Хона блог саҳифа 715

Дар вилояти Суғд беш аз ҳазор нафарро ҷарима бастанд. Барои чӣ?

0

Мақомот дар вилояти Суғд 1277 нафарро ба хотири риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ дар маҷмӯъ беш аз 175 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд. Аз ин шумора 86 нафар ронандагони худравҳои мусофиркашонӣ, 335 нафар кормандони ошхонаву тарабхонаҳо ва 865 нафарашонро шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.

Фурқат Шарифов ҳуқуқшиноси Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ба “Азия-плюс” гуфтааст:

“Аз тарафаи кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят, барои риоя накардани қоидаи муқовимат бо ҳамагирии коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ, яъне бе ниқоб гаштугузор намудани шаҳрвадон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар маҷмӯъ нисбат ба 1277 нафар бо қисми 1 моддаи 113-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунӣ оғоз шудааст”.

Ҳамчунин дар идома зикр кардааст, ки ин парвандаҳо аз тарафи мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ гардида, нисбати шаҳрвадон ба маблағи умумии 175 ҳазору 642 сомонӣ ҷарима таъйин шудааст. Аз ин миқдор то имрӯз ҳамагӣ 148 ҳазору 219 сомонӣ ситонида шуда, 27 ҳазору 419 сомонии дигар то ҳол пардохт нашудааст.

Гуфта мешавад, 349 ҳолат аз тарафи кормандони прокуратураи шаҳру навоҳии вилоят дар якҷоягӣ бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, 772 ҳолат аз ҷониби ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, 18 ҳолат аз ҷониби Шӯъбаи минтақавии мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ дар вилоят ва 138 ҳолат аз тарафаи кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ошкор карда шуд.

Аз 4-уми июли соли 2020, баъди ба имзо расидани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сокинонро барои набастани ниқоб дар ҷойҳои муайянкардаи қонун аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мебанданд.

Ширкати “Барқи тоҷик” аз мардуми Тоҷикистон узр хост, узраш қабул аст?

0

Ин узр, мебоист узри Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳури Тоҷикистон мебуд. Пешвои миллат мебоист дар як суханронии махсус иллати ҳудуди ду моҳ ва он ҳам дар шурӯъи фасли сармо ба мардум тариқи режим додани нерӯи барқро шарҳу тавзеҳ мекард. Ва мегуфт, ки дар интихобот ба ман барои Роғун овоз додед, шуморо ин бор ҳам ноумед кардам.

Раҳмон дар маросими таҳлиф ё қасамёдкуниаш ба унвони президенти нав дар 30 октябр бо такаббур ва тафохур гуфт, ки “маро барои Роғун интихоб карданд”.

Инҷо дар бораи барои чи интихоб карданд ва ё инки дар ҳақиқат интихобаш карданд, интихоботе, ки интихобот бошад буд ва ё аслан интихобе буд ё не, чизе намегӯем. Зеро худи Эмомалӣ Раҳмон беҳтар аз ҳар кас ва ҳама ба шумули интихобкунанда ва нозирону мушоҳидони интихоботӣ медонад, ки ӯро интихоб накардаанд. Аммо бигзарем аз ин ҳама. Масъала ин аст, ки бо гузашти ҳудудан се даҳа аз замони раёсати Эмомалӣ Раҳмон чаро норасоӣ ва танқисии нерӯи барқ аз байн намеравад?

Раҳмон моҳи январи соли 2017 бо сароҳат ва қотеъият гуфта буд, ки дигар дар Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ нахоҳад шуд ва лимит ба афсона табдил мешавад. Аммо аз ҳамон соли 2017 ба ин сӯ, ки 4 сол мешавад Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” медонаду қиссаву афсонабофӣ барои рост кардани ин дурӯғи шохдори Эмомалӣ Раҳмон:

“лимит ҷорӣ нашудааст, “корҳои профилактикӣ”, тармиму навсозӣ дар хатҳои барқрасон ва зеристгоҳҳову трансфораматорҳо”.

Дар як сол ҳам дар аввали баҳор ва ҳам дар авохири поизу ибтидои сармо ин ҳарфҳоро такрор мекунад. Шояд ӯ аз ҳама бештар мавриди душному ҳақорат бошад, ки дар асл сазовораш нест.

