Хона блог саҳифа 568

2021: 38 ҳазор тоҷикистонӣ тарки ватан карда ба Русия кӯч бастааст

0

Натиҷаи як таҳқиқоти демографӣ дар Русия нишон додааст, ки дар соли 2021 ҳудуди 38 ҳазор тоҷикистонӣ ба ин кишвар барои иқомати доим кӯч бастаанд.

Ҳукумати Русия суръати афзоиши муҳоҷират ба қасди иқомати доимро дар соли 2021 аз рӯи нишондоди коэффисиент тақрибан ду баробар ҳисоб кардааст.

Якчунин ҳисоботро нашрияи “Известия” бар асоси маълумоти “Нақшаи ягонаи ноил шудан ба ҳадафҳои рушди миллии Федератсияи Русия барои давраи то соли 2024 ва давраи банақшагирии то соли 2030“, ки онро Вазорати рушди иқтисоди Русия 1 октябри соли ҷорӣ нашр кард буд, анҷом додааст.

Гуфтанист, коршиносони соҳа бар ин назар ҳастанд, ки афзоиши воқеии шаҳрвандони хориҷӣ аз ончики пешбинӣ шудааст, дигар хоҳад буд. Яъне пешгӯӣ барои се соли оянда арзёбӣ шудааст, Ба ибораи дигар рушди муҳоҷират дар соли 2022 афзоиши муҳоҷират ба 212 ҳазор ва дар солҳои 2023-2024 ба 235 ҳазор нафар хоҳад расид.

Никита Мкртчян, корманди Пажӯҳишгоҳи демографияи Мактаби олии иқтисоди Русия мегӯяд: “Ман фикр мекунам, ки афзоиши муҳоҷират дар Русия дар ҳудуди 300 ҳазор боқӣ мемонад, агар то моҳи декабр афзоиши шадиди воридот ба вуҷуд наояд.”

Дар ин ҳисобот се кишварро аз ҷиҳати муҳоҷират ба қасди иқомати доим дар соли 2021 пешсаф номида, аз Тоҷикистон (38 ҳазор), Украина (26 ҳазор) ва Арманистон (20 ҳазор) қайд шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия мегӯяд, бо вуҷуди тавозуни мусбати муҳоҷират шумораи аҳолии Русия то соли 2025 то ба 1,6 миллион нафар камтар хоҳад шуд.

“Барқи тоҷик” аз “Сангтӯда-1” 1,99 млрд сомонӣ қарздор аст

0

Қарзи ширкати “Барқи тоҷик” дар назди НБО “Сангтуда -1” ба 1.99 млрд сомонӣ баробар шуд.

ҶСК “НБО Сангтӯда-1”, ки иқтидори муқарраршудааш 670 МВт аст, натоиҷи фаъолияти истеҳсолии нӯҳ моҳи соли равонро ҷамъбаст кард.

Интиқоли нерӯи барқи НБО-и Сангтӯда-1 дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 1 миллиарду 705 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 52,04 миллион кВт/соат ё 3,1 фоиз зиёд мебошад.

Сатҳи миёнаи пардохт аз ҷониби ҶСК «Барқи тоҷик» аз аввали соли 2021 аз 37 фоизи арзиши нерӯи барқи додашуда зиёд нест, ки ин боиси афзоиши қарзи ширкат дар назди НБО Сангтуда-1 гашта истодааст.

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ қарзи ширкати “Барқи ночик” боз 390 миллиону 840 ҳазор сомонӣ афзуда, то 30 сентябри соли 2021 ба 1 миллиарду 990 миллион сомонӣ муодили 177 миллион доллар баробар шудааст.

Дар нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” соли ҷорӣ 186 маротиба корҳои таъмирӣ анҷом шуда, ки иҷрои барномаи таъмирӣ ба истеҳсоли ҳаҷми зарурии барқ ​​аз ҷониби НБО таъсир намерасонад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинони кишвар аз набуди барқ ва ҷорӣ шудани лимит шикоят доранд. Ба гуфтаи сокинон дар баъзе аз манотиқи кишвар аз соати 8-и субҳ то 17-18 ва ҳатто шабона аз соти 22:00 то 05:00 саҳар ҳам барқ надоранд.

Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” батакрор мегӯянд, дар кишвар лимит ё маҳдудият ҷорӣ нашудааст ва сабаби қатъ шудани барқро таъмир дар хатҳои баландшиддат медонанд.

Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда – 1” тарҳи муштараки Тоҷикистон ва Русия буда, дар соли 2009 ба истифода дода шудааст. Ин нерӯгоҳи барқӣ 11-и дарсади барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад.

Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда 1”-ро дар ихтиёр доранд.

ҲДТ: Даъвои Ҷабборов ҳуҷум ба марзу буми Тоҷикистон аст

0

Ҳизби демократи Тоҷикистон бо пахши як изҳороте ба гуфтаҳои ахири Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов вокуниш намуда, онро маҳкум кард.

Дар изҳороти Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки шоми 26-уми октябр дар саҳифаи фейсбукии раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода нашр шуд, омада, ки амалкарди давлати Қирғизистон мутобиқ ба меъёрҳои равобити байналмилал фишор ба давлати дигар дониста мешавад.

Ҳизби демократи Тоҷикистон изҳороти Ҷабборов дар мавриди ба қаламрави Қирғизистон ворид кардани ноҳияи Мурғобро ҳуҷум ба марзу буми Тоҷикистон хондааст.

“Содир Ҷабборов дар “амалиёти ватандӯстонаи худ” чуқуртар даромада, бо поймол кардани ҳусни нияти ҳамсоягии нек, бозпас гирифтани ноҳияи Мурғобро, ки гӯё ба Қирғизистон тааллуқ дорад, изҳор мекунад. Дар баҳсҳои пешин таърихнигорон ба ин масъала посух додаанд ва дубора пеш гузоштани он буғзи иғвои бузургро дорад. Аз нигоҳи сиёсӣ, ин даъво ҳуҷум ба марзу буми Тоҷикистон аст.”, – омадааст дар изҳороти ҲДТ.

Ҳамзамон ишора шуда, ки вақтҳои ахир кишвари Қирғизистон сафи нерӯҳои низомияшро дар марз бо Тоҷикистон афзоиш дода, ба артиш имтиёзҳои хосса додааст. Инчунин аз Имороти Муттаҳадиаи арабӣ ва Туркия аслиҳа ва муҳиммоти ҷангӣ харидорӣ мекунад, ки бештари онҳо ба марзбонон бахшида мешавад.

Ҳизби демократ сиёсати имрӯзаи президенти Қирғизистонро барои ҳарду давлат ва минтақа “хеле хатарнок” хонда, таъкид мекунад, ки роҳбарони кишвари ҳамсоя ҳар рӯз сатҳи таҳдиду фишор ва таъсиррасонӣ ба андешаи мардумашонро дар қиболи Тоҷикистон болотар мебардоранд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 23-уми октябр Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар ҳузури хабарнигорон ба масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ишора намуда изҳор дошт, ки Тоҷикистон агар мехоҳад 21 ҳазор гектарро аз ноҳияи Лайлак бозпас бигирад, пас бояд ноҳияи Мурғобро ба мо бидиҳад.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон ба изҳороти Ҷабборов расман вокуниш накардаанд. Изҳороти ҲДТ аввалин вокунишест, ки аз байни аҳзоб ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон садо медиҳад. Аммо дигар аҳзобе, ки ҳоло дар Тоҷикистон расман фаъолият доранд, вокунише накардаанд ва то ҳол ҳам боре дар чунин масоил изҳороти онҳо шунида нашудааст.

________________

МАТНИ КОМИЛИ ИЗҲОРОТИ ҲДТ:

