Хона блог саҳифа 852

Ҷон ба лаб омад, санг ҳам мехӯрӣ. Сангпора хӯрдани як сарбоз барои раҳоӣ аз хизмати ҳарбӣ

0
Акс аз Ozodi.org

Отабек Ибрагимов сарбози қаторие, ки дар даъвати тирамоҳӣ ба сафи қувваҳои ҳарбӣ шомил шуда буд, бо мақсади озод шудан аз хизмати ҳарбӣ 17 сангпораро фурӯ бурдааст, ки дар натиҷа дар беморхона бистарӣ шуда ҷарроҳӣ шудааст. Додгоҳии ҳарбии гарнизонини Душанбе сарбози мазкурро бо иттиҳоми узвмаъюбкунӣ барои ду сол равонаи зиндон кард.

Хабаргузории Sputnik Тоҷикистон бо такя ба Дафтари матбуотии Додгоҳи ҳарбии Душанбе менависад, сарбози қаторӣ Отабек Ибрагимов зимни даъвати тирамоҳӣ аз ҷониби комиссияи даъватии шаҳри Турсунзода ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шуда, барои адои он ба қисми ҳарбии 42660 АТАМ назди ҳукумати қумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ хизмати низомиро дар қисми ҳарбии мазкур иҷро карда, дар ин давом ба шароити хизмати ҳарбӣ тоб наоварда, 24-уми декабри соли 2019 ҳангоми дар қисми ҳарбии 02615-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон муваққатан қарор доштанаш, баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ истеъмол намудан дар назди худ мақсад мегузорад, ки бо роҳи узвмаъюбкунӣ бо бемории сохта муваққатан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ озод шавад.

“Бо ин мақсад номбурда 7 адад сангпораҳои ҳаҷмашон гуногунро фурӯ бурда, бо ҳамин роҳ аз иҷрои вазифаҳои хизматиаш дур шуда, санаи 28-уми декабри соли 2019 дар Беморхонаи марказӣ-ҳарбии ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бистарӣ шудааст”.

Манбаъ мегӯяд, илова бар ин, номбурда бо мақсади аз иҷрои хизмати ҳарбӣ тамоман саркашӣ кардан дар назди даромадгоҳи шуъбаи 1-уми ҷарроҳии Беморхонаи ҳарбии мазкур санаи 31декабри соли 2019 қарор доштанаш боз 10 адад сангпораҳоро фурӯ бурдааст.

Гуфта мешавад, дар пайи ин амалкард, Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сарбоз Ибрагимов Отабекро бо моддаи 376 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 2 (ду) сол маҳкум кардааст.

Ёдрас мекунем, ки солона даҳҳо тан аз сарбозони қатории қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз вазъияти бади хизмат ва бадрафтории “Дед”-ҳо маъюб мешаванд, ба беморхонаҳо мунтақил меёбанд ва ё ин ки ба ҳалокат мерасанд.

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 08.07.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарони Ҷопону Чин барқияи тасаллият ирсол кард.

70 кас аз марз бо Ковид-19 бозгаштаанд.

Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд кӯмак хостааст.

73 млн доллар кӯмаки созмонҳои молиявӣ ба Тоҷикистон.

Сафорат арзиши як билетро 24 ҳазор гуфт, аммо аз 35 то 70 фурӯхта мешавад.

Трамп расман Амрикоро аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт хориҷ кард.

Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарони Ҷопону Чин барқияи тасаллият ирсол кард

0

Расиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Япония Синдзё Абэ ва раисҷумҳури Чин Си Ҷин Пин барқияи тасаллият ирсол намудааст. Эмомалӣ дар паёмаш ба раҳбарони Ҷопон ва Чин вобаста ба вуқӯъ омадани офатҳои табиӣ дар марзҳои ин ду кишвар ва талафоти ҷонии он изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Чин омадааст:

“Хабари фоҷеабори сар задани обхезиҳои шадид дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани мардум ва ба вуқӯъ пайвастани харобиҳои зиёд дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андуҳи амиқи ин ҷониб гардид. Ҳамдардии самимии худро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиӣ изҳор дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам.”

Ин паёми Раисҷумҳур дар ҳолест, ки тақрибан моҳе қабл дар Тоҷикистон, аниқтараш шаби 14 ва 15-уми май дар чанд деҳаи ноҳияи Хуросон бо сар задани обхезиҳои шадиди сел даҳҳо хона пурраву баъзеи дигар қисман хароб шуданд. Ба киштзорҳои сокинони ноҳия ва роҳҳо низ зарари калон расонд ва боиси марги ду нафар шуд. Дар маҷмӯъ зарари расида аз ин офати табиӣ ба ин минтақаи кишвар ҳудуди 7 миллион сомониро ба ташкил дод.

