13.9 C
Dushanbe

Номаи саркушода ва тундлаҳни ПМТ ба СММ ва кишварҳои кафили сулҳ

Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи гурӯҳе аз ҳизбу ҳаракатҳои мухолифи дар хориҷбуда, бо ирсоли номаи саркушода ба СММ ва кишварҳои кафили сулҳ аз онҳо ҷиддан талаб намудааст, ки пеши роҳи ҷинояткориҳои Эмомалӣ Раҳмонро бигиранд.

ПМТ дар пай қатлу боздошти шаҳрвандон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби мақомоти интизомии кишвар, аз Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ва кишварҳои кафили сулҳ (Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Тукманистон, Қирғизистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон) талаб намудааст, ки ба тааҳҳудоти худ ба таври ҷидди амал анмуда, пеши роҳи ҷинояткориҳои Эмомалӣ Раҳмонро бигиранд.

Дар изҳороти ПМТ гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон бад аз имзои сулҳ ба бандҳои он амал накард ва аҳдшиканӣ намуда, раҳбарони Иттиҳоди Нерӯҳои Опозитсияи Тоҷик (ИНОТ), ба хусус раҳбарони ҲНИТ ва дигаронро боздошту зиндонӣ намуд.

“Бале, ҳамаи ин иттифоқоти талх дар пеши чашмони Шумо – зоминҳо иттифоқ афтод ва Шумо мутаассифона вокунише ба онҳо накардед. Балки баръакс аҳёнан бар ИНОТ фишор ворид кардед, ки шартҳои Эмомалӣ Раҳмонро бипазирад.”, омадааст дар изҳорот.

Дар идома гуфта мешавад, ки хомӯшии кишварҳои кафили сулҳ ва маҷбур сохтанҳои ИНОТ, ки ба хостаҳои Раҳмон розӣ шаванд, сабаб шуда, ки ӯ даст ба ҷиноёти бештар бизанад.  

ИДОМАИ МАТЛАБРО ДАР МАТНИ КОМИЛИ НОМАИ САРКУШОДАИ ПМТ БИХОНЕД:

Номаи саркушода

ба Созмони Милали Муттаҳид,

ба кишварҳои зомини “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”: Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон,

аз тарафи Паймони Миллии Тоҷикистон, эътилофи аҳзоб ва гурӯҳҳои опозитсияи Тоҷикистон.

Олиҷанобон!

Бо арзи дуруд,

Огоҳед, ки дар моҳи июни соли 1997 бо миёнҷигарии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва кишварҳои дар боло зикршуда, миёни ҳукумати Тоҷикистон ба риёсати Эмомалӣ Раҳмон ва Иттиҳоди Нерӯҳои Опозитсияи Тоҷик (ИНОТ) ба раҳбарии марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид.

Ва ҳамчунин, Шумо ба унвони зомини иҷрои муҳтавои ин санади байналмилалӣ, нек огоҳед, ки ИНОТ барои таҳаққуқи сулҳ ва барқарории оромиш дар кишвари азизамон, нерӯҳои мусаллаҳи худро водор ба гузоштани силоҳ ба замин ва фармонбардорӣ аз тамоми он чи ҳукумат ва раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад, намуд. Ва низ ҳамаи шартҳои ҳукумат аз ҷумла, бақои Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон то як муддати замониро пазируфт, то бо фароҳам шудани заминаи мусоид, ҳам интихоботи порлумон ва ҳам интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ба сурати озод ва шаффоф ва бо назорати тамоми атроф яъне ҳам ИНОТ ва ҳам кишварҳои зомин баргузор ва мунтахабони мардум дар порлумон ва низ дар раъси ҳукумати Тоҷикистон қарор бигирад.

Вале бо камоли таассуф, Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба муҳтавои созишнома амал накард, балки баъд аз гузаштани замоне кӯтоҳ, шурӯъ ба ҳазф ва аз байн бурдани раҳбарон ва афроди вобаста ба ИНОТ намуд. Ва на танҳо нерӯҳои опозитсияро, балки ҳамразмҳо ва ҳамроҳони худ аз “Фронти халқӣ”-ро низ, ки дар воқеъ ӯро ба қудрат расонда буданд, аз байн бурд. Инҳо ҳама мустанад аст ва дар расонаҳо омада ва мо дар ин нома ба хотири тӯлонӣ нашудан, фақат ба ишора ба куллиёти он ҳодисаҳои талх басанда кардем. Ва итминон дорем, Шумо – кишварҳои зомини иҷрои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон”, ба онҳо огоҳед.

Бале, ҳамаи ин иттифоқоти талх дар пеши чашмони Шумо – зоминҳо иттифоқ афтод ва Шумо мутаассифона вокунише ба онҳо накардед. Балки баръакс аҳёнан бар ИНОТ фишор ворид кардед, ки шартҳои Эмомалӣ Раҳмонро бипазирад. Ин мавқеъи шумо, хусусан мавқеъи кишварҳои таъсиргузор мисли Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба Эмомалӣ Раҳмон ин боварро дод, ки ҳар коре, ки дилаш мехоҳад, бикунад. Ӯ итминон намуд, ки аҳаде монеъи сари роҳи ӯ дар ҳазфи рақибонаш аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон намешавад, балки баръакс ба ин корҳои вай розӣ ҳастанд.

