Рӯйдоду гузоришҳое, ки тӯли як ҳафта дар ҷомеа рух дод онро бо шарҳу тасилоти бештар дар ин барнома метавонед тамошо кунед.
▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 20.07.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان
Қадам Исматовро ба Тоҷикистон истирдод мекунанд?.
Наҷоти ду сокини пойтахт аз зери девори бетонӣ.
Таъсиси Донишгоҳи нав дар Хуҷанд.
Афзоиши мизони бекорӣ дар Русия.
Оғози парвозҳои байналмилӣ дар Русия.
Оғози парвозҳои байналмилӣ дар Русия

Парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон идома дорад. Аз рӯзи 20-уми июл ба баъд қарор аст аз шаҳрҳои Маскав, Санкт- Петербург ва Краснодар ҳавопаймоҳои ширкатҳои “Тоҷик эйр” ва “Сомон эйр” мусофиронро ба Тоҷикистон баргардонанд.
Оғози парвозҳои байналмилалӣ аз Русия ба меъёрҳои дигарро ҳукумати ин кишвар таъйин кардааст. Барои мисол мувофиқи меъёри таъинкардаи ҳукумати Русия, бо кишварҳое, ки дар 14 шабонарӯзи охир ба ҳисоби миёна камтар аз 40 ҳолати беморӣ COVID-19 бар сари 100 ҳазор аҳолӣ доранд, парвозҳои байналмилалиро боз мекунанд. Русия ҳамчунон суръати афзоиши сироятёбии шаҳрвандон ба “COVID-19”-ро ба инобат мегирад, ки камтар аз 1 фоиз дар як шабонарӯз бояд бошад.
Бино бар омори расмие, ки мақомоти тандурустии Тоҷикистон эълон мекунанд, мизони сироятёбӣ ба COVID-19 дар кишвар аз ин ченак поёнтар аст. Парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия аз 20-уми март инҷониб қатъ карда шудааст ва ин ҳолат буҳрони бесобиқаи нақлиётиро ба вуҷуд овард.
Садҳо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дармонданд. Тоҷикистон барои бозгардони шаҳрвандон парвозҳои чартерӣ ташкил кард, аммо он барои ҳама хоҳишмандон кофӣ нест. Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯйхати ниёзмандонро тартиб дод ва мувофиқи он ба мусофирон қабл аз ҳама ба афроди солхӯрда, беморон ва кормандони идораҳои давлатӣ ва донишҷӯён билет фурӯхта мешавад.
Охири моҳи май мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистонро ба роҳ мондаанд ва шаҳрвандони ниёзмандро бо навбат ба ватан бармегардонанд. Пас аз ин дар назди сафорат муҳоҷироне, ки хоҳиши бозгашт ба ватанро доштанд, ҷамъ омаданд.
Ду ҳафта пеш онҳо эътироз карданд, ки сафорат дар руйхат онҳоеро ҷой додааст, ки дар асл ниёзманд нестанд. Сафорат иддаои онҳоро рад мекунад ва мегӯяд, дар навбати аввал занони ҳомила ва маъюбонро ба ватан бармегардонанд. Парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон идома дорад. Аз рӯзи 20-уми июл ба баъд қарор аст аз шаҳрҳои Маскав, Санкт- Петербург ва Краснодар ҳавопаймоҳои ширкатҳои “Тоҷик эйр” ва “Сомон эйр” мусофиронро ба Тоҷикистон баргардонанд.
Зимнан, аз 21-уми июл парвозҳои мунтазам миёни Душанбе ва шаҳри Дубай барақарор мешаванд. Шарти асосии роҳ ёфтан ба ин парвозҳо маълумотнома дар бораи орӣ будан аз короновирус аст, ки дар 96 соати охир ба мусофир дода шудааст.
Бо ин ҳол маълум нест, ки парвозҳои муқаррарӣ миёни Тоҷикистон ва Русия, кай оғоз мешавад. Дар ин кишвар садҳо ҳазор аз мардумии одии тоҷик, рӯзии худро ба даст меоварданд. Феълан нархҳое, ки барои парвозҳои чартерӣ пешбинӣ кардаанд, барои онҳо хеле гарон аст.
