Хона блог саҳифа 732

Собиқ номзад ба курсии президентӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқро дар Хоруғ ба пушти по задани сулҳу субот гунаҳкор донист

0

Фаромуз Иргашев ҳуқуқшиноси ҷавони тоҷик дар саҳифаи фейсбукии худ нисбати қазияи рӯзи 4 ноябр, ки кормандони БДА ва ОМОН дар шаҳри Хоруғ ба осмон тир холӣ кардаанд, вокуниш нишон додааст.

Иргашев менависад, рӯзи 4 ноябрb соли 2020 кормандони БДА ва ОМОН бинобар сабаби аз тарафи Зикилбеков С. гуё, ки ба талаботи қонуни онҳо итоат накардан ба ҳаво аз яроқи оташфишони тапонча ва Калашников тир холӣ кардаанд. Мақомот, гӯё барои ором намудани 15 “ҷавонони бағазабомада “ба ҳаво тир холӣ намудаанд, чун ин ҷавонон гӯё ба фаъолияти онҳо монеа эҷод карда бошанд.

Ба иддаои Иргашев асли кор дигар аст. Ӯ мегӯяд, ки 5-7 корманди милитсия, ки бо яроқи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ буданд ба тарафи мошин ва одамон тир холӣ намудаанд. Кормандони милитсия мардумро дашномҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафаи шаҳрвандонро паст задаанд! Фаромуз менависад, ки ҳам шоҳидони зинда ҳастанд ва ҳам далелҳо мавҷуданд.

Иргашев ин кори кормандони милитсияро ғайриқонунӣ хонда, мегӯяд, ки ин ҳодиса дар ҷойи аҳолинишин, дар ними шаб ва дар наздикии беморхона рух додааст ва яроки оташфишонро дар ҳолатҳои ниҳоӣ ва истисноӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ истифода менамоянд!

Фаромуз кормандони милитсияро бо ин амалашон ба он муттаҳам мекунад, ки барояшон муқаддасот, арзишҳо ва манфиатҳои миллату давлат – сулҳу субот, амнияти шаҳрвандон ва бехатарии давлат арзише надорад. Ин амалашон хатар барои амнияти давлат мебошад ва вазъияти минтақаро ноором месозаду ҳаёти шаҳрвандонро зери хатар мегузорад!

Иргашев дар охир ба роҳбарияти ВКД муроҷиат карда менависад, ки аз хоби гарон хезед ва ин рафтори кормандҳоятонро зери назорат гиред. Чун пагоҳ дер мешавад ва оқибати ин ҳама бедодгариҳо аз нархи ҷон гаронтар меафтад.

Ӯ мегӯяд, ки халқ барои Шумоён чорво нест ва нангу номус, ҳаёти хеш ва шаъну шарафи худро бо нархи ҷонаш ҳимоя мекунад! Дар хитоб ба милитсия Иргашев гуфта, ки чунин ҷасорататонро дар марз бо қирғизҳо яъне дар Ворух нишон диҳед ва онҳоро хонашерони майдонғариб меномад.

Номи Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшиноси ҷавони тоҷик аз шаҳри Хоруғи ВМКБ замоне дар расонаҳо давр зад, ки ӯ аз ширкат карданаш дар интихоботи президентии 11 октябр дар Тоҷикистон хабар дод. Вале замони ҷамъоварии имзои шаҳрвандон барои сабти ном шудан, натавонист имзоҳои заруриро ҷамъоварӣ кунад ва бо ҳамин аз корзори интихоботӣ канор рафт.

Донишмандон дубора ба коронавирус гирифтор шудани одамонро аз эҳтимол дур намедонанд

0

Анатолий Алтштейн вирусшинос, профессори Маркази илмии эпидемиология ва микробиологияи Гамалея омилҳои дубора ба коронавирус сироят ёфтанро баён кардааст.

Ба гуфтаи ин профессор имкони дубора ба кjронавирус сироят ёфтани одамон вуҷуд дорад, вале бори дуввум ин беморӣ ба шахсони якбор гирифторшуда камтар воқеъ мешавад.

