24.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 590

Тоҷикистону Қирғизистон бояд то 9 май 112 км марзро муйян кунанд

0

Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон тибқи қарори комиссияи кории дуҷониба то 9 май 112 километр сарҳадро муайян мекунанд. Дар ин бора раиси КДАМ-и Қирғизистон Камчибек Тошиев дар суҳбат бо сокинони деҳаи Мақсат изҳор доштааст. Ба гуфтаи Тошиев, ҷонибҳо оид ба якчанд қитъаҳо ба хулосаи ягона омадаанд.

Ӯ ҳамчунин дар идомаи суҳбаташ иброз дошт, ки ин созишнома зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷабборов ба имзо расида, сипас таъйин ва аломатгузории сарҳад анҷом дода мешавад.

Протоколи имзошударо оид ба таъйину аломатгузории сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибҳо ҳоло расман шарҳ надодаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд ва  то кунун бештар аз 504 километри он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

Боқимондаи заминҳо дар марз номуайян боқӣ мондааст. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ танишҳо рух диҳанд, ки ба занозанию тирпаронӣ ва марги одамон аз ҳарду ҷониб мерасонад.

Дар кадом ҳолат шаҳрвандии Русия барои хориҷиён бекор карда мешавад?

0

Мақомоти дахлдори Русия шарҳ доданд, ки шаҳрвандони хориҷие, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, дар кадом ҳолат метавонд шаҳрвандии онҳо бекор карда шавад.

Вазорати корҳои дохилаи Русия гуфта, ки агар шаҳрвандони хориҷӣ дар марҳилаи гирифтани он дар бораи худ маълумоти бардурӯғ пешниҳод кунанд ё ҳадафи гирифтани шиносномаи Русия амалиёте бошад, ки ба пояҳои низоми конститутсионии кишвар таҳдид мекунад, дар чунин ҳолатҳо шаҳрвандии Русия барои шахси хориҷӣ бекор карда мешавад. Дар ин бора ба ТАСС аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия хабар доданд.

“Қарор дар бораи гирифтани шаҳрвандии Русия вақте бекор карда мешавад, ки агар муайян карда шавад, ки ин қарор дар асоси ҳуҷҷатҳои қалбакии пешниҳодкардаи ариза ё маълумоти дидаву дониста бардурӯғ гирифта шудааст ва инчунин агар аризадиҳанда ӯҳдадориҳои муқарраркардаи Созмони Милали Муттаҳидро ба дӯш нагирад”, – гуфт манбаи ТАСС.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, аз соли гузашта то имрӯз қариб 280 нафар аз шаҳрвандии қаблан ба даст овардаи Федератсияи Русия маҳрум карда шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар соли 2020 беш аз 656 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷии шаҳрвандони Русия шуданд.

Ин дар ҳолест, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик аз бемаврид лағв шудани шаҳрвандии Русия барои баъзе нафарони шинохта нигаронӣ мекунанд. Аз ҷумла шодравон Каромат Шарифов, яке аз чеҳраҳои шинохтаи тоҷик буд, ки тибқи гуфтаҳои коршиносон шаҳрвандияш бо ҳадафҳои сиёсӣ бекор карда ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Ҳамчунин Иззат Амон, яке аз фаъолон ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон низ моҳи марти соли ҷорӣ бо далелҳои сиёсӣ бекор карда ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Коршиносон мегӯянд, шаҳрвандии Русия барои сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо низоми ҳокимонашон мухолифанд, ба манфиат нест. Зеро ҳар лаҳза метавонад бо даъвати он кишвар шаҳрвандии чунин шахсиятҳо бекор карда ба кишварашон истирдод шаванд.

Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон меояд

0

Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 3 май хабар дод, ки бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми моҳи майи соли ҷорӣ сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар хабари худ танҳо ба ҳамин қадар иктифо карда, аз ҷузъиёти ин сафар чизе гуфта нагуфтааст.

