Хона блог саҳифа 515

27 варзишгари тоҷик ба Қаҳрамонии бокси Осиё ба Урдун мераванд

0

Дар шаҳри Уммони Урдун аз 27-уми феврал то 15-уми марти соли ҷорӣ Қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасону ҷавонон баргузор мешавад.

Дар ин қаҳрамонӣ 27 варзишгари тоҷик, ки дар байнашон 5 духтар низ ҳаст, дар вазнҳои аз 46 кг то 92 кг бо ҳарифони худ қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Парвиз Ахмедов, Носирҷон Азимов, Ҷамшед Султонов, Мамадҷон Сулаймонов, Саидхоҷа Маъмуров, Тоирҷон Аглухов, Масрур Шобеков, Муродхон Аскаров, Хуршед Абдуллоев ва директори иҷроияи Федератсияи бокси Тоҷикистон Комрон Файзов ҳамроҳӣ мекунанд.

Муҳорибаҳо рӯзи 2-юми март оғоз шуда, давраҳои финалӣ дар рӯзҳои 13 ва 14-уми март ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин мусобиқа дар миёни ҷавонон аз духтару писар 51 қаҳрамон ва миёни наврасон низ 51 қаҳрамон муайян карда мешавад.

Украина аз Ғарб хост таҳримҳо алайҳи Русияро бештар кунад

0

Дар пайи ба расмият шинохтани Русия истиқлоли ду минтақа, Луганск ва Донетск, Украина аз Ғарб ва кишварҳои ҷаҳон хост, ки таҳримҳо алайҳи Русияро шиддат бахшанд.

Акс аз “РИА Новости”

Ин дар ҳолест, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе дар вокуниш ба иқдоми Путин эълом дошт, алайҳи ду бонки Русия ва шахсони пурнуфзи ин кишвар ҳамроҳи хонаводаҳояшон таҳрим ҷорӣ кардааст.

Ҳамчунин Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ эълом кард, ки Аврупо бастаи таҳримҳо алайҳи Русияро ҷорӣ кадааст. Аз ҷумла 351 узви Маҷлиси Думаи давлатии Русия, ки барои ба расмият шинохтани ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Луганск ва Донетск раъйи мусбат доданд ва боз 27 фард ва ниҳодҳои мухталифи Русия шомили ин таҳримҳо шудаанд.

Ҳамзамон ба таври ҷудогона кишварҳои Аврупоӣ таҳримҳои алоҳидаи худро алайҳи Русия эълом кардаанд. Садри аъзами Олмон Олаф Шолтс гуфт, кишвараш дар вокуниш ба иқдоми Русия кори хати лулаи гази “Nord Stream2”-ро, ки ҳадафаш интиқоли бештари гази Русия ба Олмон буд, мутаваққиф кардааст.

Дар баробари ин Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон рӯзи сешанбе гуфт, кишвари ӯ низ дар пайи иқдомоти ахири Русия 5 бонк ва алайҳи 3 миллардери ин кишвар, ки ба Кремл равобити наздик доранд, таҳрим ҷорӣ кард.

Аммо Маскав мегӯяд, аз чунин ранг гирифтани вазъият хуб огоҳ буданд ва ин таҳримҳо бар бозори ҷаҳонӣ ва мардуми худи Амрико таъсири манфӣ мерасонад, аммо сиёсати хориҷии Русияро тағйир намедиҳад.

Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи 21-уми феврал Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Луганск ва Донетск дар шарқи Украинаро ба расмият шинохт.

Дар пайи ин иқдоми Русия Президенти Украина Владимир Зеленски ин онро ҳамла ба тамомияти арзии худ хонд ва ҷамъе аз давлатҳои Аврупо ва кишварҳои узви НАТО низ ҳамбастагии худро бо Укроин эълом карданд.

