Хона блог саҳифа 682

Раҳмон дар бораи хизмати ҳарбии пулакӣ гуфт

0

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 23-юми феврал дар рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тағйиру иловаҳо ба Қонуни хизмати ҳарбӣ гуфт. Дар ин сӯҳбаташ ӯ ҳамчунин хизмати пулакӣ дар ҳайати захиравиро шарҳ дод.

Раҳмон ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни хизмати ҳарбиро ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ барои мудофиаи давлат омода кардани шумораи бештари ҷавонон гуфт.

“Ҷорӣ гардидани намуди нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омӯзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст”.

Президент масъулини татбиқи ин қонунро вазифадор намуд, ки барои ташкили босифати маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ҷалби ҷавонон барои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Бар асоси қонуни нав, хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он шаҳрвандони синни даъват ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.

Дар Тоҷикистон аз соли 1993 то ба имрӯз, рӯзи 23-юми феврал ҳамчуни рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ҷашн гирифта мешавад. Ҳарчанд аз рӯзи таъсисёбии он 28 сол гузаштааст, вале шароити хизмат дар артиши ҶТ ҳамоно бад боқӣ мемонад.

Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин нафар шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳои гум шудани афсарон низ вуҷуд дорад. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби бад будани шароити хизмат аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё облава ҷавононро ба артиш сафарбар мекунад, ки ин амали мақомдорон ҳамеша мавриди баҳс қарор гирифта буд.

Чаро дар Тоҷикистон бештар аз 16 дарсади барқи истеҳсолшуда гум мешавад?

0

Хабаргузории “Авеста” ин мавзӯъро омӯхта дар матлабе навишта аст, ки Тоҷикистон дар соли 2020 маҷмӯан 19,7 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​тавлид карда. Аммо аз ин миқдор ​​3,2 миллиард кВт / соат ё 16,6% дарсади барқи истеҳсолшуда гум шуда аст.

Ширкати “Барқи тоҷик” ҳамаи ин талафоти нерӯи барқро “техникӣ” меномад, аммо коршиносон пешниҳод мекунанд, ки бояд ин арқом бодиққат тафтиш карда шавад, то талафоти тиҷориро муайян кунанд, чун аксарияти онро медузданд.

Ин дар ҳолест, ки сар карда аз 5 декабри соли гузшта дар деҳоти Тоҷикистон ғайр аз шаҳру маркази ноҳияҳо, ки биноҳои баландошёна доранд, лимити интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ ​​шуда аст. Ин тасмимро масъулон дар поин омадани сатҳи обанбори НБО “Норак” рабт доданд. Ба гуфтаи масъулон, ба хотири нисбатан сард омадани зимитони имсола об дар обанбор 4 метр камтар нисбати солҳои пешин буда аст.

Аммо бо гарм шудани ҳаво дар Тоҷикистон мақомот нагуфтанд, ки лимити барқ дар кишвар то кай давом мекунад. Аз бардошта шудани лимити барқ дар кишвар зимистони имсол як моҳ ҳам нагузашт, ки он дигарбора ҷорӣ карда шуд. Ҳатто муддати кӯтоҳе, ки мардум бо барқи доимӣ таъмин шуданд, пайваста аз ҷониби мақомоти кишвар гушзад мешуд, ки барқро сарфа кунанд ва дар акси ҳол лимитро бори дигар ҷорӣ мекунанд.

Раисҷумҳури кишвар пас аз бардошта шудани лимит гуфта буд, ки агар барқро сарфакорона истифода накунед, зарурати ҷорӣ кардани лимити барқ пеш меояд. Гарчанде захираи имрӯзаи об басандаҳам бошад. Расиҷумуҳр ин ҳушдорашро бори дигар дар паёми солинавии худ низ ба мардум гушзад карда буд. Ӯ гуфт, ки “Агар мо хоҳем, ки зимистонро бидуни мушкилот ва душвориҳо гузаронем, то ки ҳеҷ гуна маҳдудият ба миён наояд, бояд истифодаи сарфакорона ва оқилонаи нерӯи барқро дар фасли зимистон бартарӣ диҳем.”

