5.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 75

Таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон муайян шуд

0

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 29-уми майи соли ҷорӣ дар ҷаласаи ахираш рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар кишварро эълон кард.

Дар нишасти дирӯзаи Шӯрои уламои Тоҷикистон раиси ин ниҳод Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфтааст, ки “мувофиқи ҳисоби илмӣ оид ба рӯъяти ҳилол Иди саиди қурбон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа 6-уми июни соли 2025 фаро мерасад.”

Инчунин Шӯрои уламои кишвар дар ин нишасти худ қарор баровард, ки намози Ид дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар субҳи рӯзи ҷумъа соати 05:45 баргузор шавад.

Абдуқодирзода аз аъзои Шӯро ва имомхатибон талаб кардааст, ки бо мардум дар мавриди кумаки модӣ ба ятимону бепарасторон суҳбат кунанд. Инчунин танзими идгардаки кӯдакон ва пешгирӣ аз исрофкорӣ дар ҷаласаи Шӯрои уламо баррасӣ шудааст.

Ҳамасола бо муайян кардани ҷашнҳои динӣ Шӯрои уламо маҳдудиятҳоеро дар баргузории онҳо ҷорӣ мекунад. Азҷумла, соли гузашта “идгардак”-и кӯдакон, ки бахше аз хурсандии ин рӯз барои кӯдакон аст, боздошта буд. Ва ин қарор дар байни ҷомеаи кишвар вокуниши зиёдеро ба бор овард. Бархе мегуфтанд, ки Маркази исломӣ ва Кумитаи дини кишвар на танзимгари умури динӣ, балки қарорҳо ва хостаҳои мақомдорони болоиро ҳамчун қонун болои урфу одати мардум таҳмил мекунанд.

Илон Маск аз сиёсат рафт

0

Миллиардер ва муассиси ширкатҳои маъруфи “Tesla” ва “SpaceX” Илон Маск аз мақоми мушовири махсуси ҳукумати президенти ИМА Доналд Трамп расман истеъфо дод.

Ӯ ин тасмимро рӯзи сешанбе тавассути шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) эълон кард.

“Ҳангоми анҷоми мӯҳлати таъиншудаи ман ҳамчун мушовири махсус, мехоҳам ба президент Доналд Трамп барои имкони коҳиш додани исрофкорӣ изҳори сипос намоям”, — навиштааст Маск.

Маск сарварии Департаменти самаранокии ҳукумат (DOGE)-ро ба уҳда дошт — сохторе, ки бо ҳадафи мубориза бо хароҷоти беҳуда дар системаи идорӣ таъсис ёфта буд.

Гуфта мешавад, истеъфои Маск дар натиҷаи ихтилоф бо президент Трамп сурат гирифтааст, хусусан дар мавриди буҷаи нави пешниҳодӣ, ки масрафоти ҳукуматро боло бурда, коҳиши андозҳоро дар назар дорад. Маск дар як мусоҳибае гуфт, ки ин сиёсатҳо “касри буҷетро афзоиш медиҳанд ва кори DOGE-ро зери хатар мегузоранд.”

Маск аз оғози даври дуюми раёсати Трамп роҳбари DOGE буд. Дар ин муддат таҳти роҳбарии ӯ ҳазорон корманди давлатӣ ихтисор шуданд ва маблағгузории чандин барномаи хориҷӣ ё қатъ шуд ва ё коҳиш ёфт.

Бо таваҷҷуҳ ба коҳиши арзиши саҳмияҳои “Tesla” ва фишори афзояндаи сиёсӣ, Маск гуфт, ки вақти худро минбаъд бештар ба идоракунии ширкат мебахшад ва аз саҳнаи сиёсӣ канор меравад.

Илон Маск баъди ворид шудан ба сиёсат мавриди интиқоди шадид дар дохил ва хориҷи Амрико қарар гирфта, ширкати Тесла мавриди таҳрими муштариён қарор гириф. Ҳатто борҳо марказҳои фурӯши мошинҳои Тела дар иёлотҳои гуногуни Амрико мавриди ҳамлаи мухолифонаш қарор гирифта буд. Ӯро ба дахолат дар тасмимгириҳои нодурусти сиёсӣ мутаҳам мекарданд.

Санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон

0

Имрӯз, 29-уми май, бо сафари расмӣ ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф ба Тоҷикистон омад.

Дар доираи ин сафар, мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ноиби аввали раисҷумҳури Эрон баргузор гардида, баъдан, музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар доир шуд.

Ҳайатҳои расмии ду кишвар масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, дар поёни музокирот ҷонибҳо баёнияи муштарак ва чор санади иловагии ҳамкориро ба имзо расониданд, ки ба шакли зер аст:

  1. Ёддошти тафоҳум дар бораи иҷрои тарҳи таъсиси Маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони тавсеаи ҳамкории илмӣ ва фановаронаи байналмилалии Муовинати илмӣ, фановарӣ ва иқтисоди донишбунёди Раис Ҷумҳурии Исломии Эрон;
  2. Қарордоди иловагӣ №2 ба Созишнома оид ба хариди неруи барқ байни  Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» ва Мудиромили ширкати пружаи садд ва неругоҳи «Сангтӯда Сангоб»;
  3. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи «Кор ва таъмини иҷтимоӣ»-и Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
  4. Ёддошти тафоҳум бо роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҳаракати вагонҳои эронӣ дар шабакаи Роҳи оҳани Тоҷикистон байни Корхонаи воҳиди давлатии  «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон;

Интизор меравад, ки Муҳаммадризо Орифро раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазирад ва ин мақомдори эронӣ дар доираи сафараш аз фаъолияти истеҳсолии корхонаи «TALCO Кабел» ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намояд.

Сафари Муҳаммадризо Ориф ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Тоҷикистону Эрон дар ин чанд соли ахир равобити печидае доштанд. Тира шудани муносибатҳои дипломатии ду кишвар аз зиндонӣ шудани Бобаки Занҷонӣ ва Қарзи “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” шуруъ шуда, бо бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 тиратар гашта буд.

Аммо соли 2019 пас аз сари қудрат омадани Иброҳим Раисӣ дар Эрон муносибатҳои ин ду кишвар нармтар шуд ва дар замони расиҷумҳурии Раисӣ миёни Тоҷикистону Эрон низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони ду кишвар ҷорӣ шуд.

Инчунин дар моҳи январи соли равон сафари расмии Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури нави Эрон ба Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он сафар 23 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид ва дар ҷараёни он Форуми тиҷоратии кишварҳо дар Душанбе баргузор шуд ва маблағи зиёда аз 450 млн доллар санадҳои ҳамкорӣ имзо гардид.

Ва то имрӯз чандин мақомдори баландпояи Эрону Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамдигар сафарҳои расмӣ анҷом медиҳанд.

Шикоят аз роҳҳои хароби Душанбе

0

Як сокини пойтахт аз вазъи нохуби роҳи мошингарди назди Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе шикоят кардааст.

Ӯ ин роҳро, ки ҳамагӣ ҳудуди 300 метр аз фурӯдгоҳ дуртар аст ва ин харобии роҳ тақрибан 1 километр тӯл дорад, бо роҳҳои душворгузари деҳаҳои дурдасти кишвар, ба мисли Масчоҳ, Ховалинг ва Тавилдара муқоиса намуда, онро шарҳ додааст.

Ба гуфтаи ин сокин, роҳи охири истгоҳи маршруткаҳои №14 ва №16, ки пас аз роҳи асосии маъруф бо номи “Бакалея” ба самти фурӯдгоҳ мебарад, хароб ва валангор аст.

Дар як аксе, ки ин шаҳрванд аз роҳи номбурда нашр кардааст, дида мешавад, ки роҳ ба шиддат ба таъмир ниёз дорад.

Ӯ мегӯяд, яке аз сабабҳои асосии чунин вазъ доштани ин роҳ, ҷорӣ шудани обҳои “Водоканал” дар васати роҳ мебошад. Сабаби дигар, ба гуфтаи ӯ, бемасъулиятии роҳбарони корхонаҳо ва ташкилоте мебошад, ки дар канори ҳамин роҳ ҷойгиранду “барои ободии ин роҳ як дирам ҳам сарф кардани нестанд.”

“Ё шояд сабаби таъмир нашудани ин роҳ он бошад, ки мехоҳанд сайёҳони хориҷӣ ҳанӯз дар наздикии фурӯдгоҳ худро барои роҳҳои душворгузари манотиқи дурдасти кишвар омода созанд.”, навиштааст ин сокини пойтахт.

