Хона блог саҳифа 714

Тоҷикистон саркӯбгартарин кишвари Осиёи Марказӣ дар мавриди ҳуқуқи башар дониста шудааст

0

Мусоҳибаи махсуси “Аздо тв” бо Филипп Дам, мудири ҳимояти ҳуқуқии Аврупо ва Осиёи Марказии Дидабони ҳуқуқи башар дар мавриди натоиҷи муколимаи солонаи ИА бо Тоҷикистон оиди вазъи ҳуқуқи башар, таъсир ва баррасии пешниҳоду тавсияҳои ИА ба Тоҷикистон мусоҳиба анҷом дод.

Мусоҳибаи мазкур зери унвони: “Муколамаи ҳуқуқи башарии ИА бо Тоҷикистон, интозориҳо ва натиҷаҳо”, баргузор гардид. Хонандагони азиз, Шумо метавонед тарҷумаи ин мусоҳибаро дар зер мутолиа кунед.

Аздо тв: Салом, Филип. Хуш омадед ба барномаи нави Аздо тв. Мехостем дар  мавзуъи “Гуфтугуҳои ҳуқуқи башарии Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон” чанд савол дошта бошем. Таъсир ва натиҷаи ин гуфтӯгуҳо чӣ гуна буд?

Филипп Дам: Чӣ хеле ки шумо медонед, Гуфтугуҳои ҳуқуқи башарии Иттиҳоди Аврупо бо дигар кишварҳо сурат мегирад ва як фурсате ҳаст, ки ИА метавонад соле як маротиба нигарониҳои худро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо ироа кунад, тавсияҳои худро пешниҳод намояд ва барои тағйири вазъ фишор орад.

Он чизе, ки дар робита бо Тоҷикистон муҳим буд, ман фикр мекунам, ки даъват барои амалӣ намудани қарорҳо ва хулосаҳои мақомоти СММ, хусусан озод намудани зиндониёни сиёсӣ буд. Ин нуқта махсусан муҳим аст, зеро дар тӯли се соли охир, дар ҳақиқат, Кумитаи ҳуқуқи башари СММ, инчунин Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи Созмони Милали Муттаҳид ба парвандаҳои инфиродии мухолифони сиёсӣ ва вакилони зиндонии дар чанд соли охир боздоштшударо мавриди баррасӣ қарор додааст.

Аз ин рӯ, ба фикри ман, ин як даъвати муҳим барои ҷавобгариву масъулиятшиносӣ аст ва ман умедворам, ки ин як ҳавасмандие барои фаъолони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мешавад, то истифодаи механизмҳои СММ-ро барои ҳалли паёмадҳои фишору таъқиб дар кишвар идома диҳанд. Ба фикрам, ин буд натиҷаи асосии ин гуфтугуҳо.

Аздо тв: Ташаккур барои чунин ҷавоби мухтасар. Пас фарқ байни натиҷаҳои имсолаи ин гуфтугӯҳо ва музокироти соли гузаштаи 2019 дар чист? Он замон ҳам чунин мулоқот байни ҳайати ИА ва Тоҷикистон низ баргузор шуда буд. Оё ягон тафовут ва беҳбудӣ вуҷуд дорад ё на?

Филипп Дам:  Хуб, чизе гуфтан дар бораи ҳамаи нуқтаҳое, ки дар ҷараёни ин музокирот баррасӣ шуд, душвор аст, зеро он як мулоқоти хусусӣ буд. Сабти видеоии он вуҷуд надорад. Барои дақиқ донистани он ки кадом масъалаҳо барраси шуданд ва чӣ суханҳо гуфта шуданд, ҳеҷ имконияте нест. Аммо нуқтаи асосӣ он аст, ки Иттиҳоди Аврупо пас аз баргузории чунин нишастҳо изҳорот нашр мекунад ва дар он баъзе нигарониҳояшро зикр мекунад, вале шарт нест, ки ҳамаи нуқтаҳоро зикр карда бошад.

Ҳамчунин, ман фикр мекунам, ки тафовути асосӣ истинод ба қарорҳои СММ дар бораи парвандаҳои зиндониёни сиёсӣ ва махсусан таъкид кардани ИА ба парвандаи вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров буд, чӣ хеле, ки Шумо медонед, бо ҳукми суд ба муддати ниҳоят тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудааст ва ин ҳукм ба назари мо худсарона аст.