Хабаргузории ҳукуматии “Ховар” рӯзи 3 май иттилоъ дод, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом дода, масъалаҳои ҷории муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин дар хабар зикр гардида, ки президентҳо  дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон низ  гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Қазоқистон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар наздиктарин фурсати муносиби моҳи майи соли ҷорӣ даъват кард ва ҷониби Қазоқистон даъватро пазируфт.

Агарчи таърихи дақиқи сафари президенти Қазоқистон гуфта намешавад, аммо хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба манбааш аз ҳукумати кишвар иттилоъ дод, ки вақти сафари президенти Қазоқистон бо вақти сафари расмии президенти Қирғизистон Содир Жапаров ба Тоҷикистон рост меояд.

Ёдовар мешавем, ки 30 апрел паз аз шуруи даргириҳо дар марз президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам суҳбати телефонӣ анҷом дода, масъалаи ҳалли низои марзиро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин аз президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов даъват шуд, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф биёрад.

Қарор аст дар сафари президенти Қирғизистон масъалаҳои мушкилоти мурз, аз ҷумла аломатгузории нуқтаҳои боқимонда баррасӣ шавад. Таърихи сафари Содир Ҷабборов низ дақиқ нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки муҳлати мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ муайян мешавад.

Додситонии кулли Тоҷикистон иллати аслии чигуна шиддат гирифтани муноқиша дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод

0

Додситонии кулл гуфта, ки аввалин шуда шаҳрвандони Қирғизистон нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон таҷовуз нишон доданд.

Бар асоси иттилои вазорат 29-уми апрел марзбонони Қирғизистон ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ дар назди гузаргоҳи Хоҷа Аълои Исфара ҷамъ омадаанд, ки дар онҷо муҳандисони тоҷик камераҳои видеоии пешакӣ насбшударо назорат мекардаанд.

Намояндагони ҷониби Қирғизистон аз ҷумла низомиён бидуни пурсидани чизе ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон сангандозиро оғоз карданд. Дар ҳоле сутунеро, ки яке аз муҳандисони тоҷик кор мекард буриданд, омада аст дар изхороти додситонии кулл.

Қайд карда мешавад, ки иғвогарӣ зуд ба ошӯб табдил ёфт. Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода барои ҳалли низоъ омада буданд аз ҷониби Қирғизистон оташ кушоданд. Махз дар ҳамин тирандозӣ сарвари шаҳр маҷрӯҳ шуд, илова намуд додситонии кулл.

Пас аз он шаҳрвандони Қирғизистон ба аҳолии маҳаллӣ, инфрасохтор ва нуқтаҳои марзии Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд, илова кард додситонӣ.

Додситонии кулли Тоҷикистон Дар  робита ба ҳамин қазия алайҳи 200 шаҳрванди Қирғизистон, ки дар марз муноқиша барпо карданд парвандаи ҷиноӣ боз карда аст.

Вазъ дар марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон охири моҳи апрел шадидтар шуд. Муноқиша дар “Головной”, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст вусъат ёфт. Бишкек итминон медихад, ки гиреҳ ба руйхати объектҳои муҳимми стратегии Қирғизистон дохил карда шуда аст. Душанбе қайд мекунад, ки он дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст.

Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон ҷинояткорон шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ин биноро ишғол карда сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он сайт камераҳои назоратӣ насб кунанд санг андохтанд.

Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд ва ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд. То нисфирузии 29-уми апрел вазъ  дар марз аз назорат хориҷ шуд ва ба тирандозӣ байни марзбонони ҷумҳуриҳо табдил шуд.

Бо вучуди музокироти сатҳи олӣ, тирандозӣ дар ҷойҳои интихобшуда то 1 май идома ёфта, рӯзи якшанбе 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи марзро ба имзо расониданд.