ИЗҲОРОТИ ҲИЗБИ ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН

Изҳороти Содир Ҷабборов – раиси ҷумҳури Қирғизистон, ки рӯзи 23-юми октябри соли равон дар пайи натиҷагирӣ аз як соли раҳбариаш ба ин кишвар дар як нишасти хабарӣ садо дод, нигаронии ҷомеи тоҷикро ба бор овардааст. Ҷабборов бо баёни ин ки “омода аст «худи ҳамин рӯз» созишномаи марзиро имзо кунад, вале на ҳама чӣ аз Бишкек вобаста аст”, масъалаҳои вобаста ба марзи миёни кишвараш бо Тоҷикистонро тарзе пешниҳод кардааст, ки гӯё тарафи Тоҷикистон мушкили асосии ҳалли масъалаҳои марзӣ мебошад. Раиси ҷумҳури Қирғизстон дар бораи ҳамлаҳои марзбононаш ба қаламрави Тоҷикистон, сангборон кардани донишомӯзон ва шаҳрвандони тоҷик, якҷониба бастани роҳҳои марзӣ ва рафтуомади воситаҳои нақлияи заминиву ҳавоӣ бо Тоҷикистон, ҳуҷумҳои беохири марзбонону шаҳрвандонаш ба қаламрави Тоҷикистон чизе намегӯяд. Ин амалкарди давлати Қирғизистон мутобиқ ба меъёрҳои равобити байналмилал фишор ба давлати кишвари дигар дониста мешавад. Ӯ бо ғайриқонунӣ хондани қарордодҳои миёни ҳукумати пешини Қирғизистон бо давлати Тоҷикистон, ҳамаи қитъаҳои заминҳои дар асоси шартнома барои истифодаи муваққат додашудаи Тоҷикистонро моли худ медонад.Содир Ҷабборов дар “амалиёти ватандӯстонаи худ” чуқуртар даромада,  бо поймол кардани ҳусни нияти ҳамсоягии нек, бозпас гирифтани ноҳияи Мурғобро, ки гӯё ба Қирғизистон тааллуқ дорад, изҳор мекунад. Дар баҳсҳои пешин таърихнигорон ба ин масъала посух додаанд ва дубора пеш гузоштани он буғзи иғвои бузургро дорад. Аз нигоҳи сиёсӣ, ин даъво ҳуҷум ба марзу буми Тоҷикистон аст. Зеро аз замони таъсиси Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор ва ҷумҳурии мухтори ИҶШС ноҳияи Мурғоб дар қаламрави Тоҷикистон буд. Дар ҳоли ҳозир ҳамаи заминҳои мавриди баҳс бар асоси санадҳои расмӣ ва таърихӣ моли Тоҷикистонанд ва кишвари мо ба заминҳои он кишвар даъво намекунад.  Дар пайи ин изҳороти пурмуаммо, хабаргузориҳо аз афзоиши неруҳои мусаллаҳ ва афроди низомии ин кишвар дар назди марзи Тоҷикистон, афзудани маоши низомиёнашон, додани имтиёз ба онҳо – як моҳи хидматро ду моҳ ҳисобидан, харидории 40 адад автомашинаҳои ҷангӣ ва силоҳи снайперӣ аз Амороти Муттаҳидаи Араб (ба маблағи 3,5 млн $), ки аксаран барои низомиён ба вилояти Бодкон ирсол шуд, хабар додаанд. Хабари наве, ки пахш шуд, ин аст, ки Қирғизистон тасмим гирифтааст аз Туркия паҳподҳои «Байрактар ТВ2» ва аз Русия паҳподҳои «Орлан-10Е» бихарад. Ин намуди техникаи ҷангӣ воситаҳои ҳавогарди зарбазан ҳастанд.Хеле рӯшан аст, ки раҳбарони Қирғизистон ба мушкили ҷиддии мухолифати дохилии сиёсӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Бинобар ин бо истифода аз фишангҳои қудрат дар ин чанд соли ахир дар марзи миёни кишварашон бо Тоҷикистон мушкилоти худсохтаро ба роҳ монда, аз давлати Тоҷикистон “душман” сохтанд. Онҳо дар ин кор то ҳадде муваффақ шуда, ҷараёни мухолифати мардумиро бо роҳбарони сиёсӣ ба сӯйи “душмани сарзаминашон” – Тоҷикистон баргардонданд.   Сиёсати имрӯзаи давлати Ҷабборов барои ҳар ду давлати ҳамсоя ва мардуми минтақа хеле хатарнок аст. Роҳбарони ин кишвар ҳар рӯз сатҳи таҳдиду фишор ва таъсиррасонӣ ба андешаи мардумашонро дар қиболи Тоҷикистон болотару болотар мебардоранд. Бубинед, дар маросими супурдани ҷангафзорҳо ба неруҳои марзбонӣ Содир Ҷабборов гуфт: “Агар кӯшише барои тасарруфи заминҳои мо шавад, посух сахт хоҳад буд… Агар марзбонон бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин набошанд, дар бораи суботи кишвар сухан рондан мумкин нест”. Дар ин суханон, агарчӣ номи Тоҷикистон гирифта намешавад, вале аён аст, ки ҳамаи ин омодагӣ бар муқобили кадом давлат нигаронида шудааст. Дар аввали моҳи апрели соли равон Қирғизистон дар назди марз бо Тоҷикистон размоиши густардаи ҳарбӣ баргузор карда буд ва мехост бо ин амал ба Тоҷикистон тарс ворид кунад. Бо дарки ҳамаи ин “тараддуду ташвишҳо”-и роҳбарони Қирғизистон: омодагии низомӣ, эҷоди фазои иттилоотии душманона дар қиболи кишвари ҳамсоя, даъвоҳои беохир ва беасос ба моликияти қонунии Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки  далати ҳамсоя мехоҳад мушкилотро бо қувваи зӯр ҳал кунад. Яъне раҳбарияти Қирғизистон тавонистааст ба ҷойи мушкилоти сиёсии дохилӣ дар зеҳни мардуми кишвараш эҳсоси интиқомҷӯйиро ҷойгузин кунад. Боиси таассуф аст, ки сиёсати пешгирифтаи раҳбарияти Қирғизистони ҳамсоя боиси мухолифатҳои миллӣ шудааст ва метавонад оқибати фоҷеабор дошта бошад. Таври маълум, давлат ва миллати Тоҷикистон тарси ҳуҷуми ин кишварро надорад ва мардуми мо қодир аст ба ҳар  гуна таҳдидҳо посухи сазовор бидиҳад. Вале тарс аз даргирии ҷанг ва мухолифати миллист, ки оташи он дар пешорӯйи равишҳои тундгароёна ва бесарусомонии гурӯҳи ҷангҷӯйи Толибон хеле хатарнок хоҳад буд. Зеро Толибон  , таъзим-саломи корманди баландпояи амниятии Қирғизистонро чун таслим қабул карданд .                                                   Дар тули си соли истиқлолият ки дар Қирғизистон чандин маротиба Президентҳо иваз мешуданд ягон ҳукумати пешин дар байни миллатҳои ҳамсоя ва дусти тоҷику қирғиз чунин мушкилотҳо  эҷод накарда буданд. Бор дигар ба раиси ҷумҳур ва сиёсатмардони давлати ҳамсояи Қирғизистон пешниҳод мекунем, ки дар ин айёми хушунатбор аз иқдомҳои мухолифатбарангез даст бикашанд ва дар мавриди сиёсати ҳамзистии осоишта дар фазои ҳамосоягӣ тадбирҳои чорасози осоиштаро биандешанд. Ҷанг роҳи ҳалли мушкилот нест. Ҷанг хонахарорбии мардум ва кишварҳост.

