13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 91

Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳтар мешавад?

0

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои русаш Владимир Путин дар Маскав масъалаи муҳоҷирати кориро баррасӣ кардаанд.

Ин гуфтаҳо 17-уми марти соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотие, ки пас аз гуфтугӯи як ба як ва паси дарҳои бастаи раҳбарони ду кишвар баргузор гардид, садо доданд.

Эмомалӣ Раҳмон бе додани тафсилот иддао кард, ки бо Путин ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро “муфассал” баррасӣ кардааст.

Путим ҳам дар ин нишаст аз саҳми намоёни муҳоҷирони тоҷик дар рушди иқтисоди Русия ва пулҳои фиристодаи онҳо ба Ватан, ки дастгирии ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои хонаводаҳояшон аст, гуфт.

Тибқи оморҳои додаи ӯ, дар Русия ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва онҳо дар соҳаҳои гуногун, бахусус сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт ва ҳамлу нақл кор мекунанд.

Раҳбарони Русияву Тоҷикистон дар ҳоле масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ кардаанд, ки дар Русия назорат болои муҳоҷирон ва ихроҷи онҳо баъд аз ҳодисаи хунин “Крокус Сити Холл”, ки гумонбарони он шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, шиддат гирифт. Пас аз ин ҳодиса чораҳои назоратӣ сахттар шуда, маҳдудиятҳои нав дар бораи фаъолияти кории муҳоҷирон дар аксар минтақаҳои Русия ҷорӣ карда шуданд.

Тибқи оморҳои расмӣ, танҳо дар соли 2024 бо қарори додгоҳҳои Русия беш аз 90 ҳазор муҳоҷир аз хоки Русия ихроҷ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2023 аз Русия 44,2 ҳазор ва дар соли 2022 26,6 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шуда буд.

Мақомоти Русия нагуфтаанд, ки аз ин шумора чанд нафарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд, аммо Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар 14-уми феврали соли ҷорӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки соли 2024 аз Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудааст ва танҳо аз фурудгоҳҳои Русия беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

Маълум нест пас аз мулоқоти Путину Раҳмон вазъи бади муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳтар хоҳад шуд ё на ва ё мисли солҳои қаблӣ ин гуфтугӯҳо бетаъсир буда, назорату ихроҷи зодагони Тоҷикистон бештар хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 15-17-уми март бо сафари расмӣ дар Русия қарор дошт ва бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар масъалаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии ду кишвар, ҳамчунин мавзуҳои минтақавию байналмилалӣ гуфтугӯ намуда, чанд санади ҳамкориро ҳам ба имзо расондаанд.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз гуфтугӯ бо Путин аз натиҷаҳои он изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, Путин аз рушди равобити ду кишвар ва расидани сармоягузории кишвараш ба Тоҷикистон, ки 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад, гуфт.

Беш аз 400 кушта дар ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза

0

Субҳи 18-уми марти соли ҷорӣ артиши Исроил ҳамлаҳои худро дар Навори Ғазза аз сар гирифта, минтақаҳои гуногуни онро шадидан бомборон кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, дар натиҷаи ҳамлаҳои шадиди Исроил болои мардуми Ғазза 419 нафар кушта ва садҳо нафари дигар захмӣ гаштанд, ки аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.

Хабаргузории “Ал-Ҷазира” гузориш дод, ки дар пайи ҳамлаҳои шадиди Исроил ба минтақаҳои гуногуни Навори Ғазза ҳар лаҳза сафи кушташудагон ва захмиён меафзояд. Ба иттилои ин расона, субҳи имрӯз чанд таркиши бузург минтақаҳои шимолу ғарбии Ғаззаро такон дод ва ҳавопаймоҳои ҷосусӣ ва ҷангии Исроил пайваста дар фазои ин минтақа парвоз мекунанд.

Ҳаракати ҲАМОС дар изҳороте Бинёмин Натанёҳу, сарвазири Исроилро масъули комли паёмадҳои таҷовуз ба Ғазза донист.

Тибқи иттилои расонаҳои давлатии Исроил, нерӯҳои ҳавоии ин кишвар мавҷи ҳамлаҳоро дар тамоми Навори Ғазза аз сар гирифтанд. Гуфта мешавад, сарвазир Бинёмин Натанёҳу ва вазири дифоъ Исроил Катс ба артиш дастур додаанд, ки бо қувваи зиёд алайҳи ҲАМОС ба Ғазза ҳамла кунад.

Дафтари Натанёҳу эълон карда, пас аз он ки ҲАМОС пешниҳоди намояндаи Амрико Стив Витковро дар мавриди якбора озодсозии гаравгонҳо рад кард, амалиёти низомии худро дар Ғазза дубора оғоз намудааст.

Аммо ҳаракати ҲАМОС мегӯяд, пешниҳоди намояндаи Амрико танҳо манофеи Исроилро ба назар гирифта, мехостанд гаравгонҳо ба якбора озод шаванд, вале дар бораи поён додани ҷанг, хуруҷи комили нерӯҳои исроилӣ аз ин борика ва шикастани муҳосираву бозсозии Ғазза сухане дар миён набуд.

ҲАМОС дар изҳороташ Исроилро ба нақзи оташбас муттаҳам карда, таъкид мекунад, ки Натанёҳу ва ҳукумати ӯ тасмим гирифтанд оташбасро вайрон кунанд ва сарнавишти асиронро норӯшан созанд.

Ин ҳаракат аз миёнҷигарон хостааст, ки Натанёҳу ва режими ишғолгарро барои вайрон кардани тавофуқномаи оташбас ва хиёнат ба он пурра ҷавобгар донанд. ҲАМОС инчунин аз Ҷомеаи давлатҳои арабӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ даъват карда, ки масъулияти худро дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ва шикастани муҳосираи Ғазза бар дӯш гиранд.

Имрӯз кишварҳои Қатар, Арабистони Саудӣ, Урдун ва чандин кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ ва инчунин созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғаззаро маҳкум карда, аз кишварҳои таъсиргузор хостанд, ки ҳарчи зудтар пеши роҳи ин қатли оми мардуми Фаластин гирифта шавад.

Ёдовар мешавем, ки аз 19-уми январи соли ҷорӣ миёни ҲАМОС ва Исроил оташбас ба имзо расида буд, ки тибқи он тавофуқнома, оташбас аз се марҳила иборат буд ва ҳар марҳила 42-рӯзиро дар бар мегирифт. Пас аз поён ёфтани марҳилаи аввал Исроил мебоист роҳи Филоделфияро тарк мекард, аммо мухолифи шартнома амал карда, онҷоро тарк накард ва бо пешниҳоди шартҳои наву сахттар пеши роҳи идомаи оташбасро гирифт ва дар қадами аввал ворид шудани кумакҳоро боз дошт ва имрӯз ҳамлаҳояшро дигарбора оғоз кард.

Кӯдаки муҳоҷир аз 3 бал кам гирифт, аз мактаб маҳрум мешавад

0

Аз 1-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Русия кӯдакони муҳоҷирон зимни имтиҳони шифоҳӣ бояд ҳадди ақал аз 5 бал 3 бал дарёфт кунанд то ба синфи 1 роҳ ёбанд.

Дар ин бора нашрияи “Коммерсант” бо истинод ба фармони содиршудаи Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Русия (Рособрнадзор) хабар додааст.

Бино ба ин гузориш, лоиҳаи “ҳадди ақал балҳо”-ро Рособрнадзор 12-уми феврал ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки тибқи он дар имтиҳони забони русӣ кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ бояд дасти кам 3 бал (аз 5 бал) ба даст оранд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати маорифи Русия хабар додааст, касоне, ки ба синфҳои 2-11 шомил шуданӣ ҳастанд, бояд ба иловаи имтиҳони шифоҳӣ аз имтиҳони хаттӣ низ гузаранд.

Моҳи декабри соли 2024 қонуни манъи кӯдакони муҳоҷире, ки аз имтиҳони забони русӣ намегузаранд, ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шуд, ки Дума аз он тарафдорӣ кард. Қарор аст тағйирот ба қонун “дар бораи маориф” аз 1-уми апрели соли 2025 мавриди амал қарор бигирад. Аз ин вақт кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ бояд забони русиро дар сатҳи зарурӣ барои “азхудкунии меъёрҳои федералӣ дар соҳаи маориф” бидонанд.

Ба андешаи бархе таҳлилгарон, маҳдудиятҳои нав барои шомилшавии фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия аз ҷумлаи иқдомоти ҳукумати ин кишвар аст, ки дар пайи ҳамла ба “Крокус Сити Холл” барои сахттаркунии шароити муҳоҷирон тасвиб мешавад.

