва Шимолу Шарқи Украина пас аз фармони Владимир Путин оғоз шуд.

Субҳи имрӯз наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки аз инфиҷорҳо ва ҳуҷуми мушакии Русия бар шаҳрҳои Украина шаҳодат медиҳад. Гуфта мешавад, садои инфиҷорҳои шадид дар чанд шаҳр, аз ҷумла пойтахти Украина Киев шунида шудааст.

Хабаргузории “Интерфакс” аз шунида шудани тирандозӣ дар наздикии фурӯдгоҳи Киев низ гузориш додааст. То ҳол аз шумори гуфта ва захмӣ шудагон омори дақиқ нест.

Пас аз оғози ҳамлаҳои низомии Русия ба Украина президенти ин кишвар Владимир Зеленски дар кишвараш вазъи ҳарбӣ эълон када, аз шаҳрвандонаш хоста, ки ҳама дар хонаҳояшон бошанд. Ӯ инчунин тамоми парвозҳои ғайри низомиро бекор кард.

Қабл аз оғози амалиёт раисҷумҳури Русия дар паёмаш гуфт: “Мутобиқи моддаи 51 қисми 7 Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, бо иҷозати Шӯрои Федератсия Русия ва бо риояи шартномаҳои дӯстӣ ва кӯмаки мутақобила, ки аз ҷониби Маҷлиси федералӣ 22 феврали соли ҷорӣ бо Ҷумҳурии Халқии Донетск ва Ҷумҳурии Халқии Луганск тасмим гирифтам, ки амалиёти махсуси низомӣ гузаронам.”

Путин иддао дорад, ки ин амалиёти ӯ дифоъ аз худ ва барои пешгирӣ аз таҳдидҳои бузургтаре аст. Аммо Амрико ва сарони кишварҳои арврупоӣ ин амалиёти низомии Русияро ҳуҷум ба хоки Украина дониста, аз Путин хостанд, фавран амалиётро қатъ кунад.

Кишварҳои узви СПАД аз иқдоми Русия пуштибонӣ накарднд

0

Ҳеҷ яке аз муттаҳидони Русия дар Созмони паймони аҳдномаи дастаҷамъӣ (СПАД) аз ба расмият шинохтани Русия истиқлоли Луганск ва Донетск расман пуштибонӣ накардаанд.

Кишварҳои узви СПАД, ки Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон шомили онанд, дар бар мегирад, аз эътирофи пуштибонӣ накарданд. Илова бар ин, кишварҳои Туркия ва Чин низ эътирофи онро рад карданд. vesma.today

Ба навиштаи “vesma.today” Вазорати хориҷаи Беларус расман пуштибонии худро аз иқдоми ахири Русия эълон накардааст, аммо гуфта, ки ба иқдоми эътирофи истиқлоли минтақаҳои ҷудоихоҳаз ҷониби Русия “бо дарку эҳтиром” менигарад, аммо ҷонибдори ҳалли мусолиматомези низоъ аст.

Мухтор Тлеубердӣ, муовини нахуствазир ва вазири хориҷаи Қазоқистон рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт, чунин масъала (эътирофи ҷумҳуриҳои Луганск ва Донетс) имрӯз дар рӯзномаи маҷлис нест.

То ҳол кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон низ хомӯшанд ва дар ин марвид вокунише накардаанд.

Гуфта мешавад, имрӯз дар парлумони Арманистон ҳарфҳое дар мавриди эътирофи ин думҳурӣ шунида шудааст. “Яке аз вакилон пешниҳод кард, ки масъалаи ба расмият шинохтани истиқлолияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск дида шавад”, аммо то ҳол расман чизе гуфта нашудааст.

Ҳамчунин Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфт, эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои худхонда аз ҷониби Русия қобили қабул нест.

Вазорати хориҷии Чин низ бар ин назар аст, ки бо эътирофи Русия ба истиқлоли ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳ вазъ дар минтақа мутшанниҷ хоҳад шуд ва барои пешгирии он бояд талош кард. “Пас аз ба расмият шинохтани Русия ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, ҷилавгирӣ аз авҷ гирифтани низоъ ниҳоят муҳим аст.”, – мегӯяд, намояндаи Вазорати хориҷии Чин Ван Вэнбин.

Ба гуфтаи дипломати чинӣ, мавқеи Чин дар масъалаи Украина бетағйир боқӣ мемонад. “Мо боварӣ дорем, ки ҳама ихтилофот бояд бо роҳи мусолиматомез мувофиқи Оинномаи СММ ҳал карда шаванд”, мегӯяд ӯ.