6.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 54

Афзоиши ихроҷи муҳоҷирони Афғонитсон аз Тоҷикистон

0
CREATOR: gd-jpeg v1.0 (using IJG JPEG v62), quality = 100

Мақомоти Тоҷикистон дар давоми камтар аз як моҳ наздики ҳазор муҳоҷири шаҳрвандони Афғонистонро ихроҷ кардааст.

Тавре Созмони байналмилалии Муҳоҷират хабар медиҳад, мақомоти Тоҷикистон аз 17-уми июл то 10-уми августи соли ҷорӣ 976 муҳоҷири афғонистониро аз кишвар рондаанд. Ба иттилои Радиои Озодӣ, ин созмон вуруду хуруҷи шаҳрвандон аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва баръаксро аз тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён – Бандари Шерхон ҳисоб мекунад.

Ба иттилои СБМ, рафтуомад дар марзи Тоҷикистону Афғонистон идома дорад, дар давоми 25 рӯзи охир 687 нафар аз тариқи гузаргоҳи Бандари Шерхон аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаштаанд. Манбаъ мегӯяд, “беш аз нисфи ин афрод барои ҷустуҷӯйи кор ба Тоҷикистон омаданд”. Боқимонда барои рафтан ба кишвари дигар ё хабаргирии хешовандон дар Тоҷикистон сафар кардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон чанде пеш барои муҳоҷирони Афғонистон 15 рӯз муҳлат дода буданд, ки хоки кишварро ихтиёран тарк кунанд. Ин муҳлат 21-уми июли соли ҷорӣ ба охир расид. Омори СБМ низ нишон медиҳда, ки ихроҷи муҳоҷирони Афғонистон аз Тоҷикистон баъд аз ин муҳлат афзоиш ёфтааст.

Мақомоти Тоҷикистон ба сурати расмӣ дар бораи ихроҷи иҷбории муҳоҷирони Афғонистон аз Тоҷикистон ба расонаҳо иттилоъ надодаанд, аммо даҳҳо нафар аз ин паноҳҷӯён ба расонаҳо гуфтанд, ки бо вуҷуди он ки асноди будубош доранд, вале мақомоти Тоҷикистон ба онҳо муҳлат дода буданд, ки дар муддати 15 рӯз хоки Тоҷикистонро тарк кунанд.

Пеш аз ин, хабаргузории Олмон бо нашри як гузориш гуфта буд, ки мақомоти Тоҷикистон раванди кофтукоби хона ба хона, боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони Афғонистонро ҳанӯз шаш моҳ пеш оғоз карда буданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аввали моҳи август дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ихроҷшудаҳо иқомати қонунӣ доштанд ва дар аснодашон мушкиле набуд, вале “қонунро шикастанд, ғайриқонунӣ шуданд”.

Ба назари коршиносон, раванди ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ аз Тоҷикистон бештар ба дасти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати дохилии кишвар сурат мегирад, ки дар аксар ҳолат ин ироҷкуниҳо на ба қонун, балки ба мизоҷ ва ҳолати худи кормандони мақомот марбут мешавад.

Оғози сохти роҳи оҳани барқӣ дар Тоҷикистон

0

Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба барқӣ кардани роҳҳои оҳани хатсайри “Ваҳдат – Пахтаобод”-ро оғоз кардааст.

Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки истифодаи локомотивҳои барқӣ имкон медиҳад хароҷоти корӣ коҳиш ёбад, самаранокии истифодаи захираҳо афзояд ва мусофирон шароити беҳтари сафар дошта бошанд.

Хатсайри “Ваҳдат – Пахтаобод” шаҳри Ваҳдатро, ки дар 20 километр шарқи Душанбе ҷойгир аст, ба пойтахт ва баъдан ба шабакаи роҳи оҳани Узбекистон тавассути шаҳраки Пахтаобод мепайвандад.