Аз 3 майи соли равон вазъ дар марзи миёни ҷумҳуриҳо ором аст ва чонибҳо хуруҷи нерӯҳо ва техникаро ба ҷойхои истиқрори доимии худ баргардониданд. Бар асоси охирин маълумот, аз Точикистон 16 нафар кушта ва беш аз 110 нафар сокинон маҷрӯҳ гардидаанд.

Тибқи иттилои тасдиқ нашуда шумори кушташудагон ба 20 тан ва шумори захмишудаҳо ба 160 нафар мерасад. Бар асоси маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон ҳангоми даргириҳои марзӣ 35 тан кушта ва 183 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Бо баҳонаи Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод. Нигоҳи кӯтоҳе ба муносибати давлат бо журналистикаи тоҷик

0

Бозтоб ва тасвири ҳаводиси ахири миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоии Қирғизистон тавре роҳандозӣ гардид, ки афкори умумӣ дар дохил ва хориҷро таҳти тасаллути худ қарор бидиҳад.

Бар пояи ин навиштаҳо Тоҷикистон як кишвари мутаҷовиз ва агрессор муаррифӣ шуд, ки барои ғасбу забт ба хоки ин ҳамсояаш ҳуҷум ва қатлу куштор анҷом додааст. Аммо расонаҳо ва шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон на инки аз ин ҳаводис ҳарфе нагуфтанд, балки мисли рӯзҳои маъмулӣ барнома ва эфири худро аз консерту кино пур карда майдонро барои расонаҳои Қирғизистон холӣ гузоштанд. Аз инҷо буд, ки дар ҷанги иттилоотӣ Тоҷикистон дар баробари Қирғизистон бохт.

Сабаби аслӣ ва асосӣ ин аст, ки дар Қирғизистон матбуоти мустақил ва озод амал мекунад, нақшу ҳузур дорад, озодии матбуот ба як рукни рӯзгори мардум табдил шудааст ва тавассути худи давлат пуштибонӣ ва ҳимоят мешавад. Аммо озодии матбуоту расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон аз ҳамон оғози рӯйи кор омадани Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инак ҳудуди сӣ сол аст қудратро қабза кардааст, бо мушкил дучор шуда ва оҳиста-оҳиста тамоман аз байн бурда шуд. Солтосол Тоҷикистон дар арзёбии созмонҳои байналмилалӣ ба унвони як кишваре, ки озодии матбуот дар он ба тавври пайваста нақз мешавад ҷойиҳои пойинтарро мегирад.

Саркӯби рӯзноманигорон дар солҳои 90

Аввалин мавориди боздошту ҳабси рӯзноманигоронро ин ҳукумат дар соли 1993 анҷом дод. Хайриддини Қосим, Хуршеди Назар, Аҳмадшоҳи Комилзода, хабарнигорони телевизиони мардумии Тоҷикистон ва Мирбобо Мирраҳим, раиси собиқи Кумитаи радио ва телевизиони тоҷикро дар он сол боздошт ва зиндонӣ кард ва танҳо баъди якуним сол онҳо бо асирони ҷангӣ табодул шуданд.

Бо қарори хосе Суди Олии Тоҷикистон дар соли 1993 фаъолияти нашрияҳои мустақиле чун “Чароғи рӯз”, “Ҳафтганҷ”, “Ҷоми ҷам” ва нашрияҳои ҳизбии “Адолат” ва “Наҷот”-ро баст. Даҳҳо, балки садҳо нафар аз журналистони тоҷик ба хотири ҳифзи ҷону раҳоӣ аз зиндон тарки ватан карданд. Бархурди хасмона ва хушунатомези ин ҳукумат буд, ки бешаз 80 нафар аз хабарнигорони тоҷик кушта шуданд, ки аксарияти мутлақи онҳоро афрод ва ё дастаҳои марбут ба Фронти халқӣ ба ҳалокат расониданд.

