13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 578

Як ҳайати бузурги соҳибкорону тоҷирон аз Узбекистон ба Душанбе меоянд

0

Ҳайати бузурге аз соҳибкорон ва тиҷорати калони Узбекистон (иборат аз 150 нафар) ба Душанбе ташриф меоранд.

“Азия Плюс” бо такя ба манбааш дар ҳукумати кишвар гузориш дод, ки ба ҳайати мазкур намояндагони доираҳои тиҷоратии тамоми минтақаҳо ва шаҳрҳои бузурги кишвари ҳамсоя шомил хастанд.

Рӯзи 1-уми июн дар меҳмонхонаи “Hayatt Regency” дар Душанбе Форуми соҳибкорони тоҷику узбек баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, намояндагони тиҷоратии ду кишвар раванди татбиқи лоиҳаҳои нави муштаракро баррасӣ мекунанд ва интизор меравад, ки онҳо дар мавриди таҳвили молу хадамот созишномаҳо ба имзо расонанд.

Ёдовар мешавем, ки Душанбе ва Тошканд қасд доранд ба рушди тиҷорат равнақи тозае бахшида ва ҳачми мубодилаи молу колоро байни ҳамдигар ба 1 миллиард доллар бирасонанд.

Сафари вазири умури дохилаи Тоҷикистон ба Теҳрон

0

Рамазон Раҳимзода вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар сарварии як ҳайати расмӣ субҳи имрӯз 31 май озими Теҳрон шуд.

Тибқи гузориши Маркази матбуотии ВКД-и Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар ин сафари кории худ қасд дорад бо роҳбарияти олии Ҷумҳурии Исломии Эрон оиди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши амният, мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ дидору гуфтугӯ дошта бошад.

Ҳамчунин муҳокимаи дигар масоил ва имзои як қатор санадҳои марбута низ дар назар аст.

Изҳори миннатдории Маҳмадалӣ Ҳаит аз СММ ва чанд талабаш аз масъулони СРИҶҶТ

0

Маҳмадалӣ Ҳаит – маҳбуси сиёсӣ ва муовини раиси ҲНИТ аз масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон хостааст, се талаби ӯро иҷро кунанд, вале мақомот танҳо иҷрои як хоҳиши ӯро ваъда кардаанд.

Радиои Озодӣ аз қавли ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит, Савринисо Ҷӯрабекова навишт, ки ӯ бо шаҳвараш рӯзи 22 май дар СИЗО-и рақами яки шаҳри Душанбе вохӯрӣ намуда, М.Ҳаит аз ҳамсараш хоста, ки чанд хоҳиши ӯро ба масъулони зиндонҳои Тоҷикистон бирасонад.

Рӯзи 29 май Ҷӯрабекова ба Мансурҷон Умаров раиси СРИҶҶТ хостаҳои шавҳарашро расондааст. Вале Умаров танҳо иҷрои як хоҳиши Маҳмадалӣ Ҳаитро ваъда кардааст.

Гуфта мешавад, муовини зиндонии раиси ҲНИТ аз масъулони зиндонҳои Тоҷикистон хоста, ки зарфи обҷӯшонии ӯро бозпас гардонанд, бо як нафаре, ки дар куштори занҳо муттаҳам аст, ҳамроҳ кардаанд, ҷояшро иваз кунанд ва инчунин радиояшро, ки маъмурони зиндон аз дасташ гирифтаанд, бозгардонанд. Умаров ваъда карда, ки зарфи обҷӯшонияшро боспас мегардонанд, аммо иҷрои дигар хоҳишоти М.Ҳаитро ваъда накардаанд.

Ҷӯрабекова ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Аз се дархост танҳо якеро пазируфт ва ваъда кард, ки чойники обҷӯшониро ба ӯ бармегардонанд. Дар мавриди радио гуфт, дар долонҳои зиндон баландгӯякҳои радио фаъоланд ва зиндониён метавонанд, онро гӯш кунанд, кофӣ аст. Дархости дигарро ҳам рад карда, гуфт, вақте одам дар зиндон афтод, ҳамроҳи одамкушу террорист ва ҷинояткорони дигар адои ҷазо мекунад ва ин хилофи қонун нест.”

