13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 641

Бег Сабур ба орзуяш расид? Дар Тоҷикистон Google ва Facebook бояд андоз супоранд

0

Шуруъ аз 16 январи соли равон дар Тоҷикистон шабакаи ҷустуҷӯгари интернетии Google ва шабакаи иҷтимоии Facebook бояд ҳамчун ширкатҳои андозсупор расман ба қайд гирифта шаванд ва андоз супоранд.

Гуфта мешавад аз таърихи мазкур Кодекси андози Тоҷикистон вобаста ба “андоз аз Google”, ки дар онҳо андозбандии хизматрасониҳои электронӣ пешбинӣ шудааст, мавриди амал қарор мегирад. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи андоз хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи “Азия – Плюс” корбарони ҳамёнҳои электронӣ, аз ҷумла “Алиф Бонк” ба муштариёнаш огоҳинома ирсол намуда, аз онҳо хостааст, ки агар аз хизматрасониҳое, чун реклама дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои онлайнӣ, доменҳои хориҷӣ ва хостингҳоро истифода мекарда бошанд, бояд то 15 январ пардохтҳои заруриро анҷом диҳанд.

Ҳамчунин гуфта шудаст, ки тибқи маълумоти Вазорати адлия, қонуни Ҷумуҳри Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози ҶТ” рӯзи 9 декабр аз ҷониби Палатаи болоии Парлумон қабул шуда, 17 декабри соли 2020 Президент онро имзо гузошт.

Ҳамчунин дар сомонаи Кумитаи андози ҷумҳурӣ дар ин робита қайд гардидааст, ки ин тасмим дар робита ба рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва савдои интернетӣ гирифта шудааст ва ҳангоми ворид намудани тағйирот ба Кодекс, таҷрибаи беҳтарини кишварҳои Русия, Узбекистон, Испания ва ғайра истифода шудааст.

Зикр мешавад, ки мувофиқи тағйироту иловаҳо, шахсони хориҷӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон мустақиман ба пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ машғуланд, ба пардохти ААИ (андоз аз арзиши иловашуда) дар ҳаҷми 18% ба буҷети кишвар ӯҳдадор мешаванд.

Вале то ҳол маълум нест, ки ширкатҳои Google, Facebook ва дигар ширкатҳои бузурги хизматрасониҳои электронӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар ин бора огоҳ карда шудаанд ва оё онҳо расмиёти бақайдгириро анҷом додаанд ё хайр.

Вакили дифое, ки камбудиҳои судяҳоро мегуфт, зиндонӣ шуд

0

Собиқ додварз ва вакили мудофеъ, Саиднуриддин Шамсиддинов, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори баъзе додситону додрасҳо интиқод мекард, аз ноадолатиҳои онҳо мегуфт, дар ноҳияи Вахш ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум шудааст.

Гуфта мешавад, додгоҳ ӯро бар асоси ҳафт моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла харидуфурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти дурӯғ гунаҳкор донистааст, вале наздиконаш гуфтаанд, ӯро барои танқидҳояш аз беадолатӣ ва рафтори баъзе аз додситону додрасҳои минтақа ба маҳкум ба зиндон кардаанд.

Бародараш Қамариддин Шамсиддинов, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо имзои Саиди Садр аризаву мақола менавишт ва “зоҳиран ба мақомот хуш наомадааст”.

Навиштаҳояш ҳанӯз дар саҳифааш маҳфузанд ва аз ҷумла дар яке аз онҳо ба унвони раисҷумҳури кишвар гуфта, “баъзе судяҳои Хатлон … ба хатокорӣ роҳ дода, тақдири инсонҳоро бо роҳи хато ҳал карда, чандин камбағалро беасос “говсуд” карда гаштаанд.”, –  мегуяд, бародари Шамсиддинов.

Аҳлиддин Назарзода судяе, ки Шамсиддиновро ба 8,5 сол равони зиндон намудааст, ба суоли хабарнигорон дар ин маврид посух надода ба зангҳои телефонӣ ҷавоб нагардонидааст.

Нусратулло Мирзоев вакили мудофеи Саиднуриддин Шамсиддинов ба Радиои Озодӣ гуфт, додрас эътирофи шахси зери ҳимояташро ҳангоми тафтишот ҳамчун далел пеш овардааст.

Ба гуфтаи ӯ, воқеан Шамсиддинов дар зери ҳар айбнома имзо гузоштааст, вале иддао кард, ки “ин худиқрорӣ маҷбурӣ ва парванда фармоишӣ аст”.

