7.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 57

Таҳсил дар мактабҳои Русия барои муҳоҷирон пулакӣ мешавад

0

Вакилони Думаи давлатии Русия лоиҳаи нави қонунеро дубора таҳия доранд, ки тибқи он таҳсили ройгон барои кӯдакони муҳоҷирон дар мактабҳои Русия аз синфи 1 то 11 бекор карда мешавад.

Бино ба гуфтаи раиси Кумитаи меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва корҳои собиқадорони Думаи давлатӣ Ярослав Нилов, кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ новобаста аз синну сол ва сатҳи дониш метавонанд танҳо бо пардохти маблағ дар мактабҳои Русия таҳсил кунанд.

Ӯ ҳамчунин иддао кардааст, ки ин ташаббус ба хотири “ҳифзи асаби омӯзгорон ва худи кӯдакони хориҷӣ, ки забони русиро наметавонанд омӯзанд”, равона шудааст.

Нилов ба шаҳрвандони хориҷӣ пешниҳод кардааст, ки фарзандонашонро дар хона бо волидон монанд ё барномаҳои махсуси пулакиро интихоб кунанд.

Ғайр аз ин, дар лоиҳаи қонун пешниҳод шудааст, ки шумораи кӯшишҳо барои супоридани имтиҳони забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон то се маротиба маҳдуд карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2024 як гурӯҳ вакилон лоиҳаи қонунеро пешниҳод карда буданд, ки дар он таҳсили пулакӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар зинаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва миёнаи умумӣ пешбинӣ мешуд. Вале дар моҳи июли соли 2025 он дар марҳилаи хониши аввал дар Думаи давлатӣ рад гардид ва ҳукумат он вақт хоста буд, ки лоиҳаро такмил кунанд.

Ба гуфтаи Ярослав Нилов, версияи нави лоиҳаи қонун бо дарназардошти эродҳои қаблӣ таҳия шуда, метавонад дар наздиктарин фурсат ба баррасии Дума пешниҳод гардад.

Пештар аз ин раисҷумури Русия Владимир Путин дар моҳи декабри соли 2024 қонунеро тасвиб карда буд, ки тибқи он фарзандони муҳоҷирон танҳо дар сурате ба мактаб қабул карда мешаванд, ки будубоши онҳо дар Русия қонунӣ бошад ва сатҳи дониши забони русии онҳо тавассути имтиҳон тасдиқ гардад.

Вале аксар фарзандони муҳоҷирон ба имтиҳони забони русӣ барои шомил шудан ба мактабҳои ин кишвар бо ҳар баҳона роҳ дода нашудаанд.

Аммо коршиносони соҳаи таълим ва таҳлилгарон аз ин қонун интиқод карда, ҳушдор дода буданд, ки он боиси дур мондани наврасон аз таълиму тарбия ва наздик шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ мегардад.

Бо вуҷуди ин ҳушдорҳо раиси Дума Володин назорат аз болои татбиқи ин қонунҳоро муҳим дониста, мегӯяд, ки дар ҳолати зарурӣ ба онҳо ислоҳоти иловагӣ ворид карда мешаванд.

Дар пайи ҳамлаи Русия ба Киев 30 нафар кушта шуд

0

Шаби 30 ба 31-уми июли соли равон, пойтахти Украина шаҳри Киев мавриди ҳамлаи шадиди мушакӣ ва ҳавоии Русия қарор гирифт.

Тибқи иттилои мақомоти украинӣ, дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ ва паҳподӣ, беш аз 30 нафар ҷон бохта, беш аз 150 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Дар миёни қурбониён кӯдакон ва занон низ ҳастанд.

Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский изҳор дошт, ки танҳо дар Киев 27 макон, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои тиббӣ, осеб дидаанд. Ӯ гуфт, дар маҳаллаи Святошинский як бинои 9-ошёна қисман фурӯ рехта, одамон зери харобаҳо монданд.

Мақомоти Украина мегӯянд, Русия дар ин ҳамла садҳо паҳподи “Шаҳид” ва мушакҳои баллистикии “Искандер-К”-ро истифода бурдааст. Як навори нашршуда нишон медиҳад, ки волидон кӯдакони маҷруҳро дар оғӯш дошта, аз маҳалли ҳодиса гурехта истодаанд.

Мақомоти шаҳри Киев рӯзи 1-уми августро Рӯзи мотам эълон карда, аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват карданд, ки нисбати ҳамлаҳои мунтазами Русия мавқеи қатъӣ гиранд.

