15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 613

Назари вазири дифоъи Русия дар мавриди идеяи таъсиси ба ном “Артиши Турон” ва чолишҳои минтақа

0

Журналисти сомонаи “Tengrinews.kz” бо вазири мудофиаи Федератсияи Русия Сергей Шойгу мусоҳиба анҷом додааст.

Дар ин мусоҳиба Вазири мудофиаи Русия идеяи таъсиси ба ном “Артиши Турон”-ро ки як блоки ҳарбӣ хохад буд ва ҳамаи кишварҳои туркзабонро муттаҳид месозад шарҳ дод.

Вазири дифои Руссия дар посух ба изҳороти бархе аз сиёсатмадорони Туркия гуфт:

“Хуб, шумо дар ин бора орзу доред, кӯшиш мекунед, ки ба сӯи он чанд қадам гузоред. Барои чӣ ва бар зидди кӣ?”

Шойгу хотиррасон кард, ки халқҳои туркзабон низ дар Русия зиндагӣ мекунанд ва онҳо “хеле зиёданд”. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки “Ва мо тӯли асрҳо бо ҳам зиндагӣ кардем”.

Вазир афзуд, ки Русия дар ҳоли ҳозир ҳамкориро бо Туркия идома медиҳад ва бо вуҷуди он ки ин кори осоне нест, аллакай ин ҳамкорӣ натиҷа дода истодааст.

Баҳсҳо дар бораи имкони таъсиси артиши “Турон” пас аз сафари вазири дифоъи Туркия Ҳусули Акар ба Қазоқистон дар соли 2020 шиддат гирифт. Пас аз он як қатор расонаҳо гуфтанд, ки Акар нақшаи баррасии идеяи артиши ягонаи кишварҳои туркро дар ҷараёни сафари худ бо роҳбарияти кишвар баррасӣ намуданӣ буд.

Ҳамзамон, Вазорати дифоъи Қазоқистон гуфта буд, ки онҳо аз Анкара чунин пешниҳодҳоро дарёфт накардаанд.

Пештар аз ин 17 март хабар дода шуд, ки Шойгу ба Иёлоти Муттаҳида огоҳӣ дод, ки агар онҳо дар Аврупо, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ мушакҳои миёнапарвоз ва кӯтоҳпарвоз ҷойгир кунанд, Русия низ дар ҳолати зарурӣ “посух” хоҳад дод.

Ҳамчунин Шойгу дар ин мусоҳиба дар бораи таҳдидҳо аз самти Афғонистон барои Русия ва  Осиёи Марказӣ ва аз ташвишҳо гуфт.

Вазири дифои Руссия дар идомаи мусохибааш бо сомонаи “Tengrinews.kz” афзуд, ки гурӯҳҳои калони террористон ба кишварҳои мухталиф, аз ҷумла ба Афғонистон ҳаракат мекунанд ва онҷо аллакай ДИИШ пайдо шудааст ва омадани онҳое мушоҳида мешавад, ки аввалан аз Афғонистон ба Сурия рафтанд.

Ӯ ҳамчунин дар бораи қочоқи маводи мухаддир ва истеҳсоли маводи мухаддир гуфт ва хатари онро хеле ҷиддӣ арзёбӣ кард. Шойгу қайд намуд, ки мо ҳама дар як минтақа, дар ин қаламрави умумӣ зиндагӣ дорем ва бояд инро донем, ки онҳо на танҳо бо мо ҳамсояанд, балки бо дӯстони наздиктарини мо, бо халқҳои бародари мо, Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамсоя мебошанд.

Боздошти як додраси додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон аз ҷониби Оҷонсии зидди фасод

0

Судяи Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон аз сӯйи Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шуд. Ин судя Носирхон Сафарзода ном дошта ба ҷурми гирифтани 5000 доллар ришва муттаҳам мешавад ва дар ҳоли ҳозир дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Дар ин бора “Asia Plus” бо такя ба манбааш аз сохторҳои қудратӣ хабар дод.

Гуфта мешавад ин ҳодиса рӯзи 9-уми март сурат гирифтааст.

Дар суҳбат бо “Asia Plus” Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 16-уми март гуфтаанд, ки дар Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон додрасе бо номи Носирхон Сафарзода доштаанд, ки ҳоло ҳам кор карда истодааст.

