13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 616

Ҳалокати се нафар дар ноҳияи Айнӣ бар асари лағзиши тарма

0

Тибки иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар маҳалли Кумарғи болои ноҳияи Айнии вилояти Суғд рӯзи 10 март бар асари лағзиши тарма се нафар чони худро аз даст доданд.

Гуфта мешавад, як нафар аз ҷонбохтагон сокини ноҳияи Айнӣ буда, 51 сол доштааст. Ду нафари дигар сокинони ноҳияи Шаҳринав буда, яке 33 ва дуюмӣ 40-сола будаанд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дирӯз дар километри 550 роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ва километри 31 роҳи Хоруғ – Ишкошим низ чанд мавриди лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст.

Айни замон барои поксозии роҳ Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо намуда, ки корҳои зиёди бартарафсозии паёмадҳои лағзиши тармаву резиши сангхоро анҷом доданд. Кумита мегӯяд, ки роҳҳои кӯҳии кишвар бозанд.

Бо вуҷуди боз будани роҳҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сокинони кишварро ҳушдор медиҳад, ки аз сафарҳои гайри зарурӣ ба минтақаҳои тармахез ва роҳҳои душворгузари кӯҳӣ худдорӣ намуда ва хеле ҳушёру эҳтиёткор бошанд, чун хатари лағзиши тарма ҳоло ҳам вуҷуд дорад.

Барқарории парвозҳои доимӣ байни Қазоқистону Тоҷикистон

0

Ҷумҳурии Қазоқистон парвозҳои доимии худро бо 14 кишвар, аз ҷумла бо Тоҷикистон барқарор намуд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС аз қавли Хадамоти матбуоти Кумитаи авиатсияи граждании ин кишвра хабар дод.

Ҳоло ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистон парвозҳоро дар ҳамаи 45 хатсайри дохилӣ аз сар гирифтаанд.

Тавре хадамоти матбуоти Кумитаи авиатсияи граждании Вазорати саноат ва рушди инфрасохтории Қазоқистон рӯзи панҷшанбе хабар дод Ҷуҳурии Қазоқистон хамчунин иртиботи ҳавоӣ бо 14 кишвар, аз ҷумла бо Тоҷикистону Русияро, ки қаблан бар асари пандемия қатъ шуда буд, барқарор кард.

Бар асоси ин хабар то  ба имрӯз ҳамаи парвозҳои дохилӣ дар 45 хатсайр бо 590 парвоз дар як ҳафта пурра барқарор карда шуда ва дар самтҳои байналмилалӣ парвозҳо ба 14 кишвар тадриҷан аз сар гирифта шуданд – Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Беларус, Украина, Олмон, Узбакистон, Қирғизистон, Миср, Русия, Гурҷистон, Тоҷикистон, Малдив, Шри-Ланка – дар 35 хатсайр бо 103 парвоз дар хафта  аз чумлаи ин кишвархо хастанд.

Пас аз оғози пандемия, Қазоқистон тақрибан ҳамаи парвозҳои дохилӣ ва хориҷиро мувақатан қаът кард. Аммо аз 1 майи соли гузашта мақомоти ин кишвар парвозҳои  дохилиашро аз сар гирифт. Ва инак сафарҳои байналмиллалиашро бо як қатор кишварҳо низ барқарор намуд.

Боздошти як имом-хатиб дар шаҳри Кулоб

0

Имомхатиби яке аз масҷидҳои шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ боздошт шуд. Дар ин бора Sputnik хабар дод.

Бино ба иттилои ин сомона боздоштшуда Маҳмадсодиқ Саидов буда, 29 сол дорад ва аз соли 2016 инҷониб ҳамчун имомхатиб фаъолият менамуд.

Маркази матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, 5-уми марти соли равон имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Ҳоҷӣ Абдулғаффори маҳаллаи “Нонбои Поён” – и шаҳри Кӯлобро кормандони мақомоти амниятии кишвар бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҲНИТ боздошт кардаанд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон то ба ҳол аз ҷузъиёти ин боздошт хабар надодааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон соли 2015 аз сӯи Суди олии Тоҷикистон ба феҳристи созмонҳои террористию экстремистӣ ворид  карда шуда ва то ин замон раҳбарони ҳизб ва садҳо нафар ба иттиҳоми узвият дар ин ҳизб боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Раҳбарияти ҲНИТ иттиҳомоти ироа намудаи мақомотро нисбати ҳизб рад намуда, зиндонӣ намудани аъзоён ва терористӣ хондани ҲНИТ-ро сирф сиёсӣ медонанд.

