16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 144

Вазири адлия гуфт, эълони афви зиндониён дар салоҳияти ӯ нест

0

6-уми августи соли ҷорӣ вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён зимин нишатси матбуотии ниҳоди зери раҳбарияш аз эълони авфи зиндониён изҳори бехабарӣ кард.

Музаффар Ашуриён дар мавриди сару садоҳо дар барои афви зиндониён, ки гуфта мешвад, ба муносибати 30-солагии Сарқонуни кишвар бояд амалӣ шавад, гуфт, масълаи афви зиндониён ин ваколати истисноии раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ҳар вақт раисҷуҳур бихоҳад, лоиҳаи афв омода ва амалӣ мешавад. Вазир таъкид кард, ки ин масаъла ба Вазорати адлия марбут нест.

Ин дарҳоле аст, ки қаблан расонаҳо аз “афви тиллоӣ” гузориш дода буданд. Хабаргузории “Бомдод” ба нақл аз манобеи худ гуфта буд, қарор аст ба муносибати “Рӯзи Сарқонун” ва ҳамзамон зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, ки 5-уми октиябр аст, ин афв амалӣ шавад.

Гуфта мешавад, дар сурати қабули қонуни афв 15 то 20 ҳазор зиндонӣ шомили он мешаванд маъмулан касоне шомили афв мешаванд бо ҷурмҳои сабук зиндони шудаанд мушахснест   ки оё зиндониёни сиёси ва рузноманигор шомили ин афв мешавнд ё не.

Дар ин нишаст, инчунин Музаффар Ашуриён дар масълаи ислоҳот дар зиндонҳои кишвар суҳбат карда, ба саволи рӯзноманигорон дар мавриди ислоҳот дар зиндонҳо гуфт: “Ислоҳот пеш аз ҳама дар самтҳои ислоҳкардани маҳкумшудаҳо, ба вуҷуд овардани шароити мусоиди меҳнатӣ ва маишӣ, сохтани зиндоҳои нав ва таъмири зиндонҳо, ба ҷои кор таъмин кардани маҳкумшудаҳо идома дорад.”

Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҳоле аз ислоҳот ва беҳбуд ёфтани шароити зиндонҳо ва зиндониён суҳбат кард, ки шикоятҳо аз шароити бад ва тоқатфарсо будани зиндоҳои кишвар хеле зиёд аст. Ба гуфтаи бархе наздикони зиндониён, масъулини кишвар ҳамеша аз беҳбуди шароит дар зиндонҳо мегӯянд, аммо воқеият тамоман дигар аст. Ҳатто хӯроку пӯшоки зиндониён ва дору барои дармони онҳоро хонаводаҳояшон таъмин мекунанд.

Дархости Фаластин барои боздошти як вазири Исроил

0

Вазорати корҳои хориҷии Фаластин аз Додгоҳи Ҷиноии Байналмилалӣ хост ҳукми боздошти вазири молияи Исроил Безалел Смотричро содир кунад.

Имрӯз панҷшанбе, 8-уми август Вазорати корҳои хориҷии Фаластин бо нашри изҳороте дар баробари дархости боздошти вазири молияи Исроил аз Додгоҳи Ҷиноии Байналмилалӣ, ҳамчунин аз ҳама кишварҳои дунё талаб кард, ки аз вуруди ӯ ба хоки худ пешгирӣ кунанд.

Ин ниҳоди фаластинӣ дар изҳороташ мегӯяд, боздошти Смотричро ба хотири изҳороташ, ки гуфт, “бо роҳи гурусна нигоҳ доштан 2 миллион аҳолии Ғазза бояд кушта шаванд”, дархост кардааст. Ба гуфтаи ВКХ Фаластин, изҳороти вазири исроилӣ “баёнгари эътирофи ошкор аз сиёсати наслкушӣ ва ифтихор аз он аст.”

ВКХ Фаластин мегӯяд, изҳороти вазири исроилӣ баёнгари нақзи сареҳ ва поймол кардани тамоми қонунҳои байналмилалӣ дар мавриди ҳуқуқҳои асосии инсонӣ буда, инчунин беарзиш нишон додани ин қавонини байналмилалӣ, ки ҳимояти аҳолии осоишта ва таъмини иҳтиёҷоти зарурӣ ва инсонии онҳоро ҳатмӣ мешуморад, мебошад.

5-уми августи соли ҷорӣ вазири молияи Исроил Безалел Смотрич зимни нишасте гуфт, ки “Моро касе намегузорад 2 миллион аҳолии Ғаззаро аз гуруснагӣ бикушем, агар асирони мо онҷо намешуданд, куштани аҳолии Ғазза айни адолат буд.”

Пас аз ин изҳорот аксари кишварҳои дунё онро маҳкум карданд. Аз ҷумла, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Ҷозеф Боррел дар изҳороте гуфтаҳои Смотричро маҳкум кард ва таъкид намуд, ки баёнияи вазири исроилӣ пой гузоштан рӯи тамоми қавонини байналмилалӣ аст. Боррел афзуд, ки “амдан гурусна нигоҳ дштани аҳолии осоишта ҷинояти ҷангӣ ба шумор меравад.”

Ҳамзамон Фаронса 7-уми август бо нашри изҳороте аз ҳукумати Исроил талаб кард, ки баёнияи Смотричро маҳкум кунад ва бигузорад кумакҳои инсонӣ ба 2 миллион сокини Ғазза, ки дар муҳосираи сахт қарор доранд, бидуни менаегузорӣ расонда шавад.

Гуфта мешавад, аз оғози ҷанг дар Навори Ғазза, ки беш аз 9 моҳ аст идома дорад, то кунун мувофиқи омори расмии Вазорати беҳдошти Фаластин, 36 ҳазору 699 нафар кушта шудаанд, ки 70 дарсади онҳоро кӯдакону занон ташкил медиҳанд.

Мувофиқи гузориши ин ниҳод, танҳо дар 24 соати гузашта, нерӯҳои Исроил дар Навори Ғазза 4 ҳамлаи густарда анҷом доданд, ки дар натиҷа 22 нафар кушта ва 77 нафари дигар захмӣ шудааст.

Бемории Зубайдуллоҳи Розиқ дар зиндон ва талаби озодии ӯ

0

Зубайдуллоҳи Розиқ, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як ҳафта боз дар бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат бистарӣ аст. 

Радиои Озодӣ дар истинод ба як намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазо навиштааст, ки ин зиндонии сиёсиро барои хуруҷи бемории дилаш дар бемористон бистарӣ карданд, на барои фишору азият.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ҳоло ин рӯҳонии 80-сола зери назорати пизишкон буда, наздиконаш аз аҳволи ӯ хабар мегиранд.

Пайвандони Зубайдуллоҳи Розиқ бемории қалб доштани ӯро то замони боздошташ тасдиқ карда гуфтаанд, ки ин маҳбуси сиёсӣ дар соли 2015 як дафъа дилашро табобат карда буд.

Дар ҳамин ҳол Ҳисомиддини Зубайдуллоҳ, писари Зубайдуллоҳи Розиқ дар суҳбат бо Azda.tv бистарӣ шудани падарашро дар бемористон тасдиқ карда гуфт, яке аз бародаронаш, ки дар Тоҷикистон аст, доруҳои заруриро бо машварати пизишкон ба падараш мерасонад.

Инчунин Ҳисомиддин гуфт, ки мехоҳад бо назардошти солхӯрдагӣ ва бемории қалб доштани падараш ба мақомот, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон нома навишта, озодии пеш аз муҳлати ин маҳбуси сиёсиро дархост кунад.

Гуфта мешавад, Зубайдуллоҳи Розиқ ҳамроҳи дигар маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла Раҳматуллоҳи Раҷаб, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ва Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ҳанӯз соли 2021 дар номае аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хоста буданд, ки барои бозбинии парвандаашон “дар ҳузури коршиносону нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ” мусоидат кунад, вале ба ҷойи посухи мусбат ин маҳбусони сиёсиро болояшон фишор оварда, дар утоқи ҷаримавӣ ҷой карда буданд.

Дар пайи расонаӣ шудани хуруҷи бемории қалби Зубайдуллоҳи Розиқ, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикиситон бо нашри изҳороте аз мақомоти кишвар хостааст, ки ин маҳбуси сиёсиро дар зудтарин замон озод кунанд, то таҳти муроқибати вежаи пизишкон қарор бигирад.

Дар изҳороташ КШНГЗС аз он нигаронӣ кардааст, ки ба далели саҳлангории кормандони зиндон сарнавишти Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад бо Зубайдуллоҳи Розиқ боз такрор нашавад.

Гуфта мешавад, Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар умри 65-солагӣ, ки дар шароити хеле бад дар маҳбас нигаҳдорӣ мешуд ва аз бемориҳои қанду фишорбаландӣ ва қалб ранҷ мекашид, рӯзи 26-уми июли соли 2024 дар зиндони шаҳри Ваҳдат аз олам даргузашт.

Ёдовар мешавем, ки Зубайдуллоҳи Розиқ ҳамроҳ бо 12 узви дигари Раёсати олии ҲНИТ моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби мақомотт Тоҷикистон боздошт ва бо иттиҳомҳои сохта барои 25 сол равонаи зиндон гардид.

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии беқайду шарти ӯ ва ҳамраҳонашро хоста буданд, аммо мақомот ин талаби созмонҳоро ҳамеша нодида гирифтааст.

Ҷамъияти Афғонистон ба 36 миллион нафар наздик мешавад

0

Мақомоти омори Толибон мегӯянд, ки теъдоди нуфуси сокинони Афғонистон ба 36 миллион нарафар наздик мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, 7-уми августи соли 2024, Исматуллоҳ Ҳакимӣ, муовини идораи миллии омори Афғонистон дар ҳукумати Толибон ба расонаҳо гуфтааст, ки теъдоди сокинони ин кишвар ба 35 миллиону 800 ҳазор нафар расидааст.

Ба қавли манбаъ, аз ин ҳисоб, 1,5 миллон нафар сокинони ин кишварро кӯчиҳо ташкил медиҳанд, 9,2 миллион нафар ҳам дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд ва боқӣ 25 миллион нафари дигар деҳнишин буда, дар рустоҳо зиндагӣ мекунанд.

Исматуллоҳ Ҳакимӣ, муовини идораи миллии омори Афғонистон, ки дар бораи кори як соли ахири ин ниҳод гузориш медод, гуфтааст, ки “аз ин теъдод 18,2 миллион нафар мард ва боқӣ 17,6 миллион нафар ҳам зан мебошанд.

Толибон, ки Афғонистон зери парчами Иморати исломӣ фаъолиятҳои худро идома медиҳанд, баъд аз 20 соли ҷанг бо нерӯҳои хориҷӣ таҳти раҳбарии Амрико ва НАТОН 15-уми августи соли 2021 дубора дар Афғонистон ба қудрат расиданд. Бо гузашти се сол ҳеч кишваре дар дунё ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Аммо тамоми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва аз ҷумла ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон бо онҳо робитаҳои дипломатӣ, сиёсӣ ва тиҷоратии густурдае барқарор кардаанд.

Кумаки 21 миллионии БРО ба Тоҷикистон

0

Бонки Рушди Осиёӣ (БРО) барои бозсозии нерӯгоҳи обӣ-барқии “Сарбанд” қарзи бебозгаршт ҷудо кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Бонки Рушди Осиёӣ (БРО) барномаи гранти 21 миллион доллариро ҳамчун маблағгузории иловагӣ барои афзоиши таъминоти энергияи барқароршаванда дар Тоҷикистон тасдиқ кардааст.

Ба қавли манбаъ, Евгений Жуков, Директори генералии БРО барои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ гуфтааст, ки ин маблағҳо барои бозсозии нерӯгоҳи обӣ-барқии Сарбанд дар вилояти Хатлон ҷудо шудаанд. Ва ин “дастгирии БРО амнияти энержии минтақавиро беҳтар мекунад, ки ба рушди иқтисодии фарогир, устувор ва рушди мувозини минтақавӣ мусоидат мекунад.”

Бонки Рушди Осиёӣ бо нашри хабарномае таъкид кардааст, ки ин маблағҳо ба хотири бозсозии агрегати рақами 4-уми нерӯгоҳии обӣ-барқии “Сарбанд” ихтисос дода шудаанд. Агрегати 4-уми ин нерӯгоҳ дар соли 2019 аз кор монд ва он ҷузъи лоиҳаи соли 2013, ки БРО онро маблағгузорӣ карда буд, намебошад.

Гуфта мешавад, Бонки Рушди Осиёӣ аз соли 2013 то кунун барои бозсозии 5 агрегати нерӯгоҳи обӣ-барқии- Сарбанд 136 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардааст. Баъд аз бозсозии он, иқтидори тавлиди нерӯи барқ дар нерӯгоҳи обӣ-барқии “Сарбанд” аз 240 мегаватт дар соли 2012 ба 274 мегаватт то соли 2026 афзоиш меёбад.

Тоҷикистон дар соли 1998 ба БРО ҳамроҳ шуд. Дар тӯли 26 сол, ин бонки байналмилалӣ ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла инфрасохтори стратегияи роҳ ва энержӣ, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, рушди шаҳрӣ, идоракунии бахши ҷамъиятӣ ва молия бо маблағи умумии зиёда аз 2,6 миллиард доллар, ки беш аз 2 миллиард доллари он дар шакли грантҳо ба Тоҷикистон кумак кардааст.

Сел дар Бадахшон хона ва роҳҳоро хароб кард 

0

Рӯзи 4-уми август бар асари омадани сел дар деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сокинон зарари ҷиди диданд.

Наворҳое, ки аз ин ҳодиса дар интернет нашр шудааст, дида мешавад, селу лой вориди хонаҳои мардум шуда, роҳҳои мошингард хароб гаштааст.

Бино ба иттилои расмӣ, хушбахтона, сел талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст. Аммо дар натиҷаи ин ҳодиса 8 гектар замини кишти картошка пурра аз байн рафтааст. Сабаби омадани сел “якбора гарм шудани боду ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва обхезӣ дар рӯдхонаи Зугванд” унвон шудааст.

Зодагони Бадахшонн дар Фейсбук аз сари вақт ба мардуми зарадида кумак нарасонданӣ мақомот  шикоят карданд.

Чила Сулаймоншоева дар Фейсбук бо гузоштани чанд видео аз ҷои ҳодиса аз муҳочирон даъват карда, ки ба зарардидагони сел дар ноҳияи Ишкошим кумак кунанд. Ӯ инчунин навиштааст, ки як қисми зарардидагон бе ҷойи хоб мода, ниёз ба кумак доранд.

Ин дар ҳоле аст, ки Дафтари матбуоти Ҳукумати ВМКБ 6-уми август дар саҳфаи фейсбукияш хабар дод, ки раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва як комиссия дар ҷойи ҳодиса қарор дорад ва инчунин зарардидагон баҷои амн итиқол дода, ба хӯроки гарм таъмин шудаанд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола ҳодисаҳои нохӯши табиӣ рух медиҳад. Имсол минтақҳои гуногуни кишвар шоҳиди омадани селҳои зиёд буданд, ки дар натиҷаи он даҳҳо манзили сокинон ва иншооти иҷтимоӣ осеб диданд. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, офатҳои табиӣ дар шаш моҳи аввали соли 2024 барои Тоҷикистон қариб 131 миллион сомонӣ (12 миллион доллар) зарар расондаанд.

Раҳбари ҷадиди ҲАМОС кист?

0

Ҷунбиши ҲАМОС рӯзи сешанбе, 6-уми август бо судури баёнияе ҷойниши ҷадиди Исмоил Ҳания, собиқ раҳбари сиёсии ин ҷунбишро эълом кард.

Шӯрои раҳбарии ҲАМОС дар баёнияи худ Яҳё Синворро, ки аз раҳбарони аршади ин ҳаракат буд ва Исроил ӯро мағзи мутафаккир ва идоракунандаи асосии ҷанг дар Ғазза медонад, раҳбари сиёсии худ интихоб кард.

Гуфта мешавад, пас аз террори Исмоил Ҳания, собиқ раҳбари ин ҷунбиш, ки дар Қатар зиндагӣ мекард ва ҳафтаи гузашта барои иштирок дар маросими савгандёдкунии раисҷумҳурии тозаинтихоби Эрон Масъуд Пизишкиён ширкат кард, кушта шуд.

Эрон террори Ҳанияро кори дасти Исроил унвон кард, вале Исроил то ҳанӯз инро расман на рад ва на тасдиқ кардааст.

Исроил Яҳё Синворро “хатарноктарин” раҳбари ҲАМОС эълон карда буд ва барои террори ӯ садҳо ҳазор доллар мукофот таъйин кардааст. Баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки интихоби Синвор ҳамчун раҳбари сиёсии ин ҷунбиш дар ин вақти ҳассос паёмҳои бузурге ба Исроил дошт. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, Исроил Ҳанияро “раҳбари мутътадил” медонист, акнун бо раҳбари шадидтаре мувоҷеҳ хоҳанд шуд ва шахсест, ки аз Ҳания дида ба маротиб дар умури сулҳ ва ҷанг шадидтар аст. Ва паёми дигари интихоби Синворро таҳлилгарон “баёнгари устувории муқовимат дар дохили Ғазза” медонанд.

Шиддат гирифтани хушунат алайҳи муҳоҷирон дар Британияи Кабир

0
ROTHERHAM, ENGLAND - AUGUST 4: Anti-migration protesters are seen during riots outside of the Holiday Inn Express in Manvers, which is being used as an asylum hotel, on August 4, 2024 in Rotherham, United Kingdom. Yesterday saw widespread violence as Far-right agitators in Liverpool and Manchester rioted and looted shops. Police were attacked and injured and dozens of arrests were made. (Photo by Christopher Furlong/Getty Images)

Гурӯҳҳои ростӣ ифротӣ дар Британияи Кабир мавҷи хушунатҳои нажодпарастона бар зидди муҳоҷиронро дар аксар шаҳрҳои ин кишвар ба вуҷуд овардаанд.

Ба гузориши расонаҳо, ин гурӯҳҳои ифротӣ бар иловаи даст задан ба амалҳои хушунатомез зидди муҳоҷирон ҳамчунин бо пулис даргир мешаванд ва ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва фурӯшгоҳҳо ҳамла мекунанд ва ҳатто аксари ҷойҳоро оташ мезананд.

Пулис мегӯяд, дар ин қазияиҳо то кунун 400 нафарро дастгир кардааст, аммо онҳоро на ба иттиҳоми иқдомоти террорситӣ, балки ба “харобкорӣ” муттаҳам карданд, ки бо ҷарима раҳо мешаванд.

Ба гузориши “Skynews”, шаби душанбе, 4-ум ба 5-уми августи соли равон гурӯҳе аз ростгароёни ифротӣ дар шаҳри Белфасти Ирландияи Шимолӣ як нуқтаи фурӯши сӯзишвориро оташ заданд ва ҳамзамон дар шаҳри Плимути Британия ин гурӯҳ баъд аз харобкориҳои зиёд бо пулиси ин шаҳр даргир шуданд.

Дар ҳамин ҳол гурӯҳи дигаре, ки худро мухолиф ва зиддифашистӣ меноманд, низ дар шаҳрҳои мухталиф дар баробари ростагароёни ифротӣ сафороӣ карда, даргириҳо байни ин ду гурӯҳ шиддат мегирад.

Ихроҷи 17 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия

0

Мақомоти Русия дар ним соли аввали соли ҷорӣ 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро аз хоки ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Гулнора Ҳасанзода, вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 6-уми август зимни нишасти матбуотӣ яке аз сабабҳои ихроҷи муҳоҷиронро риоя накардани қонунҳои Русия гуфт.

Аммо аксари муҳоҷирон тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди доштани ҳуҷҷатҳои лозима ва вайрон накардани қонуну қоидаҳои ин кишвар, мақомоти рус болояшон фишор меоваранд ва беасосу барқасдона онҳоро дастгир ва аз ин кишвар иҳроҷ мекунанд.

Ба фарқ аз хонум Ҳасанзода, Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон фишору таъқиб ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷикро талошҳои Русия барои таъмини амният гуфта буд ва таъкид карда, ки он мавқеи расмии мақомоти Русия нест.

Ин дар ҳоле аст, ки Хадамоти давлатии амнияти Федеролӣ, порлумон, Кумитаи тафтишот ва пулиси Русия батакрор аз танзими муҳоҷират, ихроҷи муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба ватанашон ва ё бо фишор ҷалб кардани онҳо ба ҷанги Украина сухан мегӯянд.

Тибқи оморҳои ғайрирасмӣ, дар Русия беш аз 2 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва бо вуҷуди фишор ва хатари ҷалб ба ҷанг дар Украина ҳамарӯза садҳо зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии ин кишварро мегиранд.

Лағви раводид байни Тоҷикистон ва Эрон

0

Низоми рафту омадани бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон байни ду кишвар оғоз мешавад.

Рӯзи сешанбе, 6-уми августи соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки шуруъ аз 10-уми августи ҳамин сол, барномаи рафту омади шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон ба кишварҳои ҳамдигар бидуни доштани раводид ба ҳукми иҷро медарояд.

Ба қавли манбаъ, “дар асоси Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид “барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.”

Гуфта мешавад, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир “амалишавии низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне роҳандозӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.”

Имзои Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи бекор кардани низоми раводид байни ду кишвар 8-уми ноябри соли 2023 дар замони Иброҳим Раисӣ, президенти пешини Эрон байни ду кишвар сурат гирифта буд.