Бобоҷон Ғоибов масъули маркази матбуотии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт, ки “ҳолате ки ӯ бо пора аз ҷониби кормандони Агентии коррупсия дастгир карда шуда  бошад, инро мо шарҳ дода наметавонем, чунки феълан муддати ду рӯз аст мо муайян карда натавонистем ва ҳоло посухи аниқ гуфта наметавонем. Феълан мо агар ягон шарҳ диҳем нофаҳмӣ мешавад, барои ҳамин агар маълумот пайдо кунем, расман аз ин ҳодиса хабар медиҳем”.

Дар Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон низ аз боздошти додраси ин ниҳод бо номи Носирхон Сафарзода изҳори бехабарӣ карданд.

Ҳамчунин рӯзи 16-уми март Маркази матбуоти Оҷонсии зиди фасоди Тоҷикистон ин хабарро рад ё тасдиқ нақард.

Пас аз гузашти 2 рӯз субҳи 18-уми март аз Раёсати оҷонсии зидди фасод дар вилояти Хатлон хабари боздошти Носирхон Сафарзодаро тасидиқ намуданд. Аммо ин ниҳод аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ намуда, танҳо гуфтаанд, ки нисбати Сафарзода бо моддаи 319-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар ҳоли ҳозир назари худи Носирхон Сафарзода ва наздикону пайвандонаш дастрас нест.

Гуфта мешавад Носирхон Сафарзода бештар аз 10 сол дар Додгоҳи шаҳри Панҷакент кор карда, аз соли 2017 то замони боздошт додраси Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон будааст.

Тоҷикистон тасмимашро дар мавриди истифода аз ваксинаи АstraZeneca эълон кард

0

Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз 18 март зимни як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон қарори Ҳукумат дар мавриди истифода аз ваксинаи АstraZeneca-ро шарҳ дод.

Ба гуфтаи муовини вазири тандурстӣ, Тоҷикистон аз истифодаи ин ваксина даст намекашад. Қарор аст дар рӯзҳои наздик эмгузаронӣ бо ин ваксина дар Тоҷикистон шуруъ шавад.

Ализода гуфт, ки айни ҳол Вазорати тандурустӣ дастурламалеро дар мавриди тарзи дурусти гирифтани ваксинаро омода дорад, ки бо ду забон, тоҷикӣ ва узбекӣ тарҷума ва дастраси ҳамагон мегардонад.

Ин гуфтаи муовини вазири тандурустӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки аксар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо лахт шудани хунро дар бадани касоне, ки аз ин ваксина зада шуданд, мушоҳида карданд ва бо ин далел истифодаи онро ҳоло мутаваққиф кардаанд. Аммо Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, ки ҳеч далели қавие вуҷуд надорад, ки алоқаи мустақими лахтшавии хунро бар асари ваксинаи АstraZeneca исбот кунад. Аз ин рӯ, аз ин кишварҳо хост истифодаи онро бознадоранд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон шаби 9 марти соли равон дар чорчӯби барномаи “COVAX” 192 ҳазор воя аз ваксинаи зидди вируси COVID-19 АstraZeneca-ро дастрас намуд.

Поёни музокироти дурӯзаи Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди марз

0

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзҳои 16-17 марти соли ҷорӣ, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғди Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Ин мулоқот бо ҳузури раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Ташиев доир гаштааст.

Гуфта мешавад, меҳвари ин гуфтушуниди навбатӣ масъалаи аломатгузории нуқтаҳои номуайяни марзӣ ё делимитатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон будааст.

Аммо ҷонибҳо ба чӣ тавоқуфе расиданд ва аз кай нуқтаҳои аломатгузоринашудаи марзи ин ду кишвар оғоз меёбад ва тафсилоти дигари ин мулоқоти сатҳи баланд, дар хабар чизе гуфта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз, рӯзи 16-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд оғоз ёфта ду рӯз давом кардааст. Аммо дар ин мулоқот рӯзноманигорон роҳ дода нашуданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд ва  то кунун бештар аз 504 километри он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

Дидору гуфтугӯи раиси вилояти Суғд бо намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон

0

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, бо намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар Бодканд Омурбек Суваналиев мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо кушодашавии гузаргоҳҳои Кулунду” ва “Кайрагач” дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд дар марзи вилояти Суғдро, ки бинобар коронавирус баста шуда буд, баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, тасмими ниҳоӣ дар бораи боз кардани гузаргоҳҳои марзӣ дар поёни мулоқоти раисони кумитаҳои амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон гирифта хоҳад шуд.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, ҳаракат дар ду гузаргоҳи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ба эҳтимоли зиёд дар Наврӯз дубора барқарор карда мешаванд.

Сокинони ду деҳа дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хоҳони бардоштани монеахо, пӯшонидани хандақҳо ва боз намудани гузаргоҳҳои марзӣ ҳастанд. 20 майи соли гузашта ҳукумати Қирғизистон ҳаракати нақлиёт дар марзҳои Кулунду” ва “Кайрагач”-ро барои ҳаракати ҷамъиятӣ ва нақлиётӣ муваққатан қатъ карда буд.

Сокинони деҳаи Арқаи Қирғизистон ва ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон  дар сухбат бо расонахо аз он шикоят намуданд, ки ба иллати баста будани марзҳо дар як соли охир додугирифт байни ҳамсояҳо ба шиддат кам гардида  ва онҳоро бо мушкили зиёд рӯ ба рӯ кардааст.

Тӯрабек Шабачаев, сокини деҳаи Арқаи Қирғизистон, рӯзи 14-уми март дар сухбат бо Радиои Озодӣ  гуфт, ки онҳо ба тоҷикон бензин мефурӯхтанд. Ин сокини Қирғизистон афзуд ки нархи хӯрокворӣ дар ҳамсоякишвар арзонтар аст ва онҳо аз тоҷикон хӯрок мегирифтаанд. Ба иддаои ӯ ҳаштод дарсади аҳолӣ камбағаланд ва аз нархи гарони хӯрокворӣ азият мекашанд.

Ёдовар мешавем, ки музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз, ки  ҳайати Тоҷикистонро раиси КДАМ Саймуъмин Ятимов ва ҳайати Қирғизистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар Қамчибек Тошиев роҳбарӣ доранд, рӯзи 16-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд оғоз шуд.

Сурат: khovar.tj

Гуфта мешавад дар мулоқот хабарнигорони мустақилро роҳ надоданд ва аз ҳамин сабаб ҷузъиёти суҳбатҳои ду тараф феълан маълум нест.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд ва  то кунун бештар аз 504 километри он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

Болоравии нархи маҳсулоти хурокворӣ тайи ду моҳи ахир дар Тоҷикистон

0

Дар давоми 2 моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 3% гарон шудаааст. Дар ин бора “Asia-Plus” бо такя ба Агентии омори назди президент хабар дод.

Тибқи иттилои Агентии омор болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ 1%-ро ташкил дод, ки 0,35% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Имсол нархҳо ба картошка (29,4%), тухм (5,0%), мева (1,8%), шир ва маҳсулоти ширӣ (1,4%), шакар (қанд) (1,3%), гӯшт (1,1%), равған ва чарбҳо (0,7%) нисбатан бештар боло рафтанд.

Гуфта мешавад дар давоми моҳҳои январ-феврали 2021 нархҳои маҳсулоти ғайриозуқа 1,2% зиёд шудаанд. Дар ҳамин давраи соли 2020 ин нишондиҳанда ба 0,3% баробар буд.

Дар байни маҳсулоти ғайриозуқа давоми 2 моҳи соли равон бештар аз ҳама бензин 16,4% гарон шудааст ва аз ҳама пастарин нишондод дар маҳсулоти дорусозӣ дида мешавад, ки он 0,4% қиммат шудааст.

Хизматрасониҳои пулакӣ дар давоми 2 моҳи соли равон 0,2% боло рафтанд. Мизони таваррум дар бахши истеъмолии кишвар тӯли 2 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 0,4% зиёд шуда , ба 1,4% баробар шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 дар Тоҷикистон нишондиҳандаи рекордии сатҳи таваррум дар даҳ соли охир ба қайд гирифта шуд, ки он 9,4% -ро ташкил дод.

Нишондиҳандаи ҳадафнок дар соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мисли соли 2020 дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) муқаррар шудааст.

Эъломи тасмими ниҳоии Тоҷикистон дар мавриди истифода аз ваксинаи “АstraZeneca” дар рӯзҳои наздик

0

Тоҷикистон то ҳол дар бораи истифодаи оммавии ваксинаи коронавируси “AstraZeneca”, ки шаби 9-уми марти соли равон дар чорчӯби барномаи ҷаҳонии “COVAX” ба Тоҷикистон расида буд, қарори ниҳоӣ нагирифтааст.

Ба навиштаи “Авесто” қарор аст Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзҳои наздик нишасти матбуотӣ доир намуда, дар он қарори ниҳоӣ дар мавриди истифодаи ваксинаи “AstraZeneca”-ро эълон хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, тасмими ниҳоӣ ин ҳафта гирифта хоҳад шуд, ки дар бораи он аҳолии кишвар тавассути расонаҳо огоҳ карда мешаванд.

Шубҳаҳо дар бораи ваксинаи “AstraZeneca” пас аз он пайдо шуданд, ки бисёр кишварҳо, аз ҷумла баъзе кишварҳои Иттиҳоди Аврупо истифодаи ин ваксинаро мутваққиф карданд.

Кишвари Ирландия ва дигар кишварҳо лахташавии хунро дар бадани шахси ваксинагирифта мушоҳида намуданд ва ба ин далел истифодаи онро боздоштанд. Аммо коршиносон ва мутахассисони Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯянд, то ҳол ҳеч далели мустақиме барои вуҷуди робита байни ин ваксина ва лахташавии хун вуҷуд надорад.

Ин созмон аз кишварҳо хост истифодаи ваксинаи “AstraZeneca”-ро мутваққиф накунанд ва аз он барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона истифода баранд.

Ҳамзамон мудири СҶБ гуфт, ки Комиссияи махсуси ин созмон дар ҳамкорӣ бо Ожонсии дорусозии Аврупо бехатарии ваксина ва маълумоти мавҷударо меомӯзад.

Ваксинаи “AZD1222” аз ҷониби мутахассисони ширкати дорусозии “AstraZeneca” дар якҷоягӣ бо муҳаққиқони Донишгоҳи Оксфорд таҳия шудааст.

Ёдовар мешавем, ки шаби 9 марти соли равон 192 ҳазор дона ваксинаи “AstraZeneca” COVID-19 дар чорчӯби барномаи COVAX ба Тоҷикистон оварда шуд.

Бозпурсии сокинони норозии ноҳияи Восеъ тавассути маъмурони аниятӣ

0

Чаҳор нафар аз сокинони норозии ноҳияи Восеъ, ки барои соҳиб шудани ҳаққи худ сари замине ҷамъ омада буданд, аз ҷониби маъмурони амниятии ноҳияи Восеъ бозпурсӣ шуданд.

Боймурод Раҷабов, сокини ҷамоати ба номи Худоёр Раҷабов, ки дар он ҷамъомади эътирозии мардум ширкат ва суханронӣ карда буд, ба Радиои Озодӣ гуфта, ки рӯзи 15-уми март ӯ ва се нафари дигарро ба идораи амният даъват карданд.

“Дар навор мегуфтам, ки раиси ҷамоат, вакили маҳалла ва ё раиси ноҳия омада, дар сари замин масъаларо ҳал кунанд, то ин ки мо ба кишт шуруъ кунем. Баҳор шуд. Роҳ ба сӯйи Русия бастааст. Дар инҷо моро аз саҳми замин маҳрум кардаанд”, – нақл кард ӯ.

Раҷабов ва ҳамроҳонашро пас аз боспурсӣ раҳо кардаанд, аммо маъмурони амниятӣ аз шарҳи қазия худдорӣ кардаанд. Мақомот танҳо гуфтаанд, ки қазияи онҳо баъди таҷлили ҷашни Наврӯз баррасӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш шуморе аз сокинони ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳия Восеъ барои гирифта шудани заминҳояшон аз ҷониби Ҷамолиддин Икромов, бародари як мансабдор сари киштзоре ҷамъ омада эътироз карда буданд. Ба иддаои онҳо, порчаҳои замине, ки сокинон солҳо боз дар он кор мекарданд ва зиндагияшон аз ҳисоби деҳқонӣ дар заминҳо пеш мерафт, Икромов заминҳояшонро аз дасташон гирифта ва ба тиҷорати худ илова кардааст ва намегузорад сокинон онҷо кор кунанд.

Аммо то ҳол назари худи Ҷамолиддин Икромов дастрас нест ва маълум нест, ки чӣ мансабе дорад ва бо кадом мансабдор хеши наздик аст.

Раҳмон “ҷияни хира”-ашро чаро барканор кард?

0

Дар пайи тағйироти кадрии ахир дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҷойи подполковник Фахриддин Сафарзода Холмуъмин майори милиса Сулаймонзода Нурулло Раҳматулло, сардори шӯъбаи ин вазорат дар ноҳияи Шаҳринав таъин гардид. Ин тағйирот рӯзи чаҳоршанбеи 10 март сурат гирифт.

Фахриддин Сафарзода, яке аз ҷиянҳои сершумори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ба ин мақоми давлатӣ 03.12.2018 таъин шуда буд. Ба ин тартиб ӯ чизе бештар аз 2 сол дар ин вазифа кор карду халос. Ҳам дастури таъйин ва ҳам барканории ӯро аз ин мақом худи Эмомалӣ Раҳмони тағояш имзо гузоштааст.

Фахриддин Сафарзода Холмуъмин, мутаваллиди 1985 аст ва дар ноҳияи Совет ба дунё омадааст. Риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба поён бурда дар навоҳии шаҳри Душанбе ва низ ноҳияи Рӯдакӣ дар масъулиятҳои мухталиф фаъолият кардааст. Қабл аз таъйинот ба мақоми сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳринав дар мақоми муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ кор мекард.

Ҳар ойина барканории Фахриддин Сафарзода “ҷияни родной”-и худи Эмомалӣ Раҳмон аз сардории милисаи Шаҳринав беҷиҳат нест ва кадом сабабҳое ҷиддӣ дорад. Вагарна, аз як сӯ дар айни авҷи камолот ва зина ба зина иртиқо ёфтан дар мақом ва аз сӯи дигар дар урфу қоидаи ҳокимияти хонаводаӣ, ин тавр намешавад, балки имкон надорад ва номумкин аст, ки то ба ин сатҳ “бисабзонӣ” ва ба як бор бо як имзо болои “карйера”-и ӯ хатти бутлон бикашӣ. Чунки дар пушти ӯ на танҳо худи тағо-Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ҳатмани ҳатман бачаву духтарҳо истодаанд ва намегузоранд, ки аммуписарашон ба ин зудӣ дар хоки сияҳ биншонда шавад.

Албатта, мо ҳам намедонем, ки ӯ ба хоки сияҳ нишонида шуд ва ё боз нардбони сеҳрангези тағо ӯро ба пиллае болотар мебарад. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба усули кор ва сиёсати кадрии Эмомалӣ Раҳмон Фахриддин Сафарзода феълан ба ҳошия ронда шуд. Ба як ҳисоб Фахриддин Сафарзода Эмомалӣ Раҳмонро ноумед кард ва аз бовари ӯ баромад.

Гуфта мешавад, ки ду омил боиси барканории зудҳангоми ӯ аз ин мақом шудааст.

Яке инки ӯро аз аввал Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ хуш надошт. Солҳо пеш ӯро, тибқи ахбори дарҷшуда, бо иттиҳоми гароиш бо салафия аз мақомот дур андохта буданд. Ин маълумотро худи Рамазон Раҳимзода ба Эмомалӣ Раҳмон расонида аст. Барои ҳамин ӯро аз суфуфи милиса ронданд ва ӯ бо сӯиистифода аз қаробат бо раиси ҷумҳурӣ ба ҳайси миёнрави миёни мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва мардум дар навоҳии Ҳисору Ваҳдат ва Рӯдакӣ ба бизнеси замин машғул шуд.

Гуфта мешавад, ӯ тамоюли худ ба салафияро пинҳон намекард ва беш аз ин ҳамандешони худро ҳам дошт. Баъд аз онки Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе таъйин мешавад Фахриддин дубора ба кор бармегардад ва ӯро дар ноҳияи Рӯдакӣ, калонтарин ноҳияи Тоҷикистон муовини сардори милиса таъйин карданд. Вай дар ин мақом низ аз гирифтани пора даст накашид ва огоҳони ҳол мегӯянд, ки шояд аз 1000 гектар бештар замини ин ноҳия бо миёнаравии ӯ “хусусӣ” ва ба участкаи наздиҳавлигӣ табдил шуда бошад. Дар инҷо ҳам ӯ “ҷияни Президент” ном дошт ва ҳатто корҳои ғайриимконро ҳам ӯ бар ивази пул ҳал мекард.

Омили дигар, ки ба ҳамон ва аз ҳамон аввали маншаъ мегирад, ба “беспределӣ”-и Фахриддин Сафарзода дар ҷойи кори ахираш бармегардад.

Тибқи маълумотҳои дарёфтӣ вақте Рустам кафил –гаранти кори Фахриддин шуда ӯро ба Шаҳринав сардори милиса таъйин мекунанд, ӯ аз ин пуштибонӣ сахт ҳаво мегирад. Вақте ӯ дар Шаҳринав ба кор пардохт, доду войи на танҳо сокинони  дур аз ҳукумат, масалан бозорнишинҳову дукондорҳо, доруфурӯшону соҳибони ресторану ошхона ва автозаправкаҳо, балки кормандони мақомоти иҷроияи Шаҳринав ва низ додситону раиси додгоҳ ва дигар мансабдорҳо ба авҷи фалак печид.

Вай бо истифода аз мақоми “ҷияни Эмомалӣ Раҳмон” мудирияти ноҳияро дар дасти худ гирифта ва по аз ваколат ва рисолати як масъули ҳифзи тартибот фаротар ниҳод. Доля мебаст, посредникӣ мекард, хулоса ҳар коре мекард, ки фақат даромад дошта бошад. Тақсимоти замин, таъйини ҷазо, боздошту дастгиркунӣ, хулоса дар ҳама кор сар мезад ва ҳақ меканд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ на як бору ду бор дар бораи бадрафторӣ ва авбошии ӯ матолиб ба нашр расиданд.

Дар моҳи майи соли гузашта яке аз вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав Муродхӯҷа Хушмуродов, сокини деҳаи Чузӣ дар ҷамоати деҳоти Чуст аз болои шӯъба ва сардори шӯъбаи милисаи Шаҳринав ба Дастгоҳи иҷроияи Президент нисбати бадрафторӣ шикоят кард. Фахриддин Сафарзода, якҷо бо 10 корманди худ ӯро бидуни кадом далел ва санаде аз хонааш дастгир ва ба дасташ завлона зада мебаранд ва 6 соат дар ИВС нигоҳ медоранд. Аммо кадом сабабе пешниҳод намекунанд. Ба дархости мукаррари ин вакили халқӣ Сафарзода, ки қабул карда иллати боздошташро бигӯяд, аслан эътино намекунад. Баъди 6 соати боздошт ба ӯ мегӯянд, ки “қоидаи ҳаракати роҳро вайрон кардааст”. Дар ҳоле, ки ӯ аслан қоидаро вайрон накарда буд ва аз тарафи дигар ӯ ба ҳайси вакили халқӣ масунияти дахлнопазирӣ дорад.

Ҳодисаи мазкур яке аз садҳо амалҳои ғайриқонуниест, ки сардори милисаи Шаҳринав бо мардуми инҷо анҷом додааст.

Зимнан, Фахриддин Сафарзода, писари хоҳари Эмомалӣ Раҳмон аст ва падари ӯ марҳум Холмуъмин Сафарзода, раиси муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи табиат буд, ки дар моҳи июни соли 2012 дар шаҳри Душанбе кушта гардид. Дар қатли ӯ Диловаршо Қосимов, як корманди кони Шугнов гумонбар дониста шуда ба давраи тӯлонӣ равонаи зиндон шуд.

Холмуъмин Сафарзода, язнаи Эмомалӣ Раҳмон аз Диловаршоҳ Қосимов 350.000 доллар пул мегирад, ришва, то ба Эмомалӣ Раҳмон дода курсии раисии кони Шугновро ба ӯ бидиҳад. Холмуъмин инҷо ба ҳайси “посредник” мехост “чор танга” кор кунад. Аммо Раҳмонов каси дигарро ба ин вазифа таъин мекунад. Холмуъмин 100.000 доларро бармегардонад, аммо 250.000-ро не. Чунки ин пулро ба Раҳмон дода ва дигар ҷуръати бозпас гирифтан ҳам намекунад. Гӯиё ӯро барои ҳамон пул кушта бошанд. Азбаски имкон дошт дар ҷараёни мурофиа асрор ифшо шавад, онро пӯшида доир намуданд.

Ба ин тартиб, мешавад гуфт, ки Фахриддин ҳам ба пайроҳаи падар қадам мезанад. Аммо порахӯриву ришвагирии наздикони Раҳмон коре нест, ки барои он ӯ онҳоро “наказат” кунад, ин ҳам дар ҳолест ки Фахриддин ҷавон аст ва ояндадор. Барои ҳамин шояд инҷо ҳам худи Рамазон Раҳимзода дар пушти барканорӣ ва ҳамин тавр “миёншикан” кардани Фахриддин бошад, чунки гуфта мешавад, бо вуҷуди ин ҳама аъмоли номуносиб барои як сардори милиса ӯ аслан вазирро писанд намекардааст.

Аз ин ҷост ки нафар ва нафароне, ки маълумоти тақдирсӯз дар бораи фаъолиятҳои Фахриддин Сафарзода дар ҷойи кори ахирашро ба Президент расониданд, ӯро мутақоид карда тавонистаанд, то Фахриддинро филфавр аз мақомаш барканор кунад. Ба ҳадде, ки ҳатто Рустами Эмомалӣ, нафари дуввуми Тоҷикистон, валиаҳди Эмомалӣ Раҳмон чорае ба ҷуз аз сукут ва муросо бо ин тасмими падарашро наёфтааст. Кӯтоҳи гап ин аст ки Фахриддин Сафарзода ончунон аз “рамка” баромада ва “беспределӣ” кардааст, ки дигар наметавон ӯро табраа кард.

Воқеан ҳам, агар ки Раҳмон мехост барои ин ҷиянаш ягон мақоме болотар бидиҳад, ин корро то инки ӯро аз мақомаш маъзул кунад, анҷом медод. Аммо ӯро на танҳо мақоми болотар надод, балки дар ду сол аз кор гирифт, ки ин худ баёнгарӣ аз боварии Раҳмон баромадани Фахриддини подполковник аст. Иштибоҳ ва шояд ҳам ҷурми ӯ ба ҳадде буд, ки дигар барояш дарҳои дарбор баста шуд.

Шояд боз дар оянда ин “ҷияни хира”-и Эмомалӣ Раҳмон дигарбора ба ягон масъулияте дар Вазорати дохилӣ ҷалб шавад, аммо ҳоло ӯ аввалин аз “родной”-ҳо аст, ки дар айни парвоз ба қуллаҳои болотар захмӣ шуд.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Президент ба Хатлон сафар мекунад, аммо на барои иштирок дар Наврӯз

0

Рӯзи 22 марти соли ҷорӣ дар арафаи Наврӯз раисҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сафар мекунад. Мақсади сафар шиносоии Президент аз рафти корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлол гуфта мешавад. Дар ин бора “Азия-Плюс” аз қавли ёрдамчии Президент Абдуҷаббор Раҳмонзода хабар дод.

Ба гуфтаи Раҳмонзода, ин сафар барои иштирок дар ҷашнҳои наврӯзӣ набуда, “балки як сафарӣ корӣ барои ошноӣ ба корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлол аст”.

Ҳамчунин сухангӯйи раиси вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода низ ба “Азия-Плюс” гуфта, ки ин сафар берун аз ҷашнгириҳои Наврӯз аст.

“Мо омодагиҳои худро барои омадани президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гирифта истодаем. Вобаста ба ҷашни наврӯзӣ ва Истиқлолияти кишвар дар тамоми шаҳру ноҳияиҳои кишвар  барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани ҷашни 30-солагии истиқлолияти кишвар омодагӣ гирифта истоданд. Аз ҷумла барои сафари президент ба вилояти Хатлон мо ҳаматарафа тайёрӣ дида истодаем”, – гуфт Маъмурзода.

Агарчи расонаҳои расмии Ҳукумат то ҳол сафари Президент ба вилояти Хатлонро нашр накардаанд, вале чанде пеш сокинони шаҳри Бохтар ба “Аздо тв” гуфта буданд, ки барои омадани Президент мақомот онҳоро маҷбур доранд то деворҳои сари роҳ ҳама бо хиштҳои сементии як намуд сохта ва оро дода шавад.

Як сокин бидуни зикри номаш гуфт, чанд рӯз боз намояндагони КДАМ-и шаҳр ҳамроҳи раисони ҷамоатҳо, нозирони минтақавӣ, раисони маҳаллаҳо ва боз чанд ниҳоди дигар дар кӯчаҳои марказии шаҳр ва деҳаҳои гирду атроф гашта мардумро маҷбур доранд, ки хонаҳояшонро рангу бор кунанд, ки Президент ба ҳамон кӯчаҳо гузар мекунад.