18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 594

Чаро маводи ниёзи аввал дар кишвар рӯз то рӯз гарон мешавад?

0

Бо фарорасии моҳи Рамазон нарху навои маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои Тоҷикистон якбора боло рафт. Сокинони пойтахт ва дигар вилоятҳои Тоҷикистон айни замон аз гарон шудани нархи гӯшт, равған, орд, шакар, сӯзишворӣ ва дигар маводҳои зарурӣ бештар шикоят доранд.

Мақомот гарон шудани маводи ниёзи аввалро тасдиқ карданд ва сабаби онро низ ба вазъияти пандемия ва бемории ҳамагир рабт доданд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми апрел дар иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, “нархи хӯрокворӣ дар кишвари мо 13 фоиз боло рафт. Нархҳои маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ аз аввали сол 5,8 фоиз ва тарифҳои хизматрасонӣ 4 фоиз афзоиш ёфтанд.”

Президент низ дар сӯҳбати дирӯзааш сабаби коҳиши иқтисоди кишварро ба таъсири манфии оқибатҳои пандемияи COVID-19 марбут донист.

Аммо дар асл коршиносони тоҷик мегӯянд, маҳсулоти ниёзи аввал аз кишварҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, гарон шудааст. Коршиносон сабаби гаронии маҳсулотро дар бозорҳои кишвар бештар ба омилҳои дохилӣ вобаста медонанд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати кишоварзии кишвар дар ҷамъбасти омори семоҳаи аввали соли ҷорӣ гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар кишвар 8,1% афзоиш ёфта, ҳудуди 43 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, тӯли 2 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳамагӣ наздики 300 тонна маҳсулоти гӯштӣ ворид шудааст.

Бо вуҷуди афзоиши истеҳсоли маводи хӯрока, нархи тухму гӯшт ба таври назаррас боло рафтааст. Имрӯз дар бозорҳои кишвар 1 кило гӯшт 60-70 сомонӣ ва як қуттӣ тухм (30 дона) – 35-36, як зарфи равғани 5-литра аз 75 то 80 сомонӣ нарх доранд.

Як коршиноси масоили иқтисодӣ, ки нахост номаш зикр шавад ба “Аздо тв” гуфт, яке аз омилҳои аслии ин гарониҳо андозбандии бемаврид ва фасодкории масъулони шаҳру ноҳияҳост. Ва омили дигарро дар инҳисори бозорҳо аз ҷониби як доираи наздик ба шахсони аввали ҷумҳурӣ, инчунин набуди рақаботи солим ва набудани маҳсулоти дохилӣ медонад.

Дар ҳамин ҳол корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гарон шудани маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои кишвар интиқод намуда, назарҳои гунонуг коридаанд.

Абдуқодири Рустам, шоир ва нависандаи маъруфи тоҷик чунин менависад: “Мегӯянд, равғану шакар дар кишварҳои тавлидкунанда гарон шудааст, гуноҳи мо нест! Пас, гӯшт чӣ? Оё гӯштро ҳам аз хориҷа ворид мекунед? Посух медиҳед, гӯштро не, аммо кунҷораро ворид мекунем…….. Мегӯем, чаро натавонистед дар ин сӣ сол истеҳсоли кунҷораро дар ватан ба роҳ монед, чаро натавонистед ба ҷойи парчами баландтарин ва чойхонаи калонтарин дастикам 50 дар сади равған ва 30 дар сади шакарро дар ватан тавлид кунед….?! Ин ҳама нотавонӣ дар амри тавлиди маҳсулоти ниёзии аввалия ва он ҳама ҳамҳамаю дабдабаҳои бепояро сабаб чист? “Ин каму беш чӣ маънӣ дорад?”

Сарвазири Арманистон, Никол Пашинян аз мақомаш истеъфо дод

0

Президенти ин кишвар, Армен Саркисян аризаи истеъфои сарвазирро пазируфтааст. Дар ин бора маркази матбуоти Дастгоҳи Президенти Арманистон иттилоъ дод.

Пештар Пашинён дар мулоқоте бо мардуми кишвараш гуфта буд, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад, вале иҷрокунанда дар ин мансаб боқӣ хоҳад монд.

Гуфта мешавад, ин қарор ба хотири баргузории интихоботи пеш аз муҳлати парлумонӣ гирифта шудааст.

Пашинян инчунин қайд кард, ки ҳизбе, ки ӯ роҳбарияшро бар ӯҳда дорад, Ҳизби “Паймони шаҳрвандӣ” дар интихобот иштирок мекунад ва ин ҳизб номзадии ӯро ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ хоҳад кард.

