23.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 87

Нокомии варзишгарони тоҷик дар Париж

0

Дар ҷараёни бозиҳои Олимпии Париж 2024 чанд варзишгари тоҷик аз тарафи рақибони худ шикаст хӯдрданд.

Баҳодур Усмонов дар ришати бокс аз байни 14 варзишгар аввалин шуда ба рақобат баромад. Рақобати муштзани тоҷик Баҳзодур Усмонови 26-сола шоми шанбеи 27-уми июл бо Радослав Симеонов Росенови 20-сола аз Булғористон дар даври аввал дар вазни то 63,5 кило доир гардид.

Дар ин қувваозмоӣ муштзани ҷавони аврупоӣ, ки се раунд давом кард 5:0 ба Баҳодур Усмонов пирӯз гардида, Баҳодур Усмонов аз идомаи сабқат дар Олимпиадаи Париж-2024 маҳрум гашт.

Эмомалӣ Нуралӣ вазишгари 22-солаи тоҷик, ки дар мусобиқоти ҷудо дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум Баруч Шмаилови 29-соларо аз Исроил дар “замони тиллоӣ” (golden sсore) бо имтиёзи “ваза-aри” шикаст дода, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Вале Эмомалӣ дар чорякфинал аз қаҳрамони олимпӣ Ҳифуми Абеи 26-сола аз Ҷопон бо ду “ваза-aри” шикаст хӯрд ва дасташ осеби сахт дид. Бинобар ин, ӯ рақобатро идома дода наметавонад. Рақибаш Бунчич Страҳинҷа аз Сербистон бидуни рақобат бо Эмомалӣ ғолиб эълон шуда, ба ширкат дар мубориза барои медали биринҷӣ роҳ ёфт.

Варзишгари дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар мусобиқот аз рӯйи барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ширкат кард ва дар аввалин рақобаташ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи ширкат дар мусобиқот маҳрум гашт.

Хоҷазодаи 29-сола рӯзи 29-уми июл дар вазни то 73 кило дар даври аввал аз рақибаш Артур Маргелидони 30-сола аз Канада дар “замони тиллоӣ” (golden sсore) шикаст хӯрд.

Боз чаҳор паҳлавони тоҷик дар риштаи ҷудо дар ин мусобиқот рақобат хоҳанд кард. Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дувум 30-юми июл бо Фарес Бадавии фаластинӣ рақобат мекунад.

Аммо рақиби Комроншоҳи Устопириён, ки дар вазни то 90 кило рӯзи 31-уми июл ба майдон мебарояд, дар даври аввал Тристани Мосахлишвили аз Испания хоҳад буд.

Варзишгари дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов бошад, дар вазни то 100 кило 1-уми август дар даври аввал бо Диессеи фаронсавӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило, ки дар даври аввал озод аст, 2-юми август дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Эрик Абрамов (Олмон) ва Одхуу (Муғулистон) қувва меозмояд.

Муштзани тоҷик Давлат Болтаев, ки 28-уми июл дар мусобиқаи бокс аз рӯи барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Париж дар аввалин рақобаташ пирӯз шуд, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Болтаеви 25-сола шаби якшанбе дар вазни то 92 кило бо Георгий Кушиташвилии 28-сола аз Гурҷистон рақобат кард. Дар ин қувваозмоӣ муштзани тоҷик, ки маҳорати баланд нишон дод, бо қарори доварон бо ҳисоби 3:2 пирӯз гардида, ба чорякфинал баромад.

12 соли зиндон барои кадом гуноҳ? Интиқоми мақомот аз мухолифи тоҷик

0

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Аслиддин Шарипов, бародари мухолифи тоҷик, Шавкати Муҳммадро барои 12 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Дар ин бора имрӯз, 29-уми июл Радиои Озодӣ аз манобеи худ хабар дод. Ин расона навишта, ки муҳокимаҳои додгоҳии Шарипов дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд доир шуда, моҳи марти соли ҷорӣ ҳукми ӯ содир шуда буд. Вале то кунун ҳатто наздиконаш дар ин бора хабар надоштаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Аслиддин Шариповро дар “Ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва таблиғи онҳо дар интернет” айбдор карданд.

