24.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 595

Омбудсмени тоҷик ё адвокати ҳукумат?

0

Омбудсмен ё ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар дар соли 2020 аз сӯи вазорати хориҷии Амрикоро «ғаразнок» ва «ғайриқобили қабул» хондааст.

Вазорати хориҷии Амрико 30 марти соли ҷорӣ оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, дар соли 2020 гузориш ба нашр расонида Тоҷикистонро як «давлати худкома» муаррифӣ намуда ва аз коҳиши башиддати сатҳи озодиҳо ва нақзи пайвастаи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ибрози нигаронӣ намуд.

Аммо дар як матлаби муфассал Омбудсмен ва ё ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, ки дар «Ҷумҳурият» (08.04.2021)-нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон ба чоп додааст, арзёбии вазорати хориҷии Амрикоро роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон нодуруст ва яктарафа хонда тазаккур додааст, ки он бар мабнои манобеи ғайримуътамад омода шудааст. Афзун бар ин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ин арзёбии Амрикоро мухолиф бар руҳияи ҳамкории ду кишвари Тоҷикистон ва Амрико донистааст:

« … Департаменти давлатии ИМА бе назардошти таҳлили воқеъбинона, бо такя ба сарчашмаҳои ғаразнок ва беэътимод, баҳодиҳии яктарафа ва ба инобат нагирифтани мавқеи расмии Тоҷикистон дар гузориши навбатии худ ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гӯё мавҷуд будани ҳолатҳои истифодаи шиканҷа ва фавти маҳбусон, ҳабсҳои худсарона, фишор ба хонаводаҳои мухолифон, озодии баён, озодиҳои мазҳабӣ ва дигар самтҳои ҳуқуқи инсон дар соли 2020 баҳои ғайривоқеӣ додааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гузориши Департаменти давлатии ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон барои соли 2020-ро ғайри қобили қабул ва мухолиф ба сатҳи ҳамкориҳои муштараки Тоҷикистону ИМА ҳисобида, иброз медорад, ки он ба рӯҳия ва иқдомҳои мо дар самти эҳтиром, эътироф, риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон таъсир расонда наметавонад.»

Ин мақоми мудофеи ҳуқуқи башар бо онки муҳтаво ва моҳияти гузориши вазорати хориҷии Амрикоро такзиб ва инкор мекунад, дар хилоли ин матлаб, ки вокуниш унвон кардааст, тазаккур медиҳад, ки Тоҷикистон ҷузъи ҷомеаи байналмилалист ва масоили мазкурро танҳо бо Созмони Милали Муттаҳид метавонад баҳсу баррасӣ кунад:

«Дар ин робита, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лозим медонад таъкид намояд, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон ва узви комилҳуқуқи СММ танҳо ба сохторҳои дахлдори ин ниҳоди муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон, гузориш медиҳад. Дар ҷаҳони мутамаддин арзёбии вазъ ва назорати риояи ҳуқуқи инсон низ ба ин сохторҳои СММ вогузор шудааст, ки Тоҷикистон низ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо онҳо ба роҳ мондааст».

Вокуниш ва ё посухи ваколатдор оида ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистонро аз чанд паҳлу ва ё зовия метавон ба чолиш кашид.

Яке ин аст, ки Амрико ҳамасола роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон гузориши махсус мунташир мекунад ва дар ин гузориш Тоҷикистон як ҷузъи кучаки онро ташкил медиҳад. Ин тавр нест, ки фақат ва танҳо барои Тоҷикистон гузориш таҳия ва пешкаш карда бошад. Аз ин ҷиҳат посухи Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ки бо ин гузориш Амрико аз мавзеи ғараз бо Тоҷикистон бархурд кардааст, мантиқ ва асос дошта наметавонад. Амрико ба Тоҷикистон ва давлати он чи ғараз дошта метавонад? Магар гуфтани воқеият ғараз аст?

