4.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 74

Ҷаримаи шаш мансабдор барои партовкашонӣ дар Бохтар

0

Давоми панҷ моҳи соли 2025, Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар шаш мансабдорро барои нақзи қоидаҳои партовкашонӣ беш аз 18 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.

Аз ҷумла, як директори корхонаи КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ” 10 ҳазору 800 сомонӣ ва панҷ масъули дигар ҳар кадом 1500 сомонӣ ҷарима шуданд.

Дар маҷмуъ 96 нафар ба маблағи 52 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ гардида, қариб тамоми маблағ ситонида шудааст. Баъзе аз ҷаримаҳо ба давраи соли гузашта тааллуқ доштанд.

Ҷаримаи мансабдорони муҳити зисти шаҳри Бохтар дар ҳоле аст, ки борҳо сокинон аз шароити бади муҳити зист, саривақт тоза накардани партовгоҳо, тоза накардаи ҷӯйборҳои шаҳр ва роҳҳои хароби мошингар шикоят кардаанд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар як нишасти матбуотӣ мушкилоти коммуналӣ дар шаҳри Бохтаро тасдиқ карда буд.

Ӯ он замон гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир масъулини ин шаҳр тавони ҳалли мушкили патовгоҳоро надоранд ва наметавонанд саривақт партовҳои маркази шаҳрро тоза кунанд.

Музокироти нави Русия ва Украина дар пасманзари ҳамлаҳои паҳподӣ

0

Рӯзи 2-юми июни соли 2025 дар шаҳри Истамбули Туркия музокироти навбатӣ миёни намояндагони Русия ва Украина доир гардид.

Мулоқот пушти дарҳои баста бо миёнаравии Туркия баргузор шуд ва он камтар аз як соат идома ёфт.

Дар ин музокирот ҳайати Русияро ёвари Владимир Путин – Владимир Мединский ва ҳайати Украинаро вазири дифои ин кишвар Рустам Умаров раҳбарӣ доштаанд.

Ҷониби Русия барои хотимаи ҷанг ба қаламрави Русия гузаштани минтақаи ишғолшудаи Қрим ва вилоятҳои таҳти назари артиши Русияи Донетск, Луҳанск, Херсон ва Запорожйе, напайвастани Украина ба НАТО, сабт шудани статуси бетарафии Украина дар Конститутсия ва маҳдуд кардани шумори нерӯҳои артиши Украина пойфишорӣ кардааст.

Аммо ҳайати Украина барои идомаи музокирот оташбаси комили 30-рӯза ва иваз кардани ҳамаи кӯдакони дуздидашуда ва асирони ҷангиро талаб намудааст. Ҳамчунин ҷониби Украина ба нигоҳ доштани ҳуқуқи Киев барои интихоб кардани паймонҳои низомӣ бидуни маҳдудият ва ба кафолатҳои байналмилалӣ барои назорати иҷрои созишҳо таъкид кардааст.

Дар натиҷаи гуфтугӯ ҷонибҳо танҳо дар мавриди иваз намудани то 1 000 асири зинда ва баргардонии тақрибан ҷасади 12 000 сарбози ҳалокшуда ба мувофиқа расидаанд.

Эҳтимол меравад гуфтушуниди навбатии ҷонибҳо дар охирҳои моҳи июн баргузор гардад. Инчунин Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон пешниҳоди баргузории музокироти навро бо иштироки Владимир Зеленский, Владимир Путин ва Доналд Трамп гуфтааст, аммо то ҳол ин пешниҳод қабул нагардидааст.

Музокироти навбатии Русия ва Украина дар ҳоле баргузор мешавад, ки 1-уми июни соли ҷорӣ Украина амалиёти васеи низомиро бо номи “Паутина” гузаронд. Дар ин амалиёт Украина бо дронҳои FPV ба чор пойгоҳи ҳавоии Русия ҳамла кард ва дар маҷмуъ беш аз сад ҳавопаймои низомии Русияро ҳадаф қарор дод. Ба гуфтаи Хадамоти амнияти Украина, 13 ҳавопаймои стратегӣ, аз ҷумла 9 бомбаандоз, мисли Ту-95 ва Ту-22М3 нобут карда шуда, хасорот аз 1 то 7 миллиард доллар гуфта мешавад.

