15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 93

Аз террор ва қатли Умаралӣ Қувватов 10 сол гузашт

0

Аз қатли Умаралӣ Қувватов, бунёдгузор ва раҳбари собиқи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” даҳ сол гузашт.

Марҳум Қувватов шаби 5-уми марти соли 2015 бо зарби тир дар 47-солагӣ дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуда буд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, бегоҳи ҳамон рӯз ин мухолифи ҳукумат ҳамроҳи ҳамсару фарзандонаш ба хонаи Сулаймон Қаюмов барои хӯроки шом даъват шуда буд ва дар ҷараёни он, ҳамаи аъзои хонавода худро бад ҳис карданд ва Қувватов зуд ҳамсару фарзандонашро ба кӯча баровард, то ҳавои тоза гиранд ва барои расидан ба бемористон кӯшиш кунанд. Дертар маълум гардид, ки ғизо заҳролуд будааст ва зану фарзандони марҳумро дар бемористон бистарӣ кард.

Гуфта мешавад, тақрибан соати 22:30, замоне ки онҳо берун аз хона буданд, як шахси ношинос аз қафо ба Қувватов наздик шуда, ба сари ӯ як тир холӣ мекунад, ки дар натиҷа Умаралӣ Қувватов дар ҷои ҳодиса ҷон медиҳад ва қотил фирор мекунад.

Бино ба иттилои мақомоти тафтишотии Туркия, гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон тақрибан се моҳ барои анҷоми ин ҳодиса омодагӣ дида, ҳаракоти Қувватовро пайгирӣ мекарданд.

Сулаймон Қаюмов, мизбон ва нафари калидӣ дар ин сӯиқасд пас аз куштор кӯшиши фирор ба Қазоқистонро кард, вале дар фурудгоҳи он кишвар бо дархости пулиси Туркия боздошт ва ба Истамбул истирдод гардид. Моҳи феврали соли 2016 додгоҳи Истамбул Қаюмовро дар қатли Қувватов гунаҳгор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кард. Ҳамчунин ду нафари дигари ҳамроҳаш боздошт шуданд, вале эҳтимол меравад, ки чанд тани дигар аз омилони ин ҳодиса ба Русия гурехтаанд.

Ба гуфтаи мунтақидони режими имрӯзаи Тоҷикистон, бо вуҷуди ба ҷавобгарӣ кашида шудани қисме аз омилони қатли Қувватов фармоишгарони аслии он, ки дар доираҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд ва аз наздикони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешаванд, бидуни ҷазо монданд.

Ҳатто Қумринисо Ҷабборова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов баъдтар изҳор дошт, ки “бо итминон метавон гуфт, ин корро аъзои хонадони президент, аз ҷумла ҳамон домоди ӯ (Шамсулло Соҳибов), анҷом доданд”.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ин кушторро идомаи силсилаҷиноятҳои сиёсии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи қудрат номида, мегӯяд, ин амали хунин дар хоки кишвари хориҷӣ сурат гирифта, ҳамчун терроризм ё ҳатто терроризми давлатӣ маҳкум гардидааст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон дар гузашта даст доштанашро дар қатли Қувватов рад карда, баръакс, ин мухолифро ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва фаъолиятҳои ифротгароёна муттаҳам карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки Умаралӣ Қувватов, дар гузашта яке аз тоҷирони муваффақ буд ва Шасулло Соҳибов, домоди раисҷумҳур Раҳмон бо ӯ ҳамкорӣ карда, дертар тиҷорати Қувватовро кашида гирифта аст.

Пас аз ин, Умаралӣ Қувватов соли 2012 кишварро тарк кард ва дар Маскав Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дод ва аз сиёсатҳои давлати Эмомалӣ Раҳмон интиқоди сахт мекард. Инчунин ин созмон чанд гирдиҳамоиҳо бо иштироки муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Русия баргузор кард ва сокинони Тоҷикистонро ба як ҳамоиши эътирозӣ дар маркази Душанбе даъват карда буд.

Баъдтар Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2014 фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро манъ ва онро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ дохил кард.

Худи марҳум Умаралӣ Қувватов соли 2013 дар Дубай ва моҳи декабри соли 2014 дар Истанбул бо дархости Тоҷикистон аз тарафи “Интерпол” дастгир шуд, вале ӯро ба Душанбе насупурданд.

