13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 651

Додгоҳи Душанбе қотили Замирамоҳ ва Меҳрафрӯзро ҳукми абад дод

0

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми ду гумонбар дар қатли ду духтари ҷавон дар ноҳияи Варзобро содир кардааст. Дар ин бора сомонаи додгоҳи шаҳри Душанбе хабар дод.

Бино ба навиштаи сомонаи додгоҳи пойтахт, додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 22 – декабр ҳукм алайҳи ду сокини 28-солаи пойтахт – Дониёр Сафаров ва Саъдулло Раупов, ки дар куштори ду духтар Ҳайдарова Замирамоҳ ва Меҳрафрӯзи Холмирзоро, ки бо бераҳмии махсус содир шудааст, айбдор мешаванд, эълон кард.

“Ҳамин тариқ, бо ҳукми суд Сафаров Дониёр Каримович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в, з” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 22 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт ва Раупов Саъдулло Абдуллоевич бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в, з, п” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш махсус маҳкум карда шуданд”

Пештар ВКД аз пайдо шудани ҷасади ду ҷавонзани гумшуда, ки аз онҳо Ҳайдарова Замирамоҳ ва Меҳрафрӯзи Холмирзо ном мебаранд хабар дод. Ин ду духтар дар пайи озори ҷинсӣ ба қатл расонда шудаанд.

Тибқи иттилои ВКД, Ҳайдарова Замирамоҳ, соли таваллудаш 1991, сокини кӯчаи Алишер Навоии шаҳри Душанбе ҳанӯз моҳи январи соли 2018 ва Меҳрафрӯзи Холмирзо, сокини 18-солаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи апрели соли равон бедарак шуда буданд. Ҷасади ҳардуяшон ахиран дар як ғоре дар теппаҳои болои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб пайдо карда шуд.

Гуфта мешавад, баъд аз тафтишот муайян карда шуд, ки дар қатли ин ду духтар Дониёр Сафаров ва Раупов Саъдулло даст доранд.

Даст ба худкушӣ задану мансаб гирифтани Худоёрзода

0

Худоёр Худоёрзода, собиқ вазири нақлиёт муовини раиси намояндагии ширкати IRS тайъин гардид. Дар ин бора сомонаи ин ширкат хабар дод. Бино ба навиштаи ин сомона Худоёрзода масъулияти нигоҳдории роҳҳоро бар уҳда дорад.

Муовини раиси намояндагии ширкати IRS таъин шудани Худоёрзода дар ҳолест, ки замони вазири нақлиёт буданаш ӯ аз кори ин ширкат танқид карда гуфта буд, ки “аз бемасъулиятии кормандони ширкат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд танбашавӣ ба вуҷуд меояд ва мошинҳо то ду-се соат дар навбат меистанд”.

Вале баъд аз гуфта шудани ин суханҳояш Худоёрзода дар як нишасти хабарии дигар, ки баъд аз 3 моҳ доир шуда буд ин ширкатро ситоиш карда гуфт “агар ин роҳ пулакӣ намешуд, нигоҳдории онро дар сатҳе, ки ҳоло ҳаст, наметавонистем иҷро кунем.”

Ёдовар мешавем, ки субҳи 11-уми август Худоёр Худоёрзода бо ду захми корд дар бадан ба бемористони “Истиқлол” интиқол дода шуда буд. Мақомот он замон гуфта буданд, ки Худоёрзода даст ба худкушӣ задааст.

Худи ӯ дар ин бора ба расонаҳо шарҳ надод. Дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ Худоёрзода гуфта буд, ки “мақомоти тафтишотӣ медонанд, аз онҳо пурсед”.
Баъд аз қасди худкушӣ Худоёрзода рӯзи 31 декабр бар асоси фармони президенти Тоҷикистон бо далели “расидан ба синни нафақа” аз вазифа барканор шуд.

Худоёр Худоёрзода дар гузашта вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд. Дар солҳои 2013-2017 ба ҳайси раиси ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2017 то 2020 вазири нақлиёти Тоҷикистон буд.

