Имрӯз, 20-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба водии Рашт рафт. Қарор аст ӯ аз ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикободу Лахш боздид кунад. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президент хабар дод.
Акс аз Хадамоти матбуоти Президент
Ҳадафи сафар барои иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли кишвар, ифтитоҳи як қатор иншоот, шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинони ноҳияҳои мазкур гуфта мешавад.
Президент сафари худро аз ноҳияи Сангвор оғоз намуда, дар қадами аввал бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ифтитоҳ кад.
Раҳмон дар суҳбат бо мардуми ин ниҳоя аз дастовардҳои 30 соли Истиқлоли кишвар ёдовар шуда, афзуд, ки барои таъмини рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сангвор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 914 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Раҳмон дар идома афзуда, маблағҳое, ки дар соҳаи сохтмони ноҳия соли 2020 ҷудо шудааст, аз маблағи ҷудошудаи соли 1991 6,5 баробар зиёд аст. “Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба соҳаи сохтмон қариб 100 миллион сомониро ташкил дода, танҳо дар соли 2020-ум ба ин мақсад 9 миллион сомонӣ равона шудааст.
Сомонаи Президент шоми 16-уми сентябр сайру гашти раҳбарони давлатҳо ва аъзои (СҲШ)-ро аз барномаи “Шоми дӯстӣ” дар бустонсарои Президент мунташир кард.
Чизе, ки диққати корбарони шабакаҳои иҷтиморо ҷалб кард ва ба он вокуниш нишон доданд, ин нақшу нигорҳое буд, ки бо меваҳои мухталиф оро ёфта буд.
Дар аксҳо дида мешавад, ки аз меваҳои ангуру себ ва дигар меваҷот қулла ва ё дигар навиштаҷотҳоро наққошӣ кардаанд.
Корбарон дар вокуниш ба ин аксҳо менависанд, ки дар бозор як кило себ ҳоло беш аз 30 сомонӣ арзиш дорад ва дигар меваҳо хеле гарон аст, ки аксар сокинони кишвар аз харидани он оҷизанд.
Тибқи оморҳо танҳо худи кишвари Чин 20 дарсади содироти меваи ҷаҳониро таъмин мекунад. Покистон низ яке аз кишварҳоест, ки дар рӯйхати содиркунандагони мева дар баробари кишварҳои пешрафта қарор дорад. Ҳатто кишварҳои ҳамсоя дар содироти мева аз Тоҷикистон пешсафанд.
Аммо мунтақидони ҳукумати Раҳмон ороиши даҳҳо тонна меваро дар бӯстонсарои Президент як саҳнасозие беш намедонанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, агар меваҳо дар намоиш нею дар бозор бароварда шаванд, шояд нарху навои бозор каме ҳам бошад ба эътидол дароварда шавад.
Коршиносон сабаби ба намоиш гузоштани меваҳо аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмонро дар надошти истеҳсол ва дастовардҳои муҳим медонанд. Ба гуфтаи онҳо Эмомалӣ Раҳмон давоми 30 соли ҳукуматдорияш натавониста ба ҷуз намоиш додани мева ва саҳнасозӣ дигар чизе ба намоиш гузорад.
Аммо ин хабар то ҳол ҷойи дигаре тасдиқ ё рад нашудааст ва маълум нест, ки кадом кишваре хостори иштироки Толибон дар ин нашастҳо буда аст.
Аз ҷониби дигар Амруллоҳ Солеҳ, муовини президенти пешини Афғонистон, ки худро иҷракунандаи президенти ин кишвар эълон карда буд, айни ҳол дар Тоҷикистон ҳузур дорад, вале дар Душанбе ӯро низ ба нишастҳои СПАД ва СҲШ роҳ надодаанд.
Афғонистон дар Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ба ҳайси узви нозир солҳост, ки дар нишастҳои ин ду созмон ширкат мекард, аммо имсол пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва сари қудрат омадани Толибон дар Кобул акнун вазъият тағйир карда, кишварҳо бар асоси манофеи худ равобиташонро бо Толибон муайян мекунанд.
Толибон аз 15-уми август Афғонистонро зери тасаллути худ дароварда, ҳукумати муваққати худро бо ҳузури беш аз 90% аъзои онро намояндагони як қавм-паштунҳо ташкил медиҳад ва Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардааст, ки ҳукумати ҳамашумул бо ҳузури тоҷикони Афғонистонро ба расмият мешиносад, на ҳукуматеро, ки дар он ақаллиятҳо ҳузур надошта бошанд.