9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 89

Ҷазои ҷиноӣ барои напардохтани пули барқ

0

Имрӯз, 27-уми март маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки вазирону раисон ва раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа аъзои Ҳукумат дар баробари тағйиру иловаҳо ба баъзе қонунҳо, тақсимоти замин, соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва гумруки кишвар, масъалаи истифодаи нерӯи барқро низ баррасӣ кардаанд.

Бино ба навиштаи сомонаи расмии Президент, Эмомалӣ Раҳмон “аз истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ карда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд”.

Инчунин Раҳмонов хостааст, барои истифодаи “ғайриқонунии нерӯи барқ” ва “напардохтани пули он” ҷавобгарии ҷиноӣ таъйин карда шавад.

Дар ҳоле Эмомалӣ Раҳмон аз таъйини ҷазои ҷиноӣ барои напардохтани маблағи барқ мегӯяд, ки сокинони кишвар аз камбуди барқ ранҷ мекашанд ва маълум нест, ки раисҷумҳур барои бартараф намудани ин мушкилот чӣ иқдоме гирифтааст.

Ҳамзамон онҳое, ки пули барқро пардохт намекунанд бештар корхонаву шахсонеанд, ки ба хешовандони мансабдорони баландпоя ва корхонаҳои давлатӣ тааллуқ доранд.

Аз ҷумла, дар нишасти матбуотии имсола, масъулони Шабакаҳои тақсими барқ гуфта буданд, ки то ҳол беш аз 4 миллиард сомонии пули барқ пардохт нашудаааст. Аввалин қарздор аз барқ ширкати “Талко” аст, ки ба додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Асадуллозода тааллуқ дорад ва ин ширкат 570 млн сомонӣ аз барқ қарздор аст. Баъд аз он Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ бо беш аз 186,6 миллион сомонӣ дар ҷойи дуюм ва Обу корези ҷумҳурӣ бо 123,4 милион сомонӣ қарз дар ҷойи сеюм қарор доранд. Инчунин корхонаҳои буҷавӣ 96,6 млн сомонӣ ва НБО “Роғун” беш аз 14,3 млн сомонӣ аз барқ қарздоранд.

Мақомот қарзи сокинонро аз нерӯи барқ то моҳи январи соли 2025 як миллиарду ҳафтсад миллион сомонӣ гуфта буданд, аммо коршиносон ва худи сокинон ин оморро зери шубҳа қарор дода, мегӯянд, ки шаҳрванди оддӣ агар пули барқро дар вақташ пардохт накунад, кормандони барқ барқашро қатъ мекунанд.

Инчунин тибқи қарори нави Ҳукумати кишвар, аз якуми апрели соли 2025 арзиши нерӯи барқ низ боло рафта. Сокинон барои ҳар киловат соат барқ ба ҷойи 30,37 дирам 35,36 дирам, корхонаҳои коркарди нахи пахта 40,45 дирам, литсей ва гимназияҳои хусусӣ 60,70 дирам ва корхонаҳои истеҳсолӣ 80,90 дирам пардохт хоҳанд кард.

Аммо, ин дар ҳолест, ки бо нархномаи нав ба ширкатҳои наздикони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нерӯи барқ арзонтар фурӯхта мешавад. Аз ҷумла, “Талко” барои ҳар киловат соат барқ – 20,77 дирам, “Азот” – 35,36 дирам ва “Комбинати металлургии Тоҷикистон” – аз 1-уми май то 30-юми сентябр 14,19 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел 80,90 дирам пардохт мекунанд.

Нархи ҳар як киловатт-соат нерӯи барқ барои Афғонистон 46 дирам (4,2 сент), барои Узбекистон 21,2 дирам (ҳудуди 2 сент) ва барои Қирғизистон 10,7 дирам (0,98 сент)-ро ташкил медиҳад.

Иди Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд

0

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри қароре рӯзи баргузории Иди Рамазонро дар қаламрави Тоҷикистон эълон кард.

Мувофиқи қарори ин ниҳоди динии кишвар, ки рӯзи 27-уми март нашр шудааст, Иди Рамазон дар ҳудуди ҷумҳурӣ рӯзи якшанбе, 30-юми марти соли 2025 баргузор мешавад.