Ин дар ҳолест, ки мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз ӯ интиқод мекунанд, ки боре ҳам ба мардуми кишвари худ ва баҳри зарардидагону қурбониёни сокинони Хуросон арзи тасаллият накардааст. Илова бар ин мақомоти интизомӣ бар зидди чанде аз эътирозгарони сокинони зарардидаи ноҳияи мазкур, ки барои ҷалби таваҷҷӯҳи мақомот ба мушкилоташон роҳро баста буданд, парванда боз кард. Мухолифон Президент Раҳмонро ба он муттаҳам мекунанд, ки ӯ дар дунёи дигар зиндагӣ мекунад на оне, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар воқеъ ба он гирифторанд.

Мақомоти мардум озор, ё худ чаро қасди Мӯсоро аз Исо мегиранд?

0

Аз чанд ҳафта боз мухолфон ва фаолони маданӣ пайваста аз он шикоят доранд, ки мақомот дар Тоҷикистон, ба пайвандони онҳо фишор меоранд ва маҷбурашон мекунанд то бар зидди онҳо сӯҳбатҳои видеоӣ анҷом бидиҳанд.

Тӯли чанд ҳафтаи охир чандин наворҳо аз тарафи тролҳои зери ҳимояти мақомотҳои қудратӣ дар шабакаҳои иҷтимъӣ ва телевизионҳои давлатӣ ба нашр расид. Маъмулан қаҳрамонҳои чунин наворҳо аз фаолияти пайвандони худ изҳори нигаронӣ мекунанд ва онҳоро ба хиёнат муттаҳам кардаву хоҳиш мекунанд то аз фаолиятҳои сиёсӣ даст бикашанд.

Мухолифон бар ин назаранд, ки ҳамаи ин суҳбатҳо зери фишор наворгирӣ шудааст ва наздикони онҳо пеш аз сабти навор таҳидиду бозпурсӣ шудаанд.Чанд нафар аз пайвандони ва фарзандони зиндониёне, ки СММ онҳоро “зиндонии сиёсӣ” хонда аст, охирҳои моҳи июн дар номае ба унвони раиси ҷумҳур, додситони кул ва ваколатдори ҳуқуқи инсон навишта буданд, ки “Дар телевизионҳои давлатӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам матлабу навор ва филмҳое паҳн мешаванд, ки дар онҳо наздикони моро, маҷбурӣ ба навор мегиранд”, то зидди рақибони сиёсӣ истифода кунанд. Ба гуфтаи ин афрод ҳамаи ин наворҳо иҷборан сабт шудаанд. Онҳо аз мақомот талаб доранд то ба чунин аъмол хотима бидиҳанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон ба ин нома ҷавоб дод ва гуфт, ки номаи хешовандони чанде аз маҳбусонро таҳқиқ мекунад. Дастгоҳи Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, аз натиҷаи тафтиши нома “ба Омбудсмен ва муаллифони нома хабар дода хоҳад шуд”. Аммо коршиносон мегӯянд, ба ҷавоби ариза умед бастан чандон мантиқӣ нахоҳад буд. Ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик, ин ариза “ё беҷавоб мемонад ё ҷавоб дода мешавад, ки нисбат ба хешу табори онҳо таҳдид, шиканҷа ва фишор умуман ҷой надорад”.

Ҳамзамон Ҷаннатуллоҳи Комил, масъули дафтари ҲНИТ дар Олмон, аз ҷумлаи онҳонест, ки аз боздошт шудану мавриди бозпурсӣ қарор ги рифтани наздиконаш хабар дод. Ӯ мегӯяд, 13 узви оилаашро мақомоти амниятии кишвар барои бозпурсӣ ба идораҳои амниятӣ бурдаанд ва баъзеашро боздошт кардаанд. Бештари боздоштшудаҳо занону кӯдакон гуфта мешавад.

