Хона блог саҳифа 541

Шарҳи мақомоти тоҷик баъд аз ду рӯзи ҳодисаи тирпарронӣ дар марз

0

Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баъд аз гузашти тақрибан ду рӯзи ҳодисаҳои тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон қазияро расман шарҳ дод.

Акс аз Интернет

Хабаргузории “Ховар” бо такя маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ аз се ҳолати убури ғайриқонунӣ ва тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод.

Бино маълумоти манбаъ, “22 декабри соли 2021, тахминан соати 13:50, дар мавзеи деҳаи Чашмаи ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон, мошини тамғаи “Опел” бо рақами давлатии Қирғизистон 50-49 D ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардид. Муайян карда шуд, ки дар мошин 4 нафар марзбонони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон қарор доштаанд.”

Гуфта мешавад, баъд аз суҳбат бо нафарони дохили мошинбуда маълум гардид, ки сарҳадбонони қирғиз убури ғайриқонунии марзро бо дастури сардорони худ анҷом додаанд.

Аммо хабаргузориҳои қирғизӣ то дирӯз дар гузоришҳои худ дар ин маврид чизе нагуфта буданд.

Инчунин нерӯҳои марзбонии кишвар қазияи мошини боркашро низ шарҳ дода чунин менависад:

“Инчунин 22 декабри соли 2021, тахминан соати 14:10, дар маҳаллаи шаҳраки Хистеварзи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон далели убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби мошини тамғаи КАМАЗ бо рақами давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон сабт гардид. Тавре маълум шуд, мошини сӯзишворӣ ба як шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ дорад.”

Марзбонии тоҷик мегӯяд, барои нигоҳ доштани мошини боркаши вайронкунандаи қоида марзбонони Тоҷикистон ишораи боздошт кардаанд. Аммо ронанда ба талаби марзбонони тоҷик эътибор надода, суръати мошинро афзоиш дода, хостааст марзбононро пахш кунад.

Аммо шарҳи мақомти Қирғизистон дар мавриди ин ҳодиса фарқ мекунад, дар он марзбонони тоҷикро гунаҳкор карданд, ки гӯё онҳо ба қаламрави Қирғизистон ворид гашта, мехостаанд мошинро маҷбуран ба марзи Тоҷикистон ворид созанд ва ин ронандаи он тавониста худро аз дасти марзбонон раҳо кунад.

Қушунҳои сарҳадии кишвар дар шарҳи қазияи тирандозӣ ба хонаи як сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ менависад, ки тир аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон аз нуқтаи аҳолинишини Майскийи ин кишвар парронда шудааст.

Коршиносони тоҷик мақомти марзбонии кишварро ба он айбдор мекунанд, ки дар аксар мавридҳо шарҳи чунин ҳодисаҳо дарҳол аз ҷониби Кумитаи марзбонии Қирғизистон шарҳу тавзеҳ мешавад ва тамоми расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз он ҳамчун манбаъ истифода мекунанд, аммо мақомоти тоҷик баъд аз гузашти чанд рӯз ҳодисаҳоро шарҳ медиҳанд, ки аллакай ҳама бо версияи қирғизӣ бовар кардаанд. Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо Нерӯҳои марзбонии тоҷик қазияҳоро бидуни шарҳ боқӣ мегузорад, ки дар зеҳни мардум суолҳои зиёдеро эҷод мекунад.

Тоҷикистон аз Эрон нафт хариданист?

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз мулоқоти сафири кишварамон бо вазири нафти Эрон дар Теҳрон хабар додааст.

Сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, ки 21-уми декабри соли 2021 дар Теҳрон “мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмад Асадзода баргузор гардид.”

Бино ба иттилои манбаъ: “Дар мулоқот масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳо байни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар дар самтҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷударо барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.”

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории ИЛНО-и Эрон хабар дода, ки дирӯз нахустини нишасти Коммисия муштараки Эрон ва Тоҷикистон дар ду баст аз тариқи онлайн сурат гирифт ва дар баробари масоили дигари рӯзномаи корӣ ҳамкориҳои дар бахши “нафт, газ, барқ ва энержӣ” ҳам мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ҳамзамон сафири Эрон дар Тоҷикистон дар сафҳаи твиттериаш гуфтааст: “Дар дидор бо Муҳаммад Боқир Қолибоф, раиси Шӯрои исломӣ дар хусуси густариши ҳамкориҳои ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаи парлумонӣ ва дигар заминаҳо табодули назар сурат гирифт ва бар омодагии Маҷлиси Шӯрои исломӣ барои тақвияти ҳамкориҳо таъкид кард.”