Анатолий Алтштейн дар суҳбат ба “Радиои Спутник” гуфтааст:

“Шахсе, ки аз коронавирус ранҷ кашидааст, бояд тамоми чораҳои эҳтиётиро ба мисли як одами солими беморнашуда риоя кунад. Ҳатто чунин сирояти такрорӣ метавонад, ҳарчанд кам, вале шадидтар аз аввалӣ бошад”.

Ин вирусшинос дар идома қайд кардааст, ки муҳофизати асосӣ аз коронавирус масунияти табии инсон аст.

“Вобаста аз он, ки вокуниши иммунӣ ҳангоми беморӣ чӣ гуна буд, эҳтимолияти сирояти такрориро тахмин кардан мумкин аст. Агар ҳангоми сирояти аввал иммунаи бадан паст буд, пас шахс метавонад дубора бемор шавад”, – гуфтааст Анатолий Алтштейн.

Чанде пеш “Sputnik”, навишта буд, ки Маркази тиббии Маунт Синайи иёлати Ню-Йорки ИМА  дар як тадқиқот муайян карда буданд, ки антителаҳои COVID-19 дар бадани одами сиҳатшуда то панҷ моҳ боқӣ мондаанд.

Ҳамчунин мутахасcиcон муайян кардаанд, ки бемории COVID-19 барои кӯдакон хатарзо буда ба бенаслӣ бурда мерасонад.

То ба имрӯз аз ҷониби Созмони ҷаҳонии беҳдошт ягон воксинаи зидди коронавирус тасдиқ нагардидааст, вале бархе кишварҳо эълон карда буданд, ки ба сохти воксина муваффақ шудаанд.

Дар Тоҷикистон то ҳол ҳеҷ навъи воксинро истифода накардаанд, ин дар ҳолест, ки хабаргузориҳо навиштаанд, ки дар Узбекситон зиёда аз 5 ҳазор нафарро воксинаи сохти Чинӣ гузаронидаанд.

Дар марзи Узбекистон аз як қатора 172,5 кило маводди мухаддир пайдо карданд

0

Дар як қатораи боркаши роҳи оҳани Сариосиё, мақомоти гумрук, марзбонӣ ва амнияти давлатии Узбекистон миқдори зиёди маводи мухаддирро ёфт ва мусодира карданд.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон мақомоти гумрук, марзбонӣ ва амнияти давлатии ин кишвар дар посгоҳи гумрукии истгоҳи роҳи оҳани Сариосиё дар марзи вилояти Сурхондарёи Узбекистон бо Тоҷикистон аз махфигоҳҳо дар як қатори боркаш, ки «аз кишвари ҳамсоя тариқи транзит тавассути Узбекистон ҳаракат мекард», 172,5 кило маводи мухаддир пайдо кардаанд.

Гуфта шудааст, ки дар зери яке аз вагонҳо бастаҳои махфишударо пайдо карданд, ки аз дохили онҳо наздики 12 кило ҳероин, 2,6 кило ҳашиш ва беш аз 81 кило шираи бангдона ёфт ва мусодира карда шудааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки барои пурра муайян намудан қатораро ба истгоҳи Дарбанди ноҳияи Бойсун бурданд, ҳангоми гузаронидани тафтиши иловагӣ аз зери як вагони дигар боз як қатор ашёи пинҳонкардаро ошкор кардаанд, ки  беш аз 30 кило ҳашиш ва наздики 46 кило равғани ҳашиш пайдо гардидааст.

Хадамоти матбуоти гумруки Узбекистон аз бурдани номи кишвари манбаи қочоқи ин миқдори бузурги маводи мухаддир хддорӣ кардааст, танҳо ҳаминро гуфтааст, ки “қатори боркаше, ки аз кишвари ҳамсоя тариқи транзит тавассути Узбекистон ҳаракат мекард”, ин миқдори маводи мухаддир дарёфт шуд.

Аз руйи маълумоти интишор гардида, танҳо дар ин масир қатораҳои роҳи оҳани Тоҷикистон мегузаранд.

Боздошти домоди яке аз раҳбарони мухолифини тоҷик дар Юнон

0
Сурат:thenationalherald.com

Як ҷавони 27-солаи шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба узвият дар ДОИШ муттаҳам мешавад, дар шаҳри Триполиси Юнон дастгир кардаанд. Торнамои

Ҳафизамоҳ Гадоева

Номи Ҳафизамоҳ Гадоева дар соли 2017 расонаӣ шуда буд. Ӯ он замон шикоят карда буд, ки шиносномаашро консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул гирифта ва бозпас надодаанд.

Шарофиддин Гадоев дар суҳбати телефонӣ ба “Аздо тв” гуфт, хоҳар ва шавҳари хоҳараш барои дарёфти паспорт (травел документ) ба мақомоти пулиси Юнон муроҷиат карданд, баъдан пулиси Юнон номи шавҳари хоҳарашро дар пайгарди Пулиси байналмилал (интерпол) ёфта, ӯро боздошт карданд.

Гадоев мегӯяд, бо додмодашон аз наздик шиносоӣ надорад ва издивоҷи ӯ бо хоҳараш тақрибан солҳои 2016 сурат гирифтааст. Ба ҳамин хотир дар бораи ӯ чизе гуфта наметавонад.

Пештар ҳам як мухолифи дигари тоҷик Кузов Мирзораҳим машҳур бо номи Шонаими Карим бо дархости Тоҷикистон дар пайгарди Интерпол қарор дошт. Ӯ дар Юнон боздошт шуда буд ва дертар додгоҳи Юнон ӯро сафед намуда, раҳояш кард.

Қурби доллар дар Тоҷикистон боз ҳам боло рафт

0
Сурат: Радиои Озодӣ

Рӯзи 04 ноябр Бонки миллии Тоҷикистон арзиши як долларро дар баробари сомонӣ, 11 сомониву 30 дирам муқаррар кард. Ин дар ҳолест, ки то рӯзи 03 ноябр тибқи муқаррароти худи Бонки миллӣ 1 доллар ба 10 сомонию 33 дирам баробар буд.

Бонки миллии Тоҷикистон коҳиши қурби асъори миллиро дар баробари доллар ба паҳншавии вируси корона, маҳдуд шудани тиҷорат бо кишварҳои ҳамсоя ва се маротиба зиёд шудани воридот аз содирот марбут донистааст.

Хабаргузории “Форс тудей” менависад, коршиносон мегӯянд, инҳисор кардани муомилоти асъорӣ, бастани нуқтаҳои мубодилаи асъор, коҳиш додани фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ ва коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷик аз хориҷ яке аз сабабҳои камчинии асъори хориҷӣ мебошад.

Аввали соли равон ҳукумати Тоҷикистон болоравии арзиши долларро дар баробари сомонӣ то соли 2023 пешбинӣ карда, эълом дошт, ки арзиши пули миллӣ аз 11 сомонӣ мегузарад.

Бинобар ин, таъкид шуд, ки дар соли 2020 ин шохис ба 10 сомонию 69 дирҳам, дар соли 2021 ёздаҳ сомонӣ, дар соли 2022 ёздаҳ сомони ва 33 дирҳам ва дар соли 2023 ба 11 сомони ва 67 дирҳам хоҳад расид.

Киҳо метавонанд бо парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия сафар кунанд?

0

Сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯзи 5-уми ноябр иттилоъ дод, ки ширкати ҳавопаймии “Ютейр” ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кардааст, то барои анҷоми ду парвози чартерӣ дар як ҳафта-як парвоз дар масири Душанбе-Маскав ва парвози дигар аз шаҳри Хуҷанд ба Сургут, иҷозат дода шавад. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Инчунин ба гуфтаи Сафорат, ширкати “Уралские авиалинии” низ барои дарёфти иҷозаи парвозҳои чартерӣ ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат карданист. Ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон ба ин ширкатҳо барои анҷоми парвозҳои чартерӣ посӯх надодааст.

Тибқи маълумоти Сафорати Русия дар Тоҷикистон агар иҷозаи парвозҳои чартерӣ дода шавад, танҳо шаҳрвандони Русия метавонанд бо ин парвозҳо ба Русия баргарданд. Шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд бо ин парвозҳо ба Русия раванд.