Ин дар ҳоле аст, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ — писари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста мавриди таърифу тамҷиди расонаҳои ҳукуматӣ қарор мегирад. Аммо дар асл, сокинони пойтахт борҳо аз мушкилоти соҳаи коммуналӣ, тамбашави роҳҳо ва хароби роҳҳои байни маҳаллаҳо шикоят мекунанд.

Ғазза қатлгоҳи рӯзноманигорон шудааст

0

Ба иттилои расонаҳо, шаби гузашта дар як ҳамлаи шадиди ҳавоии Исроил ба Ғазза рӯзноманигори фаластинӣ Муътаз Муҳаммад Раҷаб кушта шуд.

Тавре расонаҳои фаластинӣ дар Ғазза хабар медиҳанд, ин рӯзноманигор ҳангоми фаъолияти касбии худ дар ин борика ҳадафи ҳамла қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ба ин тартиб, аз 7-уми октябри соли 2023 то имрӯз Исроил 221 рӯзноманигорро дар Ғазза куштааст, ки бархе онҳо ҳамроҳи хонаводаҳояшон мавриди ҳадаф қарор гирифта буданд.

Дар ҳамин ҳол Дафтари расонаи давлати Фаластин дар Ғазза тайи баёнияе куштори систематик ва ҳадафмандонаи рӯзноманигорон тавассути Исроилро маҳкум карда, аз созмонҳои байналмилалии ҳомии рӯзноманигорон, Иттиҳодияи рӯзноманигорони араб ва дигар созмонҳо хоста, то ҷиноятҳои мақсадноик алайҳи кормандони расонаҳои фаластинӣ дар Навори Ғаззаро маҳкум кунанд.

Ин ниҳод дар баёнияи худ кишварҳои ғарбӣ, бахусус Олмон, Британия ва Амрикоро масъули ҷиноётҳои наслкушӣ ва қатли оме, ки Исроил дар Ғазза анҷом медиҳад, донистааст.

Ба гузориши расонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, бар асари ҳамлаҳои ҳавоии паёпайи Исроил болои мардуми Ғазза ва монеи вуруди обу ғизо ва кумакҳои башардӯстона шудан ба ин борика, вазъи инсонӣ тоқатфарсо ва тасаввурношаванда гуфта мешавад.

Дар Ғазз рӯзона садҳо зану кӯдак, қисме аз гуруснагӣ ва қисми дигар бар асари ҳамлаҳои Исроил кушта мешаванд.

Шиддат ёфтани авзоъ дар Ғазза дар ҳолест, ки чанде пеш кишварҳои ғарбӣ, бахусус Фаронса ва Британия ба Исроил ҳушдор дода буданд, ки даст аз қатли оми мардуми бегуноҳ бардорад. Ҳамзамон Амрико ба Исроил барои оташбас бо ҲАМОС пешниҳодҳо дод, вале Натанёҳу на ҳушдори кишварҳои ғарбиро шунид ва на пешниҳоди Амрикоро пазируфт.

Ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, аз оғози ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза то кунун 177 ҳазор нафар кушта ва захмӣ шудаанд, ки аксари онҳоро кӯдакони бегуноҳ ва занону пиронсолон ташкил медиҳанд. Ва бар илова, то кунун беш аз 11 ҳазор сокини ин борика зери овораҳо монда ва ё бенишон гаштаанд.

Пас аз мулоқоти Рустаму Путин вазъи муҳоҷирони тоҷик беҳтар мешавад?

0

Рустами Эмомалӣ бо мақомдорони Русия масъалаи муҳоҷиронро дар миён гузоштааст. Аммо дақиқан аз кадом мушкилоти муҳоҷирон гуфтааст, маълум нест.

Дидору мулоқоти шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо мақомдорони Русия дар доираи сафари расмияш ба Федератсияи Русия рӯзҳои 28–29 май баргузор гардидааст.

Бино ба иттилои расонаҳои ҳукуматӣ, 28-уми майи соли ҷорӣ Рустами Эмомалӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мулоқот намуда, равобити байнипарламентӣ, ҳамкории мутақобилаи ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитариро мусбат арзёбӣ кардааст.