Аммо чи кунад, ки соли ҷорӣ ҳам айни ҳамин гапҳоро гуфт. Вале худ аз худ саволе пеш меояд, ки ин тармиму таъмиру навсозии арсаи барқу барқрасонии кишвар кай ба поён мерасад? Ва ин муҳандисону кормандону устоҳои барқчии тоҷик магар ҷонашон аз оҳану фӯлод буда, ки ҳудуди ду моҳ аст аз тармиму навсозӣ халос намешаванд?

Ҳатто дар шифт-бастаи шабона ҳам, шурӯъ аз 10-и шаб то 5-и субҳ банди марамматанд? Шаб, ки нерӯи барқ нест ва хеле ҳам сард аст онҳо чӣ гуна болту гайка тоб медода бошанд? Шояд “движок” кор мефармоянд. Аммо садои “движок”-и онҳоро, чуноне хабар доданд, касе дар ҳеҷ гӯшае аз қаламрави мамлакат нашунидааст.

Бале, ин ҳама гапу кору ҳарфу сӯҳбатҳо як дурӯғи бузурге аст. Ин дурӯғро ҳамакаса мегӯянд. Шурӯъ аз Раҳмон ва инак Усмон Усмонов, муовини сарвазир ва то худи Нозирчон Ёдгорӣ, ки гуфтем чи вазифа дорад. Дар бораи дурӯғи Усмон Усмонов, ки мегуфт, оби ҳавзи Норак кам шудааст ва дигар ҳам ин ки “аҳолӣ зиёд шудааст”, чи бигӯем? Наход аҳолии Тоҷикистон ин қадар зиёд шудааст, ки ҳукумат наметавонад таъмин кунад?

Хуб, бошад гапи шумо. Вале агар аҳолӣ зиёд шуд, бояд барояш нерӯи барқ дода нашавад? Мо, ки Сангтӯда-1, Сангтӯда -2 Марказҳои барқу гармидиҳӣ ва ниҳоят ду агрегати Роғунро ба истифода додем ку? ВМКБ дигар худаш барои худаш нерӯи барқ дорад. Ин далели пешовардаи шумо тамоман қобили қабул буда наметавонад. Бар замми ин ҳама ТАЛКО, ки дар 24 соат 21 млн.кв.соат масраф мекард, ҳоло то 6 млн пойин омадааст.

Соли гузашта ҳеҷ баҳона барои “оправдат” кардан пайдо накарданд, танқисии нерӯи барқро рӯирост болои мардум карданд: “мардум то қарзи масрафи нерӯи барқро надиҳад, барқро тибқи салоҳдиди мо мегирад. Об ҳаст, хатҳои барқ саҳеҳу солим, трансформаторҳо кор мекунад, аммо аҳолӣ қарздор аст ва то аҳолӣ пули барқро насупорад, интиқоли нерӯи барқ ҳамин тавр аз рӯи реҷа ва соат дода хоҳад шуд”.

Яъне гуфтанд, ки аз бесветӣ муред ҳам то пули нерӯи барқро надиҳед, ба шумо барқ дода намешавад. Дуруст аст, ки як қисм аз аҳолӣ қарздор аст. Аммо ин кадом аҳолӣ аст? Яке аз ин “аҳолиҳо” совхози Чаппавеи Колхозободи пешина Сарбанди имрӯза аст, ки гуфта мешавад бародарони Азизамо, ледии №1-и Тоҷикистон, ҳамсари Пешвои муаззами миллат будааст, ки қарзи онҳо миллионҳо миллион сомонӣ бештар аст ва ба гуфтаи ин манбаъ ҳоло касе ҷуръат намекунад, ки онҳоро бисупор гӯяд.

Як навбат кадом нозири барқ барои маблағи барқ рафта зери мушту лагади Раҳматуллои Асадулло, бародарзани Эмомалӣ Раҳмон, соҳиби мутлақи Чапаев мондааст. Ва инки чанд рӯзи пеш ширкати “Барқи тоҷик” доду вовайло мекард,ки корхонаҳои оҳангудозӣ ва шағалу қумбарорӣ бояд қатъ карда шаванд ҳам маҳз ба ҳаминҳо мутааллиқ аст. Мусалламан халқи одӣ аз ин қабил корхонаҳо надорад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, ҳамин чанд рӯзи пеш ҳам гуфт пандемияи коронавирус роҳҳоро масдуд кард ва қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоти лозим барои таъмиру тармим саривақт расонида нашуд, корҳои профилактӣ ва кашол ёфт. Ин як дурӯғи навбатӣ аст ки пушти дурӯғҳои дигар саф зад. Ба миллиард доллар сангҳои қимматбаҳоро,тиллову нуқраро, лоҷуварду ёқутро фурӯхтаву берун бароварда тавонистед,шуд.