Дар ин қарор гуфта мешавад, ки дар тамоми масҷидҳои ҷумҳурӣ намози Иди сайиди Рамазон соати 6:45 дақиқаи субҳ хонда мешавад.

Шӯрои уламо имомхатибони кишварро муваззаф карда, ки барои кумак расондан ба муҳтоҷон ва пешгирӣ аз исрофкорӣ дар рӯзҳои ид мардумро даъват кунанд ва инчунин худашон бояд намунаи ибрат бошанд.

Ин дархости Шӯрои уламо аз имомхатибон дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинон, мардуми одди дар чунин рӯзҳо чандон ба исрофкорӣ даст намезананд, аммо худи кормандони давлат, имомхатибону шахсони маъруф дар исрофкорӣ пешқадаманд.

Ҳамзамон Шӯрои уламо аз ҳар як имомхатиби масҷиди ҷомеи кишвар 1000 сомонӣ ҳаққи аъзогии масҷидҳоро талаб кардааст. Ва гуфта шуда, ки бояд ин маблағ аз ҳисоби намозгузорони Ид ҷамъоварӣ ва ба хазинаи Маркази исломӣ супорида шавад.

Ҳамасола бо муайян кардани ҷашнҳои динӣ Шӯрои уламо маҳдудиятҳоеро дар баргузории онҳо ҷорӣ мекунанд. Азҷумла, соли гузашта “идгардак”-и кӯдакон, ки бахше аз хурсандии ин рӯз барои кӯдакон аст, боздошта буд. Ва ин қарор дар байни ҷомеаи кишвар вокуниши зиёдеро ба бор овард. Бархе мегуфтанд, ки Маркази исломӣ ва Кумитаи дини кишвар на танзимгари умури динӣ, балки қарорҳо ва хостаҳои мақомдорони болоиро ҳамчун қонун болои урфу одати мардум таҳмил мекунанд.

Ёдовра мешавем, ки имсол аввали моҳи Рамазон аз 1-уми март оғоз шуда буд. Ва чун мувофиқи солшумории ҳиҷрӣ моҳи шаъбон 30 рӯзи комил буд, моҳи Рамазон 29 рӯз омад. Ва тақрибан тамоми мусалмонони дунё рӯзи 30-юми мартро рӯзи Иди Рамазон ҷашн мегиранд.

Бо истифода аз ин фурсат, ҳайати эҷодии Azda TV низ тамоми мусалмонони дунё, бахусус ҳамватони азиз ва мардуми мусалмони Тоҷикистонро бо фарорасии Иди Рамазон муборакбод мегӯяд! Аз Худованд барои якояки шумо тансиҳатӣ, хушиву бурдборӣ, дастархони пур аз нозу неъмат ва саодати ҳарду оламро орзуманд аст.

Огоҳии мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоияе аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия қарор доранд, даъват намудааст то 30-юми апрел ҳуҷҷатҳо ва ҳузури худро дар ҳудуди ин кишвар қонунӣ гардонанд.

Дар ин иттилоия, ки 25-уми марти соли ҷорӣ дар сомонаи ВКД нашр шудааст, гуфта мешавад, муҳоҷирони тоҷике, ки “дар ҷойи истиқоматашон худро ба қайд нагирифтаанд, патенти корӣ надоранд ё барои он ҳармоҳа боҷ напардохтаанд ва инчунин ба рӯйхати шахсони таҳти назорат қарордошта дохил карда шудаанд, метавонанд аз ҳудуди Россия хориҷ нашуда, ҳуҷҷатҳои худро ба тартиб дароварда, имконияти қонунӣ кор карданро дар қаламрави Россия пайдо намоянд”.

Аммо ин ниҳод нагуфтааст, ки муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар дар куҷо метавонанд, ки ҳузури худро қонунӣ кунанд.

Дар рӯйхати шахсони таҳти назорати Русия, ки ВКД-и Тоҷикистон аз он ном бурдааст беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки муҳлати ҳуҷҷатҳояшон гузаштааст ё бекор шудаанд, инчунин онҳое, ки қонунвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, оварда шудааст.

Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон ва намояндагии он дар Русия низ аз муҳоҷирони тоҷик дархости монанд ба ВКД дохилиро карда, таъкид кардаанд, ки агар муҳоҷирон дар муҳлати муайяншуда аз қайд нагузаранд ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда ворид мегарданд.

Инчунин намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандоне, ки қасди рафтан ба ин кишварро доранд хостааст, ки пеш аз сафар дар Душанбе аз санҷиши манъи вуруд ва изи ангушт гузаранд, то тавонанд бемушкил ба қаламрави Русия ворид шуда, гирифтани патент барояшон осон гардад.

Ёдовар мешавем, ки президенти Русия Владимир Путин дар охирҳои соли 2024 фармонеро имзо кард, ки тибқи он муҳоҷироне, ки дар ҳудуди ин кишвар ғайриқонунӣ қарор доранд, уҳдадоранд то 30-юми апрели соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро дуруст ё Русияро тарк кунанд.

Киҳо шомили “бахшиш”-и Эмомалӣ Раҳмон шуданд?

0
CREATOR: gd-jpeg v1.0 (using IJG JPEG v62), quality = 90

Бар асоси афви эълоннамудаи Эмомалӣ Раҳмон, 897 зиндонӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон озод карда шуданд, вале дар байни онҳо рӯзноманигорон ва сиёсиён нестанд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19-уми март фармони “бахшиши гуноҳ”-ро содир кард, ки тибқи он бояд 897 зиндонӣ шомили ин қарор мешуданд. То ҳол шумори дақиқи озодшудагон маълум нест, вале ба гузориши Радиои Озодӣ, бештар касоне озод шудаанд, ки қаблан корманди давлатӣ буданд ва бо ҷурмҳои қаллобӣ, порагирӣ, ҳамҷинсгароӣ ва дуздии амволи давлат зиндонӣ шуда буданд.

Ба гуфтаи манбаъ, чанд нафар аз озодшудаҳо, аз ҷумла Аскар Нурализода, собиқ корманди баландпояи Вазорати рушди иқтисод ва узви ҳизби ҳоким бо ҷурми гирифтани ним миллион доллар “пора” ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд. Инчунин Алимардон Ҷабборов, раиси пешинаи Идораи замин дар ноҳияи Рашт барои пешниҳоди ришва ба маъмурони амниятӣ маҳкум ба шаш сол зиндон ва Гулсара Тӯхтаева бо айбномаи тамаъҷӯӣ ва “шантаж” маҳкум ба ҳафт сол зиндон шуда буданд. Акнун инҳо ва амсолашон бо фармони Эмомалӣ ба озодӣ баромаданд.

Гуфта мешавад, маҳбусоне, ки бо ҷурми фасоду ришва зиндонӣ шуда буданд, дар ҳоле бахшида мешаванд, ки даҳҳо фаъолони маданӣ, афроди сиёсӣ ва хабарнигорон бо иттиҳомоти сохта дар зиндон қарор доранд ва онҳо шомили бахшиш нашудаанд.

Коршиносон бар ин назаранд, касоне, ки ба ҷурмҳояшон эътироф карда, аз раисҷумҳур узрхоҳӣ мекунанд, аз маҳбас озод мешаванд ва аммо касоне, ки бегуноҳ дар ҳабс қарор доранд, барои ҷурмҳои накардаашон узрхоҳӣ намекунанд ва агар узр ҳам бихоҳанд ба хотири мухолифат бо худкоммагии Эмомалӣ шонси озод шуданашон хеле кам аст.

Ҳарчанд созмонҳои байналмилалӣ ва мухолифон вазъи ҳуқуқи инсон ва озодии баён дар Тоҷикистонро нигаронкунанда ва тоқатфарсо унвон кардаанд ва аз ҳукумат талаб мекунанд то зиндониҳои сиёсии бегуноҳро озод кунад, вале аз тарафи ҳукумат ба ин талабот посухе дода намешавад ва саркӯби мухолифон ҳамоно идома дорад.

Содир Ҷабборов созишномаи марзиро имзо кард

0

Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 25-уми март қонун дар бораи тасвиби созишномаи марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистонро ба имзо расонд.

Ин қонун, ки 19 марти соли 2025 аз ҷониби Жогорку Кенеш (порлумони Қирғизистон) қабул шуда буд, марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистонро муайян намуда, пас аз имзои раисҷумҳур эътибор пайдо мекунад.

