5.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 76

Барои як муҳоҷир – як SIM-корт

0

Мақомоти Русия мехоҳад шумораи SIM-кортҳоро, ки ба номи шаҳрвандони хориҷӣ сабт мешаванд, маҳдуд кунад.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, дар Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонуне таҳия шудааст, ки ба муҳоҷирон иҷозат намедиҳад, зиёда аз як SIM-корт дошта бошанд. Вале ҳоло муҳоҷирон метавонанд то 10 SIM-корт харидорӣ кунанд.

Таҳиягарон мегӯянд, ки ин қонун ба баланд бардоштани сатҳи амнияти миллӣ равона гардида, чунин маҳдудият ба муборизаи самаранок бо таҳдидҳои терроризм, ҷосусӣ, киберҷинояткорӣ ва қаллобӣ кумак мерасонад.

Гуфта мешавад, дар Русия аз 1-уми январи соли 2025 қоидаҳои нави сабти номи SIM-кортҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба иҷро даромада буд. Ва хариди SIM-корт танҳо ҳангоми ҳузури шахсӣ дар дафтари оператори алоқа ва пас аз гузаштани шиносоии биометрӣ имконпазир мебошад.

Раиси Кумитаи меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва корҳои собиқадорони Дума Ярослав Нилов мегӯяд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши ҷараёни муҳоҷират зарур аст, ки назорат аз болои робитаҳои шаҳрвандони хориҷӣ пурзӯр карда шавад.

Бояд гуфт, давоми як соли ахир дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар ва назорат аз болои онҳоро бештар мекунад.

Пештар раисҷумҳури Русия Владимир Путин зери қонуне имзо гузошт, ки тибқи он аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав ва вилояти он дар бораи макони ҷойгиршавии муҳоҷирон тариқи барномаи мобилӣ, озмоиш мегузаронанд.

Дар доираи ин озмоиш, муҳоҷироне, ки бе раводид ба ин минтақаҳо ворид мешаванд, вазифадоранд, ки аз бақайдгирии биометрӣ, аксбардории рақамӣ гузаранд ва барномаи махсуси мобилиро, ки макони будубоши онҳоро мефиристад, дар телефонҳояшон сабт кунанд.

Ва Вазорати корҳои дохилӣ ҳуқуқ пайдо мекунад, ки макони будубоши хориҷиёнро дар ҳудуди Русия ба ҷуз меҳмонхонаву бемерхона назорат намоянд. Агар дар давоми се рӯз ягон сигнал ё маълумот дар бораи макони будубоши шахс ворид нашавад, муҳоҷир аз қайди муҳоҷиратӣ хориҷ карда мешавад ва ин метавонад боиси маҳдудиятҳо дар будубош ё ҳатто сабаби ихроҷ гардад.

Дар Тоҷикистон мухолифонро мекушанд ва хонаҳояшоно соҳиб мешаванд

0

Мақомоти дахлдори тоҷик наздикони Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистонро маҷбур доранд, хонаашонро тарк кунанд.

Тавре ҳамсари Мирзокарим Назаров, бародари Абдуҳалим Назарзода (маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим) дар мусоҳибаи ихтисосие ба Радиои Озодӣ гуфт, Хадамоти иҷрои Тоҷикистон барои онҳо ду рӯз муҳлат додаанд, ки хонаашонро холӣ кунанд. Яъне, хона рӯзи 28-уми май бояд холӣ бошад.

Зиёда Қурбонова, ҳамсари Мирзокарим Назаров мегӯяд, хонае, ки мақомот маҷбур доранд холӣ карда шавад, ба номи шавҳараш нест ва моликияти ӯ ҳисоб намешавад, вале бо вуҷуди ин бо иҷбор хонаро аз дасти соҳибонаш гирифтаниянд.

Ин зан бо нишон додани асноди расмии хона, мегӯяд, хонаро шавҳараш Мирзокарим Назаров соли 2014 ба ӯ ва писараш ҳадия кардааст, вале худашон санади додаи худро қабул надоранд.

“Даҳ сол шуд рафтани шавҳарамро, ӯро куштанд, моро ин қадар азобу ғам дода истодаанд. Мо намедонем куҷо равем, ягон сарпаноҳ надорем”, – мегӯяд Қурбонова.