Пас аз қатли ӯ ҳамсару фарзандонаш дар яке аз кишварҳои ғарбӣ паноҳанда мебошанд ва пайравонаш дар доираи созмони бунёдкардааш фаъолиятро идома дода истодаанд.

Додситони ҳарбӣ хостори манъи “облава”-и ҷавонон ба артиш шуд

0

Фирдавс Ҳаётзода, додситони навтаъйиншудаи ҳарбӣ гуфта, ки аз қонуншиканиҳо дар даъвати ҷавонон ба артиш ва судури ҳама гуна ҷиноят алайҳи сарбозон пешгирӣ шавад.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-уми марти соли 2025 дар ин бора хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳафтаи пеш ҷаласаи Комиссияи даъватӣ барои мавсими баҳории ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ баргузор шуд. Масъулини Комиссия дар суҳбатҳояшон ба боло бурдани сифати раванди ҷалби ҷавонон ба артиш ва ҳамин тавр қавитар кардани тамомии соҳаҳои артиш таъкид карданд.

Ҳаётзода, додситони ҳарбии навтаъйиншудаи зимни суханрониаш талаб карда, ки аз роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш пешгирӣ ва содиршавии ҳама гуна ҷиноят дар ин самт кам карда шавад.

Бо ин ҳол аз тафсилоти ин пешниҳодот ва тарҳи ба иҷро даровардани пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ ҳангоми ҷалби шаҳрвандони ҷавон ба сафи Қувваҳои муаллаҳи кишвар чизе дастраси расонаҳо нашудааст.

Пешниҳодҳои мушобеҳ аз тарафи масъулон солҳост, ки барои беҳтаркунии раванди ҷалби ҷавонон ба артиш ироа мешавад, вале боз ҳам мақомот бо роҳи “сарбозшикор” ё ҳамон “облава” ҷавоноро дар кӯчаву бозор ва ҳатто назди мактабу донишгоҳҳо боздошт карда, зӯран ба мошинҳо савор карда, мебаранд. Ҳамасола дар мавсимҳои баҳорӣ ва тирамоҳӣ ин масъала яке аз мушкилоти асосии ҷомеа, махсусан ҷавонони ба синни хидмати ҳарбӣ боқӣ мондааст.

Дар Тоҷикистон бо зӯр бурдан ё шабона ба хонаҳо зада даромадани маъмурони комиссариятҳои ҳарбӣ аз роиҷтарин равиши ҷалби ҷавонон ба артиш аст. Ин амали мақомот солҳои ахир аз сӯи ҷомеаи Тоҷикистон ва таҳлилгарону созмонҳои ҳуқуқӣ мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд, аммо мақомот боз ҳам ин равиши худро бо роҳҳои нав ва фишорҳои бештар болои хонаводаҳо идома медиҳанд. Солҳои ахир маъмурони комиссариятҳои ҳарбӣ дар якҷоягӣ бо маъмурони амниятӣ ба хонаводаҳо ва волидайни ҷавонон таҳдид мекарданд, ки агар писарашонро оварда насупоранд, барқашонро хомӯш мекунанд.

Далелҳои саркашии ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ дар артиш, ин хабарҳои нашршуда аз маргу мири сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ, бадрафторӣ ва калонтарсолорию шароити ғайри стандартӣ гуфта мешавад.

Зиёд шудани содироти барқ аз Тоҷикиистон ба хориҷ

0

Мақомоти Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 6,5 млн доллар нерӯи барқ ба хориҷ содир кардаанд.

Бино ба иттилои Агентии омори назди президент, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 баробар бештар будааст.

Гуфта мешавад, ин омор ҳатто аз чанд моҳи соли гузашта низ зиёд буда, дар моҳи октябр интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 3,8 млн доллар, моҳи ноябр – 4,2 млн доллар ва декабр – 6,4 млн доллар сурат гирифта будааст.

Интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба хориҷ дар ҳоле зиёд шуда истодааст, ки сокинони кишвар бо лимити барқ рӯ ба рӯ буда, аз охири моҳи сентябр барои сокинони деҳоти Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳамагӣ 8 соат ва дар баъзе минтақаҳои дурдаст аз ин ҳам камтар барқ дода мешавад.