Фирори беш аз 200 зиндонӣ дар Покистон

0

Шаби душанбе ба сешанбе пас аз вуқуи заминларза дар шаҳри Карочии Покистон беш аз 200 зиндонӣ аз як зиндон фирор кардаанд.

Тавре расонаҳои покистонӣ аз мақомҳои расмии ин кишвар хабар медҳанд, пас аз вуқуи заминларза зиндониён аз зиндонҳо берун бароварда шуданд. Аз ин фурсат истифода бурда, 216 нафар фирор кардааст, ки баъдан 78 нафари онҳо боздошт шуданд.

Вазири адлияи вилояти Синди Покистон Зиёулҳасан Ланҷор ба расонаҳо гуфта, ки пас аз заминларза зиндониён ба маконҳои бехавф интиқол дода шуданд, сипас зиндониён аз нимаҳои шаби душанбе амалиёти фирорро шуруъ карда, то субҳи рӯзи сешанбе идома кардааст. Ӯ ҳамчунин афзуда, аз баски шумори зиндониён ба 1000 нафар мерасад, дар ҳолатҳои ғавғо идора кардани онҳо мушкил мешавад.

Як мақоми расмии пулиси Карочӣ Кошиф Аббосӣ гуфта, ки зиндониён ҳангоми фирор бо зиндонбонҳо даргир шуда, силоҳҳои онҳоро гирифта, ба сӯи дарвозаи калон шитофтаанд. Баъдан байни фирориён ва мақомҳои амниятӣ задухӯрд сурат гирифт, ки дар натиҷа як зиндонӣ кушта шуда, 3 маъмури амниятӣ захмӣ шудааст.

Гуфта мешавад, то ҳол ҳамаи фирориён боздошт нашудаанд ва амалиёти дастгирии онҳо идома дорад. Маҳомҳои пулис таъкид мекунанд, ки ҳеч кадом аз зиндониёни фирорӣ шомили гурӯҳҳои террористӣ нестанд ва ҳамаи онҳо дар ҷиноятҳои маводи мухаддир ё дигар ҷиноятҳои сабук даст доштанд.

Мақомҳои аршади ин кишвар мегӯянд, дар торихи Покистон ин бузургтарин амалиёти фирори зиндониён ба шумор меравад.

Шикояти Таҳмина Самадова ба додгоҳ

0

Таҳмина Самадова, муқими Русия ва зодаи Тоҷикистон аз болои мақомоти шаҳри Митиши ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Хонум Самадова, ки модари ҳафт фарзанд аст, зимин шикояташ ба додгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав хостааст мақомот шаҳодатномаи давлатии хариди манзилашро, ки зиёда аз 24 миллион рубли русӣ аст, барқарор кунад.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, додраси Митиши дар охирҳои моҳи май даъвои зодаи Тоҷикистон Таҳмина Самадоваро дар ин маврид шунидааст ва мурофиаи навбатӣ дар моҳи июл баргузор хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки 13-уми январи соли ҷорӣ раиси шаҳри Митиши Юлия Купетская ба оилаи Таҳмина Самадова, ки 15 сол боз дар Русия зиндагӣ мекунанд ва шаҳрвандии ин кишварро доранд, шаҳодатномаи давлатии хариди манзил ба маблағи зиёда аз 24 миллион рублро тақдим карда буд.

Купетская дар шабакаи телеграми худ тақдими хона ба оилаи Самадоваро як хурсандии солинавӣ номида, аз Таҳмина Самадова ҳамчун як модари фаъол дар ҳаёти ҷамъиятии мактабу кӯдакистон ва ҳам корманди ихтиёрии фондҳои хайрияи маҳаллӣ ва нақши мусбати ҳамсараш дар тарбияи фарзандон ситоиш карда буд.

Аммо ин хабар дар шабакаҳо ва расонаҳои русӣ вокуниши зиёд ва хашми миллатгароёни Русияро ба бор оварда, ин оиларо ба фасодкорӣ ва бевафоӣ ба Русия муттаҳам карданд. Баъзеҳо навиштаҳои шавҳари Самадоваро дар Фейсбук, ки аз Тоҷикистон пуштибонӣ карда, гуфта буд, ки “готов порвать любого за таджикский флаг” мисол овардаанд.

Пас аз вокуниши миллатгароёни рус, 20-уми январ раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин, ки дар расонаҳо бо мавқеъгириҳои зидди муҳоҷирияш машҳур аст, талаб намуд, ки дар бораи ин қазия ҳисобот пешниҳод кунад ва дар натиҷа нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи қаллобӣ (қисми 4-и моддаи 159.2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ба иддаои дафтари матбуотии Кумитаи тафтишотии Русия, Самадова даромади шавҳараш Рамазон Раҳимовро чанд маротиба кам нишон додааст, то оилаи онҳо ҳамчун оилаи камбизоат эътироф шавад. Ҳамчунин ӯ дар ҳуҷҷатҳо нишон додааст, ки ҳамроҳ бо ӯ дар як хона 13 нафар, аз ҷумла бародараш бо 2 фарзандаш истиқомат мекунанд, дар ҳоле, ки онҳо дар Тоҷикистон қарор доранд.

Пас аз боз шудани парванда нисбати ин модари серфарзанд, Кумитаи тафтишот нисбати муовини шаҳрдори Митиши низ, ки сардори Комиссияи тақдими сертификат буд, бо иттиҳоми хунукназарӣ (моддаи 293-и Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноӣ боз намуд ва хонаводаи Таҳмина Самадова аз рӯйхати хонаводаҳои камбизоат бароварда шуд.

Додситонӣ қарори тафтишотро дар бораи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Таҳмина Самадова ва муовини шаҳрдори Митиширо бекор карда буд, вале ҳоло тафтишоти парвандаи ҷиноӣ дубора оғоз шудааст.

Тафтиши бедалил дар назди хона. Шикояти сокинон аз бадрафтории пулис

0

Бархе сокинони пойтахт аз рафторҳои ғайриқонунии маъмурони пулиси минтақавӣ шикоят кардаанд.

Як сокини шаҳри Душанбе ба номи Абубакр Давлатбоев дар шабакаи иҷтимоии Facebook аз рафтори як нозири минтақавӣ изҳори норозигӣ кардааст. Вай менависад: “Агар соати 9–10 шаб дар назди хонаат бошӣ, бе ягон сабаб, оё участковый бо либоси одӣ ҳақ дорад бе иҷозат кисаҳоят ва телефонатро кофта бинад? Ман ду дафъа ба чунин ҳолат дучор шудам — дар фосилаи 1 метр аз дарвозаам, бе ягон далел, ҳам маро ва ҳам мошинамро кофтукоб кард. Ман намефаҳмам — чаро?

Ӯ ҳамчунин пурсидааст, ки агар маъмури пулис “бо либоси ғайрирасмӣ бошад, куҷо бояд аз болои чунин амалаш шикоят бурд?”

Баъзе корбарон дар шарҳҳо навиштаанд, ки нозири минтақавӣ бидуни далели расмӣ ҳақ надорад дар шаб, он ҳам бо либоси ғайрирасмӣ шахсро мавриди тафтиш қарор диҳад.