Ба қавли яке аз дӯстони Аслиддин, ки нахоста номаш фош шавад, ӯ ҳоло аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд ба яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе интиқол дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2022 Аслиддин Шарипови 37-сола бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия боздошт гардид ва моҳи октябри соли 2023 ба Тоҷикистон истирдод шуд. Гуфта мешавад, Аслиддин Шарипов аз соли 2021 аз ҷониби Тоҷикистон дар пайгард қарор доштааст.

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри 2023 ба мақомоти Русия тавсия карда буд, ки Аслиддин Шариповро ба Тоҷикистон истирдод накунад. Аммо Додситонии кулли Русия ин тавсияи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ-ро ба инобат нагирфт ва бо судури қароре ӯро дар торихи 1-уми октябри соли 2023 ба мақомоти Тоҷикистон таслим кард.

Аслиддин Шарипов, бародари мухолифи фаъоли тоҷик Шавкати Муҳаммад, ровии чанде аз барномаҳои телевизионии Паймони миллии Тоҷикистон аст, ки барномаҳои ӯ бо гузоришҳои интиқодӣ дар бораи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон ва пӯшиши буҳрони ҳуқуқи башар дар ин кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруфанд.

Шавкати Муҳммад пештар гуфта буд, ки ҳадафи аслии боздошту ҳабси бародараш маҳз барои хомӯш кардани ӯ мебошад.

Ӯ 10-уми октябри соли 2023 бо нашри номаи саргушодае ба Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар саҳифаи фейсбукияш навишт, ки Додситонии вилояти Суғди Тоҷикистон бародараш Шарипов Аслиддинро бо терроризм ва ифротгароӣ муттаҳам карда, алайҳи ӯ бо қисми 2 модаи 307.3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз карда, аз моҳи декабри соли 2021 дар пайгард қарор дода буданд.

Шавкати Муҳаммад дар номаи худ айбҳои алайҳи бародараш эълоншударо рад карда, навишта буд, ки узвият дар “Гурҳи 24”, ҲНИТ ва нашри матолиби дорои хусусияти террористӣ дар саҳифаи шахсияш дар Фейсбук туҳмат аст.

Аммо мақомот то ҳол ба таври расмӣ сабаби боздошту зиндонӣ кардани Аслиддин Шариповро шарҳ намедиҳанд ва ҳамчунин ба номаву дархостҳои Шавкати Муҳаммад низ посух надоданд ва ҳамзамон ҳеч дархости созмонҳои ҳуқуқи башарро низ ба инобат нагирафтанд.

Андешаи адолатхоҳӣ дар кишвари ман ба сари Далер чӣ овард?

0

Чанд сатре перомуни озодандешӣ ва талошҳои хафақоншудаи насли навин, ба муносибати зодрӯзи рӯзноманигори ҷавон ва адолатхоҳу озодандеш Далери Эмомалӣ.

Як рӯзи маъмулӣ

Як рӯзи маъмулие буд, ки бояд ба дарс мерафтам. Равзанаро кушодам, то бубинам ҳаво чӣ гуна аст, баробари боз кардани тиреза, ҳавои хеле сард ба рӯям зад. Ба худ қарор додам, ки бояд ҳатман либоси гармтар бипӯшам. Тарси ман аз сардии ҳавои берун набуд, балки аз сардии синфхонае буд, ки он рӯз бояд панҷ соати тамом дар он менишастем. Ҳатто бо харидории бухории чиние, ки устодон чор баробари нархи он пул ҷамъ карда буданд, гармиро эҳсос намекардем. Баъзан дастҳоямро ба танаи он мечаспонидам ва танҳо пас аз чанд лаҳзае гармиро эҳсос мекардам. Тасаввур кунед, ки чунин бухорӣ мебоист, як синфхонаи калонро гарм кунад. Шояд баъзе бигӯяд, ки як бухорӣ бемалол як синфхонаро метавонад гарм кунад, аммо ҳаминро бояд бигӯям, ки рӯзҳои сарди барфӣ барои гарм шудан ба берун мебаромадем. Одатан дар чунин ҳавои сард синфхона аз берун дида сардтар буд ва бештари вақт пас аз интиҳои дарсҳо ларзон аз он синфхона хориҷ мешудем. Ба ҳамин хотир он субҳ тасмим гирифтам, ки пироҳани сафеду гарданбанд (галстук)-ро ба пӯшоки гармтаре иваз кунам.

Литсеи касбии алоқа аз хонае, ки он замон он ҷо мезистем, танҳо 15 дақиқа дурӣ дошт ва бо тез қадам задан худро сари вақт ба онҷо расондам. Аммо расидан баробар муаллими тарбияи ҷисмониро пеши дар пайдо кардам, ки он замон масъулияти таълиму тарбияро низ ба уҳда дошт. Як-як хонандагонро аз тафтиш мегузаронд ва ҳар касе, ки пироҳани сафед ё гарданбанд надошт, иҷозаи даромадан намедод. Навбати ман расид, муаллим бо изҳори норозигӣ гуфт: “Хуб, ту чаро? Ту ку бачаи босавод.” Ман ҳам дар посух гуфтам: “Айнан ба ҳамин хотир. Намехоҳам хунук бихӯрам, шумо аввал синфхонаро гарм кунед, пасон чунин талаб кунед.” Хулоса ин шуд, ки пас аз баҳси зиёд ман бо тамоми итминон гуфтам, ки ҳамчун шаҳрванд ман ҳаққи гирифтани таълимро дорам ва муаллим наметавонад маро аз ҳаққам маҳрум кунад ва ин боис шуд, ки иҷозаи вурудро пайдо кунам. Он рӯз чунин саҳнае то охири дарс такрор шуд.

Ҳуҷҷати донишҷӯӣ

Дертар бояд ҳуҷҷати донишҷӯӣ пайдо мекардам, то аз дасти “облава” дар амон бимонам, чун бо вуҷуди доштани 16 сол чанд бор маро доштаву пурсупос карда буданд. Ва як дафъа ҳатто дар худраве савор карда чанд километр бурданд ва танҳо пас аз раддубадалҳои зиёд раҳоям карданд. Ва ман мебоист барои такрор нашудани чунин ҳодиса ҳарчи тезтар ҳуҷҷати донишҷӯиямро мегирифтам. Хулоса ин шуд, барои гирифтани ҳуҷҷат бояд назди ҳамон муаллим мерафтам. Бо худам гуфтам: “Оё маъно дорад чунин чизеро аз ӯ пурсидан?” Ба ҳар ҳол рафтам ба наздаш ва дари утоқашро задам. Дарро боз карду гуфт: “Ту! Ҳамоне, ки маро назди хонандагон шарманда кардӣ.” Табассуме карду гуфт: “Медонӣ, ки ман он рӯз аз ту фахр кардам. Чӣ қадар мо ин рӯзҳо эҳтиёҷ дорем, ки ҷавонон ҷуръати бештаре дошта бошанд. Мефаҳмӣ, ки моро маҷбури чунин корҳо мекунанд. Ман ҳамаашро мефаҳмам, аммо маҷбурам.” Хеле бо таассуф гуфт: “Ба чунин рӯзҳо расидем, ки ҳоло ман шодам, ки зиддин ин қарори ахмақҳои бекаллаи зӯргӯ эътироз мекунед, аммо дар айни замон аз он метарсам, ки онҳо камтарин эътирозро саркӯб мекунанд ва чунин бачоҳоро мешикананд.” Он ҳуҷҷатро бе кадом талабе бароям дод ва бо ҳасрат гуфт: “Эй кош, ҷавонони бештаре чунин мебуданд, чун шуморо дар танҳоӣ хоҳанд шикаст.”