Ҳамчунин Маҳмадалӣ Ҳаит аз маъмурони зиндон хостааст, ӯро бо зиндониёни сиёсӣ, аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ, нигоҳ доранд. Ба гуфтаи пайвандонаш ин талаби Ҳаит низ аз ҷониби раиси СРИҶҶТ рад шудааст.

Пайвандони Маҳмадлӣ Ҳаит дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфтанд, ки илова бар ин се хоҳиш инчунин М.Ҳаит ба унвонии Мансурҷон Умаров ариза навишта, хостааст бо ӯ шахсан мулоқот кунад. Ҳамсари М.Ҳаит мегӯяд, Мансурҷон Умаров ваъда кардааст, ки бо М.Ҳаит мулоқот хоҳад кард.

Инчунин Маҳмадалӣ Ҳаит дар мулоқот бо ҳамсараш гуфта, ки он нафаре, ки дар куштори занҳо муттаҳам аст, махсус бо фармони Нуриддин Раҳмонов муовини раиси СРИҶҶ -нафаре, ки дар гузашта даст доштанаш дар шиканҷаи Маҳмадалӣ Ҳаит борҳо расонаӣ шуда буд, ба утоқи ӯ оварда шудааст.

Ҷӯрабекова мегӯяд, шавҳараш “ишора кард, ки ин зиндонӣ зуд-зуд оби ташнобро банд мекунад ва ё тавтеаҳои дигарро ба роҳ меандозад, то ӯ асабӣ шуда, вокуниши тунд нишон диҳад.”

Ба гуфтаи М.Ҳаит овардани ин зиндонӣ ба утоқи ӯ як фишори навбатиест, ки Нуриддин Раҳмонов аз дур истода ба чунин корҳо супориш медиҳад.

Ҳамчунин муовини зиндонии раиси ҲНИТ аз Созмони Миллали Муттаҳид ва инчунин аз тамоми созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои ӯ талош кадаанд, изҳори миннатдорӣ кардааст.

Ӯ гуфта, талоши ин созмонҳо, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои ӯ ва зиндониёни сиёсии дигар садо баланд карданд, парвандаҳои аъзоёни ҲНИТ, ҳомиёни ҳуқуқ ва дигар зиндониёни сиёсиро пайгирӣ карданд ва бегуноҳии онҳоро собит сохтанд, боиси таҳсину қадрдонист.

Маврид ба ёдоварист, ки Маҳмадалӣ Ҳаитро мақомоти Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар аъзоёни ҲНИТ соли 2015 боздошт ва соли 2016 бо 14 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, паси дарҳои баста барои якумра аз озодӣ маҳрум карданд.

Созмони Миллали Муттаҳид ва чандин созмонҳои байналмиллалии ҳомии ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон озодӣ аъзоёни ҲНИТ ва махсусан Маҳмадлӣ Ҳаитро бечуну чаро талаб карданд, аммо ҳукумати кишвар ба дархости ин созмонҳои ҳуқуқ ҷавоби рад дод.

Ва ҳафтае пеш созмони ҳомии ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ “Freedom Now” дар суҳбат бо “Аздо тв” иброз дошт, ки ҳамроҳ бо созмони “Ҳоган Ловеллс” (Hogan Lovells) ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар масъалаи поймол шудани ҳуқуқи озодии Маҳмадалӣ Ҳаит аз ҷониби мақомдорони Тоҷикистон шикоят бурдаанд, ҳамзамон талаб намуданд, ки ин Кумита дар мавриди он ки Ҳукумати Тоҷикистон бо зиндонӣ кардани Маҳмадалӣ Ҳаит уҳдадориҳои худро дар назди Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ вайрон кардааст, чораандешӣ кунад.

Дар баробари ин, “Freedom Now” аз Кумитаи СММ хост бори дигар озодии бидуни қайду шарти Маҳмадалӣ Ҳаитро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб кунад.