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон

Вокуниши Эрон ба гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи башар

0

Ҷовид Раҳмон, гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башари Эрон аз афзоиши саркӯб, эъдом ва қарор гирифтани поймолкунандаҳои ҳуқуқи инсон дар мансабҳои болотар интиқод кардааст.

Ба

Ҷовид Раҳмон, гузоришгари махсуси СММ дар умури ҳуқуқи башари Эрон

Гузориши Ҷовид Раҳмон бо вокуниши тунди Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам дар Созмони Миллали Муттаҳид ва ҳам дар дохили ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст.

Ба гузориши Форс, Дафтари намонядагии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид дар Ню-Ёрк ин гузориши гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башари Эронро “маъюб” ва “ноқис” хонда гуфтааст, ки гузоришгар дар рафти таҳия гузориш маълумоти худро аксар аз сарчашмаҳои норӯшану муғриз ва мухолифоне, ки бо ҳукумати Эрон мушкил доранд, касб кардааст.

Намояндаи Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид таъкид карда, ки барои мисол “барои гузоришгар вижа рӯшан кардаем, ки муҷозоти эъдомҳо танҳо барои шадидтарин ҷиноятҳо ва пас аз тайи як фароянди комилан қонунӣ ва мутобиқ бо қавонин эъмол мешавад. Мо барои ӯ равшан кардем, ки ановине монанди мудофиони ҳуқуқи башар ё ба истилоҳ дутобеиятиҳо наметавонад муҷиби масунияти онон ба унвони муҷрим шавад. Талошҳо ва назароти Ҷумҳурии исломии Эрон барои равшан сохтани гузоришгари вижа мутассифона бо бетаваҷҷуҳии вай рӯ ба рӯ шудааст.”