Мақомот то ба ҳол сабаби боздошти онҳоро шарҳ надодааст. Бино ба гуфтаи Ҷаннатуллоҳи Комил мақомот талаб кардаанд, ки се марди узви оила бояд худро таслим кунанд. Сабаби даъват ба таслими онҳо ҳам маълум нест. Ҷаннатуллоҳи Комил масъули дафтари ҲНИТ дар Олмон мебошад, ба иддаои ӯ ин кор аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Ин масъули ҲНИТ бо нашри аксе, ки гуфта мешавад аз кормандони Кумитаи амнияти ноҳияи Данғара гиифта шудааст, менависад:

“Субҳи имрӯз боз чанд тан аз кормандони амнияти вилояти Хатлон ба хонаи мо, дар ҷамоати Себистон омада, мехоҳанд боз ҳамсари бародрам, апаам, ҳамсари ҷиянам ва духтари акаамро ҳамроҳ бо кӯдакони ширхорашон ба Амнияти минтақа бурда, бозпурсӣ кунанд”.

Дар ин замина Иззат Амон низ дар сафаҳи фейсбукияш навишт:

“Ба таваҷҷӯҳи “фермаи ҷавоб” ва дастандаркорони филме, ки бар алайҳи ӯ сабт шудааст!!! Мулломақсатулло, имоми масҷиди деҳаи Чоряккорон 50 000 доллар дода раиси ҷамоати Чоряккорон таъин гардид. Ҳанӯз 3 моҳ кор накарда сари ӯ туҳматеро бор карда бар зиддаш парванда боз кардед”.

Ба гуфтаи Иззат Амон тамоми молу мулки ин мардро кашида гирифтанд. Гузашта аз ин, ӯро маҷбур кардаанд то зидди ӯ ҳарфҳои музахраф бизанад.

Изат Амон дар сафҳааш навишт, ки “ҳоло домулло бекор ҳасту намедонад чӣ гуна зиндагиашро гузаронад. Ба ман занг зада маъзаратхоҳӣ намуда хоҳиш кард то кумакаш кунам. Ба ҷонаш раҳм намоеду ҳадди ақал нисфи пулашро гардонда диҳед. Одаму одамгариро фаромӯш накунед. Ин мулло хидмати шуморо карду бадбахт гашт. Ба ҷонаш раҳм намоед!”

Иззат Амон ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия аст ва чандин маротиба бар алайҳи ӯ низ наворҳо нашр шудааст. Ҳмзамон дар ин авохир писари Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ, Асрориддини Розиқ боздошт шуда буд. Ба иддаои пайвандонаш ӯ нахоста алайҳи падараш баромад кунад ва аз ӯ дифоъ кардааст. Инчунин  Мирзои Салимпур, рӯзноманигори маъруфи тоҷик низ аз боздошти хешовандонаш хабар дода ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нома ирсол кард ва аз боздошту бозпурсиҳои ғайриқонунии наздиконаш аз ҷониби кормандони КДАМ шикоят кардааст. Худи оғои Салимпур ин қазияро чунин шарҳ дод.

Ҳамзамон мо аз Муҳаммадҷон Кабиров коршиноси масоили сиёсӣ ва нафаре ки парванади чандин зиндониро бо кумаки созмонҳои ҳуқуқии байнамиллаӣ барои додхоҳи равони СММ кардааст, ва кумитаи ҳуҷуҷи башар барои ин парванаҳо хулосаи худро баровардааст, пурсидем, ки мақомот бо ин кирдорҳояш чи мехоҳад ва то кадом дарҷа мухолифон ин кирдорҳои мақомтро пайгирӣ мекунанд ва оё имкони ба додгоҳҳо кашидани дастандаркорони чунин аъмол вуҷуд дорад? Ё боз ҳам ҳами ин кирдорҳо бе ҷавоб хоҳад монд?  

Кушишҳои мо барои гирифтани раъйи мақомотҳои расмӣ бенатиҷа буд ва танҳо Оятулло Гиялев, собиқ фаоли мухолиф ки ҳоло аз мавқеъҳои ҳукумат дифоъ мекунад, даъвои фаъолонро беасос гуфт.

73 млн доллар кӯмаки созмонҳои молиявӣ ба Тоҷикистон

0
Акс аз “Khovar.tj”

Тоҷикистон 73 млн доллар аз созмонҳои байналмилалии ёрирасон барои иҷрои барномаҳои таҳкими тавонмандиҳои инсонӣ дарёфт хоҳад кард.

Хабаргузории “Авeсто” дар ин бора аз қавли Вазорати молияи кишвар хабар додааст. Дар ин вазорат гуфтаанд, ки ин кӯмаки муассисаҳои ёрирасон билоиваз буда, дар татбиқи барномаи Рушди кӯдакон барои таҳкими сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон харҷ карда мешавад.