Ҳамчунин Рустам аз дастгирии Федератсияи Русия аз ду лоиҳаи – ба гуфтааш муҳими иҷтимоӣ – дар шаҳри Душанбе — сохтмони Театри давлатии русии ба номи Маяковский ва Маркази кӯдакони болаёқат «Сириус» гуфта, ба зарурати фаъол сохтани кори Комиссияи байниҳукуматӣ дар мавриди ҳамкории иқтисодӣ таъкид кардааст.

Дар баробари ҳамкориҳои ду кишвар, Рустам ва Путин вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла вазъияти ноустувор дар Афғонистонро баррасӣ кардаанд.

Шаҳрдори Душанбе ғайричамшдошт аз муҳоҷирати корӣ ва талошҳо барои ҳалли ҷанбаҳои ҳалталаби ин соҳа гуфтааст, аммо расонаҳои ҳукуматӣ ҷузъиёти суҳбати ӯ ва Путинро дар ин маврид нашр накардаанд.

Бояд гуфт, Рустами Эмомалӣ дар доираи ин сафараш бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко ва Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин мулоқот намуда, тақрибан ҳамаи он мавзуъҳоеро, ки дар Кремл бо Путин баррасӣ карда буд, бо ин мақомдорони рус дар миён гузоштааст.

Рустами Эмомалӣ дар ҳоле бо мақомдорони баландпояи рус масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ мекунад, ки дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, давоми як соли ахир дар ин кишвар чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Инчунин дар ин муддат, мақомоти ин кишвар ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгаро бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбати муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд. Ҳамчунин асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд.

Маълум нест, пас аз ин мулоқотҳо вазъи муҳоҷирони кории тоҷик, ки шуморашон беш аз 1 миллион гуфта мешавад, беҳтар хоҳад шуд ё на. Аммо дар гузашта ҳатто пас аз сафарҳои раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия ва мулоқотҳояш бо Владимир Путин дар мавриди муҳоҷират, ба ҷойи беҳтар шудан вазъи муҳоҷирони тоҷик бадтар шудааст.

Ҳамзамон дар пасманзари мулоқоти Рустам бо Путин дар Русия, гуфтумонҳо дар бораи интиқоли қудрат аз падар ба писар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар шудааст.

Дар Душанбе “Маркази яхшиносӣ” месозанд

0

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология масъалаи таъсиси маркази “яхшиносӣ”-ро матраҳ кард.

Мулоқоти Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология хонум Селеста Сауло рӯзи 28-уми май дар Душанбе сурат гирифт.

Тавре Хадамоти матбуоти Дастгоҳи Президент хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо хонум Сауло масоили вобаста ба густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карда, таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносиро муҳим донистааст.

Гуфта мешавад, таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дастгирии дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе анҷом хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалӣ дар робита ба ҳифзи пиряхҳо вориди шаҳри Душанбе шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз фардо, 29-уми май то рӯзи 31-уми ҳамин моҳ дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ҳузури кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои гуногун баргузор мегардад.

Дар Русия нархи “патент” боз боло меравад?

0

Дар Думаи давлатии Русия пешниҳод карданд, ки будҷаи кишварро аз ҳисоби муҳоҷирон, сарватмандҳо ва ширкатҳои ғарбие, ки ба бозори Русия бармегарданд, бештар кунанд.

Муовини якуми раиси Кумитаи сиёсати иттилоотии Думаи давлатии Русия Антон Ткачёв пешниҳод карда, ки арзиши патент барои муҳоҷирон 1,5 баробар зиёд карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Русия беш аз 6 миллион муҳоҷир кору фаъолият доранд ва ин иқдом метавонад ба будҷа тақрибан 75 миллиард рубл биёрад.

Ин вакили рус ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки барои гирифтани патент боҷи давлатӣ, монанд ба он чи ки шаҳрвандони Русия ҳангоми гирифтани шиносномаи хориҷӣ пардохт мекунанд, ҷорӣ карда шавад ва ин иқдом боз 10 миллиард рубли дигар ба будҷа ворид кунад.

Илова бар ин, Ткачёв аз мақомоти Русия даъват карда, ки назорат аз болои фиристодани пулҳои муҳоҷирон ба хориҷ сахттар шавад. Вай пешниҳод намуда, ки муҳоҷирон танҳо маблағҳои расман бадастомадаро ба хориҷ аз Русия фиристода тавонанд ва дигар маблағҳо бояд декларатсия карда шаванд ва қонунӣ буданашон исбот гардад.