Украина аз шаҳрвандонаш хост ба Русия нараванд

0

Вазорати корҳои хории Украина аз шаҳрвандони ин кишвар хоста, ки аз ҳар гуна сафар ба Русия худдорӣ кунанд ва онҳое, ки дар хоки Русия ҳастанд, фавран қаламрави он кишварро тарк кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Украина бо нашри як баёния ба расмият шинохтани Ҷумҳурии мардуми Луганск ва Ҷумҳурии мардумии Донетск, ду минтақаи ҷудоихоҳон дар шарқи он кишварро таҷовузи “Русия алайҳи Украина” хонда, гуфтааст, ки ин амр метавонад боиси маҳдудиятҳои ҷиддии расонидани кумакҳои консулӣ дар Федератсияи Русия шавад.”

Вазорати корҳои хориҷии Украина ба шаҳрвандони худ таъкид карда гуфтааст: “нодида гирифтани ин тавсияҳо таъмини ҳифзи дурусти шаҳрвандони Украина дар Федератсияи Русияро хеле мушкилтар мекунад.”

Пеш аз ин Украина эълон карда буд, ки масъалаи қатъи равобити дипломатӣ бо Русияро баррасӣ мекунад, аммо дишаб Влдамири Путин дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки Русия қасди қатъи равобити дипломатӣ бо Украинаро надорад.

Аммо ин бо ҳол, ҳамоно набардҳои иттилоотӣ ҳар ду кишвар ва шарикони онҳо идома дорад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо, ки Украинаро дар блоки худ дидан мехоҳанд, тайи ду рӯзи ахир таҳримҳои ҷадидеро алайҳи Русия эълон кардаанд.

Шоми рӯзи 21-уми феврал Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Луганск ва Донетск дар шарқи Украинаро ба расмият шинохт.

Дар пайи ин иқдоми Русия Президенти Украина Владимир Зеленски ин иқдомро ҳамла ба тамомияти арзии худ хонд ва ҷамъе аз давлатҳои Аврупо ва кишварҳои узви НАТО низ ҳамбастагии худро бо Укроин эълом карданд.

Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ, ки собиқ кишварҳои Шӯравӣ ва алъон ҳам зери чатри Русия қарор доранд, ҳар чанд Укроинро шарики худ медонанд, вале то кунун дар бораи ин иқдоми Русия расман вокуниш накардаанд.

Мулоқоти Раҳмон бо намояндагони порлумони Аврупо

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 22-юми феврали соли ҷорӣ дар Қасри Миллат дар Душанбе бо ҳайати порлумони Аврупо таҳти сарварии Девид Макаллистер мулоқот намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, дар ин дидор масоили тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Урупо, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои калидии равобити сиёсиву иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуда, ҳамчунин доир ба истифодаи имкониятҳои васеъ барои ҳамкориҳои судманд дар бахшҳои гуногуни тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ табодули афкор намуда, ҳамчунин масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 ва Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” баррасӣ намуданд.

Дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони порлумони Аврупо вазъи кунунии Афғонистонро баррасӣ намуда, масъалаҳои муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ баррасӣ гардида, идомаи шарикии ҷонибҳо дар чорчӯбаи барномаҳои БОМКА ва КАДАП зарур шумурда шуд.

Мулоқоти намояндагони порлумони Аврупо бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле сурат мегирад, ки вазъи ҳукуқи башар дар Тоҷикистон хеле бад арзёбӣ шуда, мақомот фишор болои мухолифон, боздоштҳои худсарона, шиканҷаи зиндониён ва фишор болои мардуми Бадахшонро рӯзҳои охир бештар кардааст. Дар ин маврид дар мулоқоти ҷонибҳо гуфта шудааст ё не, чизе дастрасӣ расонаҳо нест.

Артиши миллии Тоҷикистон 29-сола шуд

0

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷашни солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор шуд.

Имрӯз, 23-юми феврали соли 2022 боҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарони дигар ниҳодҳои қудратӣ дар пойтахт ҷашни солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор шуд.

23-юми феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар замони истиқлолияти давлатӣ бори аввал паради ҳарбии худро гузаронида буданд.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар ин маросими ҷашнӣ корнамоиҳо ва дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва дигар ходимони низомӣ ва интизомии кишварро таърифу тавсиф карда, гуфт: “Дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ 2800 нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои шуҷоату ҷасорат ва хизмати содиқона бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.”