Зиндонӣ шудани 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми терроризм

0

Додгоҳи 2-юми ҳарбии Ғарбӣ 5 муҳоҷире, ки соли 2018 дар Маскав бо истифода аз нақлиёти боркаш ҳамлаи террористӣ анҷом доданӣ будаанд, аз 9 то 17 солӣ зиндон дар колонияи низомаш сахт маҳкум кард. Ин 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешаванд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Хадамоти матбуоти додгоҳи мазкур хабар дод.

“Додгоҳ панҷ айбдоршавандаро дар таҳияи ҳамлаи террористӣ гунаҳгор донист ва ба онҳо ҷазоҳои аз 9 то 17 сол зиндонро дар колонияи низомаш сахт таъйин кард”, гуфт котиби матбуотии додгоҳ Ирина Жирнова.

Тибқи иттилои як манбаи ТАСС дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, айбдоршавандагон “нақша доштанд, ки бо истифода аз мошини боркаш дар Маскав аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳҳои тарканда ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд”, “Ҳамаи онҳо 25 октябри соли 2018 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир карда шуданд”, – гуфт мусоҳиби ин расона.

Вобаста аз нақш ва иштирок, ҳар яке аз айбдоршавандагон дар омода кардани ҳамлаи террористӣ, ташкили ҷомеаи террористӣ ва гардиши ғайриқонунии силоҳ гунаҳкор дониста шуданд. “Додгоҳ Раҷабов Нуруллоро барои 17 -сол, Арабов Лутфолло – 15 сол, Ниҳмон Хочаев – 11 сол, Шокиров Шодмон – 9 сол аз озодӣ маҳрум сохт”, – гуфт Хадамоти матбуотии додгоҳ. Ва илова намуд, ки ҳамаи айбдоршавандагон ҷазоро дар колонияи низомаш сахт сипарӣ хоҳанд кард.

Аммо айбдоршавандагон касе иттиҳомти алайҳашон эълоншударо напазируфта ва онро туҳмате болояшон донистаанд.

Дар ҳамин ҳол вакили дифои яке аз маҳкумшудагон ба “Интерфакс” гуфта, ки ҳеҷ яке аз ин панҷ нафар ба гуноҳи худ иқрор нашудааст ва аз болои ҳукм ба зинаҳои болоӣ шикоят карда мешавад.

Дар охири мурофиаи додгоҳӣ низ яке аз маҳкумшудагон гуфта, ки “Он чизе, ки моро ба он айбдор мекунанд, мо содир накардем, ин ҳама бофта аст”.

Посухи мақомоти Русия ба “Гурӯҳи 24”: Р.Маҳмадҷон 18 май Русияро тарк кардааст

0

Баъд аз ғайб задани Раҳматҷони Маҳмадҷон, намояндаи ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Федератсияи Русия, ин ҳаракати сиёсӣ барои таҳқиқи ҳодиса вакили мудофеъ гирифт ва ба мақомоти расмии Федератсияи Русия бо дархости равшан кардани вазъ нома фиристод.

Рӯзи 27 майи соли 2021 ба дархости ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, ки ба Дастоҳи Президенти ФР равона шуда буд, ба он аз номи Вазорати корҳои дохилии Русия посух омад.

Дар посух гуфта мешавад, ки “Раҳматҷони Маҳмадҷон қаламрави Федератсияи Русияро 18 майи соли 2021 тарк кардааст”.

Ҳамчунин дар посухи ВКД-и Русия гуфта мешавад, ки Раҳматҷон дар қаламрави Федератсияи Русия ягон қонунвайронкунии ҷиноятӣ ё маъмурӣ анҷом надодааст.

Дар идома зикр мешавад, ки  ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бояд барои ҷустуҷӯи Раҳматҷон Маҳмадҷон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон муроҷиат кунад.

Раҳматҷони Маҳмадҷон, намояндаи “Гурӯҳи 24” дар ФР

Лозим ба ёдоварист, ки Раҳматҷони Маҳмадҷон аз соли 2010 шаҳрванди Русия буда, расман дар шаҳри Волск, вилояти Саратов сабти ном шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии “Гурӯҳи 24”, қарорҳои прокуратураи байниноҳиявии Измайлово дар Маскав ва прокуратураи шаҳри Балашиха мавҷуданд, ки тибқи онҳо боздошти Раҳматҷони Маҳмадҷон дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ аст.