Дар Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтаанд, ки барномаи мазкур дар доираи ду қарордод дар бораи маблағгузорӣ аз ҷумла бо Ассотсиатсияи байналмилалии тавсия ба маблағи 70 миллион доллар ва бо Бонки байналмилалии бозсозӣ ва рушд дар ҳаҷми 3 миллион доллар татбиқ мешавад. Аз ин миқдори маблағ 70 миллиони он барои татбиқи чораҳо дар доираи барномаҳо ва 3 миллион барои дастгирии буҷаи давлатӣ масраф мешавад ва мӯҳлати иҷрои он солҳои 2020-2026-ро фаро мегирад. Дар назар аст ин барнома дар 14 шаҳру навоҳии кишвар татбиқ карда шавад.

Қарор аст дар доираи ин барнома муассисаҳои томактабӣ ва боғчаҳои бачагона тармиму навсозӣ бишавад. Ҳамчунин барои беҳтар кардани таълим ва омӯзиши то мактабӣ, муоина ва таъмини саломатии кӯдакон ин маблағҳо масраф карда мешаванд.

Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд кӯмак хостааст

0
Давлаталӣ Саид, ноиби аввали нахустварзири Тоҷикистон 

Давлати Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд ҷиҳати коҳиши зиёни паёмадҳои COVID-19 дархости кумак кардааст. Ноиби аввали нахуствазири Тоҷикистон дар як нома ба Президенти Бонки Осиёи Рушд навиштааст, пандемияи коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳолати “форс мажор” ё “монеаи муқовиматнопазир” қарор дод ва кишвар шадидан ба кумак ниёз дорад.

Номаи Давлаталӣ Саид ба Масатсугу Асакава, президенти БОР моҳи июн ирсол шуда ва ҳокӣ аз он аст, ки кишвар дар пешорӯи як вазъияти нобасомони иқтисодӣ қарор дорад. Зеро дар ин нома давлати Тоҷикистон бо тасвири ҳолати иқтисодӣ дар пайи фарогир шудани коронавирус иқрор кардааст, ки рушди иқтисодӣ на беш аз дуввуним дарсадро ташкил хоҳад дод. Дар ҳоле, ки ин нишондоди иқтисодӣ барои соли ҷорӣ ва аз ҷумла, таҳияи тарҳи рушди 7 дар садиро пешбинӣ мекард. Дар номаи Тоҷикистон ба имзои ноиби нахуствазир аз БОР 364 миллион доллар пурсида шудааст.

Давлаталӣ Саид, ноиби аввали нахуствазири Тоҷикистон дар нома навиштааст:

“Пандемия барои иқтисод ҳолати изтирорӣ ва ё “форс мажор”-ро пеш овард ва аз ин рӯ кӯмаки Бонки Осиёи Рушд ба Тоҷикистон фавқулода муҳим аст, чун кишвар ба камбуди молӣ рӯ ба рӯ аст.”

Шореҳи Радиои Озодӣ дар тавзеҳи ин нома ба нукоте ишора карда гуфтааст, ки дар ин нома, дар бораи вазъи Ҷумҳурӣ дар нимсоли охир тафсилоте омадааст, ки мақомот онро ба расонаҳо ва сокинони кишвар нагуфтаанд. Ин нома зидунақизии пешбиниҳои ҳукумат дар рушди иқтисодро бармало мекунад. Дар ҳоле, ки Давлаталӣ Саид аз рушди 2,4 дарсадӣ мегӯяд, ҳафтаи гузашта Файзиддин Қаҳорзода вазири молияи Тоҷикистон дар ҳузури вакилони порлумон зимни баррасии тағйирот ба қонуни буҷаи 2020 гуфт, рушди иқтисод 4,7 дарсад хоҳад буд.

Давлатали Саид навиштааст, “бинобар хуруҷи коронавирус интизор меравад, мизони бекорӣ дар кишвар то поёни сол 6,1 дарсад боло рафта, шумори бекорон ба 100 ҳазор нафар расад. Дар ҳоле, ки то шурӯъи пандемия дар моҳи феврал бекорӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи 2 дарсад қарор дошт. “Бинобар пандемияи коронавирус иқтисоди миллӣ ҳудуди 20 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиашро аз даст медиҳад”- хулоса кардааст, Давлаталӣ Саид.