Радиои Озодӣ навишта, ки ба дасташ сабти садоие расида, ки Абдумаҷид Саидзода, додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас талаб кардааст, “озодии Шамсиддинов барои шаҳрвандон хатар дорад ва ба ҳабс кашида шавад.”

Яке аз иттиҳомҳои эълон гардида нисбати Шамсидинов аз ҷониби Додситонии ноҳияи Вахш фурӯши ғайриқонунии замин гуфта шудааст, аммо наздикон ва вакили мудофеаш гуфтааст, ки он замин дар замони падараш, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нест, фурӯхта шудааст.

Файзи Олӣ вакили мудофеъ гуфтааст, “Дар мавриди харидуфурӯши ғайриқонунии замин ҳамаи ҳуҷҷатҳоро баррасӣ кардем. Заминро падараш фурӯхтааст, ки ҳоло дар ҳаёт нест. Имзои падараш дар ҳуҷҷатҳо ҳаст. Дар хусуси паҳн кардани маълумоти бардурӯғ нисбат ба прокурор, ягон маълумоти ғайриқонунӣ нашр накардааст. Бо такя ба ҳамин далелҳо ариза пешниҳод кардем”.

Хоҳари бобои Дона аз аҳволи бародараш гуфт (Видео)

0

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки гуфта мешавад аз хонаи бобои Дона (Набиев Донаёр) гирифта шудааст. Дар навор хоҳари бобои Дона зоҳир мешавад ва аз мушкилоти ин бобо дар зиндон ҳикоят мекунад.

Фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ тайи чанд рӯзи ахир мақомоти Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани як пирамарди солхӯрда сахт танқид мекунанд. Фаъолон мегӯянд мақомот пирамарди аз 80-сола боло Набиев Донаёрро бегуноҳ зиндонӣ кардааст.

Аммо Вазорати умури дохилӣ бо нашри баёнияи расмие дар шаби 8 уми январ гуфт, Набиев Донаёрро бегуноҳ зиндонӣ накардааст.

Дар баёния омада, ки узви собиқи ҲНИТ бо иттиҳоми ифротгароӣ ва кумаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик дар хориҷ ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ даъво карда ки Набиев, сокини деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ пули хадамоти махсуси баъзе аз кишварҳоро гирифта ва онҳоро “барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард”.

Дар ҳоле Вазорат аз ҳеҷ кишвари мушаххас ном намебарад ва далелу санадеро ҳам пешниҳод накардааст.

Маҳмадӣ Тешаев собиқ раиси ҲНИТ дар н.Рӯдакӣ дар як паёми видеоии худ пештар гуфта, буд ки Донаёр Набиевро ба хотири кумак ба зиндониёни сиёсӣ ҳабс кардаанд. Чун парванда махфист, маълум нест расман ӯ бар асоси кадом моддаи Қонуни ҷиноӣ муттаҳам ва зиндонӣ шудааст.

Ба гуфтаи Тешаев бобои Донаро моҳи сентябри соли 2020 кормандони КДАМ дар манзили зисташ воқеъ дар деҳаи Гулбутта, ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт кардаанд ва то замони эълони ҳукмаш, дар СИЗО-и шаҳри Душанбе зери фишорҳои шадиди рӯҳӣ нигаҳдорӣ мешуд ва охири моҳи декабр ба 5 соли зиндон маҳкум гардид. Аммо дертар мақомот гуфтанд ӯро ба 7 соли зиндон маҳкум кардаанд.

Баъди нашри байния аз тарафи ВКД, Ҳизби наҳзати исломӣ Тоҷкистон дар як изҳороте, ки рӯзи 9-уми январ нашр кард, гуфт:

“Ирсоли маблағҳо аз тарафи хонавода, наздикон ва аъзои ҲНИТ ба хонаводаи зиндониёни сиёсӣ аслан ҷиноят нест ва бобои Дона агар кумаке кардааст, аз хешовандону наздикон ва аъзои ҲНИТ дар хориҷ дарёфт кардааст ва ҳеҷ рабте ба хадамоти махсуси ягон кишвар надорад.”

Маҳмади Тешаев мегӯяд, ки Набиев Донаёр то манъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон масъули комиссияи тафтишотиии ин ҳизб дар ноҳияи Рӯдакӣ буд. Баъди манъи фаъолияти ҲНИТ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар дохили кишвар дар соли 2015, ин пирамард ҳеч фаъолияте дар ҲНИТ надошт ва дунболи зиндагӣ ва корҳои шахсии худ буд.Ин ягона парванда дар паи гирифтани куамк ё додани он ба хонаводаҳои зиндониён нест.

