23.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 634

Чаро Бонк миллӣ маблағи гузоштаи мардумро намедиҳад?

0

Гурӯҳе аз амонатгузорони “Тоҷпронбонк” ба хотири гирифтани амнатҳои гузоштаашон дар назди Бонки миллӣ ва Парлумон ҷамъ омада мегӯянд, ки зиёда аз як моҳ мешавад ба назди раиси Бонки миллӣ мераванд, вале ба назди онҳо ҳозир намешавад.

Як вакили Маҷлиси Намояндагон машварат додааст, ки ба таври хаттӣ муроҷиат кунанд.

Радиои Озодӣ навиштааст, зангҳои пай дар пай ба масъулини Бонки милли дар ин маврид бенатиҷа буд.

Солеҳамоҳ Самадова, раиси Шӯрои амонатдорони “Тоҷпромбонк” ба Радиои Озодӣ гуфтааст, бо гузашти тақрибан чаҳор сол наметавонад беш аз 400 ҳазор сомониашро аз бонк бигирад. Ӯ гуфт, умед доштанд раиси нави Бонки миллӣ ба ҳалли мушкилашон иқдом мекунад, вале акси садое нашуниданд.

Ин ҷабрдида мегӯяд, “Раиси пешини Бонки миллӣ чаҳор сол ваъда дод, ваъдаи хушку холӣ. Панҷ ҳафта аст, ки ба қабули раиси нав меоем, то ба дарди дили мо гӯш бидиҳад. Як бор ба назди мо набаромад. Моро қабул кардан намехоҳад, гӯш кардан намехоҳад…”,

Муштариёни бонк мегӯянд, дар моҳи марти имсол муҳлати бозгардондани амонатҳояшон ба поён мерасад ва кашолкорӣ дар фурӯши амволи бонк онҳоро нигарон кардааст.

Парвина Пирмаҳмадова, муштарии дигари “Тоҷпромбонк”, гуфтааст, ин шабу рӯз бемор аст ва ба 17 ҳазор сомонии бандмондааш дар бонк сахт эҳтиёҷ дорад. “Пуламро намедиҳанд, ки табобат гирам. Ҳамагӣ 400 сомонӣ медиҳанд, ки ин чӣ мешавад? Бо ин хӯрок гирам ё рафта дору харам?”

Чанде пеш Фирӯз Шарипов, масъули тақсими амвол ва дороиҳои “Тоҷпромбонк” гуфта буд, ки беш аз 30 миллион сомонӣ амонати мардум дар бонк мондааст ва бояд баргардонда шавад.

Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе раиси собиқи бонк Ҷамшед Зиёевро ба 8,5 сол зиндон маҳкум кардааст. Муштариён хостори он буданд, ки Зиёев аввал пули онҳоро баргардонад.

Намояндагони бонк ҳамеша иддао мекунанд, ки ба қадри имкон пули муштариёнро медиҳанд, вале амонатгузорони “Тоҷпромбонк” чанде пеш шикоят доштанд, ки ба онҳо дар ивази пул манзил ё амволи дигар пешниҳод мешавад ва нархаш аз қимати бозор чандин баробар гарон асту онро қабул карда наметавонанд.

Оморҳои зидду нақизи Вазорати тандурустӣ дар бораи COVID-19 баёнгари чист?

0

Сомонаи “Азияи-Плюс” дар як таҳқиқи худ байни омори Вазорати тандурстӣ оиди COVID-19 ва омори тақдим намудаи мақомдорони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамин бора, муайян намудааст, ки ин оморҳо аз як дигар тафовути зиёд доранд.

Бино ба навиштаи “Азияи-Плюс” дар як ҷаласаи Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии бемории вируси COVID-19 дар ВМКБ бо ҳузури муовини раиси вилоят оморе пешниҳод шудааст, ки гирифторони бемории коронавирус дар ин вилоятро 3142 нафар зикр намуда, гуфтаанд, ки 3090 нафари онҳо шифо ёфтаанд.

Вале аз сарнавишти 52 нафари он чизе гуфта нашудааст, ки онҳо фавтидаанд ё ҳанӯз беморанд? Агар инҳо фавтида бошанд, пас 57,7% фавтидагони коронавирус дар Тоҷикистон ба ин вилоят рост меоянд.

Гуфта мешавад, мақомҳои тандурустии вилоят омори пешниҳодкардаашонро ба “Азия-Плюс” шарҳ надоданд. “Як масъули баландпояи Раёсати тандурустии вилоят дар як сӯҳбати телефонӣ гуфтааст, онҳо ҳаққи шарҳи ин мавзуъро надоранду бояд ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат кунем, зеро аз вазорат онҳоро аз ҳаққи шарҳи мавзуъҳои вобаста ба коронавирус манъ кардаанд”, менависад “Азия-Плюс”.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, барои дарёфт кардани шарҳи расмии Вазорати тандурустӣ дар бораи сарнавишти ин 52 нафар ба Вазорати тандурустӣ ҳафтаи пеш дархости расмӣ фиристодаанд, вале то кунун посухи ин ниҳодро дарёфт накарданд.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки омори пешниҳодкардаи Вазорати тандурустӣ бо дигар оморҳои пешниҳод шуда фарқ мекунанд, моҳи октябри соли гузашта дар як ҷаласаи Ситоди пешгирӣ аз ин беморӣ дар Хуҷанд гуфта шуда буд, ки дар шаҳри Хуҷанд 4650 нафар ба коронавирус гирифтор шудааст.

Аммо он рӯзҳо Вазорати тандурустӣ мегуфт, ки дар тамоми кишвар ҳамагӣ 10 574 нафар сироят шудааст. Он шабу рӯз танҳо омори гирифторони беморӣ дар Хуҷанд дар муқоиса бо оморе, ки вазорат пешниҳод мекард 44%-ро дар бар мегирифт, ки шубҳаҳои зиёдеро ба бор оварда буд, навиштааст “Азияи-Плюс”.

Дар идома зикр мешавад, ки Ёдгор Файзов раиси ВМКБ дар оғози моҳи июн дар як ҷаласа шумораи онҳоеро, ки дар ин вилоят аз коронавирус фавтида буданд 22 нафар гуфта буд.

Ин дар ҳоле буд, ки он шабу рӯз Вазорати тандурустӣ омори расмии фавтидагон аз коронавирусро 48 мегуфт, ки мувофиқи изҳороти раиси ВМКБ ниме аз онҳо ба ин вилоят рост меомад. Дар ҳоле, ки аҳолии ин вилоят ҳамагӣ 240 ҳазор аст.

Мувофиқ наомадани оморҳо дар ҳолест, ки борҳо расонаҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки омори дуруст ва дақиқро ба ҷомеа пешниҳод намоянд, вале оморҳои зидду нақиз дар бораи ин бемории ҳамагир то ҳол ба назар мерасад.

Як шаҳрванди хориҷӣ дар Ёвон андозро насупорида фирор кардааст

0

Мақомоти андози ноҳияи Ёвон мегӯяд, Фернанд Алберт Пиллонели, як шаҳрванди Шветсария муассиси ҶДММ “Эком”, ки дар ноҳияи Ёвон ба коркарди нахи пахта сару кор дошт, аз андоз 1 миллиону 557 ҳазор сомонӣ қарздор аст.

Бино ба иттилои “Азияи Плюс” ин ширкат 2 марти соли 2009 дар Кумитаи андоз сабти ном шудааст.

Ба гуфтаи сардори Нозироти андози ноҳияи Ёвон, Баҳодур Ализода ширкати мазкур ба коркарди нахи пахта машғул буда, тайи 2-3 соли охир аз фаъолият бозмондааст.

Ализода дар идома гуфтааст:

“Мо барои рӯёнидани қарзи андоз чораҳои маҷбурӣ ситонидани қарзро андешидаем. Аз ҷумла, суратҳисоби ширкатро бастаем, ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият ворид карда шудааст. Ҳамчунин вобаста ба пайдо кардану маҷбуран рӯёнидани қарз нисбати роҳбари ширкат мо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ муроҷиат кардем. Мутаассифона, соҳибмулки ин ширкат аз кишвар берун рафтааст ва ӯро пайдо накарданд”.

Гуфта мешавад, ин ширкат дар руйхати андозсупорандагони бемасъулият, ки дар сомонаи Кумитаи андоз нашр гардидааст, ворид карда шудааст.

Сабаби варшикаста шудани ин ширкат, ки бо сармогузории хориҷӣ фаъолият дошт, то ҳол маълум нест.

Ин бори аввал нест, ки сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон фаъолияташонро қатъ мекунанд. Ба гуфтаи коршиносони умур, яке аз сабабҳои қатъи фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ ин зиёд будани андоз ва тафтишҳои пайдарпайи мақомот, ҳамчунин рақобати носолим ва аз худ кардани моликияти онҳо аз ҷониби шахсони наздик ба шахси аввали кишвар маънидод мешавад.

Тибқи иттилои нашргардида гуфта мешавад, дар вилояти Хатлон беш аз 130 ширкат, ки муассисонашон ширкатҳову шаҳрвандони хориҷианд, ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин аз ду ширкате низ ном бурда шудааст, ки муасисонашон дар ҷазираҳои Вирҷиниёи Бритониёи Кабир қарор доштаанд, ки яке аз ин ширкатҳо ҶДММ “Корхонаи хиштбарорӣ” дар ноҳияи Данғара аст, ки он низ ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият ворид карда шудааст.

Тоҷикистон ҳаҷми содироти барқро ба Афғонистон афзоиш медиҳад

0

Тоҷикистон нақша дорад ҳаҷми содироти нерӯи барқро ба кишвари Афғонистон афзоиш диҳад. Дар ин бора хабаргузории “Авесто” иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки айни замон байни Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя 13 хатти интиқоли барқ ​​(ЛЭП) бо шиддатнокиҳои гуногун бо иқтидори умумии 4570 МВт мавҷуданд.

Бино ба иттилои нашргардида, Тоҷикистон нақша дорад, ки сохтмони хатти интиқоли барқи 500 киловолттаро аз нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” то зеристгоҳи конвертатсионии “Сангтӯда” оғоз бахшад, ки ин имкон медиҳад содироти нерӯи барқ ​​ба Афғонистон афзоиш ёбад.

Айни ҳол ҳаҷми содир мешудаи нерӯи барқи Тоҷикистон ба Узбакистон 3500 МВт, ба Қирғизистон 500 МВт ва ба Афғонистон 570 МВт-ро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои интишоргардида, Тоҷикистон ба Афғонистон то ҳол тақрибан 1,2-1,3 миллиард кВт / соат барқ содир кардааст.

Афзоиши интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аз 5 январи соли равон лимити барқ ҷорӣ шудааст. Мақомот яке аз сабабҳои ин лимитро камбудии об дар обанбори “Норак” арзёбӣ мекунанд.

Вале бино ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон барқи зарурӣ барои таъмини шаҳрвандонаш дорад, аммо онро ба хориҷа, аз ҷумла ба Афғонистон интиқол медиҳад ва аз ин сабаб дар кишвар лимит ҷорӣ гардидааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳаҷми воқеии истеҳсоли нерӯи барқ ба хориҷи кишвар ва фоидаи даромади онро аз мардум пинҳон медоранд. Танҳо ҳаминро мегӯянд, ки нерӯи барқ ба Узбекистон Афғонистон ва Қирғизистон интиқол дода мешавад.

Ҳамчунин зикр мешавад, ки дар кишвар соли 2020 беш аз 19,7 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​истеҳсол шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 4,3% камтар мебошад.

Шурӯи ҷаласаи навбатии кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе

0

Бино ба навиштаи сомонаи ҳукуматии “Ховар” рӯзи 26-уми январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор гардид. Ин ҷаласа то рӯзи 29-уми январ идома хоҳад кард.

Гуфта мешавад, тарафи Тоҷикистон, ки мизбони ин нишаст аст, барои намояндагони доимии кишварҳои узв дар Котиботи СҲШ ва кормандони қароргоҳи марказии Созмон тамошои онлайни чорабиниро ташкил намудааст.

Дар рӯзи аввали нишаст, ки рӯзи 26-уми январ баргузор гардида буд, тарафи Тоҷикистон иштирокчиёнро бо ҷараёни омодагиҳо ба нишасти навбатии СҲШ, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ, инчунин дигар чорабиниҳо дар сатҳи вазоратҳо ва коршиносон шинос намуд.

Иштирокчиён дар бораи лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи тарафи раисикунанда дар мавриди рӯзномаҳо, рӯйхати асноде, ки имзои онҳо дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳо ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ ба нақша гирифта шудааст, назарҳои худро гуфтанд.

Дар идома дар сомонаи ҳукумати “Ховар” гуфта шудааст, ки ҳамоҳангсозони миллӣ инчунин лоиҳаҳои Нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ барои соли 2021 ва Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ барои соли 2021-ро муҳокима карданд.

Салоҳияти Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ, ҳамоҳанг намудани фаъолияти ҷории СҲШ ва ҳамкории вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои узви СҲШ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ҷамъбасти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ, ки 10 ноябри соли 2020 сурат гирифт, раёсати Созмонро ба уҳда гирифт.

Давраи раёсати Тоҷикистон ба бистумин солгарди таъсиси Созмон рост омада, он шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ” дорад.

Маврид ба ёдоварист, ки 26 апрели соли 1996 бо имзои Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби сарони Чин, Руссия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон “Панҷгонаи Шанхай” ба вуҷуд омад ва ба таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай асос гузошта шуд.

Тибқи муоҳидаи давлатҳои аъзои “Панҷгонаи Шанхай” – Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мулоқоти сарони давлатҳо дар як сол як маротиба дар яке аз кишварҳои аъзо баргузор мегардид.

15 июни соли 2001 дар Шанхай вохӯрии Сарони давлатҳо баргузор шуд ва дар он изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба «Панҷгонаи Шанхай» қабул гардида, Эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ ба имзо расид.

Созмони ҳамкории Шанхай – Созмони байниҳукуматии байналхалқии доимамалкунанда буда, тибқи ҳуҷҷати асосии оинномавии Созмон – Хартияи СҲШ, ки 7 июни соли 2002 қабул шудааст, амал мекунад. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ – русӣ ва хитоӣ ба ҳисоб мераванд.

Дастури Раҳмон барои баланд бардоштани ҳуқуқи маъюбону донишҷӯён

0

Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми дирӯзаи худ ба Парлумон гуфт, ки аз моҳи сентбяри соли 2021 ҳаҷми стипендияи донишҷӯён 30 %, нафақаи маъюбони хурдсол 20 % ва маъюбони гурӯҳи якум 50 % зиёд карда мешавад.

Ин дастур дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба буҳрони иқтисодӣ гирифтор буда, то ҳол бахше аз корхонаҳои давлатӣ маоши кормандонашонро бо таъхир пардохт мекунанд.

Тибқи фармони қаблии раисҷумҳур мебоист аз моҳи сентябри соли 2020 15 % нафақа ва маоши кормандони давлатӣ зиёд карда мешуд, ки чанде пеш чандин нафар нафақагирон ба расонаҳо шикоят намуда буданд, ки то ҳол  ба нафақаашон чизе илова нашудааст.

Бино ба иттилои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, ҳаҷми миёнаи нафақаҳои суғуртавӣ, ки аз он маъюбон бархурдоранд, 289 сомониву 67 дирамро дар бар мегирад.

Ҳамчунин дастури боло бурдани нафақаҳо ва он ҳам барои маъюбон дар ҳолест, ки таварруми сомонӣ дар соли равон назар ба солҳои қаблӣ хеле баланд буд ва то поёни соли 2020 ба 9,4 % расид. Солҳои қаблӣ мизони таварруми сомонӣ дар сатҳи 6-7 дарсад қарор мегирифт. Аз ин рӯ, қисме аз болоравии нафақаҳоро таваррум ва гарон шудани нархи маводи хӯрокворӣ фурӯ мебарад.

Коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки ваъдаи зиёд намудани маоши соҳаҳои буҷавӣ як навъ дилгармкунӣ ва умедвор кардани мардум аст, ки то андаке ҳам бошад хомӯш бошанд.

Соли гузашта аз афзоиши 15 % маоши мардум хабар дода буд, – дар ҳоле, ки пурра иҷро нашуд – вале нарху наво дар бозорҳо аз 25 то 30 % ва аз он ҳам бештар афзоиш ёфт.

Афви амвол, сабукӣ барои шаҳрвандон ё ба наздикони Раҳмон?

0

Яке аз нуктаҳои муҳими зикркарда дар Паёми Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз 26 январ дар ҳузури намояндагони Парлумон ироа гашт, ин афви амвол буд.

Президент дар паёмаш дастур дод, ки Ҳукумат имсол барои қонунӣ кардани “маблағҳо ва дигар дороиҳо” афви умум эълон кунад ва барои эълони чунин афв заминаҳои меъёриву ҳуқуқиро фароҳам намоянд.

Ҳадафи ин иқдом расман “фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ” гуфта шуд.

Дар идома раисҷумҳур иддао кард, ки мо ин корро дар 30 соли истиқлол ҳамагӣ як бор анҷом додем, дар ҳоле, ки кишварҳои абарқудрати ҷаҳон борҳо ин корро карданд. Аммо он кишварҳо кадомҳо будаанд, Раҳмон ишорае накард. Чунин даъвоҳое пештар ҳам аз ҷониби раисҷумҳур садо медод, вале онҳо тасдиқи худро наёфтанд.

Раҳмон мегӯяд, ин иқдом ба хотири “фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ” роҳандозӣ шудааст, ки коршиносон ба он кам бовар доранд. Чун дар Тоҷикистон ҳамеша чунин буда, ки аксари иқдомҳои ҳукумат барои манфиатҳои қисме роҳандозӣ шудаанд.

Ҳамин муоф аз андоз, ки аксаран ширкатҳои наздикони расиҷумҳурро дар бар гирифту тағйиру иловаҳо ба Сарқонун танҳо расиҷумури кунуниро пешво ва ҳаққи як умр президент буданро дод.

Коршиносон мегуянд, дар Тоҷикистон аз хавфи баста шудани ҳисобҳое, ки бо роҳи фасод ба даст омадаанд аз сӯи созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ин корро кардаанд.

Рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов дар шарҳи ин хабар ба Радиои Озодӣ мегӯяд, ки фикр мекунам, ин афв бештар ба мансабдорон ва наздикони президент нигаронида шудааст, то сармояҳоеро, ки дар хориҷа нигоҳ медоранд, ба кишвар бозгардонанд. Чун ҷомеаи байналмилалӣ ҳисобҳои бонкии он шахсонеро, ки аз ҳисоби пора онро ба даст овардаанд, баста истодааст”.

Ҳануз дар соли 2015 Ширкати таҳқиқотии “Global Financial Integrity” дар гузоришаш гуфа буд, ки аз соли 2002 то 2011 аз Тоҷикистон беш аз 2 миллиарду 700 миллион доллар ба хориҷи кишвар бурда шудааст. Сандуқи байналмилалии пул, Бонки ҷаҳонӣ ва “Tax Justice Network” низ сармояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои офшорро аз 2,5 то 3,5 миллиард доллар тахмин мезананд.

Ин маълумот ҳам то соли 2015 аст ва барои 5 соли охир маълумоти дигаре нест. Минтаақаҳои афшорӣ номи мизоҷони худро ифшо намекунанд ва дақиқан маълум нест, ки ин маблағи барои кишвари фақире чун Тоҷкистон ҳангуфт ба кӣ рабт дорад, аммо чанде аз коршиносон мегуянд аксари инмаблағҳоро хешовандни раисҷмуҳур Эмомалӣ Раҳмон ба берун кашондаанд.

Аз чунин намуди ширкатҳо ширкати IRS ҳаст, ки аз роҳи Душанбе-Хуҷанд пул ҷаъоварӣ мекунад ва даромади солонаи онро огаҳони умур сад миллион доллар ҳадс мезананд, ин маблағ ба минтақаҳои офшорӣ бурда мешавад. Чун ширкат дар ҷазираҳои Вирҷиниё сабти ном шуда аст.

Хабаргузории “Азия – Плюс” дар соли 2010 бо истинод ба пойгоҳи интернетии “Садои Олмон” мақолаеро нашр карда буд, ки дар он гуфта мешуд, Ҷамолиддин Нуралиев – онвақт муовини вазири молияи Тоҷикистон, муассиси ширкати IRS аст. Ҷамолиддин Нуралиев ҳоло муовини раиси Бонки миллӣ буда домоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шавҳари Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи Президент мебошад.

Шамсулло Соҳибов, домоди дигари Эмомалӣ Раҳмон бо номи худаш 5 июли соли 2011 ширкати “Глатто Менедҷмент ЛТД”- ро дар Ҷазираҳои Вирҷинё сабт кардааст.

Гуфта мешавад дар активи ин ширкат 800 миллион доллар мавҷуд аст. Ва ҳамчунин ширкати дигаре бо номи “CDH Инвестмент корп” дар ҳамин Ҷазира сабт шудааст, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон таалуқ дорад.

Шарофиддин Гадоев мегӯяд, ки ин ширкати офшорӣ ба Ҳасан Асадуллозода, додараруси Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад.

Раҳмон дар ин Паёми навбатияш ба ҷуз аз даъвоҳои рушуду тараққӣ чизе аз мушкилоти мардум, аз ҷумла болоравии нарху наво, бебарқӣ ва мушкилоти муҳоҷирон нагуфт, танҳо мушкилие, ки Раҳмон ба он сахт таъкид кард ин “хоинон” бо “хоҷагони хориҷиашон” буд.

Беш аз 10 млн сомонӣ ҷарима шудани соҳибкорони тоҷик дар камтар аз як сол

0

Давоми 9 моҳи соли гузашта соҳибкоронро дар Тоҷикистон беш аз 10 млн сомонӣ ҷарима бастаанд. Дар ин бора сомонаи “Авесто” ба нақл аз Агентии омори Тоҷикистон иттилоъ дод.

Дар хабар омода, ки маблағи умумии ҷаримаи субъектҳои хоҷагидории Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли гузашта беш аз 10,4 миллион сомониро ташкил дод, ки аз ин миқдор тақрибан 80 дарсадаш рӯёнида шудааст.

Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар асоси ҳисоботи дар ин давра пешниҳодшуда, фаъолияти 46 ҳазору 595 субъектҳои хоҷагидорӣ санҷида шуд, ки нисбат ба нӯҳ моҳи соли 2019 66,3% камтар аст.

“Бино ба натиҷаи санҷишҳо, дар умум 25,2 ҳазор қонуншиканӣ ошкор карда шуд, ки беш аз 15,3 ҳазор нафари онҳо ба субъектҳои соҳибкорӣ ва зиёда аз 9,9 ҳазор ба муассисаҳои давлатӣ рост меояд”, – омадааст дар хабар.

Ҳамин тариқ, ба соҳибкорону корхонаҳои тиҷоратӣ ба маблағи беш аз 10,4 миллион сомонӣ ҷарима таъин карда шуд, ки аз он то ҳол 8,31 миллион ё 79,3 дарсадаш ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки тоҷирону соҳибони корхонаҳои саноатӣ аз баланд будани андоз шикоят мекунанд ва солона даҳҳо ҳазор тоҷир фаъолияти худро қатъ мекунад. Коршиносон мегӯянд, сабаби барҳам додани фаъолияти тиҷоратии тоҷирон дар Тоҷикистон андози аз ҳад зиёд ва ҷаримабандиҳои бемавриди мақомот мебошад.

Зиндонӣ шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон бо иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳи ДОИШ

0

Рӯзи 26-уми январи соли ҷорӣ Додгоҳи Дюсселдорф як ҷавони 31-солаи шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ДОИШ ба ҳафт соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора хабаргузории “Associated Press” иттилоъ дод.

Аз ин ҷавон Равшан Б. ном бурда мешавад. То ҳол аз ҷониби ӯ ва ё вакили мудофеаш вокунише ба ҳукми додгоҳ ироа нагрдидааст.

Ҳамчунин хабаргузории “dpa”-и Олмон навишта, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон пеш аз эълони ҳукм “қисман ба гуноҳ иқрор карда” ва гуфтааст, “аз ончи рух дод, сахт пушаймон аст”.

Гуфта мешавад, қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ба ӯ 8,5 сол маҳрум намудан аз озодиро хоста буд.

Қаблан расонаҳои олмонӣ навишта буданд, ки санҷиши телефони мобилии Равшан Б. дар ду соли пеш нишон додааст, ки “ӯ бо мақомоти баландпояи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурияву Афғонистон дар тамос буд ва онҳо ӯву ҳамкоронашро барои анҷоми ҳамлаҳо дар Олмон ташвиқ кардаанд.”

Вале то ба имрӯз маълум нест, ки Равшан Б. дар мурофиаи додгоҳӣ ин бахши парвандаро пазируфтааст ё хайр.

Барои эълони ин ҳукм наздикони Равшан Б. ҳеҷ вокунише накардаанд. Ҳамчунин то ҳол назари худи маҳкумшуда ва вакили дифои ӯ дар ин бора дастарс нест.

Ёдовар мешавем, ки додситонии федералии Олмон алайҳи Равшан Б., ки аз моҳи марти соли 2019 дар ҳабс қарор дорад, рӯзи 21 июл бо иттиҳоми узвият дар созмони террористии ДОИШ ва чанд ҷинояти дигар айб эълон карда буд.

Дар ҳукми эълоншуда бар зидди ин шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон гуфта мешуд, ки ӯ бо ДОИШ ҳамкорӣ карда, дар пайи омода кардани амали террористӣ будааст. Ӯро ҳамчунин барои маблағгузории терроризм ва нақзи қонуни ҳамли силоҳ муттаҳам карда буданд.

Моҳи марти соли 2019 ҳамроҳи Равшан Б. 11 зодаи дигари Тоҷикистон низ дастгир шуда буданд, вале онҳоро баъдан раҳо карданд. Аммо рӯзи 15 апрели соли 2020 дар чорчӯби парвандаи Равшан Б. боз 4 зодаи Тоҷикистон – Азизҷон Б., Муҳаммадалӣ Г., Фарҳодшоҳ К. ва Сунатуллоҳ К. дастгир шуданд.

Як зодаи дигари Тоҷикистон, Комрон Зуҳуров дар поёни моҳи апрел дар чорчӯби ҳамин парванда дар Албания дастгир шуд ва додгоҳи Албания аллакай ҳукми истирдоди ӯ ба Олмонро содир кардааст.

Бештари муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ будаанд

0

Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии Саридораи амнияти минтақавии Маскав, аз 1 март то 31 декабри соли гузашта кормандони Хадамоти федералии иҷроияи Федератсияи Русия дар вилояти Маскав ва Сарраёсати ВКД аз ин кишвар 404 муҳоҷирро ихроҷ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки зиёда аз 80 дарсад қарорҳои судҳои вилояти Маскав дар бораи ихроҷи муҳоҷирон иҷро шудааст.

Ҳамчунин зикр гардида, ки аксари хориҷиёни ихроҷшуда муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, 8 дарсади онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва 81 дарсад муҳоҷирон аз Узбекистон будаанд.

Бино ба иттилои расонҳо айни ҳол нисбати муҳоҷироне, ки беасос ва бидуни асноди лозимӣ дар Русия кору зиндагӣ доштанд ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, ҳукми ихроҷашон татбиқ мешавад.

Зикр мегардад, ки 36 шаҳрванди хориҷӣ дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ қарор доранд ва мунтазири парвоз ба ватанашон ҳастанд.

Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия дар ҳолест, ки Президенти Русия Валидимир Путин муҳоҷиронро дар замони каронавирус аз патент ва сабти ном озод намуда буд, вале дар баробари ин дида мешавад, ки муҳоҷиронро ба ҳар баҳона аз Русия ихроҷ мекунанд.

Аз руйи маълумоти интишоргардида, гуфта мешавад, дар 11 моҳи соли 2020 муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷаи минтақаҳои Русия 577,6 миллион доллар даромад ворид карданд, дар ҳоле ки дар соли 2019 ин маблағ 757 миллион долларро дар бар мегирифт.