Аввалин қурбонии дар он солҳо ҳам Муродулло Шерализода, сармуҳаррири нашрияи “Садои мардум” буд, ки дар дохили саҳнаи бинои Шӯрои олии Тоҷикистон ҳадафи тири туфанг қарор гирифт. Ин ҳодиса рӯзи 5 майи соли 1992 рух дод. Бино ва майдони назди Шӯрои олӣ дар он шабурӯз ба маҳалли таҷаммӯъ ва тазоҳуроти Сангак Сафаров, раиси Фронти халқӣ ва тарафдорони онҳо бадал гашта буд. Аммо ин ҳоло аст, ки қатли ӯро бори дӯши ҲНИТ ва мулло Абдуғаффор мекунанд.

Ин як дурӯғи маҳз аст. Зеро шахсияти қотили ӯ барои мақомоти тафтишотӣ маълум буд ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ ҳам боз карда буданд. Ин нафар Рустам Сайидов ном дорад. Ӯ узви ҳайати Горди президентӣ буд, ки аз ҳисоби тазоҳургарони майдони Озодӣ дар он шабу рӯз аз ҷониби президенти вақт ташкил карда шуд. Азбаски ин қотил чандин сол дар ҳайати муҳофизони Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт, боздошт ва маҳбус нашуд.

Ҳамин тавр хабарнигори шабакаи ОРТ-и Русия Виктор Никулин ва Сергей Ситковский аз телевизиони Тоҷикистонро ҳам, ки дар соли 1993 кушта шуданд ва кушторашонро бори ҲНИТ мекунанд дар асл аз тарафи Лангарӣ Лангариев, яке аз қумандонҳои Фронти халқӣ дар ағбаи Чормағзаки Норак ба қатл расонида мешаванд. Шоҳидони ин ҳодиса ҳам ҳанӯз зинда ҳастанд ва дар ин бора дар расонаҳо ҳам навишта буданд.

Инки Отахон Латифӣ, хабарнигори пешини нашрияи “Правда”-и чопи Маскав ва раиси яке аз чаҳор комиссияи Комиссияи Оштии Миллии Тоҷикистонро дар соли 1998, дар саҳни манзили зисташ ҳадафи тир қарор доданд, низ маълум аст, ки кори дасти кӣ буд. Ин куштори ноҷавонмардонаро ҳам бори дӯши оппозитсион мекунанд, вале дар асл ин як террори ҳадафмандона буд. Латифӣ аз дӯстони наздики Евгений Примаков буд, ки дар он солҳо сарвазир таъйин шуда ва яке аз ҷойгузинҳои эҳтимолии Борис Елтсин, раиси Федератсияи Русия дониста мешуд.

Ҳамон рӯзе, ки ӯро ба шаҳодат мерасонанд, ҳам муҳофизонашро аз ӯ гирифта буданд ва ҳам мошини хидматие, ки ӯро то Комиссияи оштии миллӣ  мебурд. Ин яқин аст, ки ҳам муҳофизон ва ҳам мошини хидматӣ корманди давлат ва дар зери итоати дастури давлатанд. Он замон дар доираҳои муайяне сӯҳбатҳо аз он мерафт, ки Латифӣ ба унвони номзади раёсати ҷумҳурӣ аз ҷониби оппозитсиюн пуштибонии Маскавро дорад ва баъид нест, ки пирӯз шавад.

Ҳамин тавр Муҳиддини Олимпур, хабарнигори бахши форсиии BBC Persian дар Тоҷикистон, ки дар соли 1995 аз тарафи яке аз қумандонҳои Фронти халқӣ кушта гардидро низ бо тӯҳмат маҳз бори ҲНИТ карданд. Аммо ин ҳама ҳаводис оқибат ошкор хоҳад шуд.

Давоми ин ҳама солҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бештари зарба болои расонаҳо ва хабарнигорон будааст. На танҳо дар оғози рӯйи короӣ, баъдҳо низ имкони амал ва фаъолият барои матбуот ва расонаҳоро пайваста салб кардааст. Дар авоили солҳои 2000 нашрияҳои “Нерӯи сухан”, “Оламу Одам”, ва “Рӯзи нав”-ро бо ҳар баҳона бастанд.

Мавҷи дуввуми саркӯби расонаҳо ва боздошти рӯзноманигорон дар соли 2015

Баъди ҳаводиси ба номи ошӯби ҳоҷӣ Ҳалим низ як ҳамлаи густарда алайҳи хабарнигорон ва расонаҳо анҷом дода шуд, ки дар натиҷа нашрияҳои “Нигоҳ”, “Озодагон” ва “Миллат” аз кор монданд. Шумори зиёди хабарнигорони тоҷик боз ҳам аз тарси ҷон ҷилои ватан карда ва феълан дар Аврупо ва дигар кишварҳо паноҳанда шудаанд.

Ҳамин ҳоло ҳам се сардабири нашрияи “Наҷот”, Зубайдуллоҳи Розиқ, Абдуқаҳҳори Давлат, Ҳикматулло Сайфуллозода ва низ Раҳматуллои Раҷаб як хабарнигори дигар якҷо бо Муҳаммадалии Ҳайит, собиқ муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон зиндонӣ мебошанд.

Далер Шарифов, як хабарнигори мустақили тоҷик барои нашри ба истилоҳ маводи хосияти экстремистӣ дошта як солро дар зиндон сипарӣ кард ва ҳоло бо баҳонаи ночизе Мижгона Ҳалимова, хабарнигори дигари тоҷикро додгоҳ барои пардохти 50.000 сомонӣ муваззаф кардааст.

Ҳамчунин Абдулло Ғурбатӣ хабарнигори “Азия Плюс”-ро барои фаъолияти расонаияш лату кӯб карданд ва мақомот то имрӯз ҳамлагоронро боздошт ва муҷозот накардаанд. Ҳукумати Тоҷикистон инчунин аз акредитатсия ҳамчун як абзори фишор болои хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ истифода карда аз тамдиди рӯзноманигрони муннақиди расонаҳои хориҷие чун Радиои Озоди худдорӣ мекунед.

Саркӯби расонаҳо ва рӯзноманигрони хориҷ аз Тоҷикистон

Саркӯби расонаҳо ва рӯзноманигорон маҳдуд ба дохили марзҳои Точикистон намонда, ҳукумат расонаҳо ва рӯзноманигорони дар хориҷбударо низ мавриди пайгард ва таъқиб қарор медиҳад. Дар солҳои гузашта вебгоҳи “Ахбор.ком” ва сардабири ин расона Мирзои Салимпур ҳам аз ҷониби мақомот мавриди таъқибу фишор қарор дошт ва мақомоти додситонӣ расонаи “Ахбор.ком”-ро мамнӯъ эълон карданд ва дар пайи фишорҳои зиёд ин расона корашро қатъъ кард.

Пайвандони Ҳумайро Бахтиёр рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандии муқими Олмон низ ба хотири фаъолиятҳои касбияш аз ҷониби ниҳодҳои қудратии кишвар таҳти таъқибу фишори ҳамешагии қарор доранд.

Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар шохисии озодии баён дар ҷаҳон

Дар шохиси озодии баён Тоҷикистон боз як зина поин рафта бо гирифтани мақоми 162 -ум ба Туркманистон наздик шуд. Ҳоло Тоҷикистону Туркманистон аз баддатарин кишварҳои роиякунандаи озодии баён миёни 181 кишвари дунё буда, аввалӣ дар зинаи 162 ва дуввумӣ дар зинаи 178 қарор дорад.

Тоҷикистон соли 2009 дар ин шохис дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми аз ҳама баландтар 113-ум ҷой дошт, ки ҳатто аз Қирғизистон пешсаф буд. Чун Қирғизистон он замон дар мақоми 125- ум қарор дошт. Аз он замон то ҳол Қирғизистон дар ин самт пашравӣ карда мақоми 79-ум дар шохиси озоди баёнро соҳиб шуда аст, ки миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аз ҳама пешсаф аст.