Ин гуфтаҳои Раҳмон дар ҳоле садо медҳад, ки тӯли даҳ соли ахир чандин дафъа ваъда карда, ки “лимити барқ афсона мешавад”. Ҳатто чанде пеш эълон карда буд, ки лимити барқ пурра бардошта ва ба хотираҳо супурда шуд. Аммо ба қавле “афсонашавии лимит” худ афсона шудааст.

Аммо чуноне, ки медонем, дар ин рӯзҳои зимистонӣ сокинон аз бебарқӣ ранҷ мебранд, бо вуҷуди он 16 дарсади барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба куҷо ғайб мезанад?

Хамиджон Арипов Собиқ масъули Сарбандҳо дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба хабаргузории “Авесто” мегӯяд, талафоти 16 дарсадии барқ ин хело зиёд аст. Пешетар то солҳои 97 талафоти барқ танҳо 6-7 фоизро ташкил медод. Ин масъала бояд бо диққат омӯхта шавад.

Ӯ мегӯяд, “бояд, ки талафоти тиҷориро муайян кунанд. Дар мо одатан мегӯянд, ки талфот асосан аз ҳисоби он ки сокинон ё кадом ошхонаву ошпазҳо барқро медуздан ба вуҷуд меояд. Аммо ин ҳамаи дуздӣ нест. Ба ҳама маълум аст, ки дар мо гурӯҳи дуздон вуҷуд доранд, ки хело пулдору мансабдор ҳастанд ва онҳо дастнорасанд ва касе дар бораи онҳо намехоҳад бигӯяд. Дар мо дуздии чунинҳоро пайваста мепӯшонананд дар ҳоле, ки бештар аз дигарон барқро медузданд. Дар ҳолати хуб ва шафоф омӯхтани ин масъала мешавад ин талафотро ба маротиб кам кард”.

Бо вуҷуди ранҷи имсолаи сокинон аз бебарқӣ дар Тоҷикистон раисҷмуҳури кишвар дар паёми солонааш чизе дар ин бора нагуфт ва ҷои он озмуни фуруғи “субҳи доноӣ”-ро шарҳу баррасӣ кард. Дар ҳамин ҳол мақомоти кишва аз фурӯши барқ ба кишвари ҳамсояи Афғонистон даст накашиданд.

Ожонсии омори назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, хабар дода буд, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ кишвар ба маблағи $2,7 млн барқро ба хориҷ фурӯхтааст. Моҳи октябр бошад содироти барқ ҳудуди $2 млн.ро ташкил додааст. Тӯли ин ду моҳ дар кившар интиқоли нерӯи барқ ба сокинон танҳо дар соатҳои муаян дода мешуд. Ва ахиран ширкати барқрасони Афғонистон “Брешна” аз зиёд кардани интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба ин кишвар хабар дода буд.

Панҷ шаҳрванди Қириғистон дар қаламрави Тоҷикистон боздошт шуданд

0

Расонаҳои Қирғизистон менависанд, ки дирӯз 22 феврал дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон сокинон бо талаби раҳоии 5 боздоштшудаи қирғиз аз ҷониби КДАМ-и Тоҷикистон раҳпаймоӣ карданд.

Эътирозгарон барои мулоқот бо намояндаи Ҳукумати ин кишвар дар ин минтақа, Омурбек Суваналиев даъват карда шуданд.

Мулоқоти Омурбек Суваналиев, намояндаи Ҳукумати Қирғизистон бо эътирозгарон. Сурат: kloop.kg

Бино ба навиштаи хабаргузории қирғизии “24.kg”, рӯзи 16 феврал Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон панҷ шаҳрванди Қирғизистонро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз боздошт кард. Се нафари онҳо зодагони ноҳияи Қадамҷай ва ду нафар аз Ботканд мебошанд. Пайвандони боздоштшудаҳо гуфтаанд, то ҳол маълум нест, ки онҳо дар куҷо нигаҳдорӣ мешаванд ва аз ҳолашон хабар надоранд.