Бояд гуфт, ин тағйиротҳо метавонанд нархи патенро боло бурда, боиси афзоиши фасод ва поймол кардани ҳуқуқи муҳоҷирон, ки аллакай дар шароити вазнин кор мекунанд, гардад.

Дар баробари ин, вакилон рус мехоҳанд аз ширкатҳои ғарбие, ки ба бозори Русия баргаштаниянд, боҷи якдафъаина ба андозаи 2% аз гардиши маблағ гирифта шавад. Ба ҳисоби Ткачёв, чунин иқдом метавонад то 120 миллиард рубли дигар ба будҷаи Русия ворид кунад.

Инчунин вакили дигар Алексей Куринний пешниҳод карда, ки ба масъалаи ҷорӣ намудани низоми андозбандии тадриҷӣ баргарданд, яъне меъёри андоз бо афзоиши даромад афзоиш ёбад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҷанг бо Украина, ки беш аз се сол боз идома дорад, хароҷоти Русияро ба таври бесобиқа зиёд кард ва будҷаи давлатии онро заиф кард. Дар чунин шароит, ҳукумат талош дорад сарчашмаҳои нави даромадро пайдо кунад, вале қишре, ки аз вазъи чунин қонунҳо аввалин зарбаро мехӯрад, қишри муҳоҷир аст.

Сафари Рустами Эмомалӣ ба Русия ва дидор бо Путин

0

Рустами Эмомалӣ рӯзи 28-уми майи соли ҷорӣ барои мулоқот бо Путин ва анҷоми сафари расмӣ ба Маскав рафт.

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки Рустами Эмомалӣ, пирсари раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон мақоми раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ҳам ба ӯ дода шудааст, имрӯз вориди шаҳри Маскав шуд. 

Бино ба гузоришҳо, қарор аст Рустами Эмомалӣ дар доираи ин сафараш бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мулоқоту гуфтугӯ кунад.

Мақомоти расмӣ ҷузъиёти зиёдеро дар бораи ҳадафҳои мушаххаси ин сафар ва масъалаҳое, ки дар дидор бо Путин баррасӣ хоҳанд шуд, ироа накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки маъмулан муҳоҷирон аз сафарҳои мансабдорони баландпояи тоҷик ба Маскав ва мулоқот бо раҳбарияти Русия, ки шарики стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, натиҷаҳои малмусро интизор доранд.

Гуфта мешавад, дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Внуково-2-и шаҳри Маскав Рустамро муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтаанд.

Тибқи иттилои расонаҳо, дар ин сафар раиси Маҷлиси миллиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва чанди дигаре аз мақомдорон ҳамроҳӣ мекунанд. Аммо таркиби пурраи ҳайат ва ҳазинаҳои ин сафар – тибқи маъмул – барои умум дастрас нест.

Ин бори аввал аст, ки Рустами Эмомалӣ маҳз барои мулоқот бо Путин ба Русия сафар мекунад. Ба назари таҳлилгарон, ин сафари ӯ метавонад далели наздик шудани замони интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Тоҷикистон бошад. Ба гуфтаи онҳо, Рустам барои ба даст овардани ризояти Путин ва чароғи сабз гирифтану доштани ҳимояти ӯ ба Маскав рафтааст.

Сафари Рустам ба Русия дар ҳолест, ки ӯ 11-уми апрели соли ҷорӣ барои бори дувум раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – палатаи болоии порлумон интихоб шуд.

Тибқи Сарқонуни кишвар, раиси Маҷлиси миллӣ шахси дувум дар Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сурати истеъфо, марг, беморӣ ё аз салоҳиятҳои худ даст кашидани президент, то замони интихобот ӯ иҷрокунандаи вазифаи президент дар кишвар хоҳад буд.

Мунтақидони режими имрӯзаи Тоҷикистон дар вазифаҳои калидӣ кор кардани ӯро ба эҳтимоли интиқоли қудрат аз падар ба писар рабт медидиҳанд ва ин эҳтимол солҳо боз дар кишвар матраҳ аст.

Инчунин коршиносон ҳама боздошту қатли дигарандешон дар 10 соли ахирро маҳз ба “фароҳам кардани шароити мусоид” барои интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалӣ рабт медиҳанд.