Аммо мақомоти кишвар лимити барқро дар кишвар ҳамеша ба кам шудани об дар обанборҳо ва ё бештар шудани истифодабарандагони он рабт медиҳанд, вале он бе мамоният ба хориҷи кишвар интиқол меёбад.

Тоҷикистон барқро асосан ба кишварҳои Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон содир мекунад.

Мақомоти кишвар иддао доранд, ки нерӯи барқ ба Афғонистон дар мавсими тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми начандон зиёд ва ба Узбекистон танҳо дар мавсими тобистон интиқол мешавад.

Тибқи оморҳои Вазорати энергетика, аз Тоҷикистон ба хориҷ дар соли 2024 ҳудуди 2,5 млрд киловатт-соат барқ содир шудааст, ки бештар аз ҳама ба Афғонистон – 1 млрд 530,4 млн кВт/соат ба маблағи 705,2 млн сомонӣ, ба Узбекистон ба маблағи 201,2 млн сомонӣ 943,9 млн киловатт-соат ва ба Қирғизистон – 4 млн киловатт-соат нерӯи барқ ба маблағи 428,7 ҳазор сомонӣ барқ содир шудааст.

Нархи ҳар як киловатт-соат нерӯи барқ барои Афғонистон 46 дирам (4,2 сент), барои Узбекистон 21,2 дирам (ҳудуди 2 сент) ва барои Қирғизистон 10,7 дирам (0,98 сент)-ро ташкил додааст.

Ин дар ҳолест, ки арзиши миёнаи таърифаҳои нерӯи барқ дар дохили кишвар 35 дирҳам барои 1 кВт/соат буда, мақомот қасд доранд онро боло баранд.

Наҷоти чанд нафар аз зери барф дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 3-юми марти соли ҷорӣ дар натиҷаи фаромадани тарма дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 7 нафар зери барф монданд.

Гуфта мешавад, ҳодисаи фаромадани тарма рӯзи 3-юми марти соли 2025, соати 15:00 дар километри 68-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рух дод. Дар хабар гуфта шуда, ки наҷоттиҳандагони КҲФ тавонистанд “7 нафарро, ки бо ду мошин аз Хуҷанд ба Душанбе ҳаракат мекарданд, аз зери барфи баланд зинда берун бароранд. Ба осебдидагон ёрии аввалин расонида шуда, ба минтақаи бехавф интиқол дода шуданд.”

КҲФ дар хитоб ба шаҳрвнадон ва меҳмонони кишвар мегӯяд, ки “тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, то 6 марти соли 2025 дар самти Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ (км 62-74) ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.”

Бар ин асос КҲФ аз сокинони кишвар даъват карда, ки аз сафар ва рафтан ба минтақаҳои хавфи тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Қаблан Агентии обуҳавошиносӣ вазъи обу ҳавои кишварро барфӣ ва номусоид арзёбӣ карда, аз шаҳрвандон хоста буд, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд.

Аз саргирии муносибатҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон

0

Сарвазири Қирғизистон Одилбек Қосималиев 4-уми март бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд ва бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди беҳтаркунии равобити дуҷонибаи дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, инчунин мавзуҳои дигари ин мулоқот барқароркунии парвозҳои мустақим байни ду кишвар, вусъатбахшии ҳамкориҳои тиҷорӣ, равобити иқтисодӣ, энергетика ва ҳамлу нақл будааст.

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки чашмандози гардиши молии байни ин ду кишвар то соли 2030 ба 500 миллион доллар мерасонанд.

Сомонаи Девони вазирони Қирғизистон рӯзи 4-уми март хабар дод, ки Қосималиев дар раванди суҳбатҳояш гуфтааст: “Таъкид мекунам, ки Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон ба идомаи ҳамкории муштарак бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушд додани муносибатҳои дуҷониба ва мушоракатҳои иқтисодӣ устувор аст.”

Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар ин мулоқот ҷонибҳо баррасӣ карданд, ин аз саргирии парвозҳои мустақими байни ду кишвар буд. Ин масъала дар гузориши Девони вазирони Қирғизистон чунин омадааст: “Ҳарду ҷониб зарурати аз нав барқарор кардани парвозҳои мустақими байни Қирғизистону Тоҷикистонро омили муҳимми густариши равобити дуҷониба арзёбӣ кардаанд.” Аммо гуфта нашудааст, ки парвозҳо кай аз сар гирифта мешаванд.

