Хона блог саҳифа 681

Мақоми Тоҷикистон дар радабандии нави “рушди технологияҳои пешрафта”

0

Тоҷикистон дар радабандии нави “омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта” дар байни 158 кишвар мақоми 143-умро ишғол кардааст. Дар ин радабандӣ се мавқеи аввалро ИМА, Швейтсария ва Британияи Кабир соҳиб шудаанд.

Ҳамчунин Русия аз рӯи “омодагӣ ба таҳияи технологияҳои пешрафта” дар байни 158 кишвар дар ҷои 27-ум дар байни кишвари Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех қарор дорад.

Тибқи гузориши Конфронси тиҷорат ва тавсиаи Созмони Миллали Муттаҳид (UNCTAD), ки рӯзи панҷшанбе дар Женева нашр шуд, ИМА, Швейтсария ва Британияи Кабир дар се зинаи аввал қарор доранд ва Яман, Гамбия ва Ҷумҳурии Конго дар поёни ҷадвал.

Ҷадвали Бенчмаркингро Конфронси тиҷорат ва тавсиаи Созмони Миллали Муттаҳид (UNCTAD) дар асоси индекс таҳия кардааст, ки панҷ нишондиҳандаро ба назар мегирад ва “қобилияти татбиқ, қабул ва мутобиқсозии технологияҳои пешрафтаро” тавсиф мекунанд.

Ин нишондиҳандаҳо иборатанд аз: сатҳи татбиқи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, малака ва дониш, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, фаъолияти саноатӣ ва имкониятҳои маблағгузорӣ.

Коршиносон шохиси Чинро 0,76 хол арзёбӣ карданд, ки он дар зинаи 25-ум қарор гирифт ва Исроил бо 0,84 хол ҷойи 20-ум ва Ҷопон бо 0,87 хол ҷойи 18-умро ишғол карданд. Ба даҳгонаи беҳтарин, ба ғайр аз ИМА, Швейтсария ва Британияи Кабир, Шветсия, Сингапур, Ҳолланд, Ҷумҳурии Корея, Ирландия, Олмон ва Дания шомил шуданд.

Дар байни кишварҳои пасошӯравӣ аз ҳама зинаи охиронро Тоҷикистон соҳиб шудааст. Украина дар ҷойи 53, Белорусия – 59, Қазоқистон – 62, Гурҷистон – 79, Молдова – 81, Арманистон – 83, Озарбойҷон – 100, Қирғизистон – 115, Тоҷикистон – 143 ҷойгир шудаанд.

Футболбозӣ тоҷик барои голи задааш ба дастаи “Индиан Эрроус” қадрдонӣ шуд

0

Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Комрон Турсунов голи панҷуми худро дар “Hero I-League” – дивизиони якуми Ҳиндустон зад.

Дар бозии даври даҳуми дивизиони якуми Ҳиндустон клуби “ТРАУ” -и Комрон Турсунов дар меҳмонӣ бар “Индиан Эрроус” ғалабаи калон ба даст овард, яъне 5:1. Футболбози тоҷик дар ин вохӯрӣ як гол зада, ду партофти головар дод.

Дар натиҷа, Турсунов бори дуввум дар ин мавсим беҳтарин бозингар дониста шуд. Ба ӯ чек барои 25 000 рупияи ҳиндӣ (345 доллари ИМА) тақдим карданд.

Стипендияи доншиҷӯёни мактабҳои олӣ зиёд мешавад?

0

Эмомалӣ Раҳмон фармони боло бурдани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии кишварро имзо кард. Дар ин бора “Sputnik” хабар дод.

Гуфта мешавад, ин фармон бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯён содир шудааст. Ҳамчунин бар асоси ин фармон стипендияи магистр, аспиранту докторантҳо низ боло хоҳад рафт.

Дар бораи боло бурдани стипендия Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш гуфта буд.

Бар асоси ин фармон, аз 1 сентябри соли 2021 андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо ба андозаи 30 дарсад зиёд карда мешавад.

Аммо стипендияи президентӣ, курсантҳои донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД боло бурда намешавад.

Қаблан президенти Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки на танҳо стипендия, балки нафақа барои гурӯҳҳои алоҳидаи маъюбӣ низ то 20 дарсад зиёд карда шавад.

Ҳамасола Раҳмон зимни паёмҳои солонаш аз боло бурдани маош, стипендия ва нафақа мегӯяду фармонҳо ба имзо мерасонад. Бештари шаҳрвандон аз он шикоят мекунанд, ки дар баробари фармонҳои раисҷумҳур нархи озуқаворӣ низ боло меравад. Аз ин сабаб он маошу нафақае, ки мегиранд барои зиндагиашон намерасад. Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки баъд аз фармонҳои Президент маош, нафақа ва стипендия боло нарафта, балки ҳамон андозаи қаблиро ба шаҳрвандон медодаанд.

Роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд баста шудаанд

0

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикисотн бар асари боришоти барфи зиёд хатари лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои мошингарди кӯҳии Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Дирӯз 24 феврал дар 67 клометрии роҳи Душанбе – Хуҷанд резиши тарма сабт шуд. Ва имрӯз 25 феврал дар 550 клометрии Душанбе – Хоруғ низ резиши тарма қайд гардидааст. Роҳҳои мазкур айни замон баста гардидаанд ва корҳо барои бартараф сохтани ин офати табии идома дорад.

“Барои тоза намудани роҳҳо аз барфтӯдаҳо хадамоти роҳи ширкати “IRS” ва наҷотбахшони КҲФ, ки шабонабарӯз навбатдоранд, талош ба харҷ медиҳанд.

Шабонарӯзи гузашта имдодгарони КҲФ ронандагон ва мусофирони 28 мошинро, ки дар километрҳои 65 ва 73 роҳи Душанбе – Айнӣ дармонда буданд, ба маконҳои амн интиқол доданд.”

Дар хабари Кумита омада, ки барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо дар фасли зимистон ва расонидани кӯмаки фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, наҷотдиҳандагони Кумита дар қитъаҳои гуногуни роҳҳо мунтазам навбатдорӣ мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз сокинон ва ронандагон хоста, ки дар ин рӯзҳои сарду пурбориш аз сафар ба минтақаҳои хатарноки кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Баъди Амрико Канада ҳам бархӯрди Чин бо ӯйғурҳои мусалмонро “наслкушӣ” хонд

0

Парлумони Канада бархӯрди ҳукумати Чин бо ӯйғурҳои мусалмонро “наслкушӣ” унвон кард. Чунин қатъномае дар парлумони ин кишвар рӯзи 22-феврал бо аксарияти орои вакилон қабул шуд.

Дар қатънома омада аст, ки “Дар ҳоли ҳозир, наслкушӣ алайҳи уйғурҳо ва дигар туркҳои мусалмон идома дорад”.

Гуфта мешавад, дар лоиҳаи қонуне, ки парлумони Канада қабул кард 266 узви парлумон ба тарафдории ин санад овоз доданд ва ҳеч нафаре раъйи зид надодааст. Вакилон аз мақомоти кишвар даъват карданд, масъулонеро, ки дар нақзи ҳуқуқи ақаллиятҳои мусалмон дар Чин даст доранд, таҳрим кунад.

Ин қатънома метавонад танишҳои дипломатӣ байни Чин ва Канадаро афзоиш бидиҳад. Чин дар пайи ин қатънома пас аз чанд соати қабулаш вокуниши расмӣ кард. Ба иттилои Радиои Озодӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин гуфта, ки Пекин ба Оттава номаи эътирозӣ фиристодааст.

Дар ҳамин ҳол порлумони Канада таъкид мекунад, ки дар сурати тағйир накардани шеваи бархурди Чин бо ӯйғурҳои ин кишвар бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2022 ҳам бояд дар як кишвари дигар баргузор шавад. Парлумони Канада мегӯяд, ӯйғурҳо дар Чин сахт саркӯб мешаванд.