Дигар инки Тоҷикистон як давлати худкома ва раиси ҷумҳурии он як диктотури ба ҳама аён аст, ва ин воқеиятро Амрико чи гӯяд ва чи нагӯяд, пинҳон дошта намешавад. Вақте барои як нафар қонун навишта ва тавассути қонун (Қонун дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат) имтиёз ва бартарӣ дода мешавад, ки то охири умр ва бидуни маҳдудият- «пожизнений» раиси ҷумҳурӣ бишавад, ин гуна давлатро ба ҷуз аз «худкома» чи метавон гуфт? Як нафар 30 сол  дар чавкии қудрат биистад ва барои як нафар чанд навбат Қонуни Асосии як мамлакат тағйир дода шавад, он давлатро худкомаву тоталитарӣ ва диктотурӣ нагӯянд, чӣ бигӯянд?

Омбудсмен ва ё Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон талош кардааст далоилу мавориди оварда дар гузориши вазорати хориҷии Амрико роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро рад кунад.

Яке аз нуктаҳое, ки пайваста дар гузоришҳои вазорати хориҷии Амрико ва созмонҳои байналмилалӣ роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мавриди интиқод қарор мегирад, вазъи зиндонҳо, боздоштгоҳҳои муваққатӣ, маҳбусҳо, маҳкумшавандаҳо ва шеваи муносибати тафтишот ва таҳти шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтани афрод мебошад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ба унвони як корманди муассисаи ислоҳӣ аз ин интиқодот шадидан нороҳат шуда ва посух додааст, ки дар чанд навбате, ки мониторинг доир карданд, шароити зиндонҳову зиндониҳоро мутобиқ бо меъёрҳо дарёфт кардаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар расонаҳо аз азобу шиканҷаи мазнунин ва муносибати дағалонаи кормандони муассисаҳои ислоҳӣ бо маҳбусон маводу матолиби зиёде ба нашр расидааст. Як намунаи равшани он ин аст, ки барои ба истилоҳ дидорбинии дарозмуддати як маҳбус бо аъзои хонаводааш аз 100 то 150 сомонӣ «доля» месупорад, ин дар ҳолест, ки нархи расмии ин дидорбинӣ 13 сомонӣ муқаррар шудааст. Даҳҳо нафар маҳбусон борҳо аз мушкили дастрасӣ ба маводди табобатӣ шикоят кардаанд.

Дар вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон гуфта шудааст, ки Тоҷикистон дар мавриди ҳуқуқи башар ба СММ гузориш медиҳад. Ва афзудааст, ки бо СММ «ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо онҳо ба роҳ мондааст». Аммо мо медонем, ки ин як ҳарфи хушк ва ғайривоқеӣ аст. Солҳост, ки Тоҷикистон тавсия ва пешниҳодоти СММ-ро низ муроот намекунад ва тааҳҳудоти байналмилалии худро иҷро наменамояд. Мусалламан, чунин тарзи муносибат ва бархурд, ки ғайримаданӣ ва ғайриахлоқӣ аст ба обрӯ ва нуфузи давлати тоҷикон зарбаи сахт мезанад.

СММ борҳо дар мавриди қазияи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси қаблии Ҳизби демократи Тоҷикистон, Зайд Сайидов, тоҷир ва вазири собиқи саноати кишвар, Муҳаммадалии Ҳаит, муовини аввали раиси ҲНИТ, Мақсуд Иброҳимов, як фаъоли иҷтимоӣ ва 13 тан аз аъзои дар банди Раёсати олии ҲНИТ мавзеи худро ошкоро баён дошта ва аз мақомоти Тоҷикистон талаби раҳоии ҳарчи зудтари онҳоро кард. Аммо то ҳамин ҳоло ҳеҷ яке аз ин тавсия ва дарсхостҳои СММ аз тарафи режими Душанбе ба инобат гирифта нашуд, ки ба дурустӣ аз як кишвари худкома будани Тоҷикистон ва ёғӣ будани роҳбари он шаҳодат медиҳад.