Аздо тв: Хуб, ташаккур. Соли 2016 Парлумони Аврупо дар бораи парвандаҳои зиндониёни сиёсӣ қатънома қабул кард ва аз мақомоти Тоҷикистон талаб кард, ки ин зиндониёнро озод намоянд.

Барои ташвиқ кардани аъзоёни тоза мунтахаби “Пралумони Аврупо” ба қабули қатъномаи нав чӣ бояд кард?
Ин суоли якум аст. Ва суоли дуввум ин ки чунин як қатънома дар сиёсатҳои хориҷии ИА кӯмак мекунад ё таъсире мерасонад?

Филипп Дам: Хуб, биёед ин нуқтаро равшан намоем. Мавқеи парлумони Аврупо, ки соли 2016 қабул шудааст, то ҳол расман ҳамон мавқеи парлумон мебошад, зеро парвандаҳое, ки дар он қатънома зикр шудаанд, аксарияти онҳо то ҳол ҳалли худро наёфтаанд ва афроди худсарона маҳкумшуда то ҳол паси панҷара қарор доранд. Аз ин рӯ, ба фикрам, барои ҳамаи мо бояд равшан бошад, ки мавқеи имрӯзаи Парлумони Аврупо, бо вуҷуди он ки чор сол сипарӣ шудасст, то ҳол бетағйир мондаст.

Чун Парлумон то ҳол идома дорад, пас бояд ба он ҳамчун идомаи даъват барои озод кардани ин афрод тавассути Парлумони Аврупо назар карда шавад. Инчунин дуруст аст, ки шояд Парлумон дар вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ камтар таваҷҷӯҳ зоҳир намояд, зеро дар як сол пеш ба Парлумон вакилони нав интихоб шуда буданд. Ба фикрам, ин чунин маъно дорад, ки мо, ҳамчун ҳомиёни ҳуқуқи башар ва фаъолони байналмилалии ҳуқуқи инсон, барои ҷалб кардани диққати Парлумони Аврупо бояд баъзе корҳоро анҷом диҳем.

Аммо дарвоқеъ, мавқеи он дар мавриди даъват барои озод кардани зиндониёни сиёсӣ боқӣ мондааст, гарчанде, ки пас аз он ягон қатъномаи наве қабул карда нашудааст. Ман фикр мекунам, ки қатъномаи нав метавонад эҳтимолан кӯмак кунад, ки Комиссияи Аврупо ва Хадамоти Хориҷии ИА нисбат ба ҳолатҳои нигаронкунандаи Тоҷикистон, бавижа вазъи зиндониёни сиёсӣ диққати бештар дошта бошанд. Аммо ба фикрам, мо бояд ба Комиссияи Аврупо фишор орем, то мустақиман ба он парвандаҳое, ки муддати тӯлонӣ идома доранд, вокуниши бештар нишон диҳад.

Дар робита бо истифодаи шиканҷа, боздоштҳо, шароити зиндон ва ҳолатҳои маргҳои ахир дар боздоштгоҳҳо нигарониҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд. Таъқибу фишори мухолифон дар хориҷа, дар муҳоҷират ва нисбати оилаҳои фаъолоне, ки Тоҷикистонро тарк кардаанд, вуҷуд доранд. Ман фикр мекунам, ки бояд фишор ба комиссия идома ёбад, то ҳукумати Тоҷикистон аз таъқиб, фишор ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон даст бардорад.

Аздо тв: Ташаккур. Биёед ба мавзӯи изҳороти ахири Дидабони Ҳуқуқи Башар баргардем. Чанде пеш изҳороте дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ нашр шуд. Инчунин Шумо баъзе зиндониёнеро зикр карда гуфтед, ки вазъи дохили зиндонҳо тоқатфарсост. Метавонед дар ин мавзӯъ тафсилоти бештар диҳед?

Филипп Дам: Бале. Он як амали маъмул аст, ки мо пеш аз гуфтугӯҳои ҳуқуқи башарии Иттиҳоди Аврупо як баёнияеро ба Хадамоти дипломатии Авруп фиристодем.

Ҳамчунин, чӣ тавре ки Шумо гуфтед, мо як изҳороти матбуотие нашр кардем ва Иттиҳоди Аврупоро даъват намудем, ки масъалаҳои ҳуқуқи инсонро афзалият дода, ҳуқуқи инсонро дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар мадди аввал гузорад.