Давоми чанд моҳи ахир Думаи давлатӣ алайҳи муҳоҷирон ва барои маҳдуд кардани шароити онҳо қонунҳои зиёдеро қабул кард, ки баъзе таҳлилгарон онро интиқомгирӣ мақомдорон аз муҳоҷирон унвон мекунанд. Манъ шудани кори муҳоҷирон бо баҳонаи амниятӣ дар баъзе соҳаҳо, додани иҷозат ба Вазорати корҳои дохилӣ барои ихроҷи муҳоҷирон бе қарори додгоҳ ва манъи кӯдакони муҳоҷир аз мактабҳои таълимӣ, ки забони русиро намедонанд аз ҷумлаи қавонини тасвибшуда мебошад.

Қимати барқ дар Тоҷикистон боло меравад

0

Дар Тоҷикистон нархи истифода аз нерӯи барқ барои корхонаву идораҳо ва сокинон боз ҳам гарон мешавад.

Тибқи қарори нави Ҳукумати кишвар, аз якуми апрели соли 2025 сокинон барои ҳар киловат соат барқ 35,36 дирам, корхонаҳои коркарди нахи пахта 40,45 дирам, литсей ва гимназияҳои хусусӣ 60,70 дирам ва корхонаҳои истеҳсолӣ 80,90 дирам пардохт хоҳанд кард.

Аммо, ин дар ҳолест, ки бо нархномаи нав ба ширкатҳои наздикони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нерӯи барқ арзонтар фурӯхта мешавад. Аз ҷумла, “Талко” барои ҳар киловат соат барқ – 20,77 дирам, “Азот” – 35,36 дирам ва “Комбинати металлургии Тоҷикистон” – аз 1-уми май то 30-юми сентябр 14,19 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел 80,90 дирам пардохт мекунанд.

Болоравии арзиши барқ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки сокинони кишвар бо лимити барқ рӯ ба рӯ буда, аз охири моҳи сентябр барои сокинони деҳоти Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳамагӣ 8 соат ва дар баъзе минтақаҳои дурдаст аз ин ҳам камтар барқ дода мешавад.

Ва интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба хориҷ зиёд шуда, нархи ҳар як киловатт-соат нерӯи барқ барои Афғонистон 46 дирам (4,2 сент), барои Узбекистон 21,2 дирам (ҳудуди 2 сент) ва барои Қирғизистон 10,7 дирам (0,98 сент)-ро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон бо Путин дар бораи чӣ гуфтугӯ мекунад?

0

Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 15-17-уми март бо сафари расмӣ дар Русия қарор дошт. Ӯ имрӯз бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, қарор аст дар ин сафр раисҷумҳурони ду кишвар масъалаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии ду кишвар, ҳамчунин мавзуҳои минтақавию байналмилалиро баррасӣ кунанд ва чанд санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расад.

Дмитри Песков, сухангӯи Кремл ба расонаҳо гуфт, ки “дар рӯзҳои истироҳатӣ Путин ва Раҳмон аллакай мулоқотҳои ғайрирасмӣ дар танҳоӣ доштанд. Имрӯз бошад, чанд вохӯрӣ ва чорабиниҳои расмӣ ба нақша гирифта шудаанд.”

“Ду президент тавассути видеоконфронс оғози сохтмони Маркази байналмилалии таълимӣ барои кӯдакони боистеъдод дар Душанбе ва ҳамчунин оғози сохтмони Театри давлатии драмавии русӣ ба номи Маяковскийро эълон хоҳанд кард”, – гуфт Песков.

Сухангӯи Кремл таъкид кард, ки “Рӯйхати масъалаҳои муҳокимашаванда васеъ аст. Тоҷикистон барои мо шарики хеле наздик ва стратегии мост”.

Тавре расонаҳо иттилоъ доданд, мулоқоти Раҳмону Путин аввал дар шакли алоҳида ва дур аз расонаҳо ва сипас гуфтушунидҳо дар сатҳи ҳайатҳои ҳукуматӣ идома хоҳанд ёфт.

Аммо то кунун маълум нест Раҳмон масоили ахири мушкилоти муҳоҷирони тоҷикро бо ҳамтои русаш ба миён мегузорад ё на. Қазияи дур кардани фарзандони муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик аз мактабу таълим ва афзоиши фишорҳои зиёд болои онҳо аз масъалаҳоест, ки муҳоҷирони тоҷик таваққуъ доранд Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо Путин ба миён гузорад ва мушкилашон рафъ шавад.

