6.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 69

Ҷоизаи Нобел ҳаққи кист, Трамп ё Раҳмон?

0

Пас аз оғози даргириҳо миёни Эрону Исроил давлати Покистон ба таври расмӣ Доналд Трамп, расиҷумҳури Амрикоро барои дарёфти Ҷоизаи субли Нобел пешниҳод кард.

Ҳукумати Покистон гуфт, ба хотири “нақши Трамп дар ҳаллу фасли баҳсҳои ахири миёни Ҳиндустон ва Покистон, инчунин миёнаравӣ дар масъалаи оташбас байни Исроилу Эрон” ба дарёфти ин ҷоиза пешниҳод кардааст.

Вазири дифои Покистон Хоҷа Асиф изҳор дошт, ки Трамп барои талошҳояш дар пешгирии низоъ миёни ин кишварҳо сазовори чунин ҷоиза мебошад. Бархе таҳлилгарон дар Покистон бар ин бовар буданд, ки шояд ин иқдом Трампро водор созад, дар ҷанги Исроил ва Эрон ворид навашд ва ин тасмимашро бозбинӣ кунад. Аммо ин иқдом ҳам натавонист пеши вуруди Амрико ба ин ҷангро бигирад.

Бояд зикр кард, ки Трамп дар чанд маврид изҳор доштааст, ки орзӯи дарёфти Ҷоизаи Нобел барои сулҳро дорад.

Аммо, баъди паҳн шудани ин хабар, саҳифаи “Паёми Душанбе” — марбут ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо пахши як навишта изҳор дошт, ки “Ҷоизаи сулҳи Нобел ҳаққи ҳалоли” Эмомлаӣ Раҳмон аст. Ин расонаи ҳукуматӣ Эмомлиро “Пешвои сулҳофар” хонда, сазовори ин ҷоиза донистааст.

Ин навишта баҳси зиёдеро миёни корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Яке аз ҷонибдорони Эмомалӣ Раҳмон бо номи Юсуф Талабов дар зери он чунин шарҳ додааст:
“Агар дар дунё адолат мебуд, Пешвои миллати мо мебоист боз соли 1997 барои барқарор кардани сулҳи тоҷикон соҳиби Ҷоизаи Нобел мегашт. Танҳо дар соҳаи сулҳ не, балки пешниҳодҳои арзандаи Пешвои муаззам дар бахшҳои муҳити зист, оби тоза ва дигар самтҳо низ шоистаи қадрдонӣ мебошанд. Агар ин хидматҳоро як сиёсатмадори ғарбӣ анҷом медод, бешубҳа, соҳиби чандин ҷоиза мешуд.”

Корбари дигаре навиштааст: “Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои мо лоиқи Ҷоизаи Нобел мебошад.”

Дар ҳамин ҳол, Илҳомҷон Яқубзода — яке аз мухолифони ҳукумат — дар саҳифаи худ ин пешниҳодро “Рашки Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп” хондааст. Ӯ навиштааст: “Эмомалиро, ки 28 сол қабл маҷбур карданд то созишномаи сулҳи тоҷиконро имзо кунад, то имрӯз ягон мақом барои Ҷоизаи Нобел пешбарӣ накардааст. ҲНИТ ва ду созмони дигар ҳамаи ҳуҷҷатҳои ҷиноятҳои Раҳмоновро ба Додгоҳи байналмилалии Ҳага ирсол намуданд. Агар ҷоизае ҳаст, пас ин ‘ҷоиза’ ба ҷавобгари кишондани ӯст.”

Корбари дигар бо номи Муҳаммади Муҳиддин бо шеваи танзомез навиштааст:
“Ҷоизаи Нобелӣ ба ин ду ‘наҷотдиҳандаи’ сайёра камӣ мекунад! Бояд ҳамроҳ бо ҷоизаи Оскар тақдим шавад. Бо ‘маҳорати’ боло бо номи СУЛҲ мардумфиребӣ мекунанд.”

Инчунин рӯзноманигор Орзу Исоев низ дар ин маврид ибрози назар кардааст. Ба гуфтаи ӯ:
“Сулҳ бояд худ мақсад бошад, на воситаи ба даст овардани ҷоиза. Агар сулҳ ба хотири ҷоиза офарида шавад, на ба хотири оромии мардум — он арзише надорад. Намешавад бе ҷоиза сулҳ барқарор кард? Агар ҳадаф ҷоиза бошад, на тақдири инсоният — ҳаром бод ин шаҳд бар коми ҷоизаҷӯён!”

