Аммо гуфта мешавад бозтоби мавзӯи марбут ба марзи давлатии миёни ду кишвар дар расонаҳои Чин боиси нороҳатии Тоҷикистон шуда ва иллати аслии сӯҳбат бо дипломати чиноӣ ҳам ҳамин аст.Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо дарназардошти муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду кишвар, хостааст ҷонибҳо бояд ҷиҳати роҳ надодан ба интишори ин гуна матолиби ғаразнок дар расонаҳо тадбирҳои лозим андешанд.
Ахиран дар расонаҳои Чин чанд матлабе мунташир шуда ва парда аз рӯи муомилоти ҳукумати Тоҷикистон ва Чин дар мавриди вогузории 1158 километри квадратӣ аз ҳудуди ВМКБ бардоштанд.
Матлабе бо номи “ТОҶИКИСТОН БО ХОҲИШИ ХУД ҲУДУДИ ЧИНРО БАРГАРДОНД” ВА “СУФАКӮҲИ ГУМШУДАИ ПОМИР БА СОҲИБАШ БАРГАШТ”- ро, ки ба қалами Чу Йао Лу, журналисти таърихнигор тааллуқ дорад чандин расона ва сомонаҳои чинӣ бознашр кардаанд.
Хулосаи муаллиф ин аст ки ин қисмат таърихан моли Чин буд ва бо гирифтани он ҳақиқати таърихӣ барқарор шудааст. Аз сӯи дигар ин журналист менависад,ки Чин бо вогузории кӯмак ва қарзҳои зиёд дар давраи барои халқи тоҷик душвор тавонист,ки порае аз хоки аз дастрафтаашро баргардонад. Дар ҳоле, ки муаллиф бар ивази кӯмак ва қарз бозпас гирифтани замини Тоҷикистон ва мулҳақ кардани он ба Чинро пинҳон намедорад ҳамчунин ба ҷойи 1100 км.кв,ки ҳукумати Тоҷикистон зикр мекунад рақами дигар 1158 км квадратиро зикр карда мақомоти Тоҷикистонро зери бори хиҷолат ва дурӯғ мегузорад.
Аз ин ҷост,ки Тоҷикистон талош дорад Чин ин масъаларо пинҳон бидорад.Ин ҳам дар ҳоле аст,ки то чанд рӯзи дигар маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ ва довталаби асосӣ нафаре аст ки зери асноди вогузории замин ба Чин имзо гузоштааст.
“Аздо тв” аз сухангӯи Вазорати хориҷии Тоҷикистон, Вафо Ниятбекзода бо суоли катбие пурсид, ки мавқеи ҷониби Тоҷикистон оиди ин қазия чист ва агар ин даъвои Чин ҳақиқат надошта бошад, пас чаро то ҳол Тоҷикистон аз худ вокунише нишон надодааст? Ниятбекзода бо посухи кӯтоҳ ҷавоб дода гуфт, “ин аст ҷавоби шумо” ва матни хабари мулоқоти муовини вазири хориҷа бо сафири Чинро аз вебгоҳи ин вазорат фиристод, ки дар он муовини вазир, Хусрав Нозирӣ ин даъвои расонаҳои Чиниро рад ва маҳкум накарда танҳо аз сафири Чин хоҳиш кардааст, ки давлати Чин пеши роҳи нашри чунин матолиби муғризонаро бигирад. Чунин вокуниши муҳтотона ва мубҳам шубҳаҳоро дар атрофи ин мавзӯъ бештар кардааст.
Гуфта шудааст, ки басти кумак аз се барномаи ба ҳам алоқаманд иборат аст: Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ (52,2 млн Евро), Барномаи дастгирии маълумоти хушсифат II (50 млн Евро) ва Барномаи дастгирии ислоҳоти низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ (10 млн Евро).
Ду барномаи аввал (ба маблағи умумии 46,2 млн Евро) аз тадбирҳое иборатанд, ки мустақиман ба дастгирии вокуниши фаврӣ ба пандемия, тақвият бахшидани талошҳо баҳри сабукгардонии оқибатҳои манфии он равона мегарданд.
Комиссиюни Аврупо қаблан низ барномаҳои алоҳидаи давлати Тоҷикистон, аз ҷумла таҳким ва навсозии таҷҳизоти фаннӣ барои марзбонони тоҷик ва аз ҷумла дидбонгоҳ ва гузаргоҳҳои марзиро таййи чанд сол бар уҳда дошт. Худравҳои вижа, сарулибоси низомӣ, васоити мухобирот ва хаймаҳои саҳроӣ ба марзбонони тоҷикро ин Комиссиюн дар доираи барномаҳои гуногун дастрас кардааст.