Ин ҳамла дар ҳолест, ки дар гузашта низ пойтахти Украина чанд маротиба ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии Русия қарор гирифта буд, аммо шиддат ва талафоти ин ҳамла бесобиқа арзёбӣ мешавад.

Амрико ҳамлаи Русия бо пойтахти Украинаро маҳкум кард. Доналд Трамп ин ҳамларо “зишт” хонда, хостори таҳримҳои бештар алайҳи Русия шуд.

Густариши ҳамкориҳо дар бахши энергетикаи рақамӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон

0

Дар пасманзари тақвиятёбии равобити дуҷониба, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориҳои худро дар бахши рақамикунонии энергетика тақвият мебахшанд.

Дар ҳамин замина, ҳайати ширкати “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба шаҳри Бишкек бо роҳбарияти ширкати «НЭСК» мулоқот карданд.

Тавре расонаҳои қирғизӣ хабар медиҳанд, ҳадафи асосии ин сафар мубодилаи таҷриба дар бахши рақамикунонии шабакаҳои барқ ва шиносоӣ бо тарзи кори сохторҳои муосири энергетикии Қирғизистон арзёбӣ мешавад. Ҷонибҳо дар ҷараёни дидор роҳҳову механизмҳои нави ҳамкорӣ, мубодилаи иттилооти фаннӣ ва омодасозии кадрҳои соҳибкасбро баррасӣ карданд.

Роҳбарияти ширкати қирғизӣ изҳор дошта, ки чунин ташаббусҳо барои ҳар ду кишвар имкониятҳои нав ба вуҷуд оварда, заминаи рушди устуворро фароҳам мекунанд. Дар навбати худ, мутахассисони тоҷик низ таҷрибаи худро дар бахши энергетикаи рақамӣ муаррифӣ карданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин сафар намояндагони Тоҷикистон аз чанд иншооти муҳими энергетикии Қирғизистон, аз ҷумла маркази “Энергосбыт” ва Call-центр боздид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки равобити Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз ихтилофоти шадиди марзӣ, ки бо даргириҳои мусаллаҳона ва талафоти ҷониву молӣ анҷомид, тадриҷан ба сатҳи боло расидаанд. Пас аз тавофуқи расмии тарафҳо дар масъалаҳои баҳсии марзӣ, ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, амният ва технология, густариш ёфтаанд.

Рӯзи 8-уми июли соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад ва чанд созишномаҳои нави ҳамкориро бо роҳбарияти кишвар ба имзо расонд. Ин сафарро таҳлилгарон қадами муҳиме дар самти таҳкими равобити дӯстона байни ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ мекунанд.

Эълони омодагии кишварҳои ғарбӣ барои ба расмият шинохтани Фаластин

0

Нахуствазири Канада эълом кард, ки қасд дорад ҳамроҳи Фаронса моҳи сентябри соли ҷорӣ кишвари Фаластинро ба расмият бишиносад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан Фаронса ва Британия эълон карда буданд, ки ба расмият шинохтани Фаластин зарур аст ва барои ҳалли мушкилоти Ховари Миёна ҳамаи кишварҳо ин иқдомро бояд анҷом диҳанд.

Эълони ба расмият шинохтани давлати Фаластин ҳамчун кишвари мустақил аз ҷониби Канада шоми рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи аъзои ҳукумати ин кишвар, ки ба хотири баррасии вазъияти Ғазза баргузор шуд, сурат гирифтааст.

Нахуствазири Канада Марк Карни гуфта, ки ин тасмим баъд аз гуфтугӯи телефонӣ бо нахуствазири Британия Кир Стармер гирифта шудааст. Стармер низ рӯзи сешанбе эълон карда буд, ки агар Исроил барои поён додани вазъияти “ҳавлноки” Ғазза иқдоми ҷиддие накунад, кишвари Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт.

Баҳс бар сари ба расмият шинохтани кишвари Фаластин пас аз эълони Эмануэл Макрон, расиҷумҳури Фаронса, ки гуфт, қасд дорад Фаластинро дар моҳи сентябр ба расмият шиносад, сар зад.

Дар ҳамин ҳол вазирони корҳои хориҷии 15 кишвари дигар, аз ҷумла Финландия, Ирландия, Испания, Портулагия, Люксембург, Словения, Малта, Андора, Норвегия, Исландия, Австралия ва боз чанд кишвари дигар ба иқдоми Фаронса ҳамроҳ шуданд ва бо судури баёнияи муштарак аз тамоми кишварҳои ҷаҳон хостанд, ки барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин иқдом кунанд.