“Гурӯҳи 24” менависад, ки тибқи қонунҳои Русия, ҷустуҷӯи шаҳрванди Русия масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар мебошад. Ҳамчунин ин ҳаракати сиёсӣ суол мегузорад, ки чаро мақомоти ФР вазифаи қонунии худро дар бораи ҳимояи шаҳрвандони худ иҷро намекунанд ё қонунҳои Русия танҳо барои русҳои этникӣ татбиқ мешаванд?

Ба иддаои ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” мақомоти Тоҷикистон дар рабудани мухолифони худ даст дорад ва маҳз Раҳматҷони Маҳмадҷон бо амри Раҳмонов рабуда ва ба Тоҷикистон бурда шудааст.

Дар идома “Гурӯҳи 24” аз мақомоти Русия даъват намудааст, ки ҳодисаи ғайб задани Раҳматҷон Маҳмадҷонро тафтиш кунанд, зеро ин вазифаи бевоситаи онҳост.

Ёдовар мешавем, ки аз рӯзи 18 майи соли ҷорӣ намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Федератсияи Русия, Раҳматҷони Маҳмадҷон, ки шаҳрвандии Русияро низ доштааст, пас аз хона баромадан нопадид шудааст.

Писари вазири собиқи энержии Тоҷикистон таҳти пайгард қарор гирифт

0

Пулиси пойтахт писари вазири собиқи энержӣ Гул Шералӣ, Диловар  Гуловро таҳти пайгард ва ҷустуҷӯ қарор дод.

Тибқи гузориши “Азия Плюс” пулис нисбати писари собиқ вазир бо модаи 237 (авбошӣ) Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Маркази матбуотии ВКД-и Душанбе хабар дод, ки номбурда аз 19 майи соли ҷорӣ мавриди ҷустуҷӯи пулис карор дорад.

Пулис аз шаҳрвандоне, ки дар бораи макони буду боши Диловар Гулов иттилоъ доранд хоҳиш карда, ки ба пулис хабар бидиҳанд.

Ба гуфтаи пулис ду писари собиқ вазир барои ширкат дар як занозанӣ дар тарабхонаи “Сим-Сим” гумонбар дониста мешаванд, ки яке аз онҳо меҳмони тарабхонаро бо корд захмӣ карда аст. Вале кадоме аз ин ду корд истифода кардааст гузориш дода намешавад.

Пулис Шералӣ Гулови 24 соларо дар Суғд боздошт карда ва Диловар Гулови 29 соларо пайдо накарда аст.

Ин бори аввал нест, ки Диловар Гулов дар гузоришҳои пулис зоҳир мешавад.

Моҳи июни соли 2018 дар Душанбе ӯ як пулисро лату куб карда аз ҷои ҳодиса фирор намуда баъдан худ ба идораи пулис омад. Барои ин ҷиноят Диловар Гулов ба як соли зиндон маҳкум гардид.

Пештар дар моҳи марти соли 2018 Диловар Гулов ҳамроҳи Дилшод Нуруллозода ва Давлатшоҳ Сайидакрамов домод ва ронандаи вазири собиқ барои задухурд дар тарабхонаи “Галакси” боздошт ва аз 5 то 15 шабонарӯз ба ҳабс маҳкум шуданд.

Дар соли 2015 Диловар Гулов барои рондани мошини сиёҳкарда шуда бидуни иҷозат ба 5000 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд.

▶️Барномаи хaбарии ИМРӮЗ – 28.05.2021 | AZDА TV | برنامه ای خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

– Шарҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Қирғизистон дармондаанд, чӣ кор кунанд? (Тоҷикистониёни дармонда дар Қирғизистон чи кор кунанд?)

– Хоҳарзодаи ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон худро ба пулис таслим кард

– Истеъфои Зоиров ва эътирози муовинонаш ҲСДТ-ро ба куҷо мекашонад?

– Фейсбукро қазияи ахири Фаластин ба зону нишонд

Истеъфои Зойиров ва эътирози муовинонаш ҲСДТ-ро ба куҷо мекашонад?

0

Дар таърихи 26-уми май Раҳматилло Зойиров, акнун собиқ раиси ҲСДТ баъд аз 20 соли раҳбарияш дар ин ҳизб аз мақомаш истеъфо дод. Ба курсии ӯ то интихоби раиси нав Қиёмиддин Азизов нишаст. Аммо муовинони Зойиров аз таъйин шудани Азизов ба мақоми раиси ҳизб изҳори норозигӣ намуда онро бархилофи Оинномаи ҳизб донистанд.

Шокирҷон Ҳакимов дар суҳбат бо пойгоҳи “Равзан” гуфт, ки “истеъфои Зойиров моҳиятан дуруст аст, вале тарзу усули амалӣ намудани он ба тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи ҲСДТ мухолифат мекунад”.

Ба гуфтаи ӯ, баъд аз истеъфои раиси ҳизб зарурати таъйини иҷрокунандаи вазифаи раис аслан вуҷуд надорад.

Шокирҷон Ҳакимов муовини аввали раиси ҲСДТ

“Ҳангоми беморӣ, ба муддати тулонӣ ба хориҷи кишвар рафтан ва дигар ҳолатҳое, ки Раис наметавонад вазифаҳояшро дурусту самаранок ба анҷом расонад, салоҳиятҳои ӯро Муовини аввал иҷро мекунад ва ҳангоми зарурат Шӯрои сиёсии ҳизбро даъват намуда, оид ба таъйини замони баргузории Анҷумани ғайринавбатӣ ё фавқулодда, муқаррар намудани меъёри намояндагӣ ва интихоби вакилону масъалаҳои дар он баррасишаванда қарор қабул мекунад”, – мегӯяд Ҳакимов.

Муовини аввалин ҲСДТ бар ин назар аст, ки дар истеъфои Зоиров ва интихоби Азизов меъёрҳои Оинномаи ҲСДТ риоя нашуданд ва машруъияти раиси муваққатан таъиншуда заминаи ҳуқуқӣ надорад ва “кирдори Раиси ҳизб мазмуни баромадан аз ваколатҳоро низ дораду дар он аломатҳои бесалоҳиятӣ низ вуҷуд доранд”.

Ба назари Ҳакимов ин ихтилофи ба вуҷудомада агарчи ҳизбро ба парокандагӣ оварда нарасонад ҳам онро “хатогии тактикӣ” номид. Ва ба андешаи ӯ Анҷуман ҳизб агар дар чорчӯбаи Оинномаи ҳизб доир шавад, ин ихтилофи назарҳо аз байн меравад.

Дар ҳамин ҳол Шуҳрат Қудратов як муовини дигари раиси ҲСДТ дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, ки касе аз ариза огоҳ нест ва Шӯрои сиёсии ҳизб намедонанд, ки Зойиров таҳти чӣ шароите истеъфо додааст. Ӯ бо чанд далел ба истеъфо рафтани Раҳматилло Зойиров ва ба ҷои ӯ таъйин шудани Қиёмиддин Азизовро бар хилофи талаботи оиномаи ҲСДТ медонад:

1. Шӯрои сиёсӣ умуман баргузор нашудааст ва ҳеч яке аз аъзои Шӯрои сиёсии ҲСТД огоҳӣ надошт ва ба ин ҷаласа даъват нашудаанд ва дар он иштирок накардаанд;

2. Дар масъалаи аризаи Р. Зойиров дар бораи истеъфо доданаш аз раисии ҲСДТ ҳеч яке аз аъзои Шӯрои сиёсӣ бо ин аризаи Зориров шинос нашудааст ва онро надидаст ва метавон гуфт, чунин аризаи вуҷуд надорад;

3. Агар дар ҳақиқат Р. Зоиров ба истеъфо рафта бошанд, дар инҷо бобҳои 11 ва 13 Оиномаи ҲСДТ амал мекунад ва мувофики ин бандҳои Оинома дар ҳолати ба истеъфо рафтани Раис ваколатҳои ӯ ба яке аз муовинаш вогузор мешавад. Ва ҷонишини ӯ дар муддати ду моҳ Анҷумани навбатии ҳизбро даъват мекунад ва дар он Раиси нав интихоб мешавад, аммо чунин ҳам нашуд;