Мехостам ишора кунам, ки барои ИА боз як имконияти наве фароҳам мешавад, то барои тағйироти мусбӣ дар Тоҷикистон саҳм гузорад ва он Шӯрои дуҷонибаи ба истилоҳ ҳамкорӣ байни ИА ва Тоҷикистон мебошад ва дар назар аст, ки моҳи декабр баргузор мешавад.

Онро вазири корҳои хориҷии Олмон раҳбари мекунад. Он танҳо марбут  ба ҳуқуқи башар нест, вале хеле муҳим аст, ки ИА боз ҳам ҳуқуқи инсонро ҳамчун ҷузъе аз ин муҳокимаҳо қарор диҳад.

Бояд як қатор масъалаҳо дорои афзалият бошанд, аз ҷумла вазъи зиндониёни сиёсӣ, парвандаи таъқиби фаъолони дар хориҷ қарордошта, суиистифода аз пайгард тариқи Интерпол ва дархостҳои истирдод. Ба фикрам, масъалаи сеюм низ вуҷуд дорад, ки хусусан нигаронии Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар Тоҷикистонро дар бар мегирад, яъне заноне, ки бардавом бо хушунати хонаводагӣ дучор мешаванд.

Мо аз ҳукумат талаб мекунем, ки қонунгузории муҳофизатии худро комилан амалӣ намояд, ҳамчунин барои ба хушунати хонаводагӣ ҷурми ҷиноятӣ нисбат донистан чораҳои минбаъда андешанд ба ин вазъ хотима бахшад, зеро вазъи бисёр занон ҳатто бадтар шудааст. Аз ҷумла, дар шароити маҳдудиятҳои пандемияи вируси коруно.

Аздо тв: Масалан, қарори СММ, инчунин қатъномаи Парлумони Аврупо, ҳамчунин номае аз Сенаторони  ИМА дар барои озод кардани зиндониёни сиёсӣ мавҷуд аст ва даъват кардаанд то онҳоро озод кунанд, аммо ҳукумат дар ин бора парвое надорад. Баракс дар айни замон, дида мешавад, ки кишварҳои ғарбӣ ҳукумати Тоҷикистонро маблағгузорӣ ва дастгирӣ мекунанд. Чӣ бояд кард, то натиҷаҳои мушаххас ба даст оварда шаванд, чӣ хеле ки шумо гуфтед, дар бораи зиндониёни сиёсӣ, дар бораи пайгарди Интерпол, дар бораи хушунати хонаводагӣ ва озодии баён? Маҳз кадом амалҳоро бояд фаъолони тоҷик ва ҳомиёни ҳуқуқи башар иҷро намоянд?

Филипп Дам: Ман фикр мекунам, ки стратегияи истифода аз механизми СММ дар баъзе парвандаҳои зиндониёни сиёсӣ стратегияи хуб аст, зеро он қонунӣ исбот мекунад, ки ҳукми ин афрод худсарона аст ва ба фаъолияти мо бо ИА, бо ИМА ва бо дигар тарафҳо эътимод мебахшад. Ман гумон мекунам, ки ҳамчунин мо бояд фишорро ба Комиссияи Аврупо идома диҳем, вале ҳамчунин кишварҳои узви ИА бояд ба нигарониҳои мо роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, ки ҳанӯз дар сатҳи матлуб нест. Возеҳан, Тоҷикистон ҳоло ба яке аз саркӯбгартарин кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.

Дарвоқеъ он бар зидди тамоюле, ки дар дигар кишварҳои минтақа дида мешавад, рафта истодааст, зеро онҳо ислоҳот ваъда додаанд, бо вуҷуди он ки то ҳол натиҷаҳои ин ваъдаҳо дида намешаванд. Возеҳ аст, ки чун сухан дар бораи ҳуқуқи башар меравад, Тоҷикистон дар масири хеле манфӣ қарор дорад ва ин ҳолат чанд сол ин ҷониб давом дода истодааст. Тоҷикистон ҳавасманд аст, ки аз муносибатҳои тиҷории мусоидтар бо ИА баҳра барад.

Тавре ки шумо медонед, Тоҷикистон изҳоритамол дорад, ки аз низоми GSP+ (низоми тарифҳои имтиёзноки гумрукӣ) баҳравар бошад. Бубинед, Иттиҳоди Аврупо бояд бениҳоят возеҳ бошад. Бояд ба ҳеҷ ваҷҳ Тоҷикистон ҳатто орзуи баҳраманд шудан аз ин имтиёзҳоро надошта бошад, зеро он дар риояи унсурҳои асосӣ, аз ҷумла дар иҷро кардани шартҳои СММ оид ба ҳуқуқи башар ва иҷрои ӯҳдадориҳои худ ноком шудааст.