Тибқи як хабаре, ки аз Тоҷикистон  ба мо расид, имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод дар Душанбе нишасте доир шудааст, ки дар кори он ҳеҷ нафаре аз масъулини давлати Тоҷикистон, бо ин вуҷуд, ки даъват шудаанд, ширкат накардаанд, ба ҷуз аз як нафар вакили Маҷлиси намояндагон. Ширкати накардани намояндаи давлати Тоҷикистон  дар ин гуна ҳамоиш муносибати давлат бо матбуотро нишон медиҳад. Аз ин ҷо аст, ки қирғизҳо метавонанд дар афкори умумӣ таъсир бигзоранд, агарчи ҳақбаҷониб нестанд, вале мо тоҷикҳо, агарчи ҳақбаҷонибем ба иллати набуди матбуоти озод натавонистем дар ин набарди иттилоотӣ пирӯз бошем.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Вокуниши раиси ҷумҳури Қирғизистон ба ҳаводиси ахир дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон

0

Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар изҳороти тозае дидгоҳи худро дар мавриди муноқиша ва даргирии ахири марзи миёни Тоҷикистон иброз дошт.

Тибқи гузориши радиои “Садои Хуросон” ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов дар изҳороти ҷадиде таъкид намуд, ки даргирии марзии рӯзҳои 28-30 майи имсол дар марзи Тоҷикистон тамомияти арзӣ ва истиклоли Қирғизистонро бо таҳдиди ҷиддӣ рӯ ба рӯ кард, аммо нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бо иқдоми сари вақтӣ нагузоштанд муноқиша густариш ёбад ва муваффақ ба дифоъ аз қаламрави хеш шуданд.

Ин изҳороти раиси қумҳури Қирғизистон дар ҳоле садо медиҳад, ки бар асоси изҳороти Қумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тарафи Қирғизистон сабабгори асосии оғози ин даргирӣ мебошад.

Зимнан Ҷабборов дастур дода аст бо таъсиси як комиссияи махсус ҷиҳатҳои ин ҳодиса мавриди баррасӣ қарор гирад. Вай аз мардуми Қирғизистон дархост карда, ки бо ҳифзи оромиш ба зиндагии хеш идома диҳанд ва таҳти таъсири таблиғоти расонаҳои ғаразварз қарор нагиранд.

Бинобар эъломи вазорати тандурустии Қирғизистон дар муноқиша ва даргирии ахир миёни марзбонони тоҷику қирғиз 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва 200 нафар низ маҷрӯҳ гардидаанд. Аз тарафи Тоҷикистон низ чандин нафар кушта ва даҳҳо нафар низ захмӣ гардидаанд.

Биноҳои харобшуда дар Қирғизистон аз ҷониби давлат барқарор карда мешаванд

0

Мақомоти Қирғизистон эълом доштанд, ки тамоми хонаҳо ва ашёе ки ҳангоми даргириҳои мусаллаҳона бо Тоҷикистон хароб гардидаанд аз ҳисоби давлат барқарор карда мешаванд.

Хабаргузории “Спутник” бо такя ба гузориши дафтари матбуоти раиси ҷумхури Қирғизистон навишта, ки хонаҳои вилояти Ботканд, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои ахир дар қитъаи қирғизу тоҷики марзи давлатӣ осеб дидаанд аз ҳисоби давлат пурра барқарор мешаванд.

Ба гуфтаи муовини вазири ҳолатҳои фавқуллодаи Қирғизистон Арматбек Шамирканов ҳангоми муноқишаи мусаллаҳона бо Тоҷикистон дар минтақаи Ботканд  78 бинои истиқоматӣ қисман ё комилан хароб шуда аст, ҳамчунин 10 нуқтаи фурӯши сузишворӣ, 8 дукон 3 постгоҳи марзӣ, 2 мактаб, пункти фелдшерӣ, боғча ва биноҳои шуъбаи пулиси маҳаллӣ хароб карда шудаанд.

Тибқи омори вазорати тандурустии Қирғизистон дар ҷараёни муноқишаи мусаллаҳона 178 шаҳрванди ин кишвар маҷрӯҳ гардида ва 34 нафари дигар кушта шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол шумори маҷрӯҳону кушташудагон ва ашёи тахрибшударо ифшо накарда аст.

Ба гуфтаи сокинони деҳаи Хоҷа Аълои шаҳри Исфара дар инҷо ҳангоми муноқишаҳо дар марзи Точикистону Киргизистон беш аз 10 хона хароб шуда аст. Инчунин бар асоси маълумоти ғайрирасмӣ дар натиҷаи ин муноқиша 100 нафар захмӣ ва 16 нафар кушта шуданд.

Имрӯзҳо COVID-19 дар Ҳиндустон бедодгарӣ мекунад. Наздики 400 ҳазор гирифтор дар як рӯз

0

Дар Ҳиндустон омори гирифторони ба бемории COVID-19 ва фатидагон марзи рекордиро гузашт. Рӯзи якшанбе вазири беҳдошти ин кишвар эълом кард, ки дар 24 соати гузашта 3689 нафар бар асари гирифторӣ ба ин бемории ҳамагир ҷон бохтанд. Ва ҳудуди 400 ҳазор нафар гирифторони нав ба қайд гирифта шудааст.

Ҳиндустон бо сабти 400 ҳазор мубтало дар як рӯз, дар ҷаҳон дар мақоми аввал истод. Мақомоти ин кишвар ва коршиносони беҳдоштӣ вазъи интишори вирусро дар ин кишвар ногувор арзёбӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, дар баробари суръати зиёди гирифторӣ ба ин беморӣ, пизишкон дар беморхонаҳо ба камбуди оксиген рӯбарӯ ҳастанд.

Бино ба гузориши хабаргузории ВВС нахуствазири ин кишвар Норендра Модӣ рӯзи якшанбе ин вазъияти ногуворро бо вазири беҳдошти кишвараш дар миён гузошта масъалаи таъмини оксиген, ки аз мушкилотии аслии ин вазъияти вахим гуфта мешавад, баррасӣ кард.

Ба иттилои ин расона, рӯзи шанбе дар бемористони Батрои шаҳри Деҳлӣ ба далели камбуди оксиген, 12 нафар ҷони худро аз даст доданд. Инчунин ба ҳамин монанд марги шаҳрвандон дар дигар беморхонаҳо низ расонаӣ шуд.

Тибқи оморҳо то имрӯз дар Ҳиндустон беш аз 19 миллон нафар ба вируси корона мубтало шуда ва 215 ҳазор нафар бар асари гирифторӣ ба он ҷони худро аз даст доданд.

Коршиносон мегӯянд, ин омори воқеӣ нест, зеро ба ҳамин андоза беморон дар хонаҳояшон бемор мешаванд ва ё мефавтанд, ки ба қайд гирифта намешаванд.

Тавофуқи тозаи Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди аломатгузории марзҳо

0

Дар вилояти Бодканд нишасти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳбарии раисони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар масъалаи таъйину аломатгузории марзи давлатии ҳарду кишвар баргузор гардид.

Бино ба иттилои расонаҳо музокирот шоми 1-уми май оғоз ёфта, соати 3-и субҳи 2-юмт май ба поён расид.

Дар ин нишаст раисони Кумитаҳо ба эътидол овардани  вазъ дар минтақаҳои наздимарзиро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин тавофуқоте барои шиддат бахшидани тавзеҳи бештар дар маврриди таъини хатти лоиҳавии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатӣ ҳосил шуд

Дар натиҷаи ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматӣ Протоколи муштарак ба имзо расид. Аммо, ҷузъиёти протокол то ҳол ошкор нашудааст.