Хадамоти марзбонии Русия гуфтааст, ки ҳатто онҳое, ки ҳаққи иқомати Русияро доранд (вид на жительство) ба қаламрави Русия роҳ дода намешаванд. Дар сурати оғоз шудани ин парвозҳо, фурӯши чиптаҳо ба гуфтаи сафорат, озод ба роҳ монда мешавад.

Парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз моҳи март инҷониб идома доранд. Ҳоло дар як рӯз панҷ парвози чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон анҷом мешавад. Парвозҳои маъмулӣ миёни Тоҷикистон ва Русия аз 20-ум март инҷониб бинобар хуруҷи пандемияи короновирус қатъ шудаанд.

Ба иттилои мақомот, дар ин давра тавассути парвозҳои чартерӣ ҳудуди 70 ҳазор шаҳрванд аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Бонки ҷаҳонӣ: Коҳиши интиқоли маблағ аз ҳисоби муҳоҷирон дар соли оянда ҳам идома хоҳад кард.

0

Бонки ҷаҳонӣ оид ба масоили муҳоҷират ва рушд дар як гузориши худ гуфтааст, дар замони авҷгирии пандемияи коронавирус ва буҳрони иқтисодӣ ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони корӣ дар соли 2021 дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта 14% кам мешавад.

Дар даҳсолаи ахир ин бори аввал аст, ки миқёси муҳоҷирати байналмиллалӣ коҳиш меёбад. Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар ҳисоботи нави худ иброз доштаанд, ки  соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағ ба кишварҳои сатҳи даромадашон паст ва миёна 7% коҳиш ёфта, 508 млрд долларро ташкил медиҳад ва дар соли 2021 ба андозаи 7,5% – дигар яъне то 470 млн доллар кам мешавад.

Омилҳои камшавии интиқоли пулро дар афзоиши сусти рушди иқтисод ва сатҳи пасти шуғл дар кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон, нархҳои пасти нефт ва поинравии қурби асъор дар кишварҳое, ки аз он бо доллар пул интиқол меёбад, гуфта мешавад.

Интизор меравад, ки коҳиши интиқоли пул дар давраи солҳои 2020-2021 ба ҳамаи минтақаҳо таъсир бирасонад. Коҳиши бештарин дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мутаносибан ба андозаи 16% дар соли 2020 ва 8% дар соли 2021 пешбинӣ шудааст. Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ ин омил ҳамчунин ба поинравии қурби рубли Русия низ боис мегардад.

Тоҷикистон кишварест, ки бештари иқтисодаш аз пули муҳоҷирон вобаста аст. Чизе, ки мақомоти расмӣ дар кишвар пайваста кушиш мекунанд онро ночиз нишон бидиҳанд. Эмомалӣ Раҳмон ахиран гуфт, ки ҳукуматаш тавониста аст, дар коҳиш додани ҳаҷми муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба хориҷа дар ҳафт соли гузашта даст ёбад ва шумораи муҳоҷиронро аз 1,1 миллион ба 460 ҳазор кам кунад.

Чунин иддаоро Раисҷумҳури Тоҷикистон дар вохурӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин карда буд ва теъдоди муҳоҷирони кории тоҷикро 480 ҳазор нафар гуфт. Аммо дар худи ҳамин вохурӣ Владимир Путин бо Эмомали Раҳмон адади шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар Русия кору фаъолият мекунанд, зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор гуфта буд.

Регнюм аз қавли коршинос: профессори Донишгоҳи Урупо дар шаҳри Санкт-Петербург Сергей Абашин теъдоди тоҷикистониҳоро, ки дар Русия кору фаъолият мекунанд дар моҳи апрели соли 2019 1 млн 255 ҳазор гуфта буд. Ин ҳам ғайри нафароне, ки аллакай шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд ва танҳо дар соли 2019 ададашон назидики 45 ҳазор нафар гуфта мешуд. Оморҳо танҳо дар соли 2020 бо сабаби интишори пандемия фарқ мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба миқдори 15% кам шуда, 999 млн долларро дар бар мегирад. Гуфта мешавад, коҳиши интиқоли маблағ ба Тоҷикистон ба камшавии муҳоҷират вобаста аст.