Масофаи умумӣ 62 километр буда, қатораи шаҳрӣ ҳар рӯз байни истгоҳи Душанбе-I ва Пахтаобод бо 15 истгоҳи миёна ҳаракат мекунад ва масирро тақрибан як соат мепаймояд. Ин хатсайр барои сокинони пойтахт ва минтақаҳои наздисоҳилӣ хеле муфид аст.

Вазир ҳамчунин афзуд, ки дар оянда нақша аст қитъаи “Конибодом – Бекабод”, ки дар қисмати ғарбии марзи Суғди Тоҷикистон бо Узбекистон ҷойгир аст, низ электрификатсия карда шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде пеш дар ҳошияи ҷаласаи 82-юми Шӯрои маъмуриятҳои роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ, Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори генералии Роҳи оҳани Русия ва раиси Шӯрои нақлиёти роҳи оҳан Олег Белозеров мулоқот анҷом дода буд.

Ҷонибҳо дар ин мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба дар бахши нақлиёти роҳи оҳан, аз ҷумла рушди инфрасохтор, баланд бардоштани самаранокии ҳамлу нақли бору мусофирон ва ҳамкориҳои шабакаҳои минтақавиро баррасӣ карданд.

Дар ҳоле тадбирҳои модернизатсия ва беҳбуди хидматрасонии роҳи оҳан рӯи даст гирифта шудаанд, ки расонаҳои кишвар ва мусофирон борҳо нисбати бад будани шароити роҳҳо, куҳнаву фарсуда будани зерсохтор ва норасоии инфрасохтори замонавӣ изҳори нигаронӣ ва интиқод кардаанд.

Навҷавон аз дохили мошин беш аз 2 ҳазор долларро дуздид

0

Пулиси шаҳри Душанбе як навҷавони 17-солаи сокини ноҳияи Аштро бо гумони дуздии беш аз 2 ҳазор доллар дар ҳудуди ноҳияи Варзоб боздошт кард.

Мақомоти пулиси Душанбе мегӯяд, боздошти ин навҷавон бар асоси шикояти як сокини 60-солаи шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, марди 60-солаи сокини шаҳри Душанбе ба пулис хабар додааст, ки рӯзи 10 августи соли 2025 аз дохили мошини шахсиаш, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чорбоғ гузошта шуда буд, 2 ҳазору 350 доллари амрикоӣ дуздида шудааст.

Гуфта мешавад, пас аз анҷоми чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ин ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Ашт ҳамчун гумонбар дастги шудааст. Ҳоло тафтишот оид ба ин қазия идома дорад.

Аз хабарҳое, ки сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ нашр мекунад, маълум аст, ки ҷиноятҳои дузди миёни ҷавонон зиёд шудааст. Коршиносон мегӯянд, ки дур мондан аз тарбия ва назорати оилавӣ яке аз омилҳои аслии чунин амалҳост. Ба гуфтаи онҳо, қисми муайяне аз ҷавонон зери таъсири муҳити носолим ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, роҳи осон ба даст овардани пулро дар дуздиву қаллобӣ мебинанд.

Аммо гурӯҳи дигаре аз таҳлилгарон бар онанд, ки вазъи бади иқтисодӣ ва норасоии ҷойҳои кор, бахусус барои ҷавонон сабаби афзоиши чунин ҷиноятҳо дар ҷомеа гаштааст. Афзоиши нархи маҳсулоти рӯзгор, мушкили дастрасӣ ба маоши муносиб ва набудани имкониятҳои рушди шахсӣ бисёре аз ҷавононро ба роҳи ҷиноят мебарад.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки барои пешгирии чунин ҳолатҳо зарур аст, ки ҳам дар сатҳи оила ва ҳам дар сатҳи давлатӣ чораҳои ҷиддӣ андешида шавад, аз ташкили барномаҳои таълимиву маърифатӣ то фароҳам овардани ҷойҳои кори доимӣ ва муҳити солим барои наврасону ҷавонон роҳандозӣ шавад.

Маҳдудияти нав дар Санкт-Петербург барои муҳоҷирон

0

Губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов фармоне содир кард, ки фаъолияти шаҳрвандони хориҷиро дар бахши хаткашонӣ маҳдуд мекунад.

Тавре расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, ин тасмим бо ҳадафи мубориза бо шуғли ғайрирасмӣ, баланд бардоштани сатҳи амният ва сифати хидматрасонӣ, ҳамчунин фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандони Русия, бахусус ҷавонон ва донишҷӯён гирифта шудааст.

Мақомоти Санкт-Петербург изҳор медоранд, ки чунин иқдом ба бозори хидматрасонии интиқоли хӯрока (достава) таъсири ҷиддӣ нахоҳад расонд. Зеро, тибқи омор, ҳиссаи кормандони хориҷӣ дар ин бахш чандон зиёд нест.

Бо вуҷуди ин, таҳлилгарон мегӯянд, ки ин маҳдудият метавонад имкониятҳои шуғлии муҳоҷиронро боз ҳам маҳдуд созад. Қабл аз ин, бо қабули қарорҳое муҳоҷирони корӣ дар Санкт-Петербург то охири соли ҷорӣ аз ҳаққи ронандагии таксӣ маҳрум шуда буданд.

Мушкилот барои муҳоҷирон, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия сол ба сол бештар мешавад. Онҳо на танҳо бо маҳдудиятҳои корӣ, балки бо санҷишҳои сахттари ҳуҷҷатҳо, гаронии иҷора ва афзоиши хароҷоти зиндагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Бархе аз муҳоҷирон мегӯянд, ки бо чунин вазъ идома додани фаъолияти корӣ ва таъмин намудани оилаҳои худ дар Тоҷикистон ҳар рӯз мушкилтар мегардад.

Ва ин аст, ки ҳоло аксари муҳоҷирони тоҷик барои пайдо кардани шароити беҳтари корӣ дар фикри сафар ба кишварҳои аврупоӣ, Амрико ва Корея шудаанд.

Машқҳои муштараки низомӣ байни Покистону Тоҷикистон

0

Байни нерӯҳои артиши Покистону Тоҷикистон бо ҳадафи мубориза бо терроризм машқҳои муштараки низомӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои расонаҳои кишвар, ин машқҳои муштараки низомӣ байни ду кишвар дар гарнизони Хатлон дар майдони омӯзишии “Фахробод” таҳти унвони “Дӯстӣ-2025” баргузор шуд.

Дар ин машқҳо тақрибан сад низомӣ, аз ҷумла воҳидҳои таъиноти махсус, қисмҳои десантӣ-штурмӣ ва нерӯҳои заминӣ, ҳунару маҳоратои худро дар мубориза бо терроризм ба намоиш гузоштанд.

Гуфта мешавад, дар барномаи машқҳо истифодаи аслиҳаи муосир, муҳимот ва таҷҳизоти пешрафтаи низомӣ истифода шудааст. Омодагии ҷисмӣ ва равонии иштирокчиён дар шароити кӯҳӣ ва муҳитҳои мураккаб санҷида шуд, ки ба боло бурдани ҳамоҳангсозӣ ва таҷрибаи амалӣ миёни ҳарду кишвар мусоидат намуд.

Ин машқҳо на танҳо майдони омӯзиши ҳарбӣ, балки рамзи ҳамкории наздик ва робитаҳои дӯстонаи ду давлат дониста шудааст. Дар поёни чорабинӣ фаъолон бо медалҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Бояд гуфт, ки машқҳои низомии Тоҷикистон одатан бо кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор мешаванд. Ҳамкорӣ бо кишваре чун Покистон дар чунин тамринҳо хеле кам рух медиҳад ва бештар хусусияти рамзӣ дорад.

Трампу Путин дар гуфтугӯи рӯ ба рӯ аз чӣ хоҳанд гуфт?

0

Қарор аст 15-уми августи соли ҷорӣ раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кунанд.

Тавре худи Трамп дар шабакаи иҷтимоии “Truth” хабар дод, ин мулоқот рӯзи ҷумъаи оянда дар вилояти Аляскаи Амрико ба нақша гирифта шудааст.

Трамп рӯзи душанбе, 11-уми август дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин мулоқотро ба хотири поён додани ҷанги Русия ва Украина роҳандозӣ кардааст ва талош мекунад қабл аз мулоқот бо Зеленский, раисҷумҳури Украина ва раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, бо Путин мулоқот кунад.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки барои поён додани ҷанг миёни Украина ва Русия, ҳарду кишвар бояд бахше аз хоки худро ба якдигар вогузор кунанд. Трамп мегӯяд, дидораш бо Путин фурсате барои санҷиши омодагии Путин барои расидан ба тавофуқ хоҳад буд.

Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин афзуд, ки агар ин дидори қарибулвуқуи ӯ бо Путин самаранок анҷом ёбад, дидор ва музокироти баъдӣ ба сурати сеҷониба бо ҳузури Зеленский низ сурат хоҳад гирифт.

Путин 7-уми август дар як изҳороте гуфт, ки барои ҳузури Зеленский дар ин мулоқот “ҳеч мухолифате” надорад, аммо “барои ин бояд шароити муайян фароҳам шавад”. Президенти Русия афзуд, ки то фароҳам шудани чунин шароит “то ҳол, мутаассифона, роҳи зиёд боқӣ мондааст”.

Аммо Трамп мегӯяд: “Ҳангоми мулоқот бо Путин шояд дар давоми ду дақиаи аввал дақиқ хоҳам кард, ки созишномаи сулҳ миёни Украина ва Русия сурат мегирад ё на”.

Ин мулоқотро Маскав ҳам тасдиқ кардааст ва мавзуи аслии ин гуфтугӯи раисҷумҳуронро тавофуқ сари оташбас ва поён додани ҷанг миёни Русия ва Украина медонад.

Ба назари коршиносон, дар ин мулоқот Маскав талош хоҳад кард, ки то ҳадди имкон имтиёзҳои ҳарчи бештари ба даст биёрад ва дастовардҳои худ, аз ҷумла заминҳои ба даст овардаашро ба хоки худ расман шомил кунад.

Шикояти узви “Фронти халқӣ” аз мансабдорон

0

Як сокини шаҳри Кӯлоб бо нашри наворе мегӯяд, ба хотири Ватан ҷонфидоиҳо кардааст, вале имрӯз масъулон ӯро нодида мегиранд.

Ин сокини шаҳри Кӯлоб, ки худро собиқ узви “Фронти халқӣ” ва иштирокчии ҷангҳои дохиӣ муаррифӣ мекунад, мегӯяд, аз соли 1983 дар маҳаллаи “Нонбойи Поён” зиндагӣ мекунад, вале ҳоло зиндагӣ дар хонааш ба хотири зулми мансабдоре ба танг омадааст.

Ба гуфтаи ин мард, Хидиров Қурбон раиси автоколонаи 29-27 шаҳри Душанбе вогзали канори манзили ӯро харидорӣ намуда, роҳро бастааст ва талаб дорад, ки дари хонаашро аз дигар самт боз кунад.

Ин шаҳрванди Кӯлоб мегӯяд, роҳ надорад ва имкони дигаркунӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, соли 2009 ба як фармони афви Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хонаи худро ба мағоза табдил додааст, то фарзандонаш ба муҳоҷират нараванд ва дар дохили кишвар кор кунанд. 

Ӯ афзудааст: “Аз вақте ки Қурбон Хидиров ин вогзалро харидааст, оромӣ надорам. На хонаамро мехарад, на мегузорад осуда зиндагӣ кунам. Ман иштирокчии ҷангҳои дохилӣ ва даъватшудаи ҷанги Ворух бо Қирғизистон ҳастам. Барои Ватан ҷонамро медиҳам, вале Ватан моро хору зор кард”.

Гуфта мешавад, Хидиров Қурбон дар ҷавоб ба шикоятҳои ӯ гуфтааст: “Ман ин вогзалро 500 ҳазор доллар харидаам, ту ҳақ надорӣ дар ин ҷо рафтуомад кунӣ”.

Ба назари мунтақидон, фасоди густарда дар бахши иҷораи моликияти давлатӣ, хусусан дар ниҳодҳои додгоҳӣ ва сохторҳои қудратӣ, инчунин мустақил набудани онҳо, боис шудааст, ки шаҳрвандон аз ноумедӣ мустақиман ба Президент Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ муроҷиат кунанд ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ видео паҳн намоянд, то ба додашон расида шавад.

Шикоят ба Рустами Эмомалӣ аз болои Шоҳрух Саидзода

0

Бархе аз сокинони кишвар аз зулму бедодгарии масъулону мансабдорон маҷбур мешаванд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикояташонро оммавӣ кунанд.

Як сокини кишвар бо интишори навори видеоие ба шаҳрдори шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, писари калонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат карда мегӯяд, биное, ки ӯ бо фарзандонаш дар он зиндагӣ мекунад, болои сарашон чаппа мекунанд.

Вай мегӯяд, бо вуҷуди шикоятҳо, касе ба додаш намерасад ва дар посух ба ӯ мегӯянд, ки ин корро бар асоси қарори шаҳр анҷом медиҳанд ва замин ба Шоҳрух Саидзода тааллуқ дорад. Вай дар идома илова мекунад: “Ба ҳар ҷое муроҷиат мекунам, бо воситаи (тағабозӣ) корро ба фоидаи худ ҳал мекунанд”.

Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ба Вазорати корҳои дохилӣ низ муроҷиат кардааст, аммо бенатиҷа. Ин ҷабрдида, ки зан аст, дар охир аз Рустами Эмомалӣ мехоҳад ба шикояти ӯ расидагӣ кунад ва пеши роҳи золимонро бигирад.

Замон ва макони сабти ин навори видеоӣ дақиқ маълум нест. Аммо ин бори аввал нест, ки сокинон аз чунин мушкилот шикоят мекунанд. Борҳо шаҳрдорӣ дар ҳолатҳои тахриби хонаҳо бо муқовимати сокинон рӯ ба рӯ шудааст. Сокинон сабаби мухолифати худро пешниҳоди маблағи ночиз бар ивази хонаҳояшон медонанд.

Бар асоси ин навори видеоӣ, замини ин бино ба Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе тааллуқ дорад. Бояд гуфт, ки Шоҳрух Саидзодаро аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе медонанд.

Чанд ҳолати ғарқшавӣ дар дарёи Вахш

0

Дар Тобистони имсола мутаассифона, чанде аз кӯдакону ноболиғон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш ва дигар дарёҳову кӯлҳо ғарқ шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд ҳолати ғарқшавӣ ва дар натиҷа ба ҳалокат расидани шаҳрвандон дар ду моҳи охир, махсусан дар дарёи Вахш хабар додааст.

Аз ҷумла, ин ниҳод меяд, 22-уми июни соли 2025, соати 16:00 шаҳрванд Камолов Бахтиёр Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш ғарқ шудааст.

31-уми июли соли 2025, тақрибан соати 17:30, ду сокини деҳаи Л. Шералии ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Сарбанди шаҳри Левакант, аз беэҳтиётӣ ғарқ шудаанд.

Ҳамчунин, 5-уми августи соли 2025, як писарбачаи 11-солаи сокини деҳаи Вахшруди ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми оббозӣ дар канали “ПИКТ-25”-и Вахш, аз беназоратии волидайн ғарқ шудааст.

Аз чор нафар ғарқшуда, ҷустуҷӯи ҷасади ду нафари дигар то ҳол идома дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, аксарияти ҳодисаҳои ғарқшавӣ, ки бар асари он шаҳрвандон ба ҳалокат мерасанд, дар натиҷаи надонистани қоидаҳои шиноварӣ рух медиҳанд.

Коршиносон яке аз сабабҳои зиёд шудани ғарқшавии шаҳрвандонро, ки аксарияташонро кӯдакон ташкил медиҳанд, зиёд будани рӯдхонаҳо ва кӯлҳо дар кишвар ва набудани шароити хуб барои оббозӣ, ба монанди маконҳои махсуси шиноварӣ медонанд. Ба бовари онҳо, ҳукумат метавонад ҳадди аққал бо ташкил кардани ҷойҳои махсус дар лаби рӯдхонаҳо ва кӯлҳо барои оббозӣ ва ҳузури ҳайати наҷотдиҳандаҳо шароити хубро барои оббозии сокинон, махсусан кӯдакон таъмин кунад.

Кушта шудани 6 рӯзноманигор дар як ҳамлаи Исроил ба Ғазза

0

Рӯзи якшанбе, 10-уми август дар як ҳамлаи Исроил ба хаймаи рӯзноманигорон се рӯзноманигор ва се наворбардори аҳли Ғазза кушта шуданд.

Анас Шариф ва Муҳаммад Қурайқеъ ҳамроҳ бо наворбарононашон, ки барои шабакаи маъруфи “Ал-Ҷазира” хабару гузориш медоданд ва вазъи асафбору мушкилоти тоқатфарсои мардуми Ғаззаро ба ҷаҳониён мерасонданд, дар ин ҳамла ҷон бохтанд.

Ба иттилои расонаҳо, ин ҳамла рӯзи якшанбе ба як хаймае, ки рӯзноманигорон онҷо мезистанд ва аз онҷо барои омода кардани гузоришҳо омодагӣ медиданд, ҳамла сурта гирифт. Артиши Исроил низ пас аз ҳамла масъулияти куштани Анас Шариф ва ҳамроҳонашро ба дӯш гирифтааст.

Аксари кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқибашар ин ҳамлаи Исроилро маҳкум карданд. Аз ҷумла, раҳбари Иттиҳоди рӯзноманигорони Британия дар як мусоҳиба бо “Ал-Ҷазира” куштани рӯзноманигоронро маҳкум карда, гуфт, ки “қатли рӯзноманигорон дар Ғазза талош барои пӯшиши ҳақатҳо аст. Ва ин амали Исроил ҷомеаи ҷаҳониро водор мекунад, ки барои ворид кардани рӯзноманигорони хориҷӣ ба Ғазза талош кунад”.

Бунёди “Рӯзноманигорони бидуни марз” низ дар як изҳорот бо маҳкум кардани ҳамлаи дирӯзаи Исроил аз Амрико ва Иттиҳоди Аврупо хоста, ки барои пешгирӣ аз қатли рӯзноманигорон ва ворид кардани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза талош кунанд ва вазифаи инсонии худро анҷом диҳанд.

Комиссиёри олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо нашри изҳороте гуфтааст: “Кушта шудани 6 рӯзноманигори фаластиниро дар Ғазза маҳкум мекунем ва ин ҳамларо нақси ошкори қонунҳои инсонии байналмилалӣ медонем”.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Қатар дар як изҳороти тундлаҳн гуфта, ки “Ҳадафмандона куштани рӯзноманигорон ҷиноятҳоеро, ки Исроил дар Ғазза анҷом медиҳад, намепӯшонад”. Ин ниҳоди қатарӣ афзуда, ки ҳадф қарор додани рӯзноманигорон дар Ғазза аз ҷониби Исроил баёнгари аҷзу нотавонии ҷомеаи байналмилаӣ барои поён додани фоҷеаҳоест, ки дар тасаввур намеғунҷад.

Вазорати корҳои хориҷии Олмон низ дар як баёнияе қатли рӯзноманигоронро дар Ғазза маҳукм карда, хостори муҷозоти масъулон ва омилони ин ҳамла шудааст.

Тавре расонаҳо иттилоъ медиҳанд, пас аз ҳамлаи дирӯзаи Исроил шумори рӯзноманигорони кушташуда дар Ғазза бо шумули ин 6 рӯзноманигор ба 238 нафар расид.