Аммо барои воридоти таҷҳизот роҳ масдуд будааст. Мутмаинан дар ҳамин ҳолу аҳволи мо ҳеҷ кишваре роҳро масдуд намекард, Балки 100% бовар дорам ҳарчи зудтар гузаронида медоданд. Вале аз тарафи дигар, чаро ниҳодҳои масъул пештар чора наҷустанд. Шистанд,Шистанд зимистонро оварданду баъд дар суроғи таҷҳизот шуданд? Чаро?

Асли гап ин аст ки дар тобистон барои кишвари ҳамсоя об барои кишту полез ва обанборҳои маснӯии онҳо бештар аз андоза фурӯхта шуд. Ва, дар ин васат вазорати энергетика, вазорати об ва Оҷонсии обуҳавошиносӣ  ҷуръат накарданд ба “Боло” бирасонанд, ки захоири об барои худи кишвар танқисӣ пеш меоварад. Чун ин бизнес бизнеси бизнесмени №1-и Тоҷикистон аст.

Гумон карданд мисли солҳои пешин хоҳад шуд.Аммо имсол барфу борон худогир шуд. Вале ҳамаи ин сабабу далоил,ки чирту пирт ва парту палое беш нест, ҳуқуқ намедиҳад,ки кишвар ва мардум тамоми ин ҳама муддати ҳукумати наздик ба се даҳаи як нафар о торикиву сардӣ рӯз пеш барад. Бояд касе ҷавоб пас бидиҳад.

Шояд ҳам ба кордароии Маркази барқу гармидиҳӣ Душанбе -2 дар чанд рӯзи пеш ба сарвақти масъулони соҳа расид. Вагарна оби ҳавзи Норак дар ин фасли сармо аз куҷо пур шуд,баракс бояд, ки пойинтар ва холитар шуда бошад. Ва, ё шоядам аслан ҳамин “камобшаваии обанбори Норак” ҳам як дурӯғи дигар буд?

Беҳтар ва дурусттар ин аст, ки ба корношоямӣ, ноуҳдабароӣ ва нотавониатон узр бипурсед. Чун мушкил, мушкили мудирияти шумост. Агар заррае аз ин мушкил бар уҳдаи мардум буд, ҳоло ҳашар карда ҳал мекарданд. Дар одитарин ҳолати изтирорӣ, ки пеш ояд кадом муқовимат, кадом ҷилавгирӣ карда наметавонед. Ҳамчуноне бо пандемияи коронавирус кардед. Ба назар мерасад, ки ҳама кору ҳама чизи ҳукумат “самотёк” аст.

Инки ҳукумат битавонад ҷилавгирӣ кунад, инки ҳукумат битавонад бартараф созадро мардум намебинад. Барои мардум, барои истеъмолкунанда баҳона роҳи ҳалли масъала нест. Ин корҳоро ҳукумат бояд ба иҷро расонад, ин мавонеъе аст, ки бартараф кардани он кори ҳукумат аст.

Мақоли мардумии “узри бадтар аз гуноҳ”-ро тафсир чунин аст, ки нафар(оне,ки маъзарат хост) дақиқан медонад, ки гуноҳ содир карда истодааст, зарар мерасонад, набоядам ин корро мекард, авоқиби кори гуноҳашро қабл аз содир кардан медонист, вале хеле ҳам берӯю риё, беҳаёёна, бераҳмона, беинсофона кори гуноҳро кард. Барои ҳамин узри ӯро узри бадтар аз гуноҳ гуфтанд.

Ҳоло ин узр он вақт қабул мешуд, ки аз аввал мегуфтанд, ки авзоъ чунин аст, ҳавзи оби Норакро намешавад бо ҳашар, масалан бо сатилу кӯзаву аробаву мошини обкаш(водовоз)-у оташнишонӣ (пожарник) пур кард. Агар ҳудуди 20 миллион доллар саҳмияҳои харидаамонро ҳам бурда ба он ҳавз андозем ҳам об боло намебарояд, магар инки соҳиби табиат, соҳиби пиряхҳо, соҳиби абру борону барф худаш ба сарвақтамон нарасад.

Манзурам ин аст, ки Раҳмон ва масъулони обу энергетикаи ӯ аз қабл ба мардум воқеиятро мегуфтанд, рости гапро мегуфтанд, в-онгаҳ имрӯз узри онҳо қабул буд, вале ҳоло баъид аст, ки қабул бишавад.

Ба ҳар сурат 9.12.2020 охирин рӯзи бесветӣ эълон шуд. Ку, бубинем, ки ин рӯз охирин хоҳад буд ва ё дар баҳору поизи соли 2021 боз ҳам афсонашунавӣ хоҳем кард.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Вокуниши Кумитаи дини Тоҷикистон ба изҳороти Вазорати хориҷии Амрико

0

Бино ба навиштаи хабаргузории ҳукуматии “Ховар” Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон ба изҳороти Вашингтон, ки Тоҷикистонро дар радифи давлатҳои нақзкунандаи ҳуқуқу озодиҳои динӣ ворид кардааст, вокуниш нишон дода, изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар ин изҳорот Кумита норозигии худро дар бораи гузориши ИМА, барои баҳогузории озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон баён дошта, онро ғайривоқеӣ хондааст.

“Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта низ изҳор дошта буд, ки чунин гузоришҳо асоси воқеӣ надошта, сарчашмаи онро матбуоти ғайрирасмӣ ташкил медиҳад ва имрӯз низ қотеона ҳамин мавқеъро баён медорад”, – омадааст дар изҳорот.

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, гузоришҳои солонаи Депортаменти давлатии Амрико ва Комиссияи байналмилалӣ оид ба озодиҳои мазҳабӣ дар мавриди озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон тақрибан бетаҳрир ва якранг интишор мешаванд.

“Ҷониби Кумита борҳо дархост намуда буд, то як комиссияи вижа ба Тоҷикистон сафарбар шуда, аз вазъи воқеии фазои динӣ ва бурду бохти кишвари мо дар ин арса ошно гардидаву дар ин замина гузоришҳои воқеӣ таҳия намояд. Зеро агар аз рӯи адолат ва воқеият назар намоем, Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии худ ба як силсила дастовардҳо дар соҳаи дин ноил гардидааст, ки нодида гирифтани ин дастовардҳо ва шомил кардани кишвари мо ба рӯйхати давлатҳое, ки дар онҳо озодиҳои диниву маҳзабӣ комилан нақз мешаванд, камоли беинсофист”, – омадааст дар изҳороти Кумита.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта Вашингтон дар як гузориш дар бораи озодиҳои мазҳабӣ Тоҷикистонро бори дигар дар рӯйхати кишварҳои нақзкунандаи озодиҳои динӣ ва мазҳабӣ ворид кардааст.

Дар баробари Тоҷикистон низ давлатҳои Эрон, Чин, Кореяи Шимолӣ, Мянма, Нигерия, Покистон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон ва Эритерия ба рӯйхати кишварҳое шомил шудаанд, ки ба гуфтаи Вашингтон, ба таври пайваста озодиҳои мазҳабиро поймол мекунанд.

Ҳамчунин Кумиссиюни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба озодиҳои динӣ моҳи майи соли 2019 бо нашри гузориши солонааш дар бораи озодиҳои мазҳабӣ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон мақомот соли 2018 ҳамаҷониба эътиқоду бовариҳои мардумро назорат мекарданд.

Ҳамасола Амрико ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар аз вазъияти нохуби масоили динию мазҳабӣ ва танг шудани ҳуқуқу озодиҳои диндорон дар Тоҷикистон нигаронӣ мекунанд, аммо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Кумитаи дин, ҷашну маросим ва ё маркази Шурои уламо вазифадор мешаванд, ки ба чунин гузоришҳо рад бинависанд.

Барои навори эътирозӣ муҳоҷири тоҷикро дар сафорат бозпурсӣ карданд

0
Сурат: скриншот аз навори видеоӣ-Ютуб

Як ҷавони муҳоҷири тоҷикро дар Русия барои нашри наворҳои эътирозӣ сафорати Тоҷикистон дар Маскав бозпурсӣ кардааст. Ин ҷавон иддао дорад, ки дирӯз ӯро масъулони сафорат ба бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав даъват карда, пас аз пурсуҷӯҳои зиёд, ки ба гуфтаи ӯ се соат давом кардааст, телфони дастиашро гирифта барнагардондаанд.

Ба гуфтаи ҷавон дар сафорат аз ӯ пурсидаанд, ки бо нашри навори эътирозӣ чӣ гуфтан мехоҳад, ӯ дар посух гуфта, ки мехоҳад аз ҳаққи худ дифоъ кунад, мисли мондани риш ва ғайра, инчунин озодии Маҳмурод Одинаевро низ талаб дорад.

Ин ҷавон Аҳлиддин ном дошта, пештар дар наворе озодии Маҳмурод Одинаверо талаб кард, ки онро шабакаи ютубии “Уфуқ тв” нашр кард. Худи ӯ мегӯяд, ҳамин наворҳо боис шуда, ки сафорат ӯро даъват кунад.

Дирӯз аз ӯ талаб кардаанд, ки маълумотномаи тиббӣ дар бораи ташхиси коронавирус гирфта фардо бори дигар ба сафорат ҳозир шавад. Ба қавли ин муҳоҷири тоҷик, эҳтимол мехоҳанд ӯро ба Тоҷикистон бифиристанд.

Бояд гуфт, ки қаблан шабакаи “Уфуқ тв” дар Ютуб пас аз овозаҳо дар бораи боздошт шудани рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода маъракаи дифоъ аз ин журналистро ба роҳ монд, ки муҳоҷирони зиёд бо ирсоли навор ба ин шабака аз ӯ ҳимоят карданд.

Дертар ҳамин корро барои дифоъ аз Маҳмурод Одинаев оғоз карданд. Одинаев пас аз додани ариза барои гирдиҳамоӣ дар маркази Душанбе 20-уми октябр бедарак шуд ва дертар мақомот гуфтанд, ӯро боздошт кардаанд.

Ин ҷавони муҳоҷир бо ирсоли наворе озодии Одинаевро хоста буд. Ба қавли масъулони шабакаи “Уфуқ тв” айни замон ҷавон дар бинои сафорат қарор дорад ва аз ин хотир тамос бо ӯ қатъ шудааст. Назари масъулони сафортаи Тоҷикистон дар Маскав дар ин бора дастрас нашудааст.

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” аз мардуми кишвар узр пурсиданд

0

Таъмини нерӯи барқ ​​ба пуррагӣ барои сокинони минтақаҳои Тоҷикистон аз 10-уми декабри соли равон барқарор карда мешавад. Дар ин бора “Avesta.tj” бо такя ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик” хабар дод.

“Мо ба маълумоти шумо мерасонем, ки тамоми корҳои таъмирӣ, назоратӣ ва чораҳои пешгирикунанда дар сохторҳои энергетикии кишвар ба итмом расидаанд ва аз 10 декабри соли 2020 дар кишвар интиқоли нерӯи барқ ​​пурра ба роҳ монда мешавад. Имсол бинобар вазъи маълум ин амал ба таъхир афтод, ки барои он мо аз истеъмолкунандагони мӯҳтарами нерӯи барқ узр мехоҳем ”, – омадааст дар муроҷиатномаи “Барқи Тоҷик”.

Дар баробари ин, “Барқи Тоҷик” аз ҳамаи сокинон даъват менамояд, ки ҳар киловатт соат нерӯи барқро сарфакорона ва оқилона истифода баранд, то интиқоли барқ ​​дар саросари кишвар осонтар шавад.

Дар идома қайд карда мешавад, ки имсол аз рӯи мушоҳидаҳо ва баҳои мутахассисон, ҳаҷми захираҳои обӣ ва энергетикии Тоҷикистон хеле маҳдуд аст ва захираи барф дар ҳавзаи дарёҳои кишвар нисбат ба соли 2019 44% кам шудааст.

“Барқи тоҷик” мегӯяд, ки обанбори НБО “Норак” 2-уми сентябри соли 2020 пур карда шуда буд, аммо аз ҳисоби кам шудани об дар дарёи Вахш дар моҳҳои охир ва кам шудани захираҳои он нисбат ба солҳои қаблӣ ва инчунин бо сабаби пешгӯии ҳавошиносон, ки зимистони оянда хунук хоҳад буд, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба масъалаи истифодаи нерӯи барқ ​​аз рӯи виҷдон, оқилона ва масъулият муносибат кунад ва ба хароҷоти аз ҳад зиёд даст назанад.

Имсол дар минтақа, хусусан дар Тоҷикистон соли аз ҳама гарму беборон буд. Дар Тоҷикистон 99% нерӯи барқ ​​аз об тавлид мешавад, яъне таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ​​мустақиман аз захираҳои об вобаста аст.

Дар охири муроҷиати худ ин ширкат гуфтааст, ки “Мо ба сокинони кишвар иттилоъ медиҳем, ки “Барқи тоҷик” ҳеҷ гоҳ ҷонибдори маҳдуд кардани интиқоли барқ ​​ва бе барқ ​​мондани мардум набуд.”

Ёдовар мешавем, ки аз охири моҳи октябр дар Тоҷикистон, бахусус дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, қатъшавии барқ ​​дида мешуд ва бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят мекарданд, ки дар Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ шудааст. Ширкати “Барқи Тоҷик” ҷорӣ шудани лимити барқ дар кишварро рад мекард ва набуди онро ба корҳои таъмирӣ рабт медод.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мужда! Пас аз як ҳафта дар Тоҷикистон барқ доимӣ мешавад

Чаро Ҳукумати Тоҷикистон ваксинаи зидди вируси COVID-19-ро харидорӣ намекунад?

0
Сурат: навори видеоии russian.rt.com

Хабаргузориҳои русӣ хабар доданд, ки дар ин кишвар ваксинаи зиди вируси COVID-19 бо номи «Спутник V»-ро ба муомилот баровардаанд, ки тамоми марҳилаҳои озмоиширо гузаштааст. Ҳамчунин аз 5 декабри соли равон дар Маскав нуқтаҳои ваксиназанӣ ба кор шурӯъ кардаанд.

Аввалин нафароне, ки дар ин кишвар ба онҳо ваксина мегӯзаронанд, кормандони соҳаи тиб, маориф ва муассисаҳои иҷтимоӣ мебошанд.

Гуфта мешавад, ки чандин кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди харидории ваксина ва ба кадом бахшҳо гузарониданро баррасӣ кардаанд, вале Тоҷикистон то ҳол дар мавриди харидории ваксина ҳеҷ тасмиме нагирифтааст.

Чанде пеш як масъули дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ба “Азияи-Плюс” гуфта буд, то исботи дақиқи ваксина ва гузаштан ба марҳилаҳои асосӣ баъдан дар бораи харидории он гуфтушунид хоҳанд кард.

Дар баробари ин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар мавриди харидории ваксина гуфтушинидҳо байни кишварҳо оғоз гардидааст.

Дар Ӯзбекистон рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта 100 воя (доза)-и ваксинаи “Cпутник V”-и истеҳсоли Руия барои озмоиш ба Тошканд оварда шудааст.

Ҳукумати Қирғизистон ваксинаи зидди коронавирусро аз Русия, Туркия ва Қазоқистон дархост намудааст. Аз ин кишварҳои номбурда 100 ададӣ ваксина дархост намудааст, то ба хоҳишмандон онро озмоиш намояд.

Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов дар вохӯрӣ бо вазири тандурустии ин кишвар дастур дод, ки ваксинаҳои хушсифати зидди коронавирус, ки дар давлатҳои гуногун истеҳсол шудаанд, харидорӣ шаванд.

Ин дар ҳолест, ки дар ин кишвар то ҳол рамсан ба қайд гирифтани каронавирус эълон нашудааст.

Дар мавриди Қазоқистон гуфта мешавад, ки аз 22 декабр дар ин кишвар истеҳсоли ваксинаи русиягии “Спутник V” оғоз мегардад.

Банкоматҳои бепул дар маркази вилояти Хатлон

0

Банкоматҳои марказии вилояти Хатлон чанд рӯз мешавад маблағи нақд надоранд, ин бепулии банкоматҳо сокинони ин минтақаро нигарон кардааст. Масъулин низ холӣ будани банкоматҳо аз пули нақдро тасдиқ карданд.

Бино ба иттилои сомонаи “Фараж” чанд рӯзи охир, аниқтараш аз 5- то 7-уми декабри соли равон дар аксарияти банкоматҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар маблағ надоштаанд, ки ин мардумро саргардон кардааст.

Даҳҳо сокини ин минтақа гуфтаанд, аз рӯзи ҷумъа то рӯзи душанбе,   банкоматҳои “Амонатбонк” маблағ надоштанд. Танҳо рӯзи сешанбе масъулони “Амонатбонк” дар ду-се банкомат пул гузоштанд.

Дар ҳамн ҳол як масъули филиали №43 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Бохтар ба “Фараж” гуфтааст:

“Аз сабаби набудани пули нақд аз рӯзи 5-уми декабри соли ҷорӣ 9 банкомати ин бонк маблағ надошт”.

Дар идома иброз доштааст, ки “бегоҳи 7 декабр барои мо як миллион сомонӣ маблағ доданд, ки ин пулро танҳо дар се бонкомати назди филиал гузаронидем.

Ҳоло 6 банкомати дигари филиали №43 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Бохтар пул надоранд. Ҳарчанд мо дархост кардем, аммо бо кадом сабаб маблағро саривақт пардохт намекунанд”.

Гулмаҳмад Тағоев муовини сардори филиали минтақавии БДА “Амонатбонк” №42 дар шаҳри Бохтар гуфтааст, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон ҳамагӣ 13 банкомат фаъолият доранд, ки аз инҳо 2 ададаш таъмирталаб мебошанд.

Муовини сардори филиали “Амонатбонк” тасдиқ намуда, ки дар маркази вилоят 50 дарсади банкоматҳо маблағ надоранд ва ваъда дода, ки дар кӯтоҳтарин вақт онҳоро бо пул таъмин хоҳанд кард.

Ҳудуди 40 млн $ қарзи хориҷии Тоҷикистонро бояд корхонаҳои тиҷоратӣ бипардозанд

0

Дар буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021, банде дарҷ гардидааст, ки тибқи он ниҳодҳои тиҷоратӣ муваззаф гардидаанд, ки барои пардохти қарзи хориҷӣ ба Ҳукумат зиёда аз 442,2 млн сомонӣ (ҳудуди 40 млн доллар) пардохт намоянд.

Бино ба иттилои “Азия-Плюс” корхонаҳо аз рӯи созишномаҳои фаръии қарзӣ барои соли 2021 бе назардошти қарзи солҳои пешин маблағҳо аз уҳдадориҳои молиявиро иҷро мекунанд.

Гуфта мешавад, Ҳукумат дар ин маврид ба сифати қарзгир ё кафил иштирок мекунад, тибқи имзои созишномаи фаръии қарзӣ барои маблағгузории ин ё он эҳтиёҷоти ниҳодҳои тиҷоратӣ қарзи хориҷӣ ҷалб намуда, онро худи ниҳодҳо пардохт мекунанд.

Дар рӯйхати интишор гардида 6 ниҳоди тиҷоратии қарздор зикр гардидааст:

– ШСХК «Барқи тоҷик» – зиёда аз 398,2 млн сомонӣ;

– КВД «Обу корези Душанбе» – ҳудуди 6,2 млн сомонӣ;

–  КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» – 19,6 млн сомонӣ;

– ҶСК «Тоҷиктрансгаз» – зиёда аз 3,2 млн сомонӣ;

– ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» – беш аз 9,9 млн сомонӣ;

– ҶСК «Помир Энержи» – зиёда аз 4,9 млн сомонӣ.

Аз ин руйхат ғайр аз ширкати “Помир Энержӣ” дигар корхонаҳо аз ҷониби Ҳукумат идора мешаванд.

Ҳамчунин зикр гардидааст, ки қарздиҳандагони асосӣ аз рӯйи созишномаҳои фаръии қарзӣ Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки исломии рушд мебошанд.

Дар идома гуфта мешавад, барои пардохти қарзи асосии беруна (бе назардошти фоизҳо) Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, дар маҷмӯъ наздики 1,5 млрд сомонӣ ҷудо кунад.

Дар баробари корхонаҳои дар боло зикршуда ин маблағҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ низ ҷудо равона карда мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати молияи Ҷумҳури Тоҷикистон то 1 октябри соли ҷорӣ ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 3 млрд 163 млн долларро ташкил дод, ки аз ҳама қрздиҳандаи бузург кишвари Чин мебошад.

Набуди қувваи корӣ дар Русия масъулонро нигарон кардааст

0
Дар акс Вячеслав Поставнин: аз навори видеоӣ-otr-online.ru

Вячеслав Поставнин, собиқ ноиби раиси Хадамоти федералии муҳоҷират, (ФМС)-и Русия гуфтааст, барои вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия набояд мушкил эҷод карда шавад.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл роҳбари Палатаи савдо ва саноати Русия, Сергей Катирин аз сарвазир Михаил Мишустин дархост намуда буд то барои вуруди муҳоҷирони меҳнатии ихтисосдор ва оилаҳои онҳо ба Русия иҷозат дода шавад.

Собиқ ноиби раиси Хадамоти федералии муҳоҷират (ФМС) ба “Sputnik.ru” гуфтааст:

“Мешавад ташхисҳои фавриро ташкил кард, ки натиҷаҳо зуд маълум мешаванд. Яъне зарурат ба риояи қарантинаи тӯлонӣ намемонад”.

Дар идома иброз доштааст, ки бояд низоми ҷудо кардани муҳоҷирони дорои ихтисос аз миёни муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ мушаххас карда шавад.

Ба гуфтаи ӯ айни ҳол яке аз мушкилиҳои асосӣ дар сиёсати муҳоҷирати Русия нарасидани қувваи корӣ аст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки аз сабаби баста будани марзҳо ва ворид нашудани муҳоҷирон ба Русия бахши иқтисоди ин кишвар рукуд кардааст. Ҳоло норасоии кормандон дар бахши сохтмон яке аз мушкилиҳое ҳаст, ки чандест мақомоти Русия аз он нигаронӣ мекунанд.

Роҳбари Палатаи савдо ва саноати Русия пешниҳод каардааст, ки бо қарори алоҳидаи ҳукумат тартиби вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ бо шарти назорати ҷиддии ширкатҳо ва меъёрҳои амниятии санитарию эпидемиологӣ танзим карда шавад.

Вале то ба имрӯз маълум нест, ки оё ин пешниҳодро ҳукумати Русия қабул мекунад ва ё хайр.

Дар сурати қабул гардидани ин пешниҳод садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон омодаанд ба Русия сафар намоянд. Чун аксар дар замони пандемия корҳои худро дар Русия аз даст дода буданд ва ноилоҷ бо парвозҳои чартерӣ худро ба Ватан расонданд.

Айни ҳол дар Тоҷикистон низ сафи бекорон рӯз то рӯз меафзояд. Дар ҳоли фароҳам шудани шароит аксар ба муҳоҷират сафар хоҳанд кард.

Низоми нави таҳримҳо аз ИА, мухолифон мегӯянд мақомдорони тоҷикро шомили он хоҳанд кард

0
Нишонҳо бо тасвири Сергей Магнитский

Иттиҳоди Аврупо низоми таҳримоти шахсиро барои нақзи ҳуқуқи инсон тасдиқ кард, ки тибқи он ҷорӣ кардани таҳримҳои шахсӣ алайҳи гунаҳкорони “нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон” дар саросари ҷаҳон имкон фароҳам меорад.

Коршинсон санади қабулкардаи ИА-ро як чизе шабеҳ ба “Санади Магнитский” мегӯянд. Ин санад рӯзи душанбеи 7 декабр аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо зери унвони “Барномаи иқдоми Иттиҳоди Аврупо барои  ҳуқуқи инсон ва демократия” тасдиқ шуд.

Низоми нави таҳримҳо метавонад дар ҳолатҳои шиканҷа, бардадорӣ, хушунати ҷинсӣ истифода бурда шавад. Омилони чунин кирдорҳо бо манъи вуруд ба ИА ва мунҷамид кардани дороиҳояшон дар Аврупо муҷозот хоҳанд шуд.

Чорчӯби муҷозоти муртакибони нақзи ҳуқуқи башар ҷаҳонӣ буда, шахсони воқеӣ ё шахсони гунаҳкоре, ки дар вайронкунии ҷиддии ҳуқуқи инсон муқассир донитса мешаванд, имкон дорад мавриди таъқибу муҷозот қарор бигиранд, новобаста аз он ки дар куҷо қарор дошта бошанд..

Ин низоми ҷадиди таҳримоти ИА барои се сол муаррифӣ шуд ва метавонад тамдид шавад. Санад дар бораи низоми нави таҳримҳо дар маҷаллаи расмии ИА нашр шудааст. Дар он қайд мешавад, ки иқдомоти маҳдудкунанада рӯзи баъд аз нашр, яъне 8 декабр мавриди амал қарор мегирад. Рӯйхати афроде, ки таҳти ин таҳримҳо қарор мегиранд, дар замимаи ин санад оварда мешавад, ва ҳоло он холӣ аст.

Мухолифони ҳукумати Тоҷкистон аз ин иқдом истиқбол карданд. Алим Шерзамонов муовини раиси ПМТ дар сӯҳбат ба “Аздо тв” гӯфт, ки ПМТ кӯшиш хоҳад кард то нақзкунандагони ҳуқуқи башар аз Тоҷикистонро дар ин рӯйхат ворид кунанд.