Хона блог саҳифа 713

Эмомалӣ Раҳмон: агар барқро сарфакорона истифода накунед, боз лимит ҷорӣ мешавад

0

Бино ба иттилои хабаргузории “Sputnik” раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ҳушдор дода, ки агар барқро сарфакорона истифода накунанд, зарурати ҷорӣ кардани лимити барқ пеш меояд. Гарчанде, ки захираи имрӯзаи об басандаҳам бошад.

Ин гуфтаҳои Эмомали Раҳмон имрӯз дар як ҷаласаи машварати корӣ бо аъзои нави ҳукуматаш, раисони шаҳру вилоятҳо, масъулони сохтору мақомоти назди Президенд садо дод.

Тибқи маълумоти дафтари матбуотии Президент, масъалҳои таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ва маводи ғизоӣ яке аз мавзӯъҳои асосии ин ҷаласа будааст.

Сурат: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар кори машваратии имрӯза оиди афзоиши талаботи мардум ба нерӯи барқ дар фасли зимистон дар шаҳру ноҳияҳо ва зарурати татбиқи тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ барои истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ дар миёни аҳолӣ ба таври қатъӣ гурӯҳҳои кориро ташкил намудааст.

Дар ин ҷаласаи корӣ гуфта шуд, ки ҳарчанд захираи имрӯзаи об басанда аст, дар сурати истифодаи исрофкоронаи қувваи барқ бори дигар зарурати ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли он пеш меояд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 13 декабри соли ҷорӣ раҳбари ПМТ, Муҳиддин Кабирӣ дар сӯҳбати онлайнияш, ки оиди ҷоришавии лимити барқ сухан кард, ваъдаву баҳонаҳои ҳукуматро зери суол бурда, зикр кард, ки барқ дар кишвар аз ончи барои дохил лозим аст, бештар тавлид мешавад.

Ӯ гуфт: “Сабаби аслии ҷорӣ шудани лимит ин аст, ки ҳукумат тарҷеҳ медиҳад ҳатто замоне, ки тавлиди барқ бо сабабҳои гуногун кам мешаваду танҳо барои масрафи дохил кофӣ аст, онро ба хориҷ бифурӯшад”.

Сабаби аслии бартараф шудани лимити барқро Кабирӣ дар мушкили соҳа намедонад ва онро ба эътирози мардуми кишвар рабт медиҳад. Ӯ дар сӯҳбаташ гуфт:

“Вақте ҳукумат шиддати эътирози мардумро эҳсос кард ва ҳатто дид, ки бархе даъват ба тазоҳурот доранд, маҷбур шуд фурӯши барқро ба хориҷ камтар кунаду аҳолиро бо барқ таъмин намояд.”

Дар идомаи сӯҳбаташ Кабирӣ афзуд, ки “ба хориҷ ҳам ба ҳамон нархе мефурӯшанд, ки дар дохил ба мардум фурӯхта мешавад, Аммо пулҳои барқи ба хориҷ фурӯхташуда на ба Тоҷикистон, балки ба хориҷ, ба ҳисоби офшории нафарони маълум интиқол дода мешаванд”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сухангӯи ширкати “Барқи Тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ рӯзи 6 декабр ба расонаҳо аз лимити сартосарӣ дар кишвар ва фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсояро рад карда, бебарқии сартосарӣ дар кишварро лимит не, балки “корҳои профилактикӣ” дониста гуфт, ки он ба зудӣ рафъ хоҳад шуд.

Русия гуфт, ки аз ҳама бештар ба муҳоҷирони меҳнатии кадом кишварҳо ниёз дорад

0

Мақомоти давлатии Русия аз нарасидани қувваи корӣ дар соҳаи сохтмон нигаронанд. Ба гуфтаи мақомоти Русия, ин кишвар аз ҳама бештар ба сохтмончиёни шаҳрвандони кишварҳои Украина, Тоҷикистон ва Узбекистон ниёз дорад.

Вазорати сохтмон ва манзилию коммуналии Федератсияи Русия барои содда кардани вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишвар барои кор дар сохтмонҳо чанд пешниҳоде омода кардааст. Пешниҳодоте, ки бо Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат ва Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳифзи саломатии инсон мувофиқа шудаанд, барои баррасӣ ба ҳукумати Русия фиристодааст. Дар ин бора рӯзи душанбе аз Хадамоти матбуоти ВСР ба ТААС хабар доданд.

“Ҳоло Вазорати сохтмони Русия рӯи масъалаи содда кардани шароити вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар якчанд майдони сохтмонӣ дар қаламрави Федератсияи Русия иштирок мекунанд, кор карда истодааст. Ҳамзамон, вуруд ба қаламрави Русия танҳо ба ташкилотҳое, ки назорати санитарию эпидемиологиро кафолат медиҳанд, пешниҳод карда мешавад”, гуфт масъули Хадамоти матбуоти Вазорат.

Тавре ки Вазорати сохтмони Русия ба ТАСС шарҳ дод, то 1 декабр аз 77 минтақаи кишвар дар 50 минтақаи он норасоии муҳоҷирон дар сохтмонҳо ба назар мерасад. Дар маҷмӯъ, талабот ба нерӯи корӣ дар соҳаи сохтмон беш аз 190 ҳазор нафар тахмин зада мешавад, менависад вебсайти “Work in Russia”.

Вазорати сохтмони Русия гуфта, ки аз ҳама бештар ба мутахассисони соҳаҳои сохтмон аз кишварҳои Узбакистон, Украина ва Тоҷикистон ниёз доранд.

Вазорати сохтмон хотиррасон кард, ки қарори манъи вуруд ба Русия ба мутахассисони баландихтисос ва шаҳрвандони Беларус – кормандони ширкатҳои маҳаллӣ, ки дар таъмини раванди пайвастаи истеҳсолот дар иншооти саноатии Русия кор мекунанд, дахл надорад.

Пештар муовини сарвазири Федератсияи Русия Марат Хуснуллин қайд карда буд, ки ҳангоми пандемияи коронавирус маоши коргарон дар сохтмонҳо дар Русия тақрибан ду баробар афзудааст, аммо то ҳол ин мушкилоти нарасидани кадрҳо бинобар рафтани муҳоҷирон ҳалли худро наёфтааст.

Бино навиштаи ТААС, ҳамзамон ҳукумати Русия дар якҷоягӣ бо минтақаҳо барномаи бозомӯзии соҳаҳои саноатро таҳия карда истодааст. Тавре Хуснуллин ба рӯзноманигорон шарҳ дода, ки ин иқдом барои коҳиш додани сатҳи бекорӣ амалӣ хоҳад шуд. Инчунин мушкилоти нарасидани сохмончиёнро, ки дар натиҷаи пандемия ба вуҷуд омадаанд, ҳал мекунад.

Шаҳрдории Хуҷанд: бо ангишту ҳезум хонаҳоятонро гарм кунед

0

Шаҳрдории Хуҷанд, аз сокинон хост барои гарм кардани хонаҳояшон аз ҳезуму ангишт истифода кунанд.

Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи Раиси шаҳри Хуҷанд ба сокинони шаҳр, ки дар  хонаҳои замини зиндагонӣ мекунанд, дастур додааст, ки аз қувваи барқ сарфаҷуйи намуда, барои гарм кардани хонаҳояшон аз ҳезуму ангишт истифода кунанд,

Маъмур Юсуфзод, сухангӯйи шаҳрдори Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфтааст:

“Раиси шаҳр дар як ҷаласа ба масъулин супориш дод, ки ба сокиноне, ки дар хонаҳои заминӣ зиндагони мекунанд, фаҳмонанд, ки бояд бо ангишту ҳезум хонаро гарм кунанду хӯрок пазанд, на бо дастгоҳҳои барқӣ”.

Ҳамчунин тибқи як дастури дигари Раиси шаҳри Хуҷанд, барои сарафакорӣ аз неруйи барқ чароғҳои рӯшноидиҳандаи шабонаи кӯчаҳо хомӯш ва тоблуи рекламавии мағозаву қаҳвахонаҳо, ки бо барқ фаъол аст, ба танзим дароварда шудааст.

Баъд  аз дастури Фирдавс Шарифзода тайи чанд шаби охир тамоми нуқтаҳои равшандиҳии  кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд, ба ҷуз кӯчаи асосии Исмоили Сомонӣ хомӯш карда мешавад.

Ҳамчунин Абдуазиз Норхӯҷаев сардори қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ хоҷагии манзилию коммуналии Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфтааст, онҳо дар пайи дастури Шарифзода шабона беш аз 9 ҳазор нуқтаи равшанидиҳии шаҳрро хомӯш мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки бо дастури ҳукумати Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ таъсис дода шуд, ки онро Рамазон Раҳимзода вазири ВКД-и Ҷумҳури Тоҷикистон назорат мекунад.

Сарбозон куҷо нопадид мешаванд? Оғози парвандаи сарбози гумшуда

0

Додситони ҳарбии Тоҷикистон парвандаи сарбози нирӯҳои марзбонӣ дар шаҳри Панҷакентро, ки нопадид шудааст таҳқиқ дорад. Масъулони қисми низомӣ мегӯянд, сарбоз силоҳашро гузоштаву ғайб задааст.

Ин сарбоз Иброҳим Абдузоиров ном дошта 20 сорад ва сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Ӯ моҳи апрели соли равон бо хоҳиши худаш ба артиш рафта, тӯли 7 моҳ мешавад бедарак аст.

Иброҳим Абдузоиров

Саломат Абдуллоева, модари сарбози нопадидшуда ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “Ба ҳамаи шиносҳояш занг задем, дар ҳар ҷо суроғ кардем, то ҳол хабараш нест”.

Дар идома модари сарбоз иброз доштааст, ки охири моҳи июни имсол ду масъули қисми ҳарбӣ ба ноҳия омаданд ва якҷо ба теппаҳо ва деҳаҳои ҳамсоя рафта, пайдо накардаанд.  

Саломат Абдуллоева мегӯяд, ки писараш то замони нопадид шудан чанд дафъа занг зада буд ва бори охир гуфтааст, ки барояш силоҳ доданд ва бояд ба дидбонгоҳ биравад.

Ба гуфтаи модари Иброҳим, писараш аз чизе шикоят надошт, дар бораи дилтанг шуданаш ҳам гап назадааст ва намегуфт, ки мехоҳад ба хона баргардад, чунки довталабона ба аскарӣ рафта буд.

Дар ҳаминҳол як корманди қисми ҳарбии “0203” дар шаҳри Панҷакент бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфта, ки то ҳол сарбозро ҷустуҷӯ доранд. Ба гуфтаи ин манбаъ:

“Иброҳим рӯзи 8-уми июн дар дидбонгоҳи марзӣ бо Узбекистон навбатдор буд ва бе огоҳ кардани фармондеҳон силоҳашро гузоштаву рафтааст. Ба куҷо рафтааст, маълум нест.”

Корманди низомӣ дар идома иброз доштааст, ки  дар гузашта баъзе аз сарбозон барои дидани наздикони худ аз маҳалли хидмат фирор карда, дубора бармегаштанд:

“Дар аввал фикр кардем, ки аз хидмат гурехтааст. Ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рафтем, ду ҳафта ҳамроҳи модару бародараш ҷустуҷӯ кардем, ҳеч чиз маълум нашуд. Ҳоло аз он вақт ҳафт моҳ мегузарад.”

Ба гуфтаи пайвандони сарбоз, додситонии ҳарбӣ нисбат ба нопадид шудани Иброҳим Абдузоиров тафтишотро шуруъ карда, танҳо як маротиба модарашро даъват намуда, дар бораи фарзандаш забонхат гирифтаанд.

Падари ин сарбоз Абдулҳошим Абдузоиров,  ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, аз сарнавишти фарзандаш дар ташвиш аст. Падари сарбоз мегӯяд, ки сахт тааҷҷуб дорад. Чун агар фирор мекард, ҳатман ба хона меомад ва ё ба кадом шиносаш хабар медод, вале ҳеч дарак нест. Дар идома падари ин сарбоз иброз доштааст, ки “Мо ҳоло ба ин натиҷа расидем, ки ба расонаҳо хабар диҳем. Аксҳояшро дар чорроҳаи деҳа ва ноҳия гузоштаем”.

Ҳодисаи нопадид гардидани сарбозон дар артиш ба як амри маъмулӣ табдил гардидааст, чанде пеш ду сарбози нерӯҳои марзбонӣ дар Бадахшон нопадид гардиданд, ки гуфта мешуд, ба хотири  наҷоти як мактабхон худро ба дарё партофаанд, то ҳол ҷасадҳояшон пайдо нагардидааст, волидонашон ба ин фарзия  бовар надоранд.

Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 232 тоҷик дар Қазоқистон

0
Сурат: inform.kz

Додситони нақлиёти Қазоқистон аз ошкор шудани вуриди 232 шаҳвардани хориҷӣ дар замони пандемия хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки инҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, бо асноди тиббии қалбакӣ ба ин кишвар ворид гардидаанд.

Бино ба иттилои сомонаи додститони нақлиёти Қазоқистон ба 232 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ғайриқонунӣ ба ин кишвар ворид гардидаанд, тибқи моддаи 392, яъне бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзҳои Қазоқистон парванда боз шудааст.

Аз рӯйи қонунҳои Қазоқистон дар ҳолати ба иҷро даромадани ҳукм нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон як сол зиндон ё пардохти ҷарима ба маблағи 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳои моҳона дар назар аст.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки аз 13 май Қазоқистон хуруҷ ва вуруди шаҳрвандони хориҷиро манъ кард, ки афроди манфиатхоҳ аз ин истифода карда садҳо нафарро ба ин кишвар бо тариқи сохтакорӣ дохил кардаанд.

Нисбати нафароне, ки тоҷиконро ба ин кишвар ворид кардаанд, аз руйи моддаи  394-и Кодекси ҷиноятии Қазоқистон бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ парванда кушода шудааст.

Гуфта мешавад, пас аз хуруҷи коронавирус ва набудани ҷойи кор дар Тоҷикистон шаҳрвандон барои беҳтар намудани шароити зиндагии худ, кӯшиш мекунанд, ки ба кадом роҳе ҳам набошад аз кишвар хориҷ гарданд, ки дар натиҷа ё ба зиндон ё бо марг рӯ ба рӯ мегарданд.

Коршиносони умур бар ин назаранд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли 28 сол натавонист, ки ҳадди ақал барои як идда шаҳрвандон дар кишвар ҷойи кории доимие омода кунад, то ки имрӯз ин шаҳрвандон дар дигар кишварҳо бо чунин ҳолат гирифтор намегардиданд.

Тибқи маълумотҳо дар Қазоқистон зиёда аз 100 ҳазор тоҷик кору зиндагонӣ мекунанд ва пас аз Русия дуввумин кишварест, ки муҳоҷирони тоҷик барои кор ба ин кишвар сафар мекунанд.

Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи тоҷири тоҷик

0

Абдуҷаббор Қурбонов, ки бештар бо номи (Ҳоҷӣ Ҷаббор) дар байни ҷомеа маъруф аст, наздиконашро ба Раёсати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми ВКД, даъват намуда, баёнот гирифтаанд. Ҳоҷӣ Ҷаббор дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои тундрав гумонбар дониста мешавад.

Садафмо Тешаева ҳамсари Ҳоҷӣ Ҷаббор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки рӯзи 10 декабри соли равон ӯро ба Раёсати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм даъват намуда, тӯли се соат муфатишон онҳоро  бозпурсӣ кардаанд.

Ба гуфтаи ҳамсари Қурбонов муфатишон гуфтаанд, ки шаҳвараш соли 2016 дар Душанбе аз ширкати “Билайн” симкорт гирифта, тавассути “Однокласники” ва Вотсап бо намояндагони гурӯҳҳои тундрав дар Ироқу Сурия чаҳор дақиқа тамос доштааст, гуё ба онҳо кумаки молӣ кардааст. Ба гуфтаи Садафмо Тешаева ин итиҳомот нисбати шавҳараш ягон асос надорад.

Ҳамчунин пайвандони Ҳоҷӣ Ҷаббор аз намояндагони Раёсат хоҳиш кардаанд, то рӯзи сешанбе маълум кунанд, ки вай дақиқан ба чи муттаҳам аст ва дар куҷо чи кори хилофи қонун кардааст.

Вале то ҳол аз ҷониби ВКД дар ин маврид ягон иттилои дақиқ нест.

Худи Ҳоҷӣ Ҷаббор ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки як моҳ пеш дар Тоҷикистон буд ва ҳеч мақоми умури дохилӣ ё амниятӣ ӯро даъват накарда буданд. “Дар тааҷҷубам, ки чаро ҳамсари маро даъват карда, пурсидаанд” – мегӯяд ӯ.

Дар ҳамин ҳол Иззат Амон, раиси созмони “Маркази тоҷикон” дар Маскав,   ба Радиои Озодӣ гуфтааст, Ҳоҷи Ҷаббор, азбаски шахси бонуфуз аст ва чанд бозорро зери назорат дорад, шояд ба доираҳое дар Маскав ва дар Душанбе хуш намеояд ва мехоҳанд нуфузашро кам кунанд.

Дар идома иброз доштааст, ки Ҳоҷӣ Ҷаббор бештар ба муҳоҷирони тоҷик ва донишҷӯёну варзишкорон кумак намуда, дар рӯзҳои пандемияи COVID-19 барои муҳоҷирони тоҷик ёрӣ расондааст.

Аз руйи маълумоти интишоргардида гуфта мешавад, Абдуҷаббор Қурбонов дорои ду маълумоти олӣ буда, Академияи идораи назорати давлатиро хатм кардааст, аз соли 1997 ба ин тараф дар Русия ба тиҷорат машғул аст.

Чанд сол қабл номи Ҳоҷӣ Ҷаббор барои ҳақ ситонӣ дар бозорҳои Маскав дар сархати хабарҳои расонаҳои Русия қарор гирифта буд.

Ҳамчунин як сол қабл дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон ҳангоми бозкушоии

Чанд миллиард доллари дигар лозим аст, ки НБО-и “Роғун” пурра сохта шавад?

0

Сомонаи “Авесто” бо такя ба Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аз буҷаи давлатии имсолаи Тоҷикистон барои рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ зиёда аз 3,8 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи кишвар, беш аз 2 миллиард сомонӣ аз ин маблағ барои сохтмони НБО “Роғун” пешбинӣ шудааст.

Тибқи омори мунташира, Маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ 102,4% ё беш аз 2,8 миллиард сомонӣ аз буҷети кишвар маблағгузорӣ шудааст. Бояд қайд кард, ки қисми зиёди ин маблағ барои сохтмони НБО Роғун харҷ карда мешавад. Аммо маблағгузории ин бахш дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта 864,7 миллион сомонӣ кам шудааст.

Ҳамзамон бино ба иттилои сомонаи “Centrasia”, таҳлилгари масоили иқтисодӣ Камолиддин Сироҷиддинов дар ин замина гуфта, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 нақша дорад аз ду бонки бузургтарини хориҷӣ, ки дар Швейтсария ва Олмон ҷойгиранд, 340 миллион евро қарз бигирад. Гуфта мешавад, ин маблағ ба корхонаҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизоти НОБ “Роғун” гузаронида мешавад. Ва раванди он аз 3 то 5 солро дар бар хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи Сироҷиддинов, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 то 2020 аз манбаъҳои гуногун, аз ҷумла бо ҷалби манобеи маблағгузории ғайрибуҷавӣ, барои пӯшонидани хароҷоти лоиҳа захираҳои кофии молиявӣ фароҳам овард. Дар ин давра (13 сол), бидуни хароҷоти сарфакорона, бо ҳисоби доллар зиёда аз 2,5 миллиард доллар масраф шудааст.

“Барои ба итмом расонидани чунин як пружаи бузург маблағҳои калон – тақрибан 4 миллиард доллар хароҷоти воқеии молиявии дигар лозим аст. Тибқи хулосаҳо, хароҷоти куллии асосӣ аз соли 2014 то ба итмом расонидани сохтмони НБО “Роғун” 5,2 миллиард долларро ташкил хоҳад дод”, – мегӯяд Сироҷиддинов.

Ӯ дар бораи роҳҳои ҷалби сармоя барои сохтани НБО “Роғун” менависад, ки “дигар лозим нест мо масъалаи ҷалби маблағ аз аҳолӣ, интиқоли пул, маблағҳои бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорони ватанӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро барои эҳтиёҷоти сохтмони аср ба миён гузорем, зеро ин ба эҳтимоли зиёд ба суст шудани рушди иқтисодӣ оварда мерасонад”.

Ин таҳлилгари тоҷик меафзояд:

“Роҳи дигари ба даст овардани сармоя барои идомаи сохтмони “Роғун” ин баланд бардоштани иқтидори тавлиди нерӯи барқ ​​дар ду чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” ва ба хориҷа фурӯхтани он бо нархи 3 сент барои як киловатт соат аст, ки ин боз ҳам баланд бардоштани сарбандро талаб мекунад. Барои амалӣ намудани ин бояд баландии 335-метрии ин нерӯгоҳ ҳадди аққал ба 135 метр расонида шавад, то тавлиди нерӯи барқ ​​дар ду чархаҳои аввалини он аз 200 МВт то 400 МВт афзоиш ёбад.”

Нерӯгоҳи “Роғун” бузургтарин лоиҳаи гидроэнергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказист, ки баландии сарбанди он 335 метр ва иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ дар як сол 17 миллиард киловатт-соат гуфта шудааст.

Тибқи нақша сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” соли 2033 ба итмом мерасад.

Автобусҳо ва тролейбусҳои тоҷикии “Акиа Ориё” ба кор оғоз мекунанд

0

Ширкати муштараки тоҷикию туркии “Акиа Авесто Автоматив Индастри” 11-уми декабри соли равон 36 автобус ва 69 тролейбуси истеҳсолкардаи худро барои хидмати мусофирон дар шаҳри Душанбе тақдим кардааст.

Бино ба иттилои нашрияи пралумонии “Садои мардум” автобусҳои дохилишаҳрии истеҳсоли корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба дарозии 8 метр барои 64 нафар мусофир пешбинӣ гардидаанд.

Дар хабар омада, ки “Корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ, бо номгузории тоҷикӣ — “Акиа Ориё” оғоз намуда, ба нақша гирифтааст, ки то охири соли равон 50 адад автобус истеҳсол ва ба ширкатҳои нақлиётии пойтахт интиқол медиҳад.”

Ба навиштаи ин нашрия ширкати “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия соли 2018 ба кор оғоз карда, автобусҳои замонавии тамғаи “Акиа”-ро истеҳсол мекунад. Ва инак аввалин истеҳсоли худро муаррифӣ кард.

Дар маросими ба кор оғоз намудани ин автобусҳо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат варзиданд.

Никол Пашинян ба истеъфо рафт?

0
Мане Геворгян. Сурат: aravot-ru.am

Шаби душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи истеъфои сарвазири Арманистон Никол Пашинян хабарҳо нашр шуд. Аммо каме баъд аз ҷониби маркази матбуоти сарвазири Арманистон ин овозаҳо рад шуданд. Дар ин бора котиби матбуоти сарвазир Мане Геворгян ба ТАСС хабар дод.

“Хабарҳои истеъфо ба андозае сабуку бепоя ҳастанд, ки ба шарҳ ниёз надорад”, -гуфт Геворгян.

Беш аз як моҳ мешавад, ки дар Арманистон тазоҳурот барпо мешавад, ки мӯътаризон истеъфои сарвазир Пашинёнро талаб доранд. Мухолифон бар ин боваранд, ки созишномаи муштараке, ки сарвазир Пашинян рӯзи 9 ноябр бо президенти Русия Владимир Путин ва раҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев дар бораи қатъи пурраи амалиёт дар Қарабоғи Кӯҳӣ имзо кард, дарвоқеъ маънои таслим шуданро дошт, ки ин амал мардумро ба шӯр овардааст.

Тазоҳуроти мухолифон дар талаби истеъфои сарвазири Арманистон Никол Пашинян. (Акс: А.Микрюков / Reuters) 

Мухолифини нахуствазири Арманистон ӯро дар мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии ба вуҷудомада дар ин кишвар айбдор медонанд. Дар пасманзари вазъи кунунии кишвар, Президенти Арманистон Армен Саркисян хостори интихоботи зудҳангоми парлумонӣ шуд ва ба гуфти ӯ бояд то он замон давлати ваҳдати миллӣ ташкил намуда, қудрат ба он интиқол дода шавад.

Барномаи хабарии “ҲАФТА” (ВИДЕО)

0

Дар ин бахши иттилоотӣ хабару рӯйдодҳои доғе, ки дар тӯли ҳафта рух медиҳанд он бо шарҳу тафсилоти бештар пешкаш мешавад.

● Мусофироне, ки дар ин парвозҳо буданд аз хидматрасонии ширкати “Сомон Эйр” изҳори норозигӣ намуда, гуфтаанд, ки тӯли нуҳ соат дар дохили ҳавопаймо гушнаву ташна мунтазир мондаанд ва масъулони ширкат ба онҳо хӯроке тақдим накардаанд. Вале масъулони масъулони ширкати “Сомон Эйр” шикояти мусофиронро рад мекунанд.

● Иттиҳоди Аврупо низоми таҳримоти шахсиро барои нақзи ҳуқуқи инсон тасдиқ кард, ки тибқи он ҷорӣ кардани таҳримҳои шахсӣ алайҳи гунаҳкорони “нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон” дар саросари ҷаҳон имкон фароҳам меорад.

● Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як гузориши навбатии худ дар бораи озодиҳои мазҳабӣ Тоҷикистонро бори дигар дар рӯйхати кишварҳои нақзкунандаи озодиҳои динӣ ва мазҳабӣ ворид кардааст.

Маъмлумоти бештар дар видео: