13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 604

Дидори вазирони хориҷаи Эрон ва Қирғизистон дар Бишкек

0

Вазири умури хориҷаи Эрон дар мулоқот бо ҳамтои Қирғизистонияш дар Бишкек бар густариши муносиботи дуҷониба таъкид намуд.

Бар асоси хабаргузории Форс вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммадҷаводи Зариф, ки дар дуввумин сафараш ба чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ дар пойтахти Қирғизистон дар Бишкек ба сар мебарад, рӯзи сешанбе бо Руслан Каззокбоев вазири умури хориҷаи ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Зариф дар дидор бо ҳамтои Қирғизистонияш ноамниву бесуботӣ дар Афгонистон ва густариши ифротгароӣ ва терроризмро таҳдидҳои муштарак дар минтақа хонд.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар ин дидор зимни ибрози хурсандӣ аз меҳмонавозии давлат ва мардуми ин кишвар қадрдони намуд ва баргузории муваффақиятомези интихоботи ахири Қирғизистонро табрик гуфт.

Зариф бо ишора ба равобити амиқ ва торихи фарҳангӣ ва тамадунии байни мардуми Эрону мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ изофа кард:

Имкони баҳрабардори аз шароити минтақа барои густариши тавсеаи иқтисодӣ ва дастрасии Қирғизистон ба обҳои байналмилалӣ ва транзитӣ манофеи муштараки Теҳрон ва Бишкек аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар чорчуби сафари минтақави вориди Бишкек шуд.

Боздошт ва мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддир дар ноҳияи Ишкошим

0

Дар ВМКБ миқдори махсусан калони маводи нашъаовар дастгир ва мусодира карда шуд. Дар ин бора дар сомонаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Бино ба иттилои Агентӣ рӯзи 7-уми марти соли равон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Ишкошим аз як шаҳрванди Тоҷикистон 47кг 305гр “Ҳашиш” мусодира шудааст.

Ин шаҳрванд Мирзоев Маҳмуд Шодмонбекович ном дошта, соли таваллудаш 08.09.1982 зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ишкошим, ҷамоати деҳоти А.Замиров, деҳаи Дашт буда, бо гумони даст доштан бо қочоқи маводи нашъадор дастгир шудааст.

Гуфта мешавад ҳангоми ҷӯстуҷӯ аз борхалтаи полиэтиленӣ рангаш сафед, ки ба Мирзоев тааллуқ доштааст 49 адад бастаҳои селофании скочпеч дарёфт карда шуд.

Агентӣ мегӯяд, ки дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки Мирзоев Маҳмуд бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номи Файз ва тахаллуси “Муаллим” миқдори махсусан калони маводи нашъадорро ғайриқонунӣ ба даст овардааст.

Нисбати Мирзоев Маҳмуд бо моддаҳои 200 қисми 4 банди “Д” ва 289 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар робита ба ин қазия нисбати ду нафари дигар бо номҳои Уталбеков Аъзам Ақризобекович ва Аноятбеков Суҳроб Рустамбекович барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ва пинҳон доштани ҷиноят бо моддаи 347 қисми 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Чаро бо қабули қонуни нав дар бораи хидмати ҳарбӣ мушкилии “Облава” ҳал нашуд?

0

Кормандони комиссариатҳои ҳарбии Тоҷикистон маъракаи “Обалава”-ро шуруъ карданд. Аз наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки мисли пештара чанд корманди комиссарияти ҳарбӣ як ҷавонро дар байни мардум аз дастонаш маҳкам дошта маҷбуран ба мошине савор кардан мехоҳанд.

Мардуме, ки дар гирду атроф назора доранд, баъзе ба кумаки ҷавон мешитобад ва баъзе дигар мақомдоронро аз ин корашон маломат мекунад.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ низ наворе пахш карда, ки аз маҷбуран бурдани як ҷавон нақл мекунад.

Ин расона ба нақл аз манбааш менависад, шаби гузашта тахминан соати 21 дар назди Автовокзали шаҳри Душанбе чанд нафари ношинос талош карданд, як ҷавонро иҷборӣ ба мошин бор карда бубаранд. Ба гуфтаи муаллиф мошини сабукрав бидуни рақами қайди давлатӣ будааст. Аз садои шоҳидон бармеояд, ки ҷавонро иҷборӣ ба хизмати ҳарбӣ мебаранд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола дар мавсими баҳорӣ ва тирамоҳӣ ҷавононро бо усулҳои маҷбурӣ аз бозору кӯчаҳо дастгир карда ба хидмати ҳарбӣ мебаранд. “Облава”-и навбатӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки охири соли гузашта мақомот қонуни наверо дар бораи пулакӣ шудани хидмати ҳарбӣ қабул намуд ва тибқи он, ҳарки мехоҳад метавонад дар муқобили маблағ билети ҳарбиро харад. Аммо маблағи расмии он чӣ қадар аст, то ҳол чизе гуфта нашудааст.

Аксари мардум бар ин гумон буданд, ки бо қабул шудани ин қонун “Облава” аз байн меравад, вале чуноне ба назар мерасад ин мушкилӣ ҷомеаи тоҷикро тарк карданӣ нест.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори маъруфи тоҷик дар саҳифаи фейсбукияш дар мавриди “Облава” шудани донишҷӯён менависад:

“МЕГУФТАНД, КИ МАСЪАЛАИ “ОБЛАВА” САБУКТАР МЕШАВАД. АММО… ДИГАР АЗ ДОНИШГОҲҲО ҲАМ МЕҚАПАНДУ МЕБАРАНД? ДАР ДАВЛАТЕ, КИ ҲУКУМАТИ ҚОНУН ВУҶУД ДОРАД, БАРОИ ИН АМАЛ ПРОКУРОРАШ ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ БОЗ МЕКАРД!”

Коршиносон нарафтани ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ рабт медиҳанд. Ҳамасола бо сабаби шиканҷаву бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ аз маъюб шудан ва ҳатто аз марги наваскарон хабарҳо нашр мешавад, ки ин боиси дилхунукии ҷавонон ба хидмат кардан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гаштааст.

Путин қонуни то соли 2036 дар сари қудрат мондани худашро имзо кард

0

Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки ба ӯ имкон медиҳад, боз ду маротиба сарвари давлат интихоб шавад. Ҳуҷҷат тибқи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ки онро низ Путин пешниҳод кардааст, қабул карда шуд.

Тибқи Қонуни 19-ФЗ “Дар бораи интихоботи президенти Федератсияи Русия”, шаҳрванди Русия, ки ин вазифаро ду давра ишғол кардааст ҳуқуқи президент интихоб шуданро надорад.

Аммо ин муқаррарот ба Путин дахл надорад – тибқи қонуни нав, шумораи мӯҳлати президентии як шахс ҳангоми эътибор пайдо кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба ҳисоб гирифта намешавад.

Путин солҳои 2000, 2004, 2012 ва 2018 президент интихоб шуда буд. Ҳоло ӯ метавонад боз дар солҳои 2024 ва 2030 дар интихоботҳои президентӣ ширкат варзида, сарвари давлат интихоб гардад. Вақте ки Дмитрий Медведев аз соли 2008 то 2012 расман Президенти Русия буд, пешниҳод намуд, ки муҳлати президентӣ аз чор то шаш сол зиёд карда шавад ва он замон ин пешниҳод қабул гардида буд.

Пас аз бозгашти Путин ба Кремл дар соли 2012, Медведев раҳбари ҳукуматро ба ӯҳда гирифт, аммо дар аввали соли 2020 Путин идеяи тағйирот ба Конститутсияро эълон кард ва Медведев истеъфо дод.

Тағйирот дар бораи бекор кардани мӯҳлати президентӣ дар 10 марти соли 2020, ҳангоми ҷаласаи Думаи давлатӣ аз ҷониби вакил Валентина Терешкова пешниҳод карда шуд. Қонуни кунунии Сарқонун ба Путин иҷозат намедод, ки барои як давраи нав номзад шавад.

Путин дар гузашта борҳо гуфта буд, ки намехоҳад конститутсияро барои дар сари қудрат мондан тағйир диҳад.

Омбудсмени тоҷик ба хонаводаи аъзоёни зиндонии ҲНИТ чӣ гуфт?

0

На мо кумак мекунем ва намегӯзорем, ки аз шумо бигиранд. Бо вуҷуди сипарӣ шудани беш аз 5 сол аз зиндонӣ кардани аъзоёни аршади ҲНИТ мақомот ҳанӯз даст аз сари оилаҳои онҳо набардоштааст.

Пайвандони дар Тоҷикистон монда аз гирифтани кӯмак ва кор дар муассисаҳои давлатӣ маҳруманд ва пайвандоне ҳам, ки тавонистанд кишварро ба ҷои амнтаре тарк бикунанд бо иттиҳоми “терроризм” ё ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнӯъ ҷустуҷӯ мешаванд.

Иттиҳоме, ки ҳеҷ асоси воқеӣ надорад ва дар ҳеҷ додгоҳи мустақил низ собит нашудааст. Аммо бо вуҷуди ин, ахиран Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё Омбудсмен дар посух ба номаи чанде аз хешовандони аъзои зиндонии ҲНИТ гуфтааст, кумак ба афроде, ки бо иттиҳоми “терроризм” ҷустуҷӯ мешаванд, хилофи қонун мебошад.

Мақомот дар соли гузашта чанд нафарро ба гирифтани кумак ба муомилоти молӣ бо гурӯҳҳои “ифротгарову террористӣ” ва ё дарёфти кумак аз онҳо иттиҳом зад ва онҳоро равонаи зиндон кард.