Донишҷӯён ҳам мисли ноболиғон набояд дар марказҳои интернетӣ бозӣ кунанд

0

Дар 11 моҳи соли равон кормандони Вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғд нисбати волидайни наврасону ноболиғон 1837 санад тартиб додаанд.

Гуфта мешавад, ба 749 нафар шаҳрвандон огоҳӣ дода шуда, 948 нафар ҷарима гардида, 136 санад дар додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар зинаи баррасӣ қарор доштааст.

Акбар Шарифов сардори маркази иттилоотии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба “Ховар” гуфтааст:

“Кормандони шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар шаҳри Хуҷанд чанде пеш ҳангоми гузаронидани санҷишҳои шабонаю рӯзона дар толорҳои бозӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ далелҳои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро ошкор намуданд”.

Дар идома гуфтааст, шомгоҳон се шогирди гимназияи №4 ва як хонандаи мактаби рақами 13-и шаҳри Хуҷанд дар утоқи бозиҳои компютерӣ буданд.

Инчунин 7 нафар толибилмони гимназияи №4 шаҳри Хуҷанд рӯзона низ дар муассисаҳои ба ин монанд ва бозиҳои мамнӯъ бозӣ мекарданд.

Ҳамчунин зикр намудааст, ки дар ин утоқҳои бозӣ ва марказҳои хидматрасонӣ ба ҷуз наврасон донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногуни шаҳр низ ҳузур доштаанд, ки аз ҷумла, 13 донишҷӯи факултетҳои физика, иқтисод ва технологияи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, 1 донишҷӯи факултаи молия ва баҳисобгирии ДДХ, 3 донишҷӯи литсейи касбии N31 шаҳри Хуҷанд ва 7 донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон низ ба қайд гирифта шуданд.

Ҳамчунин аз ҳолати марказҳои компютерӣ изҳори нигаронӣ намудааст, ки тавсияи табибонро оиди пешгирӣ аз коронавирус риоя намекунанд ва ба ҳеч талабот ҷавобгӯй нестанд, ҳатто муштариёни ин марказҳо фосилаи иҷтимоӣ ва ниқоби тиббӣ надоштаанд.

Амороти Муттаҳидаи Араб Тоҷикистонро ба “рӯйхати сабз” ворид кард

0

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин пас ҳангоми расидан ба Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ду ҳафта дар қарантина қарор намегиранд.

Хабаргузории “ТАСС” аз маркази матбуотии ҳукумати ин кишвар хабар медиҳад, ки Абу-Даби қоидаҳои вуруди сайёҳони хориҷиро бозбинӣ намуда, аз 24 декабр бекор шудани баъзе маҳдудиятҳои ҷоришуда бар асари пандемияро бекор мекунад.

Дар навбати аввал дар бораи давлатҳои “рӯйхати сабз” гуфта шудааст, ки онҳо аз қарантинаи маҷбурии дуҳафтана озод мешаванд.

Ба “рӯйхати сабз” Австралия, Бруней, Ветнам, Юнон, Гренландия, Гонконг, Чин, Мавритания, Малайзия, Зеландияи Нав, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Тоҷикистон, Тайван, Таиланд, Узбекистон шомил гардидаанд. Вале номи Русия дар ин “рӯйхати сабз” зикр нагардидааст.

Гуфта мешавад, шаҳрвандоне, ки дар ин рӯйхат зикр нашудаанду ба ин кишвари арабӣ сафар мекунанд, муҳлати қарантина то 10 рӯз кам шудааст.

Дар идома зикр гардидааст, ки сайёҳони ҳамаи кишварҳои хориҷӣ бояд маълумотнома дар бораи надоштани бемории каронавирус на дертар аз 96 соат дошта бошанд, ҳамчунин ҳангоми расидан ба ин кишвар аз онҳо тест гирифта мешавад. Абу-Дабӣ ҳамзамон як қатор маҳдудиятҳоро нисбат ба вуруд аз дигар аморатҳо сабуктар кард.

Бино ба иттилои хабаргузориҳо аз оғози пандемия дар Амороти Муттаҳидаи Араб зиёда аз 195 ҳазор беморони коронавирус ошкор шуда беш аз 171 ҳазор кас шифо ёфтаанд. Шумори беморони фаъол 23,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ин давра қариб 20 млн тест гирифта шудааст.

Гази Узбекистон дубора вориди Тоҷикистон шуд

0

Баъд аз 10 соли қатъи газ аз ҷониби Узбекистон дубора ба шаҳри Хуҷанд газ расид, ки гуфта мешавад, аввал корхонаҳои саноатиро ба газ таъмин мекунанд, пас аз он ба аҳолӣ тақсим мешавад.

Директори ширкати “Суғдиёнгаз” Абдулҳаким Суфиев ба “Sputnik” гуфтааст:

“Гази табиӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати иқтисодӣ бисёр муфид аст. Ҳоло бо нархи то 2 сомонӣ барои як куб газ ба корхонаҳо пешниҳод карда мешавад, ин нисбати барқу ангишт аз 40 то 60 % маҳсуб мешавад”.

Гуфта мешавад, дар шароити кунунӣ истифодаи гази табиӣ назар ба ангишт ва қувваи барқ каммасрафтар аст.

Сурат: Азия-Плюс

Айни замон ба гуфтаи мақомот дар шаҳри Хуҷанд ҳудуди 150 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад.

Масъулин гуфтаанд, пас аз таъмин намудани корхонаҳо дар навбати дуюм воситаҳои нақлиёт ва аҳолии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, ноҳияҳои Б. Ғафуров ва Истиқлол бо гази табиӣ таъмин хоҳанд шуд. Ба гуфтаи онҳо, солона хоҷагии халқи вилояти Суғд тақрибан ба 240 милион кубометри газ эҳтиёҷ доранд.

Хатти газ аз Узбекистон ба Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ бунёд шуда буд, аммо дар натиҷаи сардии муносиботҳои дуҷониба он қатъ шуд. Баъди Президенти Узбекистон интихоб шудани Шавкат Мирзиёев муносибати дипломатии ду кишвар тағйир ёфт, марзҳо дигарбора бар рӯи ҳам кушода шуда муносибатҳо дӯстона тақвият ёфтанд.

Рустам Мирзомуродзода: дар Бадахшон давоми як сол 541 ҷиноят сабт шудааст

0

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 11 моҳи соли 2020 541 ҷиноят ошкор гардида, 304 силоҳи гуногун мусодира шудааст.

Шабаки “ТВ Бадахшон” суханронии Рустам Мирзомуродзода сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ-ро нашр кард, ки номбурда дар гузориши солонаи худ оиди ҷиноёти содиршуда дар ҳудуди вилоят гуфта, “дар якҷоягӣ бо ММИҲ вилоят аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва шахсони алоҳида дар шаҳру ноҳияҳо 304 силоҳи оташнишон, аз ҷумла 36 силоҳи оташнишони тамғаи автомат Калашников, як адад грантамёти зидди тонкӣ, 24 адад писталети Макаров, 28 адад карабин, 99 адад ТОЗ, 80 адад милтиқи шикорӣ ва 8 адад найзакорд мусодира карда шудааст”.

Ба гуфтаи сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ дар 11 моҳи сипаригардида «миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ: аз қабили 2460 тирҳои гуногун, 87 тирдон, 39 нориҷак, 7 снайради гуногун, 32 кг маводи тарканда, 12 адад капсулаҳои тарконанда, 3 адад гулӯлаи тарконанда, 3 адад аманит, 1 адад амунал ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст”.

Тибқи омори ироа кардаи Мирзомуродзода, дар маҷмӯъ дар ВМКБ давоми соли ҷорӣ 541 ҷиноят сабт шудааст. Дар ин миён 10 нафар шахсоне, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштан дастгир гардидаанд, ки 15 дарсади ҷинояткорони дастгиршуда сокинони шаҳри Хоруғ будаанд.

Ҳамчунин дар идома зикр гардидааст, ки нисбати 13 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст, ки он нафарон дар ин давра 12 ҳолати дахолат ва монеъ гардидан ба фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ, махсусан дар дидбонҳои амалкунандаи БДА ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад дар вилоят дар робита ба гардиши маводи нашъадор 22 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 86 кг 110 грамм мавод дарёфт шудааст.

Дар шабакаи Ютуб зери ин хабари шабакаи телевезионӣ мардум вокунишҳои зиёде нишон додаанд. Корбарон иддао доранд, ки коррупсия дар Бадахшон зиёд аст, чаро дар бораи он омор намедиҳанд. Ба қавли онҳо, чун худи мақомоти қудратӣ дар он даст доранд, барои ҳамин омор намедиҳанд.

Инчунин як корбари дигар менависад, ки шумо куҷоро назорат доред? Мардум силоҳро бекумаки шумо аз куҷо пайдо мекунад?

Боздошти Абдусалом Одиназода дар шаҳри Перти Австралия

0

Ба гузориши расонаҳои Австралия, Абдусаломи Одиназода донишманди биохимики 52-солаи зодаи Тоҷикистон рӯзи чоршанбе 23 декабри соли 2020 баъд аз тафтиши манзилаш боздошт шуд ва то 15 январи соли 2021 дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор хоҳад дошт.

Расонаи “AAP” менависад, ки пулиси Австралия Одиназодаро баъд аз боздошт ба додгоҳ оварданд ва додгоҳ ӯро бо 4 иттиҳоми ҷонибдорӣ аз терроризм айбдор намуда, боздошт кард.

Дар хабар омада, ки Одиназода аз додгоҳ дархости озодӣ ба ивази васиқа накардааст ва то 15 январ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Ӯ муттаҳам ба нашри постҳои онлайние аст, ки ба гуфтаи пулис ҳадафи онҳо таҳрики ҳамлаҳои ифротгароёна дар хориҷ аз Австралия мебошад.

Бозрасони мубориза бо тероризм аз моҳи ноябри 2019 то феврали соли 2020 ва баъд аз ошкор шудани видеоҳои онлайнии Одиназода, ки дар онҳо бо ангезаҳои сиёсӣ, даъват ба иқдомоти хушунатомез дар хориҷ аз Австралия дорад, таҳқиқотро оғоз карда буданд.

Гуфта мешавад, ҳукми тафтиши манзил ва бозрасии ашёи он дар моҳи апрели соли 2020 содир шуда буд. Пас аз тафтиши манзили Одиназода пулис чанд василаи эелектронии ӯро низ мусодира кард.

Скот Лии, дастёри пулиси федералии Австралия гуфт, ки баъд аз “садҳо соат” таҳқиқот ва ҷамъоварии шавоҳид аз тарафи тими бозрасӣ ҳукми боздошти ӯ содир гашт.

Раиси Пулиси Перт Сканлан гуфт,

“Видеоҳои онлайнӣ, ки ҳовии паёмҳои ифротгароёна аст, метавонад дастраси ҳар инсоне дар гуша ва канори ҷаҳон гардад ба шумули ҷомеъаи маҳаллии Австралия ва ин бисёр муҳим аст, ки мо афроди масъули чунин таҳрикотро шиносоӣ ва таҳти таъқиб қарор медиҳем”.

Сканлан дар идома меафзояд, “Ҳамчунин таҳқиқоти мо барои пешгирӣ аз ифротӣ шудани афроде, ки дар баробари чунин ақидаҳо осебпазир ҳастанд, бисёр муҳим мебошанд. Мо ҳама натиҷа ва таъсирҳои афкори ифротгароёнаи онлайниро дидем ва ҳама шаҳрвандон метавонанд бо огоҳ кардани мақомот аз нашри чунин матолиби ифротгароёна дар амн нигоҳ доштани ҷомеа саҳим бошанд”.

Абдусаломи Одиназод яке аз фаъолони шабакаи Фейсбук буд ва пайваста аз амалкарди ҳукумат ва мухолифон интиқод мекард. Ӯ вақтҳои охир бо пайравони мазҳаби Исмоилия баҳсҳои гармеро оғоз карда буд.

Одиназода аз донишмандони муваффақи соҳаи биохимик буда, дар ин ришта таҳқиқоти зиёде дорад, ки дар чандин сомонаҳои расмӣ ба нашр расидаанд. Ӯ ҳамчунин соли 2015 дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба шогирдон дарс гуфтааст.

“Говсуд”-и як ҷавони 21- сола дар ноҳияи Ёвон (Садо)

0

Дар ноҳияи Ёвон як ҷавони 21 соларо бо иттиҳоми авбошӣ ба се соли зиндон маҳкум кардаанд. Дар ҳукмномаи суди ноҳия гуфта шудааст, ки шаҳранди 21 сола зодаи ноҳияи Ёвон кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ Эсанов Исфандиёр бо моддаи 237 қисми 2 банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумуҳурии Тоҷикистон бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати се сол ҷазо дода шавад.

Банди “б” қисми 2-и моддаи 237 авбошӣ аз ҷониби шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё муташаккил ё такроранро дар назар дорад. Адои муҳлати ҷазои ин ҷавон дар муассисаҳои ислоҳоти низомаш сахт муқаррар шудааст. Аммо хешовандони ҷавон ба ҳукми суд розӣ нестанд ва даъво доранд, ки ӯро ғайри одилона муҳокима карда ба қавле “говсуд” кардаанд.

Яке аз павандони наздики Эсанов Исфандиёр ба “Аздо тв” гуфт, ки муфаттиш аризаро тағйир дода ба додрас нишон додааст. Моҷаро ба қавли пайвандони ин ҷавони маҳкумшуда аз он ҷо сар зад, ки кӯдакон ҳангоми бозӣ дар кӯча дасти якдигарро газидаанд. Ин боис шуда, ки байни ду оила моҷаро сар бизанад ва дертар марди ҳамсоя ин ҷавонро як шаппотӣ задааст.

Пайвандонаш мегӯянд, танҳо пас аз задани шаппотӣ ӯ худро нигаҳ дошта натавониста, зарбаи ҷавобӣ медиҳад. Марди ҳамсоя пас аз ин ба сари ҷавон силоҳ мекашад ва таҳдиди паррондан мекунад. Манбаи мо мегӯяд, шоҳидон тамоми ин моҷароро дидаанд ва ӯ дар ҳайрат аст, ки чигӯна бо вуҷуди силоҳ кашидан ӯ боз аз болои Исфандиёр ба пулис шикоят бурдааст ва оё бо худ силоҳ доштани ин мард қонунӣ аст?

Марди ҳамсоя, ки тақрибан 45 сол дорад Саттор ном дошта, вале манбаи “Аздо тв” насаби ӯро намедонад. Гуфт, ӯ дар бозор нигаҳбон кор мекунад. Ба қавли пайвандон, муфаттиш парвандаро якҷониба ва бидуни он ки гуфтаҳои шоҳидонро биёрад, онро ба додгоҳ бурдааст.

Онҳо мегӯянд, ҳоло вакили дифоъ кироя кардаанд ва аз болои муфаттиш, Ниёзов Комил ба Дастгоҳи Президент ва Додситони кул шикоят бурдаанд. Ҳоло ҷавоби ин ду ниҳодро мунтазиранд ва умед доранд, ки Исфандиёр озод мешавад, чун ба қавли онҳо ӯ гуноҳе надорад. Аммо дар ин қазияи назари муфаттиш ва ҷониби дигар дастрас нест.

Кашфи навъи ҷадиди коронавирус дар Бритониё

0

Дар Бритониёи Кабир навъи нави вируси корона кашф шудааст, ки эҳтимолан суръати паҳншавии он бештар аз суръати вируси шинохташудаи феълӣ мебошад.

Дар пайи интишори ин навъи коронавирус дар Бритониё ҳукумат дар рӯзҳои ҷашни соли нави мелодӣ маҳдудиятҳои шадидтар ҷорӣ кард, ки ин қарор ба ҳаёти беш аз 20 миллион нафар дар Бритониё ва Уэлс таъсир мерасонад.

Вазири тандурустии Бритониё Мэттю Хэнкок рӯзи душанбе 14 декабр гуфт, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки вируси тозакашфшуда нисбат ба навъҳои қаблӣ хатарноктар бошад ва ё ваксинаи корона ба он таъсир нарасонад. Хэнкок бо ишора ба ин ки ҳафтаи гузашта дар Лондон ва баъзе шаҳрҳои дигари Бритониё афзоиши бо суръати гирифторони ин вирус мушоҳида шудааст, гуфт:

“Мо ҳазор ҳолати ин намуди нави коронаро ба қайд гирифтем, ки аксарияти онҳо дар ҷануб будаанд, аммо дасти кам шаст маркази саломатии минтақавии дигар низ ин намуди вируси навро ба сабт карданд.”

Вазири тандурустии Бритониё бо ёдоварӣ аз он, ки ҳаҷми дақиқи ин масъала ҳанӯз мушаххас нашудааст, мегуяд, ки ҳукумати ӯ дар ин бора ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар додааст ва Маркази Портон Даун дар ин замина таҳқиқоти муфассалро низ оғоз кардааст.

Хабари кашфи навъи нави коронавирус дар ин кишвар дар ҳоле эълом мешавад, ки тазриқи ваксинаи COVID-19 дар ин кишвар оғоз шудааст. Гузоришҳо дар бораи интишори коронавирус дар Бритониё ва баъзе дигар кишварҳо, аз ҷумла Испания, Нидерланд ва Дания мавҷуданд. Аммо зоҳиран фарқи байни намудҳои нави ба қайд гирифташуда дар Бритониё ва дигар намудҳои вирус суръати баланди интиқоли он мебошад.

Боздошти корманди РВКД бо иттиҳоми қаллобӣ

0

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти як корманди Вазорати корҳои дохила бо иттиҳоми қаллобӣ хабар дод.

Дар як ҳафтаи сипаригардида ин дуввумин корманди сохторҳои қудратист, ки бо чунин иттиҳом дастгир мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи Агентии зидди фасод ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Хатлон, Холов Шерафган Шералиевич бо истифодаи мақоми хизматӣ, бо роҳи қаллобӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр, моҳи январи соли 2020 аз шаҳрванд Сафаров Ф.С. маблағи 8000 доллари амрикоӣ талаб намуда, онро тавассути шаҳрванд Баротов М.Т. гирифтааст.

Гуфта мешавад, Холов Шерафган ин маблағро ба хотири аз тафтиши пешакӣ озод кардани писари Сафаров Ф.С, – Сафаров А.Ф., ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буду мавриди тафтиши пешакӣ қарор дошт, татбиқ намудани чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат, мегирад.

Дар идома гуфта шудааст, ки Холов Шерафган Шералиевич инчунин бори дуввум моҳи апрели соли 2020 аз шаҳрванд Сафаров Ф.С. барои дар доираи парвандаи ҷиноятии дар суди вилояти Хатлон қарордошта, таъйин намудани ҷазои ҷарима нисбати писараш-Сафаров А.Ф. боз маблағи 2000 доллари амрикоӣ талаб намуда, аз худ кардааст. Вале то ҳол назари боздоштшуда ва наздиконаш дар ин маврид дастрас нест.

Нисбати Холов Ш.Ш. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.