Қурбонова афзуда, ки соли 2016 додгоҳ ҳукми мусодираи хонаро бароварда буд, вале ба далели ин ки хона моликияти шавҳараш нест ва ҳамчунин ҷойи дигаре барои рафтан надоштанд, дар ҳамин хона монданд.

Ӯ мегӯяд, дар ин хона ҳудуди 30 нафар зиндагӣ мекунад, ки 20 нафари онҳо кӯдакони ноболиғ ҳастанд. Агар мақомот хонаро ба зӯр гирад, онҳо ба куҷо мераванд? Дигар ҳеч хонае барои зиндагӣ кардан надоранд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015 – ба гуфтаи мақомот ошӯби нокоми Ҳоҷӣ Ҳалим – мақомот се бародари ӯро куштанд ва аксари пайвандону наздиконашро барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ карданд. Ҳамчунин ҳар моликияте, ки доштанд, ҳамаро гирифтанд. Ҳатто ба зану фарзандонашон раҳм накарданд.

Баъдатар, таҳлилгарони зиёде гуфтанд, ки ин як саҳнасозии ҳукумат барои аз майдони сиёсат рондани дигарандешону мухолифон, бахусус ҲНИТ буд. Зеро ҳукумат пас аз ин ҳодиса ин ҳизбро ҳам баст ва ҳизби террористӣ эълон карду раҳбарони онро барои солҳои тӯлонӣ ва ҳатто якумра зиндонӣ кард.

Ба назари мунтақидони ҳукумат, дар Тоҷикистон ҳар ҳукме алайҳи мухолифон бо фармони шахсии худи Эмомалӣ Раҳмон анҷом мешавад. Ва то онҷо, ки мухолифонро мекушанд ва хонаҳояшонро соҳиб мешаванд. Вале ҳеч кас ва ҳеч қонуне пеши ин ҷинояткории онҳоро намегриад.

Духтараки Фаластинӣ миёни шуълаҳои оташ

0

Субҳи рӯзи душанбе, 26-уми май артиши Исроил ба як мактаб дар шимоли Ғазза ҳамлаҳои шадидеро анҷом дод, ки то ҳол беш аз 55 нафар кушта шуда, даҳҳо каси дигар захмӣ шудаанд.

Тавре Хадамоти оташнишонӣ ва наҷоти шаҳрвандони Фаластин хабар медиҳад, ин ҳамлаҳои ҳавоӣ субҳи душанбе ба як мактабе дар шаҳраки Ҷабалиё анҷом дода шуд, ки дар он мардуми зиёд, аз ҷумла занону кӯдакон паноҳ оварда буданд.

Шабакаи “Ал-Ҷазира” аз қавли сухангӯи ин ниҳод Маҳмуд Бассал гузориш дод, ки “ҳаддиақал 36 нафар дар ҳамлаи субҳи имрӯз ба мактаби “Фаҳмӣ Ал-Ҷарҷовӣ” дар маҳаллаи “Дараҷ”-и Ғазза кушта шуданд, ки 6 нафарашон кӯдакони ноболиғ буданд.”

Расонаҳо дар такя ба масъулони тиббӣ ва наҷотдиҳӣ гузориш медиҳанд, ки “мактабе, ки Исроил онро бомборон кард, паноҳгоҳи садҳо овора буд ва бештари кушташудаҳо кӯдакону занон буданд.”

Артиши Исроил субҳи рӯзи душанбе иддао кард, ки мақсади ин ҳамла маркази кантроли “терористҳои калидӣ”-и Ҷиҳоди исломии Фаластинӣ буд. Исроил мегӯяд, “чандин қадам бардошта шуд то хисоратҳои инсонӣ ба ҳадди ақал расад.”

Ин иддаои Исроил барои ҳифзи ҷони бегуноҳон дар ҳолест, дар гузориши шабакаи “Ал-Ҷазира” тасвирҳое дида мешавад, ки тамоми синфхонаҳо оташ гирифтаанд ва паноҳандагони хобидаро дар ҳоли доду фиғон ва фиро ҳастанд. Ҳаминтавр кӯдаке саргардон дар миёнаи шуълаҳои оташ низ дида мешавад ва мардуми дар берунбуда ба шиддат дар талошанд то панҷараҳоро шикиста, онҳоро наҷот диҳанд.