Ҳамчунин раванди омодагии ташкили нишасти сеҷонибаи раисҷумҳурони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар ҷараёни ин ҷаласа баррасӣ гардида аст, ки қарор аст 31-уми марти соли ҷорӣ дар Хуҷанд баргузор шавад.

Ёдовар мешавем, ки равобити Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои ахир ба далели муноқишаҳои марзӣ тира гашта буд ва барои рафту омад ва будубоши шаҳрвандон маҳдудиятҳое байни кишварҳо ҷорӣ гардида буд.

Ҷонибҳо пас муноқишаҳои зиёд вориди музокирот ва гуфтугӯҳо шуданд ва ахиран 21-уми феврали соли 2025 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон созишномаи ниҳоии таъйини хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расид.

Ахиран дар парлумони Қирғизистон ҷузъиёти созишномаи таъйиноти марзӣ аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии ин кишвар Қамчибек Тошиев шарҳ дода шуд. Аммо ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҷузъиёти созишнома изҳори назар накардааст.

Амрико кумаҳои низомяш ба Украинаро қатъ кард

0

Расонаҳо бо истинод аз мақомоҳои баландпоияи амрикоӣ гузориш доданд, ки Доналд Трамп ирсоли ҳамагуна кумакҳои низомиро ба Украина боз доштааст.

Бар асоси ин гузориш ва ба нақл аз як мақоми Пентагон, интиқоли таҷҳизоти низомии Амрико, ки феълан дар Украина нест, аз ҷумла силоҳҳое, ки дар роҳи интиқол аз тариқи ҳавопаймоҳо ва киштиҳо ҳастанд ва ё мунтазири ирсоли онҳо дар манотиқи транзитӣ дар Лаҳистон қарор доранд, билофосила қатъ карда мешавад.

Расонаи амрикоии Bloomberg менависад, манъи ирсоли кумакҳои низомии аз ҷониби Трамп то замоне идома хоҳад дошт, ки тарафи Украина барои суҳл бо Русия омода бошад.

Ёдовар мешавем, ки 28-уми феврали соли ҷорӣ дар дохили Кохи Сафед дар Вашингтон мулоқоти Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина бо президенти Амрико Доналд Трамп баргузор гардид ва интизор мерафт, ки дар ҷараёни ин мулоқот созишнома дар бораи истихроҷи маъданҳои Украина ба имзо расад.

Аммо ин мулоқот бо раддубадалҳои доғ дар Кохи Сафед байни Зеленский, Доналд Трамп ва Венс анҷомид ва раисҷумҳури Украина маҷбур шуд Вашингтонро тарк кунад.

Як рӯз пас аз раддубадалҳои сахт миёни президентҳои Украина ва ИМА, Владимир Зеленский ба Лондон сафар кард. Ӯ барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои Аврупо, ки бо мизбонии сарвазири Бритониёи Кабир Кир Стармер баргузор шуд, сафар кард.

Яке аз мавзуҳои нишасти Лондон фишори бештар болои Русия буд ва ба мувофиқа расиданд, ки кумаки низомӣ ба Украинаро идома медиҳанд ва фишору таҳримро болои Русияро бештар мекунанд.

Наздики 10 миллард сомонӣ сармоягузории кишвар дар бахши саноат

0
Oil Refinery, Chemical & Petrochemical plant abstract at night.

Тоҷикистон дар соли 2024 ба ҳаҷми 9.49 миллиард сомонӣ (муодили 871.6 миллион доллар) дар соҳаҳои воридоти таҷҳизоти технологӣ, истеҳсоли маҳсулоту таъсиси корхонаҳои нав сармоягузорӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ин маблағҳо аз сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ пардохт шудаанд.

Тавре Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, сармоягузорӣ дар соҳаҳои мазкур дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 1,62 миллиард сомонӣ бештар мебошад.

Тибқи иттилои вазорат, ин маблағгузорӣ дар бахшҳои гуногун чунин тақсимот шудааст: бахши истихроҷи маъдан – 960,2 миллион сомонӣ (88 миллион доллар), бахши коркард – 1,17 миллиард сомонӣ (107 миллион доллар), истеҳсол ва тақсимоти барқ, газ ва об – 7,36 миллиард сомонӣ (676 ).