Коршиносон ва таҳлилагарон мегӯянд бо баҳонаи роҳандозии рейсҳои чартерӣ, мақомот ва ширкатҳои ҳавонавардӣ даст ба ғорати муҳоҷиронии кории бе ин ҳам дар вазъияти ногувор қарордошта задаанд. Зеро барои парвозҳои чартерӣ, ҳавопаймоҳо масраф ва махориҷи изофӣ надорад, магар инки барои иҷозати парвоз.
Ба гуфтаи фаъолон афзоиши баҳои билетҳо ба миқдори ду ва се маротиб бештар аз нархи муқаррарӣ ин ғорати ошкорои муҳоҷирон мебошад.
Афзоиши мизони бекорӣ дар Русия

Шумори бекорон дар Русия дар июни соли ҷорӣ тибқи ҳисобҳои пешакӣ ҳудуди 4,606 млн нафар ва ё 6,2% аҳолии қобили кори ин кишварро ташкил додааст.
ТАСС-хабаргузории Русия навиштааст, мизони бекорӣ дар Русия дар ҳашт соли ахир то ба ин ҳад боло нарафта буд. Чуноне дар маводҳои Идораи омори Русия омадааст дар муқоиса бо июни соли 2019 ин нишондод то 38,1%, афзоиш пайдо кардааст. Дар муассисаҳои давлатӣ хадамоти шуғли аҳолӣ ба ҳайси бекорон наздики 2,8 млн нафарро сабт аз ҷумла 2,6 млн нафар кӯмак барои бекорӣ дарёфт мекунад. Тибқи маълумоти ниҳоди омор шумораи аҳолии қобили кори Русия дар моҳи июн 74,7 млн нафар ва ё 51% аз шумори умуми аҳолии кишварро ташкил додааст.
Дар ин кишвар шумори зиёде аз шаҳрвандони осиёси марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон низ кор мекунанд. Бино ба иттилоъи расмии мақомоти русия адади муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар ин кишвар бештар аз як миллиону дусадҳазорро ташкил медиҳад ки бино ба иттилоъи ғайр расмӣ ин адад мемтаовнад 2 милион бошад. Ин раванд метавонад ба онҳо низ таъсири манфии худро расонад.
Ҳоло бисёре аз муҳоҷирони меҳнатии дар Русия буда дар ин чанд моҳи ахир бо сабаби интишори вируси ҳамагири COVID-19 кору даромади худро аз даст додаанд ва баъзе ҳам мӯҳлати асноди будубошаш ба охир расида мехоҳанд ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргарданд.
Таъсиси Донишгоҳи нав дар Хуҷанд
Донишкадаи мазкур аз 68 синфхона, 8 озмоишгоҳ, 20 кабинети фаннӣ, 5 синфи калони лексионӣ, китобхонаи электронӣ, ошхона, хобгоҳ иборат буда, имкони ба таълиму тадрис фаро гирифтани то 4500 нафар донишҷӯро дорад. Таҳсил дар донишкада тариқи шартнома буда, шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона дорад.

Зикр гардид, ки бо роҳандозии донишкадаи мазкур норасоии кадрҳои илмҳои дақиқ дар макотиби миёна ва таъмини мутахассисони бахшҳои гуногуни соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёти хоҷагии халқ мусоидат хоҳад намуд.
Алҳол дар шаҳри Хуҷанд 4 муассисаи олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи политехтикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон фаъолият доранд.
Таҷрибаи таъсиси Донишкадаи хусусӣ дар Тоҷикистон нав нест. Дар солҳои пеш як донишкадаи олӣ бо номи “Садр” дар шаҳри Душанбе аз сӯи як соҳибкори тоҷик таъсис дода шуда буд. Пас аз се ё чор соли фаъолият муҷаввизи онро вазорати маориф бозпас гирифт.