Сафари наздикҳангоми эпидемиологҳои Русия ба Тоҷикистон

0

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов зимни дидору гуфтугӯяш бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иборз дошт, ки як гурӯҳ аз мутахассисони хадамоти федеролии ҳуқуқи истемолкунандагон ва ҳифзи саломатии инсон (Роспотребнадзор) рӯзҳои наздик барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон меоянд.

Тасмим дар бораи сафари эпидемиологҳои Русия ба Тоҷикистон дар мулоқоти муовини сарвазири Федератсияи Русия Алексей Оверчук ва сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода дар доираи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 баргузор гардид гирифта шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати тандурустӣ дар ҷараёни сафари кории мутахассисони Роспотребнадзор ба Тоҷикистон дар назар аст, ки онҳо аз озмоишгоҳҳои кишвар дидан намуда, ҳамзамон бо табибони тоҷик вохӯрӣ ва табодули таҷриба намоянд.

Қаблан Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон низ гуфта буд, ки аз Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон як комиссия меояд ва дар сурати тасдиқи набуди СОVID-19 дар кишвар масъалаи вуруди шаҳрвандони кишвар ба Русия бознигарӣ хоҳад шуд.

Бар асоси маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон сар аз аввали сол дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифорӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки “набудани коронавирус дар Тоҷикистон” дар байни мақомоти Русия шубҳа эҷод кардааст ва онҳо тасмим гирифтаанд мутахассисони Роспотребнадзорро барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон бифиристанд.

Аз 11 март мусобиқаи сеюми Ҷоми “Лига-2021”-и Тоҷикистон шуруъ мешавад

0

Пагоҳ 11-уми март дар Гулистон мусобиқаи сеюми Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон шурӯъ мешавад, ки дар он ин навбат ёздаҳ даста ширкат меварзанд. Мусобиқа ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дар мусобиқа, ки марҳилаи омодагии бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мавсими нави футбол мебошад, ёздаҳ даста ширкат меварзанд. Бозиҳо дар майдонҳои осоишгоҳи Баҳористон ва Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар Гулистон баргузор мешаванд.

Тамоми хароҷоти молиявии баргузории мусобиқаи Ҷоми Лига-2021 аз ҳисоби Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кишвар пушонида мешавад.

Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ ёздаҳ даста ба се гурӯҳ тақсим шуданд, ки ду гурӯҳ иборат аз 4 даста ва як гурӯҳ аз се даста иборат аст. Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо дар як давр гузаронида мешаванд. Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳ аз рӯи миқдори зиёди холҳои бадастомада муайян карда мешавад.

Тибқи низомномаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон ду даста, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойҳои аввалро сохиб мешаванд, дар финали мусобиқа бозӣ мекунанд.

Хонаводаи рӯзноманигори зиндонӣ ба кумак ниёз дорад

0

Рӯзноманигори тоҷик, Раҷабаи Мирзо дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои Афкор” аз вазъи бади иқтисодии хонаводаи журналисти зиндонӣ, Муҳаммадюсуф Исмоилов хабар додааст.

Раҷаби Мирзо аз корбарон хоста, ки ба хонаводаи ин рузноманигор, ки -“Бо чурми гирифтани 400 сомони ба 11 соли зиндон махкум шуд” кӯмак кунанд.

Ин рӯзноманигори тоҷик менависад, “Тибқи хабарҳои расида вазъи молиявии оилаи журналисти зиндонӣ Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки барои гирифтани 400 сомонӣ ба 11 соли маҳбас маҳкум шудааст, бисёр вазнин аст ва ба кӯмак ниёз дорад. Онҳое, ки ба ин оилаи шӯрбахт кӯмак карданианд, бо рақами телефони оилаашон 987 07 27 78 метавонанд тамос гиранд.”

Муҳаммадюсуф Исмоиловро дар соли 2013 бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ба 11 соли зиндон маҳкум карданд. Мақомот он замон гуфта буданд, ӯ аз ҷониби пулиси ноҳияи Ашт ҳангоми гирифтани 400 сомонӣ пул боздошт шуд. Тафтишот гуфт, гӯё ин журналист ба як хонуме таҳдид кардааст, ки агар ҳаққи хомӯшии ӯро напардозад, кадом маълумоти маҳрамонаеро дар борааш фош мекунад.