Ҳамчунин чанде пеш Вазорати меҳнати ва муҳоҷирати Тоҷикистон хабар дода буд, ки бар асари пандемияи коронавирус дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба муҳоҷират рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон 57% кам шудааст. Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ шумори муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия ҳудуди 2 млн нафар мебошад.

Ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба андозаи қариб 40% коҳиш ёфт. Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар давраи моҳҳои январ-июн шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 681 млн доллар маблағ фиристоданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 430 млн доллар камтар аст. Аммо ин таҳо ҳаҷми маблағест, ки аз тариқи бонкҳо ба кишвар фиристода мешавад.

Коршиноси масоили иқтисодӣ, Абдуманнон Шералиев мегӯяд:

“Ман солҳо бо муҳоҷирон кор кардаам ва масъаларо омӯхтаам ва медонам, ки онҳо танҳо қисме аз маблағҳояшонро тавассути бонк интиқол медиҳанд. Қисмати асосиро ё бо худ мебаранд ва ё бо роҳҳои дигар интиқол медиҳанд”.

Дар Тоҷикистон паёмадҳои камшавии пули муҳоҷирон эҳсос мешавад, пештар Тоҷикистон бо ирсоли номае ба Президенти Бонки осиёи рушд 364 миллион доллар кумак хоста буд. Ба гуфтаи ноиби аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид пандемияи коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳолати “форс мажор” ё “монеаи муқовиматнопазир” қарор дод ва кишвар шадидан ба кумак ниёз дорад.

Ин дар ҳолест, ки дар ин рӯзҳои ахир сокинон аз болоравии нархи маҳсулоти хӯрока ва нотавониашон аз харидории маҳсулоти ниёзи аввал шикоят мекнунанд. Рӯзи 04 ноябр бошад Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 дарсад беқурбшавии пули миллӣ дар баробари доларро хабар дод, ки мувафиқи қарори нави Бонки миллӣ арзиши як доллар дар баробари сомонӣ, 11 сомониву 30 дирам муайян шуд. То рӯзи 03 ноябр тибқи муқаррароти худи Бонки миллӣ 1 доллар ба 10 сомонию 33 дирам баробар буд.

Коршносон мегӯянд дар бозори сиёҳ пули милӣ аллакай зиёда аз 15 дарсад беқурб шудааст ва нарх дар бозороҳо ҳам ба ҳамин миқдор боло хоҳда рафт. Имрӯз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят карданд, ки нархи орд 255 сомнӣ баробра шуда, илова бар ин сокинон аз бебарқӣ шикоят доранд. Гуфта мешавад, чанд рӯз аст, ки “Барқи тоҷик” дар кишвар лимити зимистона ҷорӣ кардааст ва мардум давоми як шабонароӯз ҳамагӣ 12 соат дар баъзе минтақаҳо аз ин ҳам камтар бо барқ таъмин мешаванду халос.

ЯТИМОВ МАНСАБ ГИРИФТ Ё МУКОФОТ?

0

Чаро Раҳмон бори сеюм С. Ятимовро раиси КДАМ таъин кард?

Котиботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи таъйини Саймумин Ятимов ба мақоми раиси Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии ин кишвар ҳасби ҳоли ӯро мунташир ва дар қатори забонҳои хориҷӣ, ки ӯ балад аст, забони форсиро ҳам зикр кардааст.

Яъне ин тавр: “забонҳои хориҷии форсӣ, англисӣ ва русиро медонад”.

Дар бораи инки Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бо чӣ ҳадафе “забони форсӣ”-ро ба унвони забони хориҷӣ муаррифӣ кардааст, дар интиҳои навишта хоҳем гуфт. Вале ҳоло аз тағйироти кадрии ахир ва бавижа аз Саймумин Сатторович Ятимов хоҳем гуфт, ки барои бори саввум мақом ва мансаби худро ҳифз кардааст.

Дар вақтҳои ахир дар бораи фаъолиятҳои “босамар”-и ин ба истилоҳ “шоҳин”-и фулодчангол дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби зиёде мунташир шудаанд. Муҳаммади Султон, як сарҳанги пешини амниятӣ ҳам дар шумори нависандагоне қарор гирифт, ки аз кору пайкори генерал-полковник ва бахусус маҳалгироии ӯ навишта буд ва дар матлабе дигар ҳам феҳристи асомии шумори зиёде аз масъулони бахши марказӣ ва низ шаҳру навоҳии кишвари КДАМ-ро, ки аз ҳаммаҳалҳо ва ё таборони Ятимов дарҷ шуданд, ин иддаои сарҳанги бознишастаи амниятиро таъйид мекард.