Абдуҷаббор Раҳмонов, ки он вақт вазири маорифи Тоҷикистон буд гуфта буд, ки донишкада аз лиҳози техникӣ омода нест. Аммо огоҳони вазъ бар ин назар буданд, ки иллати бастани ин донишгоҳ ҷалби Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, Раҳматулло Зоиров, Шокирҷон Ҳакимов, раис ва муовини ҲСДТ ва чанд шахсияти саршиноси кишвар ба шумули Ҳоҷимуҳаммад Умар ба ҳайси устод ба ин муассисаи таълимӣ буд.
Наҷоти ду сокини пойтахт аз зери девори бетонӣ

Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон тавонистааст, ду нафари зери бори бетонӣ мондаро наҷот бидиҳад.
Оҷонсии «Авеста» аз қавли Умеда Юсуфӣ, сардори хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон навиштааст, ки соати дуи 20 июл ба қисми навбатдорӣ занг зада бо изтиробу ҳаяҷон хабар доданд, ки ду нафар дар зери девори бетонӣ мондаанд.
Гуфта мешавад дар наздикии коргоҳи тавлиди нӯшобаи «Кока-кола» бораи бетонӣ болои ин ду нафар фурӯ меафтад ва онҳо наметавонанд мустақилона аз зери он раҳо ёбанд. Барои наҷоти онҳо гурӯҳи наҷоти зудамали Кумитаи ҳолатҳои изтирории Душанбе ба ҷои ҳодиса меояд. То омадани ин гурӯҳ яке аз зери овормондаҳо муваффақ шудааст, ки ҷисми худро раҳо бахшад.
Нафари дуввумро бошад бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти махсус аз зери девори бетонии семетра наҷотдиҳандаҳо раҳо карданд. Ин сокини 29-солаи пойтахтро, ки ҷароҳатҳои гуногун, вале барои саломатӣ бехатар бардоштааст ба бемористони “Истиқлол” бистарӣ кардаанд.Табибон ҳолати саломати ӯро қаноатбахш арзёбӣ кардаанд.
Қадам Исматовро ба Тоҷикистон истирдод мекунанд?
Қадам Исматов, фаоли ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик ва яке аз нафароне, ки ҳамчун мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон шинохта шудааст, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар пайгарди байналмиллалӣ қарор дода шудааст.

Ӯ ки шарҳвандии Русияро дорад, акнун бояд шаҳрвандии русияаш лағв шавад ва ба Тоҷикистон истирдод гардад. Дар ин бора худи номбурда ба Аздо тв хабар дод. Ӯ бо як муроҷиати видеоӣ аз тамоми созмонҳио ҳуқуқи башар, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳизбу ҳаракaтҳои сиёсии Тоҷикистон дархост намудааст, ки ба қазияи ӯ дахолат намуда аз нигоҳи ҳуқуқӣ баҳо диҳанд. Қадам Исматов ин фишорҳо ва нияти истирдодаш ба Тоҷикистонро ба дигарандешӣ ва афкори сиёсию мавзеъгириҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон рабт дод.
Вакили дифоъи Исматов, Шуҳрат Қудратов дар сӯҳбат ба Аздо тв масъалаи истирдоди зерҳимояашро тасдиқ кард ва афзуд, ки аз соли 2005 Исматов шаҳрванди Русия мебошад ва аз ҳамон сол аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашидааст ва айни ҳол мақомоти Русия талош доранд то бо тариқи суд шаҳрвандии ӯро бекор ва ба Тоҷикистон истирдодаш кунанд. Ба гуфтаи ин вакили мудофеъ барои зерҳимояаш аз 24 ноябри соли 2016 аз тарафи РВКД Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда бо 6 моддаи қонуни ҷиноятии кишвар гунаҳкор эълон шудааст. Шуҳрат Қудрат бар ин назара аст, ки агар шаҳрвандии Исматов лағв шавад ӯро дар Тоҷикистон 15-20 соли зиндон ва ҳатто марг интизор аст.
Вируси COVID-19 аз озмоишгоҳи чинӣ хуруҷ кардааст?

Вазорати умури хориҷии Амрико ба матолиби баъзе аз мукотиботи дипломатӣ даст ёфтааст, ки оиди вазъияти Озмоишгоҳи биологии Вуҳони Чин пеш аз паҳншавии вируси оламгири COVID-19 нақл мекунад.
Ин мукотибаҳо марбути соли 2018 мебошанд ва баъзе аз онҳо дар бидояти соли ҷорӣ ифшо шудаанд. Мукотибаҳои мазкур метавонад заминасозе барои иттиҳомоти исботнашудаи давлати Амрико ва Конгрес алайҳи Чин бошад. Чандест Амрико иддао дорад ин вируси оламгир бо иҳтимоли зиёд аз озмоишгоҳе дар шаҳри Вуҳони Чин – хостгоҳи вируси COVID-19 бо сабаби камтаваҷҷӯҳии мутахассисон хуруҷ кардааст. Дар ин бора рӯзи якшанбе 19 июл хабаргузории CNN –и Амрико хабар дод.
Дар яке аз ин мукотабаҳои дипломатӣ омадааст: “Дар адади техникҳо ва муҳаққиқони ботаҷриба, ки дар идораи ин озмоишгоҳ зарурӣ ҳастанд, камбудии ҳақиқӣ дида мешавад”. Дар як номаи дигар, ки ба моҳи апрели соли 2018 рост меояд, гуфта шудааст: “Коршиносони фаронсавӣ роҳнамоиҳо ва омӯзишҳои худро дар бораи эминӣ ва ҳифзи саломатии биологии озмоишгоҳ ироа кардаанд”.
Ҳамзамон бо оғози интишори бемории ҳамагири короно дар авалҳои соли ҷорӣ, Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико ва раиси он Доналд Трамп тасреҳ карданд, ки далоиле дар даст доранд, нишон медиҳад вируси короно аз озмоишгоҳи Вуҳони Чин сар задааст.
Майк Пампео дар моҳи мой гуфта буд, ки “медонем вируси короно аз Вуҳон сар задааст, аммо дақиқ намедонем, ки аз куҷо, чӣ гуна ва бо фармони кӣ сар задааст. Инҳо масъалаҳои муҳимманд”.
Бояд гуфт, ки фарзияи хуруҷи вируси оламгири COVID-19 аз озмоишгоҳро пайваста мақомоти Чин рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин вирус аз бозори фурӯши гушти ҳайвонот дар шаҳри Вуҳон аз ҳайвон ба инсон гузаштааст. Ва аксари мутахассисони вирусшинос низ бар ин боваранд, ки ин вирус маншаи табиӣ дорад ва сарчашмаи аслияш кӯршапарак мебошад.
Моҳи феврали соли равон як ҳайат аз Созмон ҷаҳонии беҳдошт барои таҳқиқи сарчашмаи вируси COVID-19 ба Чин сафар карда буд ва он замон раиси ин ҳайат аз талошҳои Пекин баҳри пешгирии COVID-19 ситойш намуда гуфта буд, ки Чин дар хусуси мубориза бо ин вирус дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ аз шаффофият кор мегирад.
Чаро Чин розӣ шуда, ки барои Тоҷикистон бинои Парлумон ва Ҳукумат бисозад?

Рӯзи 17 июли соли ҷорӣ Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки рӯзҳои наздик сохтумони биноҳои Ҳукумат ва Парлумони Тоҷикистон бо сармоя ва мутахассисони чинӣ оғоз мегардад.
Дар пайи ин хабар байни равшанфикрон ва ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик баҳсҳои гарме ба вуҷуд омадааст. Баъзеҳо бар ин назаранд, ки сохтани бинои Парлумон ва Ҳукумат дар ояндаи дур ё наздик бар зарари Тоҷикистон ва давлатдорони он тамом мешавад, аммо бархе мегӯянд, идоранишинон худашон беҳтар медонанд ва набояд ҳар гурӯҳе ба кори Ҳукумат ва қарорҳои он халал расонад.
Вобвста ба ин мавзӯъ донишманди тоҷик, Абдуқодири Рустам дар саҳифаи фейсбукаш матлабе навишта, ин қарорро интиқод кардааст. Ӯ бо пурсидани се суоли калидӣ ҳукуматдоронро ба фикр кардан водор намуда, ки қарор ғайримантиқӣ ва бемаврид аст.
Матлабро дар зер бихонед:
Чиниҳо ба 220 миллион дулор дар Душанбе барои тоҷикон бинои Порлумон ва Ҳукумат месозанд……
Эътирозҳо дар ин маврид ба гӯши касе надоромад ва тавофуқот дар ин бора ниҳоӣ шудааст…..
Аммо ононе, ки хирад доранд, бояд биандешанд: 1) Чаро кишваре, ки бо ҳамҳамаю дамдама барои таҷлили 30-юмин солгарди истиқлолаш омодагӣ мегирад, мувофиқ аст, ки кишвари дигаре барояш бинои Порлумон ва Ҳукумат (ду асли меҳварии истиқлол)-ро бисозад. 2) Чаро Чин мувофиқ шуда, ки барои сохтмони ин биноҳо ёрии бебозгашт кунад? 3) Чаро Ҳукумати мо, ки камбағалтарини кишварҳои шӯравӣ буда ва аз ин лиҳоз дар миёни чанд кишвари африқоӣ қарор дорад, бинои ободи худро вайрон мекунад ва ба ҷойи он бо пули Чин бинои нав месозад?
Чиниҳо ба 220 миллион дулор дар Душанбе барои тоҷикон бинои Порлумон ва Ҳукумат месозанд…… Эътирозҳо дар ин…
Gepostet von Абдукодир Рустам am Samstag, 18. Juli 2020
Дар зери ин матлаб даҳҳо донишманд назарҳои худро коштаанд ва аксари онҳо бо навъе ояндаи ин биноҳоро таҳлил намуда, норозигии худро баён доштаанд. Абдуманнон Шералиев, нависанда ва иқтисоддони тоҷик навиштааст, ки ба сабаби ин биноҳо ё кишвар ба тамом моли Чин мешавад ва ё ин ки баъди тағйир ёфтани ҳукумати феълӣ аз байн бурда мешаванд.
“Бо технологияи пешрафтаи инзамона Чин метавонад ҳар нафареро, ки дохили ин биноҳо мешавад идора кунад. Масрафи 220 млн барои ба даст гирифтани идораи як кишвар камтарин масраф аст, ки мешавад тасаввур кард. Ин биноҳо ду оянда доранд: ё ба зудӣ бо кулли кишвар ба моликияти Чин мубаддал мешаванд, ё баъди тағйири ҳукумат тахриб мегарданд.”
Рӯзноманигори маъруфи тоҷик, Нуралӣ Давлат бар ин бовар аст, ки Чин ин биноҳоро, ки бо маблағи 220 млн доллар сохта мешаванд, туҳфа намекунад, балки аз дур истода раванди сиёсии кишварро назорат мекунад ва аз тамоми иттилооти муҳими сиёсӣ огоҳ хоҳад буд.
Якто ҳамин хелӣ бино соли 2012 дар Адис Абеба сохта ба Иттиходи Африқо, ки ба он 53 мамлакат шомил мешавад, Чин ба кишварҳои ин китъа туҳфа карда буд. Ҳар 2 сол дар ин бинои туҳфашуда саммити сарони кишварҳои 53 давлат доир мегардад. Баъди 5 сол маълум шуд, ки тамоми иттилоотеро, ки дар серверҳои компютерҳои ин бино ҳар рӯз чамъ мешавад, аз масофаи 8 ҳазор километр, яъне аз Шанхай ҳар шаб дар давоми 2 соат чиниҳо кашида мегирифтаанд. Баъди ифшо шудани сирри туҳфа африқоиҳо серверҳоро иваз карданд.”
▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 17.07.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان
Бинои нави парлумонро Саудӣ насохт, Чин месозад.
Боздошти қотилони бародар ва бародари арӯс.
Нишасти онлайнии вазирони хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин.
Шоҳроҳи Душанбе – Бохтар пулакӣ мешавад?.
Баҳром Иноятзода бо гирифтани 400 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам мешавад.