Пештар масъулони паноҳбурдаи ҲНИТ дар Аврупо гуфтанд, ки Юусупов Зайниддин як узви собиқи ҲНИТ-ро ба он гунаҳгор донистаанд, ки ӯ аз Асрориддин Розиқов, писари зиндонии сиёсӣ, Зубайдуллоҳи Розиқ 200 доллар кумак гирифтааст ва ӯро барои як сол ба зиндон равона карданд.

Ҳамчунин Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе худи Асрориддин Розиқов, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, бо ду нафари дигар Муҳаммадии Соҳибнзар ва Баҳриддини Қурбон ба 5 сол ва 6 солӣ зиндон маҳкум кард. Онҳо дар расонидани кумак ба хонаводаҳои маҳбусон гунаҳкор дониста мешавнд.

56,4 миллион доллар фоидаи Тоҷикиситон аз фурӯши нерӯи барқ. Барқи Тоҷикистонро кӣ мехарад?

0

Дар соли гузашта Тоҷикистон аз фурӯши нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 56,4 миллион доллар маблағ ба даст овард.

Хабаргузории “Авеста” аз қавли масъулони бахши энержии кишвар иттилоъ дод, ки ҳаҷми содироти нерӯи барқ ​соли 2020 нисбат ба соли 2019 беш аз 39,4% камтар буда аст.

Маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя аз тарафи масъулони бахши энержӣ ироа нашудааст, аммо онҳо гуфтаанд, ки нерӯи барқ ​​ба Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон интиқол дода мешавад.

Соли гузашта дар кишвар беш аз 19,7 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​истеҳсол шуда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 4,3% камтар буда аст.

Ҳамаи ин дар ҳолест, ки аз 5 январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ шуда аст, ки асосан аз он сокинон дар деҳот бештар ранҷ мебаранд.

Ширкати “Барқи тоҷик” ин тадбирҳоро маҷбурӣ номида, онро бо кам шудани ҳаҷми об дар обанбори НБО “Норак” рабт медиҳад.

Аммо дар ҳамин ҳол хабарҳо ҳокӣ аз он аст, ки Тоҷикитсон бо вуҷуди ба сокинони кишвар лимтро ҷорӣ кардан барқро дар ҳаҷми калон ба ҳамсоякишвари Афғонистон интиҳол медиҳад.

Дар торихи 8 январи ҳамин сол ширкати барқрасони Афғонистон “Брешна” дар баёнияи расмие гуфта буд, ки ҳайати Афғонистон бо Тоҷикистон барои бештар кардани интиқоли нерӯи барқ тавофуқ кардаанд, ки то ҳалли мушкили барқи Узбекистон, Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 МВт соат содироти барқашро ба ин кишвар меафзояд.

Ширкати “Брешно” ҳамазамон гуфта буд, ки Афғонистон барои афзоиши ҳаҷми воридоти нерӯи барқи Тоҷикистон бо мақомоти ин кишвар дар ҳоли гуфтушунид аст то он аз 80 МВт соат ба 120 МВт соат расонида шавад.

Мушкилии норасоии қувваи барқ дар Тоҷикистон аз замони ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон шуруъ шуд ва инак наздик ба 30 сол мешавад, ки аҳолии Тоҷикистон аз бебарқӣ ранҷ мекашанд, хосатан дар фасли сармо.

Бо вуҷуди фаъол шудани ду чархаи НБО “Роғун” боз ҳам ин мушкилӣ побарҷост ва ҳамеша ҳукумати Раҳмон ваъдаҳои афсонашавии лимитро ба мардум медиҳад, аммо дар зимистон будани барқ барои як насли то сӣ сола афсона шудааст. Масъулон пайваста фуруши барқро дар зимистон хосатан дар ҳамин зимистон рад кардаанд, аммо расонаҳои Афғонистон аз акси ҳол мегӯянд.

Додгоҳе дар Юнон домоди яке аз раҳбарони мухолифинро озод кард

0

Имрӯз 13 январ Додгоҳи Юнон Саъдӣ Раҳматов – шавҳари хоҳари Шарофиддин Гадоевро, ки чанде пеш дар ин кишвар бо иттиҳоми узвият дар ДОИШ боздошт шуда буд, раҳо кард.

Гуфта мешавад, иттиҳомоте, ки алайҳи шавҳари Ҳафизамоҳ Гадоева эълон шуда буд, исботи худро наёфт ва ҳамчунин ҳаққи паноҳандагии сиёсии ӯ аз ин кишвар асос шуд ва Додгоҳ ӯро раҳо кард.

Дар Додгоҳ аз ҳуқуқи ин шаҳрванди Тоҷикистон вакили дифоъ, Димитриёс Зорбас ҳимоят мекард.

Dimitrios Zorbas

Вакили дифоъ дар сӯҳбат бо “Аздо тв” гуфт, Раҳматов имрӯз пас аз зуҳр ва ё фардо озод мешавад. Ва чун парвандаи зерҳимояаш сиёсӣ аст, Додгоҳ ӯро ба Тоҷикистон истирдод накард, зеро ӯ қаблан ҳаққи паноҳандагии сиёсиро аз ин кишвар дарёфт карда буд.

“Бинобар ин, Додгоҳ тасмим гирифт, ки Саъдӣ Раҳматовро ба Тоҷикистон истирдод накунад, зеро ӯ паноҳандаи сиёсӣ дар Юнон аст ва агар ба Тоҷикистон баргардад, эҳтимолан шиканҷа ва ё зиндонӣ мешавад. Конвенсияи Женева истирдоди паноҳандагони сиёсиро иҷозат намедиҳад. Додгоҳ ҳам  ҳамаи ин масъалаҳоро барои баррасии одилона ва айбдоркунӣ бо сабабҳои сиёсӣ ба назар гирифт”, – гуфт вакили дифоъ ба “Аздо тв”.

Ёдрас мекунем, ки 6-уми ноябри соли 2020 пулиси Юнон Саъдӣ Раҳматови 27-соларо бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ДОИШ боздошт намуда буд. Бино ба иттилои расонаҳо, домоди Шарофиддин Гадоевро бо дархости ҷониби Тоҷикистон тариқи пулиси байналмиллалии “Интерпол” дар шаҳри Триполиси Юнон боздошт карда буданд.

Гуфта мешуд, ки ӯ падари чаҳор фарзанд буда ҳамчун муҳоҷири ғайриқонунӣ соли 2017 вориди хоки Юнон шудааст. Ӯ дар Юнон ҳаққи паноҳандагӣ ба даст оварда ва дар манзиле зиндагӣ мекард, ки онро як созмони ҷамъиятӣ дар Триполис барои онҳо ба иҷора гирифта буд.

“Аздо ТВ” дар мавриди ҷузъиёти боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳамсари ӯ хонум Ҳафизамоҳ Гадоева мусоҳиба анҷом дод. Дар он сӯҳбат Гадоева гуфт, ки шавҳараш замоне боздошт шуд, ки мехостанд шиноснома барои кӯдаки навзодашон бигиранд. Ҳангоми ворид кардани номи ҷавон дар компютер аз тарафи “Интерпол” ҳамчун гумонбар шиносоӣ мешавад ва ӯро боздошт мекунанд.

Ба нақли Гадоева, иттиҳомот аз ҷониби Тоҷикистон сиёсӣ буда ва фишорҳо болои хонаводааш ҳанӯз замони дар Тоҷикистон буданаш оғоз шуда буд. Ӯ мегӯяд, аз шавҳари аввалаш бо фишори пайдарпайи мақомоти амнияти Тоҷикистон ҷудо шуда ва ин шавҳари дуввуми Ҳафизамоҳ аст, ки онҳо дар соли 2016 издивоҷ кардаанд.

Ҷузъиёти хабар баъдтар нашр мешавад.

Чаро дар Тоҷикистон масҷидҳоро намекушоянд, баҳона COVID-19 аст ё дигар чиз?

0

Дар Тоҷикистон тӯли як ҳафта мешавад, тибқи омори худи Вазорати тандурустӣ дар кишвар гирифторӣ ба каронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ин хабари хуш сокинонро умедвор кардааст, ки дари масҷидҳо дигарбора бар рӯи намозхонон боз мешавад, вале мақомот мегӯянд, то ҳол дастуре барои бозкушоии масҷидҳо нагирифтаанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, ҳанӯз дар мавриди кушодани масҷидҳо маълумоти расмӣ нагирифтаанд. Ӯ шарҳи бештари мавзӯъро ба салоҳияти Кумитаи дин ва Вазорати тандурустӣ вогузоштааст.

Ҳамчунин як корманди Кумитаи дин ба шарти бурда нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “баъзе пешниҳодҳо шудааст, аммо маълум нест мақомоти беҳдоштӣ дар ин маврид чӣ ҷавоб медиҳанд.”

Дар идома гуфтааст, дар мавриди кушодани масҷидҳо масъулони Вазорати тандурустӣ ва Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 тасмим мегиранд.

Дар Вазорати тандурустӣ касе ҳозир нашудааст, ки масъалаи кай кушода шудани масҷидҳоро шарҳ диҳад.

Вале Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи ин Вазорат барои посух гуфтан ба ин суолҳо аз Радиои Озодӣ мактуби расмӣ талаб намудааст.

Радиои Озоӣ дар як назарсанҷии ғайрирасмие дар шабакаи ютубияш гузаронда ва суол гузошта, ки “Имрӯз аз ҳама саволи асосӣ барои Шумо кадом аст?” 23 ҳазор нафар иштирок карда, 67 дарсад кай кушода шудани масҷидҳоро зикр кардаанд.

Дари масҷидҳоро дар Тоҷикистон бори аввал моҳи марти соли 2020 барои ду ҳафта ва баъдан аз 18-уми апрели соли гузашта то инҷониб бастаанд. Дар пайи масҷидҳо, мактабу донишгоҳ ва бозорҳо ҳам баста шуданд, вале баъдан марҳила ба марҳила маҳдудиятҳои ҷоришуда барои мактабу бозорҳо бардошта шуданд, вале то ба имрӯз масҷидҳо бастаанд.

Дар Тоҷикистон рӯзи 12 январ Facebook Instagram дастнорас шуданд

0

Дар Тоҷикистон рӯзи 12 январи соли равон дастраси ба шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Инстаграм, ки ду шабакаи пуртарафдор дар ҷомеаи Тоҷикистон дониста мешаванд, дастнорас гардид.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “система фаъол аст, мо ҳеч кор накардем”. Баъзе аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар паёме ба муштариёни худ пеш омадани чунин вазъро ба “мушкили фаннӣ” (техникӣ) рабт додаанд.

Масъулони “Мегафон” ба муштариёни худ гуфтаанд, “дар серверҳои сомонаҳои иҷтимоии Instagram ва Facebook мушкилӣ дида мешавад. Вақти барқароршавӣ маълум нест.”

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон шабкаҳои иҷтимоӣ дастнорас мешаванд, пеш аз ин ҳам борҳо аз ҷониби Хадамоти алоқа пешниҳод шуда буд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Facebook ба гуфтаи онҳо “андоз намесупоранд” бояд дар қаламрави Тоҷикистон масдуд шаванд. Ва ҳаргоҳе, ки ин шабакаҳо масдуд мешаванд, масъулони ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои таъминкунандаи интернет баҳона пеш меоранд, ки мушкили фаннӣ рух додааст.

Аз дидгоҳи ҳомиёни ҳуқуқ шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз василаҳои муҳими иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ки баста шудани онҳо нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон дастрасӣ ба иттилоот мебошад.

Бино ба иттилои расмӣ беш аз 3 миллион аҳолии Тоҷикистон ба Интернет дастрасӣ доранд.

Ҳаракати автобусҳо байни Узбекистону Тоҷикистон дубора барқарор мешавад

0

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон қонуни рушди саёҳӣ дар ин кишварро имзо намуд, ки бар асоси он ҳаракати автобусҳо байни шаҳрҳои Узбекистон ва Тоҷикистон барқарор мешаванд. Дар ин бора сомонаи “Сentralasia.media” аз қавли Маркази матбуоти президенти Узбекистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни Тошканд, Бухоро, Самарқанд ва Тирмиз бо шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон дубора барқарор мешавад.

Ҳамчунин дар рӯзҳои наздик ҳаракати автобус миёни Узбекистон бо ҷануби Қирғизистон аз тариқи қаламрави вилояти Суғди Тоҷикистон аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ин масири кӯтоҳ имкон медиҳад, ки мусофирон аз шаҳри Тошканд бо убур аз Хуҷанди Тоҷикистон ба маркази вилояти Ӯш дар ҷануби Қирғизистон сафар намоянд.

Узбекистон аз моҳи майи соли 2020 бо далели густариши Ковид -19 ҳаракати васоили нақлиёт дар масирҳои заминӣ бо Тоҷикистону Қирғизистонро муваққатан боздошта буд.

Тоҷикистон дар остонаи дефолт (нотавонӣ дар баргардонидани вомҳои хориҷӣ) қарор дорад

0

Душанбе бо сарватҳои зеризаминӣ, замин ва роҳҳо вомҳояшро мепардозад. Тарҷума аз “haqqin.az” муаллиф: Виктория Панфилова

Бонки ҷаҳонӣ эълом карда, ки Тоҷикистон аз кишварҳо ва созмонҳои қарздиҳандааш хоста то пардохти қарзҳо ва фоизи онҳоро то нимаи соли 2021 ба таъхир гузоранд. Ҳиссаи назаррас аз ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон, ки 3,1 миллиард долларро ташкил медиҳад, ба кишвари Чин рост меояд. Ҳоло танҳо Пекин ба ин дархости Душнабе, розӣ шуда, ки мунтазир бимонад.

Ин хабари Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2021 барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” 562 миллион доллари дигар қарзи хориҷӣ ҷалб кунад.

Сабаби он ки Тоҷикистон қарзҳои худро пардохт карда наметавонад, дар бадшавии вазъи иқтисодӣ дар пайи пандемия ва маҳдудиятҳои аз он ба амал омада гуфта мешавад. Чораҳои нисбатан шадид дар охири баҳори гузашта ҷорӣ карда шуданд, ки тиҷорати хурду миёнаро зери хок кард. Муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар баргаштанд.

Танҳо дар Русия, бино ба маълумоти манбаъҳои гуногун, аз 700 ҳазор то як миллион нафар кор мекарданд. Мутаносибан интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон, бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, нисбат ба солҳои пешин 40% кам шуд. Зимнан, дар “солҳои бобарор” муҳоҷирони корӣ солона то 3 миллиард доллар маблағ ба кишвар интиқол медоданд.

Лимити барқ дар Тоҷикистон аз 5 январи соли равон ҷорӣ карда шуд. Маҳдудияти нерӯи барқ ​​пеш аз ҳама ба деҳот таъсир мерасонад, ки биноҳои баландошёна ва соҳаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим надоранд. Ин қарор ба далели он гирифта шудааст, ки сатҳи обанбори НБО “Норак” нисбат ба талабот 4 метр камтар гуфта мешавад.

Дар НБО “Роғун” ду турбинае, ки ба кор андохта шуданд, боздошта шуданд, чун дар сарбанди сохташудаистода тарқиш пайдо шуд. Дертар он бартараф карда шуд. Аммо барои чор чархаи баъдӣ дигар маблағ кофӣ нест. Тибқи нақша, НБО “Роғун” бояд соли 2029 пурра ба кор дарояд. Ҳукумат бо ширкатҳои мухталифи аврупоӣ, бахусус аз Австрия ва Олмон дар бораи сармоягузорӣ гуфтушунид мекунад. Аммо аз сабаби пандемия, касе барои сармоягузорӣ дар сохтмони дарозмуддат шитоб намекунад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол бар хилофи анъанаи солҳои пешин натиҷаҳои соли 2020-умро ҷамъбаст накард. Як манбаъ дар
Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки шояд ин кор дар нимаи моҳи январ дар мулоқоти сарвари давлат бо вакилон анҷом дода шавад. Дар ҳар сурат, натиҷаҳо ба гуфтаи коршиносон, ноумедкунандаанд. Тоҷикистон дар остонаи дефолт (Дар мӯҳлати муқарраршуда иҷро накардани ӯҳдадориҳои молӣ) қарор дорад.

Муовини собиқи вазири иқтисоди Тоҷикистон Каримҷон Аҳмадов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо хушбинонатарин пешгӯйӣ, рушди ММДТ набояд аз 4% бештар интизор дошт. Тибқи гуфтаи ӯ, дар кишвар афзоиши камбизоатӣ ва ноустувории иҷтимоӣ дар назар аст. Мушкилоти дигар қарзи беруна мебошад, ки метавонад ба 50% ММД бирасад. “Дастрасии Ҳукумат ба кӯмаки молиявии беруна ва қарзҳо хориҷӣ душвортар хоҳад буд. Мушкилӣ дар пардохти қарзи хориҷӣ ва ӯҳдадориҳои молӣ бадтар хоҳад шуд.

Дар воқеъ, дар соли 2021 интизор шудан мумкин аст, ки Тоҷикистон бо хатари нотавонии пардохти қарз рӯбарӯ хоҳад шуд. Дар соли 2021 кишварро норасоии доимии асъор интизор аст, ки ба рушди соҳибкории хусусӣ таъсири манфӣ мерасонад. Сатҳи ҳаҷми содирот асосан аз ҳисоби фурӯши металҳои қиматбаҳо нигоҳ дошта мешавад. Ҳукумат барои баргардонидани вазъи кунунӣ захираҳо надорад”, – таъкид мекунад Аҳмадов.

Душанбе бо дарки ноумедӣ аз вазиъитяи мавҷуда мехоҳад аз ибтикори кишварҳои узви G-20 барои таълиқи хадамоти қарзӣ истифода кунад. Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар ин бора хабар додааст. Воқеан, Тоҷикистон ягона кишваре нест, ки аз ин ибтикор истифода карданист. Аммо ин иқдом танҳо ба қарзҳои дуҷониба дахл дорад, яъне маънои онро дорад, ки бо кишварҳои алоҳида гуфтушунид кардан мумкин аст, на бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ. “Ҳадафи ин ташаббус дастгирии кишварҳои камдаромад бо роҳи боздоштани хидмати расмӣ ва пардохти ӯҳдадориҳои қарзии дуҷониба то нимаи соли 2021 мебошад”, – гуфта мешавад дар гузориши БҶ.

Иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ бар онанд, ки боздоштани хидмати қарз имкон медиҳад, ки маблағҳои зарурӣ дар буҷаи кишвар барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, алахусус соҳаи тандурустӣ дар шароити пандемия равона карда шаванд. Аммо танҳо Чин ба дархости мақомоти Тоҷикистон дар бораи ба таъхир гузоштани пардохти қарзи хориҷӣ то нимаи соли 2021 посух додааст.

Воқеан, қарзҳоро Пекин тавассути Бонки содироту воридоти Чин медиҳад, ки Тоҷикистон аз он қариб 1,2 миллиард доллар қарздор аст. Масалан, Тоҷикистон аз Фаронса 29 миллион доллар қарздор аст. ИМА 3,5 миллион доллар. Қисми боқимондаи он ба ташкилотҳои молиявӣ рост меояд. Аммо Ҳукумати Тоҷикистон гуфтушунидро бо дигар қарздиҳандагони дуҷониба идома медиҳад.

Агар дар ин замина Душанбе ният дорад қарз гирад, пас ба эҳтимоли зиёд танҳо аз Чин гирифта метавонад. Пекин ҳеҷ гоҳ кумаки молиявӣ ба Тоҷикистонро рад намекунад. Самтҳои асосии сармоягузории ҷониби Чин ба саноати маъдан ва инфрасохтори ҷумуҳрӣ равона шудаанд, ки самти Пекин ба ҳамин тариқ ба Шарқ нигаронида шудааст.

Коршиноси тоҷик, доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов дар мусоҳиба бо” Azeri Daily” таъкид карда, ки Чин ба ҳама чизи марбут ба маъданҳои зеризаминӣ таваҷҷӯҳ дорад ва дар Тоҷикистон тамоми ҷадвали Менделеев, аз ҷумла уран, тилло, нуқра ва сангҳои қиматбаҳоро дорост. Бо назардошти сустии иқтисод ва надоштани имконоти технологӣ, Тоҷикистон наметавонад конҳоро мустақилона аз худ кунад. Аз ин рӯ, маҷбур аст хориҷиёнро ҷалб кунад, ки дар байни онҳо чиниҳо бештар фаъоланд.

Пекин нотавонии Душанберо барои пардохти вомҳояш пешбинӣ карда, нақшаи хуби пардохти онҳоро пайдо кард, ки он маъданҳои фоиданок дар ивази маблағҳо мебошад.

Тибқи маълумоти расмӣ аллакай се кони тилло ва як кони ангишт ба муддати 49 сол ба моликияти даромад. Аз ҷумла дар соли 2018 ширкати чинии ТВЕА барои коркарди кони тиллои Кумаранги боло дар вилояти Суғд (шимоли Тоҷикистон) иҷозатнома гирифт.

Ин кон барои баргардонидани қарз барои навсозии ТЕС Душанбе-2 интиқол дода шудааст. Қаблан худи ҳамон ширкат ба кони Шарқи Дуоба дастрасӣ пайдо карда буд ва то он даме, ки маблағҳои барои сохтмони Маркази гармидиҳӣ масрафшударо нагардонад, тилло истихроҷ хоҳад кард. Аммо то он вақт ба гуфтаи геологҳо, захираи тилло дар кон куллан тамом хоҳад шуд.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, мудири шӯъбаи Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамаҳмад Умаров дар мусоҳиба бо “Azeri Daily” гуфта, ки ба ғайр аз захираҳо ва саҳмияҳои корхонаҳои стратегӣ, Душанбе метавонад роҳҳои нақлиётӣ ва заминҳоро таҳти назорати Чин қарор бидиҳад. Чунин як намуна ҳанӯз дар соли 2011 бавуқӯъ пайваст.

Он замон мақомоти кишвар 1% ҳудуди Тоҷикистонро аз заминҳои баҳсии Помири Шарқӣ ба Чин таслим карданд, ки он аз 1000 км мураббаъ бештар аст. Тоҷикистон он замон дар посух ба сару садоҳо посух дод, ки бо Пекин хуб савдо кардаанд, зеро онҳо ба маротиб аз ин ҳам бештар талаб мекардаанд.

Чин, ба гуфтаи Умаров, ба минтақаи Помир, ки аз маъданҳо, ба мисли уран, тилло, боксит, асбест, булури санг, сангҳои қиматбаҳо бой аст, даъвои гирифтан дорад. Эҳтимол меравад, пардохти қазрҳо бо додани замин идома ёбад ва қаламравро ба мӯҳлати номаҳдуд, бидуни тағир додани марзҳо ба иҷора бидиҳанд.

Конгресси Амрико барканории Трампро аз мақоми президентӣ талаб дорад

0

Маҷлиси намояндогони Конгресси Амрико барои ба истеъфо равон кардани раисҷумҳури амалкунандаи ин кишвар Доналд Трамп талош дорад. Дар ҳоле, ки Ҷаред Кушнер мушовир ва домоди Трамп аз ҷумҳурихоҳон дар Сенат талаб карда, ки дар ин мавзӯъ бо ҷумуҳирхоҳон баҳс бикунанд, чун барои муҳокимаи додгоҳӣ вақти кофӣ надоранд.

Бояд гуфт, ки 20-уми январи ҳаминсол салоҳияти Трамп ба ҳайси раисҷумҳури ИМА ба охир мерасад. Аммо Маҷлиси намояндагони Конгресс аз ноиби Президент Майк Пенс талаб дорад, ки Трампро аз қудрат дур кунад.

Маҷлиси намояндагони Конгерсси Амрико аз муовини Трамп Майк Пенс тибқи моддаи ислоҳии 25-уми Қонуни асосӣ ба иситеъфо равона кардани Трампро талаб мекунад.

Қаблан Ненси Пелосӣ ибрози умедворӣ карда буд, ки Трамп худаш истеъфои зудҳангомашро эълом кунад ва салоҳиятҳояшро ба Пенс бисупорад. Трамп ягона расиҷумуҳри Амрикост, ки масъалаи импичменташ дубора матраҳ мешавад.

Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА рӯзи душанбе матни қатънома дар бораи импичменти президент Доналд Трампро нашр кард. Трампро ба он айбдор кардаанд, ки ӯ амнияти Иёлоти Муттаҳида ва ниҳодҳои давлатиро зери хатари ҷиддӣ қарор додааст.

Даъватҳо ба импичменти дигарбораи Трамп баъди он садо доданд, ки рӯзи 6-уми январ ҷонибдорони Трамп аз иёлоти мухлатиф ба Вашингтон омада, дар назди бинои Капитол гирдиҳамоӣ ташкил карда, ба он бино ҳамла карданд, ки дар он бетартибиҳо 5 кас кушта шуд.

Тарафдорони Доналд Трамп дар назди Капитол

Бо нақл аз расонаҳои амрикоӣ то нисфирӯзии рӯзи душанбе бештар аз 200 намояндаи Демократ ба ҷонибдорӣ аз қатъномаи импичменти Трамп раъй додаанд. Аммо барои қабули он бояд бештар аз 218 намоянда ба он раъй бидиҳад. Дар ҳоле, ки вакилони ҷумҳурихоҳ барои раъй додан ба он зиёд рағбат нишон надодаанд.

Ин иқдомҳо як рӯз пас аз изҳороти Бюрои федеролии тафтишоти ИМА (FBI) гирифта шуда аст. Дар изҳорот оиди гурӯҳи мусаллаҳе огоҳонида мешавад, ки мехоҳанд исёни азиме, барпо кунад агар Конгресс тибқи моддаи ислоҳии 25-уми Қонуни асосӣ Доналд Трампро пеш аз ба охир расидани мӯҳлати президентиаш ба истеъфо бифиристад.

Тибқи иттилои расонаи амрикои “ABC” аз қавли Бюрои федеролии тафтишоти ИМА (FBI), дар остонаи савгандедкунии презинти ҷадид Ҷо Байден эҳтимоли сар задани “эътирозҳои мусаллаҳона” дар саросари кишвар вуҷуд дорад.

Ҳамзамон ин ниҳод огаҳ карда, ки дар сурати дур кардани Трамп аз қудрат, пеш аз муҳлат як гурӯҳи норозиён қасд кардаанд рӯзи 16-уми моҳи ҷорӣ ба Вашингтон раванд ва ба додгоҳҳо ва қароргоҳҳои федералӣ ҳамла кунанд.

Ба ин хотир Президент Трамп дастур дода то дар арафаи маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб Ҷо Байден, ки 20-уми январ баргузор мешавад, нерӯҳои федеролии иловагӣ барои ҳифзи тартибот сафарбар карда шавад. Ҳамзамон дар Вашингтон вазъи фавқулода эълом шуда, ки он аз 11 то 24-уми январ давом хоҳад кард.