Сухангӯи Хадамоти оташнишонии Ғазза Маҳмуд Бассал мегӯяд, дар ҳамлаҳои ҷудогона ба шаҳраки Ҷабалия дар шимоли Ғазза 19 нафар ва дар як ҳамлаи дигар ба як урдугоҳи чодарӣ 6 кас низ кушта шуданд.

Қонунҳои бйналмилалӣ ҳамла ба зерсохторҳои маданӣ бо шумули мактабҳо ва дармонгоҳҳоро манъ мекунад, аммо Исроил мудом чунин маконҳоро дар Ғазза бо иддаои ҳадафгирифтани “марокизи терористӣ” бомборон мекунад. Дар ҳоле, ки тибқи гузоришҳо, дар Ғазза маконе барои апноҳгоҳи мардуми осоишта вуҷуд надорад.

Ин ҳам дарҳолест, ки 19-уми майи соли ҷорӣ раҳбарони кишварҳои бонуфузи ғарбӣ бо як изҳороти муштарак дар баёнияе ба Исроил ҳушдор доданд, ки дар сурати идомаи амалиёти густурдаи низомӣ дар Навори Ғазза ва сабук накардани муҳосираи ин борика, бо таҳримҳои ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Бо вуҷуди бештар шудани фишорҳои байналмилалӣ болои Исроил, сарвазири ин кишвар Бинёмин Натанёҳу исрор дорад, ки кишвараш ҳамлаҳои шадиди низомияшро то пурра ишғол намудани Ғазза идома медиҳад.

Шикояти мусофирон аз “Сомон Эйр”

0

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз режаи корӣ ва муносибати коргарони ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон “Сомон Эйр” шикот кардаанд.

Корбарон дар шабакаи Фейсбук аз он шикоят доранд, дар аксар ҳолат ширкати “Сомон Эйр” то 20 соат парвозҳоро ба таъхир мегузорад, бидуни ин ки далиле барои мусофирон пешниҳод кунад.

Ин бори аввал нест, ки мусофирон аз тарзи фаъолияти ин ширкат шикоят мекунанд. Вале, ба гуфтаи корбарон, чун ин ширкат аз наздикони Эмомалӣ Раҳмон аст, касе ба доди мусофирон намерасад ва масъулони ширкат ҳам чун дар бозор рақибе надоранд, даст ба ислоҳот намезананд.

Гуфта мешавад, ширкати “Сомон Эйр” ба додараруси Эмомалӣ Раҳмон, Ҳасан Асадуллозода, ки ҳамзамон раиси “Ориёнбонк” ҳаст, тааллуқ дорад. Ин ширкат ягона ширкати қавӣ дар Тоҷикистон аст, ки бозори интиқоли ҳавоии мусофиронро пурра инҳисор кардааст. Агарчи ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” фаъолият дорад, вале фаъолияташ маҳдуд аст.

Ба назари коршиносон, ширкати “Сомон Эйр” дар бозор рақиб надорад ва иллати фаъолияти бесифат ва муносибати дағал бо мусофирон низ ҳамин аст. Зеро мусофири тоҷик интихоби дигаре надорад ва дар ҳар ҳолат маҷбур аст аз он истифода барад.

Кабирӣ барои 4 соли дигар раиси ҲНИТ интихоб шуд

0

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 24-уми майи соли ҷорӣ барои 4 соли оянда раиси худро интихоб кард.

Тавре ин ҳизб дар саҳфаи фейсбукияш хабар медиҳад, ҷаласаи Раёсати олии ҲНИТ рӯзи шанбе, 24-уми май дар шаҳри Вилнюси Литва баргузор гашт ва дар он аз 25 узви РО 23 нафар ширкат доштаанд.

