15.9 C
Dushanbe

Уфти доллар дар баробари сомонӣ

Дар Тоҷикистон қурби доллари амрикоӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ тақрибан 2,5 дарсад поин фаромадааст.

24-уми майи соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон арзиши доллари амрикоӣ дар баробари пули миллӣ-сомониро 30 дирам поин бурда, 1 долларро баробар ба 11,80 сомонӣ таъйин кард. Дар ҳоле, ки арзиши 1 доллари амрикоӣ як рӯз пеш баробар ба 12,10 сомонӣ буд.

Қурби евро низ тағйир карда, аз 12,78 сомонӣ барои 1 евро то 12,57 поин рафтааст.

Аммо дар чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон қурби рубли русӣ дар баробари пули сомонӣ тақрибан 3,5 дарсад боло рафта, арзиши ҳазор рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 172,5 сомонӣ муқаррар шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон, ки таъйинкунандаи қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аст, то ҳол дар бораи уфти доллар дар баробари сомонӣ изҳори назар накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.