Онҳо ба Давлатбоев маслиҳат додаанд, ки аз болои нозир ба прокуратура шикоят нависад.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар як ҷаласаи расмӣ аз нозирони минтақавӣ талаб карда буд, ки бо шаҳрвандон хушмуомила бошанд,

Шикоятҳо аз рафторҳои ғайриқонунии кормандони пулис, махсусан нозирони минтақавӣ зиёданд. Сокинон онҳоро ба суистифода аз мақом ва қадам фаро гузоштан аз салоҳияти хидматӣ муттаҳам мекунанд.

Кӯтоҳтарин президенти дунё дар Лаҳистон

0

Рӯзи 1-уми июни соли ҷорӣ даври дувуми интихоботи президентӣ дар Лаҳистон байни ду номазад баргузор гашт.

Дар ин давра ду номазад – Рафал Тшасковский аз ҳизби Эътилофи шаҳрвандӣ ва Карол Навротский аз Ҳуқуқ ва адолат (PiS) – ду ҳизби калонтариини Лаҳистон бо ҳам рақобат доштанд.

Карол Навротский — номзаде, ки аз ҷониби ҳизби Ҳуқуқ ва адолат (PiS) дастгирӣ ёфт ва бо
касби 50,89% овозҳо (10 606 877 овоз) пируз гашт. Рақиби ӯ Рафал Тшасковский аз Эътилофи шаҳрвандӣ 49,11% овозҳоро (10 237 286 овоз) ба даст овард. Дар маҷмуъ беш аз 72% аз шаҳрвандони дорои ҳаққи раъй дар интихобот ширкат доштаанд.

Дирӯз соати 21:00, пас аз баста шудани ҳавзаҳои интихоботӣ дар саросари Лаҳистон зимни ироаи натиҷаҳои аввалия Рафал Тшасковский бо ба даст овардани 50,3% овозҳо пирӯзи интихобот эълон гашт, вале бо гузашти 2 соат ва нашри оморҳои аввалия аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Лаҳистон Карол Навротский пешсаф шуд ва дар ниҳоят барандаи ниҳоии интихобот эълон
гашт. Ин дар ҳоле буд, ки – ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ – ҷонибдорони Тшасковский пирӯзии ӯро ҷашн гирифта, хоб рафтанд, субҳ, ки бедор шуданд, Навротский президент эълон шудааст. Ин боис шуд, ки дар расонаҳои Лаҳистон аз Рафал ба унвони кӯтоҳтарин президент ё президенти 120-дақиқаӣ ёд кунанд.

Назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки дар интихоботи президентӣ шаҳрвандони Лаҳистон, аз ҷумла ҷавонони аз 18 то 39-сола, мардон, касоне, ки таҳсилоти миёна доранд, деҳанишинону кишоварзон бештар ба Навротский овоз доданд. Дар муқобил аксари занҳо, афроди 40 то 60-сола, шаҳрнишинҳо ва касоне, ки таҳсилоти олӣ доранд, райи худро ба Рафал Тшасковский додаанд.

Дар ниҳоят бо фарқи камтар аз 1,78%, яъне каме бештар аз 350 ҳазор раъй, Навротский интихоботро бурд.

Бо пирӯзии номзади ҳизби Қонун ва адолат, ин ҳизб курсии президентиро барои даври сеюм ҳифз кард. Номзади ин ҳизб дар интихоботи президентии солҳои 2015 ва 2020 низ пирӯз гашта буд ва акнун то интихоботи соли 2030 низ курсии президентиро дар ихтиёр хоҳад дошт.

Ҳарчанд дар ин кишвар раисҷумҳур чандон ихтиёрот надорад ва низоми сиёсии Лаҳистон низоми парлумонӣ аст ва қудрати иҷроӣ дар дасти нахуствазир мебошад, вале раисҷумҳур низ аз баъзе ихтиёрот бархурдор аст. Аз ҷумла, дар таъйид ё вето кардани қонунҳо, таъйид ва ё радди номзадҳои сафирон ва инчунин намояндагии Лаҳистон дар хориҷ ва фалаҷ кардани ё эҷоди мушкилот барои ҳизби ҳоким, агар аз ҳизби рақиби президент бошад.

Сиёсати муҳоҷиратии президенти мунтахаби Лаҳистон чӣ аст ва чӣ таъсире хоҳад дошт?

Ба назари коршиносон, интихоби Наротский эҳтимолан боиси тағйирот дар сиёсати муҳоҷирати ин кишвар мегардад ва шароити паноҳҷӯён ва муҳоҷирон корӣ душвортар хоҳад шуд. Аз ҷумла, кам кардани кумакҳои иҷтимоӣ, назорати бештар ва шадидтари марзҳо, мухолифат бо интиқоли паноҳҷӯён аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба Лаҳистон, маҳдуд кардани кумакҳо ба муҳоҷирони Украина, мухолифат бо паноҳандагони ғайриқонунӣ аз кишварҳои Ховари Миёна ва Африқо, ки ӯ ин қишр аз паноҳҷуёнро таҳдид ба амнияти миллӣ медонад.

Аммо дар сиёсати хориҷӣ бошад, густариши ҳамкориҳо бо Амрико ва ҳифзи истиқлолияти Лаҳистон дар баробари хостаҳои Иттиҳоди Аврупо, зиддият бо пайвастани Украина ба НАТО, зидди фиристодани нерӯҳои низомии Лаҳистон ба Украина, рушди будҷаи низомӣ ва истиқлолияти бештар аз Аврупо аз сиёсатҳои эълоншудаи президенти тозаинтихоби Лаҳистон мебошад.

Воридот 4 маротиба бештар аз содирот

0

Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-апрели соли 2025 ҳудуди 3,1 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,8% бештар мебошад.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, содироти маҳсулот 636 миллион доллар ва молҳои воридотии ҷумҳурӣ қариб 2,5 миллиард долларро ташкил додааст, ки тафовути манфии тавозуни савдо тақрибан ба 1,9 миллиард доллар расидааст. Яъне, дар кишвар воридот 4 маротиба бештар аз содирот будааст.

Инчунин воридот нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 қариб 24% афзудааст. Молу маҳсулот асосан аз Русия (28,3% аз ҳаҷми умумии воридот), Чин (23,9%) ва Қазоқистон (13,7%) ба Тоҷикистон ворид гаштааст.

Ҳамзамон содирот дар моҳҳои январ–апрели соли ҷорӣ 13% коҳиш ёфтааст ва он асосан ба коҳиши назарраси фурӯши металл ва сангҳои гаронбаҳо (аз 299 миллион то 1,2 миллион доллар) ва содироти маҳсулоти минералӣ рабт дорад.

Тақрибан 80% содироти Тоҷикистон ҳамоно аз молҳои ашёи хом, ба монанди алюминий ва дигар металлҳо иборат аст.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон аз ҳама бештар ба Ҳолланд (25,6% аз ҳаҷми умумии содирот), Чин (20.8%) ва Туркия (14,7%) маҳсулот содир кардааст.

Мутахассисони соҳаи иқтисод таъкид мекунанд, ки касри тавозуни тиҷоратӣ воридшавии асъори хориҷиро кам мекунад, ки барои хариди молҳои ҳаётан муҳим аз хориҷ зарур аст. Агар ин вазъият дуру дароз давом кунад, кишвар маҷбур мешавад захираҳои асъориро истифода барад ё қарзҳои хориҷӣ гирад, ки ин сабаби афзоиши қарзи давлатӣ ва беқурбшавии пули миллӣ мегардад. Яке аз сабабҳои болоравии нархҳо дар кишвар низ ба вобастагии аз ҳад зиёди иқтисод аз воридот мебошад.

Бо вуҷуди нобаробарӣ дар воридот ва содирот, Тоҷикистон тавонистааст аз ҳисоби пули фиристодаи муҳоҷирони кории тоҷик суботи нисбии иқтисодиро нигоҳ дорад.