Дар Маскав як марди 31-сола ба кӯдаки 2-солаи муҳоҷир ҳамла кард

0

Шоми 23-уми июни соли ҷорӣ, дар фурӯдгоҳи “Шереметево”-и Маскав як шаҳрванди 31-солаи Беларус, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ба кӯдаки дусолае ҳамла кардааст.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳо нашр шудаанд, дида мешавад, ки ин мард дар минтақаи гирифтани бағоҷ ба кӯдак наздик шуда, ӯро ба боло мебардораду ба замин мепартояд, ки дар натиҷа сари кудак ба замин зада аз ҳуш меравад.

Табибони фурӯдгоҳ ба кӯдак ёрии аввалия расонда, ӯро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба маркази клиникии кӯдаконаи “Рошал” бурданд. Табибон дар кӯдак осеби пӯшидаи мағзи сар, контузияи мағзи сар ва шикастани сутунмӯҳра ва устухони косахонаи сар ташхис кардаанд ва ҳоло ӯ дар кома қарор дорад.

Оилае, ки кӯдак ба он тааллуқ дорад, муҳоҷирони афғонанд, ки дар шаҳри Москва зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз сафарашон ба Эрон, ки дар он ҷо ба зиёрати хешовандон рафта буданд, бармегаштанд.

Аз гумонбар Владимир В ном бурда мешавад, ӯ баъд аз як моҳ кор дар Қоҳира ба Маскав баргаштааст. Пеш аз ҳодиса, ӯ ҳашишро, ки аз Қоҳира харидорӣ намуда будааст, истеъмол намуда, онро бо се шишаи вискӣ дар фурӯдгоҳ нӯшидааст. Вақти бозпурсӣ ин мард ангезаи амалашро фаъмонда натавонистааст.

Инчунин тафтишот муайян кардааст, ки қаблан Владимир В. дар ватани худ барои муомилоти маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шудааст.

Кумитаи тафтишотии вилояти Москав нисбати ин шаҳрванди Беларус бо иттиҳои сӯиқасд ба куштор парвандаи ҷиноӣ боз карда, ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.

Сафари Раҳмонов ба Бадахшон ва ҷашни “Ваҳдат”

0

Президенти худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25-уми июн сафари кориашро аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз кард.

Бино ба иддаои маркази матбуоти Президент, ҳадафи сафари Раҳмонов шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, назорат аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ, иштирок дар ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ифтитоҳи чанд иншооти иҷтимоиву инфрасохторӣ буда, он се рӯз идома хоҳад кард.

Раҳмонов сафарашро аз ноҳияи Ванҷ оғоз карда, ӯро мисли ҳамеша боҳашамат пешвоз гирифтанд.

Раисҷумҳури худкомаи кишвар роҳи автомобилгарди 16 километриро аз маркази ноҳияи Ванҷ то пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе – Кӯлмаро мавриди истифода қарор дода, супориш додааст, ки 3 километр роҳҳои дохилишаҳрии ноҳияро низ таҷдид кунанд.

Тавре аз мақомоти маҳаллӣ хабар додаанд, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ванҷ сохтмони 140 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 90-тои онҳо пурра сохта ва мавриди истифода қарор дода шудаанд. Мақомот иддао дорад, ки ин иншоотҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар шудани шароити кор ва сатҳи хидматрасонӣ ба аҳолӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунанд.

Бояд гуфт, Раҳмонов аз дигар минтақаҳои ВМКБ низ дидан хоҳад кард ва дар рӯзи охири сафараш, яъне 27-уми июн ба шаҳри Хоруғ рафта, дар ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок хоҳад кард.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки режими Раҳмонов соли 2015 тарафи дуюми созишномаи таърихии сулҳи миллӣ — Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар кишвар мамнуъ эълон намуда, роҳбарон ва даҳҳо узви онро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Илова бар ин, дар солҳои 2021–2022 ҳукумат эътирозҳои осоиштаи шаҳрвандонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — минтақае, ки имрӯз президент он ҷо қарор дорад, бо зӯр саркӯб намуда, чандин сокинони осоиштаро кушта, садҳо нафарро боздошту ба маҳбас андохтаанд.

Қатъи ҳамкории Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ

0

Намояндагони Маҷлиси шӯрои исломӣ дар Эрон рӯзи 25-уми июн “Тарҳи таълиқи ҳамкорӣ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ”-ро тасвиб карданд.