Ин тасмимот дар ҳоле гирифта мешавад, ки дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми июли соли ҷорӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзо баргузор гашт, эътирофи давлати Фаластин ҳамчун роҳҳалли низоъҳои минтақа дониста шуд. Дар ин нишаст аксари вазирони корҳои хориҷӣ ягона роҳҳалли мушкилот байни Исроилу Фаластинро дар эътирофи ду давлати ҷудогона донистанд.

Вазирони хориҷии кишварҳои аъзо, бахусус Фаронса ба Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод дод, ки Исроилро ба пои мизи музокира биёрад ва бо ҳар навъ фишоре ӯро маҷбур созад, ки роҳҳалли дукишвариро бипазирад.

Аммо Исроил то ҳанӯз ба ҳеч унвон қабул надорад, ки давлати Фаластин ба расмият шинохта шавад. Ҳамзамон Исроилу Амрико ин конфронси СММ-ро бойкот карданд. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико иддао карда, ки ин конфронс сабаби тӯлонӣ шудани ҷанг дар Ғазза мешавад ва ҲАМОС-ро қавитар мекунад.

Вазирони хориҷа дар нишасти мазкур таъкид карданд, ки бидуни дар назар гирифтани ояндаи Ғазза ва татбиқи роҳҳалҳои сиёсӣ наметавон ба фикри оташбаси пойдор дар ин борика буд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Исроил бо нашри баёнияе иқдоми кишвари Канада ва дигар кишварҳои барои ба расмият шинохтани Фаластин маҳкум карда, гуфтааст, ки “Тағйири мавзеи давлати Канада дар ин лаҳзаҳо ба ҲАМОС подош медиҳад ва талош барои дастёбӣ ба оташбас дар Ғазза ва озодсозии гаравгонҳоро тазъиф мекунад”.

Ёдовар мешавем, ки то кунун 147 кишвари ҷаҳон Фаластинро расман эътироф кардаанд. Аммо бархе кишварҳои ғарбӣ ҳамроҳ бо Амрико ва Исроил то ҳанӯз Фаластинро ба расмият нашинохтаанд.

Оё дар тамоми Русия муҳоҷиронро аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум мекунанд?

0

Мақомоти Русия мехоҳанд кори муҳоҷиронро дар соҳаи таксиронӣ пурра манъ кунанд.

Муовини раиси Кумитаи сиёсати минтақавии Думаи Давлатӣ Михаил Матвеев пешниҳод кардааст, ки дар тамоми қаламрави Русия шаҳрвандони хориҷиро аз ҳаққи кор дар таксӣ маҳрум кунанд.

Ӯ инро дар суҳбат бо расонаҳои русӣ баён карда, аз тасмими мақомоти Санкт-Петербург дар бораи манъи кор кардани шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксӣ, истиқбол намудааст ва онро қадами муҳиме барои баланд бардоштани амнияти мусофирон номидааст.

Гуфта мешавад, қарори нави ҳукумати Санкт-Петербург муваққатӣ буда, аз 10-уми август то охири соли 2025 амал хоҳад кард.

Матвеев ҳамчунин тавзеҳ дода, ки ин маҳдудиятҳо ба шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ва инчунин шаҳрвандони кишварҳои узви ЕАЭС — Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд, татбиқ намешавад.

Ин вакили рус иддао кардааст, ки ин маҳдудият дар шаҳрҳои бузург ба кам шудани шадиди шумораи ронандагон намеоварад ва изҳори умедворӣ кардааст, ки аз ин ҳисоб шаҳрвандони Русия бо ҷойҳои корӣ таъмин хоҳанд шуд.

Аммо ширкатҳои таксӣ дар Русия мегӯянд, ки агар ин пешниҳод қабул шавад, шаҳрҳои бузург бо камбуди ронанда ва боло рафтани нархҳо дар таксӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Ин пешниҳод дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомот дар вилояти Хабаровски Русия эҳтимол дорад қарори қаблан ҷоришудаи манъи кори шаҳрвандони хориҷиро дар бахши нақлиёти ҷамъиятӣ бо сабаби камбуди ронандагон ва шикояти сокинон аз дер мондани таксиҳо, бозбинӣ кунанд.

Чунин маҳдудиятҳо дар баъзе минтақаҳои Русия, аз ҷумла Самара ва Тотористон низ вуҷуд доранд. Дар Тотористон то охири соли 2025 ба корфармоён манъ шудааст, ки шаҳрвандони хориҷиро, ки бо “патент” кор мекунанд, дар 10 соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла таксӣ ба кор ҷалб намоянд.

Пештар худи раҳбари Тотористон Рустам Минниханов ҳушдор дода буд, ки маҳдуд кардани кори муҳоҷирон метавонад ба вазъи иқтисодӣ таъсири манфӣ расонад.

Гуфта мешавад, баҳси кори муҳоҷирон дар бахшҳои муайяни иқтисодиёти Русия миёни мақомдорон ва ҷомеаи ин кишвар дар чанд соли охир доғтар шудаааст.

Ва пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои “Крокус Сити Ҳолл”, ки гумонбаронаш муҳоҷирон мебошанд, дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, мақомоти ин кишвар ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгаро бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбат ба муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд.

Ҳамчунин асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд. Инчунин дар ин муддат дар Русия чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Шикоят: Роҳҳо хеле харобу хатарноканд, кай обод мешаванд?

0

Бархе аз сокинони ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон аз вазъи ногувор ва хатарноки роҳҳои байни деҳаҳо шикоят доранд.

Як ронанда бо номи Фаррухи Неъмат дар сафҳаи фейсбукии худ аз вазъи бади роҳ дар деҳаи Дардишарифи ноҳияи Айнӣ шикоят кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин роҳ, ки ба самти Кӯҳистони Мастчоҳ мебарад, солҳои зиёд таъмирро надидааст ва боиси хароб шудани мошинҳо мегардад.

Фаррух мегӯяд, ҳар боре, ки аз ин роҳ мегузарад, чархи мошинаш мекафад ва зарари зиёд мебинад. Ӯ дар муроҷиат ба масъулони ноҳия пешниҳод кардааст, аз мошинҳои боркаше, ки сабаби асосии вайрон шудани роҳ шудаанд, маблағ ситонида шавад ва ин маблағ барои таъмири роҳ истифода гардад.

Дар наворе, ки ӯ нашр кардааст, ҳолати роҳ пурхатар буда, мошинҳо бо мушкилӣ ҳаракат мекунанд. Ӯ мегӯяд: “Аксари мо имкони молии зиёд надорем, ки ҳар дафъа чархҳои мошинро нав кунем ё мошинро таъмир кунем”.

Корбарони Фейсбук дар зери ин навор вазъи бади роҳро тасдиқ карда, изҳори умедворӣ намудаанд, ки роҳ ҳарчи зудтар таъмир хоҳад шуд. Онҳо таъкид доранд, ки роҳҳо, бахусус дар дохили деҳаҳо, хеле хароб буда, ниёз ба таъмири ҷиддӣ доранд.

Ахиран дар фазои маҷозӣ видеоҳое паҳн мешаванд, ки зоҳиран бо истифода аз технологияҳои ҳуши маснуӣ сохта шудаанд. Дар онҳо аз мардум даъват мешавад, ки барои таъмири роҳҳо дар маҳалҳои худ саҳм гузоранд. 

Гуфта мешавад, сабаби истифодаи чунин видеоҳо ва шикоятҳо бо чеҳраҳои сохта, ба эҳтимоли зиёд, тарси сокинон аз муҷозоти эҳтимолӣ аз ҷониби мақомот аст. 

Борҳо шудааст, ки баъд аз интиқоди вазъи роҳҳо, ё шикоят аз мушкилоту бемасъулиятии мақомот, сокинон ба фишор рӯ ба рӯ шуда, маҷбур шудаанд, ки назарашонро пас бигиранд ё узр пурсанд.

“Барқи Тоҷик” дар қарз ғӯтидааст

0

Ширкати энергетикии давлатии Тоҷикистон – “Барқи Тоҷик” беш аз 20 миллиард сомонӣ қарздор аст.

Қурбонзода Абдулло, муовини раҳбари “Барқи Тоҷик” 30-уми июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотие ба хабарнигорон гуфт, ки бо вуҷуди бахшида шудани қисме аз қарзҳо ин ширкат то ҳол 3,4 миллиард сомонӣ аз “Сангтӯда-1”, 3,7 миллиард сомонӣ аз “Сангтӯда-2”, 1 миллиард сомонӣ аз НБО «Роғун» ва 12 миллиард сомонӣ аз Вазорати молияи Тоҷикистон қарздор аст. Аммо ӯ сабабҳои қарздоршавии ширкат ва пардохт нашудани карзҳоро нагуфт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар як нишасти матбуотӣ Далер Ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, ки аҳолии кишвар барои истифодаи нерӯи барқ аз “Барқи Тоҷик” зиёда аз 1,7 миллиард сомонӣ қарздоранд. Ғайр аз мардум, чанде аз сохторҳои муҳими давлатӣ низ дар рӯйхати қарздорони бузург қарор дошта, ширкати алюминийи тоҷик (ТАЛКО) — бо қарзи 718 миллион сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ — 238 миллион, идораҳои буҷетӣ — 108 миллион, ва корхонаҳои обу корез — 16,4 миллион сомонӣ ва дигар корхонаҳо – 1 миллиарду 685,6 миллион сомонӣ қарздор мондаанд.

Аммо дар поёни ҳама ин рақамҳо суоле ба миён меояд, ки агар худи “Барқи Тоҷик” беш аз 20,1 миллиард сомонӣ қарздор бошад ва муштариён аз ин ширкат наздики 3,7 миллиард сомонӣ, пас 16,4 миллиард сомонӣ куҷо ва барои чӣ нопадид шудааст? Ва чаро як ширкати монополӣ дар бозори барқ, ки ҳатто барқро ба хориҷи Тоҷикистон ҳам мефурӯшад ба чунин ҳолати шадиди молиявӣ гирифтор шудааст?

Посухи дақиқ ба ин саволҳо то ҳол дода нашудааст. Аммо ба гуфтаи коршиносон, мушкилот дар набудани шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин роҳбарии нодуруст, фасоду дуздӣ дар кори соҳаи энергетика аст ва то замоне ки ин масъалаҳо ҳалли худро наёбанд, қарзи “Барқи Тоҷик” метавонад боз ҳам бештар шавад.

Аббос Ароқчӣ ба Тоҷикистон омад

0

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон Аббос Ароқчӣ 30 июли соли ҷорӣ бо сафари расмӣ ба Душанбе – пойтахти Тоҷикистон омад.

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон навиштанд, ки ӯ имрӯз бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту гуфтугӯ кардааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг ва ғайраро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо инчунин оид ба масоили муҳими байналмилалӣ ва амнияти минтақавӣ табодули назар карданд. Таъкид шуд, ки таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек миёни ду кишвар ба нафъи ҳарду миллат хоҳад буд.

Ҳамзамон Ароқчӣ бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин низ мулоқот карда, масоили гуногуни ҳамкории дуҷониба ва бахусус роҳҳои тавсеаиҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Моҳи июни соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ва ИМА ба таъсисоти ҳастаии Эронро маҳкум карда буд. Дар изҳороти расмӣ зикр шуд, ки шиддатёбии муноқиша метавонад ба ҷанги тӯлонӣ бо пайомадҳои ҷиддӣ барои тамоми минтақа ва ҷаҳон табдил ёбад.

Ҳукми 8,5 соли зиндон барои Шарофиддин дар Русия

0

Раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев дар Русия ба 8,5 соли зиндон маҳкум шудааст.

Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав ҳукмро рӯзи 29-уми июли соли ҷорӣ дар ғайби Гадоев содир намуда, ӯро ба паҳн кардани хабарҳои дурӯғ дар бораи артиши Русия ва ҷанги ин кишвар алайҳи Украина муттаҳам кардааст.

Ҳамчунин бо ҳамин иттиҳом дар Русия Муҳаммадиқболи Садриддин, мухолифи сарсахти режими Раҳмонов ва мудири пойгоҳи “Isloh.net” ғоибона маҳкум ба зиндон шудааст, вале ба чанд соли зиндон маълум нест. 

Дар ҷараёни мурофиаи ғоибона, ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун шоҳиди айбдоркунӣ баромад карда, яке аз онҳо, ки худро омӯзгори динӣ Хайриддин Дастаков муаррифӣ намуд, изҳор доштааст, ки Гадоев дар байни муҳоҷирони тоҷик таблиғоти зидди Русия мебарад ва гӯё ҳадафи онҳо “табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон” мебошад. Инчунин Дастаков таъкид кардааст, ки “то замоне ки Русияи қавӣ аст, онҳо ҳеҷ кор карда наметавонанд”.

Аммо вакили таъйиншудаи раҳбари ҶИРТ Шарофиддин Гадоев дар мурофиа гуфта, ки гуноҳи зерҳимояаш собит нашудааст ва хостааст ӯро сафед кунанд.