Бино бар иттилои Ҳалимҷон Ҷӯраев хабарнигори “Азия-Плюс”, ки дар нуқтаҳои даргирӣ қарор дорад, Саймуммин Ятимов раиси КДАМ Тоҷикистон, Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд ва Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ба Ворух омада бо мардум мулоқот мекунанд.

Саймумин Ятимов баъд аз анҷоми мулоқот дар суҳбати ҳузурӣ ва бидуни сабт ба хабарнигорон гуфт:

“Ҳадафи асосии мо даъвати мардум ба ҳамзистии осоишта аст. Ҳар чӣ буд, гузашт. Феълан бояд талош кунем, ки мардум дар осоиш ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд. Феълан мо тамоми нерӯҳои низомиро аз марзҳо бозхонд кардем. Низоъи мусаллаҳ дар марз хотима ёфт. Акнун кӯшиш мекунем, ки бандҳои созишнома зина ба зина иҷро шавад ва масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон хотима ёбад”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 28 апрел дар Ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло шаҳри Исфара байни сокинони ду тараф сари маркази обтақсимкунии “Галавной” муноқиша сар зад. Дар ибтидо мардум байни ҳам сангпартоӣ карданд, вале рӯзи 29 апрел муноқиша ба тирпарронӣ ва даргирии шадид табдил шуд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд ва  то кунун бештар аз 504 километри он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

Боқимондаи заминҳо дар марз номуайян боқӣ мондааст. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ танишҳо рух диҳанд, ки ба занозанию тирпаронӣ ва марги одамон аз ҳарду ҷониб мерасонад.

29 нафар захмӣ бар асари таркиши мудҳиш дар шаҳри Душанбе

0

Рӯзи 1-уми май дар маҳаллаи Испечаки ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифт ва пас аз чанд лаҳзаи оташ гирифтан таркиши мудҳише рух дод. Дар ин бора дар шоҳидон аз маҳали ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо нашр карданд.

Гуфта мешавад, алангаи сӯхтор то ҳадде баланд буд, ки дуди он аз гирду атрофи пойтахт ба осонӣ дида мешуд. Бино ба иттилои Рдиои Озодӣ ба ҷойи ҳодиса беш аз 10 мошини оташнишонӣ ва мошинҳои обкашро фиристода будаанд.

Рӯзи 2-юми май Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар баёнияи расмиаш гуфт, ки “дар натиҷаи сӯхтор 29 нафар зарарҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта: 13 нафар ба Маркази тиббии №3-и шаҳри Душанбе ва 16 нафар ба Муассисаи давлатии Маркази миллиии Шифобахш (Қарияи Боло) интиқол дода шуданд.” Бисту ду нафарро баъди муоина ва муолиҷа ҷавоб додаанд, вале ба гуфтаи Кумита “айни замон дар Маркази миллии Шифобахш 4 нафар ҷароҳат бардоштагон бистарианд, ки ду нафари онҳо ҳоли вазнин доранд.”

Бино бар иттилои ин кумита дар ин ҳодиса касе ба ҳалокат нарасидааст. Ба иттилои расонаҳо, “бар асари ҳодиса дар масоҳати 90 метри мураббаъ Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо миқдори зиёда аз 60 тонна захираи маводҳои сузишворӣ оташ гирифт.”

Гуфта мешавад, ба оташнишнҳо муяссар шуда, ки тақрибан давоми 3 соат сӯхторро хомӯш кунанд. Ба гуфтаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода барои хомӯш кардани оташ 50 нафар корманди оташнишонӣ ҳузур доштааст.

ВКД сабаби сар задани ҳодисаро “риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор” номиданд. Назари моликони нуқтаи сӯзишворӣ то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст.

Ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар назди масҷиди Ҳамадонӣ ҷойгир буд. Ба гуфтаи баъзе аз сокинон, ин нуқта пештар ба ширкати “Умед 88” тааллуқ дошта, баъд аз он маълум нест, дар ихтиёри кадом ширкат буд.