Сафорати Чин дар Оттава бо нашри эъломияе ба ин қарори палумони Канада вокуниш нишон дода гуфтааст, ки талошҳои Канада барои пешгирӣ аз пешрафти Чин бо қабули ин қатънома, наметавонад ба натиҷа бирасад.

Чин ҳамаи интиқодҳо дар мавриди нақзи ҳуқуқи башар дар Шинҷони Чинро рад мекунад ва мегӯяд, ки Шинҷон як масъалаи дохилии ин кишвар буда, урдугоҳҳое, ки дар онҳо ӯйғурҳо нигаҳдорӣ мешаванд, заминаҳои омӯзиши касбӣ ва мубориза бо ифротгароиро фароҳам мекунанд.

Ван И, вазири умури хориҷии Чин рӯзи 22 феврал дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева даъво карда, ки ӯйғурҳои сокини Шинҷон аз озодии мазҳабӣ ва ҳуқуқи корӣ бархӯрдор будаанд.

Ин вазир ҳамчунин шеваи бархӯрди ҳукумати Чин бо ақалиятҳои қавмӣ дар Шинҷонро як “намунаи дурахшон” аз пешрафт дар заминаи ҳуқуқи башар унвон карда гуфтааст, ки акнун пас аз чаҳор сол Шинҷон “суботи иҷтимоӣ ва рушди ором”-ро ҳатто бидуни як ҳодисаи террористӣ таҷриба мекунад.

Ба гуфтаи Ван И, ҳоло ҳудуди 24000 масҷид дар Шинҷон фаъолият дорад.

Ин дар ҳолест, ки нахуствазири Канада ҳафтае пеш гуфта буд, гузоришҳоеро дар даст доранд, ки аз мавриди нақзи ҳуқуқи башар дар Шинҷони Чин нақл мекунанд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар дар бораи бештар аз як миллион ӯйғурҳо ва ақалиятҳои дигари мусалмонтабор хабар медиҳанд, ки Чин онҳоро дар урдугоҳҳое, ки ба зиндон шабоҳат доранд нигаҳдорӣ мекунад ва онҳоро кори маҷбурӣ мефармоянд.

Моҳи январ Майк Помпео, котиби давлатии ИМА дар маъмурияти Доналд Трамп, амалҳои Чин алайҳи ӯйғурҳоро “наслкушӣ” ва ҷиноят алайҳи башарият” номида буд. Ӯ он замон гуфта буд, ки ҷиноятҳо алайҳи ӯйғурҳо дар Чин идома доранд, аз ҷумла ақимсозии маҷбурӣ, ё бенаслкунӣ, шиканҷа ва ҳабси бидуни қарори додгоҳ.

Ба иттилои расонаи “Аксиос”, Иёлоти Муттаҳида аввалин кишваре буд, ки амалҳои Чин бар зидди ӯйғурҳоро наслкушӣ номид.

12,6 млн доллар кумаки навбатии Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

0

Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои таҳкими имконот дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи қишри осебпазири аҳолӣ ҳудуди 12,6 млн доллар кумаки бебозгашти иловагӣ ҷудо мекунад.

Ин миқдор маблағ илова ба кумак дар ҳаҷми зиёда аз 8,6 млн доллар барои ваксиназанӣ зидди коронавирус мебошад, ки рӯзи 11 феврал аз ҷониби Шӯрои мудирони ин Бонк тасдиқ шуда буд. Дар ин бора “Asia Plus” хабар дод.

Дар сомонаи расмии худи Бонки ҷаҳонӣ омадааст, ки аз ин маблағ таҷҳизоти зарурӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ барои муолиҷа бо истифодаи оксиген, инчунин доруворӣ барои он бо шумули дексаметазон ва дигар маводи терапевтии иҷозашуда харидорӣ мешаванд.

Ҳамчунин аз ин маблағ ба беш аз 65 ҳазор хонаводаҳои осебпазир кумаки пулии таъҷилии яквақта дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар умум аз ҷониби Боники ҷаҳонӣ 21,2 млн доллар дар доираи “Лоиҳаи вокуниши фаврӣ ба хатари COVID-19 дар Тоҷикистон”, ки моҳи апрели соли 2020 тасдиқ шуда буд, сурат мегирад. Бояд дар аввал тибқи ин  лоиҳа ба Тоҷикистон 11,3 млн доллар дода мешуд.

Қобили зикр аст, ки Бонки ҷаҳонӣ шарики дарозмуҳлати бахши тандурустии Тоҷикистон буда, то имрӯз дар соҳаи тандурустии кишвар зиёда аз 42 млн доллар сармоягузорӣ кардааст.

Раиси додгоҳ фаҳмид, ки ба порагирӣ муттаҳам шудааст, фирор кард

0

Судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Акбар Холиқзода баъд аз оне, ки бо иттиҳоми порагирӣ ба додгоҳи даъват шуд, ҳозир нашуда фирор кардааст. Нисбати ӯ, ҳоло кофтукови ҷиноӣ эълон шудааст.

Ба гузориши “Sputnik” Тоҷикистон, Акбар Холиқзода дувумин намояндаи мақомот аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст, ки баъди дастгир шудан, фирор мекунад.

Аваззода Шараф Тавар, сардори Ожонси мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд рӯзи 23 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора гуфт, “Ҳолати порагирии Акбар Холиқзода, судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор шудааст”.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, сардори ожонсии зидди фасод дар вилояти Суғд гуфта, ки бар асоси пайдо шудани далелҳои шайъӣ нисбати Холиқзода парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 319 (гирифтани пора) оғоз ва нисбаташ айб эълон шудааст, аммо дар баррасии додгоҳӣ ӯ ҳозир нашуд.

Гуфта мешавад, ки Акбар Холиқзода моҳи ноябри соли 2020 бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барканор шуд.

Акбар Холиқзода баъд аз Абдусамад Маннонзода, раиси собиқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки нисбаташ бо иттиҳоми порагирӣ парванда боз шуда буд ва ба додгоҳ ҳозир нашуда фирор кард, дуюмин нафари мансабдор дар ин ноҳияи ба ҳисоб меравад, ки баъди нисбаташон оғоз шудани парвандаи порагирӣ ба суд ҳозир нашуда, балки фирор кардаанд.

Абдусамад Маннонзода давоми солҳои 2013-2015, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.

Раҳмон дар мулоқот бо Раҳмонӣ ба татбиқи санадҳои амниятии дуҷониба таъкид кард

0

Шоми 22-юми феврал Вазири корҳои дохилии Эрон Раҳмонӣ Фазлӣ бо як сафари корӣ вориди Тоҷикистон шуд. Гуфта мешавад, ин сафар бо даъвати Рамазон Раҳимзода Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Зимни ин сафар Раҳмонӣ бо як қатор масъулини баландпояи кишвар дидору мулоқот анҷом додааст.

Бино ба иттилои расонаҳои ду кишвар вазири корҳои дохилаи Эрон ҳамчунин бо Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот анҷом дода, дар мулоқот онҳо густариши ҳаикории дуҷониба ва масъалаҳои амниятиро баррасӣ кардаанд.

Акс аз сомонаи Президенти Тоҷикистон (president.tj)

Дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз 160 санади ҳамкории дуҷониба, ки то имрӯз байни ду кишвар ба имзо расидааст ва инчунин аз Ёддошти тафоҳум оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният ёдовар шуда ва бар иҷрои фаъолонаи ин санадҳо таъкид кард.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар ин мулоқот атрофи масъалаҳои шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ суҳбат намудаанд.

Гуфта мешавад Эмомалӣ Раҳмон ва Раҳмонӣ Фазлӣ дар бораи пандемияи коронавирус ва буҳрони шадиди иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ низ ибрози назар намудаанд.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои табодули боздоштшудаҳо мулоқот карданд

0

Рӯзи 22 феврал дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд намояндагони сохторҳои интизомӣ ва марзбонии ду кишвар, Қирғизистону Тоҷикистон бо ҳам дидору гуфтугӯ намуданд.

Бино ба иттилои бахши қирғизии Раидиои Озодӣ намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар Бодканд Омурбек Суваналиев гуфта, ки вохӯрии ҷонибҳо бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон сурат гирифта, дар он табодули шаҳрвандони боздоштшудаи ду кишвар баррасӣ шудааст.

“Гуфтугӯҳо баргузор шуданд. Мо натиҷаҳоро мунтазир ҳастем. Ин масъалае нест, ки зуд ҳал шавад. Барои ҳалли баъзе аз масоил дар марз бояд аз дипломатҳо низ истифода шавад”, – менависад Радиои Озодӣ аз қавли Суваналиев.

Ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, аз аввали соли равон марзбонони тоҷик беш аз 20 шаҳрванди Қирғизистонро бо гумони убури ғайриқонунии марз дастгир кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки 22 феврал дар вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон сокинон бо талаби раҳоии 5 боздоштшудаи қирғиз аз ҷониби КДАМ-и Тоҷикистон раҳпаймоӣ карданд.

Гуфта мешавад, ин 5 шаҳрванди Қирғизистон рӯзи 16 феврал бо гумони убури ғайриқонунии марз аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуданд. Бино ба навиштаи хабаргузории қирғизии “24.kg” се нафари онҳо зодагони ноҳияи Қадамҷай ва ду нафар аз Ботканд мебошанд. Пайвандони боздоштшудаҳо гуфтаанд, то ҳол маълум нест, ки онҳо дар куҷо нигаҳдорӣ мешаванд ва аз ҳолашон хабар надоранд.

Ин шаҳрвандон ҳангоми интиқоли 900 кг металл, 2 сар гов ва 3 сар моли майда боздошт шуданд.

“Ҷанг”-и ҳукумати Тоҷикистон бо масҷид

0

Шояд танҳо дар Тоҷикистон бошад, ки ҳукумати он ба масҷидҳо, макони баргузории ибодати дастаҷамъӣ бо шакку шубҳа менигарад ва дар симову сурати ҳар як намозгузор як нафари даҳшатангез ва ҳаросафканро мебинад. Бо онки дари масоҷид, баъди таваққуфи даҳмоҳа боз шуд, назорати Кумитаи дин ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бар болои хонаи Худо ба таври бесобиқа шиддат ёфтааст.

Аз рӯи ахбор ва маълумоте, ки ба дасти мо мерасад, баҳона танҳо чораҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус нест, ки намозгузоронро дар масҷидҳо бо мушкил дучор карда бошад.

Ҳузури ходимони амниятӣ дар масоҷид, талабҳои ғайримаъмулӣ ба мисли танҳо дар соати намоз вориди масҷид бишавед ва бо хатми он филфавр тарк кунед, мӯсафедон беҳтар аст, ки ба масҷид наоянд ва дар хона намоз гузоранд, ҳар кадоме ҳатман ҷойнамози худро дошта бошед, барои таҳорату вузӯ аз попӯшҳои масҷид истифода накунед, кафшҳоятонро аз хона оваред, сачоқҳои якмасрафа истифода баред, масофаи иҷтимоиро риоят намоед ва аз ин даст дархосту дастурҳо нигаронӣ ва ташвишҳоеро миёни намозгузорон ба бор овардааст.

Як тан аз онҳое, ки дар се намози ҷумъаи баъди бозшавии масҷидҳо ширкат кардааст, мегӯяд чунин ба назар мерасад,ки мақомот дар амал муқобили омадани мардум ба масҷидҳоанд. Ва,бо вазъи як чунин шароити тоқатшикан талош карда истодаанд, ки шумори намозгузорони масҷид ҳарчи бештар кам шавад. Агарчанде ошкоро сӯҳбат кардан наметавонанд вале аз тарзи рафтору муносибати онҳо одам пай мебарад, ки онҳо аз масҷидҳо эҳсоси бим ва ҳарос мекунанд:

“Масҷиди мо аз шаш тараф бо камераҳо назорат ва наворбардорӣ мешавад. Аммо маълум нест, ки ба кадом мақсад ва бо кадом хотир сафҳои намозгузоронро дар ин намози ҷумъа ҳам наворбардорӣ карданд. Аҳли намоз ба рукуъу суҷуд мераванд,аммо як наворбардор дар даст камера ҳамаи моро ба навор гирифт”.

Бо айни чунин мазмун нома ва паёмакҳои зиёде ҳам ба мо расидааст, ки нишон медиҳад, муносибат ва муомила бо масҷидҳо дар Тоҷикистон баъди боз кардани дари онҳо тамоман тағйир кардааст.

Гуфта мешавад наворбардорӣ дар масоҷид на танҳо дар намози ҷумъа, балки “дар масҷидҳои панҷвақта ҳам идома дорад”. Коре, ки қаблан мушоҳида намешуд.

“Ҳоло агар мақсад ҷилавгирӣ аз сироят ва олудашавӣ аз КОВИД-19 бошад,наворгирии сафҳои намозгузорон барои чӣ? Дар ҳар мавъиза,ки ин чиз таъкид мешавад”.

Наворгириҳои номафҳум ва номаълум дар масҷидҳо нигаронӣ ва ташвишҳоеро миёни мардум ба вуҷуд овардааст. Дар ҳоле, ки ҳам масъулини арсаи тандурустӣ ва ҳам худи раиси ҷумҳурӣ изҳор доштанд, ки дар Тоҷикистон дигар ягон нафар бо алоими КОВИД-19 гирифтор нашудааст ва ин беморӣ дар кишвари мо маҳв шудааст, пас, сабту навори намозгузорон ба хотирӣ чӣ аст?

Яъне ин як навъ эъмоли фишори равонӣ ва эҷоди тарсу ҳарос барои намозгузорон аст? Ва, ин як навъе нишон додани мавзеъ ва мавқеъи давлатдорон аст ки намозгузорони Тоҷикистон ба унвони қишри алоҳида таҳти заррабини мақомот қарор доранд? Вале бархурди ғайритабиӣ ва номеҳрубонона бо масҷид ва аҳли намози Тоҷикистон бо ҳамин наворгирии машкук ба анҷом намерасад.

Тибқи маълумотҳои расида ва низ навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ниҳодҳои алоҳидаи давлатӣ ҳуҷуми густардаеро болои масоҷид ба роҳ мондаанд. Аз ҳамон рӯзи нахусти боз кардани дари масҷидҳо ин ниҳодҳо:- пожарка, санэпидемстансия, водоканал, горсвет, ҷамоат, танзим ва ғайра омада ҳар кадоме бо ҳар баҳона пул талаб карда истодаанд.

Идораи сӯхторхомӯшкунӣ омадааст, ки масҷид белу сатилу қуму балони махсус ва шити зиддисӯхтораш фарсуда шудааст, бояд аз нав бихарад, горсвет омдааст, ки пули барқро бигирад. Маъмури танзими ҷамоат ва ходими идораи амниятӣ барои обунаи газетаи СССР-у Минбари Халқу Ҷумҳурият ва барои таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ омадаанд.

Ҳамаи инҳо пул мепурсанд, ҳатто пешпардохт. Вале касе намегӯяд,чаро ин ҳама пулро намозгузорон ва масҷид бипардозад? Магар масҷид муваззаф аст ки барои Рӯзи Артиш ва ё ки обуна пул бидиҳад? Масҷидҳо дигар ба як майдони ҳарбу зарб, ба ақибгоҳи ҷабҳа бадал шудаанд.

Ҳоло ки саввумин хутба ва ё мавъизаи имомхатибон қироат шуд, ҳамагӣ ба тамҷиду таърифи Пешвои муаззами миллат ва танқиду тавҳини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бахшида шудааст. Касе наметавонад бипурсад, ки масҷид ба ҲНИТ чӣ нисбат дорад?

Масҷид ба Пешвои муаззами миллат, ки ҳатто боре ҳам ба ягон масҷиди кишвар рафтаву намоз нагузоридааст, чи иртибот дорад. Дуруст аст ки раиси ҷумҳурӣ аст вале тибқи қонунҳои кишвар ташкилотҳои динӣ,ки аз давлат ҷудо астанд. Магар масҷидҳо созмонҳои ибтидоӣ ва ячейкаҳои Ҳизби халқӣ-демократианд?

Масҷид рисолат ва миссияи худро дорад. Масҷид хонаи Худо ном дорад ва дар он боястӣ аз умури ислом аз масоили шаръӣ ва аз мушкилоти динӣ бояд суҳбату мавъиза кард. Вале чаро дар Тоҷикистон масҷид-макону маҳалли ибодати дастаҷамъӣ агитатсия ва пропагандаи раиси ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.

Шаш сол мешавад, ки ҲНИТ баста ва мамнӯъ аст, чаро боз ҳам ҳарфу сухани онро дар масҷидҳо ба такрор зикр мекунанд ва мардумро ҳушдор медиҳанд, ки бо онҳо напайванданд. Мардуме, ки ба масҷид барои ибодат меояд, бо Наҳзат чи кор дорад? Чаро ҳукумат аз ҲНИТ, ки дар Тоҷикистон фаъолият надорад ин қадар метарсад? Инҷо чӣ бозие ниҳуфтааст? Мақомот бо масҷидҳо чи кор карданианд?

Ҳоло аз масҷидҳо тавре баҳракашӣ карда истодаанд, ки имомхатибҳо на барои насиҳат, на барои даъват, на барои посух ба саволҳову ниёзҳои диниву шаръӣ, барои таблиғ ва ташвиқ фарози минбари пайғамбар мебароянд. Инҷо ташвиқи Эмомалӣ Раҳмон ҷойи ҳама чизро маҳдуд кардааст, гирифтааст.

Таблиғи як нафаре, ки дар тамоми тӯли фаъолияташ ҳанӯз аз оғози ба саҳнаи сиёсат омадан бо шиори “Нест бод ислом” ворид шудаву ҳамин ҳоло ҳам бо сатру ҳиҷобу риш мушкил дорад ва намози занҳо ва ҳузури ҷавонони то 18 дар масҷидро манъ кардааст, диску навори руҳониёни муътабарро аз фурӯшгоҳҳо барчид, худи онҳоро аз минбарҳо пойин овард, дари ҳазорҳо масҷидро дар саросари кишвар барбасту онҳоро ба кинотеатру ба дискоклуб табдил дод.

Садҳо, ҳазорҳо толору маҷлисгоҳҳо дар мактабҳо, донишгоҳҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, нашрияву радиову телевизионҳо камӣ кард, ки боз ӯро дар масҷид кашонида аз ӯ як санам ва бут тарошида истодаанд. Чунин ба назар мерасад, ки ҳадафи асосии боз кардани дари масоҷид ҳам ҳамин таблиғу ташвиқи Пешвои миллат ва танқиду бӯҳтон задан ба ҲНИТ ва роҳбарияти он аст.

Чун хуб медонанд, ки новобаста аз онки дар масҷидҳо умдатан кишоварзону коргарону рушанфикрон меоянд, яъне табақа ва гурӯҳҳое,ки ҳастаи ҷомеаро ташкил медиҳанд, онҷоро бояд ба шиддат таҳти фишори ҳамешагӣ қарор бидиҳанд.

Дар ҳар ҳолат масҷид як маконест, ки мардуми дорои касбу пешаи гуногун гирди ҳам меоянд, радду бадал мекунанд, аз ҷумла аз ҳукумату корҳои он ҳам мегӯянду табъан, ки аз муҳоҷирни кориву аз тоҷикони дар табъид ҳам. Аз он нигарон ҳастанд, ки инҷо таҷаммӯъи мардум бидуни ихтиёр ва даъвати онҳо ташкил мешавад.

Бо садои азон ва бо назардошти вақти намоз. Агарчанде садои азонро то ҳадди ношунавоӣ пойин кардаанд. Дар инҷо аксу тасвирҳои Пешвои муаззами миллат овехта намешавад ва дар девору пештоқи он аз вай нақли қавл намекунанд ва “Э.Ш.Раҳмон” наменависанд.

Инҳо бо оёту бо садои Аллоҳу Акбар устувор аст. Барои ҳамин алайҳи он ҷангида истодаанд, агарчанде илоҷ надоштанд, ки дари онро боз накунанд вале бидуни вақфа ва бо говзӯрӣ вориди он шудаву бо аҳли тақво дар афту дарафтанд.

Барои имомхатибони файласуфони атеист мавъиза менависанд ва ин мавъизаҳоро дар саросари кишвар паҳн мекунанд. Инҷо ҷое аст ки назорат ба таври аланӣ ва ошкоро сурат гирифта наметавоанд, мудохила мустақим анҷом дода намешавад. Барои ин кор бояд “отдел” баранд ва “подвал” фароранд.

Навор гирифтан дар масидҳое, ки ҳамагӣ бо дурбинҳои мадорбаста, бо камераҳои муосир муҷаҳҳаз шудааст, ба ҳамин хотир аст ки намозугузорон “отдел” ва “подвал”-ро аз ёд набароранд ва инки мегӯянд, ки баъди адои намоз оҷилан хонабахона шаванд ҳам ба ҳамин хотир аст: чораҳои эҳтиётӣ, чораҳои пешгирӣ.

Хавфу таҳдиди онҳо аз масҷид ин аст ки бо тамоми таҳдиду фишорҳо инҷо як каме майдон ва саҳна боз аст, чунки дар инҷо ҳарфу аввалу охир ҳарфи Аллоҳу китоби ӯ ва ҳарфи Расули вай аст. Ҳамин Пешвои миллатро ҳам тавре сифат мекунанд, ки дар сояи моликони асосии масҷид намудор бишавад.

Азбаски дар симои намозгузорҳо наметавонад як авангард ва як пайрави пешво ва як узви халқӣ-демократиро бубинанд,ба онҳо машкук ва нобоваранд. Зеро дар масҷид Пешвои муаззам нафари дигар аст. Инҷо хонаи Худо аст ва Худо аз ҳама зӯр аст. Ҷое, ки Раҳмон дар онҷо зӯргӯӣ кунад ҳам зӯр буда наметавонад.

Барои ҳамин инҷоро тавассути тамоми ниҳодҳояш таҳти назорати сангин қарор додааст. Барои ҳамин дар ҳар намози ҷумъа талош мекунад, ки номи ӯро чандин маротиба бигиранд ва аз ӯ ҳам шукр гӯянд. Аз ин ҷиҳат онҳо на танҳо бо намозгузорон,бо Худову расулаш ҳам ҷангида истодаанд. Аммо ин воқеият аст ки ҳукумати феълӣ ва бахусус худи Эмомалӣ Раҳмон ҳар ончи ёфт дар душманӣ ва нест бод ислом ёфтааст.

Ҳамин ҳоло ҳам тоҷикро террорист муаррифӣ карда ҳукумат карда истодааст, пул кор карда истодааст, ман дар хати аввали ҷабҳаи муқовамат бо терроризм  гуфта пул кор карда истодааст, шаби дароз нақшаву барнома кашида “Ансоруллоҳ” сохта пул кор карда истодааст.

Як бор шунидед, ки гуфта бошад ҲХДТ фалон кор кунад, мебандам? Не! Аммо ҳамарӯза таъкиду таъкид дорад, ки агар масҷид ину он кунад, мебандам. Зеро дар ҲХДТ азон намегӯянд, ба фарқ аз ҲНИТ ва ба фарқ аз масҷид.

Ҳукумати Тоҷикистон ва махсусан Пешвои миллат масҷидҳоро шарикони ҲНИТ ва намозгузоронро тарафдорони потенсиалии он медонанд. Шакку шубҳаи иштибоҳӣ аммо бартарафнашаванда дар мағзу шуури онҳо ва ӯст. Ва, иллати асосӣ ва аслӣ ҳам ҳамин аст ва чап гирифтани масҷид ва эълони ҷанг бо он  ҳам ба ҳамин сабаб аст.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.