Гуфта мешавад, 7 кас аз аъзои РО ҳизб, аз ҷумла Муҳаммадсаид Ризоӣ, Муҳаммадҷони Нурӣ, Мирзораҳим Кузов, Маҳмудҷон Файзраҳмон, Шамсиддин Саидов, Илҳомҷон Ёкубов, Муҳиддин Кабирӣ номазадии худро ба раисӣ пешбарӣ кардаанд. Аммо дар ҷараёни “баҳсу баррасиҳо 5 нафар номзадии худро пас гирифтанд ва ду номзад, Мирзораҳим Кузов ва Муҳиддин Кабирӣ боқӣ монданд.”

“Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ 6 нафар ба тарафдории Мирзораҳим Кузов (Шоҳнаим Карим), 14 нафар ба тарафдории Муҳиддин Кабирӣ овоз доданд ва 3 нафар ширкат накарданд.

Ба ҳамин тартиб Раёсати Олии ҲНИТ бо аксарияти оро Муҳиддин Кабириро ба муддати 4 сол раиси ҲНИТ интихоб намуд.”, омадааст дар баёнияи ҲНИТ.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки раиси тозаинтихоби ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи РО номзадии Шоҳнаими Каримро ба раиси Комиссияи тафтишотии ҳизб пешниҳод кард, ки бо раъйи мусбати 18 нафар номбурда барои 4 соли оянда раиси Комиссияи тафтишотии ҳизб интихоб гашт.

Мавҷи нави таъқибу боздоштҳо дар Тоҷикистон

0

Тибқи иттилооти расида, мақомоти Тоҷикистон мавҷи нави саркӯбу таъқиб ва боздоштҳоро оғоз кардаанд.

Ин саркӯбу боздоштҳо баъди он оғоз шудааст, ки чанде пеш раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гузоштани “лайк” дар зери навору гузоришҳои – ба иддаҳои худашон – “мамнуъ”-ро имзо кард.

Чанд манбаъ, ки худ зери фишори мақомот қарор гирифтаанд, бо шарти фош нашудани номашон дар суҳбат бо “Azda.tv” гуфтанд, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон феҳристи зиёда аз 3000 нафарро, ки дар маблағгузории мухолифин гумонбарашон медонанд, тартиб додааст ва бар зидди ҳамаи ин ашхос парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Гуфта мешавад, аксари онҳое, ки таъқиб мешаванд, берун аз Тоҷикистон, махсусан дар Русия қарор доранд. Ҳоло оилаҳояшон дар дохили Тоҷикистон зери фишори мақомот қарор гирифтаанд, то наздиконашонро барои баргаштан ба Ватан маҷбур кунанд.

Инчунини дар ҳолатҳои алоҳида барои хориҷ кардани номи шахс аз ҷустуҷӯи ҷиноятӣ, кормандони ВКД аз гумонбар ришва талаб мекарданд.

Аммо аксари онҳое, ки шомили ин феҳрист шудаанд, иттиҳоми мақомотро рад намуда, мегӯянд, ки ҳеҷгоҳ ба мухолифин пул нафиристодаанд ва намедонанд чаро мақомот маҳз онҳоро мавриди таъқиб қарор додааст.

То ҳол мақомот расман ин амалашонро шарҳ надодаанд ва ҳанӯз рӯшан нест, ки ҳукумати Тоҷикистон ба чӣ омодагӣ мегирад ва ҳадафи ниҳоии ин мавҷи парвандаҳои ҷиноятӣ чист.

Дар ин чанд рӯзи охир, расонаҳо ҳадди ақал аз боздошти 24 нафар дар Тоҷикистон бо иттиҳоми фиристодани пул ба яке аз мухолифони сарсахти режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон ва мудири пойгоҳи “Ислоҳ” Муҳаммадиқболи Садриддин, хабар дода буд.

Як манбаи наздик ба мақомоти умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки боздошти ин афрод, ки аксаран ҷавонон ва муҳоҷирони собиқ ҳастанд, бар асоси як феҳраст аз “Сбербанк”-и Русия сурат гирифтааст, ки он дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон қарор дорад. Ва аз ин феҳраст маълум кардааанд, ки ин муҳоҷирони тоҷик ҳангоми кор дар Русия ба ҳисоби Муҳаммадиқболи Садриддин пул фиристодаанд.