Пас аз содир шудани ҳукм нисбати ин мухолифи режими имрӯзаи Тоҷикистон, эҳтимол меравад, ки болои тоҷикистониҳое, ки ба саҳифаҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шудаанд ва дар Русия қарор доранд, мушкилӣ эҷод шавад.

Гуфта мешавад, мақомоти Русия алайҳи ӯ пас аз нашри навори 20-дақиқаӣ дар соли 2022 дар шабакаи “ISLOH”, ки дар он аз кушта шудани шаҳрвандони Украина аз ҷониби сарбозони рус ҳикоят мекард, парвандаи ҷиноӣ боз намуда буданд.

Худи Гадоев он замон гуфта буд, ки парвандаи ҷиноӣ дар Русия ба фаъолиятҳои сиёсиаш ва тарафдорияш аз Украина рабт дорад.

Шарофиддин Гадоев, ки паноҳандагии Ҳолландро дорад, дар соли 2019 вақти сафар ба Маскав рабуда ва иҷборан ба Душанбе фиристода шуда буд. Ӯ тавонист бо пуштибонии Вазорати хориҷии Ҳолланд ва Вазорати хориҷии Олмон ба Аврупо баргардонида шавад. Баъд аз баргашташ Гадоев ба расонаҳо гуфта буд, ки дар Тоҷикистон ӯро шиканҷаву маҷбур карда буданд, ки дар наворҳои таблиғотии Ҳукумат гап занад.

СММ: Эътирофи давлати Фаластин ягона роҳи ҳалли низоъҳо аст

0

Дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид, ки дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзо анҷом шуд, эътирофи давлати Фаластин ҳамчун роҳҳалли низоъҳои минтақа дониста шуд.

Ин нишаст, ки бо раёсат ва мизбонии кишварҳои Фаронса ва Арабистони Саудӣ рӯзҳои 28 ва 29-уми июл баргузор гашт, аксари вазирони корҳои хориҷӣ ягона роҳҳалли мушкилот байни Исроилу Фаластинро дар эътирофи ду давлати ҷудогона донистанд.

Вазирони хориҷии кишварҳои аъзо, бахусус Фаронса ба Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод дод, ки Исроилро ба пои мизи музокира биёрад ва бо ҳар навъ фишоре ӯро маҷбур созад, ки роҳҳалли дукишвариро бипазирад.

Жан-Ноэл Барро, вазири корҳои хориҷии Фаронса ба хабарнигорон гуфта, ки “Комиссия Аврупо аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо бояд нишон диҳад, ки мехоҳад ва метавонад давлати Исроилро водор ба шунидани ин хоста кунад”, ки Фаластин бояд ҳамчун кишвари мустақил дар минтақа шинохта шавад.

Исроил то ҳанӯз ба ҳеч унвон қабул надорад, ки давлати Фаластин ба расмият шинохта шавад. Ҳамзамон Исроилу Амрико ин конфронси СММ-ро бойкот карданд. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико иддао карда, ки ин конфронс сабаби тӯлонӣ шудани ҷанг дар Ғазза мешавад ва ҲАМОС-ро қавитар мекунад.

Аммо вазирони хориҷа дар нишасти мазкур таъкид карданд, ки бидуни дар назар гирифтани ояндаи Ғазза ва татбиқи роҳҳалҳои сиёсӣ наметавон ба фикри оташбаси пойдор дар ин борика буд.

Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Файсал бин Фарҳон дар поёни нишаст ба хабарнигорон гуфт, ки кишварҳои зиёде майл доранд давлати Фаластинро ба расмият бишиносанд. Ӯ таъкид кард, ки фаластиниҳо ҳамчун миллат ҳаққи машруъ ва қонунияшон аст, ки давлати худи мустақили худро дошта бошанд.

Дар ҳамин ҳол Кир Стармер, сарвазири Британияи Кабир дар як изҳороте гуфт, вақти он расида, ки Фаластин ҳамчун кишвари мустақил дар минтақа шинохта шавад. Ӯ таъкид кард, ки агар Исроил дар муддати кӯтоҳ натавонад мушкилоти фоҷеабори инсониро дар Ғазза поён диҳад ва як сулҳи пойдорро барқарор кунад, дар моҳи сентябр кишвари Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт.

Ёдовар мешавем, ки то кунун 147 кишвари ҷаҳон Фаластинро расман эътироф кардаанд. Аммо бархе кишварҳои ғарбӣ ҳамроҳ бо Амрико ва Исроил то ҳанӯз Фаластинро ба расмият нашинохтаанд.