Барои мисол дар ҷавоб ба тақозои «озодии билофосила ва бидуни шарти зиндониҳое, ки аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ маҳкум шудаанд, аз ҷумла аъзои ҲНИТ, “Гурӯҳи 24″ ва ҳуқуқшиносони онҳо”, ҳукумати Тоҷикистон ба Шурои ҳуқуқи башари СММгуфтааст: “Ин машваратро қабул надорад, ба он хотир, ки парвандаҳои маҳкумшудаҳои зикршуда ангезаҳои сиёсӣ надоранд».

СММ ҳатто барои раҳоии бидуни қайду шарти Зайид Сайидов ба ҳукумати Тоҷикистон 180 рӯз муҳлат дода буд. Аммо дар як вокуниш ба ин даъвати Кумитаи ҳуқуқи башари СММ раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён гуфта буд, ки “тақозои Созмони Милал тавсиявӣ аст ва Тоҷикистон ҳақ дорад, ин тавсияро иҷро накунад”.

Бо овардани ин ҳама намунаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо СММ, зикри ин нуктаро зарур мешуморем, ки Омбудсмен ва ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон масъулият ва рисолати худро холисона ва дар доираи қонун иҷро намекунад. Балки қасд дорад, мардум ва ҷомеаро бифиребад.

Вагарна вақте дағдаға ва иддао мекунад, ки Тоҷикистон уҳдадориҳои байналмилалии худро ба унвони як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба иҷро мерасонад, мебоист медонист, ки баракс, тамоман ба иҷро намерасонад. Ва инки дар гузориши Департаменти давлатӣ ва ё ҳамон вазорати хориҷии Амрико ҳама рақаму далоил дурусту санҷида шуда аст ва аз кадом манбаъ ва сарчашмаи ғаразноке таҳия нашудааст, воқеияти вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро ифода мекунад.

Вазорати хориҷии Амрико ҳамасола бо як гузориши муфассал вазъи ҳуқуқи башар дар саросари оламро арзёбӣ мекунад. Бар мабнои ин гузоришҳо вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон солбасаол ва бахусус баъд аз соли 2015 рӯ ба пастравӣ доштааст.

Бо ин ҳол Омбудсмен ва ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон як ниҳоде аст, ки дар пайи талаби сомзонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ дар Тоҷикистон ташкил шудааст. Ин ниҳод дар аксарияти кишварҳо як ниҳои мустақил аст. Аммо дар Тоҷикистон бештар дар нақши адвокати мақомоти давлатӣ фаъолият мекунад, дар ҳоле, ки рисолати асосии он баракси коре аст, ки ҳоло анҷом медиҳад.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Эҳтимол меравад Иззат Амон афв шуда, парвандааш қатъ мегардад

0

Иззат Амон раиси “Маркази тоҷикон”, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, аз 5 шикояти нисбаташ воридшуда, танҳо яктоашро эътироф накардааст. Дар ин бора вакили дифои ӯ Сайидбурҳон Шарипов ба “Asia-Plus” хабар дод.

Шарипов мегӯяд, ки парвандаи Иззат Амон танҳо бар асоси як моддаи кодекси ҷиноӣ – қаллобӣ тафтиш шудаа истодааст ва талош доранд, ки то парвандаи ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мувофиқи қонуни афви соли 2019 банду баст шуда, парванда қатъ карда шавад.

Ба гуфтаи вакили дифоъ мувофиқи қонуни афви соли 2019, агар ҷиноятҳое, ки зарарҳои моддӣ доранд ва ин зарарҳо барқарор карда шаванд, авф нисбати боздоштшуда татбиқ карда мешавад.

Ба гуфтаи Сайидбурҳон Шарипов, то кунун Иззат Амон ба СИЗО ё боздоштгоҳи тафтишотӣ интиқол дода нашуда то ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии ВКД қарор дорад. Вакили дифоъ изҳори умедворӣ намуд, ки нафари зери ҳимояташ ба СИЗО интиқол нашуда, парванда ҳалли худро пайдо кунад.

Шарипов дар ҳоле аз интиқол наёфтани зерҳимояаш ба СИЗО мегӯяд, ки рӯзи 16-уми апрел наздикони Иззат Амон ба расонаҳо гуфтанд, ки фардо ӯро ба СИЗО мебаранд.

То ҳол маълум нест, ки додгоҳи ҳомии ҳукқуқи муҳҷирон кай баргузор мегардад.

Сайидбурҳон Шарипов ба “Asia-Plul” гуфт, ки то ин дам зерҳимояаш аз шароити нигаҳдорияш розӣ буда, саломатияш низ хуб буда, аз чизе шикоят надорад.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш наздиконаш гуфта буданд, ки вазъи сиҳатии Иззат Амон нохуб шудаву онҳо ба ӯ дору бурда буданд.

Ёдовар мешавем, ки Иззат Амон як чеҳраи маъруф ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон рӯзи 25 моҳи март шаҳрвандияш лағв ва рӯзи 27 дар Тоҷикистон хабари боздошташ расонаӣ шуд. ВКД-и Тоҷикистон Иззат Амонро ба қаллобӣ муттаҳм намуда, нисбаташ бо моддаи 247, қисми 4-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикстон паарванда боз кардааст.

Аммо наздикони ӯ ва ҷомеаи шарҳрвандӣ ин иттиҳомотро рад мекунанд ва парвандаро дорои ангезаи сиёсӣ унвон кардаанд.

Ду рӯз муҳлат, ё билетҳоро арзон мекунед, ё парвозҳои чартерӣ қатъ мешаванд

0

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро барои поин овардани нархи билетҳои парвозҳои чартерӣ ду рӯз муҳлат додааст.

Дар ҳоли иҷро нашудани талаб, барои манъ намудани парвозҳо чораҳои дахлдор андешида мешавад. Дар ин бора “Азия-Плюс” аз қавли Икром Субҳонзода, раиси Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар дод.

Рӯзи 22 апрел Агентии авиатсияи гражданӣ ҷаласаи баргузор кард, ки дар он ширкатҳои ҳавопаймоии Русия: «Уральские авиалинии», UTair, «Сибирь» ва «Северный Ветер» иштирок карданд.

Субҳонзода дар ин нишаст иброз дошта, ки аҳолӣ барои харидани билетҳои гарон пул наёфта дар ин шароити вазнини иқтисодӣ маҷбур шудаанд аз бонкҳо қарз гирифта билет бихаранд.

“Ширкатҳои ҳавопаймоиро зарур аст, ки бар ивази баланд бурдани нархи чиптаи ҳавопаймоӣ шумораи парвозҳоро зиёд намоянд. Дар ин самт, Агентии авиатсияи гражданӣ омода аст, ки ҷиҳати иҷозати саривақтии парвозҳо дар асоси қарорҳои дахлдори Ситоди ҷумҳуриявӣ чораҳои дахлдор андешад”, гуфт Субҳонзода.

Ӯ мегӯяд, он нархномае, ки ширкатҳои русӣ балои билетҳои чартерӣ муайян кардаанд, онро риоя накарда билетҳоро бо нархи гарон мефурӯшанд. Ҳамчунин Субҳонзода аз намояндагони сохторҳои қудратӣ хоста, ки танзими нархи чиптаро назорат баранд.

“Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа қарор шуд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар зарфи 2 рӯз бояд ҷиҳати поён бурдани арзиши билети ҳавопаймоӣ чораҳои дахлдор андешанд ва дар сурати поён набурдани арзиши чипта, Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати манъ намудани парвозҳои чартерӣ чораҳои дахлдор меандешад”, омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, бо қарори Ситоди мубориза бар зидди каронавируси Русия аз таърихи 1 апрел парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия барқарор шуд ва тибқи нақшаи аввалӣ ҳафтае як маротиба ширкати русии “UTair” ва як маротиба ширкати “Сомон Эйр” мусофиронро ба Русия мебаранд.