Вале ба назар мерасад ин ҳама далоилу шавоҳиди амалҳои ғайриахлоқӣ ва ғайриқонунӣ, ки барозандаи як узви баландпояи ҳукумат нест, натавонистааст эътимоду эътиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар нисбати Ятимовро, тағйир бидиҳад. Таъйини барои бори саввуми Ятимов ба раёсати КДАМ метавонад тафсирҳои гуногун дошта бошад.

Метавон гуфт, ки ин таъйинот нишона ва аломати даступобастагии Раҳмон дар назди ӯст, масалан Ятимов дар муқобили Раҳмон “компромат”-ҳои хеле вазнин дорад. Ва ё инки тӯли ин даҳ сол Ятимов ба ҳадде ба бовар ва эътимоди Раҳмон сазовор шудааст, ки бар вафодорӣ ва садоқати вай кадом шакку шубҳа надорад. Шояд ҳам ин ва ҳам он ва шояд боз “фактор”-ҳои дигаре ҳам бошад.

Аммо аз нигоҳи мо иллат ва омили таъйиноти барои бори саввуми Ятимов, ки на ба ҳама вазирони Раҳмон ва бахусус вазирони тими қудратӣ насиб шудааст, ин ҳамназарӣ ва ҳамақидагӣ ва дидгоҳи яксону тавъам доштани онҳост. Онҳо аз лиҳози ормону идея мавзеъи ягона доранд. Ҳанӯз, ки Раҳмон “а” ногуфта Ятимов “я”-и онро мефаҳмад ва барои иҷрои он каллаву пуст мезанад.

Бо дастони Ятимов чанд навбат ба Вилояти Мухтори Бадахшону водии Қаротегин ҳамла ва ҳуҷум кардан ва онҳоро дар баробари ҳукумати Фронти халқӣ ба зону даровардан дар асл орзу ва ҳаваси Раҳмон буд. Раҳмон бо гузашти солҳои соҳиби қудрат шудан, ҷанги дохилӣ тамом шудану сулҳу оштӣ кардан ҳамоно дар баробари помириҳо ва қаротегиниҳо дилашро хунук накарда буд, ки ин корро Ятимов кард. Орзуҳои Раҳмонро шикаст.
Вале ин як навъ “репетитсия” барои барнома ва нақшае бузургтар буд.

Маҳв ва маҳор кардани бузургтарин неруи сиёсии кишвар, ки аз як интихобот то интихоботи дигар мақом ва ҷойгоҳи бештареро касб карда истодааст. Ин яъне ҲНИТ. Коре, ки Раҳмон аз мағзи дилу ҷон мехост аммо ҷуръат ва лаёқати анҷоми онро надошт Ятимов гуфт, метавонад ба сомон бирасонад. Вазирони пешини низомӣ-қудратии Раҳмон бо ҲНИТ дар рақобат буданд ва хусумат ҳам доштанд.

Аммо то ба ин ҳад, ки Ятимов аз ин ташкилоти сиёсӣ ва бахусус мафкура ва идеолгияи он мутанаффир буд, набуданд. Намехостанд ва намегузоштанд, ки парвози берун аз назорати онҳоро дошта бошад аммо Ятимов чашми диди ҳузур ва мавҷудияти онро надошт. Ва, инки нишастанду ба “хулоса” омаданд ӯ даст ба кор шуд. Хулоса, орзуву ҳавас ва омоли ҷаноби Президентро ба ваҷҳи аҳсан иҷро кард. На, мулло монд, на масҷид, на рушанфикри мазҳабиву дунявии дигарандеш ва ниҳоят ва муҳимтар аз ин ҳама на ҲНИТ.