Ба қавли Президенти Тоҷикистон: “То имрӯз мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷ аз кишвар зиёда аз 24 ҳазор нафар мутахассисони низомиро омода кардем ва ҳоло 8 ҳазор нафар ҷавонони мо дар чунин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд.”

Эмомалӣ Раҳмон вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосирро мураккаб зудтағйирёбанда арзёбӣ карда, таъкид кард: “Дар шароити таҳаввулоти имрӯза, дар баробари омодабошии баланди ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъалаҳои вобаста ба ташкили босифати чорабиниҳои сафарбарӣ ва омодагии сохторҳои мудофиаи ҳудудӣ бояд таҳти таваҷҷуҳи доимӣ ва ҷиддии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дода шаванд.”

Вокуниш ба эътирофи ҶДМ ва ҶМЛ дар ҷаҳон

0

Имрӯз, 22-юми феврал Владимер

Колаж аз Регнюм

Шоми дирӯз, 21-уми феврали соли 2022 раиси ҷумҳури Русия Владимер Путин бо имзои ду санад ҷумҳуриҳои худхондаи Луганск ва Донетск, минтақаҳои ҷудоихоҳон шарқи Укроинро ба расмият шинохт.

Путин ба дунболи ба расмият шинохтани ин минтақаи ҷудоихоҳони Укроин аз нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш хост, ки барои таъмини сулҳу оромӣ ба ҳар ду минтақа нерӯҳои “посдори сулҳ”-и Русияро эъзом кунанд.

Ин иқдоми Русия аз тарафи мақомоти расмӣ дар Укроин ва шарикони он дар Ғарб, бахусус кишварҳои узви НАТО ва муттаҳидони онҳо бо вокунишҳои баъзан тунд ва мухталиф рӯбарӯ шуд.

Аз ҷониби дигар Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҳам бо ташкили як ҷаласаи фаврӣ ин иқдоми Русияро маҳкум карда, гуфта, ки Путин “Созишномаи Минск”, қонунҳои байналмилалӣ, ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Укроинро зери по кардааст.

Аз сӯи дигар Президенти Амрико низ субҳи имрӯз 22-юми феврал бо имзои як санад Ҷумҳурии мардумии Луганск ва Донетск, ҳар минтақаи ҷудоихоҳонои Укроинро таҳрик намуда, таъкид кардааст, ки ҳеч шаҳрванди амрикоӣ ҳаққи сармоягузорӣ карданро дар он ду минтақа надорад ва ҳар касе ҳам бо он ду ҳамкорӣ кунад, зери таҳрим қарор гирифта, дороиҳояш дар ИМА ба ҳасб гирифта мешаванд.

Ҳамзамон кишварҳои Бритониё ва Фаронсаву Олмон дар Иттиҳоди Аврупо таҳдид кардаанд, ки бояд алайҳи Русия барои иқдомҳояш таҳримҳои сахтареро ҷорӣ кард.

Кишварҳои Аврупо дар таъмини энержии мавриди ниёзҳои худ, бахусус гази табиӣ ба Русия вобастгии сахте доранд, ба ин хотир ҳар замоне Иттиҳоди Аврупо ба ҷорӣ кардани таҳримҳое алайҳи Русия иқдом кунад, Маскав дарҳол ба таҳдид гузашта, дар таъмин ва нархи гази содиротиаш ба Аврупо таҷдиди назар мекунад. Ин амр боис мешавад, ки Иттиҳоди Аврупо дар хеле мавридҳо аз ташдиди танишҳои иқтисодӣ ҷилавгирӣ карда, аз шиддати таҳримҳои худ бикоҳад.

Бо ин ҳол масъулони Иттиҳоди Аврупо дирӯз эълон карда буданд, ки ба дунболи таъминкунандаҳои бо эътимоди газ ҳастанд ва дар замистони оянда кишварҳои аврупоӣ аз вобастагии Русия дар таъмини газ раҳо хоҳанд ёфт.

Аз ҷамъи кишварҳои исломӣ вокуниши сареъ ва нисбатан “тунд”-и Туркия, ки нисбат ба дигар кишварҳои узви НАТО робитае хубе ҳам бо Русия дорад, дар робита ба ин иқдоми Путин хеле аз русзабоноҳоро ба гунае ғофилгир карда, ки онро ҳамчун “ханҷар аз пушт” унвон карданд.

Тукрия дар ин хусус бо сароҳат эълон кард: “Қарори Федератсияи Русия дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои ба истилоҳ Донетск ва Луҳанск, илова бар хилофи Созишномаи Минск, нақзи ошкори ваҳдати сиёсӣ ва тамомияти арзии Украинаро ташкил медиҳад. Қарори Федератсияи Русия ғайри қобили қабул аст ва мо онро рад мекунем.”

Ҳамзамон Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон Саид Хатибзода, ки дар ин бора бо эҳтиёт суҳбат мекард, гуфта ” мо бо ҳассосият мавзӯъҳои муртабит бо ин қазияро пайгирӣ мекунем. Ҷумҳурии исломии Эрон тамоми тарафҳоро ба хештандорӣ даъват ва муътақид аст бояд аз ҳар гуна иқдоме, ки ба ташдиди танишҳо мунҷар шавад, иҷтиноб кард.”

Гуфта мешавад, Раисҷумҳури Русия пеш аз имзои санади ба расмият шинохтани ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳ бо сарони баъзе аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ва Раисҷумҳури Фаронса Эмануэл Макрон телефонӣ суҳбат карда, аз ин иқдомаш онҳоро огоҳ кардааст.

Дар пайи ин иқдоми Русия Президенти Украина Владимир Зеленски ин онро ҳамла ба тамомияти арзии худ хонд ва ҷамъе аз давлатҳои Аврупо ва кишварҳои узви НАТО низ ҳамбастагии худро бо Укроин эълом карданд.

Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ, ки собиқ кишварҳои Шӯравӣ ва алъон ҳам зери чатри Русия қарор доранд, ҳар чанд Укроинро шарики худ медонанд, вале то кунун дар бораи ин иқдоми Русия расман вокуниш накардаанд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

БОР барои рушди Тоҷикистон $500 млн ҷудо мекунад

0

Бонки осиёии рушд (БОР) дар давоми се соли оянда (2022-2024) ба Тоҷикистон 465 миллион доллар барои амалӣ намудани лоиҳаҳо ҷудо мекунад. Дар ин бора Шенни Кэмпбелл, раиси дафтари Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, БОР нақша дорад дар соли 2022 барои иҷрои панҷ лоиҳа 190 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. Ин маблағҳо дар асоси грант ҷудо карда мешаванд ва лоиҳаҳо бахшҳое аз қабили энергетика, нақлиёт, бахши молиявӣ, тағирёбии иқлим (офати табиӣ) ва таъмини об дар шаҳри Душанберо дар бар мегиранд.

Шенни Кэмпбелл ҳамчунин зикр кард, ки соли гузашта Бонки осиёии рушд ду лоиҳаро барои харидории ваксинаҳо бар зидди COVID-19 ва татбиқи лоиҳаи обёрӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон маблағгузорӣ кардааст.

Раиси БОР дар Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки “Тоҷикистон пас аз пандемия рушди баланди иқтисодӣ нишон дод. Аммо ин афзоиш ҷойҳои нави корӣ эҷод намекунад. Аз ин рӯ, лоиҳаҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ нигаронида шудаанд. Махсусан, лоиҳа дар соҳаи маориф (Омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ) на танҳо барои омода сохтани мутахассисоне, ки дар хориҷа кор карда тавонанд, балки ба омода кардани мутахассисон барои бозори дохилӣ низ нигаронида шудааст”.