Дар замоне, ки Тоҷикистон нафтро аз Русия бо қимати гаронтар аз бозори нафти Эрон ворид мекунад ва як литр фаровардаҳои нафтӣ бо қимати зиёда аз 10 сомонӣ ба мардум фурӯхта мешавад, Тоҷикистон метавонад бо нархи арзонтар нафтро аз Эрон ворид кунад ва сарбории иҷтимоии мардумро камтар кунад.

Гуфтанист, Эрон зери таҳримҳои Амрико қарор дорад ва ҳар кас ҷуръат намекунад, ки аз ин кишвар нафт бихарад, аммо бархе ҳамсояҳои Эрон ва Чин бо баҳои камтар аз бозори ҷаҳонӣ аз Эрон нафт мехаранд. Эрон ҳам дар ин авохир бо назардошти буҳронҳои молии ҷаҳонӣ ва буҳронҳои молии пасокуруноӣ нафташро натанҳо бо пул, балки дар ивази молу колоҳое ҳам мефурӯшад.

Мурофиаи додгоҳии қазияи Ҳувайдои 5-сола ба таъхир гузошта шуд

0

Мурофиаи додгоҳии қазияи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола, ки 22-юми декабр баргузор гардид, мебоист охирин мурофиаи додгоҳӣ бошад, вале боз ба 29-уми декабр гузошта шуд.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ин мурофиа 4 соат идома кард, вале бенатиҷа анҷом ёфт, чун мисли мурофиаҳои қаблӣ аз ҷониби ҳимоятгари гумонбар ҳар гуна баҳонаҳо пеш оварда мешуд. Саидов гуфт, ҳар баҳонае, ки ҷониби гумонбар пеш меоварданд, ҳимоятгари хонаводаашон баҳонаҳои онҳоро бо далелҳо шарҳ медод ва рад мекард.

Дар ин мурофиа барои ҳимояти оилаи Саидов шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия омада буданд ва умед буд охирин мурофиаи додгоҳӣ мешавад.

Гуфтанист, ҳамсари Саидов ҳам аз Тоҷикистон ба Русия рафтааст ва мунтазири охирин ҷаласаи додгоҳӣ ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳувайдои хурдсол 22 июли соли 2018 бераҳмона кушта шуд. Ӯ аввал аз ҳавлии як хона дар ноҳияи Серпухови шаҳри Маскав дуздида шуд ва пас аз як рӯз ҷасадаш аз дохили як халтаи варзишӣ пайдо гардид. Санҷиши судӣ нишон дод, ки Ҳувайдои хурдсол аввал таҷовуз шуда ва сипас бо корд кушта шудааст.

Дар ин қазия як сокини 28-солаи маҳаллӣ Александр Семин бо гумони даст доштан дар қатли ин кӯдак боздошт гардид.

Дар манзили ӯ муфаттишон изи пойафзоли духтар ва изи ангушти ӯро пайдо карданд. Тибқи яке аз фарзияҳо, гумонбари куштор духтарро ҳангоми бозиаш дар ҳавлӣ бо додани бозича ҷалб карда, сипас ӯро рабудааст.

Ҷасади Ҳувайдоро рӯзи 25 июли соли 2018 ба Тоҷикистон оварданд ва дар зодгоҳаш дар шаҳри Кӯлоб дафн карданд.

Душанбе: Шиносоӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони таҳқири духтар дар мактаб

0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст, писароне, ки дар мактаб чанд тухмеро дар сари духтар шикаста буданд, шиносоӣ ва волидони онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳодисаи шикастани тухмҳо ва рехтани “кейчуп” тавассути чор писар аз хонандагони мактаби №55 ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар дохили синфхона сурат гирифта буд, “аз ҷониби Раёсати  Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар шаҳри Душанбе мавриди таҳқиқу баррасӣ ва чораандешӣ қарор дода шуд.”

Ба гуфтаи ӯ: “Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур санаи 20 декбари соли ҷорӣ, дар дохили яке аз синфхонаҳои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе содир гардида, шахсияти иштирокчиёни навор муайян ва бо ҳамроҳии масъулини муассисаи номбурда, ҳамзамон волидайни хонандагон ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.”

Сухангӯи Вазорати маориф меафзояд: “Дар доираи санҷиш муайян карда шуд, ки 4 нафар писарон-хонандагони синфи 11 «А»-и МТМУ №55 аз назди муассиса тухм харидорӣ намуда, бо мақсади ба таври «шӯхиомез» табрик намудани зодрӯзи ҳамсинфашон тухмҳоро ба сари духтар зада шикастаанд.”  