Шавқи адолатхоҳӣ дар Далери Имомалӣ

Чунин эҳсосе маро фаро мегирифт ҳар замоне Далери Имомалиро медидам. Замоне ки мошинҳои бодабдабаи мансабдоронро нишон медоду мегуфт: “Ин ҳама аз пули андози ману шумост.” Замоне ки биноҳои Бег Сабурро нишон медоду аз ҳолати зори мардум, ки дар он биноҳо хона гирифтаанд, мегуфт, аз он лулаи ташноберо, ки Бег Сабур аз байни роҳрави мардум гузарондаву парвое надошт ва аз коргарони корхонаи давлатӣ, ки Бег онҳоро ба таври иҷборӣ дар онҷо кор мефармонд, ба бинандагон қисса мекард. Ин ҳама хотироти маро зинда мекард.

Чунин наворҳои Далер дар шабакаи Ютуб бештар аз ним миллион бинанда мегирифтанду мардум дар он наворҳо мушкилоташонро медиданд. Мардум эҳсос мекарданд, ки нафаре ҳаст, ки дар ин замони тарс аз мушкилот мегӯяд. Нафаре ҳаст, ки аз камбудии роҳбарон мегӯяд, нафаре ҳаст, ки қонуншикании мансабдоронро ошкор мекунад. Дилаш барои ватанаш метапад ва бо дидани ҳоли зори нодоре, мазлуме, осебдидае, нобаробарие онро бо дурбинаш сабт мекунаду барои ҷомеа пешниҳод мекунад, то масъулон барои рафъи он бикӯшанд ва роҳҳале пайдо кунанд. Аммо мутаассифона, ба ҷои пайдои роҳҳал, ин мансабдорон мушкилро дар гӯяндаи он диданд. Танҳо ба хотири гуфтан аз камбудиҳояшон ба ӯ тамғаи хоину иғвогарро часпониданд. Касе, ки бо камтарин дидани пешравию ободиҳои кишвар мешукуфту мефахрид ва онро сабт кардаву боз пешкаши тамошобинон мекард. Ӯ барномаи “Ватан дигарай”-ро роҳандозӣ карда, дар он аз дастовардҳои кишвар мегуфт. Далерро медидаму фикр мекардам, ки ҳоло ҳам ҳақиқатгӯӣ дар кишвар намурдааст. Эй кош чандто чунин ҷавоне мебуд, ки ҳақро мегуфт. Аммо танҳо як ҷавони дигар канори ӯ истод, ки ҳоло бо ҳам дар зиндонанд. Дақиқан он чизеро сари онҳо оварданд, ки ҳама аз он тарс доштанд.

Далери Имомалӣ – баҳои адолатхоҳӣ

Имрӯз Далери Имомалӣ 35-сола шуд, ӯ 28 июли соли 1988 таваллуд шудааст. Ин журналисти ҷавонро шоми 15 июни соли 2022 баъди бозпурсӣ боздошт карданд. Ӯ барои таҳияи як силсилаи гузоришҳои танқидӣ оид ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ кор мекард. Додгоҳ ӯро ба 10 соли ҳабс маҳкум кард ва 12 800 сомонӣ ҷарима баст. Журналистро ба “иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои мамнуъшуда”, “корномаи ғайриқонунӣ” ва “пешниҳоди маълумоти дурӯғин” айбдор карданд.

Додгоҳ паси дарҳои баста баргузор шуд ва намояндагони расонаҳоро дар он роҳ надоданд. Якчанд ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА ва Кумитаи байналмилалии ҳифзи рӯзноманигорон ва чанде дигар аз чунин созмонҳои ҳуқуқӣ, озодии фаврии Далери Имомалиро талаб карданд, аммо ҳукумати Тоҷикистон ба ин даъватҳо то ҳол ҷавоб надодааст.