Тибқи оморҳои Бонки ҷаҳонӣ, соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ҳудуди 5,8 млрд долларро ташкил дод, ки 27% зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад ва ин ҳудуди 45% аз ҳаҷми Маҷмуи маҳслуоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон аст.

Хайма ба ҷои мактаб дар Тоҷикобод

0

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гашта, ки аз шароити бисёр сахти як мактабе нақл мекунад, ки бо як хайма сохта шудааст.

Гуфта мешавад, ин мактаби зери хайма дар деҳаи Сафедоби ноҳияи Тоҷикобод, сохта шуда, хонандагон дар зери он дарс мехонанд. Дар навор дида мешавад, ки тақрибан барои 12 донишомӯз дар зери хаймаи содда дар рӯи замин ҷойкарда шудааст, ки ин шароит ба талаботи бехатарӣ ва саломатии кӯдакон ҷавобгӯ нест.

Ин ҳолат дар остонаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки 1-уми июн таҷлил мешавад, нигаронии зиёдеро ба миён овардааст. Баъзе шаҳрвандон изҳор медоранд, ки дар чунин шароит дарс хондани кӯдакон барои саломатии онҳо хатарнок аст ва ҳукумат бояд шароити беҳтареро барои таълими онҳо фароҳам созад.

Ба гуфтаи баъзе корбарон, мактаби асосии деҳа пас аз заминларза хароб шудааст ва хайма ҳамчун мактаби муваққатӣ истифода мешавад, то ки донишомӯзон аз таълим дур намонанд.
Бо вуҷуди ин, норозиён бар онанд, ки ҳукумат метавонист шароити беҳтареро, масалан, хонаи муваққатии (вагон) бо шароити беҳтар, барои таълими кӯдакон муҳайё созад.

Ин ҳолатро корбарон ба минтақаҳои ҷангзадаи ҷаҳон ташбеҳ кардаанд, ки кӯдакон дар шароити душвор, аз ҷумла дар хаймаҳо, таҳсил мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, шароити беҳтар муҳайё сохтан барои донишомӯзон масъулияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аст, вале ин ниҳод яке аз фасодтарин ниҳодҳои ҳукумат башумор рафта, ҳамеша мавриди интиқод ҷомея қарор мегирад.

“Ин муаммора кӣ ҳал мекарда бошад?” Шикояти олими тоҷик

0

Бархе донишмандони тоҷик аз бетаваҷҷуҳии ҳукумат ба онҳо ва нодида гирифтани хидматҳои илмияшон шикоят мекунанд.

Аз ҷумла, Шерзод Абдуллоев, олим ва донишпажӯи тоҷик ва муаллифи чандин китобу мақолаҳои илмӣ дар саҳфаи фейсбукияш аз бетаваҷҷуҳии мақомдорони кишвар ба ӯ ва амсолаш ва пеш гирифтани ду равиши мутаноқиз – бузургдошти донишмандони гузашта ва хор кардани олимони имрӯза – гила кардааст.

Ӯ дар хитоб ба мақомдорони кишвар мегӯяд: “Аз бузургони гузаштаат сухан мегӯӣ, вале чаро имрӯзатро намебинӣ?”

“Бо вуҷуди ин ки даҳ сол мудири шуъба будаму панҷ-шаш сол муовини директори Маркази исломшиносии назди Президент, мани як кам 80-соларо, ҳатто узви оддии Шӯрои олимони институт интихоб намекунанд.”, навиштааст ин олими тоҷик.

Ӯ таъкид мекунад, ки “зиёда аз 200 китобу мақолаҳои илмӣ” навиштааст, вале дар муассисаҳои илмӣ афроди бе таҷриба ва бо собиқаи кории камтар масъулиятҳои калидиро соҳиб мешаванду донишмандони бо собиқа ва бо нашриёти арзишмандро “ҳатто узви оддӣ”-и ин боргоҳҳои илмӣ намепазиранд.