Вазорат мегӯяд, бо назардошти ноболиғ будани иштирокчиёни ҳодиса аз онҳо ном бурда намешавад, вале тиқби талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаҳои маъмурӣ тартиб ва барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шуд.”

Навори ҳодисаи таҳқири духтар тавассути ҳамсинфонаш нахуст ду рӯз пеш аввал дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва сипас расонаҳоро онро пайгирӣ карданд.

Пойгоҳи хабарии Бомдод, ки ин ҳодисаро таҳқиқ кардааст, ба нақл аз модари духтар гуфтааст, ки шикастани тухмҳо ва рехтани кейчуп ба сари духтараш “як анъана” байни ҳамсинфонаш будааст, ки дар рӯзҳои зодрӯзи ҳамдигар чунин шухиҳо мекунанд ва аз касе шикоят надоранд.

Инъикоси ин хабар аз аввал то охир ба вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шудааст. Дар аввал корбарон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомот хоста буданд, ки онҳоро шиносоӣ ва муҷозот намуда, навори онҳоро расман тавассути телевизионҳои давлатӣ ба мардум нишон диҳанд, то барои дигарон ибрат шавад.

Аммо пас аз нашри тафсилоти хабар тавассути Вазорат ва Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе эътирози ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корбарон аз он иборат аст, ки Вазорати маориф ҳам бояд мустақим ба ҳодисаи ба ҳукми анъана қабул шуда, ворид шуда, директори мактаб ва дигар омӯзгорони зирабтро ҳам огоҳӣ ва муҷозот кунад.

Афзоиши фишори мақомт болои хонаводаи намояндаи ПМТ

0

Рӯзҳои ахир фишори мақомоти тоҷик болои хонаводаҳои мухолифон, ба хусус намояндагони ПМТ дар дохили кишвар афзоиш ёфтааст.

Исломҷон Саидов, намояндаи ПМТ дар Лаҳистон

Исломҷон Саидов, намояндаи ПМТ дар Лаҳистон ба Аздо тв гуфт, чандест мақомти КДАМ-и ноҳияи Нуробод падари пири ӯро зери таъқибу фишор қарор додаанд.

Ин намояндаи Паймони миллии Тоҷикистон – эътилофи гурӯҳе аз мухолифин дар хориҷ аз кишвар мегӯяд, аз сабабе, ки мақомоти амниятии ноҳияи Нуробод болои наздикон ва хонаводаашон фишори зиёд овардаанд, бо ҳеҷ кадоми онҳо тамоси телефонӣ надорад ва хабарҳоро дертар ва аз дигар роҳҳо мефаҳмад.

Исломҷон мегӯяд: “Аз онҷо ки иртиботи мустақим бо падару модар ва наздиконам дар дохил надорам, аз ҷузъиёти он дақиқ чизе гуфта наметавонам, киҳо падарамро даъват мекунанд, аз ӯ чӣ мехоҳанд, дар дохили амният бо ӯ чӣ тавр муносибат мекунанд. Вале инки панҷ рӯз мешавад пайи ҳам даъват мешавад дӯстоне инро расонидаанд ва то инҷояш аниқ аст.”

Ҳамчунин Саидов афзуд, ки фишорҳои мақомот болои хонаводаи онҳо баъд аз соли 2016 шуруъ шуд ва то соли 2018 хеле зиёд буд, “аммо ду соли ахир фишорҳо камтар шуда буд ва ё буду ба мо камтар хабар мерасид ва инак боз шуруъ кардаанд.” Ӯ фишорҳои ахирро ба фаъол шуданаш дар шабакаи Ютуб рабт медиҳад, ки чандест дар ютуб-канали худ тақрибан ҳар ҳафта дар мавзуҳои мухталиф суханронӣ дорад.

Аздо тв аз ин намояндаи ПМТ пурсид, ки оё худи мақомт боре бо Шумо мустақим тамос гирифта ва гуфтаанд, ки масалан, баргард ва ё даст аз эътироз бардор, бахшида мешавӣ?

Ӯ дар посух гуфт: “Шахсан бо ман мақомти амниятии ноҳия тамос нагирифтаанд, аммо аз роҳҳои дигар расонданд, ки баргардад бахшида мешавад ва озодона дар ватан кору фаъолият мекунад ва ҳатто баъзе масъулиятҳоро низ пешниҳод карданд. Аммо ман ошкоро гуфтам, ки баргаштанӣ нестам ва ин пешниҳодотро натанҳо мақомоти ноҳияи Нуробод ва ноҳия Рашт, балки агар худи раисҷумҳур ҳам чунин пешниҳоде бидиҳад, онро қабул надорам, чунки бархӯрди ӯ бо мухолифон маълум аст.”

Исломҷон Саидов аз мақомти ноҳияи Нуробод даъват кард, ки ҳар ҳарфу гуфтание доранд бо худи ӯ бигӯянд ва даст аз озору азият ва фишор болои волидайнаш бардоранд ва худро аз ин бештар расвотар накунанд.

Ӯ дар охир номи чанде аз намояндагони КДАМ-и ноҳияи Нурободро нашр карда ва огоҳ кардааст, ки даст аз ин амалашон бардоранд:

“Сардори Амнияти н. Нуробод Сарфароз, зодаи Фархор

Сардори шӯъбаи ВКД н. Нуробод Фадоев Мирзо

Сардори шӯъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар панҷ ноҳия, марказаш дар н. Нуробод Камолиддин.

Худатон медонед дар он минтақа чӣ ҷиноятҳоеро муртакиб шудаед! Агар хоҳед як як рӯи об мебароянд! Огоҳ бошед!”

Боз наздики 3 млн воя ваксини зидди COVID-19 ба кишвар оварда шуд

0

Шаби 22 ба 23-юми декабр ба Тоҷикистон 2 миллону 900 ҳазор воя ваксини зидди COVID-19 “Коронавак”-и чинӣ ворид гашт. Дар ин бора Вазорати тандурустии кишвар хабар дод.

Гуфта мешавад, дар чорчӯби барномаи “COVAX”-и Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар маҷмуъ ба Тоҷикистон 11,4 миллон воя воксини зидди COVID-19 ворид гаштааст, ки ин шумора барои ду воя ваксин гирифтани тамоми шаҳрвандони аз 18-сола болои Тоҷикистон басанда мебошад.

Дар Тоҷикистон бино Вазорати тандурустӣ, то 21 декабри соли равон 3 миллиону 648 ҳазору 917 нафар аз шаҳрвандон (62%) ҳадди ақал як вояи ваксинаи зидди коронавирусро гирифта, 2 миллиону 891 ҳазору 471 нафар (49,1 фоиз) ду вояи ваксинаро гирифтаанд.

Тибқи омори расмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз оғози панҳшавии вируси COVID-19 дар сартосари кишвар 17 ҳазору 95 нафар гирифтори ин беморӣ шуда, аз ин шумора 124 нафар даргузаштааст. Ва инак аз 15 сентябри соли ҷорӣ то имрӯз ягон ҳолати гирифторӣ ба ин бемории ҳамагир ба қайд гирифта нашудааст.

Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи шарвандии тоҷик ба оморӣ расмӣ чандон эътимод надоранд. Ба гуфтаи онҳо ҳам омори гирифторон ва ҳам омори фавтидагон чандин маротиба бештар аз онест, ки мақомот дар оморҳои худ мегӯянд.

Ҷасади як ҷавони тоҷик аз он сӯи Омӯдарё ёфт шуд

0

Рӯзи чоршанбе 22-юми декабр шаҳрвандони Афғонистон ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар дарёи Омӯ ғарқ шуда буд, дар соҳили ин дарё, аз ҷониби марзи Афғонистон пайдо карданд.

Акс аз саҳифаи фейсбукии Саноуллоҳ

Саноуллоҳ Фоиз, як корбари афғон дар

Акс аз саҳифаи фейсбукии Саноуллоҳ

Аммо имрӯз, панҷшанбе дар як пости дигар Саноуллоҳ навишт, ки ҷасади ин ҷавони тоҷикро, ки дар дарёи Панҷ ғарқ шуда буд, соати 13:15 баъд аз зуҳр ба хонаводаашон супорида шуд.

Боз тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

0

Шаби гузашта, 22-уми декабр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз дар ду минтақа ҳодисаи тирпарронӣ рух додааст.

Акс аз саҳифаи фейсбукии Зубайдулло Шомадов

Бино ба гуфтаи расонаҳо, шаби 22-уми декабр хонаи як сокини ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара мавриди ҳамлаи мусаллаҳонаи шаҳрвандони Қирғизистон қарор гирифт.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи тирпарронӣ оинаҳои хонаи истиқоматии Довудов Муҳаммадҷон шикаста, тир то ба ҷойи хоб ва деворҳои хона бархӯрдааст.