Ятимов барнома кард, нақша кард, кудето кард, дигар муҳим нест. Вай тавонист мухолифинро биронад ва дунёро барои Раҳмонов “то абад” ва “модомулумр” бидиҳад. Барои ӯ дақиқан ҳамин чиз муҳим буд. Маҳор кардани таъсири физикӣ ба ӯ ва ҳокимияти ӯ. Ҳол дигар сад доду вой мекунанд, кардан гиранд. Аммо на митинг карда метавонанд ва на дасташон мерасад, ки пояҳои курсии ӯро ба ҳаво андозанд.

Ҳамин ду даҳсола пештар Раҳмон, ки 5 сол муборизаи мусаллаҳона кард ва ҳимояти Русияро дошт, чору ночор нишаст ва ҳокимияташро ҳисса кард. Аммо феълан кор тавре шуд, ки бо як ду ҷони “расход”-шуда ин ҳизбро берун кард ва ӯ дигар рақиб ва рақобат надорад ва шурӯъ кард ба бино ва бунёди ҳокимияти хонаводагӣ. Дигар бо дили пур дорад барномаҳояшро татбиқ мекунад. Раҳмон ин ҳамаро мадюни Ятимов аст. Албатта, барои чунин хадамот бемузд ва бебаҳраву подош намонд.

Шароит ва имконият дод, пул кор кунанд, замину замону хонаву дару мошину дача андӯзад. Инки Ятимов ва ё бародараш чи кор мекунанду чи хел пул ба даст меоваранд, баҳо ва арзиши курсиро надорад, ки Раҳмон дорад. Муҳим, саҳна ва кишвар барояш холӣ аст. ”Благодаря” Ятимов.
Аз ин лиҳоз мешавад гуфт, ки барои саввум ба мақоми раиси КДАМ таъйин кардани Ятимов ва ӯро ба тамоми ниҳодҳои дигар мусаллат кардан як навъ подош ва ҷоизаи Раҳмон барои хадамоти содиқонаи ӯст. Ва Раҳмон возеҳу рӯшан баён кард, бо ҳукумате, ки дошт ин бор ҳам давраи нави ҳокимияташро меронад.

Раҳмон ба Рустам (Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва раиси Душанбе) бовар накард. Дар бораи рафтор ва кирдори айёшии Рустам ба Раҳмон гуфтанд ва Раҳмон мушоҳида кард, ки ӯ ҳоло “бача” аст. Корро ҷиддӣ нагирифтааст, пухта нарасидааст ва хом аст. Овардани Ятимови “пенсионер” масъалаи дар нимаи роҳ канор кашидан ва ба валиаҳд супориданро ҳам шояд аз байн бурда ва ё бибарад. Ба назар мерасад, ки то охири муҳлат меравад. Чун то ҳадде “ноумед” шуда истодааст. Албатта, ба имиҷи Рустам бетаъсир нахоҳад буд.

Ва ин таъйинот ба навбати худ зиддиятҳои дохилидарбориро шиддат мебахашад. Махсусан, ки Рустам тамоми “ахборот”-и расида ба падараш аз айёшиҳояш ва инки дар ин тағйироти кадрӣ ҳеҷ пешниҳоди ӯ қабул нашудро аз чашми Ятимов мебинад. Вале дар муқобил Ятимов бо тамоми неру ва аз банди дилу ҷон садоқат ва вафодорӣ нишон дода истодааст. Ятимов тавонист, ки байни мухолифини дар Аврупо низоъ ва хусумат офарад. То ба ҳадде, ки гурӯҳе аз қаҳр ва ба рағми дигар изҳор доштанд омодаанд ба ҳукумат овоз диҳанд то ба ҲНИТ. Ҳамин коре, ки Раҳмон аз он қади найза гӯшт мегирад.

Нашру пахши маводди бадномкунандаи роҳбарияти оппозитсион, қисме аз онҳоро моил кардан ба Раҳмон ва дар фазои сиёсии кишвар сияҳсозии пайвастаи ҲНИТ аз корҳои хуби Ятимов барои Раҳмон ба шумор меравад.
Раҳмон дар ин шабурӯзҳо бештар аз ҳар чизи дигар аз самти Афғонистон эҳсоси биму хатар мекунад. Ҳанӯз зина будани Гулмурод Ҳалимов, наздиктар омадани Толибон ба марзҳо, эълони ихроҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон барои Раҳмон сахт нохуш аст.