Дар маҷмуъ, ҳаҷми истеҳсоли саноатии Тоҷикистон дар соли 2024 ба 53,8 миллиард сомонӣ расида, ки дар муқоиса ба соли гузашта 20 дарсад бештар мебошад.

Рушд дар соҳаи истихроҷи маъдан аз ҳама чашмгиртар буда, 43 дарсад афзоиш ёфтааст, дар ҳоле, ки таъминоти барқ, газ ва кондитсионери ҳаво то 5,7 афзоиш ёфтаанд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар гузориши солонаии худ мегӯяд, 3774 корхонаи саноатӣ то 1-уми январи соли 2025 дар кишвар ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 330 адад бештар мебошад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти кишвар бо ироаи чунин гузоришҳо мегӯянд, сатҳи бекорӣ дар кишвар кам шуда, ҷойҳои кории нав ба шаҳрвандон пайдо мекунанд. Аммо сомонаи “Macrotrends” сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистонро соли 2023 6,80% унвон карда буд, ки тақрибан 2% бештар аз миёнгини ҷаҳонӣ аст.

Нишасти Лондон барои Украина бо чӣ анҷомид?

0

Ҷанҷолҳои лафзии сахти раисҷумҳурони Украина ва Амрико дар Кохи Сафед сархатти расонаҳои дунё қарор гирифта, коршиносон аз паёмадҳои ин гуфтугӯ нигаронанд.

Як рӯз пас аз раддубадалҳои сахт миёни президенти Украина Владимир Зеленский, президенти ИМА Доналд Трамп ва ноиби президенти ИМА Вэнс дар Кохи Сафед, президенти Украина ба Лондон сафар кард.

Дар он ҷо ӯ дар нишасти сарони кишварҳои Аврупо, ки бо мизбонии сарвазири Бритониёи Кабир Кир Стармер баргузор шуд, ширкат кард ва бо шоҳ Чарлз III мулоқот намуд.

Мавзуи аслии ин нишаст, ки рӯзи 2-уми март бо иштирики раҳбари НАТО, вазири хориҷаи Туркия ва аксари раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, баррасии тарҳи хатми ҷанг дар Украина буд, ки ба гуфтаи Кир Стармер тарҳ ба Иёлоти Муттаҳида пешниҳод мешавад ва пас аз он кишварҳои шарик ба татбиқи он шуруъ мекунанд.

Иштирокчиёни нишасти Лондон ба мувофиқа расиданд, ки кумаки низомӣ ба Украинаро идома медиҳанд ва фишору таҳримро болои Русияро бештар мекунанд. Инчунин раҳбарони Аврупо қасд доранд, ки аз ҳамлаи эҳтимолии такрории Русия пешгирӣ кунанд ва барои дифоъ аз Украина “эътилофи хоҳишмандон” таъсис дода мешавад.

Иштирокчиёни нишаст таъкид кардаанд, ки созишномаи сулҳ бо Русия бояд соҳибихтиёрӣ ва амнияти Украинаро кафолат диҳад. Кир Стармер таъкид кард, ки Аврупо дар ҳалли низоъ нақши калидиро ба уҳда мегирад, аммо дастгирии ИМА ҳамчунон зарур аст.

Раиси Комиссияи Аврупо Урсула Фон дер Лейен ин нишастро “қадами муҳим дар роҳи таҳкими амнияти Украина ва Аврупо” номида, Сарвазири Италия Ҷорҷия Мелонӣ гуфт, Аврупо бояд барои сулҳе, ки пойдор хоҳад буд, талош кунад.

Олаф Шолтс, Садри аъзами Олмон таъкид кард, ки НАТО ҳамчунон омили аслии амниятӣ боқӣ мемонад ва Марк Рютте, Дабири кулли НАТО, ки низ дар ин нишаст ширкат дошт, таъйид кард, ки бисёре аз кишварҳои аврупоӣ будҷаи дифоъии худро афзоиш хоҳанд дод ва ин бояд “тавозуни одилона бо Амрико”-ро барқарор кунад.

Сарвазири Лаҳистон Доналд Туск бошад пас аз нишасти сарони кишварҳои аврупоӣ дар Лондон дар сафҳаи X навишт: “Аврупо бедор шуд.” Ба гуфтаи Туск, ширкаткунандагон дар масоили кумак ба Украина, зарурати ҳамкориҳои наздики фароатлантикӣ ва таҳкими марзи шарқӣ якдил буданд.