Дар баробари гарон будани нархи парвозҳои чартерӣ мардум аз гаронии нархи билети парвозҳои доимӣ шикоят мекунанд.

Чанде пеш як сокин аз вилояти Хатлон дар суҳбат ба “Аздо тв” гаронии билетҳоро тасдиқ карда гуфта буд, ки дар маркази вилоят, шаҳри Бохтар билет пайдо карда натавониста, билетфурӯшон гуфтаанд, система фаъол нест ба Душанбе раванд. Ӯ мегӯяд, 4 рӯз дар Душанбе навбатпоӣ карда ва талош намуда, ки билет харад, вале натавонист.

Ӯ гуфт: “Баъзе шиносҳоям то 10 ҳазор сомонӣ билет хариданд, ҳатто медонам онҳоеро, ки то 12 ҳазор ҳам хариданд. Аз Шумо хоҳиш, расонед ба гӯши мақомдорон, ки билетро арзон кунанд”.

Шуруъи омодагиҳо барои омадани президенти Узбекистон ба Тоҷикистон

0

Мулоқоти сарвазирони Тоҷикистон ва Узбекистон Коҳир Расулзода ва Абдулло Орипов рӯзи 24 апрел дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

21 апрел ҳайати коршиносон, аз ҷумла намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Узбекистон барои баррасӣ ва коркарди масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва обӣ- энергетикӣ, инчунин барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ба Душанбе омаданд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои кори коршиносон дар мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Расулзода ва Сарвазири Узбекистон Орипов рӯзи 24-уми дар шаҳри Хуҷанд баррасӣ хоҳад шуд.

Сарвазирони ду кишвар инчунин омодагиҳо ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар нимаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ мекунанд.

Аз ҷумла Сарвазирони ду кишвар санадҳоеро дида мебароянд, ки ҳангоми сафари Президенти Узбекистон ба Тоҷикистон ба имзо хоҳанд расид.

Пас аз зиндони ихвониву салафиву наҳзатӣ навбат ба хатибони масоҷид расид?

0

Як манбаъ ба “Аздо тв” хабар дод, ки Домулло Абдулҳақ ягона нафари боздоштшуда пас аз маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ набуда, чанд рӯҳонии дигарро низ дар зимн боздошт кардаанд.

Ба қавли манбаи дигар, як хатиби дигареро, ки исмашро набурдаанд ва аз шогирдони Домулло Муҳаммадии қумсангирӣ буда аст, низ боздошт шудааст. Манбаъ мегӯяд, суханони ин рӯҳонён, ки Домулло Ҳикматуллоҳро пешво гуфтаанд, ба амниятиҳо писанд наомадааст. Дар ҳамин ҳол ӯ мегуяд, ғайр аз инҳо низ иддае аз рӯҳониёнро пас аз он маросими ҷаноза боздошт кардаанд, ки ададшон аз 10 нафар бештар аст.

Дирӯз сомонаи “Бомдод”, аз боздошти Домулло Абдулҳақ, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар дода буд. Гуфта мешавад, сархатиб шоми 19 апрел аз ҷониби кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт боздошт шудааст.

“Бомдод” аз қавли манбеаш дар мақомоти амниятӣ хабар дод, ки сабаби боздошти домулло ба мавъизаи дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ кардааш рабт дорад. Домулло Абдулақ дар он маъиза Домулло Ҳикмаутуллоҳро аз пешвоҳои “бузурги мо” гуфтааст.  Ӯ ҳамамзон гуфта, ки пас аз марги чунин олимҳо мардум дигар пешвоёни ҷоҳил ва нодонро барои худ пешво мегиранд”.