“Онҳо аз бозори чорводории воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон бармегаштанд ва дар роҳ боздошт шуданд. Аз ҷониби онҳо ягон қонуншиканӣ набуд. Дар байни онҳо маъюби гурӯҳи дуюм низ ҳаст. Мо намедонем, ки ӯ дар кадом ҳолат аст”, – гуфтанд наздикони боздоштшудаҳо ба хабаргузории қирғизии “24.kg”.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол дар расонаҳои ҳукуматии Тоҷикистон аз боздошти шаҳрвандони Қирғизистон чизе нашр нашудааст ва шарҳи расмии ҷониби Тоҷикистон низ дар ин маврид дастрас нест.

Ожонсии зидди фасод табиби КДАМ-ро боздошт кард

0

Имрӯз 23-юми феврал сомонаи расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ аз боздошти духтури дармонгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ хабар дод.

Ин шахс Мирзоев Фаридун Мунаварович ном дошта дар вазифаи духтури ҷарроҳи Шуъбачаи дармонгоҳи Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекардааст. Номбурда ба гирифтани пора дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ муттаҳам мешавад.

Мирзоев рӯзи 10 июли соли 2020 аз модари сарбоз “А”-шаҳрванд “Б” барои додани хулосаи номуносиб ба адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ, маблағи 20.000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 1.000 доллари ИМА ва 2.000 сомониро пешакӣ гирифтааст.

Ҳамчунин духтури ҷарроҳ рӯзи 22 июли соли 2020 пас аз гирифтани давоми маблағ дар ҳаҷми 8000 сомонӣ аз шаҳрванд “Б” дастгир гардид. Гуфта мешавад ин миқдор маблағ аз ҷониби кормандони Агентӣ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Дар сомонаи Агентӣ омадааст, ки нисбати Мирзоев Ф.М. бо моддаи 324 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол шудааст.

Вазири дохилии Эрон ба Душанбе омад

0

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Абдуризо Раҳмонӣ Фазлӣ вазири умури дохилии Эрон ба даъвати Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон шоми дирӯз 22 феврал вориди Душанбе шуд.

Қарор аст, имрӯз вазири умури дохилии Эрон бо як қатор масъулони баландпояи кишвар дидору мулоқот кунад.

Бино ба навиштаи расонаҳои тоҷикистонӣ Фазлӣ бо Президент Раҳмон низ мулоқот хоҳад кард. Дар назар аст, ки ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо ҷинояткориро баррасӣ мекунанд.

Равобити дипломатии Тоҷикистону Эрон пас аз соли 2015 сард гардида буд, аммо ду соли ахир муносибатҳои Душанбеву Теҳрон рӯ ба гармӣ ниҳодааст.

Раҳмон барои гузаронидани се озмун наздики 8 млн сомонӣ маблағ ҷудо кард

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои баргузории се озмун дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ фармон имзо кард. Дар ин бора “Avesta” бо такя ба Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии Президент, ба ифтихори 30-умин солгарди истиқлолияти кишвар озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” ва “Илм- фурӯғи маърифат” эълон мегардад.

Ҳамчунин зимни имзои ин фармонҳо Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдори давлатӣ супориш додааст, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар мусобиқаҳоро дар сатҳи баланд баргузор намоянд.

Ба Вазорати молия супориш дода шуд, ки барои озмуни “Тоҷикистон-Ватани Азизи Ман” 2 миллиону 540 ҳазор сомонӣ, барои озмуни “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” 2 миллиону 835 ҳазор сомонӣ ва барои озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” 2 миллиону 345 ҳазор сомонӣ ҷудо кунад.

Дар маҷмӯъ барои баргузории се озмун 7 миллиону 720 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Назорати иҷрои ин фармонҳои Президент ба зиммаи сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода вогузор шудааст.

Эмомомалӣ Рамҳон имсол ҳангоми ироъаи паёми солонааш қисме за суханрониашро ба ҳамин озмуни фуруғи субҳи доноӣ бахшида буд. Чизе, ки дар замони ҷой доштани мушкилоти зиёде дар ҷомеъа ва чашмпӯшии Раҳмон аз ону ҷояш пардохтан ба баррасии озмуни телевизионие боиси вокуниши фаъолон шуда буд.

Дfр шарҳи ин қазия коршинон сорбон Азимӣ гуфт, ки Таъминоти нерӯи барқ ба аҳолӣ аз мушкилтарин масъалаи соли ҷории ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Чаро, ки то ин андоза ба сарнавишти мардуми худаш  бетафовут ва бефарқ аст, ки барои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” батафсил сӯҳбат ва ҷузъ, ҷузъ баррасӣ кард. Гӯё мушкил ва кори асосии раиси давлат ҳамон буда бошад. Аммо масъалаи инро, ки чаро бо ин ҳама сохтусозҳо ва бо кордарории 2 чархаи Роғун ҳоло ҳам мардум азоби бебарқӣ мекашадрочизе нагуфт.

Чаро Тоҷикистон кумакҳои ИА-ро мегираду тавсияҳояшро не?

0

Дар торихи 19-уми феврал миёни Тоҷкистон ва Итттиҳоди Аврупо аз тариқи маҷозӣ нишасте сурат гирифта, ки дар он робитаҳои густурдаи ду ҷониб, аз кумакҳо дар замони COVID-19 сар карда, то вазъи ҳуқуқи башару интихоботҳои порлумониву президентӣ ва ислоҳи қонунгузориҳо баррасӣ шудаанд.

Ҷаласаро аз ҷониби ИА Аугушто Сантос Силва, вазири умури хориҷии Португалия ва аз ҷониби Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин раҳбарӣ кардаанд.

Ба иттилои Комиссиюни Аврупо, дар соли 2020 ИА Тоҷикистонро ба миқдори 112 миллион доллар кӯмак кардааст, то ин маблағ ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф равона шаванд. Радои Озодӣ ношири хабар навишта, ки барномаи сабти асноди шаҳрвандӣ, коҳиши оқибатҳои бади коронавирус ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон аз самтҳое будаанд, ки бояд ин маблағҳо ба он равона мешуданд.

Бар изофаи ин ИА Тоҷикистонро боз ба маблағи 46,4 миллион еврои дигар ҳамчун кӯмаки иловагӣ барои ҳалли мушкилоти аввалиндараҷа дар давраи пандемияи коронавирус кумак кардааст.

Мақомоти тоҷик дар ин ҷаласа аз Иттиҳоди Аврупо барои ҳамаи ин кумакҳои молӣ дар давраи буҳрони коронавирус сипосгузорӣ кардаанд. Аммо вазъи ҳуқуқи башар ва баргузории интихоботҳои Тоҷикистон ҳанӯз бад боқӣ монда. ИА даъват мекунад, ки Тоҷикистон эътибори дастовардҳоро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, аз ҷумла иштироки сиёсӣ баланд бардорад.

Даъвати ИА бо такя ба гузоришҳои ниҳоии ҳайатҳои САҲА, Дафтари инистутҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, оид ба арзёбии интихоботи парлумонӣ ва президентии соли 2020 аз Тоҷикистон гирифта шуда аст. Дар ин гузоришҳо раванди умумии ҳарду интихоботи Тоҷикистон дар соли 2020 мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Бино ба хулосаи ин гузоришҳо, ин маъракаҳои сиёсӣ боиси эҷоди як ҳукумати худкома ва фазои маҳдуди сиёсӣ ва бидуни оппозитсия гашт. Интихоботи парлумонӣ ҳам аз президентӣ беҳтар набуд ва тибқи гуфтаҳо дар ин гузоришҳо, аз интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳамчун ноозод ва хилоф бо меъёрҳои демократӣ ва набуди алтернативаи воқеӣ интиқод шудааст. Интихоботи президентии 11 октябр бошад “бидуни алтернативаи воқеӣ” номида шуд.

OSCE/ODIHR, дар гузорише, ки 29 январи соли 2021 вобаста бо интихоботи президентии Тоҷикистон нашр кард, мегуяд:

“Интихоботи президентӣ дар фазои таҳти назорати шадиди мақомоти давлатӣ баргузор шуд ва фазои интихоботӣ баёнгари маҳдудиятҳои дарозмуддати ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдӣ, аз ҷумла, озодии маҷлис, бан, матбуот, озору пахши садои мухолифон баргузор шуд”.

Дар хулосаи OSCE/ODIHR омадааст, ки “барои овоздиҳандагон ҳеҷ як алтернативаи воқеӣ пешниҳод нашуд” ва “қонун президенти амалкунандаро дар мавқеи бартариятдошта нисбат ба дигар номзадҳо гузошта буд”.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон Раҳмонро бо қабули қонуни пешво аз салоҳияту ҳуқуқҳои хос бархурдор кард, ки чунин ҳуқуқро ҳиҷ шаҳрванди дигар ҳатто дар сурати раисҷумҳур шудан ҳам нахоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол талошҳои Тоҷикистон барои кумак дар барқарории сулҳи Афғонистон, нақши “созандааш дар СММ дар масоили дипломатияи об ва тағйри иқлим” ислоҳот дар бархе аз соҳаҳо, аз ҷумла, машваратҳо дар доираи Кодекси нави андоз , ба зарурати пешрафт дар фазои соҳибкорӣ ва ҷалби сармояҳо аз ҷониби Брюссел истиқбол шуда аст.

Талоши ҷорӣ кардани муҷозот дар Кодекси ҷиноӣ дар заминаи хушунати хонаводагиро низ ИА истиқбол кардааст. Ин масъала яке аз доғтарин мушкилоти соли 2019 буд , бино ба арзёбиҳои Human Rights Watch “аз ҳар панҷ зан дар Тоҷикистон як нафараш хушунат мебинад”.

Аммо нуктаи асоси ин нишаст он буда, ки дар сурати пешрафти Тоҷикистон “дар ҳалли мушкилоти бисёр муҳим” ин кишвар метавонад ба барномаи имтиёзноки Иттиҳоди Аврупо бо номи GSP+ пазируфта шавад.

Абдумалик Қодиров ба Радиои Озодӣ чи будани GSP+ ро шарҳ дода мегуяд, ки GSP+ ё худ Низоми умумии имтиёзҳо ҳангоми содир кардани молу коло ба кишварҳои аврупоӣ” – механизми содаест, ки мегӯяд: “агар Тоҷикистон мехоҳад, ки фоида гирад, пас ҳукумати он бояд ба ҳуқуқи шаҳрвандонаш эҳтиром гузорад, бо фасодкорӣ муборизаи беамон барад, шароит барои соҳибкориро беҳ кунад”.

“Вале савол ин ҷост, ки то куҷо ҳукумати Тоҷикистон қодир аст дар амал ин шартҳоро пиёда созад (дар коғаз, албатта, ҳама чиз иҷрошаванда аст). Махсусан дар самти риояи ҳуқуқи инсон, озод кардани маҳбусҳои сиёсӣ, муборизаи воқеӣ бо фасодкорӣ. Оё хостаҳои роҳбарияти кишвар барои беҳсозии муҳити соҳибкорӣ метавонад муқобилияти шадиди лашкари фасодкоронро шикаст диҳад? Таърихи то ба имрӯзи Тоҷикистон ба ин савол ҷавоби манфӣ медиҳад”, – гуфт Абдумалик Қодиров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи дипломатҳои урупоӣ чунин ҳамоишҳо ҳар соле се маротиба дар сатҳи вазирони хориҷаи ду тараф баргузор мешавад. Иттиҳоди Аврупо аз шарикони муҳими Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, аз солҳои 2014 то 2020 Тоҷикистонро 227 миллион евро кумак кардааст ва ин маблағҳо ба бахшҳои маориф, беҳдошт ва рушди деҳот равона шудаанд. Аммо то куҷо Тоҷикистон дар сарфи ин маблағҳо шаффоф буда, маълум нест, чун оморе дар сарфи кумакҳоро дастраси ҷомеъа намекунад.

Беш аз 36 млн $ кумаки Бонки ҷаҳони барои беҳтар сохтани кори НБО “Норак”

0

Бонки ҷаҳонӣ барои беҳтар гардидани кори нерӯгоҳи барқи обии “Норак” 36,5 миллион доллар маблағи иловагӣ ҷудо мекунад. Ин маблағҳо ба амалисозии марҳилаи дуюми тавонбахшии неругоҳ равона мегарданд. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо такя ба манбааш аз Ҳукумати кишвар хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин ибора Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмиллалии рушд соли гузашта ба имзо расида буд. Ва чанде пеш санади мазкур барои тасдиқ ба парлумони Тоҷикистон пешниҳод шуд.

“Татбиқи марҳилаи I лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи Норак бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ ($225,7 млн), Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ ($60 млн) ва Бонки аврусоёии рушд ($40 млн) моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд”, омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, марҳилаи дуюме, ки 36,5 млн доллар барои он ҷудо шудааст, барои таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таҷҳизоти ёрирасони нерӯгоҳ дар назар гирифта шудааст.

Марҳилаи якуми лоиҳа аз 4 қисм – иваз кардани 3 агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, инчунин автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 220/500кВ) ва таъмини бехатарии сад иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ шудааст.

Бино ба навиштаи “Азия-Плюс”, маблағи умумии таҷдиду навсозии нерӯгоҳи “Норак” 700 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад.

“Дар маҷмӯъ, то имрӯз барои маблағгузории лоиҳа 326,9 млн. доллари америкоӣ ҷалб гардидааст, ки аз он 169 миллиону 134 ҳазор доллар – қарз ва 57 миллиону 800 ҳазор доллар гранти Бонки ҷаҳонӣ, 60 миллион доллар қарзи Бонки осиёгии сармоягузории инфрасохторӣ ва 40 миллион доллар қарзи Бонки авруосиёгии рушд мебошад”.

Додситони Арнсберги Олмон муноқишаи блогеронро ба “Аздо тв” шарҳ дод

0

“Аздо тв” рӯзи 17 феврал барои таҳқиқ ва шарҳи бештари хабари муноқишаи блогерони тоҷики муқими Олмон ба пулиси шаҳри Дортмунд тамос гирифта буд ва онҳо барои гирифтани посух ба Додситони Арнсберг ҳавола карда буданд, рӯзи 21 феврал Додситони Арнсберги Олмон дар як паёми катбӣ ба пурсишҳои “Аздо тв” посух дод.

Томас Погел, сухангӯи Додситони Арнсберги Олмон навишт, ки парванда алайҳи 4 нафаре боз шуда, ки дар расондани осеби шадиди ҷисмонӣ гумонбар ҳастанд. “Сабаби сарзадани низоъ дар натиҷаи рӯбарӯ шудани ду ҷониб ба хотири нашри навор будааст. Баъд аз бозпурсӣ гумонбарон озод шуданд, аммо таҳқиқот идома дорад”.

Сухангӯи Додситони Арнсберги Олмон номи нафароне, ки бар зиддашон парванда боз шудааст, нагуфт.

Ёдрас мекунем, ки шаби 17 феврал дар шаҳри Соести Олмон байни чанд блогери тоҷик ҷанҷол сар зад, ки дар натиҷа он ба хушунат ва истифода аз силоҳи осебзо ё тапончаи газӣ анҷомид.

Блогер бо номи “Boroda TJ” дар наворе иддао кард, ки Сулаймони Орзу писари Муҳаммадкарими Орзу – узви аршади ҲНИТ ва блогери дигар бо номи “Абдураҳмон-09” ҳамроҳ бо чанд ҷавони тоҷики дигар бо ӯ муноқиша намуда, аз пушт ба гарданаш аз силоҳи осебзо тир холӣ кардаанд.

Худи ҳамон шаб пулис ҳамаи ширкаткунандагони муноқишаро, ки 8 нафар буданд, боздошт кард.

Муноқиша аз онҷо сар зада, ки блогери 35-сола ““Boroda TJ”, ки номи аслияш Музаффар Давлатов зодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аст, дар наворе иддао мекунад Сулаймони Орзу нисбати ӯ таҳқиру бадгӯӣ кардааст ва ӯ барои ҳалли ихтилофашон Сулаймонро ба вохурӣ ё “разборка” даъват карда ҳузури ҳатмии ӯро низ шарт мегузорад.

Блогер Музаффар Давлатов дар он навор мегӯяд, ки Сулаймони Орзу ӯро дурӯғгӯ ва дурӯя номида, ҳамчунин чанд таҳқири дигарро низ нисбаташ раво дидааст. Аз гуфтаҳои Давлатов чунин бармеояд, ки Сулаймон ӯро пас аз бозгашташ аз Тоҷикисон ба дуруғгӯӣ муттаҳам намуда, ки аз шароити бади кишвар бардурӯғ таърифу тавсиф мекунад.

Дар пайи ин муноқиша як торнамои олмонӣ “soester-anzeiger.de” дар ин бора навишта, ки шаби чоршанбе (17 феврал) дар шаҳри Соест назди як филиали бонки “Sparkasse” чанд нафар занозанӣ кардаанд, ки пулис ҳамаи онҳоро боздошт кард.

Бино ба иттилои ин торнамо, пулисро дар бораи ин ҳодиса соати 1:41 дақиқаи шаби чоршанбе хабар додаанд, ки дар назди бонки Шпаркассе байни ҳашт мард муноқиша ба вуҷуд омадааст.

Дар хабари ин торнамои олмонӣ гуфта шуда, аз 8 нафаре, ки дар ин занозанӣ ширкат доштанд, танҳо яке аз онҳо сокини шаҳри Соест будааст ва 7 нафари дигари онҳо аз шаҳрҳои Бергкамен, Кирспе, Гуммерсбах, Дюсселдорф ва дигар шаҳрҳои вилояти Рейн-Вестфалияи Шимолӣ омадаанд. Ва пулис муайян карда, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Барои шарҳи ин қазия “Аздо тв” аз блогер Музаффар Давлатов (Boroda TJ) назар пурсид, ӯ гуфт, ки ҳолаташ хуб нест ва нахост дар ин бора сӯҳбат кунад, танҳо гуфт, ки кори пулис ҳоло идома дорад ва мунтазири қарори додгоҳ мебошад.

Аммо дар як навори видеоӣ ӯ гуфт, ки пулис ба онҳо дастур дода, ки тарафҳо бо ҳамдигар наздик нашаванд ва дар акси ҳол ҳар кадом барои 4 сол аз озодӣ маҳрум мешавад.

Иштирокчии тарафи дигар блогер Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар Ютуб бо номи “Абдураҳмон-09” шинохта мешавад, қазияро ба “Аздо тв” шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар муноқишаи шаби чоршанбеи гузашта Музаффар Давлатов танҳо набуд, (чуноне, ки ӯ мегӯяд танҳо ба берун баромадааст), балки се нафари дигарро низ ҳамроҳ дошт ва баъзеи онҳо бо худ корд низ доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати Олии ҲНИТ зимни нашри баёнияе, муноқишаи хушунатомез байни блогерони тоҷик дар Олмонро шадидан маҳкум намуд ва таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз онҳо рабте ба ҲНИТ надоранд.

“Дар фазои маҷозӣ шахсиятҳои гуногуне мустақилона амал мекунанд ва мубориза бар зидди зулму беадолатиро ҳаққи худ медонанд, аммо аксарияти онҳо ба наҳзат рабте надоранд ва масъулияти амал ва гуфтаҳои онҳо бар души худашон аст.

Ногуфта намонад, ки робитаҳои хешовандӣ ва шахсии инсонӣ наметавонад муайянкунандаи  робитаи сиёсии афрод ва рабти онҳо ба ҳизбу гурӯҳҳои мухталиф бошад”, омадааст дар баёнияи расмии ҲНИТ.

С. Ятимов барои бозпас гардонидани муҳоҷирон бо намояндагони аврупоӣ мулоқот кард

0

Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо ҳайати баландпояи Хадамотҳои марзбонӣ ва кор бо муҳоҷирини Иттиҳоди Аврупо: Анджей Якубшек — директори раёсати кор бо шаҳрвандони хориҷии мақомоти марзбонии Лаҳистон (Полша), Лоте Лавиня ван дер Маде — мудири бахш оиди ба бозпасгардонӣ ва Эдита Скибинска — масъули аршади тамос оид ба бозпасгардонӣ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доштаанд, мулоқот намудааст.

Ин мулоқот рӯзи 18-уми феврал дар Душанбе баргузор гардид. Дар ин бора сомонаи ҳукуматии “Ховар” хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ахиран барои бозпас гардонидани муҳоҷирон дар Иттиҳоди Аврупо зерсохтори алоҳида бо таъйини намояндаи махсус дар самти Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст.

Бино ба иттилои ин сомона дар ин мулоқот бештар дар масъалаҳои суръат бахшидан ба раванди бозпасгардонии шаҳрвандони тоҷик ба Ватан, ки гӯё дар давлатҳои Аврупоӣ ғайриқонунӣ сукунат дошта, хатари муайянро барои ҷомеаи аврупоӣ эҷод менамоянд гуфтушунид сурат гирифтааст.

Мисли ҳарвақта С.Ятимов талош намудааст то таваҷҷӯҳи ҳайати аврупоиро ба фаъолияти ҲНИТ, ки бештари аъзоёнаш дар давлатҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд, ҷалб намояд.

Ӯ дар ин мулоқоташ гуфта, ки гӯё баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон зери шиорҳои дурӯғин, бо баҳонаҳои бофта ва бо асноди қалбакиву сохта дар кишварҳои аврупоӣ соҳиби мақоми паноҳандагӣ шуданианд. Аммо дар ин хабар аз шахсони муайяне ном бурда нашудааст.

Ҳамчунин “Ховар” менависад, ки Ятимов ба намояндагони ИА маълумот ва далелҳоро оиди ҷиноятҳои содиркардаи фаъолони ҲНИТ пешниҳод намудааст.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо ба ин хулоса расидаанд, ки ҳамкории муштаракро дар самти ошкор, дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод намудани унсурҳои ҷиноятӣ, инчунин пешгирии воридшавии ғайриқонунӣ ба Аврупо тавсеа мебахшанд.

Меҳмонон аз ИА ҳамчунин бо роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дохилӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ мулоқот намуда, масъалаҳои ҳамкорӣ бо ин ниҳодҳо низ баррасӣ гардид.

Ба назари коршиносон Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла КДАМ талош доранд то мухолифини дар хориҷбудаи худро бо кадом роҳе набошад ба Ватан баргардонанд.

Огаҳони умур мегӯянд, Ятимов бо сафару мулоқотҳое, ки анҷом дода истодааст мехоҳад муҳим будани худашро ҳамчун кадрӣ давлатӣ дар назди Эмомалӣ Раҳмон нишон диҳад.

Ахиран раиси КДАМ ба Афғонистон сафар намуда буд. Баъд аз сафари ӯ дар як нишасти матбуотӣ вуҷуди бахши низомиёни наҳзатӣ дар Афғонистон аз ҷониби Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон садо дод. Ин иддаои мақомдори афғонро масъулини ҲНИТ дар як баёнияе рад намуданд.