Дар ин нишаст вазири хориҷаи Туркия Ҳокон Фидон низ ширкат дошт ва ӯ Туркияро ба унвони як майдони музокироти сулҳи Украина ва Русия пешниҳод кард.

Дар поёни ҳамоиш худи Зеленский бо баргузории нишасти матбуотӣ ташаббуси муштараки Стармер ва Макронро мусбат арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки Украина бо вуҷуди фишорҳо қасди гузашти ҳудудиро надорад.

Пас аз ин нишаст раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский бо шоҳи Британиёи Кабир Чарлз III мулоқот намуд. Напӯшидани либоси расмӣ аз ҷониби ӯ таваҷҷуҳи расонаҳора ҷалб кард. Аммо ба фарқ аз Кохи Сафед, ин далел дар Британияи Кабир интиқодҳоро ба вуҷуд наовард.

Ёдовар мешавем, ки 28-уми феврали соли ҷорӣ, дар шаҳри Вашингтон дар Кохи Сафед мулоқоти Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина бо президенти Амрико Доналд Трамп баргузор гардид ва интизор мерафт, ки пас аз он созишнома дар бораи истихроҷи маъданҳои Украина ба имзо расад, то Амрико барои дифоъ аз Украина дар баробари ҳуҷуми Русия ангезаи бештар диҳад.

Аммо ин мулоқот бо раддубадалҳои доғ дар Кохи Сафед байни Зеленский, Доналд Трамп ва Венс анҷомид ва раисҷумҳури Украина маҷбур шуд Вашингтонро тарк кунад.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон чӣ гуна гузашт?

0

Рӯзи 2-юми марти соли 2025 аз соати 6-и субҳ то 20:00 дар кишвар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Тавре хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ дод, имрӯз соати 10 ба вақти маҳаллӣ Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии интихоботро дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ эълон кард.

Раиси КМИР гуфт, дар интихоботи парлумонии кишвар аз рӯйхати ҳизбӣ, ба ҷонибдории Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 2 миллиону 435 ҳазору 541 нафар овоз доданд, ки 51,9%-и овозҳоро ба даст оварда, дар парлумон 12 курсиро соҳиб гашт ва ҳамин тариқ пирӯзи мутлақ ҳизби ҳоким дониста шуд.

Аммо дигар ҳизбҳо, аз ҷумла Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо ба даст овардани 21 дарсади овозҳо 5 курсӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон бо 5,1 дарсади овозҳо 1 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо 12,7 дарсади овозҳо 3 курсӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон бо 5,3 дарсади овозҳо 1 курсиро ба даст оварданд ва намояндагонашон вориди парлумон шуданд. Аммо Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бо 1,9 дарсади овозҳо ҳеч курсие ба даст наовард.

Ба гуфтаи Бахтиёр Худоёрзода, дар интихоботи порлумонӣ 85,3 дарсад аҳолии қобили райъи Тоҷикистон ширкат карда, овоз додаанд.

Масъулини Комиссияи марказӣ ва раъйпурсии кишвар интихоботи вакилонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро анҷомёфта ва шаффоф эълон кард.

КМИР мегӯяд, раванди ин интихоботро 229 нозири байналмилалӣ назорат карданд. Аммо гуфта нашудааст, ки ин нозирон аз кадом созмонҳои байналмилалӣ буданд.

Дар ҳоле мақомот аз вуҷуди нозирони байналмилалӣ иддао мекунанд, ки чанде пеш намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хабар дода буданд, ки мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи надодани аккредитатсия нагузоштанд раванди интихоботро назорат кунанд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ҳеч расонаи мустақиле барои пӯшиши раванди интихоботи дирӯзаи Тоҷикистон ҳузур надошт. Ахиран Радиои Озодӣ бо нашри хабаре иттилоъ дода буд, ки аз ҷониби мақомот барои ҳузур ва пӯшиши интихобот иҷозат дода нашуд.

Рӯзи душанбе як манбаъ бидуни зикри ном ба Azda TV гуфт, “дирӯз дар беморхонаи “Қарияи Боло”-и Душанбе масъулин омада тамоми бемордоронро ба нуқтаи овоздиҳӣ бурданд ва аз рӯи паспорт ному насабҳоро навиштанду худашон дар варақаи овоздиҳӣ шахси мавриди назарашонро интихоб карданду дар сандуқ гузоштанд ва гуфтанд, ки акнун равед.”

Ҳамзамон як манбаи дигар аз ноҳияи Рӯдакӣ низ дар тамоси телефонӣ гуфт, “шоҳид будам, ки як нафар шиносномаҳои зиёдеро дар даст оварда ба як масъули участкаи интихоботӣ дод ва масъул аз номи ҳама худаш овоз медод.”

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, тақаббул дар интихоботҳои президентӣ ва парлумонии Тоҷикистон кори нав нест. Ҳатто замоне ки ҳизбҳои мухолифи фаъол, монанди ҲНИТ ва ҲСДТ дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳузур доштанд ва нозирони созмонҳои байналмилалӣ, монанди САҲА дар дохили кишвар раванди интихоботро назорат мекарданд, боз ҳам садҳо ҳолати тақаллуб фош мешуду дар расонаҳо нашр мегашт, ва аммо Ҳукумат ҳамеша тақаллубро инкор карда ва интихоботҳоро демократӣ ва шаффоф эълон мекард.

RSF хостори раҳоии рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова шуд

0

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” (RSF) бо нашри изҳороте хостори раҳоии фаврии рӯзноманигори тоҷик Рухшона Ҳакимова шуд.

Дар изҳороти ин созмон, ки 27-уми феврали соли ҷорӣ нашр шудааст, Жанна Кавелиер, раиси дафтари Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии RSF, мурофиаи Ҳакимоваро ноодилона ва беасос хонда, маҳкумияти ӯро ба зиндон як бахше аз маъракаи саркӯби хабарнигорони мустақил дар остонаи интихоботи порлумонии рӯзи 2-уми март аз сӯи мақомоти Тоҷикистон номидааст.

Рӯзноманигор ва модари ду кӯдаки хурдсол Рухшона Ҳакимова 16-уми июли соли 2024 дар наздикии манзилаш дар Душанбе аз ҷониби мақомот бидуни ордер боздошт ва 12 соат бе дастрасӣ ба вакили дифоъ нигоҳ дошта шуда буд. Мақомот ҳангоми набудани Ҳакимова дар манзилаш кофтуков гузаронида, таҷҳизот, шиноснома ва кортҳои бонкии ӯро мусодира кардаанд. Ӯ ба хотири доштани фарзанди ширхора то замони содир шудани ҳукм дар ҳабси хонагӣ буд.

Дертар Додгоҳи олии Тоҷикистон 5-уми феврали соли ҷорӣ пушти дарҳои баста Рухшона Ҳакимоваро бо иттиҳоми сохтаи хиёнат ба давлат ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Таъқиби ин рӯзноманигори тоҷикро ба таҳқиқоташ дар бораи нуфузи Чин дар Тоҷикистон ва як қатор мусоҳибаҳо, аз ҷумла бо Саидҷаъфар Усмонзода, вакили собиқи парлумон ва амакаш Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси шинохта, ки ҳоло ҳарду дар доираи парвандаи табадулот барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гаштаанд, рабт медиҳанд.

RSF мегӯяд, ки мақомоти Тоҷикистон тафтишот ва мурофиаи Ҳакимоваро махфӣ ва бо қонуншиканиҳои зиёде гузаронид ва ҳеҷ далеле пешниҳод накардаанд, ки кори ин рӯзноманигор ба амнияти миллӣ таҳдид дошта бошад.

Парвандаи Ҳакимова ягона ҳолати саркӯби рӯзноманигорон дар соли ҷорӣ набуда, моҳи январи соли 2025 сармуҳаррири рӯзномаи “Пайк” Аҳмад Иброҳим ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ин созмони ҳомии рӯзноманигорон мегӯяд барои озодии Ҳакимова талош хоҳад кард ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намудааст, ки ба мақомоти Тоҷикистон барои ҳифзи журналистикаи мустақил дар минтақа фишор оваранд.

Гуфта мешавад, ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 10 хабарнигор бо иттиҳомоти сохта дар зиндонҳо адои ҳукм мекунанд ва сакӯби рӯзноманигорон боис гашта, ки Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии озодии матбуоти RSF дар соли 2024 дар байни 180 кишвари ҷаҳон дар ҷои 155-ум қарор бигирад.