Гуфта мешавад, 11 сол ҳукми зиндони ин рӯзноманигорро додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ баровард. Созмонҳои ҳомии озодии матбуот ин ҳукмро, ки барои «тамаъҷӯӣ» ба маблағи ҳамагӣ 400 сомонӣ гуфта шудааст, ин ҳукмро аз ҳад сангин медонанд.

Аммо ин ҳукми ягонаи Исмоилов нест. Дар соли 2011 ӯро барои нашри мақолаи интиқодие бо номи “Ашт валангор мегардад” ба муддати 11 моҳ зиндони муваккатӣ ҳукм доданд. Он замон Исмоиловро бо иттиҳоми “тӯҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ» маҳкум ба зиндон карда буданд. Худи Муҳаммадюсуф Исмоилов боздошт ва ҳукми дуввуми зиндонашро идомаи интиқоми мақомоти маҳаллӣ аз фошгӯиҳояш дар матбуоти марказӣ меномад.

Тайи ин солҳо, ки чандин дафъа қонуни авф дар кишвар татбиқ шуд, ин рӯзноманигор умед дошт, ки исми ӯ низ вориди листи авф мешавад. Аммо то кунун чунин қонуне дар ҳақии ӯ татбиқ нашудааст.

Дар бораи хонаводаи ин рӯзноманигори зиндонӣ маълумоти зиёд пайдо накардем. Вале Радиои Озодӣ ҳануз дар соли 2014 аз вазъи бади иқтисодии ин хонавода навишта буд. Бино ба навиштаи ин сомона Маҳтоббӣ Абдуллоева пас аз зиндонӣ шудани ҳамсараш ҳамроҳ бо фарзандони кӯчакаш барои як муддат ба назди модари худ ба шаҳри Кӯлоб меравад ва дар давоми якуним сол то он замон талош кард, аз нӯги сӯзани гулдӯзӣ нони фарзандонашро пайдо кунад.

Дар баробари ин, ҳамсояҳо ва хешу наздикон ҳам ба ин хонавода дасти кӯмак дароз мекардаанд. Ҳамсари Исмоилов, Маҳтоббӣ Абдуллоева гуфта буд, ки соле ду бор ҳаққи дидор бо шавҳараш дар зиндонро дорад ва аз рӯи маълумоти вай, кӯмаки хурде, ки аз рӯи тавонаш ба ҳамсараш мебарад, ба таври пурра ба дасти ӯ намерасад.

Ин рӯзноманигор алакай 8 сол мешавад, ки бо иттиҳоми тамаъҷуӣ барои 400 сомонӣ дар зиндон аст. Дар ҳоле, ки Шаҳбоз Раҷабов як масъули Хадамоти гумрук, ки ӯро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2019 расман ба фасод муттаҳам карда талаб намуд, ки пулҳои аз давлат ғораткардаашро баргардонад, на танҳо зиндонӣ нашуд балки дар ҳукумат мансаби дигаре гирифтааст.

Ҳамин тавр Давлатбек Хайрзода, собиқ муовини директори Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро низ моҳи апрели соли 2017 дастгир карда буданд, ки аз хонаи падарии ин мансабдори давлатӣ 35 миллион доллар ёфта буданд. Ҳамон замон Хайрзода ба 10,5 соли зиндон маҳкум шуд, вале моҳи ноябри соли 2019 тибқи қонуни авф озод шуд.

Бо вуҷуди он, ки Давлатбек Хайрзода бар асоси қисми 4-и моддаи 319, яъне порагирии шахси мансабдор ба маблағи калон айбдор мешуд, пас аз камтар аз се соли зиндон раҳо гардид.

Нишасти навбатии Шӯрои СПАД Созмони Аҳдномаи Амнияти

0

Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар семоҳаи чоруми соли равон дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин бора рӯзи чоршанбе Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон пас аз мулоқоти сардори ин шӯъба Мухтор Тлеубердӣ бо дабири кулли СААД Станислав Зас хабар дод.

“Дар ҷараёни ин мулоқот, онҳо дар бораи фаъолияти ҷории СААД мубодилаи афкор намуда, доираи васеи масъалаҳоро дар тамоми самтҳои асосии фаъолияти созмон баррасӣ карданд. Вазир талаби баргузор шудани ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД дар Душанберо, ки қарор аст моҳи майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор гардад, пазируфт”,омадааст дар хабар.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, ҷонибҳо хамчунин омодагии худро ба ҳамкорӣ барои таҳкими минбаъдаи созмон изҳор доштанд.

Дабири кулли СААД рӯзҳои 9-10 март бо сафари корӣ дар Қазоқистон қарор дорад. Интизор меравад, ки Станислав Засро Президенти ин кишвар Касым-Жомарт Токаев ба ҳузур пазирад.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ соли 2002 таъсис ёфта, як созмони байналмилалии минтақавӣ мебошад, ки кишварҳои Қазоқистон Русия, Арманистон, Беларус, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомили онанд. Дар ҳоли ҳозир раёсати ин созмонро Тоҷикистон бар ӯҳда дорад.

Пашинян сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳро аз мансабаш барканор кард

0

Сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон Оник Гаспарян ба таври қонунӣ аз вазифа озод карда шуд. Дар ин бора имрӯз 10 март сарвазир Никол Пашинян дар сафҳаи Фейсбукии худ хабар дод.

“Бо назардошти он, ки Президенти Ҷумҳурии Арманистон лоиҳаи фармони пешниҳоднамудаи Сарвазирро дар мӯҳлати муқарраркардаи қонун “Дар бораи хидмати ҳарбӣ ва мақоми хизматчиёни ҳарбӣ” имзо накард ва ба Суди конститутсионӣ муроҷиат нанамуд, Сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Арманистон Оник Гаспарян аз моҳи март қонунӣ аз вазифа сабукдӯш карда шуд “, омадааст дар изҳороти Пашинян.

Инчунин рӯзи чоршанбе Саркисян ба Суди конститутсионӣ бо дархост оид ба муайян кардани масъалаи риояи қонун “Дар бораи хидмати ҳарбӣ ва мақоми хидматчии ҳарбӣ” изҳорот фиристод, ки тибқи он сардори Ситоди Генералӣ таъин ва озод карда мешавад.

Шоми сешанбе дафтари раисҷумҳури Арманистон изхор дошт, ки нерӯҳои мухталифи сиёсӣ ақидаи нодурустро ташаккул медиҳанд, ки 9 март мӯҳлати муроҷиати президент ба Суди конститутсионӣ аст, дар ҳоле ки чунин мӯҳлат вуҷуд надорад.

Бӯҳрони сиёсӣ дар Арманистон пас аз он оғоз шуд, ки рӯзи 25 феврал сардори Ситоди Генералии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ Оник Гаспарян ва ҳайати баландпояи фармондеҳӣ даъват намуданд, ки сарвазир Никол Пашинян истеъфо диҳад.

Сарвазир ин изҳоротро ҳамчун кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ арзёбӣ намуда ва ду маротиба ба президенти кишвар Армен Саркисян дар бораи аз вазифа сабукдӯш кардани сардори Ситоди Генералӣ муроҷиатнома фиристод.

Пас аз оғози бӯҳрон дар Арманистон, мухолифин бо президенти ин кишвар Саркисян ду мулоқот доир намуда, масъалаи истеъфои Гаспарянро баррасӣ карданд.

Ба иллати ҷанги шашҳафтаинаи хунини Арманистону Озарбойҷон барои Қаробоғи куҳӣ, Никол Пашинян зери фишори афзояндаи тазоҳургарон ва мухолифони давлат қарор гирифтааст, ки саъй доранд, ӯро ба истеъфо водор намоянд.

Ҷанги 44-рӯзаи Арманистону Озарбойҷон дар соли гузашта баъди имзои созиши сулҳ дар моҳи ноябр ба поён расид. Бар асоси созиш, ки бо миёнҷигарии Русия ҳосил шуд, Арманистон қисматҳое аз Қаробоғи куҳӣ ва атрофи онро ба Озарбойҷон дод ва дар ҷанг ҳам талафоти зиёде дид.

Никол Пашинян, ки эътилофи сиёсиаш дар порлумон аксари курсиҳоро дар даст дорад, талаби мухолифон барои истеъфо ва эълони интихоботи барвақтиро рад карда ва хоҳони машварату муколама шудааст.

Бар асоси созише, ки нахуствазири Арманистон имзо кард, қисмате аз Қаробоғи куҳӣ ва тамоми 6 ноҳияҳои атрофи онро ба Озарбойҷон баргардонданд. Ин минтақаҳоро неруҳои арманӣ дар ҷанги соли 1990 аз озариҳо гирифтанд ва бисёре аз арманиҳо мухолифи баргардонидани онҳо ба Озарбойҷон буданд.

Вазири рус гуфт, кишвараш ба беш аз 1 млн муҳоҷири корӣ ниёз дорад

0

Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилӣ-коммуналии Русия Ирек Файзуллин рӯзи сешанбе дар “ҳафтаи сохтмон”-и Русия ба рӯзноманигорон гуфт, ки айни замон дар Русия ҳадди аққал як миллиону 200 ҳазор нафар бинокорон намерасад.

Ҳамчунин Вазир қайд кард, ки дар Русия мушкилоти кадрӣ вуҷуд дошта, шумораи зиёди бинокорон, ки аз кишварҳои ҳамсоя омада буданд бо сабаби коронавирус маҷбур шуданд, ки ба ватанашон баргарданд.

Сурат: Хадамоти матбуоти шаҳрдории Москва

Дар як суҳбат ба хабаргузории “ТАСС” дар моҳи феврал муовини Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилӣ-коммуналии Русия Никита Стасишин гуфта буд, ки тақрибан 14 ҳазор муҳоҷир, асосан аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон, аз моҳи декабри соли 2020 барои кор дар сохтмонҳо ба Русия омадаанд.

Тартиби соддакардашуда барои ворид намудани гурӯҳи муҳоҷирон ба Русия барои кор дар сохтмонҳо равона шудааст. Ҳамчунин пудратчӣ вазифадор аст қонунгузории амалкунандаи Федератсияи Русияро риоя кунад ва назорати санитарию эпидемиологиро таъмин намояд.

Қаблан Президенти Русия Владимир Путин ба ҳукумати Русия дастур дода буд, ки ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро ба сохтмонҳо то 1 марти соли 2021 бо риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ содда кунанд.

Ҷавони 18-солаи чечене, ки муаллимро кушт бо як тоҷик дар Сурия тамос доштааст

0

Муфаттишони Фаронса шахсеро аз Сурия муайян карданд, ки бо ӯ ҷавони 18-солаи чечентабор, ки дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса сари муаллими таърихро бурида буд, гуфтугӯ кардааст. Дар ин бора рӯзи душанбе рӯзномаи “Le Parisien” хабар дод.

Абдуллоҳ Анзорови 18-сола пеш аз оне, ки пулис ӯро паронад дар Instagram ба корбаре бо номи “Dnevnik_71” навиштааст. Баъд аз тафтиш ҳувияти ин шахс маълум гашт, ки ӯ зодаи Тоҷикистон Фаруқ Шамӣ будааст. Ин зодаи Тоҷикистон дар саҳифааш худро як рӯзноманигори мустақил вонамуд карда, фаъолияти ҷангиёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Сурияро пӯшиш медода, аммо тавре рӯзномаи “Le Parisien” мегӯяд, дар асл ӯ узви фаъоли гурӯҳи террористии “Хайат Таҳрир аш-Шам” будааст.

Фарук Шамӣ бо Анзоров дар мавзӯи дин суҳбат мекардааст, дар ҳоле, ки ҷавон бо ӯ дар бораи хоҳиши ба Сурия рафтан ва дар Фаронса “ҷиҳод кардан” нақл мекардааст. Тибқи иттилои ФБР-и ИМА Шамӣ ҳангоми мукотиба бо Анзоров дар вилояти Идлиби Сурия қарор доштааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи панҷшанбе 16 октябр як ҷавони 18-солаи чечентабор дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса муаллими таърих Самуэля Патро барои намоиш додани корикотурҳои таҳқиромез зидди Паёмбари ислом Муҳаммад (с) дар назди мактаб ба қатл расонда сари ӯро аз танаш ҷудо кард. Ҳангоми расидани пулис ӯ низ кушта шуд. Ҳодисаи куштори муаллимро аксари мардуми дунё маҳкум карданд.