13.9 C
Dushanbe

Муроҷиатномаи пайвандони маҳбусони сиёсӣ

Гурӯҳе аз пайвандони раҳбарони зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома ба унвони намояндагиҳои созмонҳои бо нуфӯзи ҷаҳонӣ ва минтақаӣ дар Душанбе гуфтаанд, ки зиндониҳои онҳо зери хатар қарор доранд.

Матни пурраи ин муроҷиатнома бидуни таҳрир оварда мешавад:

Ба Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ

Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон

Дафатри СММ (UNODC) дар Тоҷикистон

Сафорати ИМА ва дигар сафоратхонаҳо

Мо як гурӯҳ аз пайвандони зиндониёни сиёсӣ аз вазъияти наздикони зиндонии худ дар Тоҷикистон сахт нигарон ҳастем ва фикр мекунем, ки ҷони онҳо дар хатар аст.

Чанд моҳ пештар дар зиндон ҳамроҳ бо муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит як маҳбуси қотилеро ҳамроҳ гузошта буданд, ки боиси эътирози ӯ аз дохили зиндон гардид. Маҳмадалӣ Ҳаит аз он шикоят карда буд, ки зиндонии ҳамбандаш ҳамеша баҳонаҷӯӣ мекунад, ки ӯро эҳсосӣ карда бо ӯ даргир шавад. Маҳмадалӣ Ҳаит аз масъулони зиндон талаб карда буд, ки он қотилро аз ӯ ҷудо созанд ва ҳамроҳаш зиндониёни сиёсиро гузоранд.

Link: Идораи зиндонҳои Тоҷикистон як дархости Маҳмадалӣ Ҳаитро пазируфта, дуи дигарро рад кардааст

Мақомот баъдан ба гунае ин гуфтаҳои М. Ҳаитро таъйид карданд ва гуфтанд, ки обҷӯшонакашро ба ӯ бармегардонанд, вале радиояшро барнамегардонанд, аммо дар бораи инки зиндонии ҳамбанди ӯро ҷобаҷо мекунанд ё не чизе нагуфтанд. Ҳоло хонаводаи ӯ низ ҷонашро дар хатар эҳсос медонанд ва нигаронанд.

Link: Посухи норӯшани вазири адлия дар бораи саломатии Маҳмадалӣ Ҳаит

Link: Нишасти матбуотии Вазорати адлия – Радиои Точикистон | Facebook

Сипас 4 нафар аз зиндониёни сиёсии дигар яъне Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллои Розиқ, Ҳикматулло Сайфуллозода ва Муҳаммадалии Файзмуҳаммад аз зиндон ба се ниҳоди давлатӣ нома навишта, талаб намуданд, ки парвандаи онҳо аз нав дар ҳузури созмонҳои байналмилалӣ ва хабарнигорон дида шавад.

Link: Муроҷиатномаи маҳбусони сиёсӣ ба мақомоти Тоҷикистон

Баъд аз нашри ин нома дар расонаҳо, ба Ҳикматулло Сайфуллозода аз ҷониби як зиндонии қотил Аслиддин Турсунов ҳамла сурат гирифта, Раҳматуллоҳи Раҷаб бо корд таҳдид мешавад.

Link: Ҷузъиёти ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозода дар зиндон

Ба маълумоти манобеъи муътамад дида шуда, ки дар зиндон аз пушти Зубайдуллоҳи Розиқ ва Муҳаммадалии Файзмуҳаммад низ шахсоне назора мекунанд ва қасди зарар расонидан ба онҳоро доранд.

Бинобарин мо фарзандон ва пайвандони ин зиндониёни сиёсӣ аз шумо хоҳиш мекунем, ки барои ҳифзи ҷони падарон ва пайвандони мо бетараф набошед.

Мо аз Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ, Дафатри СММ (UNODC) дар Тоҷикистон дархост мекунем, ки:

– дар зудтарин фурсат аз зиндонҳои Тоҷикистон дидор намуда, аз вазъи саломатии пайвандони мо маълумот пайдо кунанд.

– Шароити будубош ва таъмини онҳо ғазоро аз назар гузаронда, бо онҳо дар ин бора суҳбати хусусӣ анҷом диҳад.

– Шароити оби ошомиданӣ зиндони нав дар шаҳри Ваҳдат ро назорат намуда, ҷавобгӯ будан ё набудани шароити ин зиндонро барои нигаҳдории зиндониён баррасӣ намоянд.  

Мо хабардор ҳастем, ки 20-уми феврали соли 2020 дар Душанбе СММ (UNODC) як чорабиние баргузор карда, баҳри супоридани таҷҳизоти нави амниятӣ барои низоми зиндонҳои Тоҷикистон ба маблағи 287 000 долар кумак расонд. Инчунин дар ин чорабинӣ сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мансурҷон Умаров ширкат варзида гуфта буд:

Link: “Вазифаи мо ҳифзи амният ва таъмини эҳтироми шаъну шарафи шахсоне мебошад, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд.”

Ҳамчунин аз Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал, ки раҳоии ин зиндониёнро аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буд, тақозо дорем, ки барои амалӣ шудани ин дархосташон ба ҳукумати Тоҷикистон фишор биёранд.

Мо фарзандон ва пайвандони ин зиндониёни сиёсӣ эълон мекунем, ки ҷони онҳо дар хатар буда, масъулияти ҳар амали зиддиинсонӣ алайҳи онҳо бар души Эмомалӣ Раҳмон, Саймумин Ятимов, Рамазон Раҳимзода ва Мансурҷон Умаров мебошад. Мо барои чунин амалҳо талаб мекунем, ки ин афрод ба руйхати таҳримҳои созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод карда шаванд.

Дар охир аз шумо дархост мекунем барои шарҳи бештари вазъияти зиндониҳои сиёси дар Тоҷикисон мулоқоти моро бо масъулини марбута дар ин замина фароҳам намоед.

Бо эҳтиром, пайвандони зиндониёни сиёсӣ;

Фирӯзи Ҳаит, фарзанди Маҳмадалии Ҳаит

Шуҳрати Раҳматулло, фарзанди Раҳматуллои Раҷаб

Ҳисомиддин Розиқов, фарзанди Зубайдуллоҳи Розиқ

Фароғат Сангинова, ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода

Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ, фарзанди Сайдумар Ҳусайнӣ

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.