Тоҷикистон аз соли 1998 бо БОР ҳамкорӣ дорад. Дар муддати 23 сол БОР бузургтарин шарики бисёрҷонибаи рушд барои Тоҷикистон гардид. Дар ин муддат БОР ба Тоҷикистон беш аз 2,1 миллиард доллари ИМА, аз ҷумла беш аз 1,6 млрд $ ИМА дар шакли грантҳо ҷудо намудааст.

Путин ҷумҳуриҳои Луганск ва Донетскро ба расмият шинохт

0

Шоми рӯзи 21-уми феврал Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Луганск ва Донетск дар шарқи Украинаро ба расмият шинохт.

Акс аз “РИА Новости”

Пас аз ба арсмият шинохтани ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳ аз Украина Путин бо онҳо тавофуқоти ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодӣ ва низомиро ба имзо расонд. Дар пайи ин амалкарди Путин Ғарб ва Амрико фавран вокуниш нишон дода, аз ҷорӣ намудани таҳримҳои иқтисодии бузург алайи Русия хабар доданд.  

Гуфта мешавад, Раисҷумҳури Русия пеш аз имзои санади ба расмият шинохтани ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳ бо сарони баъзе аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ва Раисҷумҳури Фаронса Эмануэл Макрон телефонӣ суҳбат карда, аз ин иқдомаш онҳоро огоҳ кардааст.

Дар пайи ин иқдоми Русия Президенти Украина Владимир Зеленски ин онро ҳамла ба тамомияти арзии худ хонд ва ҷамъе аз давлатҳои Аврупо ва кишварҳои узви НАТО низ ҳамбастагии худро бо Укроин эълом карданд.

Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ, ки собиқ кишварҳои Шӯравӣ ва алъон ҳам зери чатри Русия қарор доранд, ҳар чанд Укроинро шарики худ медонанд, вале то кунун дар бораи ин иқдоми Русия расман вокуниш накардаанд.

Валентина Мативиенко ба Душанбе сафар мекунад

0

Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар раъси як ҳайъат озими Тоҷикистон мешавад.

Акс аз сомонаи РИА новости

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, ки дар назар аст, рӯзҳои 24-25 феврали соли ҷорӣ Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ба Душанбе сафар кунад.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни мулоқот бо муовинони Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Константин Косачев ва Николай Журавлёв сафари қарибулвуқӯи Валентина Матвиенкоро баррасӣ карда, “изҳори боварӣ шуд, ки ин сафар ба таҳкими муносибатҳои ду кишвар дар тамоми самтҳои муҳими ҳамкорӣ такони нав хоҳад бахшид.”

Гуфтанист, сафари Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия хонум Валентина Матвиенко ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки дирӯз Владимер Путин, Президенти Русия ду ҷумҳурии хундхондаи ҷудошуда аз Укроинро ба расмият шинохт ва аз Вазорати мудофиаи кишвараш хост, ки ба хотири таъмини сулҳу оромӣ нирӯҳои “посдори сулҳ”-ро ба он ҷо фиристанд.

Таркиш дар ноҳияи Қубодиён ҷони як нафарро гирифт

0

Холиёр Нурматови 41-сола, ки бар асари таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён захмӣ шуда буд, дар бемористон даргузаштааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеи худ дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки 21-уми феврали соли ҷорӣ “дар натиҷаи таркиши зарфи нигоҳдории гази моеъ” дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Ориёи нафт” дар кӯчаи И.Сомонии ноҳияи Қубодиён таркиш рух дод.

Бар асари таркиш 14 нафар ҷароҳат бардошта, 7 мошин зарар дида, 2 чорвои калон талаф ёфтанд.

То имрӯз аз миёни захмиён 6 нафар ба хона ҷавоб дода шуда, 7 нафар дар беморхона таҳти назорати табибон қарор доранд ва 1 нафар, Холиёри 41-сола аз дуён даргузашт.

Инчунин Вазорати тандурустии кишвар хабар дод, ки Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, табобати қурбониёни таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиёнро таҳти назорати шахсӣ гирифтааст.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфта, ки сабабҳо ва омилони таркишро муайян ва хисороти расида ҳисоб карда мешавад.