Дар ҳамин чанд рӯзи пеш бо як сафари корӣ ба Кобул рафтани Ятимов ҳам беҷиҳат набуд. Ятимов дар кори ҷанг ҳам таҷриба касб кардааст ва аз инки бо неруҳои исломӣ сахт оштинопазир аст ба завқи Раҳмон сахт мувофиқ аст. Барои ҳамин Ятимов С.С. барои бори саввум ва новобаста аз онки нафақахӯр шудааст мақоми худро дар кобинаи нави Раҳмон ҳифз кард. Вале, ба гумони ғолиб муаллифи матни ҳасби ҳоли Ятимов, ки тавассути котиботи Президент нашр шуд худи Ятимов аст. Ин худи Ятимов аст, ки “форсӣ”-ро ба унвони забони хориҷӣ мешиносад ва дар қатори англисӣ ва русӣ ҷой додааст.

Дар дастгоҳи раиси ҷумҳурӣ шояд ба ин дараҷа нафрат ва хусумат ба Форсу форсӣ, ки Ятимов дорад, надоранд. Худ шоҳидед, ки чанд ҳафта қабл ҳукумати Ашраф Ғанӣ ҳам айни чунин корро карда форсиро хориҷӣ унвон кард. Аммо тоҷикони сарбаланди Афғонистон дунёро ба сараш гардониданд, то ҳарфашро пас гирифту пузиш хост. Аммо, ин мо тоҷикони Тоҷикистон ҳастем, ки дар баробари як чунин таҳқири забони модарӣ ва он ҳам аз тарафи Дастгоҳи раёсати ҷумҳурамон об дар даҳон гирифтаву нишастаем.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Мақомоти Русия мегӯянд гирифтани шаҳрвандии Русияро барои муҳоҷирон осон кардаанд

0
Сурат: мвд.рф

Сардори Сарраёсати умури муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, Валентина Казакова тарзи осон дастрас кардани шаҳравндии Русияро  баён кардааст.

Казакова ба “Спутник” гуфтааст:

“аз 5 май дар Русия қонуне рӯи амал омад, ки мувофиқи он муҳоҷирон метавонанд патентро бидуни убури марзи кишвар тамдид кунанд”.

Ин мақоми ВКД-и Русия гуфта, ки “Яъне ҳуҷҷатро бидуни убури марзи Русия мешавад чанд маротиба тамдид кард. Ғайр аз он, тартиби гирифтани шаҳрвандӣ барои категорияҳои мухталифи шаҳрвандони хориҷӣ содда карда шудааст. Масалан зодагони Қазоқистон, Молдова, Белорус ва Украина имкон доранд, пас аз гирифтани иҷозат барои истиқомат бо тартиби содда шаҳрвандӣ ба даст оранд”.

Ба гуфтаи Казакова, дар ҳоли ҳозир дархост барои гирифтани шаҳрвандӣ ҳамагӣ се моҳ баррасӣ мешавад.

Дар идома мегӯяд, “Пештар шаҳрвандони хориҷӣ бояд барои гирифтани шаҳрвандии Русия аризаи даст кашидан аз шаҳрвандии худро дастрас мекарданд. Ин яке аз шартҳои гирифтани шаҳрвандӣ буд. Дар ҳоли ҳозир ин шарт содда гардонида шуд ва шаҳрванд ҳуқуқ дорад, шаҳрвандии худро ҳифз кунад ва соҳиби шаҳрвандии Русия гардад”.

Дар кишвари Русия ҳудуди ду млн шаҳрванди тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи муҳоҷирон доштани шаҳрвандии Русия ва ё осон кардани гирифтани иҷозати корӣ мушкилоти онҳоро хеле кам мекунад.

Як муҳоҷир дар суҳбат ба “Аздо тв” гуфт:

“доштани шаҳрвандии Русия имтиёзҳое дорад, ки аксари муҳоҷирон барои ба даст овардани он талош мекунанд. Чун онҳоро аз дастгиршавии ва шиканҷаи пулис раҳо мекунад ва инчунин ёфтани кору маоши баландтарро бароияшон осонтар мегардад.”