Бо вуҷиди он ки Ҳукумати Тоҷикистон барномаи зидди буҳронии худро 364 миллион доллар арзёбӣ мекунад, то кунун Бонки Осиёи Рушд ба Тоҷикистон 50 миллион доллар грант ва ё кумаки билоиваз тақдим кард. Ҳамчунин ин бонк барои дастгирии хонаводаҳои муҳоҷирони дар шароити мушкил қарор гирифта 30 миллион доллар ихтисос дод. Сандуқи Байналмилали Пул бошад 189,5 миллион доллар қарзи боимтиёз ва Бонки ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллар барои мубориза бо COVID-19 ва асари манфии он ба иқтисоди Тоҷикистон ҷудо карданд

Муҳоҷиронро аз марз оварданд, вале ба вируси COVID – 19 мубталоянд

0
Акс аз Asiaplustj.info

70 нафар аз шаҳрвандони тоҷик, ки дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон бандмонда буданду ба кишвар оварда шуданд, ба коронавирус мубтало будаанд.

Вуҷуди каронавирус дар тани ин муҳоҷирон баъд аз муоина тасдиқ шуд. Азия-Плюс навиштааст, ки айни ҳол ҳамаи онҳо дар беморхонаи вилоятии Суғд, ки ҳамчун госпитал фаъолият дорад, бистарӣ шуда, зери назорати табибон қарор доранд.

Ба иттилои як манбаъ аз соҳаи тандурустии вилоят, айни замон дар Беморхонаи вилоятии клиникии Суғд 92 нафар беморони коронавирус, аз ҷумла 70 нафари дар боло зикршуда, ки асосан зодагони вилояти Хатлон мебошанд, инчунин 22 нафар сокинони Суғд табобат мегиранд. Дар ҳамин ҳол, ду нафари онҳо, ки сокинони Бӯстон будаанд, дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарианд.

Лозим ба ёдоварист, ки 767 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла беш аз 40 нафар кӯдакон, ки бар асари пандемияи коронавирус дар гузаргоҳи “Жибек Жоли” дар сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон дармонда буданд, рӯзи 3 июл бо транзит тариқи қаламрави Ӯзбекистон бо автобусҳо ба Ватан оварда шуданд.

Созмони байналмиллалии муҳоҷират – Агентии СММ оид ба муҳоҷират, ЮНИСЕФ ва Ҳукумати Тоҷикистон бо талошҳои муштарак ба бозгашти муҳоҷирони тоҷик ба Ватан аз сарҳади байни Қазоқистону Ӯзбекистон муосидат карданд. Бар пояи муқаррароте, ки бо шурӯи коронавирус дар кишварҳои олам ҷорӣ шудааст, афроди бозгашта аз берун ба таври ҳатмӣ аз муониа ва ташхиси пизишкон мегузаранд ва дар сурати ошкор шудани алоими коронавирус онҳо фавран бистарӣ хоҳанд шуд. Тоҷикистон низ аз ин муқаррарот истисно буда наметавонад.

Сафорат арзиши як билетро 24 ҳазор гуфт, аммо аз 35 то 70 фурӯхта мешавад

0

Тибқи хабарҳои муътамад арзиши билетҳои чартерии байни Русия ва Тоҷикистон аз 35 ҳазор рубли русӣ то 70 ҳазор фурӯхта мешавад, ки ин амал боиси саргардонӣ ва ташвиш дар байни муҳоҷирон гашааст.

Дар рӯзҳои ахир баъд аз эълони таърихи парвозҳои чартерӣ байни Русия ва Тоҷикистон муҳоҷирони зиёде барои баргаштан ба Ватан талош доранд, аммо барои аксари онҳо ин амр муяссарр намегрдад. Чун аз як тараф билетҳо аз нархи муқарраргардида гаронтар шудааст ва аз тарафи дигар муҳоҷирон вазифадоранд аввал дар рӯйхати сафорат худро номнавис кунанд, сипас билет бихаранд, ки ин боиси таҷаммӯи зиёди муҳоҷирон дар назди Сафорат шудааст.

Як манбаъ дар суҳбати телефонӣ ба “Аздо тв” гуфт, дар асл нархи як билет ба қавли сафири Тоҷикистон дар Русия  23-24 ҳазор рубли русӣ муайян шудааст, аммо ҳангоми муроҷиати муҳоҷирон нархи як билет 45-50, ҳатто 70 хазор рубл гуфта мешавад. Манбаъ гуфт: “Нархе, ки Сафорат муайян кардааст, яъне 23-24 ҳазор, бо ин нарх аслан билет ёфт намешавад, агар 70 ҳазор рубл диҳӣ дар ҳол билетат медиҳанду саворат мекунанд”.  