Дар баробари созишномаи марзии ду кишвар, Ҷабборов созишнома дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ ва созишнома дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, беҳбудбахшӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингардро низ ба имзо расондааст.

Ин созишномаҳо аз ҷониби порлумони Тоҷикистон низ 18-уми марти соли ҷорӣ ба тасвиб расида буданд ва бояд раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онро ба имзо расонад то ҳукми қонунӣ пайдо кунад. Ба фарқ аз парлумони Қирғизистон раванди тасдиқи созишнома дар парлумони Тоҷикистон расонаӣ нашуд ва то ҳанӯз ин масъала муҳри махфӣ дорад.

Агарчи мақомдорони Қирғизистон ба мисли раиси КДАМ Қамчибек Тошиев то имрӯз аз ҷузъиёти ин созишнома гуфтаву онро шарҳ додаанд, мақомдорони Тоҷикистон бар лаб муҳри хомӯшӣ задаанд, ки гумонҳоро дар гузашти ҷониби Тоҷикистон зиёдтар кардааст.

Ҳатто худи Қамчибек Тошиев аз гузашти Тоҷикистон дар суханрониҳояш гуфта, таъкид карда буд, ки Тоҷикистон қаблан ба 210 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 70 дарсади Лайлак ва нисфи вилоятҳои Бодканд даъво карда будааст ва ҷониби Қирғизистон пофишорӣ кардааст, ки музокирот дар асоси шартномаи соли 1991 сурат бигирад, на харитаҳои солҳои 1924-1927.

Инчунин аз ҷониби Қирғизистон низ таҳдид садо дод, ки агар Тоҷикистон даъвои худро идома медод, онҳо низ дар масъалаи Мурғоб даъвои худро шуруъ намуда, барои гирифтани он аз қувва истифода карданӣ буданд.

Гуфта мешавад, дарозии умумии марзи Қирғизистону Тоҷикистон 1006,84 километрро ташкил медиҳад ва раванди муайн ва аломатгузории он аз соли 2002 оғоз шуда, то соли 2011 ҳамагӣ 519,9 километри он муайян карда шуд ва пас аз гузашти ҷониби Тоҷикистон 486,94 километри марз танҳо дар се соли охир муайян шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар баъзе аз нуқтаҳои баҳсбарангези марзи муштараки байни ин ду кишвар солҳои ахир даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандон аз ду тараф сурат гирифта буд.

Охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар, беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Пас аз чандин соли муноқиша 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид ва пас аз он раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд.

Дертар 21-уми феврали соли ҷорӣ раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии қитъаҳои муайяншудаи марзи муштаракро имзо карданд.

Ва ҳамин тавр Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми март марҳилаи ниҳоии созишномаи марзиро бо Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон дар Бишкек ба имзо расонид.

Маҳдудиятҳои нав барои муҳоҷирони корӣ дар Русия

0

Рӯзи 25-уми марти соли ҷорӣ вакилон лоиҳаи қонуни навъи патентеро ба Думаи давлатии Русия пешниҳод кардаанд, ки кори муҳоҷиронро дар ин кишвар маҳдудтар мекунад.

Ҳаммуаллифи ин ташаббус, раиси Кумитаи меҳнат ва сиёсати иҷтимоии Думаи давлатӣ Ярослав Нилов ба расонаҳо гуфтааст, ки ҳадафи ин қонун танзими муҳоҷирати корӣ ва рафъи нобаробарӣ дар бозори кор аст.

Ба гуфтаи Нилов, дар ҳоли ҳозир ба хориҷиён патенти универсалӣ дода мешавад, ки ба онҳо имкон медиҳад, ки дар ҳама соҳа – аз сохтмон то хаткашонӣ кор кунанд.

Инчунин ӯ таъкид кардааст, ки хориҷиён бояд ба он соҳаҳое ҷалб шаванд, ки дар онҳо эҳтиёҷоти воқеӣ вуҷуд дорад, на ба он соҳаҳое, ки барояшон қулайтар аст. Ҳамзамон ӯ эътироф карда, ки масъалаи нарасидани қувваи корӣ дар баъзеҳо соҳаҳо назаррас аст.