Мақомоти амниятӣ дар ин муқоиса гӯё ишораҳо ба президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаанд, ки соли 2016 бо қабули як қонуни вижа “Пешвои миллат” эълон шуд.

Абдулҳақ Обидов 44 сол дошта, 4 соли ахир сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Шоҳмансурро бар уҳда доштааст. Бо иттилои “Ховар” аз қавли дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Абдулҳақ Обидов ба узвият дар ҳаракати мамнӯи “Салафия” муттаҳам шуда аст.

Бояд гуфт, ки ин ҳам дар ҳолест, ки аз чанд соли ахир дар Тоҷикистон имомхатибон дар мувофиқа бо мақомот таъйин мешаванд ва аз санҷиш гузашта ҳамзамон аз давлат маош мегиранд. Бештари онҳо дар пуштибонӣ аз ҳукумат ва танқиди мухолифон суханронӣ мекунанд.

Озодӣ навишта, ки ҳамроҳ бо ӯ 4 сокини шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ низ боздошт шудаанд ва бар зидди ҳамаи онҳо онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар Тоҷикистон пас аз манъи ҲНИТ боздошту зиндони кардани гурӯҳҳои дигари динӣ шуруъ шуд ва то ҳол ҷараён дорад. Дар соли гузашта садҳо  нафарро бо иттиҳоми пайравӣ аз “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони мусалмон) боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ кардаанд. Ҳамзомон қисме аз фориғтаҳсилоне, ки дар донишгоҳҳои Эрон таҳсил кардаанд боздошту зиндонӣ шуданд. Дар гузашта ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон даҳҳо нафарро бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷамоъати “Таблиғ” ва ҳаракати “Салафия” бозодошту зиндон кардаанд.

Баррасии омодагӣ ба ҳамоиши солгарди Созмони Ҳамкориҳои Шанхай

0

Муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бинг мулоқот кард.

Хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба манбааш дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон навишт, ки дар ин дидор муносиботи дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Онхо дар ин дидор ҳамчунин дар бораи омодагӣ ба ҳамоиши солгарди СҲШ, ки дар Душанбе баргузор мегардад табодули назар карданд.

Саммити солгарди СҲШ дар Душанбе рӯзҳои 16-17 сентябри 2021 дар Душанбе баргузор мегардад, ки Созмони Ҳамкорихои Шанхай 20-солагии худро таҷлил мекунад.

Саммити Душанбе бо ширкати сарони давлатҳои узви Созмон Чин,Русия, Қазоқистон,Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон баргузор мешавад.

Кишварҳои нозир дар ин Созмон Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон, кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа , Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.

Дар Душанбе ҷиҳати истиқболи меҳмонони олимақом сарони кишварҳои СҲШ даҳ манзили нав сохта мешавад. Онҳо дар минтақаи қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон воқеъ дар хиёбони Рудакии Душанбе сохта мешаванд.

Бар асоси нақшаи мақомот сохтмон бояд то моҳи августи 2021 ба итмом бирасад.

Даҳ корманди сафорати Амрико дар Маскав ихроҷ шуданд

0

Русия даҳ корманди сафорати Амрикоро дар Маскав “унсурҳои номатлуб” эълом кард. Ин амали ҷавобии Маскав ба ихроҷи даҳ дипломати рус аз Вашингтон буд. Дар ин бора дар сомонаи расмии ВКХ-и ФР хабар дода шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 21-уми апрел Вазорат ба муовини сафири Амрико дар Маскав Барт Горман нота супурда, талаб намудааст, ки бояд даҳ корманди сафорат то охири рӯзи 21-уми май хоки Русияро тарк кунанд.

Ҷойгир шудани нирӯҳои Русия дар марз бо Украина, ҳамлаҳои рахнагарон, иддаои Ҷумҳурии Чехия дар пасманзари таркиши соли 2014 дар як анбори силоҳ ва ҳабси мунтақиди Кремлин Алексей Навалний, ки пеш аз ин заҳролуд карда шуд, ҳафтаҳои охир равобити миёни Вашингтон ва Маскавро пуртаниш кардааст.