“Дар интихобот Ҳизби “Паймони шаҳрвандӣ” иштирок мекунад. Маро ба мақоми сарвазири Арманистон пешбарӣ мекунанд. Танҳо мардум тавассути овоздиҳии ҳақиқӣ ва одилона ояндаи кишварро ҳал мекунанд.”

Дар миёнаи моҳи апрел Пашинян эълом дошта буд, ки дар даҳаи охири моҳи апрел истеъфо медиҳад, то тартиби интихоботи зудҳангоми парлумониро, ки барои тобистони имсол пешбинӣ шуда аст, оғоз кунад.

Аммо мухолифини Пашинян иддао доранд, ки ӯ аз мансаб комилан биравад ва қудратро ба дигаре супорад, зеро будани ӯ эҳтимол дорад интихобот шаффоф ва одилона нагузарад. Вале сарвазир мегӯяд, интихобот одилона мегузарад ва баъд аз интихобот дар сурати пирӯз шудани дигаре аз қудрат меравад.

Пашинян пас аз эътирозҳои мардумии соли 2018 дар ин кишвар ба сари қудрат омад, аммо тобистони соли гузашта, пас аз мувофиқат кардан ба Созишномаи сулҳ байни Озарбойҷон дар мавриди таслими Қаробоғи Кӯҳӣ ба озариҳо мавриди интиқоди шадиди шаҳрвандонаш қарор гирифт. Мардум даст ба эътироз зада талаби истеъфои фаврии Пашинянро карданд. Аммо сарвазир ба ин назар аст, ки танҳо бо кумаки чунин созиш ба низои шадид хотима гузоштан мумкин аст.

Вазири мудофиаи Русия ба Тоҷикистон меояд

0

Руасои шӯъбаҳои мудофиаи Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба Душанбе меоянд. Онҳо дар чаласаи шурои вазирони дифоъи кишвархои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки рӯзи 27 апрел дар Душанбе таҳти раёсати Шералӣ Мирзо вазири дифои Тоҷикистон баргузор мегардад ширкат хоханд кард.

Тибқи иттилои “Азия Плюс”дар ин нишаст, ки дар он дабири кулли СПАД Станислав Зас низ ширкат меварзад баррасии масоили амниятӣ, низомӣ, муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳо ва роҳҳои безараргардонии онҳо ба нақша гирифта шуда аст.

Илова бар ин 29-уми апрел дар пойтахти Тоҷикистон таҳти раёсати дабири Шурои Амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ҷаласаи навбатии Кумитаи котибони Шӯрои Амнияти СПАД баргузор мегардад. Дар он намояндагони Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон низ ширкат хоҳанд кард.

Дар ҷараёни мулоқотҳо нақшаҳои муҷаҳҳазгардонии нерӯҳои дастаҷамъии сареъ ( CRRF) омӯзиши муштараки ташаккулёбии нерӯҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастачамъӣ ва нақшаи машваратҳо оиди сиёсати хориҷии мудофиа ва амният барои нимаи дуввуми соли 2021 ва нимаи аввали соли 2022 баррасӣ карда мешаванд.

Инчунин дар рӯзномаи ҷаласаҳои СММ ва СSSC  баррасии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии имзои Созишномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД мебошад.

Қабл аз оғози ҷаласаҳои СММ ва KSSB, вазирони дифоъ ва котибони Шӯроҳои Амниятро Раиси Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии СААД раиси ҷумҳури Тоҷикистон интизор аст.

Раҳоӣ ва фирори як шаҳрванди Русия аз асорати ҳамватанаш

0

Андрей Жилтсови як шаҳрванди Руся аз асорати чаҳорсола бо таксӣ рааҳо шуда, бо таксӣ фирор кардааст. Дар ин бора нашрияи “Baza” дар Telegram-канали худ хабар медиҳад.

Рӯзи 19 март дар Твер ба хадамоти таксӣ аз марде фармоиш мешавад, ки хоҳиш кардааст то ӯро ба Маскав баранд. Ин мард бо худ пул надоштааст ва гуфтааст, ки бо марг рӯбарӯст. Ронандаи таксӣ Константин барои гирифтани ӯ ба автовокзали Западная Двина (вилояти Твер) рафтааст. Баъд аз савор шудан ба таксӣ мусофир аз ӯ телефон хост, то ба дӯстонаш занг занад ва барои пардохти роҳкиро 10 ҳазор рубл гирад.