Нилов иддао кардааст, ки ин чораҳо шояд шумораи муҳоҷирони меҳнатиро коҳиш надиҳад, балки барои барқарор кардани тартибот дар бозори кор мусоидат кунад. Вай таъкид карда, ки патент барои муҳоҷири корӣ бояд “бо дархост дар соҳаи мушаххас, корхонаи мушаххас, минтақаи мушаххас” дода шавад ва ба Вазорати корҳои дохилии Русия салоҳият дода шавад, ки тартиби додани чунин ҳуҷҷатҳоро муайян кунад.

Инчунин дар ин шабу рӯз як гурӯҳи дигари вакилон аз Ҳизби либерал-демократии Русия ба хотири пур намудани буҷаи кишварашон тарҳи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки тибқи он андоз барои муҳоҷирони корӣ то 30% боло бурда мешавад. Дар ҳоли ҳозир муҳоҷирон вобаста ба маблағи даромад аз 13% то 22% андоз месупоранд ва бо қабули ин тарҳ ҷайби бе ин ҳам холии муҳоҷирон холитар ва мушкилоташон бештар хоҳад шуд.

Баъд аз ҳодисаи хунин дар “Крокус Сити Ҳолл” мақомоти Русия фишор болои муҳоҷирони кориро бештар карда, барои маҳдуд кардани фаъолияти онҳо қонунҳои зиёдеро қабул карда истодаанд. Ҳатто кори муҳоҷирон бо баҳонаи амниятӣ дар баъзе соҳаҳо, аз ҷумла таксиронӣ дар аксар минтақаҳои ин кишвар манъ шуда, нархи иҷозатномаи корӣ ҳам гарон шудааст.

Боздошти ҷавононе, ки худро корманди мақомот муаррифӣ мекардаанд

0

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти се ҷавоне хабар дод, ки худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, даст ба ҷиноят задаанд.

Бино ба иттилои ин ниҳод, Зарифи Умарҷон, Аброров Ёқуб ва Маҷидзода Маҳлаиллоҳ худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз як шаҳрванд 9 ҳазор сомонӣ ва аз нафари дигар 2 ҳазору 300 сомонӣ гирифта, онҳоро латтукӯб кардаанд.

Ин афрод дар пайи шикояти ҷабрдидагон аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Сино дастгир ва нисбаташон бо иттиҳоми “ғоратгарӣ” (моддаи 248 КҶ) парванда оғоз гардидааст. Дар ҳоли ҳозир ҳарсе ҷавон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд ва тибқи ин модда ба онҳо аз 3 то 5 сол зиндон таҳдид мекунад.

Назари худи гумонбарон, вакили дифоъ ва пайвандонашон дар мавриди иттиҳоми мақомот дастрас нест.

Дар дохили Тоҷикистон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на ҳамчун ҳомии сокинон, балки бо зӯроварӣ нисбати мардум, гирифтани пора ва сӯиистифода аз мақом маъруф гаштаанд, баъзе фурсатталабон ва ҷиноятпешагон барои ба даст овардани маблағе ва тарсондани сокинон худро кормандони ин ниҳодҳо муаррифӣ мекунанд.

Пештар дар моҳи сентябри соли 2024 пулиси шаҳри душанбе аз боздошти се нафари дигар низ хабар дода буд, ки номбурдагон худро ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон бо роҳи зӯрӣ маблағҳои калон мегирифтаанд.

Аз ҷумла, Амонзола Сулаймон, Назаров Нуралӣва Саймаҳмадов Вафо аз як ҷавон бо далелҳои сохта, барои аз ҷавобгарӣ озод намудан 10-ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд, ки вақти гирифтани 4900-доллар кормандони пулис онҳоро дастгир кардаанд.

То ҳол аз тақдири ин се боздоштшуда ва ҳукмашон чизе нашр нашудааст.

Дар як ҳафта Исроил наздики ҳазор нафарро дар Ғазза кушт

0

Пас аз ҳамлаҳои ахири Исроил ба Навори Ғазза садҳо зану кӯдак, аз ҷумла 8 тан аз раҳбарони калидии ҲАМОС кушта шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати беҳдошти Ғазза, аз рӯзи 18-уми марти соли ҷорӣ то имрӯз дар пайи ҳамлаҳои ҷадиди Исроил ба Навори Ғазза 730 нафар кушта ва 1367 нафари дигар захмӣ шудаанд, ки аксари онҳоро занону кӯдакони бегуноҳ ташкил медиҳанд.

Ин ниҳод дар Навори Ғазза Эълон кард, аз оғози ҳамлаҳои Исроил, 7-уми октябри соли 2023 то имрӯз беш аз 163 ҳазор фаластинӣ, ки аксари онҳо кӯдакон ва занон мебошанд, кушта ё маҷрӯҳ шуданд ва зиёда аз 14 ҳазор нафар зери овораҳо бенишон гаштааст.

Дар ҳамин ҳол ҲАМОС расман эълон кард, ки дар рӯзҳои ахир Исроил чанд нафар аз аъзои калидӣ ва фармондеҳони ин гурӯҳро, аз ҷумла, мудири умури молӣ, мудири кулли дастгоҳи амнияти дохилӣ ва чанд узви аршади дафтари сиёсияшро ба қатл расонидааст.

Ёдовар мешавем ки аз 19-уми январи соли ҷорӣ миёни ҲАМОС ва Исроил оташбас ба имзо расида буд, ки тибқи он тавофуқнома, оташбас аз се марҳила иборат буд ва ҳар марҳила 42-рӯзиро дар бар мегирифт, вале Исроил тибқи шартҳои муқаррар амал накард ва дар ниҳоят субҳи 18-уми марти соли 2025 артиши Исроил ҳамлаҳои худро дар Навори Ғазза аз сар гирифта, минтақаҳои гуногуни онро шадидан бомборон кард.

Ба гуфтаи Ҳукумати Натанёҳу, тасмими дигарбора ҳамла кардан ба Ғазза пас аз он гирифта шуд, ки ҲАМОС пешниҳоди намояндаи Амрико Стив Витковро дар мавриди якбора озодсозии гаравгонҳо рад кард.

Аммо ҳаракати ҲАМОС мегӯяд, пешниҳоди намояндаи Амрико танҳо манофеи Исроилро ба назар гирифтаасту хостаҳои ин ҳаракат ба инобат гирифта нашудааст.

Бино ба иттилои созмонҳои ҳуқуқӣ, вазъи инсонӣ дар Ғазза бисёр вахим аст, аз рӯзи 18- уми март то кунун бомборонҳои шадиди Исроил идома дорад. Шароити муҳосираи Ғазза вазъро дар ин борика сахттар мекунад, зеро гузаргоҳҳо барои кумакҳои башардӯстона ва лавозимоти тиббӣ аз 2-уми марти соли ҷорӣ баста шудаанд.

Созмони Милали Муттаҳид дар баёнияе изҳор дошт, ки пас аз саргирии ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза тақрибан 124 ҳазор нафар дубора муҳоҷир шудаанд ва шароити будубош тоқатфарсо шудааст.

Мухолифон Имомуғлуро рақиқби Эрдуғон эълон карданд

0

Ҳизби халқии ҷумҳурӣ дар Туркия Акрам Имомоғлу, шаҳрдори Истанбулро, ки аз вазифа барканор ва ба зиндон мунтақил шудааст, расман барои интихоботи президентии соли 2028 номзад пешбарӣ кард.

Тавре расонаҳои туркӣ хабар медиҳанд, Ҳизби халқии Туркия, ки қувваи асосии мухолифин ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон маҳсуб мешавад, рӯзи якшанбе интихоботи пешакӣ баргузор кард ва дар он ягона номзади худ собиқ шаҳрдори Истамбул Имомоғлуи 53-соларо ба интихоботи президентии ояндаи ин кишвар эълон кард.

Раиси Ҳизби халқии ҷумҳурӣ Ӯзғур Ӯзил ба расонаҳо гуфта, ки: “Аз 1,7 миллион узви ҳизб 1,6 миллион нафар ба Имомоғлу овоз доданд, то ӯ номзади онҳо дар интихоботи президентии оянда бошад”.