Дар як қароре, ки президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи 15-уми апрел имзо кард, аз ихроҷ ва таҳрими даҳҳо шаҳрванди Русия ва ҳам дороиҳои онҳо зикр шудааст. Дар санад омада, ки Иёлоти Муттаҳида Кремлинро барои амалҳои зиддиамрикоиаш ҷавобгар медонад. Бар илова, Вазорати молияи Амрико болои бозори қарзи Русия маҳдудиятҳои иловагӣ ҷорӣ кард. Инчунин ИМА Русияро ба мудохила дар интихоботи Амрико муттаҳам мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 17 апрел мақомоти Чехия дар бораи ихроҷи 18 дипломати рус қарор баровард. Ба иддаои Прага, кормандони хадамоти ҷосусии Русия дар зери пӯшиши дипломатӣ кор мекунанд. Мақомоти Чехия ин иқдомро пеш гирифтанд, зеро тибқи фарзияҳои онҳо, хадамоти махсуси Русия дар таркиши анбори лавозимоти ҷангӣ дар Ҷумҳурии Чехия дар соли 2014 даст доранд. Дар ин таркиш ду нафар ҷон дода буд.

Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар посух 20 корманди сафорати Чехия дар Маскавро “унсурҳои номатлуб” хонд ва барои онҳо як рӯз муҳлат дод то Маскавро тарк кунанд.

Русия ду корманди сафорати Булғористон дар Маскавро “унсурҳои номатлуб” хонд

0

Дар моҳи март, Булғористон ду дипломати русро дар пасманзари “моҷарои ҷосусӣ”, ихроҷ кард. Ҳоло Русия дар посух низ ду корманди сафорати Булғористон дар Русияро “унсурҳои номатлуб” эълон кард. Дар ин бора ВКД-и Русия хабар дод.

Нафароне, ки “унсурҳои номатлуб” эълон шудаанд, котиби якуми хадамоти консулии сафорати Булғористон дар Русия Николай Панайотов ва котиби якуми хадамоти масоили тиҷоративу иқтисодӣ Чавдар Христозов мебошанд. Онҳо бояд дар тӯли 72 соат Русияро тарк кунанд.

Ҳамин тариқ, Вазорати корҳои хориҷии Русия ба ихроҷи ду дипломати рус аз Булғористон дар моҳи март пас аз моҷарои ҷосусӣ посух дод. Он замон Прокуратураи генералии Булғористон хабар дода буд, ки дар ин кишвар як гурӯҳи агентҳо, ки аз ҷониби хадамоти ҷосусии Русия ҷалб карда шудаанд, фаъолият мекунанд.

Дар байни онҳо афсарони ҳозираву собиқи иктишоф ва Вазорати мудофиаи Булғористон низ будаанд. Роҳбари ин гурӯҳ яке аз мансабдорони собиқи баландпояи хадамоти ҷосусии Булғористон будаст. Дар робита ба ин парванда шаш нафар гумонбар дониста шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Булғористон мегӯяд, ки эҳтимолан онҳо бо сафорати Русия робита доштанд. Пас аз ин қазия Сарвазири Булғористон Бойко Борисов гуфт, ки София бояд дипломатҳои русро “унсури номатлуб” эълон кунад.

Сафорати Русия ихроҷи дипломатҳоро беасос номид, ки “ба бунёди минбаъдаи муколамаи созандаи Русия ва Булғористон мусоидат намекунад.” Он замон онҳо ҳушдор дода буданд, ки Русия ҳам ин амалро бе посух нахоҳад гузошт.