Дар роҳ ширкати таксӣ бо ронанда тамос гирифт ва гуфт, ки барои баргардонидани мусофир ба ҷои пештарааш ба ӯ 100 ҳазор рубл пешниҳод намудаанд.

Баъд аз ин тамос Андрей ба ронандаи таксӣ нақл кард, ки корфармое, ки ӯро чор сол пеш ба ғуломӣ гирифта буд, меҷӯяд. Нафаре, ки Андрейро ба ғуломӣ гирифта буд, шиносномаашро гирифта, ӯро дар хонаи хусусӣ дар деҳаи Никулинкаи вилояти Твер ҷойгир кардааст.

Якҷоя бо Андрей аз шаш то ҳашт ғуломи дигар, шаҳрвандони Русия, Белоруссия, Тоҷикистон ва Украина дар асорат буданд. Ду нафари дигар барои хоҳари корфармо кор мекарданд.

Дар шоҳроҳи Волоколамск мошине хостааст пеши роҳи таксиро бигираду нагузорад ҳаракат кунад, вале ронандаи таксӣ тавонистааст аз мошини таъқибкунанда халос шавад.

Ронанда Андрей Жилтсовро ба Маскав бурд ва ба дӯстонаш супурд. Жилтсов барои эҳтиёт маҷбур аст, ки аз корфармои пешинаш пинҳон шавад. Ӯ дар бораи 4 сол пеш рабуда шуданаш ба полис ариза навиштааст.

То ҳол дар бораи таҳқиқоти пулис чизе гуфта намешавад ва ҳамчунин маълум нест, ки ин корфармо чаро дар баробари шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандони Русияро низ ба кор даъват намуда, ба асорат мегирифтааст.

Ба ин монанд чанд шаҳрванди тоҷик аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Русия ба минтақаҳои дурдасти ин кишвар даъват шуда, шиносномаҳояшонро мегирифтаанд ва бо ин тариқ солҳои тӯлонӣ ҳамчун асир ба он корфармо кор мекарданд, ки бо кумаки шаҳрвандони Тоҷикистон ёфт шуда ба ватан фиристода шуданд.

Ғалабаи дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бар дастаи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ

0

Қаҳрамони Тоҷикистон “Истиқлол” -и Душанбе дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 дар гурӯҳи «А» дастаи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудиро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.

Дар аввали бозӣ “Истиқлол” 0:1 бохта буд, аммо дар давоми бозӣ бо задани 4 гол тавонист ғалабаба ба даст овард. Дубли Манучеҳр Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров ба дастаи “Истиқлол”-и Душанбе се хол оварданд. Баъди ин пирӯзӣ, қаҳрамони Тоҷикистон бо ҳафт имтиёз дар гурӯҳи “А” ба ҷои аввал баромад.

Пас аз Истиқлол дар гурӯҳи “А” бо ҳафт имтиёз дастаи “Ал-Ҳилол” ҷойгир аст.

Дар бозии навбатӣ, яъне панҷум қаҳрамони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021, рӯзи сешанбеи 27 апрел бо клуби “Шабаб Ал-Аҳли Дубай” -и АМА бозӣ мекунад. Ин бозӣ соати 23:55 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ қаҳрамони Лигаи чемпионҳои AFC-2019 мебошад.

Дар Русия барои муҳоҷирон “патент”-ҳои электронӣ ҷорӣ мешавад

0

Вазорати корҳои дохилии ФР мехоҳад барои муҳоҷирони меҳнатие, ки дар қаламрави Русия кор мекунанд, патентҳои электронӣ ҷорӣ кунад. Ин корт бо интиқолдиҳандаи электронии маълумот хоҳад буд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуотии ВКД-и Русия хабар дод.

Бино ба иттилои ТАСС омодасозии заминаи ҳуқуқӣ оид ба ин масъала аллакай шурӯъ шудааст. Гуфта мешавад, ки Маскав аввалин шаҳри Русия хоҳад буд, ки муҳоҷирон барои кор, патенти электронӣ хоҳанд гирифт. Барои ин ба Вазорати корҳои дохилӣ лозим аст, ки аввал бо ҳукумати шаҳри Маскав шартнома бандад.

Ёдовар мешавем, Вазорати корҳои дохилии Русия мӯҳлати будубоши муҳоҷиронро, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар қарор доранд, тамдид мекунад. Барои ин шаҳрвандони хориҷӣ бояд ба шӯъбаи мақомот муроҷиат кунанд.