Акс аз саҳифаи фейсбукии Зубайдулло Шомадов

Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати Исфара дар саҳифаи

Акс аз саҳифаи фейсбукии Зубайдулло Шомадов

Расонаҳо аз ду ҳодисаи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хабар медиҳанд, ки яке дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ва дигарӣ дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд рух додааст.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон расман ҳодисаҳои тирпаррониро расман шарҳ надодаанд. Аммо бино ба гузориши расонаҳои қирғизӣ Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳодисаи тирпарронӣ дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлакро аз қавли шаҳрванди худашон шарҳ дода, мегӯяд, “марзбонони тоҷик як ронандаи мошини обкаши шаҳрванди Қирғизистонро боздошт карда ва ба шишаву чархҳои мошини ӯ 3 тир холӣ кардаанд ва худи ронанда низ захмҳои андак бардоштааст.”

Гуфта мешавад, мақомоти марзбонии ду кишвар сари ҳодисаҳои рухдода мулоқот ва гуфтугӯ анҷом додаанд, вале натиҷаи гуфтушунид то ҳол маълум нест.

Боздошти як тоҷири силоҳи сард дар Душанбе

0

Дар шаҳри Душанбе як марди 51-сола бо иттиҳоми фурӯши силоҳи сард аз ҷониби кормандони интизомии пойтахт боздошт гардид. Дар ин бора Маркази матбуоти ВКД-и Душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи Маркази матбуоти ВКД-и пойтахт рӯзи 21 декабр “дар доираи амалиёти “Корд” кормандони пулис Ҳаким Юсупови 51-соларо, ки дар шаҳри Душанбе ба фурӯши силоҳи сард машғул буд, боздошт карданд.”

Гуфта мешавад, ки Юсупов дар гузаргоҳи зеризаминии хиёбони Исмоили Сомонӣ, дар дукони рақами 8 ба фурӯши аслиҳаи канорӣ машғул будааст.

“Дар натиҷаи санҷиши мақомот 24 намуди корд, 6 чӯби оҳанӣ, 13 калтаки оҳанӣ, резинӣ ва чӯбӣ, 2 туфангча, 2 мушак ва дигар ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашаванда мусодира карда шуд”, – омадааст дар ВКД.

Мақомоти интизомии Душанбе мегӯянд, аллакай Юсупов боздошт шуда, нисбати ӯ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда ва ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шудааст.

Масъулони ВКД-и Душанбе мегӯянд, ки аз тафтишотҳои пешакӣ маълум гардид, ки ҷавонон ва ноболиғон молҳои дар боло зикршударо на барои эҳтиёҷоти маишӣ, балки барои нигоҳдорӣ ва истифода дар муноқишаҳо ва ҳамчунин барои тарсонидани рақибон мехаранд.

Ин дар ҳолест, ки Ожонсии омори кишвар аз афзоиши 5 дарсади сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Коршиносон мегӯянд, вақтҳои ахир ҷавонон дар муноқишаҳои андаки лафзӣ аз корд ва дигар анвоъи силоҳи сард истифода мекунанд, ки бояд пеши роҳи он падида гирифта шавад.

Инқилоби шавҳари Озода Раҳмон дар Тоҷикистон

0

Ширкати пулчинаки IRS ба хотири “афзоиши сарбории иҷтимоӣ” тарифҳои гузариш аз плазаҳои толлингии роҳи автомобилгарди “Душанбе-Чаноқ”-ро то 70 дарсад қиматтар карда, дар нахргузории хадамот ва молу маҳсулот инқилоб карда аст.

Ширкати

Бо ин вуҷуд, аксар коршиносон ҳадс мезананд, ки ба эҳтимоли зиёд соли 2022 дар Тоҷикистон интиқоли қудрат сурат хоҳад гирифт ва ин тасмими ахири молики IRS-ро метавонад як занги огоҳӣ аз ҷониби Ҷамолиддин Нуралиев ба Эмомалӣ Раҳмон унвон кард, ки домод ҳамсараш Озода Раҳмонро нисбат ба дигар аъзои оила сазовортар медонад, ки бояд вай ҷонишини падараш дар курсии президентӣ бошад.

Бо вуҷуди он ки Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун корманди баландмақоми давлатӣ машғул шудан ба тиҷорат барояш расман мамнуъ аст, аммо ҳоло яке аз тоҷирони бузург ва муваффақ буда, ширкати пулчинакаш дар бозорҳои бонкдорӣ, хонасозӣ, домдорӣ, боғдорӣ, бима ва ғайра низ кор мекунад ва яке аз домодҳои миллиардери Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон низ мебошад.

Амруллоҳи Низом, махсус барои АЗДО ТВ