Иззат Амон кор меёбад. Барои муҳоҷирон.
Сафоратро мебанданд ё баҳоне барои гурез аз муҳоҷирон аст?
Омори COVID-19 дар саросари ҷаҳон.
Таваққуфи ҷанг дар Афғонистон ғайри мантиқӣ аст.
Юсуф Раҳмон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад!
Иззат Амон кор меёбад. Барои муҳоҷирон.
Сафоратро мебанданд ё баҳоне барои гурез аз муҳоҷирон аст?
Омори COVID-19 дар саросари ҷаҳон.
Таваққуфи ҷанг дар Афғонистон ғайри мантиқӣ аст.
Юсуф Раҳмон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад!
Иззат Амон, раҳбари “Маркази тоҷикон” дар Русия, яке аз дастандаркорони баргузории ярмаркаи мазкур мегӯяд тасмим гирифтаанд ҳар ду ҳафта як маротиба ҳамчунин ярмаркаҳоеро ба манзури таъмини ҳамватанон бо ҷойи кор ташкил бидиҳанд.
Иззат Амон аксҳоеро аз ҷараёни баргузории ярмарка дар сафҳаи фейсбукии худ гузошта ва ба Светлана Саломова раҳбари барномаи Migranto.ru барои кумак ва пуштибонӣ аз ин чорабинӣ, ки имкон медиҳад муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҷойи кор пайдо кунанд, изҳори ташаккур кардааст.
Имрӯз дар "Маркази тоҷикон" ярмаркаи ҷойҳои корӣ шуда гузашт.Дар ярмарка зиёда 100 нафар шаҳрвандони кишвар ширкат…
Gepostet von Izzat Amon am Dienstag, 14. Juli 2020
Гуфта шудааст, ки барои корҷӯён ҷойҳои корӣ дар вилояти Тула, Калуга, Челябинск, Сочи ва бархе аз манотиқи пойтахти Русия пайдо кардаанд. Барои мисол ба корҷӯён чунин корҳо пешниҳод шудааст: устои дарсоз, кор дар корхонаҳои истеҳсолӣ, амбори нигаҳдории сабзиҷот, комбинати гӯшт ва дар меҳмонхонаи 5 ситора, корҳои сохтмонӣ, посбонӣ ва ғайра.
Сайти Мигранто.ру навиштааст, ки ҷолиб ин буд, тайи се соат беш аз 50 корҷӯ муроҷиат карданд ва корҷӯёне ҳам омадаанд, ки ба интернет дастрасӣ надоранд ва маълумотро аз дигарҳо гирифтаанд.
Баргузоркунандагони ярмака ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳар ҳафта ва ё дар ду ҳафта як маротиба чунин ярмаркаҳоро доир намоянд. Яъне он доимӣ бишавад. Бо ин ҳол мо аз корбарон ва умуман муҳоҷирон хоҳишамон ин аст назару пешниҳодоти худро дар ин бора матраҳ кунанд, омадааст дар хабари “Мигрант.ру. Ҳамзамон аз Izzat Amon барои вогузории толор ва фароҳам овардани имкони мулоқот бо корҷӯён изҳори ташаккур шудааст.
Бар пояи омори мақомоти Русия беш аз 1 2000000 аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар ба муҳоҷирати корӣ омадаанд. Гуфта мешавад ҳудуди чиҳил дар сади тавлидоти нохолисии ин кишвар аз ҳисоби маблағҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ такмил меёбад.
Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдони тоҷики муқими Аврупо дар як муроҷиати видеоияш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон талаб кардааст, ки Юсуф Раҳмонро ба хотири қонуншиканиҳояш ба ҷавобгарӣ бикашад.
Ёров дар муроҷиати видеоияш аз нишасти матуботии рӯзи 14-уми июл ёдовар шуда Юсуф Раҳмон ва муовинонашро ба қонуншиканӣ муттаҳам кард. Ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, Прокурори генералӣ ин сардори мақомотест, ки вобаста ба он бояд риояи дақиқи қонунҳоро дар қаламравӣ ҷумҳурӣ таъмин ва назорат намояд.
Ба гуфтаи Ёров вақте Прокурори генералӣ даст ба қонуншиканӣ мезанад, бояд фавран нисбаташ парванда боз шуда аз мақомаш барканор шавад ва чунин ашхос сазовори ин мақом нестанд. Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ аз бениқоб ширкат кардани додситон ва муовинонаш дар толори конфронси матбуотӣ дар ҳузури даҳҳо рӯзноманигору коршинос ва риоя накардани ҳолатҳои санитарӣ дар замони пандемия, ки боиси сироят гаштани шаҳрвандон мегардад, интиқод намуда, ӯро поймолкунадаи қонун донист.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон зери беш аз 20 қонуне имзо гузошт, ки ҳарду палатаи Маҷлиси Олии кишвар баъди ворид кардани тағйиру иловаҳо онро таъйид кардаанд. Бо имзои ин қонунҳо ба қонуни буҷаи давлатӣ ҳам тағйирот ворид карда шуд, ки тасмими ҳукумат мабнӣ ба паёмадҳои COVID-19-ро қонунӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми ҷаримаи муқарраршуда ба афроди бидуни ниқоби тиббӣ дар давраи режими пандемия аз 116 то 290 сомонӣ муқаррар шудааст.
Шакли пурраи муроҷиати Ҷамшед Ёровро дар поён тамошо кунед:
Cухангӯи Гурӯҳи Толибон, Забиҳуллоҳи Муҷоҳид бо нашри паёме ба дархости Раёсати Ҷумҳурии Афғонистон барои таваққуфи хушунатҳо ва шурӯи музокирот посух дод. Дар ин бора хабаргузории “Орёно нюз” хабар медиҳад.
Сухангӯи гурӯҳи Толибон бо нашри паёме дар твиттер гуфтааст, ки дархости таваққуфи ҷанг пеш аз шурӯи музокирот ғайри мантиқӣ аст.
Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раёсати Ҷумҳурии Афғонистон дар твиттераш навишта, ки афзоиши хушунатҳои Толибон умеду интизори мардум ва ҷомеаи ҷаҳониро барои сулҳ хадшадор мекунад ва замони он расидааст то Гурӯҳи Толибон даст аз хушунат бардорад ва вориди раванди сулҳ шавад.
Аммо дар ради ин навишта сухангӯи Гурӯҳи Толибон, Забиҳуллоҳи Муҷоҳид гуфтааст, ки татбиқи тавофуқномаи сулҳи Давҳа ба хотире зарур аст, ки барои коҳиши хушунат ва поёни ҷанг роҳе ҷуста шавад.
Роҳи ҳалли ниҳоӣ аз нигоҳи Гурӯҳи Толибон ин раҳоӣ намудани зиндониёни онҳост. Дар ин замина Забиҳуллоҳи Муҷоҳид хотирнишон кардааст, ки “бояд ҳарчи зудтар раванди раҳоии зиндониён такмил ва музокироти байниафғонӣ шурӯъ шавад”. Ба гуфтаи ӯ ин танҳо роҳи ҳал ва мавзеъгирии мантиқӣ аст.
Вируси корона рӯзона ҷони ҳазорҳо инсонро меситонад. Тибқи оморҳои расмӣ то ба имрӯз зиёда аз 13,3 млн нафар ба ин вирус мубтало шуданд ва 7,4 шифо ёфта наздики 580 ҳазор нафар дар сар то сари дунё аз ин вируси қотил ҷон бохтаанд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико осебдидатарин давлат, дар баробари вируси COVID-19 ба шумор меравад. То имрӯз 3,4 млн амрикоӣ гирифтори ин вирус гашта бештар аз 136 ҳазор фавтидаанд.
Тибқи омори Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинси Амрико, Бразилия баъд аз Амрико бо шумори 1,9 млн гирифтор ва 74 ҳазор вафот мақоми дуюмро дар рӯйхати зарардидатарин давҳлатҳо аз COVID-19 ишғол намудааст.
Британяи Кабир мақоми сеюмро бо шумори зиёда аз 292 ҳазор гирифтор ва бештар аз 45 ҳазор вафот касб намудааст.
Ба ҳамин тартиб дар рӯйхати имрӯзаи омори COVID-19-и Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинси Амрико, Мексика бо 311 ҳазор гирифтор ва 36 ҳазор вафот, Итолиё 243 ҳазор гирифтор ва 35 ҳазор вафот, Фаронса бо 210 ҳазор мубтало ва 30 вафот, Испания 256 ҳазор мубтало ва 28 ҳазор гирифтор, Ҳиндустон бо теъдоди бештари гирифторон, 936 ҳазор гирифтор ва 24 ҳазор вафот раддабандӣ шудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз 30 апрел то 14 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6643 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5332 нафар ё худ 80,2%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат шумораи ҳолатҳои фавт аз ин беморӣ дар мамлакат ба 56 нафар расид.
Дар тани се тан аз намояндагони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав вируси COVID-19 ошкор шудааст. Айни ҳол онҳо бистариянд. Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар медиҳад.
“Тестҳое, ки аз ин се нафар кормандон гирифта шуданд, натиҷаи мусбат доданд”, – хабар додааст ба “Азия-Плюс” як манбаи муътамад аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав.
Чанд рӯзи пеш Имомуддин Сатторов зимни суханронӣ назди муҳоҷироне, ки пеши бинои сафорат ҷамъ омада буданд, изҳор доштааст, ки айни замон се корманди сафорат таби баланд доранд.
Ба гуфтаи манбаъ ҳукумати Маскав аз сафорат дархост намуда, ки рӯйхати шахсони алоқадошта бо кормандони гирифтор ба COVID-19-ро пешниҳод кунад. Ӯ гуфтааст ҳукумат метавонад сафоратро барои карантин муваққатан бибандад.
“Ҳукумати шаҳри Маскав сафоратро ба карантин баста метавонад. Айни замон ҳамаи кормандони сафорат тести ташхиси коронавирус супориданд. Натиҷаҳои он алҳол маълум нест”, – иттилоъ додааст манбаъ.
Иттилои баста шудани сафорат дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳафтаи гузашта баъди эълони таърихи парвозҳои чартерӣ байни Русия ва Тоҷикистон садҳо муҳоҷири дармонда дар Русия барои баргаштан ба Ватан назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ омаданд ва талаб намуданд, ки онҳоро ба Ватан баргардонанд. Кормандони сафорат аз онҳо хоҳиш мекарданд, ки дар ин замони пандемия фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.
Кумаки 105 доллари БОР барои рушди соҳаи энергетика.
Юсуф Раҳмон: қарори додгоҳи Австрия дар Тоҷикистон амал намекунад.
Тахриби таърих. Бинои Қасри Президентиро хароб карданд.
Таъсиси беш аз 300 ҷойи корӣ дар ним сол дар Хуҷанд.
Оё дар Қирғизистон инқилоби наве дар роҳ аст?
Мақомоти шаҳри Хуҷанд дар шимоли кишвар эълон кардаанд, ки дар ним соли аввали соли ҷорӣ 322 ҷойи нави корӣ таъсис додаанд.
Хабаргузории расмии Тоҷикистон, “Ховар” аз қавли Маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд навиштааст, ки бо бунёди чанд адад корхонаву марказҳои савдо 322 адад ҷои корӣ барои аҳолӣ таъсис дода шудааст. Суол инҷост, ки оё дар ин замони интишори вируси корона, ки аксари муҳоҷирон ҷой кори худро аз даст додаанд, ин адад, яъне 322 ҷой корӣ барои аҳолии як вилоят басанда аст?
Бо ин ҳол мақомоти Хуҷанд аз ин ки дар ин давра чи қадар аз корхона ва муассисаҳои хусусӣ муфлис шуда бошанд ва ё аз фаъолият бозмонда боиси афзоиши шумори бекорон гардида бошанд, ҳеч иттилое надодаанд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки дар ин давра бар асари эъмоли маҳдудиятҳои ношӣ аз коронавирус ҳаҷми табодули мол ва истеҳсолот коҳиш ёфта давлат ночор шуд барои иддае аз андозсупорон сабукиҳо биоварад.
Мақомоти Тоҷикистон ба тахриби бинои собиқи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки аз соли 1992 Қасри раёсати ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт, шурӯъ кардаанд.
Бинобар навиштаи Азия-Плюс ин бино дар пойтахти Тоҷикистон дар соли 1957 сохта шудааст. Дар замони шӯравӣ қароргоҳи Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар он ҷойгир буд. Баъди касби истиқлоли кишвар тӯли 25 сол дар ин бино Президент ва ҳукумати Тоҷикистон фаъолият кардаанд. Соли 2016 Президент ва ҳукумат ба бинои нави Қасри миллат кӯчиданд. Феълан дар қаноти чапи ин бино ҳукумати Душанбе ва Кумитаи туризми кишвар маскан гирифтаанд.
Тахриби ин бино дар чаҳорчӯби нақшаи кулл ва ё генплани Душанбе сурат мегирад.Феврали соли ҷорӣ Маҳмадсаид Зувайдзода, ҷонишини аввали раиси шаҳри Душанбе дар як конфронси матбуотӣ тасдиқ кард, ки ин бино нобуд мешавад. Тахриби бино аз қабати рости он сар шудааст. Сипас қисмати марказӣ ва дар охир қисмати чапи он ки ҳоло маъмурияти шаҳрдории Душанбе дар он қарор гирифтааст, ба хок яксон карда мешаванд. Қарор аст дар ҷойи он бинои нави Ҳукумати Тоҷикистон бунёд шавад.
Ба дунболи эълони тасмим тахриби “яке аз зеботарин биноҳои шаҳр” дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳое зиёде баланд шуда ва барои ҳифзу ҳимояи он шаҳрвандон эътироз карданд.
Яке аз онҳо Аниса Собирӣ, коргардони тоҷик аст ки мегӯяд, набояд ин бино тахриб бишавад. Вай гуфтааст:
“Ба назари ман вайронсозии ин бино дар як вазъияти душвори иқтисодӣ барои тамоми олам ғайриқобили қабул аст. Чунки барои сохтмони бинои нав ҳатто агар он бо сармояи хориҷӣ ҳам бошад маблағи зиёд масраф мешавад дар ҳоле ки он маблағро барои бахшҳои авлавиятнок:-маориф, саноат тиҷорати хурду миёна, кишоварзӣ ва тандурустӣ метавон харҷ кард”.
Яке аз онҳо таърихшинос Ғафур Шерматов мебошад, ки ба назари ӯ вайронсозии ин бино нест кардани таърихи худ аст:
“Ман чунин меҳисобам ин бино барои ҳукумат ва ҳизб бо тамоми назокат ва санъати олӣ ва қоидаи меъморӣ сохта шуда буд. Ин бинои мустаҳкаму тобовар буда ҳадди ақал барои 300-500 сол пешбинӣ шудааст. Вақте мегӯянд, ки бино захоири худ, яъне тавонмандиву тобоварии худро аз даст доааст, дуруст нест, дурӯғ аст. Шумо ба сангҳои ружду ҳамвор ва боқуввати он ва тарҳи зебову аҷоиби он нигаред. Таърихи худро ҳифз кардан бисёр муҳим аст”.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод кардаанд, ки биноро аз байн набаранд ва барои дигар идора ва ҳадаф истифода баранд. Фаррух Неъматзода рассоми маъруфи тоҷик пешниҳод кардааст, ки дар ин бино Академияи улуми Тоҷикистон ва ҳар пажӯҳишгоҳе метавонад ҷой бигирад вале дар ягон ҳолат набояд аз байн бурда бишавад. Вай гуфтааст, намефаҳмад, ки чӣ роҳбариятро водор кардааст ба ин иқдоми ваҳшиёна даст бизанад?
Дар ҳамин ҳол бархе аз душанегиҳо хоҳиш кардаанд,ки ақалан барои бори охир як экскурсия ташкил бидиҳанд,то хоҳишмандон бубинанд,ки дар дохили он чи буд,зеро беш аз 60 сол аз он кишвар ва миллат идора шудааст.
Дар ҳамин ҳол як нафар аз фаъолони сиёсӣ ки нахост номаш зикр шавд гуфт тахриби инои ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи шустани хотираи таърихӣ ва ҷойгузин кардани Раҳмон ва ҳукумати вай ба унвони меъмори Тоҷикистон аст.Вай ки худро асосгузори давлати навин эълон кардааст,қасд дорад дар ҳама арсаҳо осори худро боқӣ бигузорад, ҳама чиз боял ёди ӯро бикунад ҳамчунон, ки ҳайкали Сомонӣ дар маркази пойтахт бо қошу қавораи ғайритоҷиконаи ӯ сохта шудааст.
Юсуф Раҳмон дар нишасти матбуотии имрӯз 14-уми июл ба қарори Додгоҳи федероли Австрия, ки ихроҷи паноҳҷӯи 29-солаи тоҷик Ҳизбуллоҳ Шовализодаро аз Вена ба Душанбе “ғайриқонунӣ” дониста буд, ишора намуда гуфт: “қарори додгоҳи Австрия дар Тоҷикистон амал намекунад”.
Додситони кул дар посух ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт: “Шовализода дар асоси далелҳои ҷамъовардаи парвандаи ҷиноятӣ ва дар асоси кирдорҳои ғайриқонунии худ дар дохили Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуд”.
Ёдрас мекунем, ки 7-уми июл Додгоҳи федералии Австрия ихроҷи Шовализодаро “ғайриқонунӣ” хонда ҳукм содир намуда буд, ки ҳаққи вуруди ӯ ба ин кишвари аврупоӣ барқарор карда шавад.
Шовализодаи 29-сола қаблан ба мақомоти Австрия барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ муроҷиат карда буд, вале дархосташ рад шуд. Вай пеш аз истирдод ба Тоҷикистон ду моҳро дар боздоштгоҳе дар Вена гузаронд.
Моҳи март Додситонии кулли Тоҷикистон расман Шовализодаро ба узвият дар ҲНИТ ва “хиёнат ба давлат” муттаҳам кард ва барои 20 сол равонаи зиндон намуд. Аммо намояндагони ҲНИТ узвияти ӯро дар ин ҳизб рад мекунанд.