Дар миёни онҳо Асрориддин Розиқов, писари Зубайдулло Розиқов барои расонидани кумаки фиристодаи наздикони дар хориҷбудаашон барои 5 сол зиндонӣ шуд. Бобои Дона ё Дониёр Набиев, пирмарде, ки синаш аз ҳаштод боло буд барои расонидани кумак ба 7 сол зиндон маҳкум шуд.

Мақомот онҳоро дар муомилоти молӣ бо гуруҳҳои “ифротгарову террористӣ” ва ё дарёфти кумак аз онҳо зиндон карданд. Аммо бародари Асрориддин, ки дар Аврупо ба сар мебарад, мегӯяд, ки ӯро барои расонидани маблағе, ки аз Аврупо барои кумаки хонаводаҳи зиндонӣ равон шуда аст, зиндон кардаанд. Чизе, ки боис шуда то гурӯҳе аз пайвандони зиндониҳо аз Омбудсмен дар ин бора шарҳ бихоҳанд.

Дар таърихи 17-уми марти имсол чаҳор нафар аз ҳамсарони зиндониён дар номае аз Омбудсмени пурсиданд, ки бо кадом асос онҳоро аз гирифтани кумак аз пайвандони дархориҷбудаашон, маҳрум кардаанд? Дар ин нома Фароғат Сангинова, ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода, Савринисо Ҷурабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллоҳи Раҷаб, Резагул Розиқова, ҳамсари Зубайдуллоҳи Розиқ, аз аъзои шинохтаи ҲНИТ имзо гузоштаанд.

Дар ин нома навиштаанд, ки онҳоро дар Тоҷикистон барои аз хонаводаи фаъолони ҲНИТ будан ба кор намегиранд ва сарчашмаи даромад низ надоранд. Кумаки пайвандон аз хориҷ ин ягона даромаде буда аст, ки онҳо метавонанд бо он зиндагиашонро бубаранд. Ба гуфтаи онҳо, то кунун ҳар моле, ки имкони фурӯши он буда, фурухтаанд ва дигар чизе барои фурӯш надоранд.

Бо вуҷуди ин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, гирифтани кумакпулӣ аз хешовандони дар хориҷ бударо, ки мақомот онҳоро “аъзоёни созмони террористӣ” медонад, ҷиноят хонд ва гуфт “ҳаргуна робита бо аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистӣ, аз ҷумла қабули кумакпулӣ, манъ аст”.

Ҳамазмон Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар ин нома даъво карда, ки “дар рӯзҳои Иди Наврӯз намояндаҳои Омбудсмен аз шароити маҳбасхонаҳо” дидан кардаанд ва он ҷо “барои онҳо шароит муҳаё шудааст”. Чизе, ки пайвандони зиндониёни сиёсӣ рад мекунанд ва мегӯянд ҳеҷ кадом аз намояндаҳои Омбудсмен аз маҳбасхоанҳо дидан накардаанд.

Шуҳрат Раҳматулло, писари Раҳматуллои Раҷаб аз ҷумали касоне ҳаст, ки мегӯяд, бо падараш гуфтугӯи телефонӣ дошт, вале ӯ дидор бо намояндагони Омбудсменро рад кардааст. “Паём тв” расоани мухолифон ин амалкарди мақмоти тоҷикро нисбати пайвандони зиндонёни сиёсӣ гуруснакӯшӣ ё “голодамор” унвон мекунад.

ҲНИТ, ҳизби умдаи мухолифони ҳукумати Раҳмон соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати Раҳмон мамнуъ ва экстремистӣ эълон шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон аъзои Шӯрои сиёсиии ин ҳизбро ба “терроризм, ифротгароӣ, талоши кудато ва барҳам задани сохтори конститутсионӣ ва куштор” гунаҳкор донист. Чизе ки масъулони ин ҳизб пайваста рад кардаанд ва онро як баҳонае барои мамнӯъ сохтани ин ҳизб аз тарафи Ҳкумати Раҳмон донистаанд, то Раҳмон дар набудани ин ҳизб битавонад идораи кишварро бемаҳдудият давом бидиҳад.

Чанде пас аз басташудани ин ҳизб Президент Раҳмон бо тағйири қонуни асосӣ уновни “пешво”-ро соҳиб шуд, ки ӯро аз салоҳият зиёде, аз ҷумла бемаҳдудият дар қудрат мондан бархурдор кард.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле гуноҳи маҳкумшудаҳои ин ҳизбро собитшуда медонанд, ки гурӯҳи корие аз Созмони Миллали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунад, ки аъзоёни ин ҳизб бегуноҳ зиндон шудаанд ва мақомоти Тоҷкистон бояд онҳоро озод кунад ва ба онҳо ҷуброн пардохт намояд. Гуруҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона ҳукми нисбат ба онҳо эълоншударо нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ – Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ медонад.