Як манбаи дигар ба мо дирӯз 07-уми июл аз фурудгоҳи Домодедов наворе фиристод, ки аз оворагии муҳоҷирон ҳангоми белитхерӣ ва ҷанҷолу кашмакашҳои кормандони Сафоратро нишон медиҳад. Манбаъ зимни ирсоли навор аз масъулини консулгарӣ ва ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон интиқод кард. Ба гуфтаи ӯ билетҳоро бо нархи хеле гарон он ҳам бо шинос мефурӯшанд.

Аксари муҳоҷирони меҳнатии дар Русиябуда дар ин чанд моҳи ахир бо сабаби интишори вируси ҳамагири COVID-19 кору даромади худро аз даст додаанд ва баъзе ҳам мӯҳлати асноди будубошаш ба охир расида мехоҳанд ҳарчи тезтар ба Ватан баргарданд. Аммо ба гуфтаи ин муҳоҷирон беназмӣ дар кори Саорат ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ аксари онҳоро сардаргум намуда мушкилоташонро бештар кардааст.

Трамп расман Амрикоро аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт хориҷ кард

0

Ба гузориши ББС давлати Амрико бо ирсоли дархости расмии худ ба СММ эълон кард, ки аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт хориҷ мешавад.

Амрико аз сармоягузорони калидии ин созмон ба шумор мерафт, аммо аз замони оғози ҳамагири корона Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар борҳо аз СҶБ интиқоди шадид карда буд ва ин ниҳодро таҳти сайтараи Чин медонист.

Сухангӯи дабири кулли СММ рӯзи сешанбе 7 -уми июл таъйид карда аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба таври хаттӣ талаб кардааст, ки аз СҶБ хориҷ мешавад.

Трамп дар моҳи гузашта гуфта буд, бар ин бовар аст, ки СҶБ таҳти сайтараи Чин қарор гирифта ва дар ҷараёни паҳншавии вируси нави корона бо ҳимоят аз Пекин сабаби гумроҳии Амрико ва ҷаҳон шудааст.

Амрико солона ҳудуди 400 млн доллар ба СҶБ кумаки молӣ мекард, ки ҳудуди 15% буҷаи солонаи ин созмон буд. Ба андешаи коршиносон хуруҷи Амрико аз СҶБ ояндаи ин ниҳоди баналмиллалиро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард ва бисёре аз барномаҳои он барои пешгирӣ ва муқобила бо бемориҳо дар саросари ҷаҳонро бо хатар мувоҷеҳ мекунад.

СҶБ соли 1948 таъсис шуда мақарраш дар шаҳри Женеваи Швейсария мебошад ва вазифаи он талош барои пешгирӣ ва дармони бемориҳои фарогир, тавзеи воксину давоҳои бехатар ва ҳифзи саломатии мардум дар сатҳи ҷаҳон мебошад

Ин созмон 194 узв дорад ва буҷаи он таркибе аз ҳаққи узвияти кишварҳо ва кумакҳои довталабона аст. Ҳаққи узвияти кишварҳо бар асоси сарвати онҳо ҳисоб карда мешавад.

Дар Тоҷикистон 68 мактаби миёна бо пули созмонҳои байналмиллалӣ сохта мешавад

0

Давоми 4 соли оянда бо кумакиҳои бебозгашти созмонҳои молии байналмиллалӣ дар қаламрави Тоҷикистон 68 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии нав бунёд мешавад.

Ба гузориши рӯзномаи “Садои мардум”- нашрияи Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор аст бо кумакҳои бебозгашт ва бо дарёфти қарз аз созмонҳои молии байналмиллалӣ дар 18 навоҳии кишвар давоми 4 соли оянда 68 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 5 бинои маъмурии бахши маориф сохта ва ба истифода дода мешавад.

Ин қарорро Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба тасвиб расондааст, ки тибқи он дар маҷмуъ дар доираи лоиҳа, равона намудани 46 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 30 миллион доллар қарзи Бонки исломии рушд, 10 миллион доллар доллари амрикоӣ гранти Ташкилоти ҳамкории глобалӣ дар соҳаи маориф ва 6 миллион доллар саҳми Ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Лоиҳа зери номи “Созишномаи қарзӣ, Созишномаи қолабӣ, Созишномаи агентӣ ва Созишномаи кумаки техникии грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи муштараки «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф” аз ҷониби узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ашуров Ғиёсиддин ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шуда мавриди эътимоди вакилон қарор гирифт.