Тавре расонаҳои эронӣ хабар медиҳанд, Муҳаммалбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии ин кишвар эълом карда, ки Созмони энержии атомии Эрон то “замонати амнияти таъсисоти ҳастаӣ”-ро ба даст наорад, ҳамкории худ бо Ожонси байналмилалии атомиро муваққатан қатъ мекунад.

Гуфта мешавад, ин тарҳ бидуни раъйи мухолифи намояндагони Маҷлиси исломии Эрон ба тасвиб расид. Бар асоси ин тарҳ давлати Эрон муваззаф шудааст то замоне ки “риояти комили ҳуқуқи ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзӣ”-и Эрон ва инчунин “таъмини амнияти марказҳои ҳастаӣ” сурат нагирад, ин ҳамкорӣ “ба таълиқ” андохта шавад.

Намояндагони Маҷлис таъкид мекунанд, ки барномаи “сулҳомез”-и ҳастаии Эрон бо “суръати бештаре” пеш хоҳад рафт.

Бар асоси ин тарҳ, акнун насби ҳаргуна дурбинҳои назоратӣ барои контрол ва назорати фаъолияти ҳастаии Эрон аз ҷониби Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мамнуъ хоҳад шуд. Низ ин тарҳ вуруди бозрасон ва маъмурони ОБЭА-ро ба Эрон барои назорати раванди фаъолияти энержӣ мамнуъ мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ хостори азсаргирии ҳамкории Эрон бо Ожонс шуд.

Аз сӯи дигар бархе кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ дар ҳоли ҳамкорӣ накардани Эрон дар барномаи ҳастаияш бо ОБЭА ҳушдор додаанд. Рӯзи сешанбе намояндаи кишвари Фаронса дар Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дода, ки дар ҳоли адами тавофуқи ҳамкории Эрон Фаронса ва дигар кишварҳои аврупоӣ омодаи фаъол кардани механизми бозгардонидани таҳримҳои СММ алайҳи Эрон ҳастанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Амрико чанд рӯзе пеш эълон кард, бо ҳамлаи ҳавоӣ ба таъсисоти ҳастаии Фордо, Натанз ва Исфазон тавонист пурра барномаи ҳастаии Эронро аз байн бибарад. Ва ҳамчунин Исроил низ иддао кард, ки бо аз байн бурдани чандин донишманди ҳастаии Эрон тавонист барномаи ҳастаии ин кишварро аз байн бибарад ва ё ҳаддиақал онро ба чандин моҳ ба қафо партояд.

Вокуниши Тоҷикистон ва тоҷикон дар ҳамлаи Исроил ба Эрон чӣ гуна буд?

0

Ҳамлаи Исроил ба Эрон вокунишҳои зиёдеро дар дунё ба вуҷуд овард ва ахбори соат ба саоти ин ҳодиса дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт.

Ҳамлаи ногаҳонии Исроил ба Эронро, ки боиси кушта шудани даҳҳо донишмандони ҳастаӣ ва мақомоти баландпояи нерӯҳои низомии ин кишвар гашт, аксар кишварҳо ва гурӯҳҳои мухталиф ба шиддат маҳкум кардарнд ва онро таҷовузи Исроил ба тамоми қавонини байналмилалӣ хонданд.

Аммо дар ин миён мавзеъгирии Тоҷикистон ва мухолифони он чӣ гуна буд ва оё вокуниш карданд ё на, дар ин матлаб ба посухи ин суолҳо пардохта мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон ба сифати шарики стратегӣ ва доштани робитаҳои дипломатӣ аз ҳамон рӯзҳои аввал ҳамлаҳои Исроил ба Эронро маҳкум кард. Ва дар як баёнияи дигар Вазорати хориҷии Тоҷикистон таҳоҷумии ҳавоии Амрико ба иншооти ҳастаии Эронро низ “бо қатъият маҳкум” намуда, талаб кард, ки танҳо музокира роҳи ягона ва дурусти ҳалли ин буҳрон аст.

Аммо дар байни гурӯҳҳои мухолифин аз аввалинҳо шуда, “Гурӯҳи 24” – яке аз созмонҳои сиёсии мухолифи давлати Тоҷикистон, ки дар Аврупо фаъолият мекунад, ҳамлаҳои низомии Исроил ба муқобили Ҷумҳурии исломии Эронро “таҷовуз” хонд ва гуфт: “Ин амал ҳамчун таҷовуз ба ҳудуди як кишвари соҳибихтиёр, поймол кардани ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои асосии ҳамзистии осоишта арзёбӣ мешавад”.

Аммо, бо инки ҷанги Исроилу Эрон қариб ду ҳафта тӯл кашид ва дар сархати расонаҳо қарор дошт, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – ҳизби умдаи мухолифони тоҷик, ки низ дар Аврупо фаъолият мекунад, ҳеҷ вокунише нишон надода ва сукут ихтиёр кард. Сукути ин ҳизб аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои ҷонибдори Эрон сахт интиқод шуд. Аз ҷумла, онҳо мегуфтанд, ки ҲНИТ дар ҳоле сукут ихтиёр кардааст, ки дар замони ҷанги дохилии даҳаи навад таҳти сарпарастӣ ва ҳимояти Эрон қарор дошт ва яке аз далоили сардии равобии давлати Тоҷикистон бо Эрон дар чанд соли пеш даъвати раиси ин ҳизб барои ширкат дар як ҷаласаи байналмилалӣ буд, ки Теҳрон доир кард.

Аммо дар робита ба ҷанги Исроилу Эрон баҳсҳои гарму доғтаре дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фазои маҷозии тоҷикон дар ҷараён буд. Чуноне ба мушоҳида мерасад, аксарияти фаъолони ҷомеаи маданӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шурӯъи ҷанг аз тарафи Исроилро маҳкум карда, онро кишвари мутаҷовиз, вале ҳимоят аз қаламрав ва ҳамлаҳои ҷавобӣ аз сӯи Эронро ҳаққи мусаллами ин кишвар хондаанд.

Алӣ Ализод, як корбари шабакаҳои иҷтимоӣ шурӯъи ҷанг аз тарафи Исроил ва пайвастани Амрико ба онро ба шиддат маҳкум карда, гуфтааст, ки Бинёмин Натанёҳу, сарвазири Исроил аз Гитлер фарқ надорад. Ҷаноби Ализода ҳамлаҳои ҳавоии Исроил болои Эронро ба ҷанги Амрико алайҳи Ироқ дар соли 2003 бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз силоҳи қатли ом монанд карда, ёдрас мекунад, ки то кунун аз силоҳи ҳастаии Ироқ дараке нест ва ҳамин тавр ҳеҷ мадраке, ки исбот кунад Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёфтааст, вуҷуд надорад.

Нуктаи дигаре, ки дар баҳсҳои бархоста дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба ҷанги миёни Исроил ва Эрон ҷалби таваҷҷуҳ кард, ин буд, ки шуморе аз фаъолони ҷомеаи маданӣ, ки усулан мухолифи низомии Ҷумҳурии исломии Эронанд, аз Эрон пуштибонӣ карданд. Барои мисол Бахтиёр Аминӣ шоири тоҷики муқими Аврупо аз мунтақидони низоми мазҳабӣ ошкоро мегӯяд, ки феълан шароит на он тарзе аст, ки мо бар муқобили Эрон бошем, чун Эрон маврди ҳамла қарор гирифтааст ва Исроил ҳақ надорад, ки ба як кишвари соҳибистиқлол таарруз ва таҷовуз кунад. 

 Бахтиёр Аминӣ (Bakhtiyar Amini) ва аз мунтқидони сарсахти низоми Эрон мегӯяд:

“Таҷовузи кишвари ғайр ба Эронро бояд маҳкум кард. Ва он камтарин рабте ба дин доштан ё надоштан надорад. Рабт ба воқеъбин будан ва аз ҳақ дифоъ карданро дорад. Ва ҳамчунон тағйири низом кори дохилии ҳар кишвар аст, чӣ Эрон бошад, чӣ Исроил ва чӣ Тоҷикистон. Ҳар гуна мудохилаи берунӣ ғайримашруъ ва маҳкумкарданист”.

Шуморе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки хеле зиёданд ин баҳсро ҳам ба васат кашидаанд, ки чаро барои Исроил доштани силоҳи ҳастаӣ ҷоиз, аммо барои Эрон норавост.

Аммо, афроди дигаре, ки шумори андак доранд, агарчи ошкоро аз ҳамлаҳои Исроил болои Эрон ҷонибдорӣ намекунанд, вале пуштибонии зимнии худро дар хилоли андешаҳояшон пинҳон накардаанд, балки фикрашон ин аст, ки фурсат барои мухолифини низоми Ҷумҳурии исломӣ фаро расидааст. Яке аз онҳо Ҳафиз Бобоёров, як донишманди тоҷики муқими Аврупост, ки мӯътақид аст низоми динӣ дар ҳар куҷои дунё бар салоҳу хайри мардум нест ва ҳамлаҳои Исроил ба Эронро худи Ҷумҳурии исломӣ таҳрик додааст: Ӯ дар посте навиш:

“Бо сабабҳои идеологӣ ва объективӣ Ҷумҳурии Исломӣ аз оғози таъсиси худ даъво дошт Исроилро аз байн мебарад.Проксиҳоро маблағгузорӣ мекард ва худро мусаллаҳ мекард”.

Аммо ин нуқтаназари ҷаноби Бобоёров аз сӯи дигар корбарони фазои маҷозӣ бо вокунишҳои тунду тез рӯбарӯ шуд. Масалан, Беҳруз Латиф Незҳод (Behrooz Lateef Nehzad) ба ҷаноби Бобоёров посухи сангине дода ва ӯро ба “дурӯягӣ” муттаҳам кардааст:

“Мегӯед, ки ҶИЭ аз аввал хоҳони нобудии Исроил буд, вале як бор нагуфтед, ки Исроил аз аввал фаластиниёнро мекушаду замини онҳоро ғасб мекунад. Дурӯягӣ нест?” 

Дар ин васат гурӯҳи дигаре низ вуҷуд дошт, ки ба хотири баҳсҳои динӣ байни шиъа ва суннӣ ошкор аз Эрон интиқод карданд ва мегуфтанд, ки ба сабаби сиёсатҳои нодурусти Эрон дар қиболи ҳамсоягони суннияш, ба хусус қатлу куштори бегуноҳон дар Сурия набояд аз ӯ ҷонибдорӣ кард.

Ҷанги Исроил бо Эрон дар ҳоле алангаи бештар касб кард, ки дар ин авохир муносибатҳои миёни Эрон ва Тоҷикистон дар ҳоли тавсеа ва инкишоф қарор дошт. Табодули мол миёни ин ду кишвар солбасол афзоиш меёфт ва ҳарду давлат аснод барои сафари бидуни раводид барои атбои худро ҳам ҷорӣ кардаанд. Аз сӯи дигар, Ҷумҳурии исломӣ дар чанд мавориди ҳасос, аз ҷумла дар низоъи марзӣ бо Қирғизистон ва ҳам баҳсҳои бо Узбакистони замони Ислом Каримов бар сари сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо мавзеъгириҳои маънодор ишораҳо карда буд, ки Тоҷикистон танҳо нест.

Шералӣ Ризоиён, соҳибназари тоҷик тадовуми бештар пайдо кардани ҷанги Исроил бо Эронро ҳам барои минтақа ва ҳам барои Тоҷикистон зиёнбор талаққӣ кардааст. Ҷаноби Ризоиён, ки бо расонаҳо сӯҳбат кардааст, мегӯяд, имкон дорад дар муносибат бо Амрико ва Исроил сиёсатҳо иваз шавад.

Вай гуфтааст: “Агар барои Тоҷикистон бибинем, бо дар назардошти ягонагии фарҳангу таъриху забон ва омилҳои дигари тамаддунӣ барои мо ҷойи изтироб аст. Зеро ба ҳамон андозае, ки Тоҷикистон барои Эрон жарфнои стратегӣ аст, ба ҳамон андоза Эрон барои Тоҷикистон ин аҳамияти стратегиро дорад. Эҳтимол дар ин аст, ки шояд дар кишвари мо низ баъзе бозбиниҳо нисбат ба Амрико ва кишварҳое, ки чунин шароитро барои Эрон сохтанд, пайдо шавад, шояд як андоза унсури муносибати на он қадар мусбат нисбат ба Исроил ҳам пайдо шавад, чунки он чизеро, ки мардуми мо мебинад, ба вижа мардуми равшанфикр, дигар пажӯҳишгарон мебинанд, албатта ин боиси нигаронӣ аст”.

Ҳукумати Тоҷикистон аз Исроил ва Амрико даъват кардааст, ки ҳама баҳсҳоро дар сари мизи музокирот ҳал ва ҳарчи зудтар ҷанг алайҳи Эронро қатъ кунанд.Тоҷикистон,агарчи ин ҳамлаҳоро маҳкум кардааст,аммо Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон яке дигар аз созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон,ки низ дар Аврупо мебошад, бо нашри як изҳорот аз давлати Тоҷикистон хостааст,ки дар чунин шароит ба мардум ва бахусус соҳибкорону тоҷирони эронӣ кӯмак кунад ва имтиёзҳоеро барои ояндаи фаъолияти онҳо бидиҳад.

Аммо шахсиятҳо ва аҳзоби сиёсии дохили Тоҷикистон дар тафовут аз мавзеъгириҳои ҳукумат дар қиболи ҷанги Исроил ва Эрон сукут ихтиёр кардаанд.

Дар умум метавон гуфт, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар ин қазия ба се гурӯҳи асосӣ тақсим шуд. Яке бо маҳкум кардани ҳамлаҳои Исроил аз Эрон ба шиддат ҳимоят кард, гурӯҳи дуюмӣ ба сабаби ихтилофоти динӣ ва идеологӣ ҳимоят кардан аз Эронро дуруст нашуморид ва гурӯҳи сеюмӣ хомӯширо ихтиёр кард, ки дар ин гурӯҳи охир шахсиятҳои шинохта ва ҳизбҳои сиёсии умда шомил буданд.

Хулоса, мавзеъгирии сиёсиёни дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон бештар аз нигоҳи манофеъ ва оянданигарӣ сурат гирифт, вале ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фазои маҷозӣ бештар аз рӯи эҳсосоту наздику дур будан ба мавқеи Эрон ҷонибдорӣ ва ё мухолифат карданд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон

0

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як қочоқбари маводи мухаддир кушта ва даҳҳо кг ҳашиш мусодира шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои ҳукуматӣ, гурӯҳи фаврии Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми “Панҷоб” дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз тарафи як гурӯҳи чорнафараи қочоқбари мусаллаҳи шаҳрвандони Афғонистон ошкор ва пешгирӣ гардид.

Ҳангоми кӯшиши боздошт, қочоқбарон ба амри кормандони мақомоти амният ва сарҳадбонон итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Дар натиҷа миёни нерӯҳои қудратии Тоҷикистон ва қочоқбарон задухӯрд сар зада, роҳбари ин гурӯҳи қочоқбар Маҳмадҳошим валади Миракбари 50-солаи сокини деҳаи Навободи вулусволии Янгиқалъаи вилояти Тахори Афғонистон кушта шула, се узви боқимондаи гурӯҳ ба Афғонистон фирор карданд.

Дар натиҷаи кофтуков дар ҷои ҳодиса 71 киллову 929 грамм ҳашиш, як автомати Калашникови АК-74, се тирдон ва 87 дона тирҳои калибри 7,62 мм мусодира гардиданд.

Гурӯҳи фаврии Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон тибқи моддаҳои 200 қисми 4 банди “д”, 289 қисми 3, 335 қисми 2 ва 195 қисми 2, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Задухӯрди нерӯҳои қудратии Тоҷикистон бо қочоқбарон дар марз бо Афғонистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон борҳо шикоят карда буд, ки аз ҷониби кишвари ҳамсоя маводи мухаддир ба таври васеъ қочоқ мешавад. Аммо Толибон кишварҳои ҳамсояро муттаҳам мекунанд, ки қочоқи ин мавод аз ҷониби онҳо низ зиёд сурат мегирад.

Ҷанги тиҷоратии ИМА чӣ таъсире ба Тоҷикистон дорад?

0

Дар пасманзари ҷангҳои иқтисодии Амрико дар минтақа мардум нигарони зарар дидани иқтисоди Тоҷикистон ҳастанд.

Бар асоси гузориши нави Бонки Рушди Авруосиё, ҷангҳои тиҷоратии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъсири мустақим ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, аз ҷумла ба Тоҷикистон ва Узбакистон нахоҳанд дошт. Аммо ин танишҳо метавонанд ба иқтисоди кишварҳои зикршуда таъсири ғайримустақим расонанд. Ин таъсир тавассути тағйироти нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии ашёи хом сурат мегирад.

Ба гуфтаи коршиносони БРА, барои баъзе кишварҳо нархи металлҳои ранга ва гаронбаҳо афзоиш ёфта, шароити иқтисоди хориҷӣ беҳтар мешавад, аммо барои кишварҳои дигар коҳиши нархи захираҳои энержӣ метавонад ба вазъи иқтисодӣ таъсири манфӣ расонад.

Ҳамзамон, беэътимодии глобалӣ ҷалби сармояи хориҷиро барои ҳамаи ин кишварҳо мушкилтар мекунад. Дар чунин шароит, рушд ва истифодаи “потенсиали дохилии сармоягузорӣ” метавонад омили калидии рушди иқтисодӣ гардад.

Бонки Рушди Авруосиё (БРА) пешгӯӣ кардааст, ки иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2025 то 8,4% рушд мекунад. Ин нишондиҳанда (8%) бештар аз пешбинии ҳукумат аст.

Ба гуфтаи коршиносон, сабаби асосии ин рушд афзоиши содироти тилло, сармоягузорӣ дар сохтмон ва кам шудани харҷи воридоти энергия мебошад.

Ҳамзамон БРА мегӯяд, ки кишвари Тоҷикистон бо мушкилоти иқтисодӣ, аз ҷумла таваррум, кам шудани пулҳои муҳоҷирон ва ноустувории қурби сомонӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Бонк тавсия медиҳад, ки Тоҷикистон бештар ба сармоягузориҳои дохилӣ такя кунад.

Тафтиши парвандаи ҳамла ба “Крокус” ба охир расидааст

0

Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия таҳқиқи парвандаи ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл”-и вилояти Маскавро, ки 22-уми марти соли 2024 рух дода буд, ба анҷом расонидааст.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии ин ниҳод, таҳқиқи парвандаи муттаҳамони ин қазия ба поён расида, аллакай он аз ҷониби додситонӣ барои судури ҳукми ниҳоӣ ба додгоҳ фиристода шудааст.

Ин кумита иддао дорад, ки ҳамла “ба манфиати роҳбарияти Украина” тарҳрезиву анҷом дода шудааст ва ҳадаф ноором кардани вазъи сиёсӣ дар Русия будааст. Аммо мақомоти Украина пештар ҳамагуна даст доштан дар ин ҳамларо рад карда, он замон бо нашри навори ҳамла гурӯҳи террористии “ДИИШ” масъулияти ҳодисаро ба дӯш гирифта буд.

Ҳамзамон ин ниҳоди интизомии Русия мегӯяд, ки омодагии ҳамлагарон чанд моҳ идома ёфта, бархе аз айбдоршавандагон аз хориҷ, ки он ҷо омӯзиш дидаанд, ба Русия омадаанд, аммо макони омӯзиш зикр намешавад.

Гузашта аз ин, тафтишот муайян кардааст, ки гурӯҳи айбдоршавандагон қасд доштаанд дар шаҳри Каспийски Ҷумҳурии Доғистон як ҳамлаи дигари террористӣ анҷом диҳанд, вале он пешгирӣ шудааст.

Мувофиқи иддаои Кумитаи тафтишотӣ, силоҳҳое, ки дар ҳамлаи “Крокус” истифода шудаанд, тавассути ҳамин шаҳр ба вилояти Маскав интиқол ёфтаанд.

Дар дораи ин парванда 19 нафар, ки аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, боздошт шудаанд. Тафтиши парвандаи ду нафар аз ташкилкунандагон ва чор узви гурӯҳи террористӣ ҳоло идома дорад ва парвандаи боқимондаи муттаҳамон ба додгоҳ ирсол мешавад. Аксар гумонбарон худро бегуноҳ медонад ва аз мақомот хоста буданд, ки онҳоро раҳо кунанд.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чор нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 149 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 609 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва 1 нафар бе ному нишон шудааст. Бино ба баҳогузории Кумитаи тафтишотӣ, зарари умумии расонидашуда тақрибан 6 миллиард рублро ташкил медиҳад.

Пас аз ҳамла, гумонбарон талош карданд бо мошин фирор кунанд, вале онҳо дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Тибқи иттилои вакили дифои яке аз муттаҳамон, тафтишот бар он аст, ки иштирокчиёни ҳамла аз ҷониби ташкилоти террористии “Вилояти Хуросон”-и “ДИИШ” ҷалб шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, пас аз анҷоми ҳамла гумонбарон мехостанд ба Украина фирор кунанд, чун бовар доштанд, ки аз он ҷо ба Русия супурда намешаванд.

Мақомоти рус чор зодаи Тоҷикистон Далерҷон Мирзоеви 32-сола, Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола, Шамсидин Фаридуни 25-сола ва Муҳаммадсобир Файзови 19-соларо гумонбарони асосии ин ҳамла медонанд ва иддао доранд, ки онҳо айбномаро пазируфтанд.

Аммо маълум нест онҳо дар чӣ шароите гуноҳро бар дӯш гирифтаанд, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуданд ва дар мурофиаи додгоҳӣ онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯяшон намоиш дода буданд.

Ҷанги 12-рӯзаи Эрону Исроил ба поён расид

0

Бо пешниҳоду Амрико ва миёнҷигарии давлати Қатар миёни Эрон ва Исроил оташбас барои поён додани ҷанг эълон шуд.

Шоми рӯзи 23-юми июни соли ҷорӣ Эрон дар посух ба ҳамлаи Амрико ба пойгоҳи низомии ин кишвар дар Қатар ба номи “Ал-Адид” бо 14 мушак ҳамла кард. Мақомоти қатарӣ гуфтанд, танҳо як мушак ба макони ғайримаскунӣ исобат кард, боқӣ 13 мушаки дигар роҳгирӣ шуд.

Дар пайи ин ҳамла Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии “Truth social” эълон кард, ки баъд аз 6 соат оташбас миёни Исроил ва Эрон эълон хоҳад шуд. Трамп иддао кард, ки оташбас аввал аз ҷониби Эрон ва баъд аз ҷониби Исроил, дар қадами аввал 12 соат ва баъдан ба таври доимӣ амалӣ мешавад.

Лаҳзае баъд расонаҳои эронӣ ва бархе мақомдорони ин кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ин ҳиллаи Амрико ва Исроил аст ва онро бовар накунед. Аммо баъдтар ҳам ҷониби Эрон ва ҳам ҷониби Исроил расман ин пешниҳоди Трампро пазируфтанд ва соати 7-и субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ оташбас амалан ба иҷро даромад.

Соате пас аз оғози оташбас Исроил эълон кард, ки ду мушак аз ҷониби Эрон партоб шуд, ва бо ин ҳамларо дигарбора ба Теҳрон оғоз кард. Аммо телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки ҳеч ҳуҷуме баъд аз эълони оташбас аз хоки Эрон ба сӯи Исроил сурат нагирифтааст.

Аммо таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ба эҳтимоли зиёд Исроил аз ҳуҷуми ахири Эрон, ки лаҳзае пеш аз ҷорӣ шудани оташбас ба 6 нуқтаи Исроил сурат гирифт ва дар шаҳри Биъри Сабаъ 5 кушта ва 26 захмӣ ба ҷо гузошт, сахт асабонӣ шуд ва ба шакли сохта интиқо гирифт.

Гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ, роҳе ба сӯи коҳиши коррупсия?

0

Кумитаи манзил ва коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, дар 56 бахши ин ниҳод низоми пардохтҳои ғайринақдиро ҷорӣ кардааст.

Суҳроб Саидов, сардори шуъбаи ҳисоббаробаркунӣ ва хидматрасонии муштариёни Кумита иттилоъ додааст, ки пардохтҳо барои хидматрасонии оби нӯшокӣ ва партовҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ акнун танҳо тариқи бонкҳо ва тавассути барномаи сахсус бо телефони мобили анҷом мешаванд.

Барои ин, базаи ягонаи серверӣ ва системаи муосири биллингӣ таҳия шуда, ҳамаи муштариён ба низоми нав пайваст карда шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар муштарӣ соҳиби рақами инфиродии суратҳисоб мебошад, ки тавассути он метавонад хидматрасониро интихоб ва маблағро онлайн пардохт намояд. Ин тадбир ба афзоиши шаффофият, бехатарӣ ва самаранокии низоми коммуналӣ мусоидат хоҳад кард.

Мақомот мегӯянд, пардохтҳои ғайринақдӣ тадриҷан дар соҳаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла, маориф, энергетика ва андоз роҳандозӣ мешавад. Ҳадафи ин иқдом пешрафти иқтисоди рақамӣ ва коҳиши коррупсия гуфта мешавад.

Аммо бояд гуфт, ки қариб дар тамоми сохторҳои ҳукуматӣ коррупсия вуҷуд дорад ва ҳатто як ниҳоди зиддикоррупсионӣ дар кишвар фаъол аст. Аммо бо вуҷуди ин, сатҳи коррупсия ва фасод дар кишвар дар сатҳи хеле баланд боқӣ мондааст.

Мунтақидон бар ин боваранд, ки гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ метавонад то андозае сатҳи ришваву фасодро коҳиш диҳад, аммо ин роҳи ҳалли ниҳоии мубориза бо коррупсия нест. Ба андешаи онҳо, Ҳукумат бояд иқтисоди кишварро рушд диҳад, шароити хуби кор ва маоши муносибро таъмин кунад.