Гуфтанист, Ҷовид Раҳмон, гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи башари Эрон таъйин шуда солҳост дар ин мақом кор мекунад, ки вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои пасошӯравӣ ва ба хусус кишварҳои дорои режимҳои худкома ба мисли Тоҷикистон хубтар аз Эрон нест ва дар мақарри ниҳодҳои байналмилалӣ ба мисли СММ ин кишварҳо ҳеч гузоришгари вижае дар умури ҳуқуқи башар надоранд. Эрон ҳам ба ин далел, тахсиси гузоришгари вижа дар хусуси ҳуқуқи башари ин кишварро аз ҷониби СММ дорои ангезаҳои сиёсӣ дониста мегӯяд, ки ҳадаф аз таъйин он камрангтар нишон додани муваффақиятҳои ин кишвар ва барҷаста сохтани камбудҳои он мебошад.

Конор сердаромадтарин варзишгари ҷаҳон

0

Маҷаллаи амрикоии

теннисбоз Роҷер Федерер

Баъд аз Роҷер дар зинаҳои 8,9 ва 10-ум Люис Хэмилтон (82 миллион доллар), нимҳимоятгари NFL (футболи амрикоӣ) Том Брэйди (76 миллион доллар), бозигари NBA  (баскетбол) Кевин Дюрант (75 миллион доллар) қарор доранд.

Дар ҷои 11-ум баскетболбози “Голден Стейт Уорриорс” Стивен Карри, ки даромади солонааш дар маҷаллаи Forbes 75,4 миллион доллар арзёбӣ шудааст, қарор дорад.  Ҷои 12-умро варзишгарзани сердаромад дар ҷаҳон, теннисбози ҷопонӣ Наоми Осака гирифт. Вай дар як сол 60 миллион доллар ба даст оварда, рекорди соли гузаштаашро, ки 37,4 миллион доллар буд  шикаст дод. Осака бо голфбози амрикоӣ Тайгер Вудс зинаи 12-умро ишғол карданд.

Ба рейтинг як зани варзишгари дигар – теннисбози амрикоӣ Серена Уилямс ворид шуд. Вай дар зинаи 28-ум аст. Даромади солонаи ӯ 41,5 миллион доллар арзёбӣ мешавад, ки аз он Уилямс 1,5 миллион долларро дар теннис, 40 миллион доллари боқимондаро аз реклама ва шартномаҳо ба даст овардааст.

Аз моҳи майи соли 2020 то моҳи майи соли 2021 ин 50 варзишгар маблағи рекордии 2,8 миллиард долларро ба даст оварданд, ки нисбат ба соли гузашта 16% зиёдтар аст. Бештар аз 1 миллиард доллари он на аз варзиш, балки аз реклама ва дигар чорабиниҳо ба даст омадааст.

Кушта ва захмӣ шудани муътаризон дар Судон

0

Бо гузашти як рӯз аз кӯшиши табаддулоти давлатии артиши Судон ҳамоно мардум дар кӯчаҳо даст ба эътироз зада, кудетои низомиёнро маҳкум мекунанд.

Шабакаи “Ал-Ҷазира” хабар дод, ки дар натиҷаи пароканда кардани муътаризон 7 нафар кушта ва ҳудуди 150 нафари дигар захмӣ шудааст.

Бо вуҷуди бархӯрди хашини низомиён бо тазоҳуркунандагон эътилофи Нерӯҳо озодӣ ва тағйирот дар Судон хостори густариши инқилоби осоишта барои ҷилавгирӣ аз ба сари қудрат омадани низомиён дар ин кишвар шуд.

Дар пасманзари бархӯрди шадиди низомиён бо муътаризон, Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид имрӯз сешанбе нишасти махсус барои баррасии авзоъи Судон баргузор мекунад.

Инчунин эътилофи Нерӯҳои озодӣ ва тағйирот дар Судон хостори исён ва коршикании умумӣ ва ба кӯча баромадани шаҳрвандон шуд.