Дар мактубе, ки Далери Имомалӣ аз Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ба президенти Тоҷикистон навишт, ӯ ҷузъиёти парвандаашро фош кард. Ӯ аз президент хоҳиш кард, ки ба парвандааш ва парвандаҳои дигар ҳамкасбонаш бетараф набошад. Далери Имомалӣ навишт, ки ҳукми додгоҳро қабул надорад, зеро таҳқиқоти парванда ва ҳукми додгоҳ пур аз “дурӯғ, туҳмат ва далелҳои зиддунақиз” буданд. Ӯ изҳор дошт, ки ҳеҷгоҳ узви “Гурӯҳи 24” набуд.

Дар охири мактуб ӯ аз он ҳушдор дод, ки дар сурати нашри ҳар видео бо иштироки ӯ ва ҳамроҳонаш, аз ҷумла Абдулло Гурбатӣ, Завкибек Сайдамини ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, мардум ба он бовар накунанд, зеро видеоҳо таҳти фишори равонӣ ва ғайриқонунӣ сабт шудаанд.

Таваллудат муборак Далери Имомалӣ!

Орзуманди рӯзҳое ҳастем, ки шуморо дар озодӣ бубинам! Ҳар як қадами шумо ба сӯи адолат ва ҳақиқат барои ҳамаи мо илҳомбахш аст. Орзуманди он ҳастам, ки ормонҳоятон амалӣ шаванд ва миллат бо қаҳрамонҳое чун шумо фахр кунад.

Бо эҳтиром ва дуоҳои беҳтарин, Муҳаммадшарифи Абдуллоҳ 

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

0

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Дар ин бора рӯзи 26-уми июл муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.

Раҳимзода дар ин нишаст ифлосшавии кӯчаҳои пойтахтро эътироф кард, аммо ба ҷуз корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи тадбирҳо барои бартараф намудани ин мушкилӣ чизе нагуфт.

Муовини Рустами Эмомалӣ гуфтааст, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ нисбати шаҳрвандоне, ки партовҳоро дар ҷойҳои барои он пешбининашуда мепартоянд, 806 протокол тартиб додаанд.

Инчунин дар ин муддат аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист 71 аксияи рӯбучин ва тозакунии маҳаллаҳо, 43 аксияи “Соҳили тоза”, инчунин 63 аксияи “Тозагии роҳҳо” гузаронида шудааст.

Ба иддаои Раҳимзода дар пойтахти кишвар 18 ҳазору 600 контейнери ҷамъоварии партов, аз ҷумла 563-то дар назди хонаҳои баландошёна гузошта шудааст ва баҳори имсол дар 50 нуқтаи ҷамъоварии партови шаҳри Душанбе камераҳои назоратӣ насб кардаанд.

Дар ҳоле масъалаи мушкилии партовҳо дар Душанбе дар нишасти матбуотӣ бо иштироки мақомдорон бардошта мешавад, ки сокинони пойтахт тозагии шаҳри Душанберо хело “ташвишовар” мегӯянд.

Ба гуфтаи сокинон, пештар партовҳоро дар як хафта як ё ду бор аз пеши хонаҳои истиқоматӣ ва партовгоҳои шаҳр тоза мекарданд, аммо ҳоло дар ин гармии ҳаво дар як моҳ як ё ду бор тоза мекунанд, ки ин боиси касалиҳои сироятӣ ва хатар ба саломатии сокинони шаҳр мебошад.

Гуфта мешавад, раҳбарии шаҳрдории Душанберо Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2017 бар дӯш дорад ва сокинони шаҳр аз мудирияти ӯ ба шиддат интиқод карда, мегӯянд, ки наметавонад мушкилоти шаҳрро бартараф кунад.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

0

Имрӯз, 26-уми июли соли 2024, Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар умри 65-солагӣ дар зиндони шаҳри Ваҳдат аз олам даргузашт.

Тибқи хабарҳои расида, ин зиндонии сиёсӣ дар шароити хеле бад дар маҳбас нигаҳдорӣ мешуд ва аз бемориҳои қанду фишорбаландӣ ва қалб ранҷ мекашид. Дар гузашта борҳо хабари шиканҷа шудани ӯ, инчунин ба бемористон интиқол ёфтанаш расонаӣ шуда буд.

Бино ба иттилои манобеи “Ислоҳ. нет”, Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад пеш аз вафот ҳарду пойҳояш аз кор монда буданду роҳгашт наметавонист.

Бояд гуфт, Мавлавӣ Муҳаммадалӣ аввалин узви аршади ҲНИТ нест, ки бо сабаби шароити бади зиндонҳо, беморӣ ва бетаваҷҷуҳии масъулини зиндон мефавтад. Пештар аз ӯ Ҷалолиддини Маҳмуд, яке аз собиқадорон ва узви аршади ҲНИТ дар зиндони шаҳри Ваҳдат шаби 12-уми августи соли 2023 дар 63-солагӣ даргузашт.

Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи чанд созмони мухолифони тоҷик дар хориҷ аз кишвар зимни нашри изҳороте марги Ҷалолиддин Маҳмудро ба “муносибати зиддиинсонӣ”-и мақомоти зиндонҳои кишвар марбут дониста буд.

Инчунин Саттор Каримов маъруф ба махдуми Саттор, узви Раёсати олии ҲНИТ рӯзи 19-уми майи соли 2019 дар зиндони “Кирпичний” шаҳри Ваҳдат кушта шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадалии Файзмуҳамад ҳамроҳ бо 12 узви дигари Раёсати олии ҲНИТ моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби мақомот боздошт ва бо иттиҳомҳои сохта барои 23 сол равонаи зиндон гардид.

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии беқайду шарти ӯ ва ҳамраҳонашро хоста буданд, аммо мақомот ин талаби созмонҳоро ҳамеша нодида гирифтааст.

Муҳаммадалии Файзмуҳамад то боздошт раиси Комиссияи тафтишоти ҲНИТ буд. Ин зиндонии сиёсӣ дар гузашта узви Комиссияи оштии миллӣ буд ва дар барқарори сулҳ дар Тоҷикистон саҳми арзанда дошт.

Мавлаӣ Муҳаммадалӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон бар иловаи чеҳраи сиёсӣ будан, ҳамчун фақеҳ ва олими динӣ низ машҳур буд. Ӯ дар ҷавонӣ назди Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ низ таълим гирифтааст.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

0

Рӯзи 25-уми июл Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ руйхати корхона ва идораҳои аз ҳама зиёд аз барқ қарздорро эълон кард.

Бино ба иттилои масъулини ин вазорат, дар байни корхона ва идораҳои давлатӣ корхонаи алюминии Тоҷикистон “ТАЛКО” бо 492,5 милион сомони қарз дар ҷойи якум қарор дорад. Бо 134,3 сомонӣ қарз Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ҷойи дуюм ва ташкилоту муасисаҳои буҷетӣ бо 87,2 милион сомонӣ қарз дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Гуфта мешавад, ширкати алюминии тоҷик “Талко”, ки солҳост раҳбарии онро додараруси Эмомалӣ Раҳмон, Ҳасан Асадуллозода ба дӯш дорад, ҳамасола дар аввали рӯйхати қарздортарин ширкатҳое қарор мегирад, ки пули барқро сари вақт пардохт намекунанд.

Ҳамчунин Вазорати энергетика мегӯяд, аҳолии кишвар низ аз барқ 1,5 милиард сомонӣ қарздоранд. Аммо ба иддаои аксари корбарон, аҳолӣ сари вақт пули барқро месупоранд, агар насупоранд масъулин барқи хонаҳояшонро қатъ мекунанд.

Иддаои қарздор будани мардум аз барқ дар ҳолест, ки Мирзо Исмоилзода, собиқ раиси “Барқи тоҷик” 1-уми январи соли 2021 низ гуфта буд, ки мардум аз барқ тақрибан 1,5 милиард сомонӣ қарздоранд.