Ӯзил афзуда, ки дар баробари раъйдиҳии расмии аъзои ҳизб инчунин миллионҳо нафар дар саросари кишвар дар қуттиҳои раъйдиҳии рамзӣ, ки бо номи “ҳамраъйӣ” ташкил шуда буданд, ба Имомоғлу овоз доданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи гузориши расонаҳои туркӣ, Додгоҳи олии ин кишвар рӯзи якшанбе Имомоғлу ва чанд нафари дигарро, ки ба қаллобӣ ва кумак ба гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам дониста мешуданд, ба зиндон маҳкум кард.

Вазорати корҳои дохилии Туркия рӯзи якшанбе эълон кард, ки фаъолияти шаҳрдори Истанбул Акрам Имомоғлуро баъди содир шудани ҳукми додгоҳӣ барои зиндонӣ шуданаш, бозмедорад.

Шӯроҳои шаҳрии Истанбул дар баёнияе гуфтааст, ки пас аз боздошти Имомуғлу барои идораи шаҳр ва интихоби раҳбари муваққат рӯзи чоршанбе ҷаласа баргузор мекунад.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта мақомоти Туркия шаҳрдори Истанбул Акрам Имомоғлуро, ки аз ҳизби умдаи мухолифони ҳукумати феълии Туркия аст, бо иттиҳомоти ришваву фасод ва ташкилу раҳбарии гурӯҳҳои террористӣ боздошт кард.

Пас аз боздошти ӯ ҳазорҳо ҷонибдораш ба кӯчаҳо баромада даст ба тазоҳуроти хиёбонӣ заданд. Муътаризон ҳукумати Туркияро ба он муттаҳам мекунанд, ки мехоҳад мухолифони сиёсияшро аз саҳна дур созад.

Аммо дар муқобил, ҳукумат иддаои мухолифонро рад карда, мегӯяд, боздошти шаҳрдори Истанбул ва даҳҳо чеҳраи дигар танҳо ба қонуншиканиҳое, ки аз онҳо сар задааст, рабт дорад ва додгоҳ масъаларо файсала мекунад.

Боздошти муҳоҷирони тоҷик пас аз сафари Раҳмон ба Русия

0

Мақомоти Русия беш аз 50 муҳоҷири тоҷикро пас аз сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, боздошти муҳоҷирон тоҷик 22-юми марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Красногвардейскии вилояти Маскав сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, пулис бархеро пас аз гирифтани 50 ҳазор рубл озод карданд, вале дигаронро дар шароити баде нигаҳ медоранд, аз ҷумла муҳоҷирони боздоштшуда дар рӯи фарш мехобанд ва барояшон ғизои дурусте намедиҳанд.

Маълум нест ин муҳоҷирон барои чӣ боздошт шудаанд ва нисбаташон кадом чораҳо андешида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон 15-17-уми март бо як сафари корӣ ба Русия рафта, бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз ин мулоқот, бе додани тафсилот иддао кард, ки бо Путин ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати кориро “муфассал” баррасӣ кардааст.

Путин ҳам дар ин нишаст аз саҳми намоёни муҳоҷирони тоҷик дар рушди иқтисоди Русия ва пулҳои фиристодаи онҳо ба Ватан, ки дастгири ҳам Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам барои хонаводаҳояшон аст, гуфт.

Тибқи оморҳои додаи ӯ, дар Русия ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва онҳо дар соҳаҳои гуногун, бахусус сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт ва ҳамлу нақл кор мекунанд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, шумораи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар бештар аз оморҳои расмиест, ки мақомоти ҳарду кишвар мегӯянд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар ҳоле сурат гирифта буд, ки дар ин кишвар назорат болои муҳоҷирон ва ихроҷи онҳо баъд аз ҳодисаи хунин “Крокус Сити Холл” шиддат гирифт. Пас аз ин ҳодиса чораҳои назоратӣ сахттар шуда, боздошт ва ихроҷу баргардондани муҳоҷирон зиёд гардид. Инчунин нархи патент боло рафта, маҳдудиятҳои нав дар бораи фаъолияти кории муҳоҷирон дар аксар минтақаҳои Русия ҷорӣ карда шуданд.

Тибқи оморҳо, танҳо дар соли 2024 бо қарори додгоҳҳои Русия беш аз 90 ҳазор муҳоҷир аз хоки Русия ихроҷ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2023 аз Русия 44,2 ҳазор ва дар соли 2022 26,6 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шуда буданд.