Тавре ки дар матни муроҷиатнома омадааст, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки талаботи будубоши қонуниро риоя накардаанд, метавонанд “вазъи ҳуқуқиро бидуни татбиқи муҷозот ҳал кунанд.” Ин тадбир тибқи фармони президент Владимир Путин гирифта шудааст.

Сарвазири Узбекистон, Абдулло Орипов ба Тоҷикистон омад

0

Сарвазири ҳамсоякишвари Узбекистон Абдулло Орипов зимни сафари расмӣ рӯзи 24 феврал ба Тоҷикистон ташриф овард.

Байни Сарвазири Узбекистон ва ҳамтои тоҷикаш Қоҳир Расулзода дар шаҳри Хуҷанд мулоқоту гуфтугӯ сурат гирифтааст.

Бино ба навиштаи хабаргузории ҳукуматии “Ховар”, дар мулоқоти тарафҳо масоили гуногун, аз ҷумла сиёсат, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва илм, фарҳанг, содироту воридоти  маҳсулот, тандурустӣ, роҳи оҳан, гумрук, энергетика ва дигар бахшҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, давоми соли гузашта ҳаҷми гардиши мол миёни ин ду кишвари ҳамсоя 333,8 миллион доллари америкоиро ташкил додааст, ки дар байни кишварҳое, ки бо Тоҷикистон мубодилаи молу маҳсулот доранд, Узбекистон дар ҷои сеюм меистад.

Ҳамчунин дар мулоқот зикр гардида, ки дар самти ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон 29 созишномаву шартномаи нави ҳамкорӣ дар баррасӣ қарор дорад.

Сафари сарвазири Узбекистон дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст аз 10 то 12 моҳи июни соли ҷорӣ президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад.

Ёдовар мешавем, ки бори нахуст сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 сурат гирифта буд, ки он ба нарм шудани муносибатҳои қаблан сардшудаи ду ҳамсоякишвар оварда расонд.

Фаврӣ! Бобои Донаи 80-сола аз зиндон озод шуд

0

Имрӯз 23 апрел Дониёр Набиев, пирамарди 80-сола, собиқ узви (ҲНИТ), ки моҳи августи соли 2020 аз ҷониби Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон боздошт ва бо гуноҳи расондани кумак ба хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ барои 7 сол равонаи зиндон шуда буд, озод шуд.

Радиои Озодӣ аз қавли наздикони Бобои Дона иттилоъ дод, ки ҳоло пирамард аз зиндони шаҳри Ваҳдат раҳо шуда, дар хонааш қарор дорад. Ба гуфтаи пайвандонаш, чанд вақти охир Бобои Дона дар беморхонаи зиндон бистарӣ будааст.

“Қисме аз ҷазояш бар асоси қонуни охирони афв кам шуд ва додгоҳ пиронсоливу бемориашро ба инобат гирифта, ӯро аз идомаи ҷазо дар маҳбас озод карданд. Ҳоло бояд ба табобаташ машғул шавем, чун бемории сил дорад”,- гуфт як тан аз наздикони ӯ ба Озодӣ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар аввали боздошти ин пирамард қазияи ӯро шарҳ намедод. Баъд аз гузашти 4 моҳи боздошт мақомот бо фишори ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеаи маданӣ рӯзи 8-уми январи имсол қазияи ӯро шарҳ дод. Дар шарҳи мақомот гуфта мешуд, ки узви собиқи ҲНИТ бо гуноҳи ифротгароӣ ва кумаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик ба зиндон маҳкум шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Дониёр Набиевро рӯзи 27-уми августи соли 2020 дастгир карда, муҳокимаи ниҳои ӯ чаҳор моҳ баъд рӯзи 28-уми декабр паси дарҳои баста дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сурат гирифт. Ин узви пешин ва солманди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро додгоҳ ба 7 сол зиндон маҳкум кард. ҲНИТ дар баёнияе ҳама иттиҳомотро сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани ин пирамарди бегуноҳ донист.

Баъд аз зиндонӣ шудани Бобои Дона чандин созмонҳои бонуфузи байнамиллалии ҳомии ҳуқуқи башр, аз ҷумла Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё “Human Rights Watch” ҳабси Набиевро маҳкум карда озодии ӯро тақозо карда буданд. Парвандаи ин пирамард аз пурсарусадотарин парвандаҳои ахир дар Тоҷикистон буд, ки сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати кишварро зиёд танқид карданд.

ВКД-и Тоҷикистон гуфт, ба ҷосуси Русия Руслан Табаров шиноснома надодааст

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз 23 апрел бо пахши баёнияе гуфт, ба Табаров Руслан, ки бо шиносномаи тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Чехия ҷиноят содир намуда ва дар ҷустуҷӯ қарор дорад, шиноснома надодааст. Табаров дар таркиши анбори силоҳ дар Чехия муттаҳам мешавад.

“Аз рӯи ахбороти расонавӣ вобаста ба таркиши анбори силоҳ дар Ҷумҳурии Чехия маълум гардидааст, ки гӯё яке аз ду нафар гумонбарон бо шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Табаров Руслан Ҳалимович содир карда бошад, чунин хабар медиҳем, ки тибқи маълумоти махзани ягонаи шиносномаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № М005947 аз 25 02.2011, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрванд Табаров Руслан Ҳалимович санаи таваллудаш 23 октябри соли 1975, шиноснома дода нашудааст”, омадааст дар хабари ВКД-и Тоҷикистон

Ҳамчунин Вазорати корҳои дохила қайд мекунад, ки ҳеч дархости расмие аз сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Чехия ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус ворид нагардидааст.

Мақомоти Чехия 17 апрел ду шаҳрванди Русияро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Русия ва ҳамчунин гумонбар дар таркиши анбори силоҳ дар шарқи ин кишвар дар ҷустуҷӯ қарор дод. Гуфта мешавад, ин ду шаҳрванд яке бо шиносномаи Молдова бо номи Николай Попа ва дигаре бо шиносномаи Тоҷикистон бо номи Руслан Табаров соли 2014 вориди Чехия шудаанд.

Молдова рӯзи 20 апрел гуфт, ки бо номи Николай Попа ҳамчун шаҳрванди ин кишвар шиноснома надодааст. Ва баъди тақрибан як ҳафта Тоҷикистон низ шиносномаи Руслан Табаровро рад кард.

Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши векселҳо қарзи дохилаашро афзоиш доданист

0

Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад, ки қарзи дохилиашро ба маблағи 88,4 миллион доллар афзоиш диҳад. Қарор аст ин маблағ дар дохили кишвар тавассути фурӯши векселҳо ба даст оварда шавад.

Тибқи иттилои сомонаи “Азия Плюс” Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия супориш дод, ки коғазҳои қимматноки давлатиро дар шакли векселҳо ба маблағи 1-миллиард сомонӣ (88,4 миллион доллар) барорад.

Дар қарори Ҳукумат, ки 3 апрели соли ҷорӣ қабул гардида гуфта мешавад, ки барориши ин коғазҳои қимматнок ба хотири танзими қарзи давлатии ҷумҳурӣ сурат мегирад. Векселҳо даҳсола бо меъёри 2 дарсад барои муомилот ба бозори дохилии коғазҳои қимматнок, яъне фурӯш дар дохили кишвар пешбинӣ шудаанд.

Талаботи бандҳои қарори мазкур супориш дода мешавад, ки якҷоя бо Бонки Миллии Тоҷикистон иҷро карда шаванд. Ҳуҷҷат супориш медиҳад, ки ҷалби қарзи давлатӣ дар ҳачми муайян бо порлумони Ҷумҳурӣ ҳамоҳанг карда шавад.

Бар асоси маълумоти Вазорати молия ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 да 3,7 миллиард доллар расида аст, ки ин ба 48,8 ММД-и соли гузаштаи ҷумҳури баробар аст.

Муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ба кишварҳои дорои сатҳи рушди Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми ба истилоҳ “хати сурх” ба 50 дарсад ММД расидан аз ҷалби минбаъдии қарзи давлатӣ даст кашанд.

Дар сохтори қарзи давлатии Тоҷикистон 3,2 миллиард доллар (85 дарсад ) ба қарзи хориҷӣ ва 500 миллион доллар ба қарзи дохилӣ рост меояд.

Ҳаҷми қарзи беруна дар соли 2020,  300 миллион доллар афзуда ҳаҷми қарзи дохилӣ баръакс беш аз 200 миллион доллар коҳиш ёфта аст.

Кредитори асосии қарзи хориҷии Тоҷикистон Чин (1,2 миллиард доллар ) мебошад.

Қарзи дохилӣ тавассути ҷойгиркунии вомбаргҳо ва векселҳои Вазорати молия ҷиҳати қонеъ гардонидани ниёзҳои гуногуни давлатӣ ташаккул ёфта аст.