Ба гуфтаи мунтақидон, дар муддати 3 сол тағйир накардани ин рақамҳо воқеӣ будани омори Вазорати энергетикаро, зери суол мебарад. Дар гузашта рӯзноманигорон низ ин миқдор қарздор будани аҳолиро шубҳанок гуфта буданд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 10, 4 млрд киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки 7,2% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Тоҷикистон ба шиддат ба камбуди қуваи барқ рӯбарӯ аст, махсусан дар фасли зимистон мардумро ба қуваи барқ таъмин карда наметавонад ва дар бисёр аз монотиқи кишвар ҳарсол маҳдудияти барқ ҷорӣ мешавад. Аммо қимати истифодаи нерӯи барқ бошад ҳарсол гаронтар мешавад.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

0

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар мегӯяд, ки дар соҳаи маориф мушкилот зиёд аст ва ҳамаро дар як замони кӯтоҳ бартараф карда намешавад. Вазир гуфт, ки мушкилии асосии ин соҳа норасоии омӯзгорон аст, ки ба гуфтаи ӯ, имсол дар мактабҳои миёнаи умумӣ 2670 омӯзгор намерасад.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамасола дар нишастҳои матбуотияш аз норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шикоят мекунад. Аз ҷумла, соли 2022 гуфта мешуд, ки 3406 омӯзгор дар муассисаҳои таълимии кишвар намерасад, дар ҳоле, ки худи ҳамон сол тибқи оморҳои расмӣ 7153 кас бо тахассуси омӯзгор донишгоҳу донишкадаҳои кишварро хатм карда буд.

Ҳамчунин дар нишасти имрӯза аз вазири маориф сабаби баъзе бетартибиҳо дар байни донишомӯзони мактабҳои миёна пурсида шуд, ки ӯ ин мушкилиро ба шумори зиёди онҳо рабт дода гуфт: “Шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳозир 2 миллону 287 ҳазор аст. Мехоҳӣ намехоҳӣ дар байни ин миқдор донишомӯз як ҳодиса вайрон мешавад.”

Вазир ҳамчунин илова кард, ки омори ҷинояткорӣ ва бетартибӣ дар байни донишомӯзони мактабҳои миёна дар қиёс ба шумораи умумии хонандагон “як фоизро ҳам ташкил намедиҳад.”

Ба гуфтаи бархе коршиносони соҳа, вазири маориф ба ҷои кам нишон додани бетартибиҳо ва худсафедкунӣ беҳтар мебуд, ки ба ҷой доштани чунин мушкилӣ иқрор мешуд ва роҳи ҳал меҷуст, на ин ки мушкилиро нодида бигирад.

Газ гарон шудаасту мардум хомӯш

0

Дар шаш моҳи соли 2024 воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 10,3 % зиёд шудааст.

Имрӯз, 25-уми июл, вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 783,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид гардидааст.

Аз ин миқдор маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ 524,2 ҳазор тоннаи он аз Русия ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Аммо бо вуҷуди воридоти зиёд, дар як ҳафтаи ахир якбора нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар тамоми кишвар беш аз 20% гарон шуда, аз 5 сомонию 80 дирам барои як литр ба 7 сомонӣ расидааст.

Сабаби аслии гарон шудан ва камёфт шудани нархи ин навъи сӯзишворӣ маълум нест, аммо Вазорати энергетикаи кишвар онро ба кам будани талаботи сокинон ва зиёд шудани автомобилҳои барқӣ рабт додаанд.

Коршиносон иддаои Вазоратро мантиқӣ намедонанд ва мегӯянд, баръакс, бо кам шудани талабот нархҳо бояд поин раванд ва иллати асосии болоравии нархҳоро ба набудани рақобат дар ин соҳа ва инҳисори он аз ҷониби наздикони раисҷумҳур медонанд.

Мардум аз гаронии нархи интернет мегӯянд, Хадамоти алоқа инкор мекунад

0

Дирӯз, 24-уми июл Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир карда, масъалаи гаронии интернет ва заъиф будани он баҳсбарангез шуд.