Сафари пайҳами намояндагони баландмақоми тоҷик ба Ворух аз чӣ дарак медиҳад? (Видео)

0

Омодагиҳо барои сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Ворух ҷараён дорад. Корбарон бо ирсоли наворҳо ба “Аздо тв” хабар доданд, ки масъулини шаҳри Исфара барои сафари қарибулвуқуи раисҷумҳур ба ин шаҳр, хусусан ба ҷамоати Ворух шабу рӯз ба ободкориҳо машғуланд.

Дар наворҳое, ки ба дасти “Аздо тв” расид, дида мешавад, ки гурӯҳе аз ҷавондухтаронро барои пешвозгирии Раҳмон бо суруди “Зинда бодо пешвои қаҳрамон” омода доранд.

Навор аз корбарон

Як сокини Ворух дар тамос бо “Аздо тв” гуфт, ба эҳтимоли зиёд Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 апрел ба ин ҷамоат сафар дорад. Ба гуфтаи манбаъ, тибқи нақша дар як деги яктонна оши Наврӯзӣ мепазанд. Ва инчунин аз чанд маҳаллаи дигар ҳам талаб шудааст, ки бо ибтикори худ ош пӯхта ба мардум бидиҳанд.

Сокинон наворе фиристоданд, ки дида мешавад, лулаи обкаше назди як боғ обод шудааст. Ба гуфтаи сокинон онро як муҳоҷири корӣ бо пули Русия обод кардааст. Тибқи маълумоти сокисонон, ин маконро бояд Эмомалӣ Раҳмон рафта кушояд. Ба қавле “лентабурӣ кунад”.

Навор аз корбарон

Пештар аз ин ҳам Котиби матбуоти Президент, Абдуфаттоҳ Саидзода ба расонаҳо аз сафари Раҳмон хабар дода буд, аммо рӯзу барномаи сафар номушаххас буд.

Гуфта мешавад пеш аз сафари Раҳмон ба ҷамоати Ворух иддае аз намояндагони мақомоти баландпояи кишвар паси ҳам ба шаҳри Исфара, хусусан ба Ворух сафар намуда аз онҷо дидан доранд.

28 март Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азизода бо ҳайате аз масъулони ноҳия ва соҳибкорон ба Ворух сафар дошт, инчунин баъд аз ӯ рӯзи 2 апрел вазири меҳнат Ширин Амонзода низ ба онҷо сафари корӣ анҷом дод.

Дар пайи вазири меҳнат, раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дирӯз 4 апрел низ ба Ворух сафар кард. Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳрро дар ин сафари корӣ инчунин соҳибкорон, варзишгарон, вакилони шаҳрӣ, фаъолони бахшҳои гуногунии хоҷагии халқи ҳамроҳӣ карданд.

Пас аз изҳороти раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар мавриди гирифтани Воруху додани замин аз гӯшаи вилояти Бодканд, зоҳиран танишҳо афзудааст. Баҳси марз байни Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки идома дорад. Бо вуҷуди вохӯриҳои сатҳи болои ду кишвар, ҳанӯз ҳам норӯшаниҳо боқист.

Навор аз корбарон

Боздошту таъқиби муҳоҷироне, ки дар гиридҳамоии рӯзи ҷумъа ширкат карданд

0

Дар Маскав даҳҳо муҳоҷири тоҷикро, ки дар назди сафорати Тоҷикистон бо талаби озодии Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон бо нишони эътироз ҷамъ омада буданд, пулис боздошт кард. Дар ин бора ОВД-инфо хабар дод.

Бино ба иттилои ОВД-Инфо дар назди сафорат тақрибан 15 автобуси пулис ҳузур дошт ва муҳоҷиронро ба онҳо бор мекарданд. Дар ҳоли ҳозир шумораи дақиқи нафароне, ки боздошт шуда буданд маълум нест.

Гуфта мешавад нафароне, ки аз назди сафорат боздошт шудаанд, ҳадди ақал дар 9 шӯъбаи пулиси шаҳри Маскав нигоҳ дошта шудаанд.

Бино ба иттилои “ОВД-инфо”:

ОВД “Марьина Роща” – 13 боздоштшуда

ОВД “Головинский” – 15 боздоштшуда

ОВД “Левобережный” – 15 боздоштшуда

ОВД “Ломоносовский” – 18 боздоштшуда

ОВД “Нагорный” – 13 боздоштшуда

ОВД “Пресненский” – 1 боздоштшуда.

ОВД “Фили-Давыдково”- 6 боздоштшуда.

ОВД «Царицыно»- 15 боздоштшуда

Дар идораи полиси ноҳияи Можайскийи Маскав – 13 боздоштшуда.

Ба гуфтаи шоҳидон, пулис ҳангоми боздошт эътирозгаронеро, ки шаҳрвандии Русияро доранд озод мекард ва шаҳрвандони Тоҷикистонро ба шӯъбаҳои пулис бурданд.

То имрӯз қисме аз ин муҳоҷирони боздоштшуда озод карда шудаанд, аз қисми дигар то ҳол маълумоте нашр нашудааст ва тақдирашон рӯшан нест.

Дар наворҳое, ки ба “Аздо тв” расид дида мешавад садҳо муҳоҷир рӯзи 2‑уми апрел дар назди сафорати Тоҷикистон бо нишони эътироз барои озодии Иззат Амон дар Маскав ҷамъ омаданд.

Ҳамчунин рӯзи 1-уми апрел даҳҳо нафар аз фаъолони тоҷики муқими Олмон назди сафорати Тоҷикистон бо талаби озодии Иззат Амон бо шиори “Иззати моро озод кунед” гирдиҳамоӣ барпо карданд.

Дар ҳамин ҳол баъзе муҳоҷироне, ки дар гирдиҳамоии шаҳри Маскав ширкат карданду баъд аз боздошт раҳо шуданд, дар тамос бо “Аздо тв” гуфтанд, шуруъ аз рӯзи шанбе маъмурони амниятии Тоҷикистон хонаводаҳояшонро бозпурсӣ доранд.

Як ҷавон, ки нахост номаш зикр шавад гуфт, “падару модарамро боздошт карданд, болои онҳо фишори зиёд оварданд, модарам бемории қанд аст, саломатияш хеле бад шудааст. То маъмурони амниятӣ бо ман суҳбат накарданд ва ман ваъдаи бозгашт ба Тоҷикистонро накардам онҳоро аз боздоштгоҳ раҳо накарданд”.

Инчунин чанд муҳоҷири дигар низ гуфтанд, ки маъмурони амниятӣ ба хонаҳояшон рафтанд ва падару модаронашонро таҳдид кардаанд, ки фарзандатон бояд ҳарчи сареъ ба Тоҷикистон баргардад.

Ёдовар мешавем, ки Иззат Амон як чеҳраи маъруф ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон рӯзи 25-уми моҳи март шаҳрвандияш лағв ва рӯзи 27-март дар Тоҷикистон хабари боздошташ расонаӣ шуд.

ВКД-и Тоҷикистон Иззат Амонро ба қаллобӣ муттаҳм намуда, нисбаташ бо моддаи 247, қисми 4-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз кардааст.

Аммо наздикони ӯ ва ҷомеаи шарҳрвандӣ ин иттиҳомотро рад мекунанд ва парвандаро дорои ангезаи сиёсӣ унвон кардаанд.

Имтиёз ба хидматкардагон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон

0

Касоне, ки дар сафи Қувваҳои муссаллаҳи Тоҷикистон адои хидмат кардаанд бе супурдани имтиҳон вориди донишгоҳ мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳеро дар мавриди тағйирот дар бораи вазъияти ҳуқуқии сарбозон омода ва ба палатаи поёнии порлумони кишвар фиристода аст.

Бар асоси тағйирот дар ин тарҳ касоне, ки дар сафи Қувваҳои муссаллаҳи Тоҷикистон адои хидмат намудаанд дар сурати хоҳишашон метавонанд дар донишгоҳҳои низомии кишвар ва берун аз он кишварҳое, ки Тоҷикистон бо онхо қарордод дорад бе супоридани имтиҳон ворид шаванд.

Рустам Шоҳмурод раиси Кумитаи мудофиа ва амният дар палатаи поёнии порлумони кишвар ба “Азия-Плюс” иборз дошт, ки ингуна имтиёз ба аскарони хидматкарда дода мешавад факат барои дохил шудан ба донишгоҳҳои низомӣ, ин имтиёз ба донишгоҳҳои ғайри низомӣ дахл надорад. Рустам Шоҳмурод афзуд, ки ин имтиёз барои дохил шудан ба донишгоҳҳои низомии дигар кишварҳо, ки Тоҷикистон бо онҳо қарордод дорад низ дахл дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон як донишгоҳи низомӣ вобаста ба Вазорати мудофиа амал мекунад, ки дар соли 1993 тасис шуда аст.

Сафари вазири дифои Тоҷикистон ба Эрон

0

Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо даъвати расмӣ озими Эрон шуд. Вазири дифои Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти расмии Эрон масоили густариши ҳамкориҳои ду кишварро дар бахши низомӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад дод.

Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода эълом дошт, ки сафари расмии вазири дифоъ аз имрӯз 5 апрел оғоз меёбад ва дар Теҳрон мулоқоти вазири тоҷик бо мақомоти сиёсӣ ва низомии Эрон барномарезӣ шуда аст. Аз ҷумла ду ҷониб масоили ҳамкорӣ дар бахши омода кардани кадрҳо ва гузаронидани тамринҳои низомии муштарак, табодули иттилоот, омӯзиш аз таҷрибаҳои ҳамдигар ва ғайраро мавриди гуфтугӯ қарор хоҳанд дод.

“Азия Плюс” бо такя ба сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон қайд кард, ки диққати асосӣ дар ин гуфтугуҳо рӯи муборизаи муштараки ду кишвар бар зидди терроризм ва экстремизм нигаронида мешавад.

КГБ-ҳо натавонистанд. Дар музокироти ҷонибҳои тоҷику қирғиз таҷдиди назар ногузир аст

0

Раванди музокироти миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таъйини хутути марз дучори бунбаст шуда, ҳангомаву ғавғоҳои бархоста дар пайи он возеҳ кард, ки вогузории ин маъмурият бар дӯши масъулони мақомоти амниятӣ натиҷаи мусбат бор нахоҳад овард.

Беш аз ин, нахустин даври музокирот зери раҳбарии раисони КДАМ-и ин ду кишвар, ончуноне шоҳидаш шудем, гиреҳҳои мавҷудаи баҳсро сахттар карда як ҳолати буҳронӣ ва ташаннуҷовареро дар равобити ду давлат пеш овард.

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ ва роҳбари ҳайати музокиракунандаи Қирғизистон бо эълону баёни дидгоҳҳо ва пешниҳодҳои ҳукуматаш ҷиҳати рафъи баҳси мавҷуда, худро дар мавзеи бартар ва таҳоҷумӣ қарор додааст. Дар расонаҳои ин кишвар аз ӯ ситоиш шуда истодааст, ки “ниҳоят яхҳоро об мекунад” ва  “як бор барои ҳамеша” мушкилро ҳал мекунад.

Аммо Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ва роҳбари ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон на танҳо бо сукути мармуз ва машкук кадом вокунише дар бораи баёния ва дидгоҳҳои ҳамтои қирғизии худ намекунад, ҳамчунин бо махфисозии дидгоҳҳои давлати Тоҷикистон барои ҳалли ин баҳси марзӣ мавқеи дифоиро гирифта изтиробу нигарониҳо дар байни мардумро ба вуҷуд овардааст.

Ҷониби Қирғизистон ба Тоҷикистон пешниҳод додааст, ки бар ивази ҷамоати Ворухи Исфара ва 12 ҳазор гектар масоҳаташ ҳамин миқдор масоҳат аз ноҳияи марзии вилояти Бодканд медиҳад. Ин яке аз ду пешниҳоди ин кишвар ба Тоҷикистон аст. Пешниҳоди дигарашон ҳам айни ҳамин аст: таъйини хутути марзии ин ҷамоат ва нишону аломатгузории он ва вогузории як долон ё роҳе  барои истифодаи ин мардум аз қаламрави Қирғизистон.

Мусалламан ин пешниҳод аз тарафи Тоҷикистон ва бахусус мардуми Ворух ба ҳеҷ ваҷҳ пазируфта намешавад, аммо то ба имрӯз раҳбари ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон дар баробари он вокунише нишон надодааст.

Ин ҳам дар ҳоле аст, ки баъзе аз ба истилоҳ “иқдомҳои ҷавобӣ”-и Тоҷикистон баёнгари вокуниши мақомоти он аст. Аммо ин иқдомҳо ҷойи онки ҷомеаи кишварро орому осуда кунад, баракс бар ташвишу нигарониҳо доман мезанад. Барои мисол эъзоми ҳайатҳои мақомоти ҳокимияти давлатии навоҳии Масчоҳ ва Масчоҳи куҳӣ ва ноҳияи Айнӣ ба Ворухи Исфара ва эълон кардани мададу тарафдории онҳо аз Ворух аст. Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон худашон мустақим аз вокуниш нишон додан иҷтиноб меварзанд ва бори масъулияти худро рӯи дӯши мардум монданианд.

Дар хабару тасвирҳое, ки аз ин сафарҳо ба Ворух дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ шуданд, таъбирҳое чун “шерони масчоӣ бо шумоянд ворухиҳо”, “мо шуморо дар рӯзи мусибат танҳо нахоҳем гузошт”, “Ворух марзи номуси мост” ва ғайра аз ин даст шиорҳо садо доданд, ки имкон надорад, пешопеш машварат ва тарҳрезӣ нашуда бошад. Бахусус дар ҳамаи ин аксу наворҳо ҳатман таъкид мешавад, ки варзишкорон дар ин ҳайат шомиланд. Ҳоло пурсиш пеш меояд, ки бурдани варзишкорони мастчоиву фалғарӣ ба Ворух ба чӣ хотир аст? Магар онҷо кадом мусобиқае ташкил шудааст? Баҳси марзӣ ба варзишкорон чӣ рабте дошта метавонад? Ва, ин ҳайатҳо ҳам изҳор доштанд, ки барои ҳифзи Ворух омодаанд, ки ҷони худро дареғ надоранд.

Дар воқеъ чунин амалҳо дар кишваре, ки паша бидуни иҷозат парида наметавонад, ҳисобшуда аст, вале боз ҳам савол инҷо  аст, ки чаро ҷавонони шуҷоъу ғаюри Данғара ва Кангурт Ворух наомаданд ва саволи дигар ҳам ин аст, ки бо овардани онҳо мақомот мехоҳанд чӣ бикунанду чӣ бигӯянд? Воқиан ҳам авзоъ ба ҳадде буҳронӣ аст, ки бидуни ҷалби варзишкорони мастчоҳӣ орому ҳал намешавад? Қирғизҳо чӣ бикунанд? Онҳо низ варзишкоронашонро ҷамъ оваранд?

Бар болои ин амали воқиан ҳам номафҳум (шояд бо ҷалби варзишкорони масчоҳиву фалғарӣ мақомот мехоҳад қирғизҳоро тарсонад) нашри посухи Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи хориҷии Тоҷикистон ба сӯҳбатҳои Қамчибек Тошиев дар иртибот ба табодули Ворух ҳолати ба бунбаст расонидаи музокироти ҷонибҳоро ба буҳрони яқин табдил кард. Тошиев ҳам билофосила ба Зарифӣ посух нишон дод ва гуфт, ки вай он чизеро дар матбуот изҳор дошт, ки ба таври катбӣ ба раиси ҳайати музокиротии Тоҷикистон Саймумин Ятимов супоридааст.

Дар посухи Зарифӣ таҳаввулот ва равандҳои демократия дар Қирғизистон дар замони истиқлол ба боди интиқод гирифта шуда ва Тошиев «шӯрапушт» унвон мешавад. Барои Зарифӣ ивазшавии раисони ҷумҳурии Қирғизистон тавассути эътирозоти мардумӣ тамоман қобили қабул нест ва ҷойи он Тоҷикистону модели он тавсиф мешавад. Моделе, ки бо диктотура ва нақзи ҳама мавозини байналмилалӣ шинохта шудааст, барои афроде амсоли Зарифӣ улгӯ ва намунаи хуби давлатдорӣ ба шумор меравад.

Барои Зарифӣ табдили ҳокимият ва навсозии он тавассути мардуми қирғиз на инки ғайриқобили қабул будааст, балки қирғизҳо «исёнгар» қаламдод шуда ва тавсия мешавад, ки аз «ақл» кор гиранд. Шояд «ақл»-е, ки Зарифӣ тавсия медиҳад ин аст, ки Аскар Акаев то ба имрӯз дар ин кишвар мемонаду Айдар Акаев Рустами Эмомалӣ мешуду Майрам Акаева шаҳбону? Ва шояд ҳам имрӯз қирғизҳо ҳам роҳи пулакӣ медоштанду «Фароз» медоштанду Спитаменбонку Коммерсбонку Авестогруппу, хуллас тамоми яъҷуҷу маъҷуҷи давру бари Акаев дар сари ҳокимият менишаст. Ва, дар зодгоҳи Акаев ягон чупону саисбони бидуни вазифа намемонд? Зарифӣ ҳамин шеваи давлатдориро тарҷеҳ медиҳад? Акаев сад бор қонуни асосиашро иваз мекарду мегуфт, ки то ман намурам ман Президент мемонам ва агар мурам ба бачаам  мемонад?

Дар ҳамин ҷо мехоҳам ба оқои Зарифӣ ин суолро матраҳ кунам. Агар Тоҷикистону давлати он ончуноне шумо тавсифаш кардаед ҷойи орому осуда ва маҳалли кору фаъолияти рифоҳу осоиш буда бошад, чаро як тоҷики Қирғизистон муддаии омадан ва зиндагӣ кардан дар инҷо нест, вале ҳазорҳо қирғизи Тоҷикистон ҳамин ҳоло мехоҳад кӯчу борашро барбандад ва Қирғизистон биравад?

Саволи диграм ҳам ин аст, ки чаро ҳамин Қамчибек Тошиев бо таънаву танз мегӯяд, ки марзамонро сари сӯзан боз нахоҳем кард, то инки бензину соляркаи моро ба Тоҷикистон надузданд. (Дар бораи дуздҳо шумо худатон маълумоти кофӣ дар ихтиёр доред).

Дар ҳар сурат баҳсҳои бархоста дар хатми ин музокироти ба бунбасту буҳрон гирифтор шуда, новобаста аз онки онро аз ҷониби Тоҷикистон «як дипломат, як доктори илм ва як чекисти касбӣ» ва аз он тараф як «шӯрапушт» (аз зарофатҳои Зарифӣ) маълум кард, ки дар ҳарду тараф барои наздикшавии мавқеъҳо фосила зиёд аст. Ва баъид аст, ки ба ин наздикиҳо номуайянии марз байни ду кишвар аз байн бурда ва сокинони наздимарзӣ нафаси роҳат бикашанд.

Аммо як нуктаи ҷолиб дар навиштаи Ҳамрохон Зарифӣ ин аст, ки аз Русия ёдоварӣ карда онро ба ҳайси мушкилкушо ба қалам медиҳад. Ҷаноби Зарифӣ навиштааст, ки «Инчунин дар бораи сарпарастии Москва шӯру ҳангомаи зиёд вуҷуд дорад. Мехоҳам ҳангоматалабони саргармро ором кунам. Россияи имрӯза ин давраи Елтсин — Козирев нест. Дар мисоли танзими мушкилоти Сурия, Ховари Миёна ва ихтилофи кӯҳнаи Қафқоз, низоъи Озарбойҷон ва Арманистон — Россия қудрати пешинаи худро нишон дод. Ва вай ҳамчун иттифоқчии табиии кишварҳои Осиёи Марказӣ, фикр мекунам, ки барои ҳамзистии мусолиматомези кишварҳои ин минтақа ҳама корро мекунад. Ва ифротгароёни рангобаранг бояд инро дар хотир дошта бошанд».

Бале, ҳамин тавр «фикр мекунам, ки барои ҳамзистии мусолиматомези кишварҳои ин минтақа ҳама корро мекунад» гуфтани ин дипломати коркушта ва чекисти собиқадор, тасодуфӣ нест ва инки «ифротиҳои рангобаранг»-мегӯяд, дар омади гап асту асли гап изҳори тағйири мавқеи ҳукумати Тоҷикистон дар нисбати Русия барои миёнҷигарист: «Ҳама корро мекунад», гуфтани Зарифӣ, ба гумони ғолиб  як навъ изҳори пушаймонӣ ва тавбаи мақомоти Тоҷикистон аст, ки соли гузашта ба итобу шитоб Сергей Лавров, вазири хориҷии Русияро бар мудохила ба корҳои дохилии Тоҷикистон муттаҳам карда ва ҳатто нота ҳам фиристоданд, ки дар мубоҳисоти марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон кордор нашавад. Аммо ҳоло, ки бечора шудаанд ва қирғизҳо «якбор барои ҳамеша» карданӣ ва буриданианд, онҳоро саросема карда ва дар банди таваҳҳум қарор додааст. Аҷаб не, ин «ҳама корро мекунад», гуфтанҳои Зарифӣ ишораҳо ба худи Раҳмону Ятимов ҳам бошад, ки шумо беҳуда «нота» фиристода будед ва инак қирғизҳо дар бозӣ гирифтаанд.

Вале пешниҳоди ба ҳайси миёнҷӣ вориди кор шудани Русия дар ин баҳсро як нафаре бо номи Алексей Герасимов ҳам ошкоро баён кардаас. Ба яқин ӯ як нафаре аст хеле огоҳ аз ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон:

«У России, которая позиционирует себя основным стратегическим партнёром каждой из стран СНГ, есть реальная возможность и авторитет для их примирения. Кроме того, Таджикистан занимает особое место, так как выполняет функцию форпоста ЦА и всего СНГ. Кыргызско-таджикские недоговорённости по делимитации и демаркации госграницы, как противостояние стран-членов ОДКБ и ШОС, имеют внутрисистемный характер и могут разрушить общую систему региональной безопасности.»

Ба гумони ғолиб ин шахс аз доираҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон аст ва инҷо арзи дили онҳоро гуфтааст.

Хуб, маълум аст, ки русҳо бо камтарин ишора барои миёнҷигарӣ омода мешванд. Вале инки идомаи ин музокира зери раҳбарии раисони КДАМ-и ҳарду кишвар ба ҷойе намерасадро боястӣ ҳарду ҷониб саҳлу сода нагиранд, агарчанд ки то вергулу нуқтаи ин гуфтушунид бо ризоияти худи руасои ҷамоҳири ду кишвар ҳам сурат бигирад ва агарчи Тошиеву Ятимов мансабдорони нуфузӣ ва мавриди эътимоди Ҷабборов ва Раҳмонанд. Ҳамин ки сафари аз қабл эълоншудаи Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон, ки қарор буд дар моҳи март, баъди сафари ӯ Тошканд сурат бигирад, иттифоқ науфтод, натиҷаи ҳамин ба бунбаст рӯбарӯ шудани музокироти ҳайатҳо аст.

Ҳоло, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Ворухи Исфара сафар кардаву лентабурӣ мекунад, чизе иваз намешавад. Магар инки Ворух мақому манзалати таърихӣ ва воқеии худро ба даст оварад ва ворухӣ бидуни тарсу ҳарос битавонад, зиндагӣ ва кор кунад. Барои онки чунин шароит фароҳам бишавад, ҳукумат бояд кор кунад, варзишкорони мастчоҳиро инҷо оварадан чизеро ҳал намекунад.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.