4. Дар хабар омадааст, Қиёмиддин Азизов ҷонишини Раиси ҲСДТ раҳбари ҳизб интихоб шуд, Қиёмиддин Азизов ҳаргиз ҷонишини раиси ҲСДТ набуд ва у масъули бахши ҷаовнони ҳизбро бар душ дошт ва муовинони раиси ҲСДТ, Шокирҷон Ҳакимов, Маҳмурод Одинаев, – ки ба муҳлати тӯлонӣ зиндони шуд, Шуҳрат Қудратов ва Абдуназаров Амният ҳастанд.

Қудратов ба “Аздо тв” гуфт, ҳеч яке аз муовинони раиси ҲСДТ аз истеъфои раиси Ҳизб, аз аризаи ӯ ва аз баргузори Шӯрои сиёсӣ огоҳӣ надоранд.

Шуҳрат Қудратов, муовини раиси ҲСДТ

Ин муовини раиси ҲСДТ мегӯяд, ки аъзоёни ҳизб сабабҳои ба истеъфо рафтану Қ. Азизовро ба ҷои худ ҳамчун раис таъин карданашро хуб медонанд.

“Ба боварии комил метавон гуфт, ки Р. Зоиров барои чӣ истеъфо дод ва Қ. Азизов дар ҳамкорӣ бо кӣ, бо кадом мақомот ба ин вазифа таъйин карда шуд”.

Агарчи Қудратов ошкор нагуфт, ки дар ҳамкорӣ бо кӣ Азизов раҳбари ҲСДТ таъйин шудааст, вале аз гуфтаи муовинони Зоиров ва сукути худи ӯ ошкор аст, ки омадани Азизов хоҳиши худи аъзои Шӯрои сиёсӣ нест.

Коршиносон тахмин мезананд, ки бо раис шудани Азизов раванди “кисагӣ” шудани ин ҳизб дар роҳ аст.

Қиёмиддин Азизов, раиси муваққатии ҲСДТ

Дар ҳаминҳол “Аздо тв” талош кард назари Қиёмидин Азизовро дар ин бора пурсон шавад, вале ӯ гуфт дар роҳ аст ва баъдтар ба суолоти “Аздо тв” посух хоҳад дод, аммо бо гузашти беш як рӯз ва муроҷиати пайдарпай ба суолоти “Аздо тв” ҳанӯз посух надодааст. Дар сурати посухи ӯ назарашро ҳатман нашр хоҳем кард.

300 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ ба сохтмонҳои Русия меоянд

0

Дар наздикҳангом Русия вуруди муҳоҷирони меҳнатиро барои кору фаъолият дар сохтмонҳои ин кишвар иҷозат медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник” Сергей Степашин раиси Шӯрои нозирони фонди манзили ва комуналии Русия гуфт, дар асраъи вақт 300 ҳазор муҳоҷири корӣ ба сохтмонҳои Федератсияи Русия оварда мешаванд.

Степашин, ки дар нишасте дар донишгоҳи давлатии муҳандисии Маскав (NRU MGSU) суханрони мекард изҳор дошт, ки ҳоло қарорҳо дар бораи хориҷиён дар сатҳи ҳукумат қабул карда мешаванд, ба ҷое 300 ҳазор нафар ҳатман оварда хоҳад шуд.  

Ба гуфтаи ӯ ҳукумати Русия як гурӯҳи корӣ байни идоравӣ таъсис дода, ки дар он қарор кабул карда мешавад ва касоне, ки барои кор ба сохтмонҳо меоянд дар онҷо кор мекунанд мизбон барои риояи ҳаққу ҳуқуқи онҳо ин шарт масъул хоҳад буд.

Сергей Степашин изофа намуд, ки дар ҳоли ҳозир дар бахши сохтмонҳо 1 миллиону 200 ҳазор коргар намерасад. Дар бахши кишоварзӣ низ норасоӣ мавҷуд аст, саноат дар мавсим 41 ҳазор нафарро талаб мекунад.