Ин бояд як паёми возеҳе бошад, ки Тоҷикистон бояд аз ин роҳ баргардад, зиндониёни сиёсиро озод кунад, таъқиби онҳоеро, ки тасмим гирифтаанд кишварро тарк кунанд, бас кунад ва дар ҳақиқат вазъи ҳуқуқи башарро беҳтар кунад, пеш аз он ки ҳатто муроҷиат карданро барои ба даст овардани ин имтиёзҳо баррасӣ намояд.

Дуввум, дар мавриди саволи шумо роҷеъ ба таҳримҳо. Ба фикрам, он бояд як ихтиёре бошад, бо назардошти вазнинии баъзе сӯиистифодаҳои анҷомдодашуда, хусусан пас аз соли 2014. Оид ба Тоҷикистон, ИА ташкили низоми хосси таҳримотии худро нисбати шахсоне, ки дар вайронкунии шадиди ҳуқуқи башар саҳм доранд, ба анҷом расонида истодааст.

Ин ҳанӯз ба анҷом нарасидааст, аммо ман фикр мекунам, ки зуд ба анҷом хоҳад расид. Боз ҳам, мо ҳамчун фаъолон бояд баррасӣ кунем, ки чӣ гуна ин механизмро пас аз ба анҷом расидан истифода хоҳем бурд, то минбаъд касе аз мансабдорон ва шахсони дигаре, ки дар вайронкунии шадиди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гунаҳкор ҳастанд, аз ҷумла боздошти худсарона, аз ҷумла шиканҷа дар кишвар ва ғ., беҷазо намонанд. Он стратегияи мӯҳлаташ миёна аст ва барои истифодаи он мо бояд сабр кунем. Аммо, ман фикр мекунам, ки ин як амри хеле ҷиддӣ аст, ки мо бояд онро баррасӣ кунем.

Ташаккури зиёд.

Олимҷанг дар Академияи илмҳои Ҷумҳури Тоҷикистон

0
Сурат: Радиои Озодӣ

Сомонаи “Фараж” шикояти олимони Академия Илмҳои Ҷумҳури Тоҷикистонро ба нашр расонидааст, ки олимон дар мавриди маҳалгароӣ хешутаборгароӣ ва ҷой доштани одамони тасодуфӣ дар Акдемияи илмҳо шикоят кардаанд.

Вале масъулини Академияи илмҳо гуфтаанд, ин нафарон ба чандин зинаҳои дигар ҳам мактуби шикоятӣ навишта буданд ва ин масъала аз ҷониби Прокуратураи генералӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Як гурӯҳ аз олимони тоҷик ба рӯзномаи “Фараж” аз он шикоят кардаанд, ки   барои соҳиб гардидан ба ин ё он унвону ҷоиза ҳамеша аз “омилҳои муҳим”, яъне шиносу маҳал ва хешу ақрабо кор гирифта мешавад.

Онҳо гуфтаанд, ки ин як баҳсест, ки ҳамеша вуҷуд дошт ва ками олимон барои баррасии он ҷуръат мекунанд.

Ба навиштаи “Фараж” олимони норозӣ иброз доштаанд, ки чунин муносибат ба рушди илмии онҳо халал ворид месозад.

Олимон аз он норозигӣ кардаанд, ки “Ҷоизаи Сино” ба нафароне тақдим гардидааст, ки ба ин ҷоиза ягон алоқамандӣ надоштаанд, вале бо суйистифода аз мақом онро соҳиб шудаанд.

Шикояткунандагон дар идома иброз доштаанд, ки

“Дар ин маврид бештар гап сари маблағи ин ҷоиза меравад, ки баробар ба 3,5 ҳазор доллар аст. Ин дар ҳолест, ки аз рӯи қоида довталабон бояд алоҳида ҳуҷҷат месупориданд. Шаш нафар ҳамон вақт ҳуқуқ доранд як ҷоизаро ба даст биёранд, ки агар 6 кас муаллифи як китоб бошанд, якҷоя мақола навишта бошанд, ё мутахассиси як соҳа бошанд. Мутобиқи қонунгузорӣ дар тиб дору ё дастгоҳ барои истифода иҷозат дода нашудааст, онро истеҳсол кардан, истифода бурдан, фурӯхтан ва ҳатто барои ҷоизае пешниҳод кардан мумкин нест. Кулли мақолаву корҳои илмии “ҷоизадорон” ба тамоми ҷоизаҳо сазоворанду аз мо не? Алам мекунад, ки як умр дар дохили илм будем, вале як ифтихорномаро ба мо сазовор намедонанд. То ба кай мо олимон аз қафои “одами зӯр” гардем? Айб аст, хаста шудем”.

Дар ҳамин ҳол Саидов Абдусаттор Самадович Витса-президенти академия ба “Фараж” гуфтааст, ки ин олимони норозӣ ба чандин зинаҳои дигар ҳам мактуби шикоятӣ навишта будаанд ва ин масъала аз ҷониби Прокуратураи генералӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифт.

“Ин таҳқиқ шаш моҳ давом кард ва ба шикояткунандагон посухи расмӣ фиристоданд, ки “далелҳои шумо тасдиқ нагардид”, – гуфтааст Саидов.

Ӯ дар идома иброз доштааст, ки Олимони мо бо маоши ночиз кор мекунанд, плагиат надоранд, ин роҳи мардонагӣ нест, ки мушкилотро то ба ҳадди расонаҳо баранд. 6 олими мо 3 ҳазору 500 доллар гирифтаанд. Ин магар бисёр аст?! Ин маблағро байни худашон тақсим мекунанд. Олимонро ҳамеша бояд дастгирии моддиву маънавӣ кард, аммо мутаассифона дар мо барои маблағ ҷанг аст.

Бовар кунед, донишмандони мо бо 600 сомонӣ кор мекунанд, маҷбур мешаванд дар вақтҳои холигӣ дар 9 ҷо кор кунанд. Мо ҳам монеа намешавем, то онҳо руҳафтода нашаванд. Агар олимон зиндагии шоҳона медоштанд, магар дар хобгоҳҳо иҷора мешиштанд? Мисли дигар сарватмандон чаро мо дар марказҳои шахр хона надорем?

Ҳатто хобгоҳро барои зиёиёни мо як ширкати сохтмонӣ таъмир кард. Ба ин шароити вазнин нигоҳ накарда, олимони мо фаъоланд. Ин олимони норозӣ худашон қалбакианд. Ман медонам, ки ба шумо кӣ шикоят кардааст. Лутфан, як бор корҳои илмии онҳоро варақ занед ва бубинед, ки дар корашон плагиат нест? Мард бошанд, иқрор шаванд!

Дуздии беш аз 1 миллион $ аз ҳисоби бонкии як бознишаста

0

Хабаргузории ФАН (Федеральное агентство новостей) аз манбааш аз пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия менависад, ки як марди 43-сола зодаи Тоҷикистон ва сокини 23-солаи Архангелскро бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи бузург дастгир кардаанд.

Бино ба иттилои ин хабаргузорӣ ин ду нафар ба дуздии 114 миллион рубл (ҳудуди 1 миллиону 550 ҳазор доллар) аз ҳисоби бонкии як ҷабрдида гумонбар дониста мешаванд.

Гуфта мешавад, гумонбарон то поён ёфтани тафтишот ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Бино ба маълумоти интишоргардида, дар таърихи 25-уми сентябр як бознишастаи 76-солаи рус, ба пулис дар мавриди аз ҳисоби бонкиаш дуздида шудани 114 млн 781 ҳазору 120 рублро хабар додааст.

Додари маро ба ҳеч куҷо намебаред! Шуҷоати як зан дар баробари қонуншиканиҳои кормандони Комиссариати ҳарбӣ (Видео)

0
Сурат аз навори видеоии Фейсбук

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук корбаре бо номи Нигина Салимова дар саҳифаи фейсбукияш рӯзи 9-уми декабри соли равон бо нашри наворе аз ғайриқонунӣ ва дар байни роҳ дастгир шудани бародараш аз ҷониби кормандони ШВКД Сино 2 ба шаҳрдории Душанбе шикоят кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки ду шахс бо либоси мулкӣ бародари ин занро ғайриқонунӣ ва бидуни нишон додани санаде дастгир кардан мехоҳанд, аммо ин зан онҳоро аз ин кори ғайриқонунияшон боздоштанӣ мешавад.

Салимова дар шарҳи рӯйдод менависад, ки синну соли он кормандон тақрибан 21-23 сола буда, зӯран мехостаанд бародарашро аз мошин фароварда ба мошини худ савор кунанд.

Салимова мегӯяд, ҳаминки диданд мо бо дурбини телефонам онҳоро ба навор гирифта истодаем, дар ҳол худро кормандони ШВКД-и ноҳияи Сино гуфта муаррифӣ карданд. Дар ҳоле, ки қаблан худро муаррифӣ накарда, ба таври дағалона тартиботи ҷамъяитиро вайрон намуда, хостанд маҷбуран додарамро бибаранд.

“Ман нагузоштам, ки бародарамро ба таври иҷборӣ ва худсарона ба мошинашон савор карда ба ҷои номаълуме баранд. Ба онҳо гуфтам, ман ба ҷойҳои зарурӣ ариза навишта аз болоятон шикоят мекунам ва ин навори сабтшударо дар шабаки иҷтимоӣ мегузорам. Агар ба хизмати артиш бурданиед ба таври қонунӣ (Повестка) даъватнома бифиристед. Онҳо аксуламал нишон дода, муносибати дағалонаашон иваз шуд. Чун диданд, ки бо дурбини телефон наворбардорӣ дорам”,- мегӯяд Салимова.

Ба гуфтаи Салимова пас аз шурӯъ кардан ба наворгирӣ муомилаи онҳо тағйир ёфта ва худро муаррифӣ карданд, ки мо афсарони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ҳастем. Дарҳоле, ки мегӯяд, онҳо дар аввал худро муаррифӣ накарда буданд ва ҳатто номи бародарамро намедонистанд фақат мехостанд зуран ӯро бигиранд, аммо ман ба онҳо иҷозат надодам.

Салимова аз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хостааст, ба қазияи онҳо расидагӣ кунад ва пеши роҳи чунин қонуншиканиҳоро бигирад.

Дар Тоҷикистон солона садҳо ҷавон бо услуи рабудан ё худ (Облава) дар кӯчаву бозорҳо дастгир шуда ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бо зӯрӣ бурда мешаванд.

Дастгир шудани ин ҷавон дар ҳолест, даъвати тирамоҳии сарбозон аллакай ба охир расидааст. Ҳамасола даъвати тирамоҳии сарбозон аз 1 октябр оғоз гардида то 30 ноябр идома меёбад. Ҳамзамон мақомот чанде пеш аз 100 дарсад иҷро шудани нақшаи даъвати сарбозон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ хабар дода буданд.

Аммо коршиносони соҳа мегӯянд, кормандони Комиссариатҳои ҳарбӣ баъд аз гузаштани мавсими даъвати сарбозоӣ боз худсарона барои даромади муфт ба шикор мебароянд ва ҷавононро дастгир намуда аз волидайнашон маблағҳои ҳангуфт ситонида раҳояшон мекунанд.

Ҷои таааҷҷуб ва суол ҳам ин аст, ки дар кадом асос кормандони ШВКД ҷавонро барои сарбозӣ мебаранд? Пештар ҳам аз ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор ва Ваҳдат ба “Аздо тв” навишта буданд, ки кормандони КДАМ фарзандонашонро (Облава) мекунанд.

Шакли видеоӣ инҷост: ⤵️

Аз ин ба баъд истифодаи барқ пурра назорат мешавад

0
Сурат: khovar.tj

Бо дастури ҳукумати Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ рӯзи 10 декабри соли равон Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба назорати истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ таъсис дода шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД хабар дод.

Ба навиштаи ин сомона таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон ҷаласаи якҷояи намояндагони сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Вазорати энергетика ва ШСХК «Барқи Тоҷик» доир гардид.

Дар ин ҷаласа оиди бардоштани маҳдудияти истифодаи нерӯи барқ аз 10 декабри соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва аз зарурати назорати сарфакорона истифода намудани қувваи барқ аз ҷониби шаҳрвандон дар давраи зимистон гуфта шудааст.

Ин ситод аз 10 декабр фаъолияти худро оғоз намуда, вазифаи он дар ҳар як шаҳру навоҳӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи барқ миёни аҳолӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии нерӯи барқ аст.

Ба навиштаи сомонаи ВКД ҳар як шаҳрванд, корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ санҷида мешаванд, ки чӣ гуна барқро истифода мебаранд.

Дар идома аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш карда шудааст, ки дар давраи зимистон барқро сарфакорона истифода намуда, масъулияти баланди шаҳрвандии хешро нишон диҳанд.

Мусофирон: касе бо “Сомон Эйр” парвоз мекунад, аз хонааш хӯроки роҳро бо худ бигирад

0

Рӯзи панҷшанбе 10 декбари соли равон бо сабаби фаромадани туман дар шаҳри Душанбе, се ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”, ки аз Маскав, Новосибирск ва Сургут ба Душанбе парвоз доштанд, дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд фуруди изтирорӣ анҷом доданд.

Намояндагони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ҳавопаймои хатсайри Новосибирск-Душанбе соати 3:40, Маскав-Душанбе соати 6:28 ва Сургут -Душанбе соати 7:07 дақиқа ба Фурудгоҳи Хуҷанд фуруд омадаанд.

Мусофирони ин парвозҳо аз хидматрасонии ширкати “Сомон Эйр” изҳори норозигӣ намуда, гуфтаанд, ки тӯли нуҳ соат дар дохили ҳавопаймо гушнаву ташна мунтазир мондаанд, вале масъулони ширкат ба онҳо хӯрокае тақдим накарданд. Дар навбати худ масъулони ширкат шикояти мусофиронро рад мекунанд.

Қаҳрамон Ҳайдаров, сокини шаҳри Истаравшан мегӯяд, 9 соат дар Хуҷанд мунтазир будем, вале бароямон ҳеч ғизое надоданд.

“Аз ҳавопаймо набаромадем, ҳеч чиз надоданд, кӯдакҳо гушна монданд. Ҳатто як таблетка ё чой диҳед гуфтем, мегӯянд нест. Гуфтанд, ки ҳеч чиз надорем. Дар Хуҷанд иҷозат пурсидем, ки монед ба хонаҳоямон равем, не гуфтанд.”

Маҳмадрасул Сатторов мусофири дигари ин хатсайрҳо гуфтааст, барои омадан ба Душанбе бо арзиши қариб 40 ҳазор рубл чипта хариданд, вале хадамоти ширкат ба ин маблағ намеарзад.

“Ягон хел мекарданд, ки мардум гушна намемонанд. Аз Русия то инҷо фақат об ва як бутерброд доданд, ки ҳар кас онро намехурад,”- иброз доштааст, Маҳмадрасул Сатторов.

Намояндаи ширкати “Сомон Эйр” дар Хуҷанд Муродҷон Дадохонов, ба Радиои Озодӣ шикояти сокинонро рад карда гуфтааст, ки мусофирон “тӯли ин чанд соати таъхири парвоз дар дохили ҳавопаймо бо маводи хӯрокаи захиравӣ таъмин кардаанд ва бинобар ин ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд нафаровардаанд.”

Гуфта мешавад, дар се ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”, ҳудуди 500 нафар мусофир ҳузур доштааст.

Масъалаи маводи хӯрокае, ки ширкатҳои Тоҷикистони ба мусофирони худ медиҳанд, аз мушкилиҳоест, ки тӯли солҳо идома дорад, вале дар баробари шикояти сокинон то ба имрӯз ҳеҷ тайғироте дар ин самт дида намешавад.

Бино ба иттилои тасдиқ нагардида гуфта мешавад, таъмини хӯрокаи ширкатҳои ҳавопаймоиро домоди дигари Президент Ашраф Гулов, писари собиқ вазири Энергетика Шералӣ Гулов ба зимма дорад.

Олмон ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ тақдим кард

0
Сурат: moh.tj

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон ҳукумати Олмон дар доираи амалисозии тарҳи Бонки Олмонии Рушд ба Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” 11 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ тақдим кардааст.

Гуфта мешавад, дар маросими супоридани таҷҳизоти мазкур муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, намояндагони сафорати Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Олмонии Рушд, роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” иштирок намудаанд.

Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми Вазири тандурустии Тоҷикистон зимни қадрдонӣ аз кумаки Олмон гуфтааст, лоиҳаи Бонки Олмонии Рушд яке аз шарикони муҳими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ҳамеша ба вазорати тандурустӣ  кумакҳову ғамхориҳо намудааст.

50 млн доллар гранти навбатии БОР ба Тоҷикистон

0

Бонки Осиёии Рушд 50 миллион доллар гранти навбатиро барои дастгирии ҳукумати Тоҷикистон барои суръат бахшидани рушд дар бахши хусусӣ тавассути ташкили низоми устувори молиявӣ, тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва такмили идоракунии молиявӣ, тасдиқ кард.

Тибқи иттилои дафтари БОР дар Тоҷикистон ин грант дар доираи марҳилаи якуми “барномаи беҳтар намудани бахши молиявӣ ва идоракунии молиявӣ” дода шудааст.

Ба назари Юҷи Мияки, масъули Идоракунии БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ “Тоҷикистон тавоноии ба даст овардани рушди устувору фарогиртари иқтисодиро дорад”.

Дар идома Юҷи Мияки қайд кард, ки “Барнома дар ҳамоҳангии зич бо шарикони асосии рушд таҳия шуда, ислоҳоти ҳукуматро дар баланд бардоштани эътимоди бахши хусусӣ ва таҳкими бахши молиявӣ дар якҷоягӣ бо такмили идоракунии молиявӣ, ки ба афзоиши сармоягузории хусусӣ мусоидат хоҳад кард, равона шудааст.”  

Пештар аз ин БОР барномаи грантиро барои баланд бардоштани устувории молиявии соҳаи энергетика дар Тоҷикистон ва тақвият башидан ба ислоҳот дар он ба маблағи 105 миллион доллар тасдиқ карда буд.

Бонки Осиёии Рушд соли 1966 таъсис ёфта, саҳмдорони он 68 кишвар мебошанд, 49 кишвари он дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд.

Вазири ҷавон ваъдаи рушди 2,5 дарсади тавлидоти дохилиро дод

0

Кабир Шералӣ, вазири саноат ва техналогияи навин зимни як маҷлис дар Парлумон гуфтааст, ки тавлидоти дохилӣ то 2,5 дарсад афзоиш меёбад, некуаҳвоилии мардум беҳтар мешавад. Дар ин бора нашрияи парлумонии “Садои мардум” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вазири саноат “Барномаи саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025”-ро таҳияву пешниҳод намуданд, ки бо қарори Ҳукумат тасдиқ шудааст.

Ӯ дар идома гуфтааст, “Дар натиҷаи амалишавии марҳилаи якуми “Барномаи саноатикунонии босуръат” ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои дурнамо аз 27,6 миллиард сомонии соли 2019 то ба 69,9 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, суръати афзоиш аз 113,6 дарсади соли 2019 то ба 253,3 дарсад дар соли 2025 мерасад”.

Коршиносони умур бар ин назаранд, вазъияте, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳукмфармо аст, амалӣ гардидани чунин барномаҳо бо ин миқдори рушд, ки вазир мегӯяд, аз воқеият каме дур аст.

Аз фаъолият бозмондани 100 нерӯгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон

0

Дар 10 моҳи соли равон нерӯгоҳҳои барқи обии хурди Тоҷикистон дар маҷмӯъ 13,8 миллион киловатт-соат нерӯи барқ тавлид карданд, ки камтар аз як дарсад аз тавлиди кулли нерӯи барқи кишвар аст.

Бино ба иттилои сомонаи “Авесто”, дар Тоҷикистон 284 нерӯгоҳи барқи обии хурд мавҷуд буда, 100-тои он аз фаъоляит бозмондааст.

Дар бораи сабабҳои аз фаъолият мондани 100 нерӯгоҳи хурд, бе машравати мутахасисон дар маконҳои номуносиб бунёд гардидан, ба назар нагирифтани камбудии об дар фаслҳои зимистон ва тобистон гуфта мешавад.

Дар Тоҷикистон аз соли 2000 сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ бо кумаки созмонҳои байналмиллалӣ оғоз гардида буд, ки ҳоло мушаххас шуд, ин барнома бе баррасӣ ва маслиҳати мутахассисони соҳа анҷом ёфтааст.

Коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки дар ин мушкилии ба вуҷудомада коррупсия ҷой дорад. Масъулон ҳисоботи бардурӯғро ба хотири обу лой кардани грантҳои хориҷӣ, ки барои бунёди нерӯгоҳҳо тақдим шуда буд, пешниҳод мекарданд.

Онҳо бе иҷозати мутахасисон нерӯгоҳҳоро дар маконҳое бунёд кардаанд, ки умуман муносиб набуда, аз сабаби бесифатнокӣ баъди андак замон аз фаъолият бозмонданд.

Ба иттилои ширкати давлатии “Барқи тоҷик” дар 10 моҳи аввали имсол дар нерӯгоҳҳои барқи обии ин кишвар 16 миллиарду 151,1 миллион киловатт-соат барқ тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 6 дарсад   кам будааст.