25.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 599

Боздошти 6 муҳоҷир дар Русия бо иттиҳоми одамрабоӣ

0

Полиси Русия аз боздошти шаш муҳоҷир хабар дод, ки дар рабудани як шахс даст доранд. Дар ин бора ба “ТАСС” намояндаи расмии ВКД-и Русия Ирина Волк хабар дод.

Бино ба иттилои ТАСС полис дар рафти тафтишот муайян намуд, ки муҳоҷирон мардеро моҳи март аз хобгоҳи деҳаи Новоивановское рабуда, ба қаламрави Краснодар бурдаанд. Онҳо аз падари ин мард барои раҳоии писараш 1,2 миллион рубл талаб кардаанд.

“Шарикон мунтазам мардро шиканҷа намуда, сипас ӯро барои ҷамъоварии маблағи зарурӣ раҳо кардаанд. Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони полис бо иштироки Гвардияи миллии Русия, шаш гумонбарро дар ҷойҳои истиқомати муваққатии худ боздошт карданд. Онҳо зодагони яке аз давлатҳои Осиё мебошанд ” – гуфт Ирина Волк.

Намояндаи Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав Олга Врадий ба ТАСС гуфт, ки айбдоршавандагон ин мардро пас аз навиштани забонхат, ки маблағи заруриро ҷамъоварӣ хоҳад кард, раҳо намудаанд.

Кумитаи тафтишот аз рӯи моддаи “одамрабоӣ аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ” парвандаи ҷиноӣ боз карда, муҳоҷирон ба ҳабс гирифта шудаанд. Ба иддаои полис айбдоршавандагон инчунин метавонанд дар дуздӣ дар вилояти Маскав даст дошта бошанд.

Зиндонӣ шудани як сокини ноҳияи Дарвоз бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо “Толибон”

0

Додгоҳи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як сокини ноҳияи Дарвози Тоҷикистонро бо ҷурми ҳамкорӣ бо гурӯҳи “Толибон” гунаҳкор дониста барои 15 сол равонаи зиндон кард.

Бино ба навиштаи Радиои Озодӣ, ин сокини ноҳияи Дарвоз Суҳробҷон Вазиров ном дошта, рӯзи 19 марти соли ҷорӣ додгоҳи ВМКБ ӯро бо ду банди Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке “ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта” ва дуюмӣ “даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта” гунаҳкор донистааст.

Ҳамзамон дар пайи боздошти Суҳробҷон низ ду сокини ҳамин ноҳия барои “хабар надодан”, бо пардохти 30 ҳазор сомонӣ муҷозот шудаанд. Аммо наздикони ни ду муҷозотшуда аз ҳукми додгоҳ норозӣ буда онро “ноодилона” хондаанд.

Ба навиштаи манбаъ, дар ҳукми додгоҳ гуфта шудааст, Сӯҳробҷон Вазиров, сокини 44-солаи ноҳияи Дарвоз, давоми ду соли охир бо роҳбари Толибон дар ноҳияи Нусайи Афғонистон, Ҷумъа валади Талбон, тамоси телефонӣ дошта, “мавқеъгирии нерӯҳои ҳукуматии Афғонистонро, ки аз ҷониби Тоҷикистон намоён аст, ба ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон хабар медод”.

Боздошти сокинони дарвоз дар ҳолест, ки ҳаргоҳе мақомот аз наздик шудани ҷангиёни гурӯҳи “Толибон” ба марзи Тоҷикистон бонги хатар мезананд.

Раиси САҲА вориди Тоҷикистон шуд

0

Вазири умури хориҷаи Шветсия ва ҳамзамон раиси Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Анн Линде бо сафари корӣ дар Душанбе карор дорад.

Бино ба иттилои хабаргузории “Спутник” вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири умури хориҷаи подшоҳии Шветсия ва раиси амалкунандаи САҲА хонум Анн Линдеро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад дидору гуфтугӯ намуд.

Тибки иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Шветсия инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчуби САҲА мавриди баррасӣ карор гирифтанд.

Ҳамзамон гуфта шуда, ки ҷонибхо ҳамчунин вазъро дар минтака ва Афғонистон баррасӣ намудаанд. Ҷонибҳо масъалаҳое чун таъсири бемории “Covid-19” ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайри қонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳоро баррасӣ кардаанд, омадааст дар иттилоия.

Сироҷиддин Муҳриддин зимни ин мулоқот зикр намуда, ки Тоҷикистон САҲА-ро ҳамчун платформаи муҳим барои муколамаи созанда медонад ва барои тавсеаи муносибот бо Созмон дар доираи ҳарсе ченак низомӣ-сиёсӣ иктисодӣ -муҳити зистӣ ва инсонӣ ҳавасманд мебошад.

Ҳамзамон қайд шуда, ки дар доираи муносиботи дуҷониба тарафайн омодагии худро барои истифодаи имкониятҳои фаровон ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва тиҷорат энергетика, маориф, амният, саёҳӣ ва тағйири иқлим изҳор доштанд.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон моҳи феврали соли 1992 санади хотимавии Хельсинкиро имзо кард.

Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз соли 1994 оғоз гардид. Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардид. Қарор оид ба таъсиси миссияи САҲА дар Тоҷикистон ҳанӯз 1 декабри 1993 зимни мулоқоти шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Рим қабул гардида буд.

Дафтари САҲА дар ҳошияи ёддошти тафоҳум бо Тоҷикистон дар асоси се ченаки мушаххас шуда: низоми-сиёсӣ, иктисодиву экологӣ ва инсонӣ лоиҳаҳои гуногун амалӣ мекунад.

Прокуратураи генералӣ алайҳи як ташкилоти пирамидаи молиявӣ парванда боз кард

0

Прокуратураи генералии Тоҷикистон алайҳи як ташкилоти перамидаи молиявӣ, ки ба қавли ин ниҳод дар кори онҳо ҷиноятӣ қаллобӣ ва фиреби мардум ошкор гардидааст, парванда боз намуда, намояндагони онро ҷустуҷӯ дорад.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон ин ташкилот бо номи ҶДММ “Тозакор” сабт шуда, дар шакли перамидаи молиявӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон фаъолият мекардааст.

“Тафтишот муайян кард, ки ин гурӯҳи ҷиноятӣ худро намояндаи ташкилоти хориҷии ҶДММ “Аффинаж” (Ltd”Affinage”), ки гуё бо ташкилотҳои ба истихроҷ, нигохдошт, коркард ва фурӯши нафт, газ, тилло ва дигар ашёи хом машғул буда ҳамкорӣ дорад, муаррифӣ намуда, бо ваъдаи додани фоидаи калон барои маблағгузорӣ ба ҶДММ “Аффинаж” зиёда аз 300 нафар шаҳрвандонро ҷалб намуда, аз онҳо дар ҳаҷми аз 100 то 4000 доллари ИМА ба суратҳисоби бонкҳои берун аз кишвари худ ба маблағи умумии зиёда аз 150 000 доллари ИМА гузаронидаанд”.

Гуфта мешавад, айни замон 2 нафар аз аъзои ин гурӯҳ дастгир шуда, ҷустуҷӯи дигар нафарон идома дорад.

Ҳамчунин Прокуратураи генералии кишвар аз шаҳрвандон хоста, ки ҳарки дар натиҷаи фаъолияти ғайриқонунии ҶДММ “Аффинаж” (Тозакор) зарари моддӣ дидаанд ё ин ки оид ба фаъолияти ғайриқонунии ин гурӯҳи ҷиноятӣ маълумот доранд, метавонанд ба Прокуратураи генералии ҶумҳурииТоҷикистон муроҷиат намоянд.

Президенти Туркманистон раиси парлумони кишвараш интихоб шуд

0

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов президенти Туркманистон ҳамчун раиси парлумон “Халқ Маслиҳати”-и ин кишвар интихоб гардид. Маросими эълони ин мансаби нави Президент рӯзи 14 апрел баргузор гардид.

Беҳрдимуҳаммадов акнун ҳамзамон ҳам президент, ҳам сарвазир ва ҳам раиси парлумони кишвараш мебошад.

Бино ба навиштаи Радиои Озодӣ, дар рӯйхати 111 даъвогари курсиҳои палатаи болоии порлумони он кишвар, ки рӯзи 1-уми март нашр шуд, номи Бердимуҳаммадов зикр наёфта буд. Аммо Комиcсияи марказии интихоботии он кишвар хабар дод, ки “барои узвият дар Халқ Маслиҳатӣ” 112 номзад сабти ном шуда буд. Зоҳиран, номи президенти Туркманистонро дар лаҳзаҳои охир шомил кардаанд.

Президент Туркманистон ҳамчунин барои писараш Сардор Бердимуҳаммадов низ чанд мансабро “туҳфа” кардааст. Охирин мансабро ӯ рӯзи 12 апрел соҳиб шуд.

Ахиран Сардор Бердимуҳаммадов, ки аллакай се вазифаи роҳбариро соҳиб аст, илова бар онҳо, аз ҷониби ҳокимияти Туркманистон раиси сохторҳои байниҳукуматии туркманӣ-русӣ ва туркманӣ-ҷопонӣ таъйин гашт.

Писари президенти Туркманистон мансаби муовини сарвазирро моҳи феврали соли ҷорӣ соҳиб шуда буд.

Коршиносон Сардор Бердимуҳаммадовро вориси асосии падар медонанд. Аммо пайҳам соҳиб шудани мансабҳои калидӣ аз ҷониби падару писарро коршиносон ба реша давондани низоми диктаторӣ дар ин кишвар арзёбӣ мекунанд.

Мулоқоти Эмомалӣ бо генералҳои рус дар Маскав

0

Рӯзи 14-уми апрел дар Маскав сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Русия, муовини якуми вазири мудофиаи Федератсияи Русия, генерали артиш Валерий Герасимов бо сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳ – муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Округи марказии ҳарбӣ, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои низомӣ ва ҳарбӣ-техникии Русия ва Тоҷикистон баррасӣ карда шудааст.

Ҳамчунин масъалаи фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қабл аз он дар Маскав ҷаласаи Кумитаи низомии СПАД баргузор шуда буд. Дар он ҷаласа Валерий Герасимо гуфт, ки Русия интизор дорад то ҳамкориҳои низомӣ дар доираи Созмон тақвият ёбад.

Ҷаласаи Кумитаи низомии СПАД пушти дарҳои баста баргузор гардид. Пас аз мулоқот Валерий Герасимов гуфт, ки дар соли 2021 таҳти сарпарастии СПАД чор машқи муштарак дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия гузаронида мешавад.

Герасимов инчунин гуфт, ки дар ҷараёни ҷаласа тартиби татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Созмон дар соҳаи ҳарбӣ баррасӣ шуда, барои амалисозии онҳо ба Тоҷикистон супоришҳои дахлдор дода шудааст.

БОР барои сохтмони роҳи Оби Гарм-Нуробод 110 млн $ сармоягузорӣ мекунад

0

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ширкати чинии “Hunan Road & Bridge Construction Group Company Limited” Луи Фей дар бораи татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Оби Гарм-Нуробод созишнома ба имзо расониданд.

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, лоиҳа аз се марҳила иборат буда, марҳилаи аввал сохтмони 30,2 км роҳи асосии Оби Гарм-Тагикамарро пешбинӣ мекунад.

Пас аз он сохтмони ду нақб бо дарозии 1,6 км ва 1,7 км, инчунин 5 пули нав ва таҷдиди як пули дигар дар назар аст.

Арзиши лоиҳа 178,1 миллион долларро ташкил дода, он аз ҷониби Бонки Рушди Осиё (110 миллион доллар грант) ва Фонди ОПЕК (40 миллион доллар (қарз) маблағгузорӣ мешавад. Дар ин лоиҳа ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28,1 миллион долларро ташкил медиҳад.

Пас аз имзои созишнома, вазири нақлиётн дар мавриди ҳамкориҳои густурдаи Тоҷикистон ва Чин дар соҳаҳои гуногун ибрози назар кард.

Азим Иброҳим инчунин ибрози умедворӣ кард, ки ширкати чинӣ корҳои сохтмониро бо сифат ва саривақт анҷом диҳад.

Амрико нерӯҳояшро аз Афғонистон мебарорад. Амнияти ин кишварро хатар таҳдид мекунад?

0

Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси парлумони Афғонистон гуфт, ки бо хуруҷи комили нерӯҳои амрикоӣ то рӯзи 11 сентябри соли равон, эҳтимоли ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар вуҷуд дорад.

Ба иттилои ВВС, ҷаноби Раҳмонӣ рӯзи чоршанбе 14 апрел зимни як нишасте дар Кобул гуфт, ки нерӯҳои хориҷӣ дар ҳоле Афғонистонро тарк мекунанд, ки ҷанг дар ин кишвар ба шиддат ҷараён дорад.

Раиси парлумони Афғонистон афзуд, “агар шароити Афғонистон барои хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ фароҳам мебуд, хуруҷи онҳо орзуи мардуми Афғонистон буд, аммо ин шароит ҳанӯз ҳам фароҳам нашудааст.”

Ба гуфтаи вай, бо хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ, “эҳтимоли бозгашт ба даврони ҷангҳои хатарноки дохилӣ вуҷуд дорад ва Афғонистон дубора ба қаламрави терроризми байналмилалӣ мубаддал хоҳад шуд.”

Дар ҳамин ҳол Ваҳид Умар, мушовири аршади раисҷумҳури Афғонистон дар умури равобити умумӣ гуфта, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон ҳамакнун 98% амалиёти низомиро мустақилона анҷом медиҳанд. Ва дар оянда ҳам тавонмандии анҷоми чунин амалиётро доранд.

Ҳамчунин ду сол қабл ҳукумати Афғонистон низ гуфта буд, ки хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ бар раванди таъмини амнияти Афғонистон таъсир нахоҳад дошт.

Он замон гуфта мешуд, ки дар чаҳоруним соли гузашта бори ҷанг ва таъмини амнияти ин кишвар бар дӯши худи нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон буд ва нерӯҳои хориҷӣ дар заминаи омӯзиш, машварат ва ҳимояти фаннии нерӯҳои Афғонистон фаъол буданд ва ҳеч таъсире дар раванди таъмини амнияти Афғонистон нахоҳад дошт.

Мақомоти давлати Амрико таъйид карданд, ки ин кишвар қасд дорад нерӯҳояшро пеш аз 11 сентябр аз Афғонистон хориҷ кунад.

Масъалаи хуруҷи нерӯҳои низомии хориҷӣ аз Афғонистон яке аз шартҳои ризоият ба сулҳ аз ҷониби Толибон аст.

Нигаронии наздикони маҳбусон аз вазъи бади санитарию эпидемиологии зиндонҳо

0

Бино ба иттилои Бунёди Бузургмеҳр Ёров вазъи санитарию эпидемиологии муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон хело нигаронкунанда аст. Дар муассисаи ислоҳии ЯС 3\1, воқеъ дар шаҳри Душанбе муддате чанд рӯз ҳаст, касалиҳои сирояткунандаи инфексионӣ хуруҷ намуда, шумораи зиёди маҳбусон гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас шудаанд.

Ба иддаои Бунёди Бузургмеҳр Ёров муассиса на дорои доруворӣ, лавозимоти тиббист ва на мутахасиси соҳавии тиббӣ дорад. Маҳбусон барои дастрас намудани доруворӣ ба наздикони худ муроҷиат намуда истодаанд.

Дар идома бунёд қайд намудааст, ки тибқи маълумоти расмии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, санаи 17 ва 18 марти соли ҷорӣ Бобозода Умед аз муассисаҳои ислоҳӣ дидорбинӣ кардааст ва таъминоти муассисаҳоро бо доруворӣ хуб баҳо додааст.

Ҳамин тариқ саволи мантиқӣ ба миён меояд, кӣ чаро ҳангоми бо доруворӣ ва табибон таъмин будани муассисаҳои ислоҳи, алалхусус муассисаи ислоҳии ЯС 3\1, шумораи беморони сироятии роҳҳои нафас дар ҳоли афзудан аст.

Ҳамчунин Бунёди Бузургмеҳр Ёров ба сардори муассисаи ислоҳии ЯС 3\1 ва сардори СРИҶҶ Вазорати адлия Умаров Мансурчон муроҷиат мекунад, ки баҳри ташхиси дуруст, таъмин бо доруворӣ, лавозимотӣ тиббӣ ва табобати маҳбусон тамоми чораҳои заруриро андешанд.

Гуфтугӯи телефонии Байден ва Путин

0

Сарони кишварҳои ИМА ва Русия гуфтугӯи телефонӣ карданд. Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден рӯзи 13 апрел бо президенти Русия Владимир Путин аз тариқи телефон гуфтугӯ кард. Ду раиси ҷумҳур масоили минтақавиву байналмилалӣ, аз ҷумла муносиботи ИМА бо Русияро баррасӣ карданд.

Бар асоси иттилоъи бахши хабарии Осиёи Марказӣ Байден изҳор дошта, ки ИМА дар ҳифзи истиқлол ва тамомияти арзии Украина мавқеи устувор дорад. Вай хамчунин аз афзоиши ҳузури низомиёни рус дар марз бо Украина изҳори нигарони карда аз Русия даъват карда, ки шиддатро коҳиш диҳад.

Хабари гуфтугӯи телефонии Путин бо Байденро сомонаи Кремл низ нашр намуда аст. Дар сомона гуфта мешавад, ки ин гуфтугӯ бо ташаббуси ҷониби Амрико сурат гирифта аст. Дар иттилои Кремл Байден ба раиси ҷумҳурии Русия пешниҳод карда, ки дар наздиктарин фурсат мулоқот кунанд.

Димитрий Песков сухангӯи раисҷумҳури Русия ба “Коммерсант” дар мавриди даъвати Байден изҳор дошта, ки пешниҳод дар бораи мулоқоти сарони кишварҳои ИМА ва Русия мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Қобили ёдоварист, ки пас аз нашри хабар дар бораи занги Байден ба Путин қурби рубли русӣ нисбат ба доллар ва евро ба таври назаррас мустаҳкам шуд. Хамагӣ пас аз ним соати нашри иттилоияи расмии Кохи Сафед қурби рубл нисбат ба доллар ба андозаи 1,53 рубл боло рафт.