Қаблан Вазорати адлияи Русия аз ташаббуси иваз кардани муҳоҷирони меҳнатӣ бо маҳбусон хабар дода буд, ки 188 ҳазор нафар ҳак доранд ҷазоро бо меҳнати маҷбурӣ иваз кунанд.

Дар охири соли 2020 тартиби соддаи вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар сохтмонҳои Русия ташкил карда шуд.  Ҳамзамон таҳиягар муваззаф аст қонунгузори амалкунандаи Федератсияи Русияро риоят кунад ва назорати санитариву эпидемиологиро таъмин намояд.

Хоҳарзодаи ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон худро ба пулис таслим кард

0

Амриддин Нахшов, мудири корхонаи истихроҷи тиллои “Нахш” ва хоҳарзодаи ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон, худро ба пулис “таслим кардааст”. Гуфта мешавад, Нахшов 10 рӯз боз барои ширкат дар як занозанӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 27 майи соли 2021 шаҳрванд Нахшов Амриддин Файзиддинович, соли таваллудаш 11.11.1985, зода ва сокини ноҳияи Данғара, ки барои содир намудани ҷиноят зери таъқиб қарор дошт, ихтиёран бо иқрори гуноҳ ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Данғара ҳозир шудааст.

Гуфта мешавад, алайҳи хоҳарзодаи ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон тибқи моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “авбошӣ”, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Дар ҳоли ҳозир ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Пештар ҳафт нафар аз надикони Нахшов дастгир шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 16-уми май Нақшов бо чанд тан аз ҳамроҳонаш ба кормандони кирояи ширкати “Мину Фарм”, паймонкори ширкати “Фароз”, ҳамла карда буд. Он замон дар мақомоти тафтишотӣ  аз ҷароҳат бардоштани 10 нафар ва бо корд захмӣ шудани 4 нафари дигар хабар дода буданд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ миёни осебдидагон чаҳор шаҳрванди Афғонистон буда аст, ки барои бастани шартнома барои ҷамъоварии шираи камол ба Данғара омадаанд.Назари Нақшов дар бораи ҳодиса то ҳол маълум нест, аммо пайвандонаш ӯро бегуноҳ донистаанд.

Яке аз шоҳидон ҳодисаро нақл карда гуфта аст, ки як мошин омаду истод ва Сайёдро даъват кард. Се нафар буданд. Ӯро маҷбурӣ бор карда бурданӣ буданд, ки нигаҳбонони ширкат нагузоштанд.

Он замон Сайёд Ғиёсов, сокини 45-солаи Данғараро бо захми чаҳор зарбаи корд дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ карда буданд. Ба қавли шоҳидон, Сайёд Ғиёсов ба Амриддин Нақшов барои соҳиб шудан ба порча замин ҷавоби рад дода аст.

Ба ҳамин хотир одамони Нақшов  дар маҳаллаи 7-уми маркази ноҳияи Данғара ба ӯ дарафтодаанд. Нақшов мехоста, қисме аз заминҳои шираи камоли Данғараро шахсони наздик ба ӯ бигиранд. Аммо ҳаққи ҷамъоварии шираи камолро дар Тоҷикистон танҳо ширктаи “Фароз”-и мутааллиқ ба домоди Раисҷумуҳур Шамсуллоҳ Соҳибов  дорад ва ширкати “Мину Фарм”, ки одамони Нақшов ба кормандонаш дарафтодаанд аз паймонкори ширкати “Фароз”  аст, ки иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро дорад.

Нахшов хоҳарзодаи ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Падараш Файзиддин Нахшов мудири пешини шуъбаи чоруми “Амонатбонк” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд ва соли 2018 даргузашт.

Амриддин Нахшов пештар дар “Ориёнбонк” кор мекард, ҳоло раҳбари ширкати истихроҷи тилои “Нахш” аст. Ин ширкат асосан дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг замин дорад ва бештар дар он ҷо ба истихроҷи тило машғул аст.