Худи Муҳамадиқболи Садриддин, ки яке сербинандатарин шабакаро дар бахши тоҷикии “YouTube” дорад, дар суҳбат бо Azda.tv иттиҳоми мақомотро нисбати афроди боздоштшуда беасос ва сохта номида, мегӯяд, ки аз соли 2023 ба ин тараф ҳеҷ суратҳисобе надорад. Инчунин ӯ таъкид кард, ки ҳеч нафареро, ки дар гузашта ба ҳисобаш пул фиристодаанд, дастгир накардаанд ва мақомот аз номи худи ӯ ва пойгоҳаш барои боздошт ва тарс додани сокинон сӯиистифода мекунанд.

Тобути 6 муҳоиҷири тоҷикро ба Ватан меоранд

0

Рӯзи 22-юми майи соли ҷорӣ тобути 6 муҳоиҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон фиристоданд.

Тавре “Азия – Плюс” хабар медиҳад, мошини ин муҳоҷирон рӯзи 20-уми майи соли ҷорӣ дар роҳ ба сӯи Русия дар қаламрави Қазоқистон ба як мошини боркаш бархӯрдааст, ки дар натиҷаи ҳама ин 6 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Акбарҷон Исмоилов, раиси Маркази ҷумҳуриявии тоҷикон дар Қазоқистон, дар суҳбат бо ин расона гуфта, ки “мошини ҷасадбар бегоҳии дирӯз аз вилояти Қустанайи Қазоқистон ба самти Тоҷикистон роҳсипор шудааст.”

Ба гуфтаи ин намояндаи тоҷикони Қазоқистон, ҷасадҳо бо маблағи фонди онҳо ба Ватан фиристода шуда, ҷасадҳо то 3 рӯз ба зодгоҳашон, ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон мерасанд. Муҳоҷирони ҳалокшуда ҳама сокинони ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон будаанд.

Шаш ҷасадро мо шуштем, кафан кардем, дар тобут ҷо кардем ва бо мошине, ки дар бағоҷаш дастгоҳи сардкунӣ дорад (рефрижератор), Тоҷикистон равон кардем“, – гуфтааст Исмоилов.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст доданд, инҳоянд:

– Юсуф Солеҳов, 67 сола;

– Бахтигул Боқиева, 40-сола;

– Аҳтам Каримов, 36 сола;

– Файзиддин Солеҳзода, 35 сола;

– Маҳмадюнус Аминзода, 33 сола;

– Назрулло Боқиев, 24 сола;

Сабаби ин ҳодисаро пулиси Қазоқистон хоб бурдани ронандаи “Форд Транзит”, ки муҳоҷирон савори он будаанд, мегӯянд ва худи ронанда ҳам дар ҷараёни тафтишот иқрор карда, ки “садама бо гуноҳи ӯ рух додааст.”

Созишномаи хати марзи Тоҷикистон, Қирғизистону Узбекистон тасдиқ шуд

0

Рӯзи 22 май, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи таъйини нуқтаи пайвасти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистону Узбекистонро расман ба тасвиб расонд.

Ин сизишнома 31-уми марти соли равон аз ҷониби раисҷумҳурони се кишвар – Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов имзо шуда буд.

Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ баҳсҳои сарҳадии миёни кишварҳои собиқи ин иттиҳод ба миён омада, борҳо боиси даргирриҳои мусалаҳона шудааст.

Дар ин муддат Тоҷикистон аз ҳама бештар бо Қирғизисотон сари ихтлофоти марзӣ даргир шуд ва аз ду тарараф дар задухӯрдҳои мусалаҳона даҳҳо сарбоз ва сокинони оддӣ кушта шуданд.

Аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Қиғизистон эълон карданд, ки барои ҳалли мушкилоти марзӣ байни ду кишвар ба тавофуқи ниҳоӣ расиданд ва марзи ду кишвар дар натиҷаи гузаштҳои якдигар пурра мушаххас шудааст.

Созиш дар бораи муайянсозии нуқтаи сегонаи сарҳадӣ байни кишварҳои Тоҷикистону Узбекистону Қирғизистон ҳамчун як пешрафти муҳим дар равобити минтақавӣ арзёбӣ шуда ва аз сӯи кишварҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ истиқбол шудааст.