Эътирози ҷомеаи мадании Судон дар вокуниш ба эълони бекор кардани қисме аз моддаҳои Қонуни асосӣ аз ҷониби раиси Шӯрои раҳбарии ин кишвар Абдулфаттоҳ Бурҳон шиддат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол “Анҷумани мутахассисони судонӣ” дар вокуниш ба қарорҳои Бурҳон мардумро низ ба эътироз кардан ба кӯчаҳо фарохонд. Дар ҳаракати мардумӣ баёнияе эълом дошт, ки “Бурҳон ниҳояти худро бо дасти худаш навишт ва акнун бояд ғазаби мардумро мунтазир бошад”.

Ба гузориши хабаргузории “Анадолу”, 6 кишвар, аз ҷумла Амрико, Фаронса, Бритониё, Нарвегия, Ирландия ва Эстония аз Шӯрои Амнияти СММ баргузории ҷаласаи изтирориеро дар мавриди Судон хостор шуданд. Ин хабаргузорӣ гуфт, ки ҷаласа пушти дарҳои баста баргузор мешавад ва пас аз ҷаласа намояндаи махсуси СММ ба баррасии авзоъ ба Судон фиристода хоҳад шуд.

Аммо то ҳол Шӯрои Амнияти СММ ҳеч вокуниши расмие дар баробари қарорҳои Абдулфаттоҳ Бурҳон накардааст.

Шиканҷаи гурӯҳии як сокини Суғд дар шуъбаи ВКД

0

Чор корманди мақомоти корҳои дохилӣ як сокини масти ноҳияи Спитаменро латукӯб карда, 6 қабурғаашро шикастаанд.

Бино ба навиштаи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, рӯзи 16-уми октябри соли ҷорӣ, Ғуломҷон Зоирови 40- сола дар ҳолати мастӣ як зани калонсоли ҳамсояшонро ба оғӯш гирифтааст.

Ғуломҷон Зоирови мастро дар ин ҳолат як кормандаи маҳаллии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Спитамен дида, бо вуҷуди шикоят накардани пиразан алайҳи Ғуломҷон Зоиров милиса ӯро боздошт ва ба шуъбаи минтиқавии милитсия интиқол дода аст.

Дар ин шуъба 4 корманди ин ниҳод бо шумули нозири минтақавӣ бо Бахтиёр Ғуломҷон Зоировро бо пойҳояшон латукӯб карда 6 қабурғаашро шикастаанд ва баъд ба як утоқи дигари корӣ мебаранд. 17-уми октябр вай, ба хонааш рафта, сипас аз шиддат дард аз ҷояш хеста наметавонад.

18-уми октябр ҷабрдида ба беморхона рафта, рентген мекунад ва маълум мешавад, ки 6 қабурғааш шикаста, мағзи сараш ҳам ҷунбидааст. Табибон Зоировро дар беморхона бистарӣ карда, ба милиса хабар медиҳанд. Зоиров ба корманди милиса эътироф мекунад, ки ӯро дар милисахона 4 корманди милиса заданд.

Рӯзи 22-юми октябр Зоиров ба экспертиза меравад. Вале эксперт Шуҳрат Қӯшмуродов дар хулосааш навиштааст, ки ӯ гӯё худаш афтода, 6 қабурғаашро шикастааст.

Ба иддаои ӯ вақте ки табибон дар беморхона ба вай доруи хоб хӯронда буданд, кормандони мақомот даромада, дар хобаш имзои ӯро гирифтаанд, ки гӯё вай бо хулосаи экспертиза розӣ асту даъвое надорад.

Дар ҳамин ҳол маълум нест, ки Ғуломҷон Зоиров ба ҷойи дигар шикоят бурдааст ё не?

Кормандони мақомоти интизомии Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони ВКД ҳангоми боздошт ва тафтишот барои ба дӯш гирифтани гуноҳ, аз шиканҷа ва латукӯб истифода мебаранд. Ҳолатҳое ҳам вуҷуд доштанд, ки боздоштшудаҳо ба ин ҳама шиканҷаҳо тоб наоварда ба ҳалокат  расидаанд. Аммо дар бисёр ҳолат кормандони мақомот ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Буҷети давлат барои соли 2022 тасдиқ шуд

0

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2022 ба андозаи 32,8 миллард сомонӣ ба нақша гирифта шуд, ки нисбат ба буҷети соли равон 18,6 дарсад зиёд гуфта мешавад.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президент

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти Президент, рӯзи 25-уми октябр дар ҷаласаи Ҳукумат буҷети кишвар тасдиқ шуд. Мувофиқи он даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 32,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2021 5,1 миллиард сомонӣ бештар мебошад.

Инчунин хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 низ аз буҷети пешбинишудаи соли гузашта зиёдтар гуфта мешавад. Хароҷоти умумии буҷети кишвар барои имсол 33,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба даромад 600 миллион сомонӣ камтар аст.

Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумат гуфт, ки буҷети давлатии соли 2022 барои татбиқи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ва дохилӣ ба он, аз ҷумла таъсири идомаёбандаи пандемияи КОВИД – 19, тараққиёти соҳаҳои воқеию инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст.

Дар буҷети давлатӣ барои соли 2022 барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии кишвар 14,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он баробар бо 43,7 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ё 14 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аст.

Таҳлилгарон афзоиши буҷети давлатиро барои соли 2022 чандон қонеъкунанда намедонанд. Онҳо бар ин назаранд, ки беш аз 5 милларде, ки ҳукумат аз афзоиши буҷет мефахрад, дар баробари гароншавии нархи маҳсулот ва хидматрасониҳои комуналӣ дар бозорҳо, афзоиши арзиши барқу об, дар баъзе соҳаҳо зиёд шудани андоз ин 5 милларди зиёдатиро ба сифр баробар мекунад.

Мирзиёев барои 5 соли дигар президенти Узбекистон шуд

0

Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон шоми дирӯз, душанбе 25 октябр пас аз шумориши оро, Шавкат Мирзиёевро президнети ин кишвар эълон кард.

Акс аз Андрея Кудряшова “Фарғона”

Бино ба иттилои ин ниҳод, Мирзиёев аз Ҳизби Либерал-демократи Ӯзбекистон 80,1 дарсад орои мардумро касб карда, барандаи мутлақи интихобот дониста шуд.

Аммо рақибони ӯ, Мақсуда Ворисова аз Ҳизби “Халқӣ-демократӣ” 6,6%, Алишер Қодиров аз Ҳизби “Эҳёи миллӣ” 5,5%, Нарзулло Обломуродов аз Ҳизби “Экологӣ” 4,1% ва Баҳром Абдуҳалимов аз Ҳизби “Адолат” 3,4 %-и овозҳоро соҳиб шуданд.

Бо ҳамин Шавкат Мирзиёев барои 5 соли дигар ба маснади қудрат такя зад. Агарчи ба адолатмеҳвар будани давлати ӯ кам кас бовар дорад, аммо аз байни президентҳои кишварҳои Осиёи Миёна нисбатан ободкор ва демократитар дониста мешавад. Ба хусус ӯро дар барномаҳои сиёсати хориҷияш муваффақ медонанд.

Омск: нархи патенти муҳоҷирон гарон мешавад

0

Парлумони минтақаи Омск Лоиҳаи қонун дар бораи таъсиси коэффисиенти минтақавии бозори меҳнат барои соли ояндаро қабул кард, ки тибқи он нархи иҷозатномаи корӣ барои муҳоҷирон гаронтар мешавад.

Бино ба маълумоти Оҷонсии иттилоотии назди Ҳукумати вилояти Омск, рӯзи 21-уми октябр вазири иқтисоди минтақа, Анна Негодуйко гуфт: “Ин коэффитсиент ҳамасола қабул мешавад ва ин имкон медиҳад, ки сарбории ҳаҷми андози шаҳрвандони хориҷиро ба мизони наздик ба андози шаҳрвандони Русия муайян кунанд.”

Гуфта мешавад, дар соли 2022 коэффисиенти минтақавии бозори меҳнат нисбат ба соли 2021 7% афзоиш меёбад, ки мутаносибан боиси гароншавии арзиши патент барои муҳоҷирони корӣ мегардад, ва он ба шаҳрвандони Украина, Узбекистон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон дахл дорад.

Инчуни мақомоти Омск қайд мекунад, ки дар ҳоли ҳозир (соли 2021) дар як моҳ арзиши патенти корӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ 3890 рубл аст ва дар соли 2022 нархи он зиёда аз 4 ҳазор рублро ташкил хоҳад дод.

Бино ба гуфтаи вазорати иқтисоди Русия дар соли 2022 даромад аз фурӯши патент ба муҳоҷирони корӣ ҳудуди 90 миллион рублро ташкил хоҳад дод.