Узрхоҳии фармондеҳи Толибон аз Тоҷикистон

0

Фармондеҳи низомии Толибон Амнуддини Мансур, ки чанд рӯз пеш дар наворе дар бораи ҳуҷум ба Тоҷикистон мегуфт, аз Тоҷикистон узрхоҳӣ кард.

Ӯ дар навори видеоие мегӯяд, он наворе, ки чанд рӯз пеш аз ӯ нашр шудааст, навори бисёр куҳна аст, вале “рақибон” онро ҳоло бо ҳадафи бад сохтани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя дар расонаҳо нашр кардаанд.

Амониддини Мансур дар изҳороташ мегӯяд, мусолаҳае, ки дар Қатар сурат гирифт, Иморати исломӣ таъаҳҳуд гирифта, ки аз қаламрави Афғонистон ба ҳеч кишвари ҳамсоя хатар таҳдид намекунад. Ва мо ба ин таъаҳҳуди худ пойбанд ҳастем.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки “мо бо кишвари Тоҷикистон ҳамосягии бисёр нек дорем ва аз тарафи онҳо ҳеч зараре надидаем ва онҳо низ аз тарафи мо ҳеч зараре нахоҳанд дид.”

Ин фармондеҳи Толибон дар ҳоле мегӯяд, ки навори чанд рӯз пеш нашршудааш “бисёр қадимӣ” аст, ки ӯ дар бораи ҷанги Украина ва гирифтории Русия дар он мегӯяд. Ва маълум аст, ки Толибон моҳи августи соли 2021 ба қудрат расиданд ва ҷанги Русия бо Украина моҳи феврали соли 2022 оғоз шуда буд.

Ӯ гуфта буд, ягона мушкилие, ки барои гирифтани Тоҷикистон вуҷуд дорад, “Ин ҳузури русҳост.” Аммо бо итминон меафзояд, русҳо дар ҷанги Украина хеле гирифтор шудаанд ва ин ҳам барояшон мушкилсоз буда наметавонад.

Ёдовар мешавем, ки Амониддини Мансур, яке аз фармондеҳони тоҷикони номдори Бадахшони Афғонистон дар навори собиқаш Тоҷикистонро ба ҳамлаи низомӣ таҳдид карда буд. Ин фармондеҳ гуфта буд, ки нерӯҳояш дар вилоятҳои Тахор ва Бадахшон мунтазири дастур ҳастанд то вориди Тоҷикистон бишаванд.

Ин фармондеҳи тоҷиктабори Толибон низ гуфта буд: “Агар иҷозат диҳад Иморати исломӣ, гирифтани Тоҷикистон ба каллаи ман.” Ӯ дар идома мегӯяд, “дар як рӯз вилояти Бадахшони Тоҷикистонро мегирем.”

Ҳамчунин дар ин навор шунида мешавад, ки яке аз ҳозирин мегӯяд, “Тоҷикистон ҳеч чизе надорад. Яктояшра заддӣ ҳаммаш мегурезед.”

Ин бори аввал нест, ки намояндагони Толибон ба Тоҷикистон таҳдид мекунанд. Қаблан ҳам Мавлавӣ Абдулҳамиди Хуросонӣ низ дар хитобе ба мақомоти Тоҷикистон чунин таҳдиде карда буд, аммо баъд аз чанде боз узрхоҳӣ кард.

Ҳамчунин қаблан гурӯҳи ДИИШ-и Хуросон, ки дар Афғонистон ҷойгиранд, низ борҳо барои ҳамла ба Тоҷикистон таҳдид карда буданд.

Бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки Толибон ҳамчунон ба дунболи таҳкими қудрати худ дар минтақа ҳастанд ва аз ҳар фурсате барои навмоиши қудрат ва тарсдиҳӣ мехоҳанд истифода кунанд.

Аврупо дар Тоҷикистон 3 млн евро маблағгузорӣ мекунад

0

Намояндагии Иттиҳидои Аврупо дар Тоҷикистон як паноҳгоҳ ва чанд иншоот барои истифода дар ҳолатҳои фавқулода месозад.

Барои татбиқи ин лоиҳа байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо 10-уми марти соли ҷорӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Тавре КҲФ хабар медиҳад, аввали ҳафтаи ҷорӣ мулоқоти раиси КҲФ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳамроҳ бо раҳбари Агентии Оқохон оид ба макони зист Умед Қаландаров ва раиси намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис дар бинои Дастгоҳи марказии кумита сурат гирифт ва дар поёни мулоқот бо ҳадафи “таҳқими субот дар минтақаҳои наздимарзӣ” санади мазкур имзо гардид.

Тибқи санади ба имзорасида, Иттиҳодияи Аврупо уҳдадор гашта, ки бунёди як паноҳгоҳ ва ду майдончаи варзиширо, ки маблағи он 3 миллион евроро дар бар мегирад, маблағгузорӣ кунад.

Ҳадаф аз бунёди чунин иншоот дар минтақаҳои наздимарзӣ, “истифодаи онҳо дар ҳолатҳои сар задани офатҳои табиӣ ё ҷой додани гурезаҳо дар дигар ҳолатҳои изтирорӣ” гуфта мешавад.

Дар гузориши КҲФ қайд гардида, ки “Бунёди чунин паноҳгоҳҳо дар минтақаи вилояти Суғд имкон медиҳад, ки ҳангоми зарурат, саривақт ва ба таври фаврӣ эътинонамоӣ карда, раванди корҳои бартарафсозӣ ва расонидани кумакҳои ниёзи аввалия ба аҳолии зарардида ва ҳатто барои гурезагони эҳтимолӣ низ мусоидат хоҳад кард.”

Ҳамчунин дар гузориш гуфта шуда, ки ба далели мавҷуд будани инфрасохторҳои лозима дар кишвар бунёди чунин иншоот мумкин гардидааст. Аммо макон ва санаи дақиқи анҷоми ин лоиҳа нашр нашудааст.

Имзои созишномаи марзӣ, кушодашавии гузаргоҳҳо ва азсаргирии парвозҳо

0

Роҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии ду кишварро имзо карданд.

Маросим рӯзи 13-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор гардид ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзои созишномаро таърихӣ номида, гуфтааст, ки натоиҷи мулоқот ҳамкориҳои кишварҳоро ба сатҳи баландтаре хоҳад расонд.

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон низ аз дигар шудани вазъит гуфт ва таъкид кард, ки марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамеша сарҳади дӯстии абадии ду кишвар ва ду халқи бародар хоҳад монд.

Инчунин Ҷабборов гуфт, ки рушди муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Қирғизистон буда, дар мавриди масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ бо Тоҷикистон мавқеъҳои якхела доранд.

Ёдовар мешавем, ки 21-уми феврали соли ҷорӣ раисони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии қитъаҳои муайяншудаи марзи муштаракро имзо карда буданд.

Рӯзи 27-уми феврал Тошиев дар порлумони Қирғизистон гузориш дод ва вакилон созишномаро баррасӣ карданд. Аммо то ҳол маълум нест Ятимов дар назди вакилони тоҷик гузориш додааст ё на, инчунин дар мавриди баррасӣ шудани ин созишнома дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон то ҳол хабаре нашр нашудааст.

Ба гуфтаи мунтақидон, ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи марзӣ ва ҳудуди гузашти зиёде кардааст. Аз ҷумла, вақте Қамчибек Тошиев созишномаро дар порлумони Қирғизистон муаррифӣ мекард, гуфта буд, ки ҷонибҳо хати марзро бар асоси харитаи соли 1991 кашидаанд, на ба маводи солҳои 1924-1927, ки қаблан истифода мешуданд.

Дарозии умумии марзи Қирғизистону Тоҷикистон 1006,84 километрро ташкил медиҳад ва раванди муайн ва аломатгузории он аз соли 2002 оғоз шуда, то соли 2011 ҳамагӣ 519,9 километри он муайян карда шуд ва пас аз гузашти ҷониби Тоҷикистон 486,94 километри марз танҳо дар се соли охир муайян шудааст.

Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз бо сафари ду рӯзаи корӣ ба Қирғизистон рафт, ки ӯро дар кишвари ҳамсоя “гарм” пешвоз гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар баробари имзои созишномаи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Бишкек, ҷонибҳо 16 санади дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла дар мавриди обу энержӣ ва сохтмону истифодаи роҳҳоро имзо намуда, ба тавофуқ расидаанд, ки доду гирифти гирифти тиҷоратиро байни ҳамдигар то 500 миллион доллар хоҳанд расонд.

Ҳамзамон бо иштироки онлайнии Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ду гузаргоҳи марзӣ “Гулистон – Қизилбел” ва “Маданият – Қайрағоч”, ки солҳо боз баста буданд, боз шуданд. Ҳоло се гузарогоҳи дигар баста боқӣ мондааст.

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи азсаргии парвозҳо низ аз 14-уми марти соли 2025 миёни Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод.

Боздошти беш аз 20 зодаи Язгулом дар Душанбе

0

Мақомоти Тоҷикистон беш аз 20 сокини маҳаллаи “Дарвоз”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо боздошт кардаанд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш менависад, ки аксар боздоштшудаҳо зодагони ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ ҳастанд. Чанд нафари онҳоро рӯзи 9-уми март дар маросими дафни яке аз сокинони ҳамин маҳалла ва боқимондаро аз хонаҳояшон дастгир кардаанд.

Дар ҳамин ҳол пайвандони боздоштшудаҳо бо шарти фош нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки бо гузашти се рӯз аз аҳволи фарзандонашон хабар надоранд ва намедонанд, ки онҳо ба чӣ гумонбар ҳастанд.

Мақомоти Тоҷикистон низ то ҳол сабаби боздошти сокинони маҳаллаи “Дарвоз”-ро шарҳ надодаанд.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти кишвар зодагони Язғуломро ба таври гурӯҳи боздошт мекунанд. Дар моҳи майи соли 2024 Azda.tv аз амалиёти вежаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар водии Язгуломи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва боздошти беш аз 20 сокини ҳамин водӣ хабар дода буд.

Пас аз муддате хомушӣ Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи 2024 ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки мақомот 27 нафарро бо гумони узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дастгир кардаанд ва 4 нафари дигарро дар берун аз кишвар меҷӯянд. Назари худи боздоштшудаҳо то ҳол дастрас нест.

Маблағи ҳаҷ бояд танҳо тариқи як бонк пардохт шавад, он кадом аст?

0

Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 12-уми март бо нашри матлабе нархнома барои адокунандагони ҳаҷҷи фарзиро эълон кард.

Ин ниҳоди танзимгари умури динии кишвар, арзиши хизматрасониҳо барои мавсими ҳаҷҷи соли ҷориро 56 ҳазору 800 сомонӣ (муодили 5 ҳазор доллари амрикоӣ) эълон кард. 

Маблағи мазкур барои харидории билети ҳавопаймо (рафту баргашт), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи қурбонӣ, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар шаҳрҳои Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, пардохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо истифода мешавад.”, омадааст дар хабари Кумитаи дини Тоҷикистон.

Аммо ин ниҳод таъкид карда, ки довталабони сафари ҳаҷ маблағҳои худро бояд ба таври ғайринақдӣ танҳо тавассути “Ориёнбонк” пардохт кунанд. Ин дар ҳолест, ки “Ориёнбонк”-ро додараруси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Асадуллозода ва дигар аъзои хонаводаи президент идора мекунанд.

Гуфта мешавад, сафари довталабони ҳаҷҷи имсола аз “нимаи дуюми моҳи май” оғоз мешавад. Ин кумита ба сокинон ҳушдор додааст, хоҳишмандони ҳаҷҷи фарзӣ бояд танҳо ба воситаи онҳо бираванд ва тариқи дигар ширкатҳо нараванд.

Аммо солҳои ахир дида мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба воситаи ширкатҳои сайёҳии дигар кишварҳо ба хотири арзону дастрас будан барои адои ҳаҷ мераванд. Кумитаи дин гуфта, ки шаҳрвандони Тоҷикистон набояд тариқи дигар кишварҳо ба ҳаҷ бираванд.

Масъулони Кумитаи дин низ ҳушдор додаанд, ки афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҳудуди 13300 доллар ҷарима мешаванд, бар илова 6 моҳ зиндонӣ ва барои даҳсол аз Арабистони Саудӣ ихроҷ мешаванд.

Аммо корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки ин таҳдидҳои мақомоти динии кишвар бештар ба хотири касби даромад аст. Чун нархи адои ҳаҷ дар кишварҳои ҳамсоя ва Русия аз Тоҷикистон арзонтар буда ва боз шароити беҳтару хубтареро барои ҳоҷиён фароҳам мекунанд.