Раёсати маориф: Ҷамъоварии маблағ аз волидайн дар мактабҳо қатъиян манъ аст

0

Дар Тоҷикистон гирифтани маблағ аз волидони донишомӯзони мактабҳо барои таъмири мактаб дар поёни соли таҳсил мамнуъ эълон шуд.

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе бо нашри як изҳороти расмӣ сокинони пойтахт ва кормандони соҳаи маорифро аз ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ барои таъмир ва нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ ҳушдор медиҳад.

Ба иттилои раёсат, чунин амалҳо, ки бе асоси ҳуқуқӣ ва берун аз тартиби муқарраршуда сурат мегиранд, ҳамчун нақзи қонунгузории зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мешаванд.

Дар изҳороти ин ниҳод омадааст: “Тибқи як фармони раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 17-уми майи соли 2017 ва санадҳои дахлдори дигар, ҳар гуна гирифтани маблағ аз волидайн новобаста аз мақсад, хоҳ барои таъмир, гармидиҳӣ ё дигар ниёзҳои мактабҳо манъ мебошад.”

Дақиқан мушаххас нест пулҷамкунӣ фақат дар мактабҳои шаҳри Душанбе манъ мебошад ё дар ҳами мактабҳои Тоҷикистон.

Ин чунин Раёсати маориф таъкид мекунад, ки ҷамъоварии пул аз волидайн, фиристодани кӯдакон ба тарабхонаҳо ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои ғайрирасмӣ низ манъ карда шудааст.

Ин дарҳоле аст, ки ҳамасола волидони донишомӯзон аз пулситонии мактабҳо барои таъмири мактаб, харидани асбобҳои гармидӣҳӣ дар фасли зимистон, ҳатто то парда, бур ва ниёзҳои дигари мактаб шикоят мекунанд.

Манъи иштроки хонандогони мактаб дар маросимҳои ғайрирасмӣ дар сурате аст, ки ханандагони мактаб дар ҷашнҳои давлатӣ “машировка” ва инчунин пешвозгирии Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ маҷбуран ҷалб карда мешаванд.

Эътироз: “Аз барқ дида пулҷамъкунакҳоро зиёд мебинем”

0

Фасли баҳор қариб ба охир мерасад, вале то ҳол бархе аз ноҳияҳои Тоҷикистон барқ надорад ва мардум аз камбуди он ранҷ мекашанд.

Яке аз сокинони Тоҷикистон бо нашри навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қатъ шудани пайвастаи нерӯи барқ ва гаронии он изҳори норозигӣ кардааст. Ӯ таъкид мекунад, ки ҳар рӯз барқ хомӯш мешавад, вале нархаш хеле гарон аст.

Дар навор, ин шаҳрванд бо киноя мегӯяд: “Аз барқа пулҷамъкунакҳоро зиёд мебинем”. Ӯ меафзояд, вақте барқу об набошад ҳамаи корҳо ба ақаб меафтад.

Маълум нест навор аз кадом шаҳру ноҳияи кишвар гирифта шудааст. Вале бархе корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз набуди барқ дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Суғд шикоят доранд.

Қатъ шудани нерӯи барқи сокинон дар ҳолест, ки чанде пеш ширкати “Барқи тоҷик” расман эълон карда буд, ки бо фарорасии фасли баҳор ва пур шудани махзанҳои обӣ лимити барқ дар тамоми Тоҷикистон пурра бардошта шудааст. Аммо дида мешавад, то ҳанӯз қатъи барқ аз сокинон идома дорад ва касе ҳам аз масъулини боломақом омода нест сабаби ин корро ҷӯё шавад ва мушкилсозонро ба додгоҳ кашад.

Ёдовар мешавем, ки мушкили дастрасӣ ба нерӯи барқ дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои доғ боқӣ монда, даҳҳо сол боз мардум бо ваъдаҳои Ҳукумат дар интизори барқи доимӣ ҳастанд.

Мунтақидони Ҳукумат сабаби дар тӯли беш аз 30 сол ҳал нашудани мушкилоти нерӯи барқ дар Тоҷикистонро фасод ва дуздии пули буҷет зери раҳбари Эмомалӣ Раҳмон медонанд.