Саранҷом, дар соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон ва як иддаи ангуштшумор аз ҳамроҳонаш, протоколи сиррии маъруф ба 32-20-ро, ки алорағми иродаи Раҳмон расонаӣ шуд, пазируфт. Эмомалӣ Раҳмон дар ин санади нангин дар воқеъ нақшаи роҳи ҳазфи куллии рақибони худ аз матни ҷомеаи Тоҷикистонро тарсим кардааст. Бар асоси ҳамин санад буд, ки аввал фаъолияти ҲНИТ-ро – ки ҳизби асосӣ ва меҳварӣ дар ИНОТ буд – манъ ва сипас раҳбарон ва аъзои онро бидуни анҷоми муҳокимаи одилона вориди зиндон кард. Ва аҷибаш он аст, ки на танҳо раҳбарон ва фаъолони ҲНИТ-ро, балки вакилони мудофеъи онҳоро низ ба зиндон афканд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин ҷиноятҳоро фақат ба хотири тазмини бақои худ бар қудрат ва низ меросӣ кардани он ва нишондани яке аз фарзандонаш бар арши ҳукмронӣ дар Тоҷикистон намуд. Такрор мекунем, ҳамаи ин ҷиноятҳо дар пеши чашмони шумо – кишварҳои зомини сулҳ дар Тоҷикистон ва бо огоҳии комили шумо сурат гирифтанд ва Шумо ҳеч чизе нагуфтед.

Охирин коре, ки ба назари Эмомалӣ Раҳмон анҷоми он барои тазмини меросӣ ва хонаводагӣ кардани қудрат дар Тоҷикистон зарурат дошт ва монеъ аз таҳаққуқи орзуҳояш буд, ин таслими бе чуну чарои мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) аст. Ва бо ин ки мардуми ин минтақа қонунмадортарин мардуми Тоҷикистон буда ва саъй кардаанд, тамоми ҳаракоту саканоташон дар чорчӯби Қонуни асосии Тоҷикистон бошад ва асосан, фарҳанги қонунмадорӣ бо хуну пӯсту ин мардум аҷин аст, бо ин ҳама, Раҳмон ба онҷо ҳамлаи низомӣ кард.

Тибқи ахбори расмӣ, дар амалиёте, ки дар ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар ин минтақаи амн ва осоишта анҷом дод, 21 кас кушта ва садҳо нафари дигар захмӣ шудаанд. Бино бар ахбори расонаҳо, шумори воқеии қурбониён зиёд аст. Тибқи гузоришҳо, вазъият дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ пас аз он печида шуд, ки гурӯҳе аз сокинон ба кӯчаҳо баромада, роҳи низомиёнро аз Душанбе ба самти Хоруғ бастанд. Мақомот дар таърихи 18-уми май гуфтанд, дар онҷо амалиёти “зиддитеррористӣ” мегузаронанд ва норозиёнро ба доштани силоҳу муҳиммот муттаҳам карданд. Бар пояи ахбор, мардум мегӯянд, ҳеч аслиҳае надоштанд ва ба пуштибонии ҳуқуқи худ ва пешгирӣ аз даргирии бештар дар Хоруғ роҳро бастанд. Мардум мегӯянд, онҳо “зери тарсу фишори равониянд ва бештар барои пайдо кардани наздиконашон мушкилӣ доранд.” Дар рӯзҳои амалиёт даҳҳо нафар боздошт шуданд ва наздиконашон аз сарнавишти онҳо дарак надоранд. Азбаски ҳамчунон интернет нест ва алоқаи мобилӣ ҳам дуруст кор намекунад, сокинон аз хориҷи кишвар барои тамос бо пайвандон мушкил доранд.

Лозим ба зикр аст, ки дар тирамоҳи соли пешин (2021) низ нерӯҳои вобаста ба Раҳмон 3 шаҳрванди ин минтақаро кушт ва 17 нафарро захмӣ намуд.

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ба унвони меросбари ИНОТ, аз кишварҳои зомини иҷрои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон” ва ба хусус Созмони Милали Муттаҳид (СММ), тақозо мекунад, ба таъаҳҳудоти худ амал ва монеъи идомаи наслкушии Раҳмон ва ҷиноятҳои ӯ шаванд.

Мо ба сурати ҷиддӣ аз тарафҳои зомин тақозо мекунем, ин бор танҳо ба “тавсия” ва “содир кардани баёния” ва “изҳори таассуф” аз он чи дар кишвари азизи мо, Тоҷикистон дар ҳоли вуқӯъ аст, басанда накунанд, балки бо иқдомҳои амалӣ монеъи идомаи фоҷеа дар Тоҷикистон шаванд.

Ба умеди пирӯзии ақл ва мантиқ!

Бо ташаккур,

Паймони Миллии Тоҷикистон

21.05.2022

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.