Масъулони ин ниҳод дар ҳузури хабарнигорон гуфтанд, ки хидматрасонии алоқаи телефонӣ ва интернет дар Тоҷикистон арзон аст ва мардум тавони молӣ ва дастрасӣ ба онро доранд.

Масъулин дар посух ба суолоти вобаста ба гарон будани нархи интернету шикояти мардум аз заъфи он, танҳо гуфтанд, ки “ин шикоятҳо асос надоранд.”

Ин дар ҳолест, ки ҳамвора корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин мушкилоти рӯз ҳарф мезананд. Ба гуфтаи бархе корбарон, интернет дар баъзе навоҳӣ то он ҳад заъиф аст, ки як паёми садоӣ фиристодан чанд дақиқа вақт лозим аст, ки ба тарафи дигар ирсол шавад, аммо масъулин дар нишасти хабарӣ ин ҳамаро рад мекунанд ва далилашон ин аст, ки “сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бемушкилӣ навор гирифта, дар интернет нашр мекунанд.”

Пеш аз ин, созмони Broadband Genie дар гузорише, ки моҳи апрел нашр карда буд навишт, ки нархи интернет дар Тоҷикистон дар муқоиса ба даромади мардум хеле гарон аст.

Сардори Раёсати алоқаи ин ниҳод Рафиқҷон Шокиров гузоришҳои байналмилалиро дар бораи  гаронии нарх ва паст будани суръати интернет дар кишварро дурӯғ ва бадқасдона хонд.

Коршиносони соҳаи фановарӣ омили ассосии гаронии интернет ва алоқаи мобилиро дар инҳисор қарор доштани тиҷорати итернет медонанд.

Баъди он ки Бек Сабур, қудои Эмомалӣ Раҳмон раёсати Хадамоти алоқаро бар дӯш гирифт, нархи хизматрасониҳо ва сифати кори интернет поин рафт ва зиёда аз 10 сол мешавад, ки танҳо воридкунандаи интернет ширкати давлатии  “ТОҶИКТЕЛЕКОМ” мебошад. Соли 2024 ба ду ширкат иҷозат дода шуд, ки қисман интернетро ворид кунанд, вале то ҳанӯз ин кор оғоз нашудааст.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз назари гарон будани нарх ва паст будани суръати интернет дар мақоми аз ҳама охир қарор дорад.

Ҳамрохон Зарифӣ аз ҳабс озод шуд?

0

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон пас аз як моҳи зиндон ба озодӣ баромадааст.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар истинод ба манобеаш менависад, ки Зарифиро мақомот рӯзи 12-уми июл озод кардаанд, аммо маълум нест, ки ӯро шартан озод кардаанд ва ё ба ҳабси хонагӣ гузаронидаанд.

Мақомоти Тоҷикистон низ то ҳол хабари боздошт ва раҳоии вазири собиқро шарҳ надодааст.

Ҳамрохон Зарифӣ, ки дар гузашта ба ҳайси вазири корҳои хориҷӣ ва сафири Тоҷикистон дар Амрикову Япония кор кардааст, рӯзи 12-уми июни соли ҷорӣ аз ҷониби мақомот боздошт шуда буд.

Дертар расонаҳо аз боздошти Акбаркашоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи президент, Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ), инчунин Шокирҷон Ҳакимов, ҳукуқшиноси шинохта ва муовини раиси ҲСДТ хабар доданд. Мақомот то ҳол сабаби боздошти ин чеҳраҳои шинохтаро расман шарҳ надодааст ва маълум нест ба кадом иттиҳом айбдор шудаанд.

Аммо ин боздоштҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки мақомот пештар аз ҳама Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи ҲДТ ва вакили собиқи парлумонро бо иттиҳоми ғасби ҳокимият дастгир карда буд ва Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон низ вақте аз парлумон бекор кардани дахлнопазирии вакилии ӯро дархост мекард, гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва “дигарон” кушода шудааст.

Таҳлилгарон низ ҳадс мезананд, ки боздошти ин афроди шинохта маҳз ба парвандаи Усмонзода рабт дорад.