“Султон Сулаймон” ва “Аличо” зиндонӣ шуданд

0

Ду бозигари маъруфи синамои Туркия, ки дар байни тоҷикон шинохта шудаанд, дар кишаврашон маҳкум ба зиндон шуданд.

Холид Эргенч бозигари нақши “Султон Сулаймон” ва Ризо Коҷаоғлу бозигари нақши “Аличо” бо иттиҳоми шаҳодати дурӯғ дар робита ба эътирозоти боғи Гезӣ дар соли 2013 муҳокима мешаванд.

Расонаҳои туркӣ мегуянд, миёнаҳои моҳи майи соли ҷорӣ ин ду ҳунарманд, ки бо нақшҳояшон дар силсилафилмҳои машҳур ба монанди “Чукур”, “Ҳазору як шаб” ва “Асри боҳашамат” шинохта шудаанд, дар доираи тафтишоти марбут ба эътирозҳои боғи Гезӣ дар соли 2013 бо иттиҳоми “шаҳодати дурӯғ” муҳокима шуда, ҳар кадом ба беш аз ду соли зиндон маҳкум гардиданд.

Аммо додгоҳ ба далели бо эҳтиром рафтор кардани муттаҳамон ҳукми Холид Эргенчро ба як солу 10 моҳ ва Ризо Коҷаоғлуро ба як солу 8 моҳ коҳиш дода, ҳукми онҳоро то замоне, ки ҷурми дигаре содир накардаанд ба таълиқ гузошт ва онҳо дарҳол зиндонӣ нахоҳанд шуд.

Ин ҳунармандон ба дурӯғгӯӣ дар робита ба парванда алайҳи Оиша Борим муттаҳам мешаванд, ки вақте дар соли 2013 аз онҳо дар бораи иртибот доштан бо шӯришгарон суол шуд, онҳо гуфтаанд, ки ҳеҷ иртиботе бо ашхоси калидии паси эътирозот надошттанд. Додгоҳ ин шаҳодати онҳоро дурӯғ баровард.

Ба гуфтаи додгоҳ, Оиша Борим менеҷери шинохташудаи ҳунармандони синамо ва барномаҳои ҳунарӣ аст, ки дар ҷараёни эътирозҳои боғи Гезӣ ҳунармандони таҳти идораи худро ба ҳузур дар таҷаммуъҳо ташвиқ мекардааст ва бо ҷурми тавтеа алайҳи ҳукумат ва ҳамдастӣ бо табодулотгарон гунаҳкор дониста мешавад.

Гуфта мешавад, Холид Эргенч (Султон Сулаймон) бидуни боздошти пешакӣ ва бо ҳамроҳии вакили худ дар ҷаласаи додгоҳ ҳозир шуда, дар дифоъ аз худ изҳор дошт: “Ман танҳо ба саволҳое, ки аз ман пурсида шуд, посух додам. Ҳеҷ нуктаеро пинҳон накардам ва агар аз ман дар бораи дидор ё иртиботе пурсида мешуд, содиқона посух медодам.”

Ёдовар мешавем, ки дар таърихи 28-уми майи соли 2013, шаҳри Истамбул шоҳиди даргириҳои шадид байни нерӯҳои пулис ва эътирозгароне гардид, ки алайҳи тахриби боғи Гезӣ дар майдони Тақсим ба муддати чанд рӯз гирдиҳамоӣ мекарданд. 

Нерӯҳои амниятии Туркия бо истифода аз гази ашковар ва мошинҳои обпош ба сӯи тазоҳуркунандагон ҳамла карда, дар натиҷа садҳо нафар захмӣ ва беш аз 50 нафар боздошт шуданд. Пас аз ин ҳодиса, тазоҳурот ба шаҳрҳои дигари Туркия низ густариш ёфт.

Сабаби аслии ин эътирозҳо як лоиҳаи шаҳрдорӣ буд, ки бар асоси он мебоист қисмате аз дарахтони боғи Гезӣ, воқеъ дар майдони Тақсим бурида шуда, ба ҷои он як маҷмааи фарҳангӣ бунёд мегардид. Илова бар ин, эътирозгарон аз сиёсатҳои ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон низ изҳори норозигӣ мекарданд. Ин даргириҳо аз хушунатбортарин тазоҳурот дар Туркия тайи солҳои охир арзёбӣ мешавад.