Ин донишманди тоҷик аз он изҳори норозигӣ мекунад, ки чаро баъзе ба ном донишмандону унвондорҳо, ки ба ҷуз аз рисолаи докторӣ “як китоби дарсӣ барои фарзандони миллат нанавиштаанд, вале аъзоҳои ифтихории ин Шӯро мебошанд?” Ва суол мегузорад, ки “Ин муамморо кӣ ҳал мекарда бошад?”

Шерзод Абдуллоев дар паёми худ аз мардум хоста, ки ҳукумат ба донишмандони имрӯза бетаваҷҷуҳӣ мекунад дар ҳоле, ки донишмандони гузаштаи худро ҳамвора арҷ мегузоранд. Ӯ мегӯяд, дар ин замон ҳам дар Тоҷикистон олимҳои барҷаста зиёд зиндагӣ мекунанд, ки навиштаҳояшон аз Синову дигар бузургон кам нест. Ӯ аз таълифоти худаш мисол оварда, меафзояд: “Абӯалӣ китоби “аш-Шифо” навишт, вале “Асосҳои диншиносӣ”, “Исломшиносӣ”, “Фалсафаи Қуръон” ҳама 500 саҳифагӣ нанавишта буд. Китоби ал-милали Шаҳристон низ назарияҳои диншиносиро таҳлил накардааст.”

Ин шикояти олими тоҷик бори аввал нест, ки садо медиҳад. Ӯ борҳо аз бетаваҷҷуҳи мақомдорон, бахусус масъулони Академияи улуми кишвар шикоят кардааст, вале то ҳол гӯши шунавое пайдо нашудааст.

Абдуллоев дар ин масъала танҳо нест, чанде пеш бозигари маъруфи театр ва синамои тоҷик Ҳошим Гадо, ки муаллифи 1000 муҷаллад китоб аст, низ аз мақомдорони кишвар барои бетаваҷҷуҳӣ ба заҳматҳои эҷодияш гила карда буд.

Боз як монеа барои муҳоҷирони таксирон дар Русия

0

Дар Русия алайҳи муҳоҷирони таксирон қонунҳои шадидтареро ҷорӣ карданд, ки фаъолияти онҳоро душвор мекунад.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, шаҳрдори Маскав Сергей Собянин қонуни наверо имзо кард, ки тибқи он ронандагони таксие, ки бе гузаштан аз сертификатсияи ҳатмӣ фаъолият мекунанд, 5000 рубл ҷарима мешаванд.

Дар ин санҷиши ҳатмӣ аз ронандагон имтиҳон гирифта мешавад, ки он то 20 дақиқа давом мекунад ва довталабон бояд ҳадди ақал аз 9 савол ба 8 савол посухи дуруст диҳанд.

Ин чунин дар ин аттестатсия дониши ронандагон оид ба ҷойгиршавии муассисаҳои муҳими шаҳр, қоидаҳои интиқоли мусофирон ва рафтор дар ҳолатҳои изтирорӣ санҷида мешавад. Гуфта машавад, сертификатсия ройгон буда, ду сол эътибор дорад. Ба гуфтаи масъулони шаҳрдории Маскав, аллакай беш аз 160 ҳазор ронанда ин санадро дарёфт кардаанд.

Тибқи омор, дар байни ронандагони таксии шаҳри Маскав шумораи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ зиёд аст. Танҳо дар соли 2023 аз миёни 332 ҳазор ронанда 79 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон, 7 ҳазор аз Тоҷикистон ва 5 ҳазор аз Узбекистон будаанд.

Дар соли 2024 роҳбари иттиҳодияи “Добро” Николай Кодолов гуфт, ки муҳоҷирон тақрибан нисфи ронандагони таксӣ дар Маскавро ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, коҳиши шумораи муҳоҷирон метавонад ба болоравии нархи хизматрасонӣ ва камбуди ронандагон дар ширкатҳои таксӣ сабаб шавад.