Русия ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ барои тартиби аснодашон муҳлати бештар дод

0

Вазорати корҳои дохилии Русия мӯҳлати будубоши муҳоҷиронро, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар қарор доранд, тамдид мекунад. Барои ин шаҳрвандони хориҷӣ бояд ба шӯъбаи мақомот муроҷиат кунанд.

Муроҷиати дахлдор ба шаҳрвандони хориҷӣ рӯзи чоршанбеи 21 апрел аз ҷониби Хадамоти матбуоти ВКД нашр карда шуд.

Тавре ки дар матни муроҷиатнома омадааст, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки талаботи будубоши қонуниро риоя накардаанд, метавонанд “вазъи ҳуқуқиро бидуни татбиқи муҷозот ҳал кунанд.” Ин тадбир тибқи фармони президент Владимир Путин гирифта шудааст.

ВКД-и Русия таъкид намудааст, ки тамоми чораҳои заруриро барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва амнияти онҳо ҳангоми будубош дар Русия дар шароити марбут ба коронавирус андешида истодааст.

Пештар муовини вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой аз намояндагони кишварҳои ИДМ дархост кард, ки дар мавриди муҳоҷирони ғайриқонунии дар Русия ҳузурдошта чораандешӣ кунанд, то кор ба ихроҷ кардани онҳо нарасад.

Тибқи иттилои вазорат, беш аз 300 ҳазор шаҳрванди Узбекистон, наздики аз 250 ҳазор зодагони Тоҷикистон, инчунин садҳо ҳазор муҳоҷирон аз Украина, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор доранд.

Баъди 6 моҳи хидмати ҳарбӣ ҷасади сарбозро ба хонаашон оварданд

0

Ҷасади сарбозеро, ки бо хоҳиши худаш ба хизмати ҳарбӣ рафта буд, субҳи 21-уми апрел кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Деваштич  ба наздиконаш супурданд. Ҷавон Раҷабалӣ Назаров ном дошта, сокини 19-солаи деҳаи Каҷровути ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич буд.

Мақомот сабаби марги сарбози ҷавонро дарди шадиди гурда ва аз кор мондани он гуфтаанд, аммо наздикони сарбоз чизи дигар мегӯянд.

Абдуҳафизи Ғойибназар, бародари Раҷабалӣ Назаров, рӯзи 21-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “соати 10:20 оварданд ва соати 11 шустему гӯрондем, зеро хуни зиёд дошт. Лабу биниаш кабуд ва чанд ҷояш зада буд. Қафои сараш дарида ва захми зиёд дошт.”

Ҳамчунин наздикони сарбоз мегӯянд, ки “агар гурдааш дард дошт, чаро лабу аъзои дигари баданаш кабуд буд?”

Абдуҳафиз ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вақте Раҷабалиро ба хидмат бурданд, ягон беморӣ надошт. Дар идома ӯ мепурсад, ки агар додараш бемории гурда дошт, чӣ гуна ба хидмати ҳарбӣ қабул карданд?”

Раҷабалӣ Назаров тирамоҳи соли 2020 бо ихтиёри худ ба хидмати ҳарбӣ рафта буд. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ 6 моҳ дар қисми низомие дар ноҳияи Восеъ адои хидмат намуда, як ҳафта пеш ӯро ба ноҳияи Мурғоби ВМКБ бурда будаанд.

Падар ва як бародари Раҷабалӣ дар муҳоҷират дар Русия қарор доштаанд ва бо шунидани ин хабар ба Тоҷикистон омада истодаанд. Наздикони сарбоз ният доранд, барои таҳқиқи марги ӯ ба додситонӣ ва мақомоти зидахл шикоят баранд, аммо то куҷо ин қазия ҳалли худро пайдо мекунад касе чизе гуфта наметавонад.

Ҳамасола бо сабаби шиканҷаву барафторӣ дар қисмҳои низомӣ аз маъюб шудан ва ҳатто аз марги наваскарон хабарҳо нашр мешавад. Бино ба иттилои “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” аз соли 2015 то 2019 ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст.